Фанни Иқтисоди миллӣ

Густариш, тамаркуз ва дар як ҷо ҷамъ овардани истеҳсолот

Густариш (диверсификатсия) – як навъ гуногунсозии навъҳо, тағйироти зоҳирии навъҳои маҳсулоти корхона ё

ширкат, аз худ намудани навъҳои дигари истеҳсолот барои баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот.

Тамаркуз – дар чандин корхонаҳои бузург ба роҳ мондани истеҳсоли як ё чандин навъи маҳсулот.

Дар як нуқта ҷамъ овардани истеҳсолот – густариши миқёси истеҳсолот дар заминаи ҷараёни рушди объективии нерўҳои истеҳсолӣ.

Густариши истеҳсолот инчунин омили роҳ ёфтани сармояи ин ё он корпоратсия мебошад ба соҳаҳое, ки мустақиман бо соҳаи асосии фаъолияти он вобаста нестанд. Густариш шароити хуберо барои роҳ ёфтани сармоя аз корхонаҳои даромадашон на он қадар зиёд ба корхонаҳои даромадашон зиёд ва ояндадор муҳайё месозад, дар давраи бўҳронҳо устувории корпоратсияро зиёдтар мекунад. Густаришро метавон ҳам дар заминаи тамаркуз ва ҳам дар як ҷо ҷамъ овардани истеҳсолот амалӣ кард. Дар заминаи тамаркуз корпоратсия дар соҳаи дигар истеҳсолоти навро ҷорӣ менамояд, дар заминаи ба ҳам овардан корхонаҳои дар он ҷо вуҷуддоштаро бо роҳи хариди саҳмияҳо ба моликияти худ медарорад.

Дар заминаи густариш консернҳо – корпоратсияҳои бузурги бисёрсоҳа ташаккул меёбанд, ки тадриҷан ба монополияҳои пешбари саноатӣ мубаддал мешаванд. Ба таркиби онҳо даҳҳо ва садҳо корхонаҳои соҳаҳои гуногун ва дар кишварҳои гуногуни дунё ҷойгирифта ворид мешаванд. Густариш мавқеи истеҳсолоти консернҳоро мустаҳкам менамояд, назорат бурдани онҳоро аз болои бозорҳо зиёд мекунад, ба онҳо имконият медиҳад захираҳоро хубтар тақсим намоянд ва аз онҳо самаранок истифода бикунанд.

Ҷараёни тамаркуз ва дар як ҷо ҷамъ овардани сармоя одатан дар шаклҳое сурат мегиранд, ки умед доштан ба рушди самараноки иқтисодӣ бо ҳаннотӣ тавъам мешавад.

Густариш барои ба субот овардани ҷараёни даромадҳо бо роҳи афзудани навъи молҳо ва хизматрасониҳо ёрӣ мерасонад. Ин ба фоидаи коргарони ширкат, таъминкунандагон ва истеъмолкунандагон мебошад.

Тамаркузи истеҳсолот ва сармоя – шарти асосан рушди иқтисодиёти муосир мебошад. Аз таҷрибаи солҳои охир бармеояд, ки иқтисодиёт дар он кишварҳо муқтадир аст, ки дар он ҷо бо таносуб ва модификатсияҳои ақлонӣ иттиҳодияҳои хурду бузург бо баланд будани мақоми корхонаи бузург бо ҳам муттаҳид мешаванд.

Тамаркузи сармоя дар ин ҳолат асосан аз ҳисоби муттаҳидсозии ширкатҳои хурду миёна амалӣ мешавад. Инчунин муттаҳидшавии ширкатҳои бузург низ ба назар мерасад; ин амал ба онҳо имконият медиҳад, ки рўи об бошанд ва дар шароити пурзўр шудани рақобат дар бозори ҷаҳонӣ, рушд намоянд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *