Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Хадисхои Исломи, ривоятхои Исломи ва таърихи дини Ислом

  • Абдуллоҳ Ибни Ҳузофаи Саҳмӣ

    Қаҳрамони ин бахши достон Абармардест, ки Абдуллоҳ ибни Ҳузофа ном дорад ва яке аз асҳоби босафои Ҳазрати Паёмбар (с) аст. Вай дар даврони ҷоҳилият яке аз афроди оддие буд, ки ба ҳеҷ ваҷҳ мавриди таваҷҷӯҳи таърих қарор намегирифт. Вале дини зиндагисози Ислом ба вай чунон шахсият бахшид, ки таърих аз…

    Муфассалтар »
  • Туфайл Ибни Амри Давсӣ

    Туфайл ибни Амри Давсӣ, яке аз он сарон ва бузургони маъруфи қабилаи Давс аст, ки дар давраи ҷоҳилият аз шӯҳрат ва номоварии хосе дар миёни мардум бархурдор буданд. Суфраи ин марди далер ва саховатпеша барои ҳамагон паҳн ва дарвозааш ба рӯи мусофирон ва меҳмонон ҳамеша боз буд. Вай ба гуруснагон…

    Муфассалтар »
  • Саъид Ибни Омири Ҷумаҳӣ

    Саъид ибни Омири Ҷумаҳӣ яке аз он ҳазорон ҷавоне буд, ки бинобар даъвати сарони Қурайш ҷиҳати тамошои манзараи ҷонкоҳ ва дардангези эъдоми Хубайб ибни Адй, яке аз асҳоби бовафои ҳазрати Паёмбар (с), ки дар дасти душманон асир шуда ва ӯро ба минтақаи Танъим, дар беруни шаҳри Макка бароварда шуда буд,…

    Муфассалтар »
  • ШАҲИДЕ, КИ БАР РӮИ ЗАМИН РОҲ МЕРАВАД

    Ному насаб ва куния: Талҳа‎ писари Убайдуллоҳ бини Усмон бини Амр бини Каъб бини Саъд бини Тим бини Мурра [1] бини Каъб бини Луай бини Ғолиб‎ бини Фаҳр бини Молик бини Назр бини Кинона ва модараш Сабъа духтари Абдуллоҳ ‎ бини Молик ал-Ҳазрамия мебошад.[2] Аз тоифаи Тим ва аз қабила…

    Муфассалтар »
  • Талҳа‎ дар оғӯши ислом ҷой мегирад

    Аксари таърихнависон ва сиратнигорон ин гуна достони тағйири масири зиндагии Талҳа‎ро барои мо ба тасвир кашидаанд: Талҳа‎ барои тиҷорат ҳамроҳи корвонҳои Қурайш ба сарзамини Шом рафта буд. Ҳангоми ‎вуруд ба шаҳри ‎((بْصری)) ҳар‎ як ба самту сӯе рафта, машғул‎и тиҷорат ва хариду фурӯш шуданд. Талҳа‎ ҳам ‎ ‎монанди бақия ‎бозаргонон…

    Муфассалтар »
  • МАЗЛУМИЯТИ ДАРДНОКИ МӮЪМИНОН

    Ибни Ҳишом, Аллома Ибни Касир ва Ибни Исҳоқ нақл ‎ мекунанд: Ҳар‎ як аз қабоили Қурайш ҳангоме‎, ки афроде аз қабилаашон муслмон мешуданд онҳоро таҳти фишору мавриди ситам қарор медоданд, то аз дини Ислом даст бардоранд. Мусалмонҳорозиндонӣ карда, онҳоро бо шиканҷа, гуруснагию ташнагӣ дар гармои нимарӯзи Ҳиҷоз азоб ва шиканҷа…

    Муфассалтар »
  • ВИЖАГИҲОИ ҲАЗРАТИ ‎ТАЛҲА‎ (Р)

    Ҳазрати ‎Талҳа‎ (р) ба сабаби садоқат‎ ва ихлоси зиёдаш дар зумраи бузургони асҳоб ‎ қарор ‎гирифт ва имтиёзоти бузургеро насиби хеш намуд, ки ба чанд намуна аз он ишора мекунем: Ҷиҳод ‎ дар рикоби расули Худо (с): Ҳазрати ‎Талҳа‎ (р) дар тамоми ғазавот ‎ ба зидди мушрикин Расули акрам (с)…

    Муфассалтар »
  • Ҳикояте аз сахо ва бахшиши Талҳа‎ (Р)

    Ҳазрати ‎Талҳа‎ (р) тоҷири моҳир ‎ ва сарватманди машҳур‎ буд, ки ба сабаби зиракӣ дар муомилот судҳои ‎ калоне ба даст меовард. Рӯзе дар муомилае ки бо ҳазрамавтиҳо ‎анҷом дод, суди калоне муъодили ҳафтсад ҳазор дирҳам ‎ ‎ насибаш шуд. ( Пуле, ки ҳар‎ инсоне аз доштани он эҳсоси роҳатӣ…

    Муфассалтар »
  • Фазоили Талҳа‎ (Р)

    Дар китобҳои ҳадис ва сират фазоили ҳазрати ‎Талҳа‎ (р) муфассалан зикр шудааст. Мо дар ин ҷо ба чанд намунаи мустанад иктифо мекунем: Дар “Сунан”-и Тирмизӣомадааст: حدثنا ابو سعید الاشج، حدثنا یونس بن بکیر، عن محمد بن أسحاق عن یحیی بن عباد بن عبدالله بن الزبیر عن ابیه عن جده عبدالله…

    Муфассалтар »
  • ЗУБАЙР (Р)

    ЗУБАЙР (Р) ҲАВВОРИИ РАСУЛУЛЛОҲ ‎(С) Касе, ки Расулуллоҳ ‎(с) дар бораи ӯ фармуда: “Падару модарам фидоят бод!” НОМ, НАСАБ ВА КУНИЯИ Ӯ Зубайр писари Аввом бини Хувайлид бини Асад бини Абдулуззо бини Қусай бини Килоб бини Мурра бини Каъб бини ….. аст . زبیر پسر عوام بن خویلد بن اسد…

    Муфассалтар »
  • Бозтоби мусалмон шудани Зубайр (Р)

    Расули акрам (с) бо даъвати ҳакимонаи хеш қалбҳои ҷавонҳоро мусаххар мекард ва пас аз муддати андаке онҳоро ба фидоиёни хеш мубаддал месохт. Ба тавре, ки ҳам‎он ҷавоне , ки то дирӯз дар айшу нӯш ва роҳатию мастӣ ба сар мебурд, лаҳзае ‎наметавонист аз рахти хоби нарму гарм ва духтарони зеборӯ…

    Муфассалтар »
  • Шаҳодати Ҳазрати Талҳа (Р)

    Ҳазрати Талҳа (р) ва ҳазрати Зубайр (р) дар рикоби ҳазрати Уммулмӯъминин Оишаи Сиддиқа (р) барои интиқом гирифтани хуни шақиди мазлум Усмон ибни Аффон (р) ва қасоси қотилони он ҳазрат вориди маъракаи Ҷамал шуданд.[1] Ҳар‎ду ин бузургворон дар ҷанги Ҷамал ҳузур доштанд. Ҳазрати Алӣ (р), ки аз бародарон ва дӯстони бисёр…

    Муфассалтар »
  • Ҳамсоягони Расулуллоҳ (С) дар Биҳишт

    Ин ки Расулуллоҳ (с) тамоми ёронашро аз асмими қалб дӯст медошт, ҳеҷ шакку шубҳае дар он вуҷуд надорад, аммо медонем падару модар дар миёни фарзандонашон гоҳе нисбат ба баъзе унс ва улфати бештаре доранд то бақия. Паёмбар (с) ҳамчун падари меҳрубон ва муаллми дилсӯз буд. Эшон низ ба баъзе асҳобаш…

    Муфассалтар »
  • Ҷонбозони Ислом

    Ҳазрати Талҳа ва Зубайр (р) ҳар ‎ду ҷузъи ҷонбозони аҳди Расулуллоҳ (с) ҳастанд. Ин ду бузургвор дар ҷангҳои мусалмонон бо куффор ва мушрикон захмҳои шадиде ба бадани муборакашон ворид шудааст ё узве аз баданашонро аз даст дода буданд. дар ҷараёни ҷанги Уҳуд ишора кардем, ки ҳазрати Талҳа (р) ба унвони…

    Муфассалтар »
  • Талҳа‎ва Зубайр ситорагони осмони ҳидоят

    Шогирдрони Паёмбари Акрам (с), ки саропои вуҷудашон ишқу ‎осор, тақво ва ихлос буд. Чунон хулқу хуйи Рсулуллоҳро ба худ гирифта буданд, ки агар касе ба Мадинаи Мунаввара ворид мешуд ва ё дар маҷлисе, ки асҳоб ‎ ва Паёмбар (с) ҳузур ‎доштанд меомад, наметавонист ташхис диҳад‎ кадом як Расулуллоҳ ‎(с) бошад.…

    Муфассалтар »
  • Фазоил ва вижагиҳои Ҳазароти Талҳа‎ва Зубайр (Р)

    Ин ду саҳобаи Расулуллоҳ ‎(с) ба қадре бо ҳам ‎ ‎ иртиботашон наздик ва самимӣ буд, ки ҳар‎ номи яке аз ин бузурговорро бибарем худ ба худ номи дигаре дар зеҳн меояд, монанди Мӯсо ва Ҳорун (а) хамеша дар канори хам буданд ва бохам ба ҷойгоҳи вижа дар Ислом ва…

    Муфассалтар »
  • Тақво ва саховати Ҳазрати Зубайр (р)

    Парваришёфтагони донишгоҳи муҳаммадӣ (с) ҳам‎агӣ афроде буданд, ки рағбати онон ба Худову Расулаш (с) ва зиндагии охират аз ҳам‎а чиз бештар буд. Ба ҳам‎ин ҷиҳат тамоми талошашонро дар роҳи дуруст зиндагӣ кардан дар сояи Қуръон ва таолими Расули Акрам (с) ба кор гирифтанд. Дар муошират ва муомилаашон тақвову тарси илоҳиро…

    Муфассалтар »
  • Чи касе ҳозир ‎ аст дар муқобили ‎ овардани часади Хубайб биҳишт‎ро бихарад?

    Куффори Қурайш дар тавтиаи ваҳшиёна бисёре аз асҳоб ‎и Расулуллоҳ ‎(с) ро ба қатл расониданд. Яке аз ҳамин азизон, шогирди мактаби муҳам‎мадӣ, ҳазрати ‎Хубайб бини Адӣ, буд. Вақте ‎ куффори Қурайш ӯро дастгир карданд, тасмим ба эъдом ва ба дор овехтани эшон гирифтанд, то бо ин кор дар дили аҳли…

    Муфассалтар »
  • Ҷангидан дар Рикоби Расулуллоҳ ‎(С)

    Ҳазрати ‎Зубайр (р) дар тамоми ҷангҳои Паёмбар бо куффор ва мушрикин Расулуллоҳ ‎(с) ро ҳамроҳӣ мекард. Аз он ҷумла: Бадр, Уҳуд, Хандақ, Ҳудайбия, Хайбар, Фатҳи Макка, Ҳунайн ва Тоиф. Дар ҷанги Аҳзоб низ ҳазрати ‎Зубайр (р) тавонист ифтихор ва имтиёзи дигареро касб намояд. Дар яке аз набардҳо Расулуллоҳ ‎(с) фармуд:…

    Муфассалтар »
  • Муборизи бузурги набарди Бадр

    Яке аз рӯзҳои ‎ муҳим ва ба ёдмондании садри Ислом рӯзи воқеаи ‎Бадр аст. Ҳам‎он рӯз , ки ҷанги нобаробаре дар ҳоли вуқӯъ буд ва Расулуллоҳ ‎(с­­) ба ҳам‎роҳии 313 тан аз ёрони гаронқадраш мебоист дар муқобили ‎ лашкаре, ки аз назари таҷҳизот ва омодагии низомӣ бар сипоҳи Расулуллоҳ ‎(с)…

    Муфассалтар »
  • Вижагиҳои Ҳазрати ‎Зубайр (Р)

    Аввалин Шамшерзани Ислом Ҳамон тавре, ки бахши бозтоби мусалмон шудани Зубайр (р) ишора шуд, ҳазрати ‎Зубайр (р) ба хотири ишқу ‎фаровон ба Расулуллоҳ ‎ (с) ва низ ба далели шуҷоат ва ихлосе, ки дошт , Вақте ‎ хабари дастгир ва қатли Паёмбар (с)-ро шунид бедаранг даст ба шамшер бурд ва…

    Муфассалтар »
  • ОДОБИ ИҶОЗАТ ХОСТАН

    56 — Аз Абумӯсои Ашъарӣ ривоят аст, ки паёмбари Худо (с) фармуд: “Иҷозат гирифтан (барои даромадан ба хона ва ғайра) то се бор ҷоиз аст, пас агар ба ту иҷоза дода шуд хуб, вагарна бозгард.” (Ҳадиси мазкурро Бухорӣ ва Муслим ривоят кардаанд). 1 — Шарҳи ҳоли ровӣ дар ҳадиси шумораи…

    Муфассалтар »
  • Некӯӣ ба падару модар

    51 — Аз Абуҳурайра (р) ривоят аст, ки гуфт: Марде дар ҳузури Паёмбари Худо (с) гуфт: Эй Расули Худо (с) кадом кас ба хушрафториам сазовортар аст? Он ҳазрат (с) фармуд: “Модарат.” Он мард гуфт: Боз кадом? Паёмбар фармуд: “Модарат.” Марди мазкур гуфт: Боз кадом? Он ҳазрат (с) фармуд: “Модарат.” Бори…

    Муфассалтар »
  • Ҳаром будани ҳаҷр (қаҳригӣ) дар Ислом

    Ҳаром будани ҳаҷр (қаҳригӣ) дар Ислом 48 — Аз Абуаюб (р) ривоят шуда, ки паёмбар фармуд: “Барои мусалмон раво нест, ки беш аз се шаб бародарашро тарк кунад, ки бо ҳам рӯ ба рӯ шаванд, аз ҳамдигар рӯй гардонанд ва беҳтарашон касест, ки оғози салом мекунад.” (Ин ҳадисро Бухорӣ ва…

    Муфассалтар »
  • Дӯст Доштани Паёмбар (С)

    Дӯст Доштани Паёмбар (С) 45 — Аз Анас (р) ривоят аст, ки паёмбар фармуданд: “Имони ҳеҷ яке аз шумо комил намегардад, то ин ки ман дар назди вай аз падару фарзандаш ва аз тамоми мардум маҳбубтар бошам.” (Ин ҳадисро имом Бухорӣ ривоят кардааст) — Шарҳи ҳоли ровӣ: Анас писари Молики…

    Муфассалтар »
  • Имон ва пойдорӣ

    Имон ва пойдорӣ 40 — Аз Суфён писари Абдуллоҳ ривоят шуда, ки гуфт: Гуфтам эй Расули Худо, барои ман дар ислом сухане бигӯ, ки баъд аз ту аз касе напурсам. Он ҳазрат (с) фармуд: “Бигӯ ба Худо имон овардам ва сипас пойдор бош.” (Ин ҳадисро Муслим ривоят кардааст.) — Шарҳи…

    Муфассалтар »
  • Тозагӣ аз Ислом аст

    36 — Аз Абдуллоҳ писари Масъуд ривоят шуда, ки паёмбари Худо (с) фармуд: “Ҳар касе дар дилаш заррае кибр дошта бошад, ба биҳишт дохил намешавад.” Касе гуфт: Инсон дӯст медорад, ки ҷомааш ва кафшаш хуб бошад? Он ҳазрат(с) фармуд: “Худованд зебост ва зебоиро дӯст медорад. Кибр саркашӣ намудан дар баробари…

    Муфассалтар »
  • Гадоӣ дар ислом

    Гадоӣ дар ислом 30 — Аз Абуҳурайра ривоят аст, ки гуфт: Расули Худо (с) фармуд: “Касе, ки барои зиёд шудани молаш гадоӣ мекунад, ҳамоно пораҳои оташро мехоҳад, пас бояд ё гадоиро кам кунад ё ин ки талабиданро бештар кунад.” 1 — Шарҳи ҳоли ровӣ дар ҳадиси шумораи 4 зикр шудааст.…

    Муфассалтар »
  • СУТУНҲОИ ИСЛОМ

    СУТУНҲОИ ИСЛОМ 28 — Аз Абдуллоҳ писари Умар ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худоро шунидам, ки мефармуд: “Ислом бар панҷ бино устувор шуда аст: Шаҳодат додан ба ин ки маъбуди барҳақе ҷуз Аллоҳ вуҷуд надорад ва ин ки Муҳаммад (с) расул ва фиристодаи Худо ст ва барпо доштани намоз ва…

    Муфассалтар »
  • ОДОБИ ҚАЗОИ ҲОҶАТ

    27 — Аз Анас (р) ривоят аст, ки гуфт: Ҳар вақте ки паёмбар (с) ба ҳоҷатхона медаромад авалан, мегуфт: “Алоҳумма иннӣ аъузу бика мина-л-хубси ва-л-хабоис.” (Бор Худоё, аз палидӣ ва низ аз ашхоси фосид ба ту паноҳ мебарам.) (Ҳадиси мазкурро Бухорӣ ва Муслим ривоят кардаанд) Аз Оиша (р) ривоят аст,…

    Муфассалтар »