Фанни Иқтисоди миллӣ

Зинаҳои ҳаракати маҳсулоти ҷамъиятӣ

Ҳаракати маҳсулоти ҷамъиятӣ – ҳаракати қатънашавандаи даврии неъматҳои иқтисодист.

Неъмати иқтисодӣ (маҳсулоти ҷамъиятӣ) – воситаи қонеъкунандаи талаботи ҷамъият буда ба миқдори маҳдуд вуҷуд дорад.

Маҳсулоти ҷамъиятӣ ду категорияро дар бар мегиранд: молҳо; хизматрасониҳо.

Маҳсулоти ҷамъиятӣ аз рўи хусусиятҳои гуногунашон тасниф мешаванд.

Навъҳои асосии неъматҳои ҷамъиятӣ инҳоянд:

  1. неъматҳои дарозмўҳлат;
  2. неъматҳои кўтоҳмўҳлат;
  3. неъматҳои ҷамъиятии ҳамдигарро ивазкунанда;
  4. неъматҳои ҷамъиятии пурракунанда;
  5. неъматҳои ҷамъиятии моддӣ;
  6. неъматҳои ҷамъиятии ғайримоддӣ;
  7. неъматҳои ҷамъияти мустақим;
  8. неъматҳои ҷамъиятии ғайримустақим.

Ҳаракати маҳсулоти ҷамъиятӣ чор давраи пайдарҳамро дар бар мегирад.

  1. Истеҳсолот.

Зинаи истеҳсолот офариниши бевоситаи маҳсулоти ҷамъиятиро, ки қонеъкунандаи талаботи мардум аст, дар бар мегирад.

  • Тақсимот.

Зинаи тақсимот таъини саҳми ҳар як шахсро дар истеҳсоли маҳсулоти истеҳсолкардашудаи ҷамъиятӣ дар бар мегирад.

  • Мубодила.

Зинаи мубодила табодули як мол ба моли дигар (молбадал) мебошад.

  • Истеъмол.

Дар зинаи истеъмол аз ҷониби инсон истифода шудани маҳсулоти ҷамъиятӣ (неъмати иқтисодӣ) барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоташ дар назар дошта мешавад.

Ба ҳамин тариқ, ҷараёни ҳаракати маҳсулоти ҷамъиятӣ барои таъмини зиндагии шахси алоҳида ва ҷомеа нигаронида шудааст.

Хусусиятҳои асосии маҳсулоти ҷамъиятӣ инҳоянд:

  1. арзиши неъмат (маҳсулот);
  2. арзиши истеъмолӣ;
  3. арзиши мубодилавӣ.

Ду равияи таъин намудани арзиши маҳсулоти ҷамъиятӣ вуҷуд дорад:

  1. равияи марксистӣ, ки ба принсипҳои зерин асос ёфтааст:

а) арзиши неъмати иқтисодӣ аз рўи харҷи меҳнати зарурии ҷамъиятӣ муайян карда мешавад;

б) меҳнати зарурии ҷамъиятӣ ҳамон дониста мешавад, ки дар шароити мўътадили иҷтимоии истеҳсолот ва шиддати миёнаи меҳнат иҷро карда мешавад;

2) равияи неоклассикӣ бар ақоиди зерин асос ёфтааст:

а) арзиши неъматҳои ҷамъиятӣ аз камёфт буданашон, аз дараҷаи шиддатнокии талабот ва миқдори неъматҳо, ки талаботи мазкурро қонеъ гардонида метавонанд, иборат аст;

б) ҳар як талабро бо чандин неъмат қонеъ гардонидан мумкин аст, ҳар як неъмати ҷамъиятиро барои қонеъ гардонидани талаботи гуногун ба кор бурдан мумкин аст.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *