Фанни Иқтисоди миллӣ

Таҳлили муқоисавии хатҳои мунҳании (каҷи) бетафовутӣ ва хатҳои буҷетӣ

Хати мунҳании бетафовутии истеъмолкунанда – хати мунҳание, ки дар координатаҳои «миқдори моли А–миқдори моли Б» сохта шуда, нуқтаҳояш маҷмўи молҳоеро нишон медиҳанд, ки истеъмолкунанадагон интихоб менамоянд.

Хати буҷет – хати мунҳаниест, ки нуқтаҳояш ба комбинатсияҳои миқдори ҳадди аксари имконпазири молҳо мутобиқат менамоянд ва вобаста ба буҷети маҳдуди харидор харид шуда метавонанд.

Олати ин баррасӣ хатҳои мунҳании бетафовутие шуданд, ки аз ҷониби мактаби неоклассикӣ ҳангоми омўзиши бисёр ҷараёнҳои макроиқтисодии марбут ба масъалаи интихоби оптималии маҷмўи неъматҳои истеъмолӣ, синтези оптималии омилҳои истеҳсолот, комбинатсияҳои оптималии байни вақти истироҳат ва вақти кор ва ғ. ба кор бурда мешаванд.

Баробарвазнии истеъмолкунандаро ба таври графикӣ тавассути хатҳои мунҳании бетафовутӣ метавон нишон дод.

Барои мисол, мегирем истеъмолкунандаеро, ки даромади собити маблағи пул дорад ва онро пурра барои истеъмол харҷ мекунад. Фарз кардем, ки ў танҳо ду навъ мол – А ва В харид мекунад. Бешубҳа, чандин комбинатсияҳои миқдори ин молҳо вуҷуд дорад, ки барои харидор муфидии баробар доранд.

Рўй гардонидан аз як мол бо гирифтани миқдори зиёди моли дигар ҷуброн мешавад. Ба комбинатсияҳои молҳои А ва В истеъмолкунанда ба таври баробар бетафовут аст. Агар ин комбинатсияҳоро ба таври графикӣ нишон бидиҳем, хати мунҳании бетафовутӣ ҳосил мешавад: U (расми 1). Ин хати мунҳанӣ ба тавре сохта шудааст, ки ҳангоми имконияти интихоб карда шудани ҳар як нуқта аз ҷониби истеъмолкунанда онҳо ба вай лозим бошанд, ба вай бояд фарқ надошта бошад, ки кадом камбинатсия насибаш мешавд. Хати мунҳании U танҳо як хат аст аз байни хатҳои зиёди мунҳании эҳтимолӣ.

Хатҳои мунҳании бетафовутӣ вобаста ба интихоби истеъмолкунанда шаклҳои гуногун дошта метавонанд. Дар расм хати рости KL хати буҷет (маҳдудият дар буҷет) мебошад.

Хати KL –ро ба хатҳои мунҳании бетафовутӣ гузошта (расми 1), мушоҳида мекунем, ки истеъмолкунанда дар сатҳи даромади доштааш метавонад бо хати рости KL ба нуқтае ҳаракат бикунад, ки муфидии зиёд ба даст биоварад, яъне ба нуқтаи баландтарини имкониятҳои хати мунҳании бетафовутӣ ҳаракат бикунад. Дар нуқтаи М хати буҷети KL ба хати мунҳании бетафовутии U2 мерасад. Маҳз ҳамин ҷост хати мунҳании баландтарине, ки метавонад ба он бирасад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *