Фанни Ҳуқуқ

Таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ

10.1. Мафҳум, моҳият, вазифаҳои

марҳилаи тафтишоти пешакӣ

Ба мақсади моҳиятан баррасӣ ва ҳал намудани парвандаи ҷиноятӣ аз ҷониби суд, бояд бо истифода аз тамоми усулҳои дар қонун муайяншуда, пешакӣ далелҳо ҷамъ карда шуда, шахси содиркунандаи ҷиноят таъқиб карда шавад ва ӯ ба сифати айбдоршаванда ҷалб карда шавад, инчунин нисбати айбдоршаванда чораҳое андешида шаванд, ки пинҳон шудани ӯро аз тафтишот ва суд пешгирӣ намоянд ва ғайра. Ҳамаи ин амалҳо мундариҷаи марҳилаи дуввуми мурофиаи ҷиноятӣ, яъне тафтишоти пешакиро ташкил медиҳанд, ки дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун гузаронидани он ҳатмӣ аст[1]. Тафтишоти пешакӣ дар шакли таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ анҷом дода мешавад.

Тафтишоти пешакӣ гуфта фаъолияти мақомоти таҳқиқ ва муфаттиш оид ба ҷамъ намудан, тафтиш кардан ва баҳо додани далелҳоро мефаҳманд, ки дар асоси далелҳои мазкур ҳолатҳои барои парванда аҳамиятдошта бо мақсади зуд ва пурра ошкор намудани ҷиноят муайян карда шуда, шахси содиркунандаи ҷиноят ба сифати айбдоршаванда ҷалб карда мешавад, чораҳо барои бартараф кардани ҷиноят, сабаб ва шароитҳои мусоидаткунанда ба содири ҷиноят, инчунин чораҳо барои таъмини зарари аз ҷиноят расонидашуда, андешида мешаванд. Фаъолияти мазкур бояд бо риояи принсипи қонуният ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои иштирокчиёни мурофиа гузаронида шавад.

Тафтишоти пешакӣ фаъолияти мақомоти таҳқиқ ва муфаттиш мебошад, ки дар рафти он дар бораи ҳодисаи ҷиноят, ҷавобгарии шахси содиркунандаи ҷиноят, инчунин дар бораи ангезаи ҷиноят, ҳолатҳое, ки ба характер ва дараҷаи ҷавобгарӣ таъсир мерасонанд, дар бораи ҳаҷми зарари расонидашуда, дар бораи сабаб ва шароитҳои мусоидаткунанда ба содир кардани ҷиноят ва монанди инҳо, далелҳо ҷамъ, тафтиш ва баҳо дода мешаванд.

Марҳилаи мазкур аз лаҳзаи ба пешбурди худ қабул намудани парванда оғоз гардида, вале шуморидани мӯҳлати он аз лаҳзаи анҷоми марҳилаи оғози парвандаи ҷиноятӣ шурӯъ мегардад.

Тафтишот барои он пешакӣ номида шудааст, ки он пеш аз тафтиши парванда дар суд, гузаронида мешавад. Хулосаи мақомоти таҳқиқ ва муфаттиш дар бораи вуҷуд доштани ҳодисаи ҷиноят ва шахси содиркунандаи он барои суд танҳо тахмини (версияи) айбдоркунӣ буда, бояд дар маҷлиси судӣ ҳамаҷониба тафтиш карда шавад. Зеро танҳо суд ҳуқуқ дорад, ки айбдоршавандаро дар содир кардани ҷиноят гунаҳгор эътироф кунад. Суд ҳукми худро танҳо бо он далелҳое асоснок менамояд, ки дар маҷлиси судӣ ин далелҳоро тафтиш кардааст. Аммо тафтишоти пешакие, ки тибқи риояи қатъии қонун гузаронида шудааст, омили таъминкунандаи тафтиши ҳамаҷониба, пурра ва холисонаи ҳолатҳои парванда дар маҷлиси суд буда, барои қабули ҳукми қонунӣ ва асоснок мусоидат мекунад.

Чунин тавсифи марҳилаи тафтишоти пешакӣ мазмуни онро надорад, ки натиҷаи фаъолияти мақомоти тафтишоти пешакӣ танҳо барои суд мебошад. Дар тафтишоти пешакӣ мумкин аст парванда пурра ҳал гардад, ки ин бо роҳи қабули қарор дар бораи қатъи пешбурди парванда аз рӯи асосҳои дар қонун пешбинишуда амалӣ мегардад[2]. Дар чунин ҳолат қатъи парванда доимо мазмуни ғайриқонунӣ будани оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ ё ғайриқонунӣ ба ҷавобгарӣ кашидани шахсро надорад. Қатъи парванда дар ин марҳила мумкин аст аз рӯи мавҷуд будани ҳолатҳое, ки татбиқи ҷавобгарии ҷиноятиро истисно мекунанд ё аз он озод мекунанд, ҷой дошта бошад.

Назорати прокурорӣ ва судӣ аз болои қарорҳое, ки мақомоти таҳқиқ ва муфаттиш дар тафтишоти пешакӣ қабул мекунанд, ба сифати кафолати қонунӣ гузаронидани тафтишоти пешакӣ хизмат мекунанд.

Мисли дигар марҳилаҳои мурофиаи ҷиноятӣ ба тафтишоти пешакӣ низ як қатор вазифаҳо хосанд, ки онҳо аз вазифаҳои умумии мурофиаи ҷиноятӣ бармеоянд.

Ба вазифаҳои тафтишоти пешакӣ инҳоро дохил кардан мумкин аст:

1) зуд ва пурра ошкор намудани ҷиноят; ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорон;

2) тафтиши ҳамаҷониба, пурра ва холисонаи тамоми ҳолатҳои парвандаи ҷиноятӣ;

3) ёфтан ва сабти мурофиавии далелҳо барои истифодаи минбаъдаи онҳо дар рафти муҳокимаи судӣ;

4) таъмини қонунӣ ва асоснок ба сифати айбдоршаванда кашидан ва роҳ надодан барои ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони бегуноҳ;

5) таъмини иштироки айбдоршаванда дар пешбурди парвандаи ҷиноятӣ ва роҳ надодан ба ӯ барои минбаъд идома додани фаъолияти ҷинояткорона;

6) маълум намудани сабаб ва шароитҳое, ки барои содир кардани ҷиноят мусоидат кардаанд ва андешидани чораҳо барои бартараф намудани онҳо;

7) муайян кардани ҳаҷми зараре, ки аз ҷиноят расонида шудааст ва андешидани чораҳо барои таъмини баргардонии ин зарар.

10.2. Шаклҳои тафтишоти пешакӣ

Тафтишоти пешакӣ дар ду шакл: таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ гузаронида мешавад.

Таҳқиқ нисбати парвандаҳо оид ба ҷиноятҳое, ки барои онҳо гузаронидани тафтиши пешакӣ ҳатмӣ аст, шакли ибтидоии тафтишоти пешакӣ мебошад. Нисбати парвандаҳо оид ба ҷиноятҳое, ки барои онҳо гузаронидани тафтиши пешакӣ ҳатмӣ нест, таҳқиқ шакли асосии тафтишот ба ҳисоб меравад.

Таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ аз рӯи якчанд хусусиятҳо фарқ мекунанд, аз ҷумла аз рӯи мақомоте, ки ин онро мегузаронанд, функсияҳои онҳо, тобеияти тафтишотӣ, сатҳи мустақилияти мурофиавӣ ва доираи ваколатҳои шахсони мансабдор.

Агар ҳангоми гузаронидани тафтиши пешакӣ субъекти тафтишот муфаттиш бошад, ҳангоми гузаронидани таҳқиқ ба сифати субъект дар баробари шахсе, ки бевосита таҳқиқро мегузаронад, мақомоти таҳқиқ низ мебошад. Номи шаклҳои тафтишот ба номи мақомоте, ки ваколатҳои муайянро иҷро мекунанд мувофиқ аст. Мақомоти тафтиш – муфаттиш аст; таҳқиқро бошад мақомоти таҳқиқ, таҳқиқбаранда анҷом медиҳанд.

Агар барои мақомоти тафтиши пешакӣ, тафтишот ягона функсияи онҳо ҳисоб ёбад, барои мақомоти таҳқиқ (ВКД, КА ва ғ.) ва шахсони мансабдор (сардори қисмҳои ҳарбӣ, сардори муассисаҳои ислоҳӣ) тафтишот танҳо яке аз функсияи онҳо мебошад.

Қонун ӯҳдадории оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ, андешидани чораҳои зарурии фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, гузаронидани амалҳои таъхирнопазири тафтишотиро ба зимаи мақомоти таҳқиқ мегузорад. Шахси таҳқиқбаранда ҳарчанд ба мисли муфаттиш функсияи тафтишотро анҷом медиҳад, вале чун муфаттиш мустақилияти мурофиавиро соҳиб набуда, қарорҳои асосиро оиди парвандаи ҷиноятӣ дар мувофиқа бо сардори мақомоти таҳқиқ қабул мекунад.

Тамоми супоришҳои прокурор барои мақомоти таҳқиқ ҳатмӣ буда, бояд фавран иҷро карда шаванд. Ин гуна муқаррарот ҳуқуқи шахси таҳқиқбарандаро оиди шикоят кардан аз болои супориши прокурори поёнӣ ба прокурори болоӣ инкор намекунад, вале дар ҳолати шикоят кардан низ таҳқиқбаранда ӯҳдадор аст, ки супориши прокурори поёниро иҷро кунад. Яъне шикояти таҳқиқбаранда аз прокурор иҷро намудани супоришҳои онро боз дошта наметавонад.

Таҳқиқ аз тафтиши пешакӣ аз рӯи характери парвандаи дар тафтишбуда низ фарқ мекунад. Айни замон қисми зиёди ҷиноятҳо ба салоҳияти мақомоти таҳқиқ тааллуқ доранд. Асосан инҳо ҷиноятҳое мебошанд, ки хавфи зиёд надоранд. Дар доираи салоҳияти худ мақомоти таҳқиқ ҳуқуқ дорад ва вазифадор шудааст, ки дар ҳама ҳолати ошкор шудани аломатҳои ҷиноят парванда оғоз кунад, вале амали минбаъдаи он аз тобеияти тафтишотии парванда вобаста аст.

10.3. ТАҲҚИҚ ва намудҳои он

Таҳқиқ ҳамчун шакли ибтидоии тафтиошот фаъолияти мурофиавии мақомоти таҳқиқ мебошад, ки барои иҷро намудани амалҳои таъхирнопазири тафтишотӣ ва дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонуни мурофиавии ҷиноятӣ барои дар ҳаҷми пурра амалигардонии тафтишот, нигаронида шудааст. Мутобиқи қонун мақомоти таҳқиқ инҳо мебошанд[3]:

— воҳидҳои мақомоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— воҳидҳои мақомоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— воҳидҳои мақомоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— воҳидҳои мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— сардорони муассисаҳои ислоҳӣ;

— воҳидҳои мақомоти назорати давлатии зидди сӯхтор;

— воҳидҳои Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— воҳидҳои мақомоти гумрук;

— воҳидҳои мақомоти Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— воҳидҳои мақомоти махсусгардонидашудаи мубориза бо коррупсия.

Таҳқиқи парвандаҳои ҷиноятӣ дар хусуси ҷиноятҳои пешбинишуда дар моддаҳои 119, 120, 125 қисми 1, 126, 131 қисми 1, 171, 195 қисми 4, 213 қисми 1, 230, 232, 234, 235, 237 қисми 1, 238, 242 қисми 1, 243, 244 қисми 1, 252 қисми 1, 254 қисми 1, 255 қисми 1, 256, 259 қисми 1, 286 қисми 1, 294, 341, 342 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи мақомоти таҳқиқ анҷом дода мешавад.

Дар асоси таҳлили қонуни мурофиави ҷиноятӣ ду намуди таҳқиқро ҷудо кардан мумкин аст:

1) таҳқиқ оид ба парвандаҳои ҷиноятие, ки доир ба онҳо гузаронидани тафтиши пешакӣ ҳатмӣ мебошад;

2) таҳқиқ оид ба парвандаҳои ҷиноятие, ки пешбурди тафтиши пешакии онҳо ҳатмӣ нест.

Фаъолияти мақомоти таҳқиқ вобаста ба амалиёташон бо парвандаҳое, ки доир ба онҳо пешбурди тафтиши пешакӣ ҳатмист ё ин ки бо парвандаҳое, ки доир ба онҳо пешбурди тафтиши пешакӣ ҳатмӣ нест, фарқ мекунад.

Таҳқиқ оид ба парвандаҳои ҷиноятие, ки доир ба онҳо гузаронидани тафтиши пешакӣ ҳатмист. Дар сурати мавҷуд будани аломатҳои ҷинояте, ки доир ба он пешбурди тафтиши пешакӣ ҳатмист, мақомоти таҳқиқ ҳуқуқ дорад парвандаи ҷиноятиро оғоз намояд. Дар чунин ҳолат таҳқиқбаранда қоидаҳои қонуни мурофиавии ҷиноятиро ба роҳбарӣ гирифта, амалҳои таъхирнопазири тафтишӣ ва дигар амалҳои мурофиавиро барои муқаррар ва мустаҳкам намудани изҳои ҷиноят мегузаронад. Аз ҷумла, амалҳои тафтишии азназаргузаронӣ, ёфта гирифтан, кофтуков, ҳабси муросилоти почтаю телеграф ва дигар муросилот, гӯш кардан ва сабти гуфтугӯ, нишон додан барои шинохтан, шаҳодаткунонӣ, дастгиркунӣ ва пурсиши гумонбаршуда, пурсиши ҷабрдида ва шоҳидон.

Дар бораи ҷинояти ошкоршуда ва оғози парвандаи ҷиноятӣ мақомоти таҳқиқ фавран ба прокурор хабар медиҳад.

Пас аз иҷро намудани амалҳои таъхирнопазири тафтишӣ, вале на дертар аз даҳ шабонарӯз аз рӯзи оғози парванда мақомоти таҳқиқ вазифадор аст парвандаро ба муфаттиш супорад.

Баъд аз он ки парванда ба муфаттиш супорида шуд, мақомоти таҳқиқ амалҳои тафтишӣ ва оперативӣ-ҷустуҷӯиро фақат бо супориши муфаттиш анҷом дода метавонад. Дар сурати ба муфаттиш супорида шудани парвандае, ки оид ба он ошкор кардани шахси содиркунандаи ҷиноят муяссар нашудааст, мақомоти таҳқиқ вазифадор аст барои муқаррар намудани шахси ҷиноятро содиркарда чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯиро давом дода, муфаттишро аз натиҷаҳои бадастоварда хабардор кунад.

Таҳқиқи парвандае, ки доир ба он пешбурди тафтиши пешакӣ ҳатмист, бо тартиб додани қарор дар бораи ба муфаттиш равон кардани парванда анҷом меёбад.

Таҳқиқи парвандаҳои ҷиноятие, ки пешбурди тафтиши пешакии онҳо ҳатмӣ нест. Доир ба парвандаи ҷиноятие, ки пешбурди тафтиши пешакии он ҳатмӣ нест, мақомоти таҳқиқ парвандаи ҷиноятӣ оғоз мекунад ва барои муқаррар намудани ҳолатҳое, ки бояд исбот карда шаванд, ҳамаи чораҳои пешбиникардаи қонуни мурофиавиро меандешад.

Маводи таҳқиқ нисбати парвандаи ҷиноятие, ки пешбурди тафтиши пешакии он ҳатмӣ нест, барои дар суд баррасӣ намудани парванда асос мегардад.

Дар сурати мавҷуд будани асосҳои пешбинишуда дар боби 46 КМҶ ҶТ мақомоти таҳқиқ пешбурди суръатнокро анҷом медиҳад.

Оид ба парвандае, ки пешбурди тафтиши пешакӣ ҳатмӣ нест, пешбурди таҳқиқ бояд дар мӯҳлати на дертар аз понздаҳ шабонарӯз аз рӯзи оғози парвандаи ҷиноятӣ то рӯзи ба прокурор барои ба суд равон кардан ё то рӯзи қатъ кардани пешбурди парванда тамом карда шавад. Мӯҳлати зикршудаи пешбурди таҳқиқ мумкин аст аз тарафи прокурор ё муовини ӯ дароз карда шавад, вале на зиёдтар аз понздаҳ шабонарӯз.

Ба мӯҳлати пешбурди таҳқиқ муддате, ки дар давоми он таҳқиқ бо асосҳои пешбиникардаи КМҶ ҶТ боздошта шуда буд, дохил намешавад.

Дар ҳолатҳои истисноӣ мӯҳлати пешбурди таҳқиқи парванда мумкин аст тибқи қоидаҳои муқарраркардаи моддаи 168 КМҶ ҶТ дароз карда шавад.

Оид ба парвандаи ҷиноятие, ки нисбати он тибқи қоидаҳои муқарраркардаи КМҶ ҶТ тафтиши пешакӣ ҳатмӣ нест, ба шарте, ки ҷиноят аз тарафи ноболиғ, шахси номукаллаф ё баъди содиркунии ҷиноят ба бемории рӯҳӣ гирифторшуда содир карда шуда бошад, ҳатман тафтиши пешакӣ гузаронида мешавад.

Таҳқиқи парвандае, ки доир ба он пешбурди тафтиши пешакӣ ҳатмӣ нест, бо тартиб додани фикри айбдоркунӣ ё қарори қатъ кардани парванда анҷом меёбад.

Дар сурати мавҷуд будани яке аз асосҳои пешбинишудаи дар моддаи 234 КМҶ ҶТ, мақомоти таҳқиқ парвандаро бо қарори асоснок қатъ намуда, нусхаи онро дар муддати як шабонарӯз ба прокурор равона мекунад.

Дар сурати қатъ карда шудани парванда нисбати даъватшаванда мақомоти таҳқиқ дар муддати ҳафт шабонарӯз дар ин хусус ба комиссариати ҳарбии ноҳиявӣ (шаҳрӣ) хабар медиҳад.

Дар мавридҳои дигар фикри айбдоркунӣ тартиб дода, бо якҷоягии ҳамаи маводи таҳқиқ парвандаи ҷиноятӣ ба прокурор барои тасдиқ пешниҳод карда мешавад.

Дар сурати мавҷуд будани яке аз асосҳои пешбиникардаи моддаи 230 КМҶ ҶТ мақомоти таҳқиқ ҳуқуқ дорад пешбурди парвандаеро, ки доир ба он тафтиши пешакӣ ҳатмӣ нест, боздорад. Дар бораи боздоштани таҳқиқ қарор бароварда, нусхаи он дар муддати як шабонарӯз ба прокурор равон карда мешавад.

10.4. Шартҳои умумии Тафтиши пешакӣ

Тафтиши пешакӣ шакли асосии тафтишот буда, чун фаъолияти махсуси давлатӣ аз ҷониби шахсони ваколатдоршуда (муфаттишон) гузаронида мешавад.

Дар қонунгузории баъзе давлатҳои ҳориҷӣ гузаронидани тафтиши пешакӣ нисбати аксарияти ҷиноятҳо ҳатмӣ аст. Инчунин гузаронидани тафтиши пешакӣ нисбати тамоми парвандаҳо оид ба ҷиноятҳое, ки аз ҷониби ноболиғон ё шахсони камбудиҳои ҷисмонӣ ё рӯҳидошта, ки ҳуқуқи худро мустақилона ҳимоя карда наметавонанд содир шудааст, нисбати кирдорҳои хавфноки шахсони ноқисулақл ва ҷиноятҳои содиркардаи шахсоне, ки баъд аз содири ҷиноят ба касалии рӯҳӣ гирифтор шудаанд, ҳатмӣ мебошад. Танҳо нисбати баъзе парвандаҳои оддие, ки оиди онҳо тафтишот дар шакли таҳқиқ ё шакли протоколӣ мегузарад, гузаронидани тафтиши пешакӣ ҳатмӣ нест. Нисбати ин гуна парвандаҳо низ мумкин аст тафтиши пешакӣ гузаронида шавад, агар гузаронидани онро суд ё прокурор зарур ҳисобанд.

Дар Тоҷикистон тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ мутобиқи тобеияти тафтишии пешбининамудаи КМҶ ҶТ аз ҷониби муфаттишони мақомоти прокуратура, корҳои дохилӣ, амнияти миллӣ, мубориза бо коррупсия, назорати маводи нашъаовар анҷом дода мешавад.

Тафтиши пешакии ҳамаи парвандаҳои ҷиноятӣ, ба истиснои парвандаҳои ҷиноятӣ дар хусуси ҷиноятҳои пешбинишуда дар моддаҳои 119, 120, 125 қисми 1, 126, 131 қисми 1, 171, 195 қисми 4, 213 қисми 1, 230, 232, 234, 235, 237 қисми 1, 238, 242 қисми 1, 243, 244 қисми 1, 252 қисми 1, 254 қисми 1, 255 қисми 1, 256, 259 қисми 1, 286 қисми 1, 294, 341, 342 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин тафтиши пешакии ҳамаи парвандаҳо оид ба ҷиноятҳои содиркарда тавассути ноболиғон ё шахсоне, ки бинобар камбудии ҷисмонӣ ё рӯҳӣ наметавонанд ҳуқуқашонро ба ҳимояи худ татбиқ намоянд, ҳатмӣ мебошад[4].

Тобеияти тафтиши пешакии парвандаҳои ҷиноятӣ. Мафҳуми тобеияти тафиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ дар қонун муайян карда нашудааст. Вале тобеияти тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ гуфта чунин хусусиятҳои ҳуқуқии парвандаи ҷиноятиро фаҳмидан мумкин аст, ки аз рӯи ин хусусиятҳо дар қонуни мурофиавии ҷиноятӣ мақомоте, ки ҳуқуқи тафтиши пешакии парвандаро дорад, муайян карда мешавад. Барои муайян кардани тобеияти тафтиши пешакӣ ба саволи «Муфаттишони кадом мақомот салоҳияти тафтиши пешакии парвандаи мазкурро доранд?» ҷавоб додан лозим меояд.

Дар асоси таҳлили қонуни мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дарназардошти таълимоти илми ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятӣ чунин аломатҳои тобеияти тафтиши пешакии парвандаҳои ҷиноятиро номбар кардан мумкин аст: предметӣ(гурӯҳӣ), ҳудудӣ, фардӣ .

Аломати гурӯҳӣ тобеияти тафтишотии парвандаҳоро аз рӯи хусусияти ҷинояти содиршуда, квалификатсияи ҷиноят муайян мекунад. Аз рӯи ин аломат салоҳияти пешбурди тафтиши пешакии парвандаҳои ҷиноятӣ байни муфаттишони прокуратура, корҳои дохилӣ, амнияти миллӣ, мубориза бо коррупсия, назорати маводи нашъаовар муайян карда мешавад. Чунончӣ:

Тафтиши пешакии парвандаҳо оид ба ҷиноятҳое, ки дар моддаҳои 104-109, 121-124, 127-130, 1301, 131 қисмҳои 2 ва 3, 132, 133, 137, 138, 141-164, 168-170, 172-178, 183, 185-188, 190, 191, 198, 199, 207-211, 217, 220-229, 231, 233, 236, 245 қисми 1, қисми 2 бандҳои «а», «б», «в», 246, 251, 257, 258, 261, 263, 274, 276, 286 қисми 2, 287-291, 295-297, 298-304, инчунин моддаҳои 314-317, 322, 323, агар ин кирдор хусусияти коррупсионӣ надошта бошад, моддаҳои 328-332, 343-365, 368-393, 398-405 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, аз тарафи муфаттиши мақомоти прокуратура бурда мешавад (қ.2 моддаи 161 КМҶ ҶТ).

Тафтиши пешакии парвандаҳоро оид ба ҷиноятҳое, ки дар моддаҳои 179-182, 184, 189, 218, 287-290, 298-313, 335, 336, 395-397 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд аз тарафи мафаттишони мақомоти амнияти миллӣ гузаронида мешавад (қ.5 моддаи 161 КМҶ ҶТ).

Тафтиши пешакии парвандаҳо оид ба ҷиноятҳое, ки дар моддаҳои 314, 316, 319-322 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд низ аз тарафи муфаттишони мақомоти амнияти миллӣ гузаронида мешавад, ба шарте, ки онҳо бо тафтиши дигар парвандаҳои ҷиноятие, ки дар тобеияти тафтишии ин мақомотанд, алоқаманд бошанд (қ.6 моддаи 161 КМҶ ҶТ).

Тафтиши пешакии парвандаҳо оид ба ҷиноятҳои дар моддаҳои 181, 200, 201, 202, 2021 , 2022, 2061, 245, 246, 251, 257, 258, 261, 263-268, 273-280, 286-291, 323-325 пешбинишудаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҷиноятҳое, ки дар моддаи 161 қисмҳои 2-7 КМҶ ҶТ дарҷ нагардидаанд, аз тарафи муфаттишони мақомоти корҳои дохилӣ гузаронида мешавад. Тафтиши пешакии парвандаҳо оид ба ҷиноятҳои дар моддаҳои 314, 316, 340, 346, 347, 352, 353 пешбинишудаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин аз тарафи муфаттишони мақомоти корҳои дохилӣ гузаронида мешавад, ба шарте, ки онҳо бо тафтиши парвандаҳои дигари ҷиноятие, ки дар тобеияти ин мақомотанд, алоқаманд бошанд (қ.9 моддаи 161 КМҶ ҶТ).

Оид ба парвандаҳои вобаста бо ҷиноятҳое, ки моддаҳои 200, 201, 202, 2021, 2022, 2061ва 289 (нисбати контрабандаи (қочоқи) маводи нашъаовар, психотропӣ ва прекурсорҳо) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, тафтиши пешакӣ инчунин аз тарафи муфаттишони Агентии назорати маводи нашъаовар гузаронида мешаванд (қ. 11 моддаи 161 КМҶ ҶТ).

Аломати ҳудудӣ (маҳаллӣ) тобеияти тафтишии парвандаҳои ҷиноятиро аз рӯи ҷойи содир кардани ҷиноят ё ҷои ошкор шудани он ва ё дар маҳалли будубоши гумонбаршуда, айбдоршаванда ё аксарияти шоҳидон дар назар дорад.

Чунончӣ, мутобиқи моддаи 162 КМҶ ҶТ пешбурди тафтиши пешакӣ дар маҳалле сурат мегирад, ки дар он ҷо ҷиноят содир шудааст. Бо мақсади таъмини анҷоми фаврӣ, холисона ва пурра мумкин аст пешбурди тафтиши пешакӣ дар ҷои ошкор шудани ҷиноят, инчунин дар маҳалли будубоши гумонбаршуда, айбдоршаванда ё аксарияти шоҳидон анҷом дода шавад.

Агар муфаттиш муайян кунад, ки парвандаи ҷиноятӣ аз рӯи аломати ҳудудӣ ба вай тобеият надорад, пас ӯ вазифадор аст амалҳои таъхирнопазири тафтиширо анҷом диҳад ва парвандаро барои ирсол тибқи тобеият ба прокурор супорад. Масъалаи тобеияти тафтишӣ аз тарафи прокурори маҳалле, ки дар он ҷо тафтиш шурӯъ шудааст, ҳал карда мешавад.

Ҳангоми зарурати пешбурди амалҳои тафтишӣ дар маҳалли дигар муфаттиш ҳуқуқ дорад онҳоро шахсан гузаронад ё пешбурди ин амалҳоро ба муфаттиш ё мақомоти таҳқиқи ин маҳал супорад. Муфаттиш ҳуқуқ дорад пешбурди кофтуков ва амалҳои оперативӣ-ҷустуҷӯиро ба мақомоти таҳқиқи маҳалли тафтиши пешакӣ ё маҳалли пешбурди он супорад. Супориши муфаттиш бояд дар мӯҳлати на дертар аз понздаҳ шабонарӯз иҷро карда шавад.

Аломати фардӣ тобеияти тафтишии парвандаро аз рӯи хусусиятҳои субъекти ҷиноят дар назар дорад. Чунончӣ:

Тафтиши пешакии парвандаҳоро оид ба ҷиноятҳое, ки аз тарафи судя, прокурор, муфаттиш ё шахси мансабдори мақомоти корҳои дохилӣ ва гумрук, агентии мубориза бо коррупсия ва назорати маводи нашъаовар содир шудаанд, инчунин нисбат ба онҳо ҳангоми иҷрои вазифаи хизматӣ содир гардидаанд, ба истиснои ҷиноятҳое, ки дар қисми 7 моддаи 161 КМҶ ҶТ пешбинӣ гардидаанд, муфаттишони мақомоти прокуратура мегузаронанд (қ. 3 моддаи 161 КМҶ ҶТ).

Тафтиши пешакии парвандаҳоро оид ба ҷиноятҳое, ки аз тарафи хизматчии ҳарбӣ, шахси ӯҳдадори ҳарбӣ, ки ба ҷамъомади ҳарбӣ даъват мешавад, инчунин аз ҷониби ҳайати ғайринизомии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон вобаста ба адои вазифаи хизматӣ ё дар ҳудуди қисми ҳарбӣ содир гаштаанд, муфаттишони прокуратураи ҳарбӣ мегузаронанд(қ. 4 моддаи 161 КМҶ ҶТ).

Тафтиши пешакии парвандаҳо оид ба ҷиноятҳое, ки дар моддаи 245 қисми 2 банди «г», қисмҳои 3 ва 4, моддаҳои 246, 247 қисми 2 банди «г», қисмҳои 3 ва 4 ба шарте, ки ин кирдорҳо бо истифодаи ваколати мансабӣ содир шуда бошанд, моддаҳои 257, 258, 259, 2591, 260, 261, 262, 264, агар ин кирдор аз ҷониби роҳбари корхона, муассиса ва ташкилоти дигар қатъи назар аз шакли моликият содир шуда бошад, моддаҳои 265, 268, 269, 270, 271, моддаи 273 қисми 3 банди «в», ба шарте ин кирдорҳо бо истифодаи ваколати мансабӣ содир шуда бошад, моддаҳои 274, 278, 279, 280, 287, моддаи 289 қисми 3 банди «б», агар ин кирдор бо истифодаи ваколатҳои мансабӣ содир шуда бошад, қисми 4, агар дар гурӯҳи муташаккил субъекти ҷинояти коррупсионӣ иштирок дошта бошад, моддаи 291 қисми 2 банди «б», моддаҳои 292, 293, 295, 296, 314 -317, агар ин кирдорҳо хусусияти коррупсионӣ дошта бошанд, моддаҳои 318- 321, 323- 327, 3401, 345 қисми 3, агар ин кирдорҳо бо истифодаи ваколатҳои мансабӣ содир шуда бошанд, моддаҳои 348, 349, 359 қисмҳои 2 ва 3, ба шарте, ки ин кирдорҳо аз ҷониби субъекти ҷинояти хусусияти коррупсионидошта содир шуда бошанд, моддаҳои 360, 363 ва 391, агар ин кирдорҳо хусусияти коррупсионӣ дошта бошанд, аз тарафи муфаттишони мақомоти махсусгардонидашудаи мубориза бо коррупсия гузаронида мешавад. Тафтиши пешакии парвандаҳо дар ҳаққи судяҳо, прокурорҳо, муфаттишон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ (аз ҷумла кормандони мақомоти мубориза бо коррупсия), оид ба ҷиноятҳое, ки дар ҳамин қисм пешбинӣ шудаанд, аз тарафи муфаттишони мақомоти махсусгардонидашудаи мубориза бо коррупсия гузаронида мешавад. Дар ҳолати аз тарафи мақомоти махсусгардонидашудаи мубориза бо коррупсия ошкор намудани ҷиноятҳои дар ҳамин қисм пешбинигардида, ки аз ҷониби хизматчиёни ҳарбӣ, инчунин ӯҳдадорони ҳарбии ба ҷамъомади ҳарбӣ даъват кардашуда содир гардида бошанд, тафтиши пешакии парвандаҳо аз тарафи муфаттишони ҳамин мақомот бурда мешавад(қ. 7 моддаи 161 КМҶ ҶТ).

Тафтиши пешакии парвандаҳо оид ба ҷиноятҳои дигар пешбининамуда дар моддаҳои 143-164, 244-297- и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо тафтиши парванда оид ба ҷиноятҳои дар қисми 7 моддаи 11 КМҶ ҶТ пешбинигардида алоқаманд мебошанд, аз тарафи муфаттишони мақомоти махсусгардонидашудаи мубориза бо коррупсия гузаронида мешавад.

Тафтиши пешакии парвандаҳо оид ба ҷиноятҳое, ки ноболиғон ё шахсоне содир кардаанд, ки бинобар иллати ҷисмонӣ ё рӯҳӣ ҳуқуқи худро ҳимоя карда наметавонанд, аз тарафи муфаттишони мақомоти корҳои дохилӣ гузаронида мешавад(қ. 10 моддаи 161 КМҶ ҶТ)..

Мавриди зикр аст, ки мутобиқи қонуни мурофиавии ҷиноятӣ сарфи назар аз тобеияти тафтиш прокурор ҳуқуқ дорад бо мақсади пурра, ҳаматарафа ва холисона анҷом додани таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ тибқи моддаи 168 КМҶ ҶТ ҳар як парвандаи ҷиноятиро ба истиснои парвандаҳо оид ба ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта аз як мақомоти таҳқиқ ё тафтиш ба дигар мақомоти таҳқиқ ё тафтишот диҳад ё таҳти тафтиши мақомоти прокуратура гирад.

Оғози тафтиши пешакӣ. Пешбурди тафтиши пешакӣ танҳо пас аз оғози парвандаи ҷиноятӣ ва бо тартиби муқарраркардаи КМҶ ҶТ гузаронида мешавад. Муфаттиш вазифадор аст ба тафтиши парвандаи оғоз намудааш ё парвандаи ба ӯ супурдашуда фавран шурӯъ кунад. Муфаттиш дар бораи ба баррасии худ қабул кардани парванда қарор мебарорад. Агар парвандаи ҷиноятӣ аз ҷониби муфаттиш оғоз ёфта, ба пешбурди худ қабул шуда бошад, дар ин бора як қарор бароварда мешавад. Муфаттиш нусхаи қарорро дар муддати на дертар аз 24 соат ба прокурор равон мекунад.

Мӯҳлати тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ. Пешбурди тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ бояд дар мӯҳлати на дертар аз ду моҳ аз рӯзи оғози парвандаи ҷиноятӣ анҷом дода шавад. Ин мӯҳлат аз тарафи прокурори ноҳия, шаҳр ва гарнизони ҳарбӣ то шаш моҳ, аз тарафи прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе мумкин аст то як сол дароз карда шавад. Мӯҳлати тафтиши пешакии парвандаҳои ҷиноятӣ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз тарафи муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дароз карда мешавад. Мӯҳлати минбаъдаи тафтиши пешакии парвандаҳои ҷиноятӣ аз тарафи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дароз карда мешавад.

Пешбурди тафтиши пешакии парвандаҳои ҷиноятие, ки таҳқиқбаранда мегузаронад, бояд дар мӯҳлати як моҳ аз рӯзи оғози парвандаи ҷиноятӣ анҷом дода шавад.

Мӯҳлати тафтиши пешакӣ аз рӯзи оғози парванда ва то рӯзи ба прокурор равон кардани парванда бо фикри айбдоркунӣ ё қарор дар бораи ба суд равон кардани парвандаи ҷиноятӣ барои баррасии масъалаи татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ ё то рӯзи баровардани қарори қатъи парвандаи ҷиноятӣ ба ҳисоб гирифта мешавад. Ба мӯҳлати пешбурди тафтиши пешакӣ муддате, ки дар давоми он тафтиши пешакӣ тибқи асосҳои пешбининамудаи КМҶ ҶТ боздошта шуда буд, дохил карда намешавад. Мӯҳлати бо маводҳои парвандаи ҷиноятӣ шинос шудани айдоршаванда ва ҳимоятгари ӯ ба мӯҳлати тафтиши пешакӣ ба ҳисоб гирифта намешавад.

Пешбурди тафтиши пешакӣ бо тартиб додани фикри айбдоркунӣ ё қарор дар бораи ба суд равон кардани парвандаи ҷиноятӣ барои татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ ё баровардани қарори қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ анҷом меёбад.

Якҷоя кардани парвандаҳои ҷиноятӣ. Бо қарори прокурор, инчунин бо қарори муфаттиш таҳқиқбаранда ё таъинот ва қарори суд, судя дар як пешбурд мумкин аст парвандаҳо оид ба айбдоркунии чандин шахс дар содир намудани як ё якчанд ҷиноят дар шарикӣ, парвандаҳо оид ба айбдоркунии як шахс дар содир намудани чандин ҷиноят, инчунин оид ба айбдоркунӣ дар пинҳон кардани ин ҷиноятҳо бе ваъдаи пешакӣ ё хабар надодан дар бораи онҳо якҷоя карда шаванд.

Якҷоя кардани парвандаҳои ҷиноятие, ки тибқи он як шахс ҳам айбдоршаванда ва ҳам ҷабрдида мебошад, ба ғайр аз парвандаҳои айбдоркунии хусусӣ, иҷозат дода намешавад.

Мӯҳлати пешбурди парвандаи ҷиноятие, ки дар он якчанд парвандаи ҷиноятӣ якҷоя карда шудааст, аз рӯзи оғози парвандае ба ҳисоб гирифта мешавад, ки аввал оғоз шудааст. Ба мӯҳлати умумии тафтишоти парвандаҳои якҷоя кардашуда тамоми вақти воқеии тақвимие, ки ба пешбурди он сарф шудааст, дохил карда мешавад.

Ҷудо кардани парвандаҳои ҷиноятӣ ё мавод. Таҳқиқбаранда, муфаттиш ё прокурор дар ҷараёни пешбурди парвандаи ҷиноятӣ ҳуқуқ доранд дар ҳолатҳои зарурӣ қисми онро нисбат ба шахсони зерин ба пешбурди алоҳида ҷудо кунанд:

— айбдоршавандае, ки маҳалли зисташ номаълум аст;

— айбдоршавандае, ки ба бемории вазнин гирифтор аст;

— айбдоршавандаи ноболиғ, ки дар як парвандаи ҷиноятӣ якҷоя бо шахси болиғ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст.

Оид ба парвандаҳои бисёрлаҳза бо назардошти муқаррароти қонун дар бораи тобеияти судии парвандаи ҷиноятӣ прокурор, муфаттиш, таҳқиқбаранда ҳуқуқ доранд ҳангоми нисбат ба шахси алоҳида ба баъзе ҳолатҳои айбдоркунӣ кифоя эътироф кардани далелҳои ҷамъоваришуда барои тартиб додани фикри айбдоркунӣ ва ба суд фиристодани парванда доир ба ҳамин ҳолатҳо қарор қабул намоянд. Қарор дар бораи ҷудо кардан ва тафтиши парвандаҳо оид ба ҷиноятҳои дигар (лаҳзаҳо) мутобиқи КМҶ ҶТ қабул карда мешавад. Ҷудо кардани парванда ба шарте мумкин аст, ки он ба тафтиши ҳамаҷониба ва холисонаи парвандаи таҳти пешбурд қарордошта таъсир нарасонад.

Парвандаи ҷиноятӣ оид ба ҷинояти шахси дигар содиркардае, ки дар ҷараёни тафтиши ҷиноят маълум гардида, ба кирдори оид ба парвандаи тафтишшаванда марбути айбдоршаванда донисташуда алоқаманд нест, бояд барои пешбурди алоҳида ҷудо карда шавад. Дар чунин ҳолатҳо аз парвандаи ҷиноятӣ маводе, ки барои оғоз кардан ва тафтиши парвандаи ҷиноятӣ дар бораи ҷинояти ошкоршуда зарур мебошад, ҷудо карда шуданаш мумкин аст.

Ҷудо кардани парванда ё мавод бо қарори мақомоти таҳқиқ, муфаттиш ё прокурор, бо қарор ё таъиноти суд анҷом дода мешавад. Ба парвандаи ҷудокардашуда бояд номгӯи маводи дар шакли асл ё нусхаи он ҷудокардашуда замима гардад.

Мӯҳлати тафтиши пешакии парвандаи ҷудо кардашуда аз рӯзи қабули қарори дахлдор ба ҳисоб гирифта мешавад, ба шарте, ки парванда ба ҷинояти нав ё нисбат ба шахси дигар ҷудо карда шавад. Дар ҳолатҳои дигар мӯҳлат аз лаҳзаи оғози парвандаи ҷиноятии асосӣ ба ҳисоб гирифта мешавад.

Пешбурди тафтиши пешакӣ аз ҷониби гурӯҳи муфаттишон. Агар парвандаи ҷиноятӣ мураккаб ё калонҳаҷм бошад, тафтиши пешакиашро ба гурӯҳи муфаттишон (гурӯҳи тафтишот) супоридан мумкин аст ва ин ҳолат дар қарори оғози парвандаи ҷиноятӣ зикр мегардад ё қарори алоҳида қабул карда мешавад. Дар ин хусус прокурор, сардори воҳиди тафтишот ё роҳбари макомоти махсусгардонидашудаи мубориза бо коррупсия ҳуқуқ доранд, қарор қабул кунанд. Дар қарор бояд ҳамаи муфаттишоне, ки пешбурди тафтиш ба онҳо супорида шудааст, аз он ҷумла роҳбари гурӯҳ нишон дода шаванд. Гумонбаршуда, айбдоршаванда, ҷабрдида, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ ва намояндагони онҳо бояд бо қарори тафтиши парванда аз ҷониби гурӯҳи муфаттишон шинос карда, ҳуқуқи онҳо дар бораи рад намудани ҳар як муфаттиш аз ҳайати гурӯҳ фаҳмонда шавад.

Роҳбари гурӯҳи тафтишот парвандаи ҷиноятиро ба пешбурди худ қабул карда, фаъолияти гурӯҳи тафтишотро ташкил намуда, ба амали муфаттишони дигар роҳбарӣ мекунад.

Қарори якҷоя ё ҷудо кардани парванда, оғоз кардани дархост дар хусуси дароз кардани мӯҳлати тафтиш, ба сифати чораи пешгирӣ татбиқ намудани баҳабсгирӣ, ҳабси хонагӣ ва дароз кардани мӯҳлати онҳо, инчунин гарав ва муваққатан дур кардани айбдоршаванда аз вазифа, қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ дар маҷмӯъ ё қисман боздоштани он ё аз нав шурӯъ кардани пешбурди парванда танҳо аз ҷониби роҳбари гурӯҳи тафтишот қабул карда мешавад.

Фикри айбдоркунӣ ё қарор дар бораи ба суд равон кардани парванда барои баррасии масъалаи татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ аз ҷониби роҳбари гурӯҳи тафтишот таҳия мегардад.

Роҳбари гурӯҳи тафтишот ҳуқуқ дорад:

— дар амали тафтишие, ки дигар муфаттишон анҷом медиҳанд, иштирок намояд;

— шахсан тафтиш гузаронад;

— оид ба парванда қарор қабул кунад.

Ваколатҳои прокурор оид ба иҷрои қонунҳо ҳангоми таҳқиқ ва тафтиши парвандаи ҷиноятӣ. Прокурор назорати иҷрои қонунҳоро ҳангоми таҳқиқ ва тафтиши парвандаи ҷиноятӣ амалӣ намуда, дар доираи салоҳияти худ:

— иҷрои талаботи қонунро ҳангоми қабул, бақайдгирӣ ва баррасии ариза ва иттилоот дар хусуси ҷиноят назорат мекунад;

— ҳангоми пешбурди таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ иҷрои талаботи қонунро санҷида, дар айни замон ҳуқуқ дорад аз мақомоти тафтишоти пешакӣ ва таҳқиқ парвандаҳои ҷиноятӣ, ҳуҷҷатҳо, мавод ва маълумоти дигарро дар хусуси ҷиноятҳои содиршуда, ҷараёни таҳқиқ ва тафтиш, амалӣ гардонидани чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, талаб кунад;

— ба таҳқиқбаранда, муфаттиш барои ба суд дархост пешниҳод намудан дар бораи татбиқи чораи пешгирӣ ба тариқи ба ҳабс гирифтан, ба ҳабси хонагӣ гирифтан, аз ҷумла, дар бораи тағйир додан ва бекор кардани онҳо розигӣ диҳад;

— дар пешбурди тафтиши пешакӣ иштирок намуда, дар ҳолатҳои зарурӣ шахсан амали тафтиширо анҷом медиҳад, оид ба ҳар як парванда дар ҳаҷми пурра тафтиши ҳамаҷонибаи пешакӣ мегузаронад;

— дар ҳолатҳои пешбининамудаи КМҶ ҶТ қарор ё амали муфаттиш ва таҳқиқбарандаро тасдиқ мекунад;

— мӯҳлати таҳқиқ ва тафтиши пешакиро дароз мекунад;

— аризаи оид ба радди таҳқиқбаранда ва муфаттиш, инчунин прокурори поёниро баррасӣ мекунад;

— дар бораи амал ва қарори таҳқиқбаранда ва муфаттиш, инчунин прокурори поёнӣ шикоятҳоро баррасӣ мекунад;

— дар хусуси иҷрои талаботи қонун ва тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ дастурҳои хаттӣ медиҳад;

— парвандаи ҷиноятӣ оғоз мекунад ё оғози онро рад мекунад;

— пешбурди парвандаи ҷиноятиро қатъ мекунад ё бозмедорад;

— оид ба қатъи парвандаи ҷиноятӣ аз ҷониби муфаттиш ё мақомоти таҳқиқ дар ҳолатҳои пешбининамудаи КМҶ ҶТ розигӣ медиҳад;

— қарорҳои ғайриқонунии таҳқиқбаранда, мақомоти таҳқиқ, муфаттиш ва прокурори поёниро бекор мекунад;

— ба мақомоти таҳқиқ дар бораи анҷом додани амали тафтишӣ супориш медиҳад;

— дар бораи андешидани чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ барои ошкор кардани ҷиноят ва пайдо кардани шахсони ҷиноят содиркарда доир ба парвандаҳое, ки таҳти пешбурди прокурор ё муфаттиш қарор дорад, дастур медиҳад;

— бо дастури худ дар хусуси пешбурди тафтиши иловагӣ парвандаҳои ҷиноятиро ба муфаттиш ё мақомоти таҳқиқ бармегардонад;

— парвандаро аз мақомоти таҳқиқ гирифта, ба муфаттиш месупорад;

— парвандаро аз як муфаттиш гирифта, ба муфаттиши дигар ё бо риояи қоидаҳои тобеияти тафтишӣ аз як мақомоти тафтишот ба мақомоти дигари тафтишот месупорад, ба истиснои парванда оид ба ҷинояти хусусияти коррупсионидошта;

— таҳқиқбаранда ё муфаттишро, ки ҳангоми тафтиши парванда қонунро вайрон карда бошанд, аз пешбурди минбаъдаи тафтиш дур месозад;

— фикри айбдоркуниро тасдиқ мекунад;

— парвандаро ба суд ирсол мекунад;

— дигар ваколатҳои пешбининамудаи КМҶ ҶТ-ро анҷом медиҳад.

Иҷрои дастурҳои прокурор барои муфаттиш, мақомоти таҳқиқ ва таҳқиқбаранда, ки бо тартиби пешбининамудаи КМҶ ҶТ дода шудаанд, ҳатмӣ мебошад.

Қоидаҳои пешбурди амали тафтишӣ. Муфаттиш ба тафтишот шахсони қонун пешбиникардаро ҷалб намуда, шахсияти онҳоро муайян мекунад, ба онҳо ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳо, инчунин тартиби пешбурди тафтишро мефаҳмонад. Муфаттиш вазифадор аст ба гумонбаршуда, айбдоршаванда, инчунин ҷабрдида, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ ва намояндагони онҳо, инчунин шахсони дигари иштирокчии пешбурди амали тафтишӣ ҳуқуқи ҳар кадоми онҳоро фаҳмонда, имконияти татбиқи ҳуқуқҳояшонро ҳангоми таҳқиқи парванда таъмин намояд. Ҳамзамон ба онҳо бояд ӯҳдадориҳояшон ва оқибати иҷро накардани онҳо фаҳмонда шаванд.

Ҳангоми пешбурди амали тафтишӣ мумкин аст воситаҳои техникӣ, усулҳои илман асосноки ошкоркунӣ, бақайдгирию сабт ва ёфта гирифтани изҳои ҷиноят ва далелҳои шайъӣ истифода шаванд.

Ҳангоми пешбурди амали тафтишӣ татбиқи зӯроварӣ, таҳдид ва дигар чораҳои ғайриқонунӣ, ҳамчунин ба вуҷуд овардани хавф барои ҳаёт ва саломатии шахсони дар он ширкаткунанда мумкин нест.

Пешбурди амали тафтишӣ ба истиснои ҳолатҳои таъхирнопазир шабона манъ аст.

Протоколи амали тафтишӣ. Дар ҷараёни пешбурди тафтиш ё бевосита баъди тамом кардани он протоколи амали тафтишӣ тартиб дода мешавад, ки дар ин бора мо дар мавзӯе, ки ба ҳуҷҷатҳои мурофиавӣ бахшида шудааст, таъкид намудаем.

Ҳангоми гузаронидани тафтиши пешакӣ муфаттиш вазифадор аст, тамоми дархостҳои оид ба парванда арзшударо баррасӣ кунад. Дар айни замон ӯ ҳуқуқ надорад дархости гумонбаршуда, айбдоршаванда, ҳимоятгари онҳо, инчунин ҷабрдида, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ ва намояндагони онҳоро дар хусуси пурсиши шоҳидон, пешбурди экспертиза ва дигар амали тафтишӣ рад намояд, агар ҳолатҳое, ки барои муқаррар намуданашон онҳо дархост додаанд, барои парванда аҳамиятнок бошанд. Дар бораи натиҷаҳои баррасии дархост дар мӯҳлати на бештар аз панҷ шабонарӯз ба аризадиҳанда хабар дода мешавад. Ҳангоми пурра ё қисман рад кардани қонеъгардонии дархост муфаттиш вазифадор аст бо зикри сабабҳои рад қарор барорад.

Чораҳои парасторӣ нисбати кӯдак, мӯҳтоҷон ва ҳифзи молу мулки гумонбаршуда ё айбдоршаванда. Агар дастгиршуда ё ба сифати чораи пешгирӣ таҳти ҳабс қарордошта фарзандони ноболиғи бидуни сарпараст ё ғамхор, падару модари пиронсол ё дигар шахсони эҳтиёҷманд дошта бошанд, муфаттиш вазифадор аст онҳоро барои парасторӣ ба падару модар ё дигар шахсон супорад ё дар муассисаҳои барои кӯдакони бе парастормонда ё иҷтимоӣ (муассисаҳои тарбиявӣ, табобатӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва муассисаҳои дигар) ҷойгир кунад.

Муфаттиш вазифадор аст барои ҳифзи молу мулк ва манзили гумонбаршуда ё айбдоршавандаи дастгиршуда ё ба ҳабс гирифташуда тибқи конунгузорӣ чораҳо андешад.

Дар бораи чораҳои парасторӣ ва ҳифзи молу мулк гумонбаршуда ё айбдоршаванда огоҳ карда мешаванд.

Нораво будани фош кардани маълумоти тафтиши пешакӣ. Дар ҳолатҳои зарурӣ шахси пешбарандаи таъқиби ҷиноятӣ муфаттиш, шоҳид, ҷабрдида, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ, коршинос, мутахассис, тарҷумон, шахсони холис ва шахсони дигари ҳангоми пешбурди амали тафтишӣ иштирокдоштаро дар бораи норавоии фош кардани маълумоти тафтиши пешакӣ бе иҷозати ӯ огоҳ месозад. Аз шахсони зикршуда дар хусуси огоҳ карда шуданашон оид ба ҷавобгарии пешбиникардаи моддаи 361 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон забонхат гирифта мешавад. Маълумоти тафтиши пешакиро танҳо бо иҷозати шахси пешбарандаи таъқиби ҷиноятӣ ва ба андозае, ки ӯ имконпазир медонад, фош кардан мумкин аст.

Пешниҳод оид ба рафъи ҳолатҳое, ки ба содир шудани ҷиноят мусоидат мекунанд. Муфаттиш ҳолатҳоеро, ки ба содир шудани ҷиноят мусоидат мекунанд, муқаррар намуда, ҳуқуқ дорад ба ташкилот, муассисаи дахлдор сарфи назар аз шаклҳои ташкилию ҳуқуқӣ ё шахси мансабдори дахлдор дар бораи андешидани чораҳо барои рафъи ин ҳолатҳо ё дигар қонуншиканиҳо пешниҳод равон кунад.

Пешниҳод бояд дар муддати як моҳ баррасӣ карда, аз натиҷаи чораҳои андешидашуда ҳатман ба мақомоти пешниҳод ирсолнамуда хабар дода шавад.

Иштироки мутахассис, тарҷумон, шахсони холис. Муфаттиш ҳуқуқ дорад барои иштирок дар пешбурди амали тафтишӣ мутахассисеро, ки ба натиҷаҳои парванда манфиатдор нест, ҷалб намояд. Талаби муфаттиш дар хусуси даъвати мутахассис барои роҳбари корхона, муассиса ё ташкилоте, ки мутахассис дар он кор мекунад, ҳатмӣ мебошад.

Пеш аз оғози амали тафтишӣ муфаттиш ба шахсият ва салоҳиятмандии мутахассис боварӣ ҳосил намуда, муносибати ӯро нисбат ба гумонбаршуда, айбдоршаванда ва ҷабрдида муайян мекунад, ба мутахассис ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳояшро фаҳмонда, оид ба ҷавобгарии пешбиникардаи ҳамин модда барои рад кардан ё саркашӣ аз иҷрои ӯҳдадориҳояш ӯро дар ин бора огоҳ месозад ва дар ин хусус дар протоколи амали тафтишӣ зикр намуда, онро бо имзои мутахассис тасдиқ мекунад.

Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун муфаттиш ҳангоми пурсиш ё дигар амали тафтишӣ вазифадор аст тарҷумонро даъват кунад. Пеш аз оғози амали тафтишие, ки дар он тарҷумон иштирок мекунад, муфаттиш ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои ӯро фаҳмонда, ӯро оид ба ҷавобгарии муқаррарнамудаи қонун ҳангоми саркашӣ аз ҳозиршавӣ ё иҷрои ӯҳдадорӣ, инчунин дар бораи ҷавобгарии ҷиноятӣ барои дидаю дониста нодуруст тарҷума кардан огоҳ месозад ва инро дар протоколи амали тафтишӣ зикр намуда, бо имзои тарҷумон тасдиқ мекунад.

Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун тафтиш бо иштироки на камтар аз ду шахси холис, ки барои тасдиқи воқеияти пешбурди амали тафтиш, ҷараён ва натиҷаҳои он даъват мешаванд, анҷом мепазирад. Пеш аз оғози тафтиш муфаттиш ба шахсони холис мақсади амали тафтишӣ, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои онҳоро фаҳмонда медиҳад.

Доир ба низоми амалҳои тафтишие, ки дар қонуни мурофиавии ҷинояӣ муқаррар шудаанд дар мавзӯи ояндаи китоби мазкур муфассал маълумот хоҳем дод.

10.5. ЭЪЛОН КАРДАНИ АЙБ ВА ПУРСИШИ АЙБДОРШАВАНДА

Дар зинаи муайяни пешбурди тафтиши пешакӣ, агар далелҳои кофие ҷамъ шаванд, ки содир намудани ҷиноятро аз тарафи шахси муайян тасдиқ кунанд, муфаттиш дар бораи ба сифати айбдоршаванда кашидани ин шахс ва эълон кардани айб қарори асоснок қабул мекунад.

Қабули қарор мазкур амали ҷиддӣ ва масъулиятнок ҳангоми гузаронидани тафтиши пешакӣ маҳсуб меёбад, ки на танҳо аҳамияти мурофиавӣ-ҳуқуқӣ, балки аҳамияти муҳими ҷамъиятиву сиёсӣ низ дорад.

Аҳамияти мурофиавии қабули қарори мазкур дар он ифода меёбад, ки аз лаҳзаи қабули ин қарор дар парвандаи ҷиноятӣ иштирокчии нав – айбдоршаванда пайдо мешавад, ки субъекти ҳуқуқи ҳимоя, тарафи фаъоли мурофиаи ҷиноятӣ мебошад, ки барои ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии худ мубориза мебарад. Чунончӣ, ӯ ҳуқуқ дорад донад, ки барои содири кадом ҷиноят айбдор шудааст, оиди айби эълоншуда баёнот диҳад, далелҳо пешниҳод кунад, дархост пешниҳод кунад ва ғайра.

Тавассути ин қарор муфаттиш ҳамчун намояндаи ҳокимияти давлатӣ нисбати шахси муайян дар содир кардани ҷиноятӣ (ҷиноятҳои) мушаххас айб эълон мекунад. Аз ҳамин лаҳза муфаттиш ҳуқуқ дорад, ки нисбати шахси мазкур як аз чораҳои маҷбуркунии мурофиавиро татбиқ намояд (чораҳои пешгирӣ, маҷбуран овардан, аз вазифа сабукдуш кардан, ба ҳабс гирифтани молу мулк барои таъмини даъвои гражданӣ ё мусодираи молу мулк). Дар як вақт муфаттиш бояд амалигардонии ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии айбдоршавандаро таъмин намояд.

Аҳамияти ҷамъиятиву сиёсии санади ба сифати айбдоршаванда кашидани шахс дар таъсири тарбиявии он ба шахсоне, ки ҷиноят содир карданиянд ифода меёбад, ки ин ногузирии ҷазои шахсонро барои содир кардани ҷиноят таъмин намуда, оғози ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахс ба ҳисоб меравад.

Интихоби лаҳзаи ҷалб намудани шахс ба сифати айбдоршаванда аз ҳолатҳои мушаххаси парванда вобаста аст. Ҳаминро бояд дар назар дошт, ки дар вақти қабули қарор бояд ба шитобкориву саросемагӣ ва ё тул додани қабули қарор роҳ дода нашавад. Зеро ин ба ҳуқуқ ва манфиатҳои иштирокчиён, ҳалли дурурсти парванда монеа эъҷод мекунад. Чунончӣ, дар таҷриба ҳолатҳое вомехуранд, ки шахсеро ки нисбати ӯ барои эълон кардани айб далелҳои кофӣ ҷамъ карда шудааст, муддати тӯлонӣ ба сифати шоҳид мепурсанд, ки аз ин ҳуқуқҳои конститутсионии шахсони мазкурро оиди надодани нишондоде, ки муқобили онҳо равона шудааст, вайрон мекунад. Ин гуна ҳолатҳоро ҳамчун дағалона вайрон намудани на танҳо меъёрҳои КМҶ балки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ фамидан мумкин аст.

Айбдоркунии асоснок ва саривақтӣ имкон медиҳад, ки ба шахсони содиркунандаи ҷиноят вобаста ба хусусият ва вазнинии ҷинояти содиршуда ҷазои одилона таъин карда шавад. Қарори қонунӣ ва саривақт дар бораи ба сифати айбдоршаванда кашидани шахс кафолати вайрон нашудани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ мебошад.

Дар моддаи 221 КМҶ ҶТ асос барои ба сифати айбдоршаванда кашидани шахс мавҷуд будани «далелҳои кофӣ» мебошад, ки барои эълон кардани айб дар содир кардани ҷиноят асос мешаванд.

Дар адабиётҳои ҳуқуқӣ ба он диққат дода мешавад, ки асос барои қабули қарор на ин ки мавҷуд будани далелҳои кофӣ, ки зарурати қабули қарорро тасдиқ мекунанд, балки исботшавии ҳолатҳои муайян мебошад. Ба назари мо чунин фаҳмидани асос барои ба сифати айбдоршаванда кашидани шахсро дуруст ҳисобидан мумкин аст.

Кофӣ будани далелҳо ҳам ҷиҳатҳои сифатӣ ва ҳам шуморавии ин зуҳуротро дар назар дорад. Далелҳое, ки ба қабули қарор асос мешаванд, бояд ҳаққонӣ бошанд ва шумораи онҳо барои қабули қарори дуруст кофӣ бошанд.

Ҳамин тавр, далелҳои кофӣ барои қабули қарори ба сифати айбдоршаванда кашидани шахс гуфта, маълумотҳои ҳаққониеро мефаҳманд, ки аз ҷониби муфаттиш бо тартиби қонунӣ ҷамъ, тафтиш ва баҳо дода шуда, маҷмӯи ин маълумотҳо дар марҳилаи мазкур ба хулосаи ягона ва дурусте оварда мерасонад, ки шахси муайян ҷинояти дар КҶ ҶТ пешбинишударо содир намудааст ва аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шудани он имкон надорад.

Яъне мавҷуд будани далелҳои кофӣ прокурор, муфаттиш ва таҳқиқбарандаро водор месозад, ки дар бораи ба ҷавобгарӣ кашидани шахс ба сифати айбдоршаванда дар содир намудани ҷиноят ва ба ӯ эълон кардани айб қарори асоснок бароранд.

Прокурор, муфаттиш, таҳқиқбаранда, айбдоршавандаро аз рӯзи эълон кардани айб огоҳ намуда, ҳамзамон ҳуқуқи ӯро дар бораи даъвати ҳимоятгар ё ба муфаттиш пешниҳод кардани дархост оид ба таъмини иштироки ҳимоятгар мефаҳмонанд.

Оид ба парвандае, ки иштироки ҳимоятгар ҳатмист, муфаттиш барои таъмини иштироки ӯ чораҳо меандешад, ба шарте, ки ҳимоятгар аз ҷониби худи айбдоршаванда, намояндаи қонунии ӯ ё бо супориши ӯ аз ҷониби шахсони дигар даъват нагардида бошад.

Дар қарори ба ҷавобгарӣ кашидан ба сифати айбдоршаванда маълумотҳои зерин бояд нишон дода шаванд: вақт ва маҳалли тартиб додани он; аз ҷониби кӣ тартиб дода шудани он; ном, номи падари шахсе, ки ба сифати айбдоршаванда ба ҷавобгарӣ кашида мешавад; рӯз, моҳ, сол ва маҳалли таваллуди ӯ; баёни ҷинояте, ки тибқи он шахс айбдор дониста мешавад; нишон додани вақт, маҳалли содир шудани ҷиноят; ҳолатҳои дигаре, ки бояд мутобиқи моддаи 85 КМҶ ҶТ исбот карда шаванд; Кодекси ҷиноятӣ (модда, қисм, банд), ки барои ҳамин ҷиноят ҷавобгарӣ пешбинӣ кардааст.

Ҳангоми айбдор намудани шахс дар содир намудани якчанд ҷиноят, ки дар банду қисмҳои мухталифи моддаҳои Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд‚ дар қарори ба ҷавобгарӣ кашидани ӯ ба сифати айбдоршаванда бояд зикр гардад, ки кадом амалҳои мушаххас, мутобиқи ҳар як банд ва қисми моддаи Кодекси ҷиноятӣ ба айбдоршаванда банду баст карда мешаванд.

Қарор дар бораи ба сифати айбдоршаванда кашидани шахс аз се қисм – муқаддимавӣ, баёнӣ ва хулосавӣ иборат аст, ки ин дар КМҶ ҶТ гуфта нашудааст.

Қисми аввал номи ҳуҷҷат, вақт ва ҷои тартиб додани он, маълумот дар бори шахси тартибдиҳанда, насаб, ном, номи падарии шахси ба ҷавобгарӣ кашидашаванда ва номи парвандае, ки оиди он қарор бароварда шудааст.

Дар қисми дуввум ҳолатҳои амалҳои содиршуда аз ҷониби шахси айбдоршаванда бо нишон додани вақт, ҷой ва дигар ҳолатҳои содиршавии ҷиноят, инчунин қонуни ҷиноятие, ки ҷинояти мазкурро муайян мекунад, оварда мешаванд.

Дар қисми хулосавӣ қарори муфаттиш дар бораи ба сифати айбдоршаванда кашидани шахси муайян, бо нишон додани моддаи дахлдори қонуни ҷиноятӣ оварда мешавад.

Қонун хусусиятҳои махсуси ба сифати айбдоршаванда кашидани шахсони алоҳидаро муқаррар намудааст. Ба ин гуна шахсон вакилони мақомоти намояндагӣ, инчунин судҳо ва баъзе шахсони дигар дохил мешаванд.

Барои пурсиш ба назди прокурор, муфаттиш ва таҳқиқбаранда айбдоршавандае, ки дар озодӣ мебошад, бо огоҳинома, даъватнома, телефонограмма ё телеграмма даъват карда мешавад. Айбдоршавандае, ки дар ҳабс аст, тавассути маъмурияти тавқифгоҳҳои муваққатӣ ва тафтишотӣ барои пурсиш ба назди прокурор, муфаттиш ва таҳқиқбаранда даъват карда мешавад.

Дар даъватнома фамилия, ном, номи падар ва шахси даъватшаванда; маҳал, мақомот, вақти ҳозиршавӣ ва ба назди кӣ даъват шудан; инчунин, оқибати ҳозир нашудан нишон дода мешаванд. Даъватнома бо гирифтани имзои айбдоршаванда ба ӯ супорида мешавад ва дар ҳолати ҳозир набудан ба аъзои болиғи оилаи ӯ ё намояндаи маъмурияти ҷои кор, ҷои таҳсил ё намояндаи мақомоти худидоракунии маҳаллӣ барои супоридан ба айбдоршаванда дода мешавад.

Айбдоршавандаи дар озодӣ буда вазифадор аст, ки дар мӯҳлати муайяншуда бо даъвати муфаттиш ҳозир шавад. Сабабҳои узрноки бо даъвати муфаттиш ҳозир нашудани айбдоршаванда инҳо эътироф карда мешаванд: беморӣ, ки ҳозир шудани айбдоршавандаро номумкин месозад; фавтидани хешовандони наздик; офатҳои табиӣ; нагирифтани даъватнома; ҳолатҳои дигаре, ки дар мӯҳлати муайян ҳозир шудани айбдоршавандаро номумкин месозад.

Айбдоршаванда бояд муфаттиш, таҳқиқбарандаро аз сабаби дар мӯҳлати таъингардида ҳозир нашуданаш огоҳ кунад.

Айб на дертар аз ду шабонарӯз аз лаҳзаи баровардани қарор дар бораи ба сифати айбдоршаванда ба ҷавобгарӣ кашидани шахс дар ҳузури ҳимоятгар эълон карда мешавад, ба шарте, ки ӯ дар парвандаи ҷиноятӣ иштирок дошта бошад ё иштироки ҳимоятгар мутобиқи қонун ҳатмӣ бошад ё дар ин бора айбдоршаванда дархост карда бошад.

Айб ба айбдоршаванда дар рӯзи маҷбуран оварда шуданаш эълон карда мешавад. Зимнан, дар сурате ки иштироки ҳимоятгар тибқи қонун ҳатмӣ бошад, муфаттиш бояд барои иштирок намудани ҳимоятгар ҳангоми пешниҳоди айб ҳамаи чораҳоро андешад.

Муфаттиш баъди ба шахсияти айбдоршаванда ва супоришнома (ордер)-и ҳимоятгар оид ба пешбурди ҳимоя итминон пайдо кардан ба айбдоршаванда ва ҳимоятгари ӯ қарори ба сифати айбдоршаванда ба ҷавобгарӣ кашиданро пешниҳод мекунад.

Муфаттиш вазифадор аст ба айбдоршаванда моҳияти айби пешниҳодшударо фаҳмонад.

Иҷрои амалҳои нишондодашуда бо имзои айбдоршаванда, ҳимоятгар ва муфаттиш дар қарори ба сифати айбдоршаванда ба ҷавобгарӣ кашидан бо сабти санад ва соати пешниҳоди айб тасдиқ карда мешавад.

Дар ҳолати қарорро имзо накардани айбдоршаванда муфаттиш ва ҳимоятгар, ба шарте, ки ӯ ҳангоми эълони айб иштирок дошта бошад, дар қарори ба сифати айбдоршаванда ба ҷавобгарӣ кашидан ва дар хусуси ба ӯ эълон карда шудани матни қарор имзои тасдиқкунанда мегузоранд.

Ба айбдоршаванда нусхаи қарори ба сифати айбдоршаванда ба ҷавобгарӣ кашидани шахс супурда мешавад. Инчунин, нусхаи қарори мазкур ба прокурор фиристода мешавад.

Муфаттиш айбдоршавандаро бо қарори ба сифати айбдоршаванда ба ҷавобгарӣ кашиданаш шинос намуда, вазифадор аст, ба ӯ ҳуқуқҳояшро, ки моддаи 47 КМҶ ҶТ муайян кардааст, фаҳмонад ва дар ин бора дар қарор сабт кунад. Сабт бояд бо имзои айбдоршаванда, инчунин имзои ҳимоятгар тасдиқ карда шавад, ба шарте, ки ӯ ҳангоми эълони айб ҳозир бошад.

Муфаттиш вазифадор аст айбдоршавандаро, баъди ба ӯ эълон намудани айб‚ фавран пурсиш кунад ва дар сурати аз додани нишондод даст кашидани айбдоршаванда дар ин бора бояд дар протоколи пурсиши ӯ сабт гузорад. Айбдоршаванда тибқи қоидаҳои моддаҳои 199 — 201 КМҶ ҶТ пурсиш карда мешавад.

Дар оғози пурсиш муфаттиш бояд муайян кунад, ки оё айбдоршаванда хоҳишманд аст, ки муносибати худро ба айби эълоншуда изҳор намояд, оё ӯ ба айби худ пурра ё қисман иқрор аст ё гуноҳи худро дар бораи айби пешниҳодшуда рад мекунад. Дар ин бора дар протоколи пурсиш бояд сабти дахлдор ворид карда шавад.

Иштироки ҳимоятгар ҳангоми пурсиши айбдоршавандаи ноболиғ, айбдоршавандае, ки ба сабаби нуқсони ҷисмонию рӯҳӣ имкон надорад ҳуқуқашро ҳимоя намояд ва ё забонеро, ки бо он пешбурди парванда анҷом дода мешавад, намедонад, инчунин ҳангоми айбдоркунии шахс барои ҷинояте, ки барои он ҷазои якумра маҳрум кардан аз озодӣ ё ҷазои қатл таъин кардан мумкин аст, ҳатмӣ мебошад.

Айбдоршавандаҳое, ки аз рӯи як парванда даъват шудаанд, дар алоҳидагӣ пурсиш карда мешаванд. Зимнан, муфаттиш бояд барои бо ҳам сӯҳбат карда натавонистани онҳо тамоми чораҳоро андешад. Ҳангоми оид ба ҳолатҳои парвандаи тафтишшаванда ба миён омадани зарурати саҳеҳ ва ё пурра кардани нишондодҳои қаблан додашуда, айбдоршавандаро ба таври илова пурсиш кардан мумкин аст.

Оид ба ҳар пурсиши айбдоршаванда муфаттиш бо риояи талаботи моддаи 200 КМҶ ҶТ протокол тартиб медиҳад. Дар протоколи пурсиши якум маълумот дар бораи шахсияти айбдоршаванда, аз ҷумла фамилия, ном, номи падар, вақт ва маҳалли таваллуд, шаҳрвандӣ, миллат, маълумот, вазъи оилавӣ, ҷои кор, машғулият ё вазифа, маҳалли истиқомат, қаблан суд шудан, инчунин маълумоти дигар, ки барои ҳолатҳои парванда муҳим аст нишон дода мешавад. Дар протоколҳои минбаъдаи пурсиш бошад маълумотро дар бораи шахсияти айбдоршаванда, ба шарте, ки тағйир наёфта бошад, танҳо бо сабти фамилия, ном ва номи падар маҳдуд кардан мумкин аст.

Агар ҳангоми тафтиши пешакӣ барои тағйир додан ва илова кардани айб асосе ба миён ояд, муфаттиш вазифадор аст бо риояи талаботи моддаи 225 КМҶ ҶТ дар бораи ба сифати айбдоршаванда ба ҷавобгарӣ кашидан қарори нав барорад ва онро бо тартиби муқаррарнамудаи моддаҳои 225 ва 226 КМҶ ҶТ ба айбдоршаванда эълон кунад.

Агар дар ҷараёни тафтиши пешакӣ яке аз қисматҳои айби эълоншуда тасдиқ нашуда бошад, муфаттиш бо қарори худ таъқиби ҷиноятии ҳамин қисматро қатъ карда, дар ин бора айбдоршаванда ва дигар иштирокчиёни мурофиаро огоҳ месозад.

10.6. БОЗДОШТАН ВА АЗ НАВ САР КАРДАНИ ТАФТИШИ ПЕШАКӢ

Ҳангоми мавҷуд будани яке аз асосҳои зерин, ки барои идома ва хатми он монеа шуда метавонад, тафтиши пешакӣ боздошта мешавад:

вобаста ба муайян карда нашудани шахсе, ки бояд ба сифати айбдоршаванда ба ҷавобгарӣ кашида шавад; дар ҳолате, ки айбдоршаванда аз тафтиши ё суд пинҳон шудааст ё бо сабабҳои дигар маҳалли будубоши ӯ муайян карда нашудааст; дар сурати ба бемории рӯҳӣ ё бемории дигари вазнин гирифтор шудани айбдоршаванда, ки аз ҷониби духтури муассисаи табобатии давлатӣ тасдиқ карда шудааст; дар сурате, ки маҳалли будубоши айбдоршаванда маълум аст, вале вобаста ба ҳалли масъалаи маҳрум кардани айбдоршаванда аз масуният ё супоридани ӯ ба давлати хориҷӣ, инчунин бинобар дар экспедитсия ё сафари хизматӣ зиёда аз ду моҳ буданаш имконияти воқеии иштироки ӯ дар парванда мавҷуд нест.

Муфаттиш дар бораи боздоштани тафтиши пешакӣ қарори асоснок бароварда, нусхаи онро ба прокурор мефиристад.

Агар ба парванда ду ё якчанд айбдоршаванда ҷалб шуда, асоси боздорӣ ба ҳамаи онҳо дахл надошта бошад, муфаттиш ҳуқуқ дорад қисми маводро ба пешбурди алоҳида ҷудо намуда, дар ин қисм пешбурдро боздорад ё агар тафтиши пешакиро бе иштироки айбдоршавандагон давом додан мумкин набошад, пешбурди парвандаро боздорад.

Дар ҳолате ки шахси айбдоршаванда муайян карда нашудааст, айбдоршаванда аз тафтиш ё суд пинҳон шудааст ё бо сабабҳои дигар маҳалли будубоши ӯ муайян карда нашудааст тафтиши пешакӣ танҳо пас аз гузаштани мӯҳлати пешбурди он боздошта мешавад.

То боздоштани тафтиши пешакӣ муфаттиш вазифадор аст ҳамаи амалҳои тафтиширо, ки пешбурди онҳо бе иштироки айбдоршаванда имконпазир аст, анҷом диҳад ва барои кофтукови айбдоршаванда, ҳамчунин муайян кардани шахсе, ки ҷиноятро содир кардааст, тамоми чораҳоро андешад.

Муфаттиш тафтиши пешакиро боздошта, вазифадор аст ҷабрдида, намояндаи ӯ, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ ва намояндагони онҳоро хаттӣ огоҳ сохта, ҳамзамон ба онҳо фаҳмонад, ки аз қарори боздоштани тафтиши пешакӣ дар давоми панҷ шабонарӯз ба прокурор шикоят кардан мумкин аст. Ҳангоми боздоштани тафтиши пешакӣ бо сабаби ба бемории рӯҳӣ ё бемории дигари вазнин гирифтор шудани айбдоршаванда, инчунин айбдоршаванда ва ҳимоятгар дар ин бора огоҳ карда мешаванд.

Оид ба парвандае, ки тафтиши он боздошта шудааст, гузаронидани амали тафтишӣ мумкин нест.

Пас аз боздоштани тафтиши пешакӣ вобаста ба муайян карда нашудани шахсе, ки бояд ба сифати айбдоршаванда ба ҷавобгарӣ кашида шавад, муфаттиш мустақиман ва бо ёрии мақомоти таҳқиқ барои муайян кардани шахсе, ки бояд ба сифати айбдоршаванда ба ҷавобгарӣ кашида шавад, чора меандешад.

Пас аз боздоштани тафтиши пешакӣ дар ҳолате, ки айбдоршаванда аз тафтиш ё суд пинҳон шудааст ё бо сабабҳои дигар маҳалли будубоши ӯ муайян карда нашудааст, муфаттиш маҳалли будубоши айбдоршавандаро муайян мекунад, агар ӯ пинҳон шуда бошад, барои кофтукови ӯ чора меандешад.

Ҳангоми номуайян будани маҳалли будубоши айбдоршаванда муфаттиш ҳуқуқ дорад пешбурди кофтуковро ба мақомоти таҳқиқ супорад. Ин супориш дар қарори боздоштани тафтиши пешакӣ зикр мегардад ё дар ин бобат қарори алоҳида бароварда мешавад.

Кофтукови айбдоршавандаро чӣ ҳангоми пешбурди тафтиши пешакӣ ва чӣ ҳангоми боздоштани тафтиши он эълон кардан мумкин аст.

Тафтиши пешакии боздошташуда бо қарори асосноки муфаттиш аз нав сар карда мешавад, агар асосҳои боздоштан аз байн рафта бошанд ва ё зарурати пешбурди амали тафтишӣ ба миён омада бошад, ки онро бе иштироки айбдоршаванда низ анҷом додани он мумкин аст. Инчунин, тафтиши пешакии боздошташударо бо қарори асосноки прокурор, ки бинобар бекор кардани қарори муфаттиш дар хусуси боздоштани тафтиш баровардааст, аз нав сар кардан мумкин аст.

Дар бораи аз нав сар кардани тафтиши пешакӣ айбдоршаванда ва ҳимоятгар, инчунин ҷабрдида, намояндаи ӯ, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ ва намояндагони онҳо огоҳ карда мешаванд.

10.7. ҚАТЪ КАРДАНИ ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ

дар марҳилаи тафтишоти пешакӣ

Дар марҳилаи тафтишоти пешакӣ парвандаи ҷиноятӣ бо асосҳои зерин қатъ карда мешавад:

— ҳангоми мавҷуд набудани ҳодисаи ҷиноят; ҳангоми дар кирдори содиршуда мавҷуд набудани аломатҳои таркиби ҷиноят; ҳангоми гузаштани мӯҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан; ҳангоми қабули санади авф[5]; ҳангоми оштӣ шудани ҷабрдида бо айбдоршаванда оид ба парвандаи ҷиноятии айбдоркунии хусусӣ; ҳангоми мавҷуд набудани аризаи ҷабрдида, агар парвандаи ҷиноятӣ маҳз тибқи аризаи ӯ оғоз гардад, ғайр аз ҳолатҳое, ки ба прокурор ҳуқуқ дода шудааст бе аризаи ҷабрдида парвандаи ҷиноятӣ оғоз намояд; нисбат ба шахси фавтида, ғайр аз ҳолатҳое, ки пешбурди парвандаи ҷиноятӣ барои муқаррар кардани бегуноҳии ӯ ё аз нав оғоз кардани пешбурди парвандаи ҷиноятӣ оид ба ҳолатҳои нави ошкоршуда дар ҳаққи дигар шахсон; нисбат ба шахсе, ки дар ҳаққи ӯ аз рӯи ҳамон айбдоркунӣ ҳукми эътибори қонунӣ пайдокарда ё таъиноти суд ва ё қарори суд, судя оид ба қатъи парвандаи ҷиноятӣ аз рӯи ҳамон асос мавҷуд аст; нисбат ба шахсе, ки қарори бекорнашудаи таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор дар хусуси қатъ кардани пешбурди парвандаи ҷиноятӣ ё қарор дар бораи радди оғози парвандаи ҷиноятӣ оид ба ҳамон айбдоркунӣ вуҷуд дорад;

— ҳангоми исбот нашудани иштироки гумонбаршуда ё айбдоршаванда дар содир намудани ҷиноят, ба шарте, ки тамоми имкониятҳо барои ҷамъоварии далелҳои иловагӣ истифода шуда бошанд.

Инчунин, дар асоси моддаҳои 28 ва 234 КМҶ ҶТ муфаттиш ва таҳқиқбаранда бо дастрасии моддаҳои 72, 73, 74 ва 75 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ризои прокурор ҳуқуқ доранд дар мавридҳои зерин пешбурди парвандаи ҷиноятиро бо озод кардани шахс аз ҷавобгарии ҷиноятӣ қатъ кунанд: пушаймонӣ аз кирдор; оштӣ шудан бо ҷабрдида ва барқарор кардани товони зарари расонидашуда; тағйир ёфтани вазъият; гузаштани мӯҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан. Аз рӯи ин асосҳо қатъ кардани пешбурди парвандаи ҷиноятӣ мумкин нест, ба шарте ки гумонбаршуда, айбдоршаванда ба он розӣ набошанд. Дар чунин ҳолат пешбурди парвандаи ҷиноятӣ идома меёбад.

Агар аз рӯи парванда якчанд айбдоршаванда ҷалб карда шуда, вале асосҳои қатъ намудани он на ба ҳамаи айбдоршавандагон дахл дошта бошад, он гоҳ таъқиби ҷиноятӣ нисбат ба айбдоршавандагони алоҳида қатъ карда мешавад.

Муфаттиш дар сурати қатъи парванда бо асосҳои набудани ҳодисаи ҷиноят, дар кирдори содиршуда мавҷуд набудани аломатҳои таркиби ҷиноят, инчунин ҳангоми исбот нашудани иштироки гумонбаршуда ё айбдоршаванда дар содир намудани ҷиноят бояд барои сафед кардани шахс ва ҷуброни зарари моддии дар натиҷаи ғайриқонунӣ дастгир ва ё ҳабс кардан расонидашуда тамоми чораҳои пешбининамудаи қонунро андешад.

Дар бораи қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ муфаттиш қарори асоснок қабул мекунад. Дар қисми муқаддимавии қарори мазкур вақт ва маҳалли таҳияи он, фамилия ва вазифаи муфаттиш сабт мегардад. Дар қисми баёнию асосноккунии қарор ҳолатҳое, ки сабаб ва асоси оғози парванда гаштаанд, натиҷаҳои тафтиш ба воситаи нишон додани маълумот дар бораи шахсоне, ки аз рӯи парванда дар содир намудани ҷиноят гумонбар ё айбдор шудаанд, моҳияти он, бандубасти ҷиноят ва чораҳои пешгирии татбиқшуда инъикос меёбанд. Дар қисми хулосавии қарор бошад дар бораи қатъи парванда бо такя ба моддаи КМҶ ҶТ, ки барои қатъи парванда асос шудааст, инчунин дастур дар бораи бекор кардани чораи пешгирӣ, бекор кардани ҳабси молу мулк, дар бораи тақдири далелҳои шайъӣ инъикос карда мешавад.

Дар ҳолатҳое, ки мутобиқи қонун қатъи парванда танҳо бо ризои айбдоршаванда ё ҷабрдида иҷозат дода мешавад, вуҷуд доштани чунин розигӣ бояд дар қарор зикр карда шавад.

Нусхаи қарор дар бораи қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ ба прокурор фиристода мешавад.

Муфаттиш аз қатъи парванда ва асосҳои қатъи он гумонбаршуда, айбдоршаванда, ҳимоятгарони онҳо, ҷабрдида ва намояндаи ӯ, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ ва намояндагони онҳо, инчунин шахс ва ё муассисаеро, ки тибқи аризаи онҳо парванда оғоз шуда буд, хаттӣ огоҳ месозад. Дар сурати қатъи парванда нисбати даъватшаванда муфаттиш дар мӯҳлати ҳафт рӯз ба комиссариати ҳарбии ноҳиявӣ (шаҳрӣ) дар ин бора хабар медиҳад.

Ба шахсони зикргардида ҳуқуқи шиносшавӣ бо маводи парванда ва тартиби шикоят кардан аз қарори қатъи он фаҳмонда мешавад. Бо хоҳиши ин шахсон нусхаи қарори қатъи парванда ба онҳо супорида мешавад.

Агар дар натиҷаи тафтиш ҳолатҳое муқаррар карда шуда бошанд, ки нисбати шахси ба сифати айбдоршаванда ба ҷавобгарӣ кашидашуда ё шахсони дигар татбиқ намудани чораҳои таъсиррасонии интизомӣ ё ҷазои маъмуриро талаб мекунанд, муфаттиш парвандаро қатъ карда, маълумотро ба маъмурияти ҷои кори ӯ мерасонад ва маводро барои татбиқи чораҳои таъсиррасонӣ ба мақомоти салоҳиятдор равон мекунад, ба шарте, ки мӯҳлати ба ҷавобгарии маъмурӣ ва интизомӣ кашидан нагузашта бошад.

Аз қарори муфаттиш дар бораи қатъи парвандаи ҷиноятӣ гумонбаршуда, айбдоршаванда, ҳимоятгарони онҳо, ҷабрдида ва намояндаи ӯ, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ ва ё намояндагони онҳо, инчунин шахс ва ё намояндаи муассиса, ки тибқи аризаи онҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда буд, ба прокуроре, ки ба тафтиш назорат мекунад, дар давоми ҳафт шабонарӯз аз лаҳзаи ба онҳо супоридани нусхаи ин қарор ё огоҳинома дар бораи қатъи парванда шикоят карданашон мумкин аст.

Агар парванда бо ризои прокурор қатъ карда шуда бошад, аз қарор ба прокурори болоӣ шикоят карда мешавад.

Мӯҳлати бо сабабҳои узрнок гузаронидашуда оид ба додани шикоят аз ҷониби прокуроре, ки ба вай шикоят расидааст, барқарор карда шуданаш мумкин аст.

Дар ҳолати шикоятро қонеъ нагардонидани прокурор аз қатъи парвандаи ҷиноятӣ тибқи қоидаҳои моддаи 124 КМҶ ҶТ ба суд шикоят кардан мумкин аст.

Агар мӯҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахс нагузашта бошад, пешбурди парвандаи ҷиноятии қатъшуда бо қарори прокурор дар ҳолатҳои зерин аз нав сар карда мешавад:

1) бекор кардани қарори муфаттиш дар бораи қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ;

2) аз ҷониби суд бо тартиби муайяннамудаи моддаи 124 КМҶ ҶТ қонеъ кунонидани шикоят дар хусуси беасос будани қатъи парвандаи ҷиноятӣ;

Дар бораи аз нав сар кардани пешбурди парвандаи ҷиноятӣ гумонбаршуда, айбдоршаванда ва ҳимоятгарони онҳо, ҷабрдида ва намояндаи ӯ, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ ва намояндагони онҳо, инчунин шахс ё муассиса, ки бо аризаи онҳо парванда оғоз шуда буд, хаттӣ огоҳ карда мешаванд.

10.8. БА ПРОКУРОР ИРСОЛ КАРДАНИ

ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ БО ФИКРИ АЙБДОРКУНӢ

Муфаттиш бо эътирофи он ки тамоми амалҳои тафтишӣ аз рӯи парвандаи ҷиноятӣ анҷом дода шудаанд ва далелҳои ҷамъоварда барои тартиб додани фикри айбдоркунӣ кифояанд, вазифадор аст, ки дар ин бора айбдоршавандаро огоҳ созад ва ба ӯ фаҳмонад, ки ҳуқуқ дорад шахсан ё бо ёрии ҳимоятгар ба тамоми маводи парванда шинос шуда, дар бораи пурра кардани тафтиши пешакӣ барои қабул кардани қарори дигар нисбат ба парванда дархост кунад.

Муфаттиш дар бораи анҷоми тафтиши пешакӣ ва ҳуқуқи шинос шудан бо маводи парванда ва арзи дархост вазифадор аст, ки ҳимоятгари айбдоршавандаро, ба шарте, ки ӯ дар парванда иштирок намояд, инчунин ҷабрдида ва намояндаи ӯ, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ ва намояндагони онҳоро огоҳ созад.

Агар ҳимоятгари айбдоршаванда ё намояндаи ҷабрдида, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ бо сабабҳои узрнок барои шинос шудан бо парванда дар вақти муайяншуда ҳозир шуда натавонад, муфаттиш мӯҳлати шиносшавиро ба муддати на бештар аз панҷ шабонарӯз ба таъхир мегузорад.

Дар сурати ҳозир нашудани ҳимоятгар ё намоянда дар давоми ин мӯҳлат муфаттиш барои ҳозир шудани ҳимоятгар ё намояндаи дигар чора меандешад.

Муфаттиш дар ҳолати изҳори дархости шифоҳӣ ё хаттии ҷабрдида, намояндаи ӯ, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ ва намояндагони онҳо ин шахсонро бо ҳамаи маводи парванда ё бо он қисмати парванда, ки онҳо шинос шудан мехоҳанд, шинос мекунад. Агар даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ ё намояндаи онҳо дар бораи шинос шудан бо маводи парванда дархост арз карда бошанд, танҳо бо он қисме, ки ба даъвои гражданӣ дахл дорад, шинос карда мешавад.

Муфаттиш ба айбдоршаванда ва ҳимоятгари ӯ тамоми маводи парвандаро, ки бояд дӯхта ва рақамгузорӣ шаванд, пешниҳод мекунад. Барои шиносоӣ инчунин далелҳои шайъӣ пешниҳод гардида, бо хоҳиши айбдоршаванда ё ҳимоятгари ӯ фонограмма, сабти видео, кинофилмҳо, слайдҳо, ба шарте, ки онҳо ба протоколи амали тафтишӣ замима гардида бошанд, барои шунидан ва тамошо кардан низ пешниҳод мешаванд. Бо хоҳиши айбдоршаванда ё ҳимоятгари ӯ онҳо метавонанд бо маводи парванда якҷоя ё дар алоҳидагӣ шинос карда шаванд.

Агар парванда аз якчанд ҷилд иборат бошад, айбдоршаванда ва ҳимоятгар дар ҷараёни шиносшавӣ бо маводи парванда ҳуқуқ доранд такроран ба ҳар як ҷилди он баргарданд, аз онҳо ҳама гуна маълумотро ба андозаи гуногун рӯйнавис кунанд, аз ҷумла ҳуҷҷатҳоро бо ёрии воситаҳои техникӣ нусхабардорӣ намоянд, ки бояд аз ҷониби муфаттиш тасдиқ карда шаванд. Рӯйнависҳо ва нусхаи ҳуҷҷатҳои парванда, ки дорои маълумоти сирри давлатӣ, тиҷоратӣ ё дигар сирри бо қонун ҳифзшаванда мебошанд, дар парванда нигоҳ дошта шуда ба айбдоршаванда ва ҳимоятгари ӯ ҳангоми муҳокимаи судӣ супурда мешаванд.

Мӯҳлате, ки барои шинос шудани айбдоршаванда ва ҳимоятгари ӯ бо ҳамаи маводи парванда зарур аст, маҳдуд карда намешавад. Агар айбдоршаванда ё ҳимоятгар мӯҳлати шиносшавиро бо маводи парванда кашол диҳанд, муфаттиш хуқуқ дорад бо қарори асосноки худ мӯҳлати муайянро, ки барои шинос шудан бо маводи парванда кифоя аст, муқаррар намояд.

Пас аз анҷоми шиносоии айбдоршаванда ва ҳимоятгар бо маводи парванда муфаттиш вазифадор аст аз онҳо пурсад, ки оё онҳо мехоҳанд дархост арз намоянд ва боз дар бораи чӣ арз кардан мехоҳанд.

Дар хусуси ба айбдоршаванда эълон кардани анҷоми тафтиши пешакӣ ва шиносоӣ бо ҳамаи маводи парванда протоколи ягона тартиб дода, дар он маҳал ва санаи гузаронидани амалҳои тафтишӣ, вақти оғоз ва анҷоми он, вазифа, фамилия, ном ва номи падари шахси протоколро тартибдода, бо кадом парвандаи ҷиноятӣ шиносоӣ сурат мегирад, фамилия, ном, номи падар айбдоршаванда ва моддаи Кодекси ҷиноятӣ, ки дар асоси он ба ӯ айб эълон карда шудааст, хоҳиши айбдоршаванда бобати шиносоӣ бо иштироки ҳимоятгар ё бе иштироки ӯ (оид ба парвандаҳое, ки иштироки ҳимоятгар дар онҳо ҳатмӣ нест), дар бораи таъмин бо тарҷумон, варақа ва ҷилди парванда бо нишон додани вақт ва санаи шиносшавӣ, дархости айбдоршаванда ва ҳимоятгар баъди шиносоӣ бо парванда, ба шарте, ки бошанд, нишон дода мешавад. Протоколро шахсони дар шиносоӣ иштирокдошта имзо мекунанд. Дар бораи шиносоии ҷабрдида ва намояндаи ӯ, даъвогари гражданӣ ва ҷавобгари гражданӣ ё намояндагони онҳо тибқи талаботи қонун протокол тартиб дода мешавад.

Агар шиносоӣ бо маводи парванда аз ҷониби айбдоршаванда ва ҳимоятгари ӯ ё ҷабрдида ва намояндаи ӯ якҷоя сурат гирифта бошад, протоколи ягона тартиб дода мешавад.

Дархости айбдоршаванда ва ҳимоятгари ӯ, инчунин ҷабрдида, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ ва намояндагони онҳо, ки пас аз шиносоӣ бо маводи парванда шифоҳӣ изҳор шудаанд, дар протоколи шиносоӣ бо маводи парванда инъикос карда мешаванд.

Агар иштирокчии парванда дар бораи додани дархости хаттӣ арз кунад, барои таҳияи он вақти муайян ҷудо карда дар ин бора дар протокол сабт карда, сипас он хаттӣ ба парванда замима карда мешавад.

Мутобиқи моддаи 175 КМҶ ҶТ муфаттиш ҳуқуқ надорад қонеъ намудани дархостро дар бораи муайян кардани ҳолатҳое, ки барои парванда дорои аҳамият мебошанд, рад кунад. Дар чунин ҳолатҳо муфаттиш вазифадор аст тафтиши пешакиро пурра намояд, зимнан бо маводи парвандаи ҷиноятӣ шинос шудани иштирокчиёни дигари мурофиа ба ҳалли дархост ва дар сурати ҳал гаштани он ба гузаронидани тафтиш монеъ намешавад.

Пас аз гузарондани амали иловагии тафтишӣ муфаттиш вазифадор аст иштирокчиёни мурофиаро аз хатми тафтиши пешакӣ аз нав огоҳ созад ва ба онҳо шароит фароҳам оварад, ки бо маводи иловагии парванда шинос шаванд.

Дар сурати пурра ё қисман рад намудани қонеъгардонии дархост муфаттиш қарор бароварда, тартибу мӯҳлати шикоят оварданро фаҳмонида, нусхаи қарорро ба аризадиҳанда равон мекунад.

Пас аз анҷоми тафтиши пешакӣ ва бо маводи парванда шинос кардани шахсони номбаршуда муфаттиш фикри айборкуниро тартиб медиҳад.

Фикри айбдоркунӣ аз қисми муқаддима, баёнию асосноккунӣ ва хулоса иборат аст.

Дар қисми муқаддима муфаттиш ном, номи падар ва фамилияи айбдоршаванда (айбдоршавандагон)-ро, ки нисбат ба ӯ (онҳо) фикри айбдоркунӣ таҳия мегардад, модда, қисм ва банди қонуни ҷиноятӣ, ки мувофиқи он амали ӯ бандубаст мешавад, инъикос мекунад.

Дар қисми баёнию асосноккунӣ бошад моҳияти айбдоркунӣ; маҳал ва вақти содир намудани ҷиноят; усул, сабаб, оқибат ва ҳолатҳои дигари муҳим; маълумот дар бораи ҷабрдида, хусусият ва андозаи зарари ба ӯ расонидашуда, даъвогар ва ҷавобгари гаражданӣ; далелҳои тасдиқкунандаи гуноҳи айбдоршаванда; ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунандаи ҷазо; ваҷҳҳое, ки айбдоршаванда барои ҳимояи худ пеш меорад ва натиҷаи санҷиши ин ваҷҳҳо — инъикос мегарданд.

Фикри айбдоркунӣ бояд истинод ба ҷилд ва саҳифаҳои парвандаро дар бар гирад.

Дар қисми хулоса маълумоти шахсияти айбдоршаванда, ифодаи айби эълоншуда бо нишон додани қонуни ҷиноятӣ (модда, қисм, банд), ки барои ҳамин ҷиноят ҷавобгариро пешбинӣ мекунад, зикр мегардад.

Муфаттиш маҳал ва санаи таҳияи фикри айбдоркуниро нишон дода, онро имзо мекунад.

Ба фикри айбдоркунӣ рӯйхати айбдоршаванда, ҷабрдида, шоҳидон, коршинос, ки бояд ба маҷлиси суд даъват шаванд, замима мегардад.

Ба фикри айбдоркунӣ инчунин маълумотнома дар бораи мӯҳлати тафтиш, чораҳои интихобшудаи пешгирӣ бо нишон додани мӯҳлати нигоҳ доштан дар ҳабс ва ҳабси хонагӣ, дар хусуси далелҳои шайъӣ ва ҷойи нигоҳдошти онҳо, даъвои гражданӣ, дар бораи чораҳое, ки барои таъмини даъвои гражданӣ ва имконпазирии мусодираи молу мулк андешида шудаанд, хароҷоти мурофиавӣ замима карда мешаванд.

Дар рӯйхати шахсоне, ки бояд ба маҷлиси суд даъват карда шаванд, ном, номи падар ва фамилия, маҳалли зист ё будубоши онҳо ва варақаҳои парванда, ки дар он нишондоди онҳо ё хулосаҳо инъикос гардидаанд, зикр мешаванд. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун ва Кодекси мазкур дар ин рӯйхат танҳо тахаллуси шахсоне, ки бояд ба маҷлиси суд даъват карда шаванд, сабт мегардад.

Баъди аз ҷониби муфаттиш имзо шудани фикри айбдоркунӣ парвандаи ҷиноятӣ фавран ба прокурор равон карда мешавад.

10.9. АМАЛ ВА ҚАРОРИ ПРОКУРОР ОИД БА ПАРВАНДАИ

ҶИНОЯТИЕ, КИ БО ФИКРИ АЙБДОРКУНӢ ВОРИД ШУДААСТ

Прокурор бояд дар мӯҳлати ҳафт шабонарӯз парвандаи ҷиноятии бо фикри айбдоркунӣ воридшударо омӯхта, ҳолатҳои зеринро санҷад[6]:

— оё кирдори ҷиноятии ба айбдоршаванда мансуб ҷой дорад ва дар ин кирдор таркиби ҷиноят мавҷуд аст ё не;

— оё дар парванда ҳолатҳое мавҷуд нестанд, ки метавонанд боиси қатъи он гарданд;

— оё айби эълоншуда асоснок аст ва он бо далелҳои дар парванда мавҷуда тасдиқ мегардад;

— оё нисбат ба ҳамаи кирдорҳои содиркардаи айбдоршаванда, ки муайян ва исбот шудаанд, айб эълон карда шудааст;

— оё ҳамаи шахсоне, ки дар парванда дар бораи ҷиноят содир намуданашон далел ба даст оварда шудааст, ба сифати айбдоршаванда ҷалб гардидаанд;

— оё кирдори айбдоршаванда дуруст бандубаст шудааст;

— оё чораи пешгирӣ дуруст интихоб гардидааст ва ё дар парванда барои тағйир додан ё бекор кардани он асос мавҷуд аст;

— оё барои таъмини даъвои гражданӣ ва имконпазирии мусодираи молу мулк чораҳо андешида шудаанд;

— оё фикри айбдоркунӣ мутобиқи талаботи Кодекси мазкур тартиб дода шудааст;

— оё дар пешбурди тафтиши пешакӣ ба вайронкунии ҷиддии қонуни мурофиавии ҷиноятӣ роҳ дода нашудааст;

— оё таҳқиқи ибтидоӣ ё тафтиши пешакӣ ҳамаҷониба, пурра ва холисона гузаронида шудааст;

— оё шароите, ки барои содиршавии ҷиноят мусоидат кардаанд, муайян карда, барои рафъи оқибати онҳо чора андешида шудааст.

Прокурор ё муовини ӯ парвандаи аз муфаттиш бо фикри айбдоркунӣ воридшударо баррасӣ намуда, ҳуқуқ доранд яке аз қарорҳои зеринро қабул намоянд:

— фикри айбдоркуниро тасдиқ кунанд;

-бо қарори худ бандҳои алоҳидаи айбдоркуниро хориҷ намоянд;

— кирдори айбдоршавандаро бо татбиқи қонун дар бораи ҷазои нисбатан сабук бандубаст намоянд;

— парвандаи ҷиноятиро пурра ё нисбат ба айбдоршавандагони алоҳида қатъ намоянд;

— парвандаро бо дастуроти хаттии худ барои пешбурди тафтиши иловагӣ ё аз нав таҳия кардани фикри айбдоркунӣ ба муфаттиш баргардонанд;

— фикри айбдоркунӣ тартиб диҳанд.

Оид ба парвандаи ҷиноятие, ки бо фикри айбдоркунӣ ба прокуратура ворид шудааст, прокурор ё муовини ӯ дар доираи салоҳияти худ ҳуқуқ доранд бо қарори худ чораҳои пешгирии қаблан дар ҳаққи айбдоршаванда андешидашударо бекор кунанд ё тағйир диҳанд, инчунин чораҳои дигари пешгириро ба истиснои ҳабс кардан ё ба ҳабси хонагӣ гирифтан интихоб намоянд.

Пас аз тасдиқ кардани фикри айбдоркунӣ прокурор ба айбдоршаванда супоридани нусхаи фикри айбдоркунӣ ва замимаи онро таъмин мекунад. Агар айбдоршаванда забонеро, ки бо он фикри айбдоркунӣ тартиб дода шудааст, надонад, нусхаи фикри айбдорӣ бо тарҷума ба забоне, ки ӯ медонад, супурда мешавад. Бо дархости ҳимоятгар ё ҷабрдида нусхаи фикри айбдоркунӣ ба онҳо низ супурда мешавад.

Прокуроре, ки фикри айбдоркуниро тасдиқ кардааст, бояд парвандаи ҷиноятиро ба суд аз рӯи тобеияти судӣ ирсол карда, ҳамзамон дар ин бора ба айбдоршаванда, ҳимоятгар, ҷабрдида ва намояндаи ӯ, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ ва намояндагони онҳо хабар диҳад.

Баъди ба суд ирсол кардани парвандаи ҷиноятӣ ҳамаи дархосту шикоятҳо оид ба парванда бевосита ба суд ирсол карда мешаванд.

0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *