Фанни Иқтисоди миллӣ

Мафҳуми бекорӣ, сабабҳо ва навъҳои он

Бекорӣ – ҳодисаи иҷтимоӣ — иқтисодӣ. Моҳияташ дар он аст, ки қисми аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъол имконият надорад (ва ё майл надорад) ба истеҳсоли маҳсулот ва ё хидматрасонӣ машғул бишавад; ин ҳолатест, ки арзаи захираҳои меҳнат ба тақозои онҳо бартарӣ пайдо мекунад.

Аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъол – қисми аҳолӣ, ки арзаи қувваи кориро барои истеҳсоли маҳсулот ва хизматрасонӣ таъмин менамояд.

Қувваи корӣ – ашхоси қобили меҳнат.

Аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъол – шахсони машғули кор ва бекорон мебошанд.

Бекорон – ашхоси аз 16- сола боло, ки дар муддати давраи омўзиш қарор гирифта:

  1. кор надоштанд;
  2. ба ҷустуҷўи кор машғул буданд ва омода буданд дар кадом вақте ки бошад ба кор шурўъ кунанд.

Навъҳои зерини бекорӣ мавҷуданд:

  1. давраӣ;
  2. рукудӣ;
  3. фриксионӣ;
  4. ихтиёрӣ;
  5. пинҳонӣ;
  6. маҷбурӣ;

Бекории давраӣ – бекории давомдори давраи ба таври доимӣ қатъ гардидани истеҳсолот.

Бекории рукудӣ – бекории хоси давраи гузариш, ҷомеае, ки дар давраи гузариш қарор дорад. Сабаби пайдоишаш дар он аст, ки анъанаҳои пешин аксарияти коргаронро бар он умедвор месозад, ки мушкилоти онҳо дар оянда аз ҷониби давлат ҳал мешаванд, на аз ҳисоби фаъолиятмандии худи онҳо.

Бекории фриксионӣ – бекориест, ки дар ҷойивазкунии мутахассисон вобаста ба тағйири ҷойи кор ва дигар кардани макони зист ба миён меояд.

Бекории ихтиёрӣ вобаста ба он ашхосест, ки дар ҳар як ҷомеа зиндагӣ мекунанд ва онҳо аз рўи хусусиятҳои равонии худ ва ё ба сабабҳои дигар кор кардан намехоҳанд.

Бекории ихтиёрӣ – бекориест, ки сабаби пайдоишаш хислати шахсонест, ки кор накарданро аз гирифтани музди меҳнати пешниҳодшаванда афзалиятноктар меҳисобанд.

Бекории пинҳонӣ – бекориест, ки музди меҳнат паст карда мешавад ва ин ҳолат боиси аз кор рафтани кормандон мегардад.

Бекории маҷбурӣ – бекориест, ки дар ҳолати собит — на кам ва на зиёд нигоҳ доштани музди меҳнат рўй медиҳад.

Оид ба сабабҳои ба миён омадани бекорӣ ақидаи ягона вуҷуд надорад. Назарияҳои нисбатан бештар паҳншударо ба назар гирифта сабабҳои асосии бекориро чунин ташреҳ додан мумкин аст:

  1. мувофиқи ақидаи марксистӣ бекорӣ натиҷаи ҷараёни ҷамъоварии сармоя мебошад;
  2. мувофиқи назарияи мактаби муосири иқтисодӣ бекорӣ инъикоси аз ҷиҳати иқтисодӣ мувофиқи мақсад будани истифода аз захираҳо мебошад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *