Фанни Забони точики

Ибораҳои исмии алоқаи ҳамроҳӣ

Дар алоқаи ҳамроҳӣ муносибати маъноӣ, тартиби калима ва интонация мақоми асосӣ доранд. Дар ибораҳои ин қолиб чузъи тобеъшаванда нисбат ба тобеъкунанда ҳамеша дар муносибати муайянкунандагӣ воқеъ мешавад.

Исм, сифат, ҷонишин, шумора, зарф ва сифати феълй бо роҳи алоқаи ҳамроҳӣ ба ҷузъи асосӣ — исм тобеъ шуда, муносибатҳои гуногуни синтаксисӣ зоҳир менамоянд.

  1. Ибораҳои исми бо исм
  • 650. Ибораҳое, ки ҳар ду ҷузъашон исм буда, бо алоқаи дамроҳӣ ташкил ёфтаанд, аз ҷумлаи ибораҳои серистеъмол ба шумор мераванд. Ҷузъи асосй дар ин гуна ибораҳо бо исми шахс ва амал, калимаи тобеи онҳо бо исми  ифодакунандаи  касбу ҳунар,  машғулият, мансаб ва хешу табор ифода меёбад: Майор Сафаров, кассир Воҳидов, кӯҳканон Сулаймонов, бародарон Нуровҳо, бетончиён Тураев ва Эсанбоев, чуқурковон зану шавҳар Липилин ва Липилина.
  1. Ибораҳои исмӣ бо сифат

Асосан сифатҳои дараҷаи олӣ бо роҳи алоқаи ҳамроҳӣ ба исм тобеъ шуда, ибора ташкил мекунанд. Пеш аз исм омадани сифат аҳамияти услубӣ дошта, онро таъкид мекунад: хурдтарин имконият, зеботарин биноҳо, бечора занон зебо ватан, Бечора Одина, Оташин нутқ.

  1. Ибораҳои исми бо шумора

Ибораҳои исму шумора дар забони тоҷикӣ серистеъмоланд, вале на ҳамаи исмҳо бо шумораи миқдорӣ дар ин қолиб воқеъ ме­шаванд.

Ибораҳое, ки аз исму шумора ташкил ёфтаанд, вобаста ба маънои луғавии ҷузъҳо муносибатҳои гуногуни синтаксисиро мефаҳмо-нанд.

а)   Предмет ва миқдори конкрети онро нишон медиҳанд: сенздаҳ дафтари садварақа, даҳ соат, ҳашт танга;

б)  Агар ҷузъи тобеъ шумораи тахминӣ ва шумораи яку ҷониши-
ни ягон бошад,  ибора  миқдори тахмини предметро нишон медиҳад: ҳашт-нӯҳ концерт, якто-нимто чанор, ягон панҷ дақиқа, ҳазор андӯҳу ғам.

Ибораҳои исмӣ бо ҷонишин

Миқдори ибораҳои исмии алоқаи ҳамроҳӣ, ки ҷузъи тобеашон ҷонишин аст, дар забони тоҷикӣ кам нест, вале на ҳамаи хелҳои ҷонишин бо алоқаи ҳамроҳӣ ба исм тобеъ мешаванд. Ба вазифаи ҷузъи тобеи ин ибораҳо ҷонишинҳои таъинӣ, саволй (ба ғайр аз кӣ), ишоратӣ, номуайянӣ ва манфӣ меоянд.

  • Дар ибораҳои исмии бо ҷонишини таъинй чузъи тобеъ ҳамеша пеш аз калимаи асосӣ меистад ва дар байни ҷузъҳои ибора муносибати муайянкунандагӣ дида мешавад. Ҷузъи асосӣ бештар бо исмҳои шахс, макон ва маънй ифода меёбад: ҳама ҷангарагон, ҳама дуньё, ҳама ҷо, ҳар шаб, ҳар гуна китоб
  • Ба ғайр аз ҷонишини кӣ дигар ҳамаи ҷонишинҳои саволй бо ало­каи ҳамроҳӣ ба исм тобеъ мешаванд.

Ҷонишини чӣ ба ғайр аз исми шахс бо исмҳои гуногунмаъно (бештар бо исмҳои маънй) бо алоқаи ҳамроҳй тобеъ мешавад. Ин ибораҳо ба замми маънои саволӣ тобиши номуайяниро низ мефаҳмонанд: чй ҳодисаҳои аҷоибе, чй душвориҳо, кадом дукондор, кадом пешаваре, чанд пул, чанд шабу чанд рӯз,

  • Дар байни ҷузъҳои ибораҳои исмӣ бо ҷонишини ишоратй муносибати муайянкунандагӣ дида мешавад. Ҷонишинҳои ишоратии ин, он, ҳамин, ҳамон ба ҳамаи хелҳои исм тобеъ мешавад: ин гурӯҳ, он ҷо, ҳамин буттаҳо, ин тарафу он тараф, ину он асарҳо, он гуна китоб

Ҷонишинҳои ишоратии чунин, чунон, инчунин, ончунон, ҳамчунин, ҳамчунон ва ғайра ба исмҳо тобеъ гашта, хусусият ё аломати предмет ё ҳодисаро ишора мекунанд ва боиси ба амал омадани муносибати  муайянкунандагие  мегарданд,  ки дороӣ тобиши ишоратист: чунин рӯзҳо;

Ҷонишинҳои номуайянй бо алоқаи ҳамроҳй ба исмҳои шахс, конкрет ва маъно тобеъ шуда, ибораҳоеро ташкил мекунанд, ки дар онҳо калимаи асосӣ предмет ё мафҳумро номбар кунад, ҷузъи тобеъ ба он тобиши номуайянй медиҳад: КИМ-ЧӢ хел доруҳо, КИМ-ЧӢ хел буттаҳо, кимкадом як бозии шавқовар.

Ҷонишини дигар ҳам бо алоқаи ҳамроҳӣ ба исм тобеъ гашта, ибора ташкил менамояд. дигар гузарҳо, дигар дӯкондорон;

  • Ибора бо ҷонишини манфй муносибати муайянкунандагӣ дорад. Ҷузъи асосии ин ибораҳо бо ҳамаи гурӯҳҳои луғавии исмҳо ифода меёбад:

Ҳеҷ душман, ҳеҷ шар, ҳеҷ орзу, ҳеҷ мақсад, ҳеҷ фикре, ҳеҷ амре, ҳеҷ фармоне, ҳеҷ як зану духтар, ҳеҷ як калима.

Ибораҳои исмӣ бо зарф

Ибораҳои исмие, ки ҷузъи тобеашон зарф аст, серистеъмол нестанд. Дар нн ибораҳо ба сифати ҷузъи асосӣ исмҳои конкрет, замону рӯй ва масофа, номи хислат, ҳолат ва маънӣ истифода шуда, ба вазифаи ҷузъи тобеъ зарфҳои хеле (хело), бисьёр, басе (басо), андак, камтар, қадре, як қадар ва амсоли инҳо меоянд.

Ибораҳои қолиби исму зарф бештар дукалимагианд. Дар ибораҳое ки ҷузъи асосиашон исми конкрет аст, ба сифати ҷузъи тобеъ бештар зарфҳои миқдору андоза истифода мешаванд: қадре равған, анча пахта, камтар чой, як миқдор тутмавиз

Дар ибораҳое, ки аз исмҳои замону зарфи хеле ва бисьёр ташкил ёфтаанд, маънои тахмин ифода меёбад. Ин ибораҳо аз ҷиҳати сохт дукалимагй буда, ҷузъи асосии онҳо дар шакли танҳо ва ҷамъ меояд: хеле солҳо, бисьёр солҳо, хеле вақт, хеле масо­фа, бисьёр одам, хеле донишмандон

Ҷузъи тобеи ибораҳои боло дар шакли ибора (кам андар кам, хеле кам, хеле бисьёр) низ омада метавонад, ки дар ин маврид ибора аз ҷиҳати сохт мураккаб,  аз бобати маъно мукаммал  мегардад:

Кам андар кам мардон, хеле кам одамон.

Исмҳои ҳолат ва хусусият низ зарфҳои дараҷа ва миқдорро ба худ тобеъ мегардонанд. Дар ин гуна ибораҳо чузъи асосӣ ҳолату вазъиятро ифода намояд, чузъи тобеъ онро аз ҷиҳати дараҷа шарҳ медиҳад: андаке ғам ё хурсандӣ, хеле хислатҳои нафратовар, хеле ҳавоҳои шашмақом

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *