Фанни Иқтисоди миллӣ

Тавозуни макроиқтисоди ва бесуботии макроиқтисодӣ

Тавозуни макроиқтисодӣ–ҳолати низоми иқтисодист,

ки хусусияташ мавҷудияти тавозунӣ ва ҳамсангии ду меъёри ба самти мухталиф нигаронидашуда – баробарии тақозо ва арза, истеҳсол ва истеъмол, даромадҳо ва хароҷот мебошад.

Ин тавозун метавонад ноустувору кўтоҳмуддат ва устувору дарозмўҳлат бошад.

Тавозуни макроиқтисодии умумӣ маънои онро дорад, ки дар иқтисоди миллӣ тавозуну таносуби ҷараёнҳои иқтисодӣ дар истеҳсол ва истеъмол, арза ва тақозо, хароҷот барои истеҳсол ва натиҷаҳои рафти моддию молӣ ва молиявӣ ба даст омадаанд. Ду навъ тавозун – ормонӣ ва воқеӣ вуҷуд дорад.

Тавозуни ормонӣ (идеалӣ) дар амалиёти иқтисодии афрод дар мавриди ба пуррагӣ ва мувофиқи хоҳиш амалӣ гардидани манфиатҳои онҳо дар ҳамаи сохторҳо, бахшҳо, шўъбаҳо, соҳаҳои хоҷагӣ мушоҳида мешавад.

Ба ин гуна тавозун дар сурати риояи шароити такрористеҳсол, ки дар зер оварда мешаванд, расидан мумкин аст:

  1. ҳамаи афрод бояд дар бозор ашёи истеъмолиро пайдо карда тавонанд;
  2. ҳамаи соҳибкорон бояд дар бозор омилҳои истеҳсолиро пайдо карда тавонанд.
  3. ҳамаи маҳсулоти соли гузашта истеҳсолшуда бояд фурўхта шавад.

Тавозуни ормонӣ аз пешомадҳои рақобати мукаммал ва вуҷуд надоштани самараҳои фаръӣ (дуюмдараҷа) бармеояд.

Дар иқтисодиёти воқеӣ ба тарзи гуногун риоя нашудани ин талабот рўй медиҳанд.

Тавозуни макроиқтисодии воқеӣ–тавозунест, ки дар низоми иқтисодӣ дар шароити рақобати номукаммал ва дар вазъи омилҳои берунаи таъсир ба бозор барқарор мешавад.

Таҳлили макроиқтисодии тавозун бо ёрии агрегирисозӣ ва ё сохтани нишондодҳои таҷаммўӣ, ки агрегат ном доранд, гузаронида мешавад.

Агрегатҳои асосӣ инҳоянд:

  1. ҳаҷми воқеии истеҳсолоти миллӣ, ки баробарии миқдори мол ва хизматрасониро дар бар мегирад;
  2. мизони нархҳо (нархҳои агрегатӣ)-и маҷмўи молҳо ва хизматрасонӣ.

Инҳироф аз тавозуни макроиқтисодӣ ба бесуботии макроиқтисодӣ оварда мерасонад ва ин нишонаи «бемориҳост» дар низоми иқтисоди бозаргонӣ, ки навъҳои асосиашон навасони адворӣ, бекорӣ ва таваррум мебошанд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *