Фанни Иқтисоди миллӣ

Таваккул, суғурта ва бехатарии иқтисодӣ

Таваккул – тасодуфҳо ва ё хатарҳое, ки хусусияти эҳтимолӣ доранд ва сабаби зиён дидан шуда метавонанд. Ин ҳолатест, ки эҳтимолияти ҳар як натиҷаи имконпазирро дониста, натиҷаи аниқи ниҳоиро пешгўӣ кардан ғайриимкон аст. Таваккул аз рўи басомади эҳтимолияти ба миён омадани ин ё он дараҷаи талафот чен карда мешавад. Таваккули эҳтимолияти ҳисшавандаи дараҷаи талафот, ки аз андозаи даромади мунтазира зиёдтаранд, бештар хатарнок мебошанд.

Навъҳои тавакул:

  1. таваккули бонкӣ – бонкҳои тиҷоратӣ ба он дучор меоянд;
  2. таваккули арзӣ – ба тағйироти номуайяни қурби арзи хориҷӣ вобаста аст;
  3. таваккули қарзӣ – ба хатари барнагардонидан ва ё нопурра ва дар вақти муайянгардида барнагардонидани маблағҳои қарзӣ вобаста аст;
  4. таваккули фисадӣ – вобаста аст ба тағйироти номуайяни андозаи фисадҳо;
  5. таваккули сиёсӣ – дар таъсири носуботии сиёсӣ, ҷангҳо, ки ба ҷараёнҳои иқтисодӣ таъсир мерасонанд;
  6. таваккули «сироят шудан» – эҳтимоли он ки мушкилоти ширкатҳои вобаста ва фаръӣ ба ширкати асосӣ мегузаранд.

Чандин тарзҳои дур шудан аз таваккул, яъне чандин тарзҳои суғурта мавҷуданд.

Суғурта – маҷмўи муносибатҳои иқтисодӣ барои муҳофизати манфиатҳои моли ашхоси воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми рўй додани ҳодисаву воқеаҳои муайян аз ҳисоби захираҳои пулӣ, ки аз маблағҳои ба мақомоти суғурта месупоридагии онҳо пайдо мешаванд. Ин амалиётест, ки ба шахс имконият медиҳад таваккули зарару зиёни калонро ба нисбатан хурд иваз намояд.

Муттаҳидсозии таваккул – тарзи кам кардани таваккул аст, ки байни чандин ширкаткунандагон тақсим карда мешавад ва дар ҳолати бохт зараре, ки ҳар як иштирокчӣ мекунад, он қадар зиёд нахоҳад буд. Ширкати суғуртавии оддӣ дар фаъолияти худ аз муттаҳидсозии таваккул истифода мебарад: ширкаткунандагони зиёд таваккули худро муттаҳид сохта маблағҳои суғуртаро, месупоранд, ҳангоми рўй додани воқеае, ки барои он мақомоти суғурта бояд пардохт намоянд, ҳаққи суғуртапулӣ ба фисади камтар ташкил намуда, аз «хазинаи умумӣ» ҷуброн мешавад.

Тақсими таваккул – тарзи суғуртаест, ки дар сурати эҳтимолияти зарари калон, вақте як ширкат қодир нест, ки ба пуррагӣ ўҳдадории суғуртаро ба дўш бигирад, ба кор бурда мешавад.

Бехатарии иқтисодӣ – маҷмўи шароит ва омилҳое, ки роҳ надодани хисоротро ба хоҷагии кишвар аз хатарҳои дохилӣ ва хориҷии иқтисодӣ кафолат медиҳанд ва субботу пойдории иқтисодиёти миллиро таъмин менамоянд.

Мафҳуми бехатарӣ бо категорияи таваккул сахт алоқаманд аст. Таъмини нисбатан комили бехатарии иқтисодӣ дар ҳолати чорабиниҳои эҳтиёткорӣ ва ҷубронсозӣ аз рўи меъёрҳои «ҳадди ақалли зарар» ва ё «ҳадди ақалли зарар ва хароҷот» сурат мегирад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *