Фанни Иқтисоди миллӣ

Мафҳуми ширкат

Чандин тафсири мафҳуми ширкат (фирма) мавҷуданд; ин гуногунӣ ба мавҷудияти чандин назарияҳои ширкат вобаста аст:

  1. назарияи анъанавии ширкат;
  2. назарияи Р.Коуз;
  3. назарияи менеҷералии ширкат;
  4. назарияи амали ширкат.

Асоси назарияи анъанавии ширкатро чунин фарзияҳо ташкил медиҳанд:

  1. дорандагони мулки хусусӣ ҳар рўз оид ба идораи ширкат назорати фаврӣ анҷом медиҳанд;
  2. майли ягонаи соҳибони мулки хусусӣ ба ҳадди аксар расонидани даромад мебошад.

Принсипҳои назарияи Р.Коуз оид ба ширкат ба ин қароранд:

  1. то андозае, ки ширкат калонтар бишавад, даромад аз фаъолияти соҳибкорӣ кам мешавад. Ба нуқтае бояд расид, ки хароҷоти ташкили трансаксияҳои иловагии дохили ширкат ба хароҷоти марбути амалисозии трансаксияҳо дар бозори кушод ва ё харҷотҳои соҳибкорони дигар баробар бишавад;
  2. эҳтимоли он вуҷуд дорад, ки дар натиҷаи афзоиши шумораи трансксияҳои ташкилшаванда ба соҳибкор муяссар намешавад, ки омилҳои истеҳсолашро ба он тарзе ки онҳо арзиши нисбатан баландро ба миён биёранд, ҷой бидиҳад. Агар соҳибкор аз омилҳои истеҳсолот фоидаи ҳадди аксарро гирифта натавонад, бояд ба самте ҳаракат кард, ки хисорот аз истифодаи бесамари захираҳо ба хароҷоти мубодила дар бозори кушод ва ё ба хисороте, ки дар натиҷаи ташкили ин трансаксия аз ҷониби соҳибкори дигар ба миён меоянд, барбар бишаванд;
  3. нархи фурўши як ва ё аз ин зиёдтари омилҳои истеҳсолот метавонад афзоиш биёбад, чунки афзалиятҳои ҷудогонаи ширкати хурд нисбат ба ширкати калон зиёдтаранд.

Принсипҳои назарияи менеҷералии ширкат чунинанд:

  1. ба ҳадди аксар расонидани даромадҳо дар сурати баробар будани хароҷоти ниҳоӣ ба даромади ниҳоӣ;
  2. ширкатро менеҷерҳои тахассусашон баланд идора менамоянд;
  3. ҳадафи асосии менеҷерҳо – ба ҳадди аксар расонидани фурўш ва даромад.

Назарияҳои мазкур ба он асос ёфтаанд, ки ширкат як ҳадафро пайгирӣ намояд.

Назарияи амали ширкат аз он бармеоянд, ки ширкат ҳамзамон маҷмўи ҳадафҳои зеринро пеш мегузорад:

  1. манфиати коргарон, ки ба самти музди меҳнати баланд, шароити хуби кор, бехатарии технологӣ, баланд бардоштани дараҷаи тахассусӣ ва ғ. ҳаракат мекунанд;
  2. манфиатҳои менеҷерҳо, кўшиши афзоиши ҳукмфармоӣ, баланд бардоштани мақоми иҷтимоӣ, мансаб, даромад ва ғ.-ро доранд;
  3. манфиатҳои саҳмгузорон, ки мехоҳанд ба ҳадди аксар дивидендҳои баландтар бигиранд;
  4. манфиатҳои роҳбарои воломақоми ширкат, ки мекўшанд нишондиҳандаҳои иқтисодии фаъолияти молиявию хоҷагии корхонаро беҳ созанд. Мавқеи ба рақобат тоб овардани ширкатро дар бозор мустаҳкам намоянд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *