Фанни Иқтисоди миллӣ

Рефератхо ва лексияхои точики аз фанни Иқтисоди миллӣ

  • Бозори замин

    Заминдорӣ – тасдиқи ҳаққи шахси воқеӣ (ва ё ҳуқуқӣ) ба ин ё он порчаи замин тибқи асосҳои таърихан муайянгардида. Ин ҳуқуқи ба моликияти хусусӣ доштани замин мебошад. Заминдориро шахсони ба мулки хусусӣ доштани замин амалӣ мекунанд. Истифодаи замин тибқи муқаррароти (тартиби) муайянкардаи қонун. Шахси истифодабаранда аз замин метавонад заминро ба…

    Муфассалтар »
  • Бозори меҳнат

    Бозори меҳнат – механизми ҳамкории байниҳам-дигарии харидорон ва фурўшандаҳо, маҷмўи муносибатҳои тақозо ва арза, ки дар онҳо ба ҳайси объекти хариду фурўш захираҳои меҳнатӣ амал менамоянд. Захираҳои меҳнатӣ – қисме аз аҳолӣ, ки аз рўи синну сол ва вазъи саломатӣ дар фаъолиятмандии минтақа ва ё соҳа иштирок мекунад ва ё…

    Муфассалтар »
  • Фарқиятгузорӣ дар нарх

    Фарқиятгузорӣ дар нарх – амали фурўшанда дар бозор ҳангоми мавҷудияти рақобати номукамал; вай (фурўшанда) барои маҳсулоти якранг барои гурўҳҳои гуногуни истеъмолкунандагон нархҳои аз ҳамдигар фарқкунандаро муқаррар менамояд. Шартҳои фарқиятгузорӣ дар нарх: имкон доштани фурўшанда барои аз ҳам ҷудо кардани харидорон мувофиқи чандирии тақозои онҳо ба моли мушаххас, ки имкон медиҳад…

    Муфассалтар »
  • ОЛИГОПОЛИЯ

    Олигополия – вазъест, ки дар бозор ширкатҳои зиёди бузург (аз 3 то 7-то) ҳукмронанд, маҳсулоташон метавонад якранг ва ё гуногун бошад. Хусусиятҳои асосии олигополия инҳоянд: дар бозор амал кардани аз 3 то 7 фурўшанда;ширкаткунандагони бозор нисбат ба сиёсати нархгузорӣ ва стратегияи маркетинги ҳамдигар ҳассосанд;ҳар як ширкат сиёсати мустақили бозориашро ҷорӣ…

    Муфассалтар »
  • Монеаҳо дар ворид ва хориҷ шудан (ба соҳаҳо)

    Монеаҳо дар ворид ва хориҷ шудан ба соҳа – маҷмўи омилҳои объективӣ ва субъективие, ки ба ширкати воридшаванда барои ташкили истеҳсолоти фоидаовар дар бозори соҳавӣ халал мерасонанд ва ё ба ширкати дар он мавқеи мустаҳкам гирифта барои баромаданаш бе хисораи назаррас муқобилият нишон медиҳанд. Таснифи монеаҳо. Монеаҳои ғайристратегӣ – барои…

    Муфассалтар »
  • Рақобати монополистӣ

    Рақобати монополистӣ – вазъест дар бозор, ки ширкатҳои зиёди хурд моли ба ҳам монандро ба фурўш мебароранд. Рақобати монополистӣ яке аз навъҳои рақобати номукаммал мебошад. Рақобати номукаммал – як навъ бозорест, ки дар он ҳамон миқдор фурўшандаҳое фаъолият менамоянд, ки ба нархи бозории маҳсулоти пешниҳодшаванда таъсири ҷиддӣ мерасонанд. Бозор –…

    Муфассалтар »
  • Мафҳуми монополия ва бозори монополия

    Монополия (инҳисор) – иттиҳодияи бузурги хоҷагидории мулки хусусист, ки бар соҳаҳои истеҳсолот, бозорҳо ва иқтисод дар заминаи тамаркузи дараҷаи баланди истеҳсолот ва сармоя бо мақсади муқаррар намудани нархҳои монополӣ ва гирифтани даромадҳои монополӣ, назорат менамояд. Хусусияти асосии монополия мавқеи монополӣ ишғол кардан дар бозор мебошад. Мавқеи монополӣ дар бозор –…

    Муфассалтар »
  • Бозор ва таснифоти бозорҳо

    Бозор – мубодилаи мол ба мол, ки мувофиқи қонунҳои истеҳсоли мол ва гардиш ташкил шудааст, маҷмўи муносибатҳои мубодилаи мол ба мол; механизми ҳамкории муштараки харидорон ва фурўшандаҳо; маҷмўи муносибатҳои тақозо ва арза; маҷмўи ашхос ва ташкилоту талаботи онҳо, ки қонеъ гардониданашон зарур аст, пуле, ки онҳо тайёранд харҷ бикунанд ва…

    Муфассалтар »
  • Маҳдудиятҳои иқтисодӣ

    Имкониятҳои истеҳсолии низоми иқтисодӣ ба сабаби нодир будани захираҳои истифодашаванда маҳдуданд. Ин нодирият бо мурури рушди ҷомеа на танҳо ҳифз мешавад, балки афзоиш низ меёбад. Сабаби ин ҳодиса дар он аст, ки захираҳои ғайриистеҳсолии табиӣ масраф мешаванд. Маҳдудияти мутлақ – норасоии захираҳои истеҳсолӣ барои қонеъгардонии якдафъаинаи ҳама талаботи инсон мебошад.…

    Муфассалтар »
  • Андозаҳои муқаррарӣ ва воқеӣ

    Андозаи муқаррарӣ (номиналӣ) – андозаи баҳисобгирии меъёрист, ки аз рўи он муқоисаи андозаҳои воқеии аз он дуршуда сурат мегирад. Яке аз нишондиҳандаҳои асосии андозаи даромади аҳолӣ – ҳама гуна даромадҳои аҳолӣ мебошад, ки ба шакли пул ё ашё (натуралӣ) ба даст оварда шудаанд. Ин коэффитсиентро метавон мустақиман дар заминаи омори…

    Муфассалтар »
  • Ҷорияҳо ва захираҳо

    Ҷорияҳо – пулҳо ва молҳое, ки дар давраи муайяни замон (сол, рубъи сол, моҳ) гардиш мекунанд (ҷорианд). Захираҳо – арзишҳои моддӣ, воситаҳои гардишӣ дар шакли ашёи хом, мавод, сўзишворӣ, моли нимтайёр, маҳсулоти тайёр, ки дар анборҳо бо мақсади баъдан мавриди истифода қарор додан нигоҳ дошта мешаванд. Захирасозӣ методи нигаҳдории сарватҳо…

    Муфассалтар »
  • Омили замон ва дисконт кардан

    Самаранокии иқтисодӣ дар шароити иқтисоди бозаргонӣ бо роҳи муқоисаи маблағҳои (инвеститсияҳои) имрўз гузошташуда бо он даромаде, ки онҳо дар оянда меоваранд, арзёбӣ мешавад. Ин арзёбӣ бо назардошти омили замон бо методи дисконт кардан амалӣ мегардад. Омили замон бо роҳи ба ҳам овардани натиҷаҳои дар оянда ба даст меомадагӣ бо ифодаи…

    Муфассалтар »
  • Қувваҳои истеҳсолкунанда ва муносибатҳои истеҳсолӣ

    Қувваҳои истеҳсолкунанда ва муносибатҳои истеҳсолӣ ду ҷиҳати раванди истеҳсолоти ҷамъиятӣ мебошанд. Истеҳсолоти ҷамъиятӣ чун категорияи иқтисодӣ аз ҷониби бисёр шахсиятҳои мўътабари афкори иқтисодӣ мавриди назар қарор гирифтааст. Дар ташаккули назариёт оид ба истеҳсолоти ҷамъиятӣ консеписияи таҳиянамудаи К.Маркс таъсири ҷиддӣ расонидааст. Принсипи бунёдии назариёти мазкур бар он аст, ки асоси мавҷудият…

    Муфассалтар »
  • Самаранокии миқёси истеҳсолот

    Самаранокии миқёси истеҳсолот – падидаи (ҳодисаи) иқтисодист вобаста ба тағйироти хароҷот (масрафҳо) дар давраи тўлонӣ. Давраи тўлонӣ – замонест, ки тўлаш аз 12 моҳ зиёдтар аст. Дар давраи тўлонӣ ҳамаи хароҷоти (масрафҳои) корхона тағйирёбанда мешаванд, аз ин рў одатан, онҳоро аз мавқеи амали самаранокии миқёси истеҳсолот мавриди назар қарор медиҳанд.…

    Муфассалтар »
  • Иқтисоди соя

    Чанд таърифу қоидаҳои иқтисоди соя вуҷуд доранд. Иқтисоди соя, як навъ фаъолиятест мухолифи қонунгузории амалкунанда дар давраи муайяни замон. Иқтисоди соя – маҷмўи амалиёти хоҷагидорист, ки дар навбати худ ғайриқонунӣ мебошанд ва ҷинояткориҳои вазнини дараҷаҳои гуногунро дар зимнашон доранд. Иқтисоди соя (иқтисоди ғайриқонунӣ, иқтисоди ғайришаръӣ) як навъ фаъолияти хоси истеҳсол,…

    Муфассалтар »
  • Омилҳои таъсиррасонанда ба афзоиши самаранокии истеҳсолот

    Омилҳои таъсиррасонанда ба афзоиши самаранокии истеҳсолотро ба се гурўҳ тақсим намудан мумкин аст: 1) омилҳое, ки афзоиши ҳаҷми истеҳсолотро аз ҳисоби нисбатан пурратар истифода кардан аз қудрати истеҳсолии корхона таъмин менамоянд; 2) омилҳое, ки кам кардани маблағи умумии масрафҳоро барои истеҳсоли маҳсулот таъмин менамоянд, аз ҳисоби: а) баланд бардоштани сатҳи…

    Муфассалтар »
  • Нишондиҳандаҳои самаранокии истеҳсолот

    Самаранокии истеҳсолот системаи нишондиҳандаҳоест, ки самаранокии истифода аз захираҳои истеҳсолотро инъикос менамоянд. Захираҳои истеҳсолот – захираҳое, ки аз онҳо дар ҷараёни истеҳсоли маҳсулот, хизматрасонӣ истифода мешавад. Онҳо иборатанд аз: 1) захираҳои меҳнатӣ; 2) захираҳои моддӣ; 3) воситаҳои меҳнат (захираҳои асосӣ). Нишондиҳандаҳои самаранокии истифода аз захираҳои меҳнатӣ. Самаранокии истифода аз захираҳои…

    Муфассалтар »
  • Мафҳум ва навъҳои захираҳо

    Захираҳоро ба ду гурўҳ метавон ҷудо кард: 1) ғайриистеҳсолӣ; 2) истеҳсолӣ. Захираҳои ғайриистеҳсолӣ – бахше аз захираҳоянд, ки ҳангоми истеҳсоли неъматҳои моддӣ (иқтисодӣ) аз онҳо истифода намешавад. Захираҳои истеҳсолӣ – бахше аз захираҳои барои корхона зарур, барои истеҳсоли маҳсулот ва ё эҳтиёҷоти идоракунӣ мебошанд. Захираҳои истеҳсолӣ иборатанд аз: 1) меҳнатӣ;…

    Муфассалтар »
  • Андозаи умумӣ, миёна ва ҳадди аксари даромад ва хароҷот

    Хароҷоти умумӣ – ҷамъи хароҷоти доимӣ ва тағйирё-банда ҳангоми муайян будани ҳаҷми истеҳсолот мебошад. Азбаски хароҷоти умумӣ аз ду воҳиди ба ҳам омада иборат аст, тағйирот дар воҳиди якум нобаробар сурат мегирад. Тағйири набаробари хароҷоти умумӣ сабаби тағйири андозаи хароҷоте мебошад, ки ба воҳиди маҳсулот рост меояд. Хароҷоти вобаста ба…

    Муфассалтар »
  • Хароҷоти доимӣ ва тағйирёбанда

    Якчанд таърифи хароҷотӣ доимӣ ва тағйирёбанда вуҷуд доранд. Хароҷоти доимӣ – хароҷоте ки ҳангоми тағйир ёфтани миқдори маҳсулоти истеҳсолшаванда (ҳаҷми истеҳсолот) бетағйир мемонанд. Хароҷоти доимӣ – хароҷоте, ки андозаашон ҳангоми тағйир ёфтани ҳаҷми истеҳсолот тағйир намеёбад. Хароҷоти доимӣ – хароҷоте, ки андозаашон аз тағйир ёфтани ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшуда ва фурўши…

    Муфассалтар »
  • Даромади нохолис ва хароҷот

    Даромади нохолис – маблағи ба пул ҳисобкардашудаи баробари воситаҳои пулии дохилшаванда ва дигар ашё ба андозаи қарзи дебиторӣ. Даромади нохолис дар бар мегирад: 1) харҷро аз фаъолияти асосӣ; 2) маблағҳои воридшавандаро аз фаъолияти гузаронидани амалиёт; 3) маблағҳои воридшавандаро аз фаъолияти ғайритиҷоратӣ (ғайри машғулият бо фурўш). Харҷ аз фаъолияти асосӣ –…

    Муфассалтар »
  • Зинаҳои асосии ҷараёни такрористеҳсол

    Ҷараёни такрористеҳсол – ҳаракати муттасили беинтиҳои сармояи ҷамъиятӣ (неъматҳои иқтисодӣ) мебошад. Ҷараёни такрористеҳсол якчанд зинаи пайдарҳамро дар бар мегирад, ки бо ҳамдигар робитаи зич доранд. 1. Истеҳсолот. Зинаи истеҳсолот давраест, ки дар он пайдарҳам неъматҳои ҷамъиятӣ (иқтисодӣ) барои қонеъ гардонидани талаботи мардум офарида мешаванд. 2. Тақсимот. Зинаи тақсимот таъини саҳми…

    Муфассалтар »
  • Ҷараёни такрористеҳсол ва навъҳои он

    Се навъ ҷараёни такрористеҳсол вуҷуд дорад: 1) оддӣ; 2) маҳдуд кардашуда; 3) васеъ кардашуда. Такрористеҳсоли оддӣ — азнавсозии ҳолати пешинаи низоми хоҷагидорӣ дар ҷараёни истеҳсол, ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшаванда ва андозаи сармояи амалкунанда бетағйир мемонанд. Такрористеҳсоли маҳдуд кардашуда – истеҳсолотест, ки ба сабаби мавҷуд набудани андозаи зарурии маблағгузорӣ ва ё мувофиқи…

    Муфассалтар »
  • Робитаи байниҳамдигарии истеҳсолот ва истеъмолкунандагон

    Истеҳсолот ва истеъмоли неъматҳои иқтисодӣ бо ҳамдигар вобастаанд ва робитаи зич доранд. Неъмати иқтисодӣ – маҳсули меҳнат аст, ки барои истеъмолкунандагон арзиши муайяни моддӣ (иқтисодӣ) дорад ва чун воситаи алоқаи байни агентҳои иқтисодӣ амал менамояд. Робитаи байниҳамдигарии истеҳсолот бо истеъмолкунандагон ба шакли нисбатан беҳтар дар ҷараёни гардиши иқтисодии молҳо ва…

    Муфассалтар »
  • Рақобат ва навъҳои рақобат

    Рақобат – муборизаи фурўшандагон барои ҷалби харидорон. Ду навъи асосии рақобат вуҷуд дорад: 1) рақобати комил (мутлақ); 2) рақобати номукаммал (нопурра). Рақобати комил – як навъ бозоре, ки фурўшандагони зиёд дорад, маҳсулоти якхела истеҳсол мекунад, ҳеҷ кадоми фурўшандагони инфиродӣ (истеҳсолкунандагон) ба нархи (тавозуни) молҳои дар бозор пешниҳодсозандаи маҳсулоташон таъсир расонида…

    Муфассалтар »
  • Назарияи рафтори истеъмолкунанда ва истеҳсолкунанда

    Назарияи рафтори истеъмолкунанда ва истеҳсолкунанда консепсияҳои назариявианд, ки аксуламали истеъмолкунан-дагон ва истеҳсолкунандагонро ба тағйироти вазъи бозор нишон медиҳанд. Бозор – маҷмўи муносибатҳои иқтисодист, ки таъсири байниҳамдигарии тақозо ва арза, истеъмолкунандагон ва истеҳсолкунандагонро инъикос менамояд. Вазъи бозор аз рўи дараҷаи тавозуни тақозо ва арза, ки зери таъсири рафтори истеъмолкунандагон ва истеҳсолкунандагон…

    Муфассалтар »
  • Масрафи зиёдии истеъмолкунанда ва истеҳсолкунанда

    Масрафи истеъмолкунанда – фарқи байни нархи ҳадди аксар, ки истеъмолкунанада омода аст барои воҳиди мол пардохт бикунад ва арзиши воқеии он. Нарх – ифодаи пулии арзиши мол, ки аз хароҷоти истеҳсолаш ва таносуби тақозо ва арзааш дар бозор муайян мегардад. Арзиш – таҷассуми меҳнати ҷамъиятӣ нисбати мол, бузургии он ба…

    Муфассалтар »
  • Истифода аз назарияи чандирӣ

    Чандирӣ – андозаи ҳассосияти тақозо ва арза нисбат ба тағйирёбии омилҳои муайянкунандаи он, андозаи аксуламали як бузургӣ нисбат ба тағйирёбии дигараш мебошад. Истифода аз назарияи чандирӣ – дар амалия ба кор бурдани меъёрҳои назариявии ифодакунандаи хусусиятҳои дараҷаи ҳассосияти тақозо ва арза нисбат ба тағйирёбии омилҳои гуногун. Зарурати ба таври васеъ…

    Муфассалтар »
  • Назарияи чандирии тақозо ва арза

    Чандирӣ – андозаи ҳассосияти тақозо ва арза оид ба тағйироти муайянкунандаи омилҳои онҳо, андозаи аксуламали як бузургӣ ба тағйироти дар дигараш рўйдода. Чандирии тақозо – дараҷаи ҳассосияти тақозо нисбат ба тағйироти омилҳои дигар мебошад. Ду навъ меъёри чандирии тақозо вуҷуд дорад: аз рўи нарх; аз рўи даромад. Чандирии тақозоро аз…

    Муфассалтар »
  • Моделҳои тавозуни Валрас ва Маршалл ва тавсифи онҳо

    Дар назарияи иқтисоди неоклассикӣ ду равияи таҳқиқи тавозуни бозор – мувофиқи таълимоти Валрас ва таълимоти Маршалл вуҷуд дорад. Профессори Донишгоҳи Лозанна иқтисодшиноси швейтсарӣ Леон Валрас барқароршавии тавозуни байни тақозо ва арзаро, ки дар мўҳлати кўтоҳ дар заминаи асоси миқдори онҳо рўй медиҳад, таҳлил кард. Ҳангоми боло рафтани нарх ҳаҷми тақозо…

    Муфассалтар »