Фанни Иқтисоди миллӣ

ТАЪСИСИ ШИРКАТ ВА ҚАТЪ НАМУДАНИ КОРИ ОН

Таъсиси корхонаҳои нав ва васеъ кардани корхонаҳои вуҷуддошта ба омилҳои зерин вобаста аст:

  1. мавҷудияти ҳолати қаноатманд набудан аз тақозои мол (хизматрасонӣ);
  2. мавҷудияти захираҳои зарурӣ барои ташкили истеҳсоли маҳсулот;
  3. сатҳи рушди техникаи мувофиқ ба соҳаи истеҳсолот.

Дар заминаи маблағгузориҳои нахустини харҷшуда ва ё таъиншуда барои ҳадафҳои муайян сармояи оинномавии корхона ташкил карда мешавад. Афзоиши сармояи аввалия аз ҳисоби даромаде, ки бо мақсади рушди истеҳсолот дар корхона нигоҳ дошта мешавад, дар ҳолатҳои истисноӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети мақомоти болоӣ, ки ширкат ба он тааллуқ дорад, сурат мегирад.

Ҳадафи асосиро, ки ҳангоми таъсиси корхона дар назар дошта шудааст, соҳиби (соҳибони) сармоя иброз медорад. Вобаста ба мансубияти сармояи корхона ҳадафҳои таъсис ва ё азнавсозии ширкат тағйир ёфта метавонанд, вале дар асл онҳо ба ин қароранд:

  1. афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ниёзи мардум ва ба даст овардани даромад аз ҳисоби фурўши он;
  2. ба истеҳсолот ҷалб намудани аҳолии қобили меҳнат ва бо ин роҳ ҳал намудани масъалаи бо кор таъмин кардан ва аз байн бурдани бекорӣ;
  3. дар истеҳсолот ба кор андохтани захираҳои табии то ин давра ба кор бурданашуда;
  4. ташкил ва сохтани намудҳои нави маҳсулоти саноатӣ бо истифода аз дастовардҳои навини илму техника;
  5. қонеъ гардонидани манфиатҳои шахсони алоҳида, ки ширкат ташкил менамоянд.

Таъсиси корхона дар асоси ҳуҷҷатҳои мувофиқ сурат мегирад. Пеш аз ҳама ҳуҷҷати асосӣ – оинномаи корхона тартиб дода мешавад.

Соҳиб ва ё доварони ҳакамот – арбитраж (агар корхона муфлис – банкрот шуда бошад) оид ба қатъи кори корхона ва ё азнавсозии он тасмим мегиранд. Сабабҳои қатъи фаъолият ва ё азнавсозии бунёдии ширкат далелҳои зерин шуда метавонанд:

  1. тақозо намудан ва ё паст фаромадани сатҳи тақозои моли истеҳсолшаванда (хизматрасонӣ);
  2. зиёновар шудани истеҳсолот;
  3. хатари экологӣ барои муҳити атроф ва аҳолӣ;
  4. имкони ба кор бурдани биноҳо, иншоот, таҷҳизот ва дигар воситаҳои корхона барои ташкили истеҳсоли маҳсулоти аз ҷиҳати иқтисодӣ муфид ва зарур ба истеъмолкунандагон;
  5. муттаҳид шудан бо корхонаи дигар ва ё корхонаи нав.

Бастани (қатъ кардани кори) корхона, ки шахси ҳуқуқӣ аст, пас аз сабт кардан дар реестри (рўйхати) давлатии шахсони ҳуқуқӣ ба ҳукми қонун медарояд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *