Фанни Иқтисоди миллӣ

Навасони адвории пешрафти иқтисоди бозаргонӣ

Навасони адворӣ (сиклӣ будан) – шакли пешрафти иқтисоди миллӣ ва хоҷагии ҷаҳонист, пешрафтест аз як тавозуни макроиқтисодӣ дар миқёси як иқтисод нисбат ба дигараш.

Сабабҳои навасони адворӣ инҳоянд:

  1. ба таври доимӣ коҳиш ёфтани инвеститсияҳо;
  2. навасони миқдори пул дар кишвар;
  3. коҳиш ёфтани самараи мултипликатсия;
  4. нав шудани неъматҳои асосии сармоявӣ.

Дар солҳои гуногун истеҳсолот метавонад бо суръати баланд ва ё паст рушд намояд; баъзан зиёдшавӣ метавонад хусусияти манфӣ – коҳиши истеҳсолотро дошта бошад. Таҳарруки вазъи иқтисодиётро саҳеҳтар бо хати мавҷӣ метавон акс кард; ҳар як мавҷ нишондиҳандаи давраи муайяни пешрафт мебошад. Иқтисодшиносон чунин давраҳо ва тамоюлотро нишон додаанд:

  1. дар як содсола;
  2. дар чандин даҳсола;
  3. давраҳои иқтисодии мўътадил;
  4. давраҳои хурд;
  5. навасоноти махсус дар дохили соҳаҳои ҷудогонаи иқтисодиёт;
  6. навасоноти махсуси ҳодисаи ҷудогона.

Давраҳо (мавҷҳо) – навасоноти доимии иқтисодӣ ва ё фаъолиятмандӣ, яъне сатҳи таъмин будан ба кор (шуғл доштан), истеҳсолот ва таваррум.

К. Маркс (1818–1883) чор марҳилаи давраро нишон додаст: бўҳрон, рукуд, эҳё ва пешрафт. Баъзе донишмандони муосир танҳо ду марҳиларо нишон додаанд: ретсессия (коҳиш) ва болоравӣ (пешрафт). Ба омўзиши мавҷҳои дароз дар асри ХХ донишмандони маъруф И. Шумпетер, С. Кузнетс, К. Кларк, У. Митчел, П. Баккарг, Д. Гордан, Т. Кучинский, Ю. Яковетс, Л. Клименко, С. Меншиков ва дигарон машғул шудаанд.

Давра муддати муайяни вақт дар пешрафти иқтисодиёт аст, ки дар ҷараёни он афзоиши ҳаҷми истеҳсолот, молҳо ва хизматрасонӣ сурат мегирад, баъдан коҳиш, пастравӣ, касод, зиндашавӣ ва дар охир боз пешрафт рўй медиҳад.

Ба эҳёи фаъолиятмандӣ дар шакли бастани қарордодҳои нав пешрафти иқтисодиёт оғоз меёбад.

Бўҳрони низоми иқтисоди бозаргонӣ аз пастравии сахти истеҳсолот шурўъ мешавад ва ин ҳолат аз пастравии тадриҷии фаъолиятмандӣ оғоз меёбад.

Нуқтаи поёнтарини пастравӣ коҳиши тавлидот аст ва баъд аз он давраи касодӣ пеш меояд. Касодӣ ҳолати рукуди иқтисодиёт, талабот ба молҳо ва хизматрасонӣ меафзояд, корхонаҳо кашшоқ мешаванд, бекорӣ хусусияти оммавӣ пайдо мекунад. Хусусияти дигари падидаи номатлуб дар пешрафти давраии иқтисодиёт афти истеҳсол – вазъи иқтисодиёт аст, ки маҳсулоти умумии миллӣ рў ба пастравӣ оварда то ба ду чоряк кам мешавад ва ин нишондиҳандаи касоди истеҳсол ва ё суръати пасти рушди он мебошад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *