Фанни Иқтисоди миллӣ

МУЗДИ МЕҲНАТ

Музди меҳнат – пардохтҳоест ба коргар барои меҳнаташ, ки дар истеҳсоли маҳсулот, кори ба анҷом расонидааш, инчунин барои хизматрасонӣ.

Ду навъ музди меҳнат – асосӣ ва иловагӣ вуҷуд дорад.

Музди меҳнати асосӣ пардохтест ба коргар барои кори дар вақти муайян иҷро кардашуда, миқдор ва сифати хизматрасонии ба анҷом расида.

Музди меҳнати иловагӣ – пардохтҳоест барои вақти ғайрикорӣ, ки дар қонунгузорӣ муқаррар гардидаанд.

Се шакли пардохти музди меҳнат вуҷуд дорад:

  1. музди соатбайъ – пардохтест барои вақти муайяни кор новобаста аз миқдори кори иҷрошуда.
  2. кормузд – пардохти музди меҳнат барои миқдор ва воҳидҳои маҳсулоти истеҳсолкардашуда ва ҳаҷми корҳои иҷрокардашуда бар асоси нархгузориҳои қатъии иҷрои кор, ки бо назардошти дараҷаи тахассусии корманд муқаррар гардидаанд.
  3. дастмузди паймонкорӣ – шакли пардохти музди меҳнат аст, ки бар муайян сохтани музди меҳнати ҷамъбастӣ барои иҷрои зинаҳои муайяни кор ва ё истеҳсоли миқдори муайяни маҳсулот асос ёфтааст.

Шаклҳои соатбайъ ва кормузд низоми (системаи) муайян доранд.

Низоми пардохти музди меҳнат.

  1. Соатбайъи сода – низоми пардохти музди меҳнат аз рўи андозаи тарифӣ.
  2. Соатбайъ-мукофот – низоми пардохти музди меҳнат аст, ки мувофиқи он ба маблағи музди меҳнат аз рўи тариф инчунин мукофоте зам карда мешавад, ки мутобиқ ба фисади андозаи тариф ва ё асоси дигар муқаррар гардидааст.
  3. Кормузди мустақим – низоми пардохти музди меҳнат аст, ки дар он маблағи музди меҳнат бо назардошти маҳсулоти истеҳсолкардашуда муайян карда мешавад.
  4. Кормузд — мукофот – низоми пардохти музди меҳнат аст, ки тибқи он ба маблағи музди меҳнати асосӣ, ки аз рўи нархномаҳои кормузд ҳисобу китоб шудааст, мукофот барои барзиёд иҷро карда шудани меъёрҳои истеҳсоли маҳсулот ва дастовардҳо дар сифати маҳсулот зам карда мешавад.
  5. Кормузди прогрессивӣ – низоми пардохти музди меҳнат аст, ки тибқи он маблағи музди меҳнат барои барзиёд иҷро карда шудани меъёрҳои муқарраргардида истеҳсоли маҳсулот зиёд карда мешавад.
  6. Кормузди ғайримустақим – низоми пардохти музди мехнат аст, ки ҳангоми истифода аз он андозаи музди меҳнати танзимкунандагон, такмилсозон (комплектонӣ) ва дигар категорияҳои кормандон вобаста ба фисади музди меҳнати коргарони асосӣ муқаррар карда мешавад.

Андозаи музди меҳнати коргарон аз рўи фонди музди меҳнати дар корхона муқарраргардида таъин карда мешавад.

Фонди музди меҳнат иборат аст аз:

  1. пардохт барои вақти кор;
  2. пардохт барои вақти ғайрикорӣ;
  3. пардохтҳои якдафъаина, мукофот ва дигар пардохтҳо;
  4. пардохтҳо барои ғизо, манзил ва сўзишворӣ;
  5. пардохтҳои хусусияти иҷтимоидошта.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *