Фанни Иқтисоди миллӣ

Иқтисодиёти фаромиллӣ

Иқтисодиёти фаромиллӣ – шакли пешрафтаи рушди муносибатҳои байналмилалии иқтисодӣ.

Муносибатҳои байналмилалии иқтисодӣ – маҷмўи муносибатҳои иҷтимоӣ, ки дар натиҷаи ҳамкории иқтисодии субъектҳои хоҷагидории ҷаҳонӣ ба миён меоянд.

Шаклҳои асосии муносибатҳои байналмилалии иқтисодӣ инҳоянд:

  1. савдои байналмилалӣ;
  2. ҳаракати байналмилалии сармоя;
  3. муҳоҷирати байналмилалии меҳнаткашон;
  4. ҳамгироии иқтисодии байналмилалӣ;
  5. дар сатҳи ҷаҳонӣ махсусгардонии истеҳсолот ва корҳои илмӣ- техникӣ:
  6. робитаҳову муносибатҳои пуливу асъорӣ байни кишварҳо ва ғ.

Иқтисодиёти фаромиллӣ ба амалиёти зерин вобаста аст:

  1. амали қонуни фаромиллии истеҳсолот;
  2. амали қонуни рушди пешравандаи савдои хориҷӣ.

Қонуни фаромиллии истеҳсолот сабаби ҷараён гирифтани фаромиллӣ шудани бозор мегардад.

Қонуни рушди пешравандаи савдои хориҷӣ дар муқоиса бо рушди истеҳсолот дар заминаи принсипи «рушди пешравандаи фурўши хидмат нисбат ба суръати рушди савдои байналмилалӣ» амал менамояд.

Рушди савдои байналмилалии фурўши хидмат сабаби риояи меъёрҳои зерин аст:

  1. тақсими бузурги чоруми ҷамъиятии меҳнат;
  2. сатҳи баланди зиндагӣ дар кишварҳои тараққикарда;
  3. амали қонуни афзоиши талабот;
  4. бештар суръат додани илму техника;
  5. пурзўр кардани муҳоҷирати нерўҳои корӣ ва сармоя ва ғ.

Дар ин маврид бояд дар назар дошт, ки савдои байналмилалии хидмат хусусиятҳои алоҳида дорад, ки баъзеашон бад-ин қароранд:

  1. мавҷудияти робитаҳои мустақим байни истеҳсолкунанадагони хидматҳо ва истеъмолкунандагони онҳо;
  2. афзоиши ҳаҷми савдои байналмилалии хидмат ба андозаи афзоиши савдои байналмилалии мол;
  3. ҳифзи нисбатан зиёди соҳаи хидмат аз рақобати хориҷӣ аз ҷониби давлат ва мақомоти миллӣ ва ғ.

Дар ҷараёни иҷрои амали фаромиллии савдои хидмат ҳатман ҷараёни берун баровардани сармоя аз марзи ин ё он кишвар сурат мегирад.

Субъектҳои берун баровардани сармоя корпоратсияҳои байналмилалӣ, давлатҳо, мақомоти давлатӣ мебошанд.

Ба ғайр аз ҷараёнҳое, ки дар боло тавсиф намудем, нишонаи асосии иқтисодиёти фаромиллӣ инчунин муҳоҷирати байналмилалии нерўи кор мебошад.

Сабабҳои муҳоҷирати байналмилалии нерўи кор инҳоянд:

  1. амали қонуни афзоиши аҳолӣ;
  2. нобаробарии тараққиёти иқтисодиёт;
  3. фарқи назаррас дар шароити меҳнат, ҳаҷми музди меҳнат, шароити зиндагӣ, шароити фаъолияти соҳибкорӣ;
  4. рушди давраии пешрафти иқтисодиёт;
  5. омилҳои демографӣ

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *