Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Хадисхои Исломи, ривоятхои Исломи ва таърихи дини Ислом

  • Ҳаром будани Ғийбат

    Ҳаром будани Ғийбат 24 — Аз Абуҳурайра ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармуд: “Оё медонед, ки ғийбат чист?” Гуфтанд: Худованд ва расулаш донотар аст. Он ҳазрат (с) фармуд: “Бародаратро ба он чӣ, ки аз он хушаш намеояд, ёдовар шавӣ” Марде гуфт: Ҳар гоҳ дар бародарам он чӣ ки мегӯям…

    Муфассалтар »
  • Тарғиб намудан ба ростӣ ва барҳазар доштан аз дурӯғгӯӣ

    23 — Аз Абдуллоҳ писари Масъуд ривоят шуда, ки гуфт: Паёмбари Худо фармуд: “Бар шумо ростгӯӣ лозим мебошад, зеро ҳамоно ростӣ инсонро ба сӯи некӯкорӣ раҳнамоӣ мекунад ва накӯкорӣ инсонро ба биҳишт мерасонад ва ҳамоно инсони мусалмон рост мегӯяд ва ростиро ҷустуҷӯ менамояд, то ин ки дар назди Худованд сиддиқ…

    Муфассалтар »
  • Одоби Хӯрдан ва одоби атса задан

    Одоби Хӯрдан 21 — Аз Умар писари Абусалама ривоят шуда, ки гуфт: кӯдаке будам дар домони Расули Худо (с), (яъне дар хонаи Паёмбари Худо зиндагӣ намуда, дар тарбияташон қарор доштам) ва дастам дар дохили коса дур мерафт, Расули Худо (с) фармуд: “Эй писар, номи Худоро ёд кун ва бо дасти…

    Муфассалтар »
  • Пурра намудани паймона ва тарозу

    Пурра намудани паймона ва тарозу 18 — Аз Абдуллоҳ писари Аббос (р) ривоят шуда, ки вақте Паёмбари Худо (с) ба Мадина омаданд, мардуми онҷо дар паймона ва тарозу палидтарини мардумон буданд, бинобар ин Худованди бузург ояҳои зеринро нозил фармуд: “Вой ба ҳоли ашхосе, ки ҳаққи мардумро мекоҳанд (яъне кам карда…

    Муфассалтар »
  • Ҳаром будани озори падару модар ва гувоҳии бардурӯғ

    Ҳаром будани озори падару модар ва гувоҳии бардурӯғ 15 — Аз Абубакраҳ (р) ривоят аст, ки гуфт: паёмбари Худо фармуд: “Оё шуморо аз бузургтарин гуноҳони кабира (бузург) хабар надиҳам?” Гуфтем: Оре, эй Расули Худо! Фармуд: “Шарик қарор додан барои Худои мутаъол ва нофармонии падару модар” ва дар ҳоле, ки он…

    Муфассалтар »
  • Вопас додани амонат

    Вопас додани амонат 13 — Аз Абҳурайра (р) ривоят шуда, ки гуфт паёмбари Худо (с) фармуд: “Бидеҳ амонатро ба касе, ки онро ба ту амонат гузоштааст ва хиёнат макун касеро, ки хиёнат кардааст ба ту.” (Ин ҳадисро Абудовуд ва Тирмизӣ ривоят кардаанд). 1 — Шарҳи ҳоли ровӣ дар ҳадиси шумораи…

    Муфассалтар »
  • Далолат намудан ба кори хайр

    Далолат намудан ба кори хайр 11 — Аз Абуҳурайра (р) ривоят шуда, ки Паёмбари Худо (с) фармуд: “Ҳар касе ба кори нек даъват кунад, барояш подоше монанди подоши пайравикунандагони ӯ мерасад, бидуни ин ки аз музди эшон чизе коста шавад ва ҳар касе ба гумроҳӣ даъват намояд, бар вай гуноҳест…

    Муфассалтар »
  • Хушгӯӣ ва кушодарӯӣ

    Хушгӯӣ ва кушодарӯӣ 8 — Аз Абузар (р) ривоят шуда, ки гуфт: паёмбари Худо (с) бароям фармуд: “Ҳеҷ чизе аз кори хайрро хор машмор, ҳарчанд бо чеҳраи кушода бо бародарат рӯ ба рӯ шавӣ.” (Ҳадиси мазкурро Муслим ривоят кардааст.) — Шарҳи ҳоли ровӣ дар ҳадиси шумораи 3 гузаштааст. — Шарҳи…

    Муфассалтар »
  • Одоби хӯрдан ва ошомидан ва Ҳамкорӣ дар миёни мӯъминон

    Одоби хӯрдан ва ошомидан 6 — Аз ибни Умар (р) ривоят шуда, ки паёмбари Худо (с) фармуд: «Ҳар гоҳ яке аз шумо азми хӯрдан кунад, бояд ба дасти росташ бихӯрад ва ҳар гоҳ чизеро менӯшад, бояд бо дасти росташ бинӯшад, зеро шайтон бо дасти чапаш мехӯрад ва менӯшад». (Ҳадиси мазкурро…

    Муфассалтар »
  • Нармӣ Ба Ҳайвон (ҳадис)

    Нармӣ Ба Ҳайвон 5 — Аз Абуҳурайра(р) ривоят шуда, ки паёмбари Худо (с) фармуд: Дар асное, ки марде дар роҳе мерафт, сахт ташна шуд, сипас чоҳеро диду дар он даромада, об ошомид. Баъд аз баромадан, ногаҳон сагеро дид, ки аз шиддати ташнагӣ забонашро аз даҳон бароварда хок мехӯрд. Бо худ…

    Муфассалтар »
  • Омодагӣ Барои Рӯзи Қиёмат

    Омодагӣ Барои Рӯзи Қиёмат 4 — Аз Муъоз писари Ҷабал (р) ривоят шуда, ки паёмбари Худо фармуд: “Ҳаргиз пойҳои банда аз ҷои хеш намеҷунбад, то ин ки аз чаҳор чиз пурсида мешавад: Аввал аз умраш, ки дар чӣ коре онро сипарӣ намуд. Дуввум аз ҷавониаш, ки онро дар кадом кор…

    Муфассалтар »
  • Муроқабати Худо

    Муроқабати Худо (назорати Ҳақ таъоло бар аъмоли банда ва ахлоқи накӯ) 3 — Аз Абузари Ғифорӣ ва Муоъоз писари Ҷабал (р) ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармуд: “Аз Худо битарс ҳар куҷое, ки будӣ ва ба дунболи амали бад кори нек кун, то онро маҳв намояд ва бо мардум…

    Муфассалтар »
  • Силаи Рахм

    Силаи Раҳм (пайвастани алоқа бо хешу табор) 2 — Аз Анас (р) ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармуд: “Касе, ки дӯст дорад ризқу рӯзияш фарох гардад ва умраш тӯлонӣ шавад, бояд ки ӯ силаи раҳмашро (алоқаву робитаи бо наздиконро) пайваста бидорад.” 1 — Тарҷумаи ҳоли ровӣ: Анас писари Молики…

    Муфассалтар »
  • Суннат ва ҳадис

    Суннат ва ҳадис: Ҳар гуфтор, кирдор ё амал ё тақрир ё сифати офариниш (чеҳра ва шакл) ё сифати ахлоқие, ки ба Паёмбари Худо (с) нисбат дода мешавад, суннат ва ҳадис меноманд. Китобҳои машҳури суннат: Ду «Саҳеҳ», ки онҳо «Ас-саҳеҳ»и имом Бухорӣ (вафот соли 256-и ҳиҷрӣ) ва «Ас-саҳеҳ»-и имом Муслим (вафот…

    Муфассалтар »
  • Фарқ миёни Қуръон ва Ҳадис (набавӣ ва кудсӣ)

    Фарқ миёни Қуръон ва Ҳадис (набавӣ ва кудсӣ) — Қуръон бо лафзу маънояш аз Аллоҳ таъоло мебошад ва тиловаташ ибодат маҳсуб мешавад. Бо кӯтоҳтарин сурааш ҳамаро оҷиз намудааст, ҳамчунин ӯ бо тавотур ва яқин собит гардида, тамоми Қуръон саҳеҳ ва дуруст мебошад. Бар ашхоси ҷунуб, ҳоиз ва нуфасо (зане, ки…

    Муфассалтар »
  • Меъроч ва Хуручи Даччол

    Меъроҷ Ва хабарул миъроҷи ҳаққун фаман раддаҳо фаҳува золимун мубтадиъун. Хабари меъроҷи Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба ҷасадаш дар ҳолати бедорӣ ба олами улувӣ то ҷое, ки Худо мехост, ин ҳақ аст ва ҳадиси он аз чандин ривоятҳо собит гаштааст. Шахсе ин хабарро рад кунаду ба ҳақиқати он имон…

    Муфассалтар »
  • Хадисхо дар бораи қабр

    Қабр Ва суолу-л-Мункари ва-н-Накири фи-л-қабри ҳаққун коинун. Дар қабр барои суол кардану пурсидани бандаҳо ду малоика вазифа доранд. якеро ном Мункар ва дигарро ном Накир (ношинос) аст, ки мепурсанд аз рабб ва набӣ ва дин ва китоб. Агар дар гӯристон неву дар ҷои дигар мадфун шудааст, ё дар зери об…

    Муфассалтар »
  • Дида шудани Худованд дар Охират

    Дида шудани Худованд дар Охират Валлоҳу таъоло юро фил охирати ва яроҳул мӯъминуна ва ҳум фил ҷаннати би аъюни руъусиҳим било ташбиҳин вало каммийятин. Вало якуну байнаҳу ва байна халқиҳи масофатун. Худованди таборак ва таъолоро дар охират дида мешавад. Дар ин масъала аҳли суннат вал ҷамоъат иттифоқанд. Зеро ин дар…

    Муфассалтар »
  • Фасли Риё ва Фасли Каромот

    Фасли Риё Варриёу изо вақаъа фил ъамали минал аъмоли фаинннаҳу юбтилу аҷраҳу. Ва риё ҳарвақто ки воқеъ шавад дар амале аз амалҳо, пас албатта он риё ботил мегардонад аҷри он амалро. Риё корест, ки амал на барои савобу ризои Аллоҳ таъоло, балки барои касбу шӯҳрату ном ва таърифу тавсиф шунида…

    Муфассалтар »
  • Фасли Масҳ

    Фасли Масҳ Вал масҳу ъалал хуффайни суннатун. Ва масҳ болои масҳӣ суннат асту ҷоиз аст. Аз барои шахси муқим 24-соат ва барои мусофир 72-соат. Яъне баъди ин муддат масҳ ба охир мерасад. Ҷоиз будани масҳ ба суннат собит гаштааст ва касе инкор кунад мубтадиъ аст. Ваттаровиҳу фи лаёли рамазона суннатун.…

    Муфассалтар »
  • Қазову Қадар

    Вал қазоу вал қадару вал машияту сифотуҳу фил азали било кайфин. Ва қазову қадар ва машият сифатҳои Аллоҳ таъолоанд дар азал бе кайфияти чӣ хел буданашон. Қазо ҳукми муҷмалро гӯянд ва қадар ҳукми тафсилиро гӯянд ё баръакс. Машият бошад вобаста аст ба ҳарду. Собит аст, ки ин се сифати мазкур…

    Муфассалтар »
  • Қуръон – Каломуллоҳ

    Қуръон – Каломуллоҳ Вал Қуръону каломуллоҳи таъоло фил масоҳифи мактубун ва фил қулуби маҳфузун ва алал алсуни мақруъун ва алан набийи ъалайҳиссалоту вассалому мунзалун. Ва Қуръон каломи Аллоҳ таъолост дар саҳифаҳо навишта шудааст ва дар дилҳо ҳифз карда шудааст ва дар забонҳо хонда шудааст ва бар Пайғамбари Худо (саллаллоҳу алайҳи…

    Муфассалтар »
  • Асмо ва Сифот

    Асмо ва Сифот Ло юшбиҳу шайъан минал ашёи мин халқиҳи. Аллоҳ таъоло мушобеҳи чизе аз махлуқоташ нест. Ва ло юшбиҳуҳу шайъун мин халқиҳи. Ва чизе аз махлуқоташ ба Аллоҳ таъоло мушобаҳат надорад. Аллоҳ таъоло воҷибул вуҷуд ва махлуқоташ мумкинул вуҷуд аст. Бинобар ин ӯ таъоло ба махлуқоташ монандӣ надорад ва…

    Муфассалтар »
  • Асли Тавҳид

    Асли Тавҳид Худо яккаву ягона асту низоми олам ба ихтиёри ӯст. Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим Ба изни Худованди бениёзи банданавоз шурӯъ мекунем ба тарҷума ва шарҳу эзоҳи мухтасари асари имоми бузургамон Абуҳанифа Нӯъмон ибни Собит. “ФИҚҲ” ба маънои шинохтани нафс ва ончи ба манфиати нафс аст ва ҳамчун шинохтану донистани ончи…

    Муфассалтар »
  • Баъд аз набӣ сазои имомат Алӣ бувад

    يَا أَيُّهَا الرَّسُولُ بَلِّغْ مَا أُنْزِلَ إِلَيْكَ مِنْ رَبِّكَ وَإِنْ لَمْ تَفْعَلْ فَمَا بَلَّغْتَ رِسَالَتَه وَاللَّهُ يَعْصِمُكَ مِنَ النَّاسِ Эй паёмбар, он чиро, ки аз Парвардигорат бар ту нозил шудааст, ба мардум бирасон. Агар чунин накунӣ, амри фиристодаи Ӯро адо накардаӣ. Худо туро аз мардум ҳифз мекунад (Моида, ояи 67).…

    Муфассалтар »
  • Ислом — дини башардӯстӣ

    Ислом — дини башардӯстӣ يَا أَيُّهَا النَّاسُ إِنَّا خَلَقْنَاكُمْ مِنْ ذَكَرٍ وَأُنْثَىٰ وَجَعَلْنَاكُمْ شُعُوبًا وَقَبَائِلَ لِتَعَارَفُوا إِنَّ أَكْرَمَكُمْ عِنْدَ اللَّهِ أَتْقَاكُمْ إِنَّ اللَّهَ عَلِيمٌ خَبِيرٌ Эй мардум, мо шуморо аз як марду зан офаридем ва шуморо ба фирқаҳо ва миллатҳо ҷудо намудем. Ҳамоно беҳтарини шумо дар назди Худованд парҳезгортарини шумост. Худованд доно…

    Муфассалтар »
  • Ислом аз нигоҳи олимон

    Хуштар он бошад, ки сирри дилбарон, Гуфта ояд дар ҳадиси дигарон. (Румӣ) Мақоми ниҳоӣ барои ҳар шахси хирадманд Ислом аст. (Л.Н.Толстой) *** Ман боварӣ дорам, ки асли ҳақи­қат дар Қуръон аст ва он ода­ми­­­ятро муваффақ мегардо­­­­­­над. (Наполе­­он) *** Ислом ҳидоят мекунад, ки маф­туни офариниши Худо бошем. Ҳан­гоме, ки Ғарб…

    Муфассалтар »
  • Насиҳати модар Ба духтари арҷманд

    Насиҳати модар Ба духтари арҷманд САРСУХАН Аз ин чандин сол муқаддам сардори яке аз қабилаҳои араб Авф ибн Милҳам қарор кард, ки духтари кадрасаш Умму Инасро ба яке аз пешвоёни қабила ба шавҳар бидиҳад. Зани Милҳам Умома духтарашро ба наздаш шинонда ин насиҳатҳои бебаҳоро гуфта буд. Духтарҷонам! Шахсеро барои ба…

    Муфассалтар »
  • Баъзе ҷиҳоте, ки донистани занон муфидаст

    Мусулмон ин тавр эмон меоварад: Аллоҳ мавҷуд ҳаст. Аввал ва охир надорад. Як аст. Ба ҳеҷ махлуқмонандӣ надорад. Абадӣ зинда аст, ҳама ошкору пинҳонро медонад, ҳама чизро мебинад ва ҳама калимаро мешунавад, ба ҳама чиз қувваташ мерасад. Ҳама чиз бо хоҳиши ӯ мешавад. Аллоҳ ба ҳеҷ кас заррае зулм ноҳақӣ…

    Муфассалтар »
  • Хондани Намози Нимашаб (Таҳаҷҷуд)

    Намози Нимашаб (Таҳаҷҷуд) Хастагии сахт… Машаққати вазнин… Корҳои тӯлонии рӯзона, ки холй аз машаққат нест, ба инсон гарон афтад. Ҳар рӯз чунин ҳаёти пурпечутоб дар зиндагии башарият дунболадор аст. Чун шаб фаро мерасад, ҳар як дӯстдор ба назди маҳбубааш медарояд, ҳар ошиқ бо маъшуқааш хилват мемонад. Чй қадар ширин аст…

    Муфассалтар »