Фанни Иқтисоди миллӣ

Таърифи сохтори бозаргонӣ ва ҳокимияти бозаргонӣ

Ҳар як бозори соҳавӣ хусусиятҳои хоси ташкилиро дорад, ки ба шакли сохтори бозор зуҳур мекунанд.

Сохтори бозор – маҷмўи хусусиятҳои соҳавии ташкили бозор, ки тарзи муқаррарсозии нарх ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, инчунин шароити ҳамкории ширкатҳои соҳаро муайян менамоянд.

Навъҳои сохтори бозор:

  1. рақобати комил;
  2. рақобати монополӣ;
  3. олигополияи ҳамгун;
  4. олигополияи фарқкунанда;
  5. монополия

Кадом навъ будани сохтори бозор аз омилҳои зиёди марбути истеҳсолот ва инчунин марбути тақозо вобаста аст. Се омили муайянкунандаи сохтори соҳа мавҷуданд:

  1. таъсири миқёс;
  2. ҳамгироии амудӣ;
  3. сиёсати давлат.

Агар хусусияти технологияи соҳавӣ ба ширкат имконияти сарфакориро ба тавассути миқёси истеҳсолот фароҳам биоварад, ин ҳолат ҳатман боиси тамаркузи истеҳсолоти соҳавӣ мегардад ва бар асари ин миқдори ширкатҳо кам мегардад ва амали фурўшандагон тағйир меёбад. Сабаби дигари тамаркузи истеҳсолот интегратсияи амудӣ мебошад; ин ҳолат аз тамоюли ширкатҳо ба роҳи кам кардани хароҷоти трансаксионӣ сурат мегирад. Таъсири давлат ба хусусияти ташкили сохторҳои бозор ба иқтидори он дар танзими тамаркузи истеҳсолот бо ёрии сиёсати андоз, сиёсати нарх, таъсираш ба тақозо, иҷрои чораҳои зиддимонополӣ (зиддиинҳисорӣ) вобаста аст.

Индекси тамаркуз таносуби фисадии саҳми як ширкат ва ё гурўҳи ширкатҳоро дар бозор нишон медиҳад.

Дар бораи тамаркузи бозор индексҳои Херфиндал – Гиршман, ки чун маблағи ҷамъбастии квадрати саҳми ширкатҳо ҳисоб карда мешавад, тасаввуроти пурра медиҳад.

Барои баҳо додан ба нобаробарии тақсимоти саҳмҳои бозор дар байни ширкатҳо аз коэффитсиэнти Ҷини истифода мебаранд. Ин коэффитсиэнт саҳми фисадии саҳми бозорро ба миқдори фисадии ширкатҳо нишон медиҳад.

Ҳокимият бар бозор–иқтидори истеҳсолкунанда ва ё истеъмолкунанда дар кори таъсир расонидан ба нархи бозор.

Манбаъҳои ҳокимият бар бозор:

  1. саҳми ширкат дар арзаи соҳавӣ;
  2. чандирии тақозои бозор;
  3. дараҷаи ҳамдигарро иваз кардани маҳсулот;
  4. хусусияти таъсири байниҳамдигарии ширкатҳо.

Ҳокимият бар бозор ҳангоми ба ҳам мувофиқа кардани ширкатҳо дар масъалаи арзаи соҳавӣ ва нарх (бо роҳи гуфтугў) натиҷаи таъсири байниҳамдигарии ширкатҳо буда метавонад. Ҳокимияти истеҳсолкунанда ифодагари иқтидори он дар таъсир расонидан ба нарх ба тавассути танзими ҳаҷми арзаи худ мебошад.

Дараҷаи ҳокимияти ширкат бар бозор (коэффитсиенти Лернер) чун таносуби табдили нархи ширкат бар хароҷоти ниҳоии он бар нархи ширкат муайян карда мешавад ва дар бузургиҳои мутлақ бо тағйироти аз О дар нисбати рақобати мукаммал ва то 1 дар нисбати монополия ифода карда мешавад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *