Фанни Микро ва макро иқтисод

Фирма дар низоми муносибатҳои бозорӣ. Назарияи фирма.

  1. Мазмун ва моҳияти фирма дар системаи муносибатҳои иқтисодӣ бозорӣ.
  2. Фирма вазифаҳо, омилҳо, ва принсипҳои фаъолияти он.
  3. Бизнес моҳият ва шаклҳои ташкили он.
  4. Идораи фаъолити фирма: менеҷмент ва маркетинг.
  5. Ҷамъиятҳои саҳоми ва саҳмияҳо.
  6. Мазмун ва моҳияти фирма дар системаи муносибатҳои иқтисоди бозорӣ.

Пайдоиши фирмаҳо таърихи қадима дошта, зинаи асосии рушди онҳо ба солҳои 60 — уми асри ХХ рост меояд.

Фирма(firma) калимаи итолёвӣ буда маънои «имзо»-ро дорад. Аммо дар замони муосир бо рушду нумуи муносибатҳои иқтисодию иҷтимои, перафти илму техника ва дар маҷму башарият мазмун ва моҳияти аслии он аз байн рафта имрузҳо таҳти фирма корхонаҳо ва ё худ ташкилотҳое фаҳмида мешаванд, ки ба истеҳсоли маҳсулот ва ё расонидани хизмат мағшул мебошанд. Фирмаҳо асосан бо нишон, имеҷ ва маҳсулоти сифатнок ва дараҷаи баланди хизматрасонии худ аз дигар корхонаҳо фарқ мекунанд.

Фирма — гуфта тарзи муайяни ба ҳам пайваст намудани воситаҳои истеҳсолот ва қувваи коргариро дар миқёси як корхона меноманд.

Асосан фирмаҳо корхонаҳое ҳастанд, ки мақсади ягона ва марказии онҳо дар сатҳи минималӣ қарор додани хароҷот ва ба сатҳи максималӣ расонидани фоида мебошад. Барои расидан ба ин ҳадаф онҳо ҳамеша аз техникаву технологияҳои пешрафта, шаклҳои самараноки идоракунӣ ва тамоми имконияту захираҳои дар ихтиёр дошта истифода мекунанд.

Тибқи назарияҳои муосир рушди фирмаҳо асосан аз 2 сарчашма таъмин карда мешавад.

  1. Сарчашмаи дохила – яъне аз ҳисоби фоидаи тақсимнашуда ва дар корхона монда, барориши саҳмияҳо, қарзи бонкӣ ва ғайра
  2. Сарчашмаи беруна – яъне бо роҳи якҷоя кардани фаъолияти як ё якчан кархонаҳо ва харида гирифтани пакети саҳсмияҳои ҷамъиятҳои саҳҳомӣ ва монанди инҳо.

Бояд тазаккур дод, ки дар шароити гузаштан ба муносибатҳои иқтисодӣ бозорӣ таъсис ва бунёд гардидани корхона ва ташкилотҳо дар асосӣ шаклҳои гуногуни моликият масаъалаи таъмин кардани ҳуқуқи соҳибкорӣ, шароити танзими муносибатҳои дохилӣ ва бурунмарзӣ, ташкили сохтори иқтисодӣ ва иҷтимои онҳо ва тарзу услуби фаъолияти корхонаҳо дар низоми иқтисодӣ дар мадди аввал гузошта мешавад. Шакли ҳуқуқи корхона дар кодекси гражданӣ ва дигар қонунҳои амалкунанда муаяан карда мешавад. Масалан тибқи кодекси гражданӣ шаклҳои зерини корхона иҷозат дода шудааст:

  1. Корхонаҳои давлатӣ;
  2. Корхонаҳои хусусӣ;
  3. Корхонаҳои муштарак;
  4. Корхонаҳои мунисипиалӣ ва ғайра.

Корхонаҳои давлатӣ корхонаҳое мебошанд, ки моликияти онҳо пурра ба давлат таалуқ дошата, аз ҷониби ҳукумат баҳри иҷро кардани вазифаҳои нақшавии давлат истифода карда мешаванд.

Корхонаҳо хусусӣ одатан дар шакли корхонаҳои хурду миёна дар асосӣ моликияти шахсии як ё якчанд нафар ташкил карда мешавад. Бурду бохт фоида ва зарар ба души таъсисдиҳандагон мебошад.

Корхонаҳои муштарак – ин шакли корхонаҳо дар асосӣ моликияти давлати ва дигар шаклҳои моликият (моликияти хусусӣ, моликияти мамлакатҳои хориҷа ва ғайра) таъсис дода мешавад. Дар корхонаҳои муштарак аз сабаби мавҷуд будани ҳиссаи нафарони гуногун (давлат, шахсони инфиродӣ, нафарони хориҷӣ ва ғайра) фаъолияти онҳо дар асоси принсипи ҳисоби тиҷорат ба роҳ монда мешавад.

Корхонаҳои мунисипиалӣ корхонаҳое мебошанд, ки дар асосӣ моликияти давлати таъсис дода шуда, фаъолияти онҳо дар асосӣ принсипи худидоракунӣ, худтаъминкунӣ дар ихтиёри субъектҳои иқтисоди гузошта мешаванд. Умуман донишмандон корхонаҳоро нуқтаи ибтидои ва асосии идораи иқтисодиёти мамлакат маънидод мекнанд, зеро саҳми онҳо дар рушди иқтисоди басо ҳалкунанда аст.

  1. Фирма вазифаҳо, омилҳо, ва принсипҳои фаъолияти он.

Фирма ва бозор ба якдигар алоқамандии зич дошта бе алоқамандии якдигар вуҷуд дошта наметавонанд. Ин вобастагии онҳо аз 2 ҷиҳат сурат мегирад.

  1. Ҳамчун ташкилотест, ки захираҳои ибтидоиро ба маҳсулоти имтиҳои табдил медиҳад.
  2. Шакли мустақимона ташкил шудани бизнес.

Новобаста аз сирати мансубият ба ин ё он шакли моликият ҳар як корхона баро иҷрои вазифа ва мақсади муаян нигаронида мешавад. Дар шароити иқтисодӣ бозорӣ фирмаҳо вазифаҳои зеринро иҷро мекунанд:

  1. Ташкилу истеҳсоли неъматҳо ва хизматҳо;
  2. Таҳрезии фаъолияти идораи равандҳои истеҳсолот ва меҳнат;
  3. Таъмин кардани истеҳсолот бо технолгияи замонавӣ;
  4. Ташкил кардани муносибатҳои меҳнатӣ;
  5. Анҷом додани фаъолияти соҳибкорӣ;
  6. Фуруши маҳсулот ва таъмин кардани хизматрасони баъди фуруш.

Вазифаиҳои ҳар як фирма вобаста манфиат ва вазъи дохилию берунии он муаян карда шуда, иҷро он ба уҳдаи колектив гузошта мешавад.

Самаранокии фаъолияти ниҳоии фирма ба омилҳои гунргун муаян карда мешавад, ки онҳоро ба омилҳои мусбат ва манфӣ ҷудо мекунанд.

Омилҳои мусбат омилҳое мебошанд, ки бар раванди истеҳсолот ва фаъолияти хоҷагидори таъсири мусбат мерасонанд.

Омилҳои манфӣ омилҳое мебошанд, ки ба ҷараёни истеҳсолот таъсири манфӣ мерасонанд.

Вобаста нақш ва мақоми бунёд ва густариш ёфтан, онҳоро ба омилҳои дохилӣ (эндогенӣ) ва берунӣ (экзогенӣ) ҷудо мекунанд.

Омилҳои дохилӣ инҳо мебошанд:

— шахсияти роҳбарикунандаи корхона, қобилияти роҳбари доштани он дар шароити иқтисоди бозорӣ;

— тезонидани пешрафти илму техника, навоварӣ ва сиёсати сармоягузории корхона;

— такмилдиии ҳмешагии истеҳсолот ва меҳнат;

— ба вуҷуд овардани муҳити солими иҷтимои психологӣ дар коллектив;

— шакли ташкилию ҳуқуқии хоҷагидорӣ;

— сифат ва рақобатпазирии маҳсулот, идораи хароҷот, сиёсати нархгузорӣ ва ғайра.

Ба омилои берунӣ бошад инҳо дохил мешаванд:

— дигаргуншавии вазъи сиёси дар дохил ва беруни мамлакат;

— таъғири вазъи конструктураи бозор дар дохил ва берун аз мамлакат;

— таъғироти раванди таваррум(инфлятсия, беқурбшавӣ);

— таъғироте, ки ба фаъолияти давлат яъне ба сиёсати иқтисодию сармоягузорӣ таъсир меравсонад.

Дар даврони сотсиализм аз сабаби он, ки ҳама чизҳо ҳамчун моликияти давлатӣ ҳисобида мешуд, корхонаҳо низ ба давлат таалуқ дошта онҳо ҳамчун субъекти тавлидгар баромад мекарданд. Аммо дар шароити иқтисоди бозорӣ фирма ва ташкилотҳо аз субъекти тавлидгар ба субъекти хоҷагидор тбдил меёбанд, чунки воситаҳои истеҳсолот пурра ба худи он таалуқ дорад. Фаъолияти хоҷагидори на танҳо маънои истеҳсол кардан, балки интихоби озоднаи шакли фаъолият, идоракунии раанди истеҳсолот бо салоҳдиди худ, фурухтани маҳсулот, бадаст овардани фоида ва ғайраро дорад.

Принсипҳои фаъолияти фирма аз инҳо иборат аст:

  1. Нархмуқараркунии озод;
  2. Худтанзимкунии фаъолият;
  3. Ҷавобгарии иқтисодӣ;
  4. Худмаблағгузорӣ;
  5. Худидоракунӣ ва ғайра.

Принсипҳои фаъолияти дилхоҳ корхона новобаста аз шакли моликият дар доираи фазои муаяани иҷтимоию иқтисодӣ сурат гирифта ҷавҳари онро пеш аз ҳама инсон, коллектив ва ҷомеа ташкил медиҳад.

  1. Бизнес моҳият ва шаклҳои ташкили он.

Бизнес аз вожаи англисии «business» гирифта шуда маънои кор, фаъолият ва шуғлро дорад, ки он ягон навъи даромад ва ё фоидаро таъмин карда тавонад.

Имрӯзҳо одатан дар зери мафҳуми бизнес амалиёте тасаввур карда мешавд, ки фақат доираи хариду фурӯшро дар бар мегирад. Яъне бизнес фақат аз арзон харидан ва қимат фурухтан иборат аст. Аммо дар асл доираи фаъолияти бизнес аз садҳо амалиёти пурпечутоби ба хам алоқаманд иборат мебошад.

Асоси ҳар гуна бизнесро андешаи он ташкил медиҳад, ки он аз қисматҳои зерин иборат аст: истемолкунанда, маҳсулот, технология ва фоида. Маълум аст, ки унсури асоситарини бизнес ин истеъмокунанда аст. Зеро бе истеъмолкунанда бизнес вуҷуд дошта наметавонад. Маҳсулот ё хизматрасонӣ бошад унсури дуюм аст, ки бизнесмен онро дар асоси завқ, хоҳиш ва кобилияти харидории истеъмолкунанда интихоб ва пешкаш мекунад. Технологияи бизнес бошад тарз ва усули қонеъ гардонидани талаботи доимотаъғирёбандаи харидорон мебошад. Фоида мақсади асоси ва ниҳоии ҳар гуна бизнес аст, ки дар натиҷаи дуруст дарк кардан ва ба роҳмондани унсурҳои пештара ба даст меояд. Гузашта аз ин барои бизнесмени ҳақиқи будан пеш аз ҳама озодии доираи фаъолият, мулоҳизакорӣ, мустаъқилияти иқтисодӣ, хушмуомилагӣ ва ғайра лозим аст.

Дар адабиёти муосири ғарб вобаста ба ҳаҷми фирма бизнес ба 3 гурӯҳ ҷудо мешава.

  1. Бизнеси хурд;
  2. Бизнеси миёна;
  3. Бизнеси калон.

Дар иқтисоди муосири ғарб бизнеси хурд аз ҷумлаи бахши бузургтарини иқтисод қайд карда мешавад. Танҳо дар ИМА зиёда аз 15 млн бизнеси хурд мавҷуд аст, ки ин дар асоси мутаҳид шудани 2 — 4 нафар ва принсипҳои ҳамкории хоҷагидорӣ ташкил карда мешавад. Дар Тоҷикистон то солҳи 1996-1997 шумораи онҳо ба 3084 адад баробар буд. Аммо мутаасифона баъди ин солҳо шумораи онҳо руз то руз кам гашта дар соли 2004 шумораи онҳо ба 1200 адад баробар шуд. Вале дар солҳои баъди бо андешидани чораҳои лозими шумораи онҳо дар афзоиш аст.

Бизнеси миёна ҳамчун фаъолияти корхонаҳои миёна дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ амал мекунанд. Ин гуна корхонаҳо начандон устувор буда дар рақобат бо бизнеси хурд ва калон шикаст мехуранд (истеҳсоли техника барои маъюбон, корхонаҳое ки ба таъмиргарӣ ва ғайра).

Бизнеси калон нисбат ба бизнеси хурд ва миёна устувортар буда, дар иқтисодиёт мавқеи асосиро ишғол мекунад.бизнеси калон дар иқтисодиёт метавонад вазъи монополӣ дошта бошад, бозорро тақсим намояд ва онро бо молҳои арзону сершумор пур намояд ва талаботи одамонроо ба молҳои гуногун ва хизматҳо қонеъ гардонад.

  1. Идораи фаъолити фирма: менеҷмент ва маркетинг.

Ҳар як фирма барои истеҳсоли неъматҳои модди ва адои хизмат аз захираҳои табиат, сармоя, захира, меҳнат, иттилоот ва ғайра истифода мекунад. Аз ин ҷо зарурат барои идора кардани ин ҷараёнҳо – идора воситаҳои истеҳсолот, кормандон, захираҳои истеҳсолӣ, молия ва технология ба миён меояд. Маҷмуи шаклҳои мухталифи идора дар корхона менеҷментро ташкил медиҳад.

Менеҷмент калимаи англиси буда маънои маъмурият, мудирият ва идоракуниро дорад.

Менеҷмент ин фаъолияти махсуси касбиест, ки барои ба даст овардани комёбиҳои хоҷагидори дар корхона дар асоси самаранок истифодабарии захираҳои моддӣ, меҳнатӣ ва молиявӣ мебошад.

Маркетинг аз калимаи англисии market гирифта шуда маънои бозорро дорад, он тамоми масалаҳоеро дар бар мегирад, ки ба фурӯш алоқаманди доранд.

Маркетинг аввалин маротиба дар ИМА соли 1902 пайдо шуда буд. Сабаби асосии пайдоиши он ҳамчун илм ва таъсис додани он ҳамчун шуъба дар фирма ва ташкилотҳо ин вайрон шудани таносубҳо байни ҳаҷми истеҳсол ва ҳаҷми талаботи харидорон буд. Ҳолатҳое рух доданд, ки ҳаҷми молҳо нис нисбат ба ҳаҷми талабот зиёд истеҳсол шуданд. Ин корхона ва фирмаҳоро маҷбур сохт, ки аввал талаботи истеъмокунандагонро омухта вобаста ба он фаъолият кунанд.

Маркетинг чунин шакли фаъолияти одамон аст, ки брои қонеъ кардани талаботи онҳо ба воситаи мубодила нигаронида шудааст.

Фаъолияти фирма дар асоси фаъолияти маркетинг баҳо дода мешавад ва маркетинги корхона вазифадор аст ҳолат ва вазъи бозору истеъмолкунандагонро ҳамаҷониба омӯзад.

— омухтани истеъмолкунанда, завқ ва қобилияти харидории он;

— омухтани рақибон ва сатҳи рақобатпазирии онҳо;

— омухтани роҳҳои самараноки ҳаракати мол дар бозор;

— таҳлили шакл ва роҳҳ фурӯши мол дар бозор;

— таҳлили худи маҳсулот;

— таҳлили фаъолияти таблиғ(реклама);

— омӯхтани роҳҳои беҳтарини ҷобаҷогузории фаъолияти истеҳсолию тиҷортии корхона.

  1. Ҷамъиятҳои саҳҳоми ва саҳмияҳо.

Яке аз шаклҳои муосири корхонаҳои тиҷоратӣ ин ҷамъиятҳои саҳомӣ мебошанд, ки дар низоми иқтисоди бозорӣ мавқеи муҳимро ишғол мекунанд.

Ҷамъияти саҳҳомӣ – ин корхонаест, ки дар шакли моликияти коллективӣ таъсис ёфтааст ва онро худи саҳмдорон идора мекунанд.

Ҷамъияти саҳомиро метавонанд ду ва ё шумораи зиёдтари одамон созмон диҳанд. Онҳо асосан дар ду шакл таъсис дода мешаванд.

  1. Ҷамъияти саҳомии шакли пушида (ҶСП).
  2. Ҷамъияти саҳомии шакли кушода (ҶСК).

Ҷамъияти саҳомии шакли пушида чунин ҷамъияти саҳомиест, ки саҳмияҳои он танҳо дар дохили корхона хариду фуруш карда мешаванд. Хусусияти дигари фарқкунандаи ҷамъияти саҳомии шакли пушида дар он аст, ки он метавонад то 50 нафар саҳмдор дошта бошад.

Ҷамъияти саҳомии шакли кушода бошад чунин ҷамъиятест, ки саҳмияҳои он ҳам дар дохил ва ҳам дар берун фурухта мешаванд. Шумораи саҳмдорони ин гуни ҷамъиятҳо зиёда аз 50 нафарро ташкил медиҳад.

Умуман ин гуна корхонаҳо нисбатан бузург буда, бо роҳи мутаҳид намудани сармояи шахсони гуногун ташкил карда мешаванд. Нафарони сармоягузор саҳмдор ҳисоб ёфта вобаста ба ҳисаи гузоштаашон саҳмия мегиранд.

Саҳмдор – аъзои ҷамъияти саҳҳоми буда, вобаста ба миқдор ва намуди саҳмияааш ҳуқуқи идоракунии корхонаро дорад.

Саҳмия — қоғази қиматнокест, ки ҳамчун нишондиҳандаи ҳисагузори ба ҷамъияти саҳомист. Соҳибони саҳмияҳо вобаста ба ҳиссаи гузоштаашон дар шакли дивидент фоида мегиранд.

Дивиденд – як шакли фоидаи пулиест, ки саҳмдорон аз ҳисоби фоидаи ҷамъияти саҳҳоми дар давоми сол ба даст меоранд. Ба таври дигар гуем дивиденд двромади соҳибони саҳмияҳо мебошад, ки аз фоидаи умуии ширкатҳо ҷудо карда мешавад. Андозаи дивидендро танҳо маҷлиси умумии саҳмдорон муқарар мекунанд.

Саҳмияҳо асосан ба ду намуд ҷудо мешаванд:

  1. Саҳмияи оддӣ;
  2. Саҳмияи имтиёзнок.

1 — Саҳмияи оддӣ саҳмияест, ки дорандаи он ҳуқуқ дорад дар маҷлиси умумии саҳмдорон иштирок намуда овоз диҳад. Саҳмияи оддӣ дар навбати худ ба саҳмияи оддии беном ва номӣ(именной) ҷудо мешаванд. Саҳмияи оддии беном саҳмияест, ки дар руи он номи соҳибаш дарҷ нагардидааст ва ҳангоми хариду фуруш шуданаш низ дар ҷамъияти саҳоми оиди ба каси дигар гузаштан ба қайд гирифта намешавад. Саҳмияи оддии номӣ бошад чунин саҳмияест, ки дар руи он номи соҳибаш қайд карда шудааст ва ҳангоми аз як молик ба молики дигар гузаштан (фурухтан, туҳфа кардан ва ғайра) ба қайд гирифта мешаванд.

2 — Саҳмияи имтиёзнок саҳмияест, ки дорандаи он дар маҷлиси умумии саҳмдорон ҳуқуқи овоз доданро надорад, аммо ҳуқуқ дорад, ки пеш аз дорандаи саҳмияи оддӣ дивидент гирад, ҳатто дар ҳолате, ки корхона зараровар бошад. Дар ҳолати набудани маблағ соҳиби саҳмияи имтиёзнок метаваонад ба ивази пул аз корхона маводу ашё ба даст орад.

Мақомоти олии идоракунандаи ҷамъияти саҳомӣ маҷлиси умумии саҳмдорон ба ҳисоб рафта, он самтҳои асосии фаъолияти корхона, интихоби аъзоёни шурои директорон, таъғир даровардан ба оинома ва дигар масоили ба корхона вобастаро ҳаллу фасл менамоянд.

Оид ба ҷамъиятиҳои дорои масъулияташон маҳмдуд ва кушод. (ҶДММ ва ҶДМК)

Ҷамиъияти дорои масъулияташ маҳдуд(ҶДММ) – чунин шакли корхонаҳое мебошанд, ки аз ҷониби як ё якчан нафар ташкил карда мешаванд ва ҳар яке аз аъзоён вобаста ба ҳаҷми ҳисаашон ҷавобгар мебошанд.

Ҷамъияти дорои масъулияташ кушод(ҶДМК) – чунин шакли корхонае мебошад, ки дар асоси бастани шартнома байни иштирокчиёни он оиди фаъолияти сиҳибкорӣ, тақсими баробар ва ҷавобгарии баробар ташкил карда мешавад.

Идоракунии он дар асоси ҳамфикрии аъзоён ба роҳ монда мешавад. Иштирокчиёни ин гуна ҷаъиятҳо новобаста аз ҳаҷми саҳмдориашон баробар ҷавобгариро ба уҳда дошта, натиҷаи фаъолияти корхона низ баробар тақсим карда мешавад.

Рӯйхати адабиётҳои истифодашуда

  1. Р.М. Нуреев. Курс Микроэкономики. Изд-во НОРМА, Москва, 2001г.
  2. Макконелл К.Р., Брю С.Л., Экономикс. Т.2. Москва, 1992г.
  3. Экономическая теория (Политэкономия). Учебник., Под. Ред. А.И. Видяпина. Москва, 2007г.
  4. Маршалл А. Принципы экономической науки. Москва, 1993г.
  5. Исоматов Б., Асосҳои назарияи иқтисод, қисми 1, Душанбе, 2007с.
  6. Низомова Т.Д., Иқтисоди хурд, Диловар-ДДМТ. Душанбе, 2001с.
  7. Эргашев А., Мухатбердиев Ҳ., Курси назарияи иқтисодӣ (Микроиқтисод). Душанбе, 2003с.
0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *