Фанни Забони точики

Имлои зарф

Имлои зарф

Зарфҳое, ки якҷо навишта мешаванд, якҷошавии онҳо ба воситаи пешвандҳо, пасвандҳо, миёнвандҳо ва баҳамойии чанд реша, ки гунаҳои сохтаву мураккабро ба вуҷуд меоваранд, сурат мегирад.

1. Тасассути пешвандҳо. Тавассути пешвандҳои бо -, ба -, бар -, бе -, дар -, но — зарфҳо гунаи сохтаро мегиранд. Намунаҳо: бодиққат (хондан), бомулоҳиза (сухан рондан), баандеша (баррасӣ намудан), барвақт (аз кор баргаштан), бармаҳал (аз хоб бархостан), бемаҳал (омадан), даррав (баргаштан), дарҳол (ба гап даромадан), нодуруст (рафтор кардан), ночор (розӣ шудан) …

2. Тавассути пасвандҳои — вор, — акак, — акӣ, — ҳо, — ӣ, -он, — тар, — е, — о … Намунаҳо: рӯбаҳвор (макру ҳила кардан), дирӯзакак (баргаштан), навакак (огоҳ шудан), ростакӣ (хӯрок хӯрдан), аспакӣ (роҳ рафтан), борҳо (гӯшзад кардан), маротибаҳо (дар хотир овардан), қатъӣ (таъкид кардан), ҷиддӣ (муомила намудан), ногаҳон (ба хона дохил шудан), баъдтар (хабар гирифтан), хеле, басо …

Тавассути пасванди — ан- и зарфсози арабӣ, дақиқтар зарфҳои сохтаи арабӣ, ки баъзе аз онҳо дар забони тоҷикӣ корбурд мешаванд. Намунаҳо: дақиқан, мушаххасан, ҳақиқатан, комилан, ҷиддан, қатъан, қатъиян, аввалан, сониян, баъдан, хусусан, махсусан, эҳтимолан …

3. Тавассути миёнвандҳои — о -, — ба -, — дар -, — то — … Намунаҳо: лаболаб ( — и об кардан), сарозер (намудан), сарбасар (гирифтан), саддарсад (розӣ шудан), рӯздармиён (кор кардан), нӯгтонӯг (кашидан)

4. Тавассути мураккабсозии зарфҳо бо ҳиссаҳои гуногуни нутқ. Намунаҳо: чандкаса (бор кашидан), чорзону (нишастан), якчашма (нигаристан), синчакорона (чашм дӯхтан), суоломезона (назар кардан), яксара (корро иҷро кардан), дунафара (нишастан), побараҳна (берун баромадан) …

Алоҳида навишта шудани зарфҳо. Зарфҳои таркибӣ, ки аз ду, се, чаҳор ва зиёда аз ин ҷузъҳо созмон ёфтаанд, аз ҳам ҷуд навишта мешаванд. Намунаҳо: дина шаб, аз дирӯз боз, парерӯз бегоҳӣ, аз дишаб то шаби пагоҳ, соли оянда, аз соли гузашта инҷониб, аз он ҳангом, дар ҳамин вақт, дар ҳама давру замонҳо, аз нимаи дуюми ҳамон рӯз то нимаи дуюми рӯзи дигар …

Бавоситаи аломати нимтире низ зарфҳо навишта мешаванд. Ин навъи зарфҳо зарфҳои такроранд ва такрори амалро ифода мекунанд Мисолҳо: зуд- зуд, тез- тез, оҳиста- оҳиста, гоҳ- гоҳ …

Матни 11

Асосҳои назарияи молекулавӣ — кинетикии сохти модда

Дар табиат ҳодисаҳое рух медиҳанд, ки барои шарҳ доданашон қонунҳои механика кифоя нестанд. Масалан, аз гармӣ васею аз хунукӣ фишурда шудани қисмҳо, бухор гардидани моеъҳо, ба моеъ табдил ёфтани қисмҳои сахт ва ғайраҳо, ки ҳ о д и с а ҳ о и ҳ а р о р а т ӣ номида мешаванд.

Таърихан ҳодисаҳои ҳароратӣ аз ду нуқтаи назар: термодинамикӣ (аз юнонии гармӣ, тафсон ва қувва) ва молекулавӣ — кинетикӣ омӯхта мешаванд.

Ҳанӯз дар Юнони қадим одамон қисмҳои гарму хунукро бо мавҷудияти гавҳар (модда)-и махсус — оташ дар ин қисмҳо фаҳмониданӣ мешуданд (дар илми асрҳои миёна ин тасаввурот чун фаразияи мавҷудияти флогистон (аз юнонии сӯзанда) аз нав зинда гашту то охирҳои қарни ХVIII ҳукмрон буд). Мувофиқи ин тасаввуроти юнониҳо оташ дар шӯъла бисёру дар ях камтарин ва гарм шудани қисми сард натиҷаи гузариши оташ аз қисми гарм ба қисми сард аст.

Вале моҳияти ин гавҳар (оташ ё флогистон)-ро надониста, одамон барои ҳисобу китоби миқдорӣ бо далелҳои таҷрибавӣ махдуд мешуданд. Ба чунин ҳисобу китоб истеҳсолоти саноатӣ, ки асоси инкишофи онро дар асрҳои ХVII — ХVIII мошинҳои буғӣ ташкил медоданд, эҳтиёҷманд буд. ҳамин аст, ки дар аввали қарни Х1Х илми махсуси ба ном т е р м о д и н а м и к а бунёд карда шуд.

Дар механика, чи тавре ки маълум аст, ҳаракати қисмҳои м а к р ос к о п ӣ (аз юнонии — калон, дароз) новобаста ба сохти дохилии онҳо омӯхта мешавад. Ин тарзи тадқиқ дар термодинамика идома ёфт, ки дар он ба далелҳои умумии таҷрибавӣ ва қонуни бақои энергия такя намуда, як қатор ҳодисаҳою хосиятҳои моддаҳо, хусусан моею буғҳо омӯхта шуданд. Асоси термодинамикаро қонунҳои фундаменталӣ (асосӣ, бунёдӣ)-е ташкил медиҳанд, ки қ о н у н ё и б т и д о (баъзан принсип)-ҳо ном доранд.

Дар термодинамика гармӣ чун ҳаракати дохилие пиндошта мешуда лекин он чӣ гуна ҳаракат аст, табиати он чист, ниҳон монда буд. Табиати гармиро ошкор карда натавонистани термодинамика физикони қарни ХIХ-ро маҷбур сохт, ки назарияи молекулавӣ — кинетикии сохти моддаро бунёд намоянд. Дар ин кор саҳми олими бузурги рус М.В.Ломоносов (1711-1765), кимиёшинос ва физики англис Ҷ.Далтон (1766-1844), олими итолиёвӣ А.Авогадро (1776-1856), физики австриягӣ Л.Болтсман (1844-1906) калон аст.

Ҳанӯз дар замонҳои хеле қадим сохти мураккаб доштани кулли моддаҳо тахмин карда шуд. қариб 2500 сол қабл аз рӯзҳои мо олими Юнони қадим Демокрит таълимоте пешниҳод карда буд, ки мувофиқи он қисмҳои олами атрофамон аз зарраҳои хурдтарини ба чашми инсон нонамоён таркиб ёфтаанд. Ӯ ин гуна зарраҳоро атом номида буд (аз юнонии тақсимнашаванда). Яклухтии ҷисмҳо танҳо намуди зоҳирии онҳо буда, дар ҳақиқат қисмҳо аз атомҳо иборатанд. Вале муддати тӯлонӣ ин таълимот фаромӯш гардид. Дар ин замон таълимоти Арасту (Аристотелис) ҳукмрон буд, ки мувофиқи он кулли қисмҳо аз чор элементи зайл: замин, об, ҳаво ва оташ иборат дониста мешуд. Физикаи Арасту, гарчанд баъзе унсурҳои дуруст дошта бошад ҳам, ғояҳои пешқадами гузаштагон, аз ҷумла атомизмро инкор мекард. Таълимоти Арастуро диндорон ба манфиати худ истифода карда, ба инкишофи минбаъдаи илм монеъ мешуданд.

Танҳо дар нимаҳои дуюми қарни ХVII олим ва файласуфи фаронсавӣ П.Гассендӣ (1592-1655) дар навбати худ таълимоти Арастуро инкор намуда, сохти атомҳо доштани моддаҳоро дастгирӣ ва таълимоти атомистони қадимро такмил дод. Мувофиқи таълимоти ӯ атом хишти асосии сохтмонӣ мебошад ва чунон ки аз хишт хонаҳои гуногунҷаҳму гуногуннамуд сохтан мумкин аст, аз даҳҳо атомҳои гуногун табиат қисмҳои мухталифро бунёд карда метавонад. Атомҳои мухталиф гурӯҳҳоеро ташкил медиҳанд, ки онҳоро Гассенди м о л е к у л а номида буд (аз лотинии масса ва пасоянди нишондиҳандаи хурдӣ ба монанди -ча, -ак, -як). Вале таълимоти Гассенди низ баъзе камбудиҳои ба замонаш хос дошт. Ӯ, масалан, арз мекард, ки барои гармӣ, сардӣ, маззаву бӯй атомҳои. навъҳои махсус мавҷуданд

Як қатор мутафаккирон ғояҳои сохти атомию молекулавӣ доштани моддаҳоро мантиқан асоснок ва ин таълимотро дастгирӣ мекунанд. Дар ибтидои асри гузашта Ҷ.Далтон нишон дод, ки бисёр қонуниятҳои ҳодисаҳои табиатро дар асоси тасаввуроти оид ба атому молекулаҳо шарҳ додан мумкин аст. Ӯ сохти молекулавии моддаҳоро асоснок кард. Маҳз аз замони Далтон сар карда дар илм мафҳуми атом мустаҳкам ҷойгир шуд ва дар ибтидои қарни ХХ назарияи молекулавӣ-кинетикии сохти модда ба назарияи мукаммал ва эътимоднок табдил ёфт.

Таъкид кардан ҷоиз аст, ки назарияи молекулавӣ-кинетикӣ методҳои термодинамикаро инкор накарда, онро пурратар мегардонад ва такомул медиҳад.

Супориши 1. Матнро бодиққат хонед. Ҷумлаҳои зерро пурра намоед:

  1. Ҳанӯз дар Юнони қадим одамон…
  2. Мувофиқи ин тасаввуроти юнониҳо оташ…
  3. Дар механика, чи тавре ки маълум аст, ҳаракати…
  4. Танҳо дар нимаҳои дуюми қарни…
  5. Дар ибтидои асри гузашта Ҷ.Далтон…

Супориши 2. Аз матни боло асрҳоро бо ҳарф нависед.

Супориши 3. Луғати тахассусиро аз ёд кунед:

Эксперимент- озмоиш

Экспонента- нишондиҳанда

Экспозиция- дебоча

Элемент- унсур

Эталон- намуна, маҳак

Эффект- асар, таъсирот

Юпитер- Муштарӣ

Яд- заҳр

Ядро — ҳаста

Супориши 4. Муайян намоед, ки оё дар матн зарфҳое, ки аз як вожа иборатанд, истифода шудаанд.

Супориши 5. Ҳикматҳои зерини бузургонро бинависед ва ҳифз намоед:

Се чиз бе се чиз пойдор набувад: мулк бе сиёсат, мол бе тиҷорат ва илм бе баҳс.

(Саъдӣ)

Ва Искандар, ки Дороро бикушт, он буд, ки вазираш бо Искандар яке буд. Чун Доро кушта шуд, Искандар гуфт: — “Ғафлати амиру хиёнати вазир подшоҳӣ бибарад”

(“Сиёсатнома”- и Низомулмулк)

Подшоҳ бояд ба ҳар шаҳре нигоҳ кунад, то ҳокиму омил дар онҷо кист ва ба кори дин майле дорад ва аз Эзидтаъоло ҳамеша тарсон аст ва соҳибғараз нест. Ӯро бигӯяд, ки “ амонати ин шаҳру ноҳият дар гардани ту кардам . ончӣ Эзидтаъоло аз мо пурсад бад-он ҷаҳон, мо аз ту пурсем…”

(“Сиёсатнома” – и Низомулмулк)

Супориши 6. Байтҳоро аз ёд кунед:

Гуфт: «Эй сухани ту ҳамсари ман!

Яъне, лаққабаш бародари ман»

* * *

Аз ту амали сухангузорӣ.

Аз банда дуо, зи бахт ёрӣ.

* * *

Бисёр сухан бад-ин ҳаловат

Гӯянду надорад ин тароват.

* * *

Майдони сухан марост имрӯз,

Беҳ з-ин сухане куҷост имрӯз.

Низомии Ганҷавӣ

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *