Фанни Иқтисоди миллӣ

Низоми бонкӣ ва молиявӣ

Низоми бонкӣ – маҷмўи бонкҳои ба ҳамдигар робитадошта ва дигар муассисаҳои қарздиҳанда мебошад, ки дар чаҳорчўбаи ягонаи механизми қарзию молиявӣ амал менамоянд.

Дар низоми бонкӣ дар сатҳи аввал Бонки Миллӣ (Марказӣ), дар ҷойи дуюм шабакаи бонкҳои тиҷоратӣ, муассисаҳои ҳисоббаробаркунию қарзӣ қарор доранд.

Сарсилсилаи низоми молиявӣ Бонки Миллӣ аст, ки одатан ба давлат тааллуқ дорад. Бонки Миллӣ эмиссияи пулҳо (банкнотаҳо)-ро дар шакли нақдӣ монополия менамояд, маблағҳои хазинавии муассисаҳои қарздиҳандаи дигар захираҳои тиллои давлатро ҷамъоварӣ ва ҳифз мекунад, қарздиҳӣ ба бонкҳои тиҷоратиро амалӣ месозад, барои ҳукумат амалиёти ҳисобу китобро иҷро менамояд, нозири фаъолияти созмонҳои дигари қарздиҳанда мебошад.

Унсури дуюм дар низоми бонкии муосир бонкҳои тиҷоратӣ – муассисаҳои қарздиҳандаи хусусияти умумӣ дошта мебошанд, ки амалиёти қарздиҳӣ, захирасозӣ, миёнаравӣ мегузаронанд, ҳисоби китоб менамоянд, гардиши пардохтро дар миқёси тамоми хоҷагии халқ ташкил мекунанд.

Унсури сеюм дар низоми бонкӣ муассисаҳои махсуси қарзию молиявӣ мебошанд. Онҳо соҳаҳои муайяни фаъолияти хоҷагидориро бо маблағҳои қарзӣ таъмин менамоянд.

Низоми молиявӣ – маҷмўи қонунҳо, қоидаҳо, меъёрҳо мебошад. Онҳо фаъолияти молиявӣ, муносибатҳои молиявии давлат (низоми пул, низоми муассисаҳои молиявиро) танзим менамоянд.

Дороии пулӣ – низоми дар ҷомеа шаклгирифтаи муносибатҳои иқтисодист оид ба офариниш ва истифода аз захираҳои маблағҳои пулӣ дар заминаи тақсим ва азнавтақсимкунии маҷмўи маҳсулоти ҷамъиятӣ ва даромади миллӣ мебошад. Дороии пулӣ инҳоянд:

  1. дороии пулии давлат – соҳаи махсуси муносибатҳои иқтисодии муттаҳид гардонидашуда бо тақсимоти дуюмбора, инчунин тақсимот ва истеъмоли аввалияи қисми маҳсулоти ҷамъиятӣ бо мақсади ташкили захираҳои пуле, ки ба давлат барои амалӣ кардани фаъолияташ заруранд.
  2. дороии пулии корхонаҳои хусусӣ ва корпоратсияҳо – муносибатҳои пулие, ки дар рафти фаъолияти иқтисодии онҳо пайдо мешаванд ва таҳарруки истеҳсолоту ба даст овардани даромадро таъмин менамоянд. Онҳо дар шакли сармояи пулӣ, захираҳои гуногуни пули корхона вуҷуд доранд.

Хусусиятҳои асосии дороии пули муосир инҳоянд:

  1. ба шакли пул вуҷуд доштан (бархилофи муносибатҳои натуралӣ);
  2. хусусияти тақсимоти муносибатҳо, яъне вуҷуд надоштани мубодилаи баробар (эквивалентӣ);
  3. тақсими маҳсулоти таҷаммўии ҷамъиятӣ ва даромади миллӣ ба тавассути даромадҳои пули воқеӣ.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *