Фанни Иқтисоди миллӣ

Андоз ва навъҳои он

Андозҳо – пардохтҳои ҳатмии билоиваз, ки ба фоидаи давлат бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи ҷамъият ситонида мешаванд.

Ҳар як андоз дорои унсурҳои ҳатмии зерин мебошад: субъекти андозбандӣ; объекти андозбандӣ; заминаи андоз; ҳаҷми андоз; манбаи пардохти андоз; давраи супоридани андоз; имтиёзот аз андозбандӣ.

Андозҳоро аз рўи нишонаҳои гуногун тасниф менамоянд, ки машҳуртаринашон инҳоянд:

  1. усулҳои андозситонӣ;
  2. мансубият ба сатҳи буҷет.

Вобаста ба мансубият ба сатҳи буҷет навъҳои зерини андоз вуҷуд доранд:

  1. андозҳо ва пардохтҳои умуми давлатӣ;
  2. андозҳо ва пардохтҳои маҳаллӣ;

Вобаста ба тарзи ситонидан андозҳо ба мустақим ва ғайримустақим тақсим карда мешаванд.

Андозҳои мустақим бевосита ба даромад ва ё дороии андозсупор баста мешаванд.

Андозҳои ғайримустақим аз соҳаи истеъмол, яъне дар ҷараёни ҳаракати даромадҳо ва ё гардиши мол ситонида мешаванд.

Андозҳои ва пардохтҳои умумидавлатиро Кумитаи андози ҶТ муайян месозад ва пардохти онҳо дар тамоми марзи ҶТ ҳатмист.

Андозҳои давлатӣ инҳоянд:

  1. Андоз аз даромади шахсони воқеӣ.
  2. Андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ.
  3. Андоз аз арзиши иловашуда.
  4. Аксиз барои баъзе навъҳои мол.
  5. Андози замин.
  6. Андози иҷтимоӣ.
  7. Боҷи давлатӣ.
  8. Боҷи гумрукӣ.
  9. Андози ягона барои истеҳсолкунандагони маҳсулти кишоварзӣ.
  10. Андоз аз фурўш (нахи пахта ва алюминии аввала).
  11. Андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард.
  12. Роялтӣ барои об
  13. Андоз аз истифодабарандагони маъданҳо аз қаъри замин.
  14. Андоз, ки мувофиқи низоми содакардашуда пардохта мешавад.
  15. Дигар пардохтҳои ҳатмии умумидавлатӣ.

Андозҳо ва пардохтҳои маҳаллӣ аз ҷониби Кумитаи андози ҶТ муқаррар карда мешаванд.

Пардохти андозҳои маҳаллӣ дар тамоми маҳаллҳои ҶТ ҳатмист.

Навъҳои андозҳои маҳаллӣ инҳоянд:

  1. Андоз аз амволи ғайриманқул.
  2. Андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт.
  3. Андоз аз фурўши чакана.
  4. Дигар пардохтҳои ҳатмии маҳаллӣ.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *