Фанни Иқтисоди миллӣ

Сиёсати шуғли аҳолӣ ва танзими бекорӣ

Сиёсати шуғли аҳолӣ – маҷмўи чорабиниҳои сиёсати макроиқтисодӣ мебошанд, ки ба самти ба субот овардани иқтисодиёт дар сатҳи ба кор машғул будани кулли аҳолӣ нигаронида шудаанд. Тавсияҳо оид ба дахолат кардани давлат ба иқтисодиёт дар шароити бесуботии макроиқтисодӣ хеле зиёданд.

Вале усулҳои умумии таъсиррасонӣ ба сатҳи фаъолиятмандиро бо тезисҳои зерин метавон ифода кард: дар шароити пастравӣ давлат бояд сиёсати шавқмандсозиро пеш бигирад; дар замони пешрафт бояд сиёсати ҷилавгирии макроиқтисодро бигузаронад ва бикўшад, ки иқтисодиёт аз ҳад зиёд «гарм нашавад», яъне таваррум рўй надиҳад.

Сиёсати шуғли аҳолӣ чун ҷузви таркибии сиёсати иҷтимоӣ бояд ба амалӣ кардани чораҳои мусоидат кардан ба ташаккули шароит барои ба кор бурдани қобилияти меҳнатӣ ва фаъолиятмандии шаҳрвандони қобили меҳнат равона карда шавад. Вазифа дар он аст, ки аҳолӣ аз қашшоқӣ ва бекории умумӣ раҳо ёбанд.

Танзими бекорӣ бояд ба беҳсозии сиёсати давлат дар соҳаи андозбандӣ ва молиявию қарзӣ нигаронида шавад. Ин сиёсат бояд бар он мусоидат намояд, ки маблағҳои инвеститсионӣ дар минтақаҳои дорои захираҳои меҳнатии тахассусманд ҷой бигиранд.

Чорабиниҳо оид ба танзими бекорӣ:

  1. ба амал татбиқ намудани чорабиниҳо доир ба пешгирии аз кор озод кардани кормандон, паст кардани таъсири манфии ба таври оммавӣ озод кардани кормандон, пеш аз хориҷ кардан гузаронидани машварат оид ба дарёфти ҷойи кор, иттилоъ додан оид ба мукассисаҳои талабгори нерўи корӣ, имконпазирии такмили ихтисос, иваз кардани ихтисос бо пешниҳод намудани кори нав пас аз таълим дар курсҳои бозомўзӣ;
  2. рушд, афзудани сифат ва маҳсулонокии сохтори таълими ихтисос ва бозомўзии шаҳрвандони бекор, бо мақсади таъмини рақобатпазирӣ ва тахассуси қувваҳои корӣ дар бозори меҳнат;
  3. ташкили иттилоотрасонии ягона оид ба тақозои неруи корӣ ва арзаи он; афзудани дастрасии аҳолӣ ба иттилоот оид ба ҷойҳои кори холӣ бо мақсади кам кардани мўҳлати корҷўйии бекорон;
  4. ҳангоми бо кор таъмин кардани шаҳрвандон кўмаки аввалияи мушаххас расонидан ба онҳое, ки ба кор сахт эҳтиёҷманданд;
  5. гузаронидани амалиёт оид ба корбурди усулҳои самарабахши ихтисосманд кардани бекорон ва додани кўмакпулиҳо ба бекорон.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *