Фанни Иқтисоди миллӣ

Назарияи пешрафти иқтисодиёт

Пешрафти иқтисодиёт – афзоиши миқёси истеҳсолоти таҷаммўӣ ва истеъмол дар кишвар мебошад. Натиҷаҳои макроиқтисодӣ: маҳсулоти умумимиллӣ, даромади миллӣ нишонаҳои он мебошанд.

Мубоҳисаҳои муҳаққиқони зиёд оид ба масъалаи пешрафти иқтисодиёт нишон доданд, ки дар назарияи иқтисодиёт оид ба пешрафти иқтисодиёт ду нуқтаи назари ба ҳам мухолиф вуҷуд доранд. Мухолифони пешрафти иқтисодиёт мўътақиданд, ки он вазъи экологӣ (муҳити зист)-ро хароб мекунад, барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ мусоидат намекунад. Ин донишмандон нуктаеро таъкид менамоянд, ки пешрафти иқтисодиёт бо заминаҳои эҷодӣ ва эстетиқӣ мухолиф мебошад. Далелҳои тарафдорони пешрафти иқтисодиёт бар он нигаронида шудаанд, ки аз пешрафти иқтисодиёт сатҳи зиндагии мардум вобаста аст. Ба ақидаи ин муҳаққиқон, масъалаҳои муҳити зист бо пешрафти иқтисодиёт робитаи бевосита надоранд; инчунин ба ақидаи онҳо пешрафти иқтисодиёт воситаи тақсимоти одилонаи даромадҳо дар ҷомеа мебошад.

Имрўз тарзи ҳалли масъала муайян гардидааст:

1) дар тарзи муносибати якум асосан ба таҳлили миқдории корбурди таҳлили меъёрии модели пешрафт такя карда мешавад;

2) дар тарзи муносибати дуюм ба тавсифи сифати пешрафт, ба хусусияти таъсири байниҳамдигарии омилҳо, дараҷаи гуногуни таъсири онҳо ба суръати пешрафт, захираҳои пешрафт, оқибатҳои иҷтимоии пешрафт диққат дода мешавад.

Моҳияти пешрафти иқтисодиёт аз ҳаллу инъикоси зиддияти байни маҳдудияти захираҳои истеҳсолот ва бемаҳдудиятии талаботи ҷамъият дар сатҳи нав иборат аст.

Ҳадафҳои асосии пешрафти иқтисодиёт инҳоянд:

  1. баланд бардоштани сатҳи некўаҳволии халқ;
  2. таъмину нигаҳдории амнияти миллӣ.

Пешрафти иқтисодӣ метавонад ҳадафҳои дигар, аз қабили индустриализатсияи кишвар, пурзўр кардани қудрати ҳарбӣ, пешрафти босуръатро бар зарари истеъмол дошта бошад.

Вобаста ба ин мафҳум сифати пешрафти иқтисодиёт ба миён меояд, ки он бо афзудани ҷиҳати иҷтимоии пешрафти иқтисодиёт алоқаманд мегардад: беҳсозии некўаҳволии моддии халқ, афзоиши инфрасохтори иҷтимоӣ, афзоиши маблағгузориҳо ба сармояи инсонӣ, бо кор таъмин кардани кулли аҳолии қобилияти корӣ дошта ва ғ.

Инчунин пешрафти иқтисодӣ чун категорияи иқтисодии миқдорӣ ва пешрафти иқтисодӣ чун ҳолати иқтисодиёт аз ҷиҳати сифат тавсиф карда мешавад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *