Фанни Иқтисоди миллӣ

Бозори пул – танзимгари иқтисодиёт

Бозори пул – маҷмўи бозорҳои қарздиҳӣ ва амонатгузорӣ (депозитӣ). Дар ин маврид Бонки Миллӣ, бонкҳои тиҷоратӣ ва созмонҳои молиявӣ бо коғазҳои арзишдори кўтоҳмўҳлат амалиёт мегузаронанд; як қисме аз бозори коғазҳои арзишдор – сармоя, ки бо онҳо амалиёти кўтоҳмўҳлати амонатгузорӣ ва қарздиҳӣ гузаронида мешавад, асосан хидмати гардиши сармояи ширкатҳо, захираҳои кўтоҳмўҳлати бонкҳо, муассисаҳо, давлат ва шахсони воқеии алоҳидаро иҷро мекунанд.

Воситаҳои амалияти бозори пул – васиқаҳои хазинадорӣ ва тиҷоратӣ, сертификатҳои амонатгузорӣ (депозитӣ), пазираҳои бонкӣ мебошанд.

Агентҳои (намояндаҳои) бозори пул асосан бонкҳо, ширкатҳои брокерӣ (даллолӣ) ва миёнарав, муасисаҳои дигари пуливу қарздиҳӣ мебошанд, ки дар хариду фурўши пулҳои кредитӣ, асъор, коғазҳои арзишдор иштирок менамоянд.

Тавозуни макроиқтисодӣ мавҷудияти таносубҳои муайянро дар бозори пул низ тақозо менамояд. Муҳимтарини онҳо баробарӣ байни талабот ва арзаи пул мебошад.

Талабот ба пул мувофиқи андозаи маблағҳои пуле муайян карда мешавад, ки агентҳои хоҷагидорӣ дар даст доранд, яъне талабот ба захираҳои воқеии пулӣ бо назардошти индекси нархҳо. Захираҳои воқеии пулӣ нишондиҳандаи маблағҳои пуланд, ки на танҳо пули нақд, балки боқимондаҳои маблағҳоро дар суратҳисобҳои ҷорӣ ва мўҳлатнок ва сатҳи умумии нархҳоро дар иқтисодиёт дар бар мегиранд.

Амали талабот ба пул нишондиҳандаи робитаи байни андозаи маблағи пулҳои воқеии дар дасти аҳолӣ буда ва тағйироти иқтисодии таъсиррасонанда ба тасмими оид ба нигаҳдории ҳамин сатҳи захираҳои пул мебошад. Амали одии талабот ба пул нишон медиҳад, ки талабот ба захираҳои пулҳои воқеӣ бевосита аз сатҳи даромад ва бавосита аз андозаи ҳаҷми фисад вобаста аст.

Омилҳои талабот ба пул:

  1. сатҳи даромад;
  2. суръати гардиши пул;
  3. ҳаҷми фисад.

Назариёчиёни мактаби классикӣ талабот ба пулро бо даромади воқеӣ алоқаманд мешуморанд, тарафдорони Кейнс ҳаҷми фисадро омили асосии талабот ба пул медонанд.

Назарияи миқдори пул маънои онро дорад, ки суръати гардиш нишондиҳандаи тағйирнаёбанда аст, чунки бо сохтори устувори муомилоти иқтисодӣ марбут аст ва бо мурури замон метавонад тағйир биёбад.

Назарияи Кейнс оид ба талабот ба пул назарияи афзалиятнок шуморидани нақдинагист ва аз он се ангезае мебарояд, ки аҳолиро ба он водор месозад, ки қисми пулашонро ба шакли нақдина нигоҳ доранд:

  1. ангезаи трансаксионӣ – талабот ба пули нақд барои муомилоти ҷорӣ;
  2. ангезаи эҳтиёткорӣ – нигаҳдории маблағи муайяни пул барои ҳолатҳои пешбинӣнашаванда;
  3. ангезаи судҷўӣ – бо мақсади дар оянда ба даст овардани даромад нигоҳ доштани миқдори муайяни пули нақд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *