Фанни Иқтисоди миллӣ

Назарияи давраи иқтисодӣ

Имрўз назарияи ягонаи давраҳо вуҷуд надорад, аз ин рў муҳаққиқони муосир кўшиши зиёде барои таснифи мақбули ин назарияҳо карда истодаанд.

  1. Назарияи омилҳои беруна.

Асосгузори ин ҷараён иқтисодшиноси англис У.С.Ҷевонс (1835–1882) мебошад, ки давраи иқтисодиро, махсусан, хоҷагии қишлоқ ва савдоро бо фаъолиятнокии 11-солаи офтоб марбут медонист. Пайравони У. С. Ҷевонс таъсири давраҳои офтобро ба кулли иқтисодиёт татбиқ карданд.

Соли 1921 Л. Тротский назарияи худашро оид ба мавҷҳои тўлонӣ пешниҳод кард. Вай мўътақид буд, ки мавҷҳои тўлонӣ давраҳои таърихии суръат ёфтан ва паст шудани пешрафти капитализманд ва 5 давраи гуногунмўҳлатро аз соли 1871 то соли 1921 нишон дод.

  • Назарияи монетарӣ

Назарияи монетарӣ ба пуррагӣ дар таҳқиқоти иқтисодшиноси англис Р.Хоутри (1879–1975) матраҳ гардидааст. Ў мегўяд, ки давра (сикл) – «падидаи соф пулӣ аст» ба он маъно, ки тағйирёбии селаи пул сабаби ягона ва кофии тағйирот дар фаъолияти иқтисодӣ, ивазшавии пайдарҳами шукуфоӣ ва пастравӣ, эҳё ва коҳиши савдо мебошад.

  • Назарияи андўхти барзиёд (аз ҳад зиёд)

Дар назарияи андўхти барзиёд масъалаи пешрафти аз ҳад зиёди соҳаҳои истеҳсолкунандаи молҳои таъиноти истеҳсолӣ нисбат ба соҳаҳои истеҳсолкунандаи молҳои истеъмолӣ мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст, чунки соҳаҳои истеҳсолкунандаи молҳои таъиноти истеҳсолӣ нисбат ба соҳаҳои истеҳсолкунандаи молҳои талаботи ҳаррўза ба таъсири давраи иқтисодиёт зиёдтар дучор меоянд.

  • Назарияи норасоии истеъмол

Асосгузори ин назария иқтисодшиноси швейтсарӣ Ш.Сисмонди (1773–1842) мебошад. Омили рукуд (депрессия) дар он аст, ки қисми аз ҳад зиёд даромади ҷорӣ нигоҳ дошта мешавад ва танҳо қисми бисёр ками он ба молҳои ниёзи мардум харҷ карда мешавад. Маҳз ҳамин маблағҳое, ки баъзе ширкатҳо соҳибихтиёрона нигоҳ медоранд, тавозуни байни истеҳсол ва фурўшро халалдор месозанд.

  • Назарияи марксистии давра

Марксистон ақида доштанд, ки имконияти оддӣ ва муҷарради давраҳо дар капитализм бар истеҳсоли оддии мол асос ёфтааст ва он аз вазифаҳои пул чун воситаи гардиш ва пардохт дар мавриди лағви санадҳои хариду фурўш бармеояд.

  • Назарияи неоклассикҳо ва неокейнсиҳо оид ба давра (сикл)

Неоклассикҳо ва неокейнсиҳо он ақидаро тарафдоранд, ки яке аз сабабҳои асосии механизми давраҳо ҷараёни мутобиқати захираи сармоя ба шароити такрористеҳсол мебошад. То он даме, ки таносуби мутавозин байни ҳаҷми арзиши моли ҳарсола истеҳсол мешудагӣ ва захираҳои то ин давра андўхташуда халалдор нагардида бошад, навасони (тағйирёбии) давраӣ ба миён намеояд (рўй намедиҳад).

88. ҚОИДАИ «ТИЛЛОИИ» АНДЎХТ

Шароитеро, ки дар он ҳадди аксари истеъмол ба миён меояд, иқтисодшиноси америкоӣ Э. Феллс дар асараш «Масал барои онҳое, ки бо пешрафт машғуланд» (1961) қоидаи «тиллоии» андўхт номидааст.

Мувофиқи ин қоида сатҳи истеъмол ҳангоми расидан ба фарқи аз ҳад зиёди байни ҳаҷми истеҳсол ва ҳаҷми коҳиш ёфтан дар шароити сатҳи устувори соҳиб будан ба сармоя муяссар мегардад.

Истеъмолро, ки мувофиқи қоидаи «тиллоӣ» амалӣ мегардад, сатҳи устувори истеъмол меноманд. Захираи сармояеро, ки вазъи устуворро дар ин навъи истеъмол таъмин менамояд, сатҳи «тиллоии» андўхти сармоя меноманд.

Ба ҳамин тариқ, сатҳи максималии истеъмолро танҳо ҳангоми расидан ба сатҳи «тиллоии» андўхти сармоя ба даст овардан имконпазир аст. Ин сатҳи андўхти сармоя ҳамон вақте имконпазир мегардад, ки агар ҳадди ниҳоии маҳсулнокии сармоя ба меъёри коҳиши сармоя баробар бошад. Қоидаи «тиллоӣ» ҳамин аст.

Дар ҳақиқат, агар захираи мавҷудаи сармоя аз сатҳи «тиллоӣ» баланд бошад, дар ин маврид ҳангоми афзоиши баъдинаи сармоя ҳадди маҳсули ниҳоии он аз меъёри коҳиши сармоя камтар хоҳад буд ва ин сатҳи истеъмолро паст мекунад. Дар акси ҳол афзоиши сармоя боиси афзоиши истеъмол мегардад, чунки ҳадди ниҳоии маҳсулнокии сармоя аз меъёри коҳиш зиёдтар мегардад. Аз ин рў, қоидаи «тиллоӣ» шарти ба даст овардани сатҳи максималии истеъмол дар суръати муайяни пешрафти иқтисодӣ мебошад.

Барои нигоҳ доштани максималии истеъмол зарур аст, ки ҳадди аксари маҳсули сармоя, ки баъди хароҷотҳо барои хўрдашавӣ боқӣ мемонад, ба суръати афзоиши истеҳсолот баробар бошад.

Ҳангоми бо субот афзоиш ёфтани хароҷот барои меҳнат, вобастагии мустақим байни меъёри андўхт ва захираи сармояи ба маҳсулоти солона нисбатдодашуда вуҷуд дорад.

Коҳиши сармоя аз маҳсулоти ниҳоӣ, ки ҳангоми амали сармоя ба вуҷуд оварда шудааст, зиёд буда наметавонад. Қоидаи «тиллоӣ» ба таври аёнӣ сатҳи соҳибият ба сармояро нишон медиҳад.

Бешубҳа, афзоиши аҳолӣ ба соҳибият ба сармоя ба мисли меъёри коҳиш таъсир мерасонад, яъне боиси коҳиши захираҳои сармоя мегардад.

Маҳз барои ҳамин, барои ноил шудан ба ҳадди аксари истеъмол зарур аст, ки маҳсули софи ниҳоии сармоя ба суръати афзоиши аҳолӣ баробар бошад.

Аз ин ҷо метавон хулоса кард, ки мувофиқи модели Р. Селоу дар кишваре, ки суръати афзоиши аҳолиаш баланд аст, сатҳи соҳибият ба капитал ва даромад ба ҳар сари аҳолӣ паст аст.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *