Фанни Ҳуқуқ

Конуни Чумхурии Точикистон дар бораи танзими анъана ва чашну маросимхо

(Конун аз 18.06.2008 № 390, аз 21.07.2010 № 636)

Қонуни мазкур бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимҳоро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мақсад, вазифа ва доираи амали Қонуни мазкур

Мақсади Қонуни мазкур аз ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, иборат аст. Қонун ҳамчунин барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва тартиботи ҷамъиятӣ равона карда шудааст.

Вазифаи Қонуни мазкур танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар асоси дастовардҳои фарҳанги миллӣ ва тамаддуни ҷаҳонӣ мебошад.

Амали Қонуни мазкур ба мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳо, сарфи назар аз тобеияти идоравӣ ва шакли моликият, ҳамчунин ҳамаи шахсони воқеӣ, новобаста ба вазъи иҷтимоӣ ва мансубияти миллиашон, сурат мегирад.

Ақаллиятҳои миллӣ дар доираи муқаррароти Қонуни мазкур дар баргузории анъана ва ҷашну маросимҳои суннатиашон озод мебошанд.

Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

анъана — маҷмӯи арзишҳои моддӣ ва маънавии мероси иҷтимоию фарҳангии ҷомеа ва ё гурӯҳҳои алоҳидаи ҷамъиятӣ буда, аз насл ба насл мегузарад;

маросим — маҷмӯи амалҳои рамзие мебошад, ки муносибати шахсон ва гурӯҳҳои иҷтимоиро ба падидаҳои муҳими ҳаёти фарҳангии ҷомеа муқаррар менамояд;

ҷашн — таҷлили рӯйдодҳо ва ё санаҳои таърихию фарҳангӣ, ҷамъиятӣ, касбӣ ва оилавӣ мебошад.

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқи байналмилалие, ки онҳоро Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат мебошад.

               БОБИ 2. МАҚОМОТ ОИД БА ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМҲО ВА САЛОҲИЯТИ ОНҲО

Моддаи 4. Мақом ваколатдор оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо (Конун аз 21.07.2010 № 636)

Иҷрои талаботи Қонуни мазкур аз тарафи мақоми ваколатдор, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад, амалӣ карда мешавад (Конун аз 21.07.2010 № 636).

Хориҷ карда шуд (Конун аз 21.07.2010 № 636).

Роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳое, ки на камтар аз 30 нафар корманд доранд, сарфи назар аз шакли моликият, оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо комиссияҳои ҷамъиятӣ таъсис дода, фаъолияти онҳоро тибқи Қонуни мазкур ба роҳ мемонанд.

Моддаи 5. Комиссияҳои доимии маҳаллӣ

Ҷиҳати амалӣ намудани Қонуни мазкур дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти кишвар комиссияҳои доимии маҳаллӣ таъсис дода мешаванд.

Низомномаи комиссияҳоро Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоати шаҳраку деҳот тасдиқ мекунанд.

Моддаи 6. Салоҳияти Мақом ваколатдор ва комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо (Конун аз 21.07.2010 № 636)

Раёсат ва комиссияҳои доимии вилоятӣ, шаҳрию ноҳиявӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дорои салоҳиятҳои зерин мебошанд:

— назорат оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо тибқи талаботи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;

— таҳияи тавсия ва дастурҳои амалӣ барои камхарҷ гузаронидани ҷашну маросимҳо;

— таъмини ҳамкорӣ байни мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ва ташкили корҳои маърифатию тарҷиботӣ дар байни аҳолӣ;

— расонидани ёрии амалӣ ба раисони маҳаллаҳо, шӯъбаҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар танзими ҷашну маросимҳо;

— таблиҷи адабиёти илмию оммавӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо;

— талаб кардани маълумот дар бораи иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо аз вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, сарфи назар аз шакли моликияташон.

Дар ҳолати риоя нашудани муқаррароти Қонуни мазкур Раёсат ва комиссияҳои доимии маҳаллӣ санади зарурӣ таҳия намуда, онро барои татбиқи чораҳои таъсиррасонии ҳуқуқӣ ба мақомоти дахлдор пешниҳод менамоянд.

БОБИ 3. ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМҲОИ РАСМӢ ВА ОИЛАВӢ

Моддаи 7. Ҷашнҳои расмӣ

Ҷашнҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваҳдати миллӣ, Наврӯз, Сада, Меҳргон, идҳои Рамазон, Қурбон ва дигар идҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегарданд.

Дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифтани санаи таъсиси идораву муассисаҳо, ташкилотҳои давлатӣ, ҳамчунин зодрӯз ва ёдбуди шахсоне, ки ба давлат ва ҷамъият хизматҳои шоиста кардаанд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

Оростани зиёфати расмӣ ба муносибати таъйин шудан ба вазифаи давлатӣ, гирифтани рутба, унвон, мукофотҳои давлатӣ ва дараҷаҳои илмию тахассусӣ манъ аст.

Моддаи 8. Зодрӯз

Ҷашни зодрӯз ба таври ихтиёрӣ танҳо дар доираи оила гузаронида мешавад.

Моддаи 9. Хатнасур

Хатнасур ба таври ихтиёрӣ дар як рӯз бо иштироки то 60 нафар танҳо дар доираи як чорабинӣ (додани зиёфат ё ош) бо харҷи кам гузаронида мешавад.

Хатнасур метавонад якҷоя бо туйи домодию арусӣ бо риояи талаботи моддаи 10 Қонуни мазкур гузаронида шавад.

Хатна бо розигии падару модар дар муассисаҳои тиббӣ ва ё аз ҷониби устоҳои касбӣ, бо тартиби муқаррарнамудаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷиқистон анҷом дода мешавад (Конун аз 18.06.2008 № 390).

Дар хатнасур маъракаҳои маслиҳатошӣ, бузкашӣ, гӯштингирӣ, ордбезон ва инъом кардан, ба истиснои тақсими тӯҳфаҳо ба тифл, манъ аст.

Падару модарон ва шахсони парастор метавонанд аз маблаҷҳои сарфашуда то расидан ба синни балоҷат дар бонкҳо ба номи фарзандон бо шартҳои имтиёзнок ва бо кафолатҳои давлатӣ суратҳисоб кушоянд.

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки имконияти молиявӣ доранд, метавонанд бо иштироки комиссияҳои маҳаллӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо хатнасури кӯдакони оилаҳои камбизоат ва бепарасторро гузаронанд.

Маъракаҳои гаҳворабандон, чиллагурезон, мӯйсаргирони тифл танҳо дар доираи оила баргузор карда мешаванд.

Моддаи 10. Тӯйи домодию арӯсӣ

Тӯйи домодию арӯсӣ дар давоми на бештар аз ду рӯз ба таври ихтиёрӣ бо оростани зиёфат барои то 150 нафар ва додани оши тӯй барои то 200 нафар аз ҳисоби ҳар ду ҷониб гузаронида мешавад (Конун аз 18.06.2008 № 390).

Ташкили маъракаҳои фотиҳаи тӯй, маслиҳатошӣ, идонабарӣ, сандуқбарон, сарупобинон, чойгаштак, раисталбон, қудоталбон, тақдими сарупо барои меҳмонони тарафайн ва хешу табори домоду арӯс, ба истиснои тақдими тӯҳфаҳо барои домоду арӯс ва падару модари онҳо манъ аст.

Маросимҳои домодталабон ва арӯсбинон ба таври ихтиёрӣ дар доираи оила бо иштироки то 15 нафар гузаронида мешаванд.

Ҳамсарон ҳуқуқ доранд, ки тибқи муқаррароти Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон байни худ аҳдномаи никоҳ банданд.

Маросими қайди давлатии ақди никоҳ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва ҷамоатҳо бо истифодаи на бештар аз 4 автомошинаи сабукрав гузаронида мешавад.

Моддаи 11. Маросимҳои дафну азодорӣ

Маросими ҷаноза бе маҳдудияти шумораи иштироккунандагон сурат мегирад.

Маросими «се» бе додани таъом гузаронида мешавад. Маросими «чил» ба таври ихтиёрӣ бо иштироки то 80 нафар бо додани як таъом гузаронида мешавад.

Шахсони азодор метавонанд маросими солро ба таври ихтиёрӣ бо иштироки то 100 нафар бо додани як таъом дар моҳи шарифи Рамазон, рӯзи иди Қурбон ва вақти дигаре, ки ба баргузории соли фавтида мувофиқат мекунад, гузаронанд (Конун аз 18.06.2008 № 390).

Дар маросимҳои дафну азодорӣ ташкили «оши сари тахта», «душанбегӣ», «ҷумъагӣ», «ҳафт», «бист», «шашмоҳагӣ», ҳамчунин додани пули нақд ва дигар ашё, ба истиснои ҳаққи хизмати қабркан ва мурдашӯй, манъ аст.

Моддаи 12. Маросими ҳаҷ

Маъракаҳои гусел ва пешвози ҳоҷиён дар доираи оила гузаронида мешаванд. Ташкили маъракаҳои ҳоҷиталабон ва ҳоҷиошӣ қатъиян манъ аст.

Моддаи 13. Ҷои баргузории ҷашну маросимҳо

Ҷашну маросимҳо дар майдончаҳои (ҳавлиҳои) назди биноҳои истиқоматӣ, дохили хонаҳои шахсӣ ва ё дар тарабхонаҳо, қаҳвахонаҳо, ошхонаҳо ва ё тӯйхонаҳо бо риояи тартиботи ҷамъиятӣ гузаронида мешавад.

Маросими мавлудхонӣ ба таври ихтиёрӣ танҳо дар масҷидҳо бе ҷамъоварӣ ва додани маблаҷи пулӣ ва таъом сурат мегирад. Дар ҷашну маросимҳо пошидан ва часпондани пул манъ аст.

БОБИ 4. ТАНЗИМИ ХИЗМАТРАСОНӢ ДАР ҶАШНУ МАРОСИМҲО

Моддаи 14. Тартиби хизматрасонии ҷашну маросимҳо аз тарафи муассисаҳои фарҳангӣ, тарабхонаҳо ва ошхонаҳо

Иштироки ҳунармандон дар тӯю маъракаҳо дар асоси шартномаи тарафайн бо риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Маъмурияти қаҳвахонаҳо, ошхонаҳо, тарабхонаҳо ва тӯйхонаҳо ҳангоми баргузории тӯю маъракаҳо муқаррароти Қонуни мазкурро бояд вобаста ба шумораи даъватшудагон риоя намоянд.

Тӯю маросимҳо дар рӯзҳои истироҳат аз соати 8 то 23 ва дар рӯзҳои корӣ аз соати 18 то 23 гузаронида мешаванд. Давомнокии тӯю маъракаҳо то се соат муқаррар мешавад (Конун аз 18.06.2008 № 390).

БОБИ 5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВИ

Моддаи 15. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Шахсоне, ки талаботи ҳамин Қонунро вайрон мекунанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 16. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

ш. Душанбе

аз 8 июни соли 2007 № 272

ҚАРОРИ

МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Дар бораи танзими анъана ва ҷашну

маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Маҷлиси намояндагони Маҷлисӣ Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну ва маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Хайруллоев

ш. Душанбе

аз 30 майи соли 2007 №

ҚАРОРИ

МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Дар бораи танзими анъана ва ҷашну

маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев

ш. Душанбе

аз 7 июни ссли 2007 № 331

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *