Фанни Иқтисоди миллӣ

Судоварӣ ва муфлисшавӣ

Судоварӣ – маҷмўи натиҷаҳое, ки самаранокии фаъолияти пурраи корхона, фоидаоварии самтҳои гуногуни фаъолият, инчунин ҷуброн шудани хароҷотро нишон медиҳанд.

Кулли натиҷаҳои судовариро ба се гурўҳ тақсим кардан мумкин аст:

  1. натиҷаҳое, ки ҷуброни хароҷоти истеҳсолот ва маблағгузориҳо, масалан судоварии истеҳсолот, судоварии инвеститсияҳоро нишон медиҳанд. Судоварии истеҳсолот – натиҷаест, ки ҷуброни хароҷоти фаъолияти истеҳсолиро, ки чун таносуби даромад аз фурўш бар маблағи хароҷот аз фурўши маҳсулот муайян шудааст, нишон медиҳад. Судоварии маблағгузориҳо – таносуби маблағи даромади гирифташуда ва ё мунтазира ва ё пули софи расида аз лоиҳаи мавриди корбарӣ қарор гирифта бар ҷамъи маблағгузориҳо ба лоиҳаи мазкур мебошад;
  2. натиҷаҳое, ки самаранокии фурўши маҳсулот, масалан судоварии гардишро нишон медиҳанд;

Судоварии гардиш – натиҷаест, ки самаранокии фурўшро, ки аз рўи таносуби даромад аз фурўши маҳсулот бар маблағи ба даст омада муайян карда мешавад, нишон медиҳад.

  • Натиҷае, ки даромаднокии сармоя ва қисмҳои таркибии он, масалан судоварии сармояро нишон медиҳад.

Судоварии сармоя – таносуби даромади тавозунӣ бар арзиши миёнаи солонаи сармояи гузошташуда (инвеститсияшуда) мебошад.

Агар дар корхона натиҷаҳои судоварӣ рў ба коҳиш дошта бошад вай зиёновар ва ғайри қобили пардохт ва ахиран муфлис мешавад.

Муфлисшавӣ – аз ҷониби додгоҳ (суд) эътироф гардидан ва қарздор дониста шудани субъекти хоҷагидоре, ки қобилияти ба пуррагӣ қонеъ гардонидани талаботи кредиторҳоро аз рўи пардохти маблағҳои пулӣ, иҷрои ўҳдадориҳоро барои пардохтҳои зарурӣ, инчунин қобилияти маблагузории фаъолияти асосии истеҳсолиро ба сабаби набудани маблағҳо аз даст додаст.

Аломатҳои муфлисшавӣ инҳоянд:

  1. муфлисшавии шаҳрвандон (ашхоси воқеӣ) – гум кардани қобилияти қонеъ гардонидани талаботи қарздиҳандагон аз рўи ўҳдадориҳои пардохти пул ва пардохтҳои зарурӣ, агар ўҳдадориҳои мазкур дар мўҳлати 3 моҳ гузаштан аз замони фаро расидани мўҳлати ба иҷро расиданашон иҷро нашаванд, инчунин ҳангоми зиёд шудани маблағи қарзи шахси воқеӣ нисбат ба арзиши дороии ў;
  2. муфлисшави шахсони ҳуқуқӣ – гум кардани қобилияти қонеъ гардонидани талаботи қарздиҳандагон аз рўи ўҳдадориҳои пардохти пул ва пардохтҳои зарурӣ, агар ўҳдадориҳо мазкур дар мўҳлати 6 моҳ гузаштан аз замони фаро расидани мўҳлати ба иҷро расиданашон иҷро нашаванд, инчунин агар пассивҳои кўтоҳмуддати шахс аз арзиши тавозунии активҳои (дороии) дар гардиш буда дар санаи пешниҳоди ҳисобот ба мақомоти андоз зиёдтар бошанд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *