Фанни Ҳуқуқ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи сифат ва бехатарии маҳсулоти хeрокворӣ

Моддаи 18. Талабот оиди таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти хeрокворӣ ҳангоми баркашида коғазпечкунӣ, борбандӣ ва тамғазанӣ

Маҳсулоти хeрокворӣ бояд тавре баркашида коғазпеч ва борбандӣ карда шавад, ки сифат ва бехатарии он ҳангоми нигаҳдорӣ, боркашонӣ ва хариду фурeш таъмин гардад.

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба баркашида коғазпечкунӣ, борбандӣ ва тамғагузории маҳсулоти хeрокворӣ машғуланд, бояд талаботи санадҳои меъёриро риоя намоянд.

Дар тамғакоғазҳо ё тамғаи бор ва ё тавсиякоғазҳои маҳсулоти хeроквории борпечшуда ғайр аз маълумоте, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳимояи ҳуқуқӣ истеъмолкунандагон муайян мегардад, бо назардошти навъҳои маҳсулоти хeрокворӣ бояд маълумоти зерин нишон дода шавад:

оиди арзиши хeрокворӣ (калориянокӣ, миқдори сафедаҳо, чарбнокӣ, ангиштобҳо, витаминҳо, макро — ва микроэлементҳо);

оиди қоида ва шароити истеъмол (барои маҳсулоти хeроки кeдакон, маҳсулоти хeроки парҳезӣ ва иловаҳои фаъоли биологӣ);

оиди тарз ва шароити тайёр кардани хeрокҳои тайёр ( нисбати маҳсулоти хeроквории консентратӣ ва нимтайёр);

оиди шароити нигоҳдорӣ (нисбати маҳсулоти хeрокворие, ки барои нигоҳдории онҳо шартҳои зарурӣ муайян гардидаанд);

оиди санаи истеҳсол, санаи короӣ ва санаи борбандии маҳсулоти хeрокворӣ.

Моддаи 19. Талабот нисбати таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуот ҳангоми нигоҳдорӣ ва боркашонӣ

Маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуот бояд дар шароите нигоҳдорӣ ва боркашонӣ карда шаванд, ки сифат ва бехатарии онҳо таъмин гардад.

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки нигоҳдорӣ ва боркашонии маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуотро амалӣ месозанд, бояд талаботи санадҳои меъёриро оиди шароити нигоҳдорӣ ва боркашонии маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуот риоя намоянд ва иҷрои талаботро бо роҳи сабт намудан дар ҳуҷҷатҳои бо мол ҳамроҳ фиристодашаванда тасдиқ кунанд.

Нигоҳдории маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуот дар биноҳои махсус таҷҳизонидашуда, иншоотҳое, ки ба талаботи қоидаву меъёрҳои сохтмонию санитарӣ ва байторӣ мутобиқанд, иҷозат дода мешавад.

Барои кашонидани маҳсулоти хeрокворӣ бояд воситаҳои нақлиётие, ки махсус ба ҳамин мақсадҳо ҷиҳозонида шудаанд, мутобиқи тартиботи муайяншуда шиносномаҳои санитарӣ доранд, бояд истифода бурда шаванд.

Дар ҳолатҳое, ки агар ҳангоми нигоҳдорӣ ва кашонидани маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуот ба вайронкунӣ роҳ дода шуда бошад, ки боиси халалдор шудани сифати маҳсулоти хeрокворӣ, маводу маснуот ва хосиятҳои хатарнок пайдо кардани онҳо гаштаанд, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки нигоҳдорӣ ва кашонидани маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуотро ба амал мебароранд, бояд ба соҳибон ва қабулкунандагони маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маcнуот хабар диҳанд.

Ин гуна маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуот ба фурeш роҳ дода нашуда, барои экспертиза ба мақомоти назорати давлатии дахлдор фириcтода мешаванд ва мувофиқи натиҷаи он бо тартиби муқаррарнамудаи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун партов истифода бурда ё нобуд карда мешаванд. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №703).

Моддаи 20. Талабот оиди таъмиии сифат ва бехатарии маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуот ҳангоми фурeши онҳо

ҳангоми фурeши маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуот шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бояд талаботи санадҳои меъёриро риоя намоянд.

Фурeши маҳсулоти баркашида коғазпечнашуда ва борбандинашуда, ба истиснои намудҳои алоҳидаи маҳсулоти хeрокворие, ки номгeи онҳо аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқати мақоми ваколатдор оиди назорати санитарию эпидемиологӣ муқаррар гардидааст, иҷозат дода намешавад. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №703).

Фурeши маҳсулоти хeроквории истеҳсоли ғайрисаноатӣ дар бозорҳои хeрокворӣ танҳо баъди гузаронидани экспертизаи санитарию байторӣ дар озмоишгоҳи аккредитатсияшудаи соҳаи байторӣ ва аз тарафи фурeшандагон гирифтани хулосаи мақоми назорати давлатии байтории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мутобиқати чунин маҳсулоти хeроквориро бо қоидаву меъёрҳои байторӣ тасдиқ мекунад, имконпазир аст. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №703).

Дар ҳолатҳое, ки агар ҳангоми фурeши маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуот ба вайронкунӣ роҳ дода шуда бошад, ки боиcи халал ёфтани сифати маҳсулоти хeрокворӣ, маводу маснуот ва пайдо кардани хосиятҳои хатарноки онҳо гардад, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба фурeши маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуот машғуланд, бояд ин маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуотро аз фурeш гиранд, бозхоста гирифтани онҳоро аз истеъмолкунандагон таъмин намоянд, маҳсулоти хeроквории пастсифат ва хатарнок, мавод ва маснуотро ба экспертиза равон карда, бо тартиби муқаррарнамудаи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун партов истифода ё нобуд кардани онҳоро таъмин намоянд. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №703).

Моддаи 21. Талабот ҷиҳати таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуоте, ки ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешаванд

Сифат ва бехатарии маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуоте, ки ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешаванд, бояд ба талаботи санадҳои меъёрии ҷумҳурӣ мутобиқат намоянд.

Eҳдадориҳои истеҳсолкунандагон, молрасонҳо оиди риояи талаботи санадҳои меъёрӣ нисбати маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуоте, ки ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешаванд, талаботи асосии шартномаҳои раcонидани онҳо мебошанд.

Ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кардани маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуоти аз қайди давлатӣ мувофиқи тартибе, ки моддаи 10 Қонуни мазкур муайян кардааст, нагузаштаанд, инчунин маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуоте, ки ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи сифат ва бехатарии ин маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуотро мутобиқи талаботи санадҳои меъёрии ҷумҳурии истеҳсолкунандаи молӣ надоранд, манъ аст.

Дар гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нуқтаҳои ба расмиятдарории гумрукӣ маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуоте, ки ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегарданд, аз тарафи мансабдороне, ки назорати давлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо, назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, назорати давлатии байторӣ ва назорати давлатии карантини растании Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ мегардонанд, дар доираи салоҳияташон чунин маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуотро аз назар гузаронида, санҷиши ҳуҷҷатҳои бо мол ҳамроҳ фиристодашавандаро баҷо меоранд ва оиди имконоти ба расмият даровардани воридшавии чунин маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуот ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул мекунанд. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №703).

Дар ҳолате, ки шахсони мансабдори мақомоти назорати давлатӣ дар соҳаи стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо, назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, назорати давлатии байторӣ ва назорати давлатии карантини растании Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба зимма дошга, ба бехатарии чунин маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуот шубҳаи асоснок дошта бошанд, оиди муваққатан ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ кардани ба расмиятдарории воридкунии чунин маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва масунот қарор қабул мекунанд. Номгeи маҳсулоти хeрокворӣ, маводу маснуот ва мeҳлати муваққатан боздориро ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №703).

Дар ҳолате, ки маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуоти ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда хатарнок дониста мешаванд, шахcони мансабдори назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, назорати давлатии байторӣ ва назорати давлатии карантини растаниро ба зиммадошта ворид кардани чунин маҳсулоти хeроквориро ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ менамоянд ва дар ҳуҷҷатҳои бо мол ҳамроҳ фиристодашаванда оиди саломатии инсон хатарнок будан ва қобили фурeш набудани чунин маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуот қайд мекунанд.

Соҳиби маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуоти хатарнок eҳдадор аст, ки дар давоми 10 рeз онро аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон барорад.

Дар ҳолате, ки маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуоти хатарнок мутобиқи мeҳлати нишондодашудаи сарсатри 7 банди мазкур аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда нашаванд, онҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон экспертиза карда шуда, дар асоси натиҷаҳои он бо қарори суд мусодира мешаванд ва бо тартиби муқаррарнамудаи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун партов истифода ё нобуд карда мешаванд. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №703).

Моддаи 22. Талабот ҷиҳати ташкил ва гузаронидани назорати истеҳсолӣ ба сифат ва бехатарии маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуот

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ҷиҳати истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуот фаъолият мекунанд, вазифадоранд назоратро ба сифат ва бехатарии он, риояи талаботи cанадҳои техникӣ ва меъёрӣ нисбати шароити истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуот ташкил ва иҷро намоянд.

Назорати истеҳсолӣ ба сифат ва бехатарии маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуот мутобиқи барномаи назорати истеҳсолӣ, ки аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар асоcи регламентҳои техникӣ, стандартҳои давлатӣ ва санадҳои техникӣ тайёр карда мешавад, амалӣ мегардад. Мутобиқи ин барнома тартиби назорати истеҳсолӣ ба cифат ва бехатарии маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуот, тариқи назорат, санҷиши шароити истеҳсол ва муомилоти он муқаррар мегарданд. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №703).

Моддаи 23. Талабот нисбати кормандоне, ки оиди истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуот фаъолият мекунанд

Кормандоне, ки ба истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти хeрокворӣ, хизматрасонӣ дар соҳаи савдои чаканаи маҳсулоти хeрокворӣ, маводу маснуот ва дар соҳаи хeроки умумӣ машғуланд, ҳангоми иҷрои кор бо маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуот муносибати мустақим доранд, бояд ҳатман пешакӣ ҳангоми ба кор қабул шудан ва ба таври даврӣ ҳангоми кор бо тартиби Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, аз муоинаи тиббӣ, инчунин омeзиши гигиенӣ гузаранд.

Шахсоне, ки ба касалиҳои сирояткунанда гирифторанд, шахcоне, ки ниcбати онҳо оиди гирифтор будан ба ин касалиҳо шeбҳа мавҷуд аст, шахcоне, ки бо беморони касалиҳои сирояткунанда алоқа доштанд, шахcоне, ки паҳнкунандаи барангезандагони касалиҳои сирояткунанда мебошанд ва вобаста ба хусусиятҳои хeроктайёркунӣ ва муомилоти маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуот хатари паҳнкунии ин касалиҳоро доранд, инчунин кормандоне, ки аз омeзиши гигиенӣ нагузаштаанд, ба корҳое, ки ҳангоми иҷрои онҳо бевосита бо маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуот алоқа доранд, роҳ дода намешаванд.

Моддаи 24. Талабот нисбати аз муомилот гирифтани маҳсулоти хўроквории мўҳлати истеъмолиаш гузашта, мавод ва маснуоти бесифат ва хатарнок

Маҳсулоти хўроквории мўҳлати истеъмолиаш гузашта, мавод ва маснуоти бесифат ва хатарнок аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо, назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва назорати давлатии байторӣ бо тартиби муқарраршуда аз муомилот гирифта мешаванд.

Тартиби аз муомилот гирифтани маҳсулоти хўроквории мўҳлати истеъмолиаш гузашта, мавод ва маснуоти бесифат ва хатарнок аз тарафи мақомоти ваколатдори назорати давлатӣ дар соҳаи таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ муқаррар карда мешавад.

Маҳсулоти хўроквории мўҳлати истеъмолиаш гузашта, мавод ва маснуоти бесифат ва хатарноки аз муомилот гирифташуда тибқи тартиби муқаррарнамудаи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон несту нобуд ва ё аз нав коркард карда мешаванд. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №703).

Моддаи 25. Талабот нисбати гузаронидани экспертиза ҷиҳати ҳамчун партов истифода ё нобуд кардани маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуоти аз муомилот гирифташуда

Маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуоти бесифат ва хатарноке, ки аз муомилот гирифта шудаанд, аз тарафи мақомоти назорати давлатӣ бо мақсади муайян кардани имконоти истифода ҳамчун партов ё нобуд кардани маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуот бояд дар доираи салоҳияташон аз экспертиза (санитарию эпидемиологӣ, байторию санитарӣ, молшиносӣ ва ғайра) гузаронида шаванд.

Маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуотеро, ки молики он макони истеҳсолӣ онро тасдиқ карда наметавонад ва нишонаҳои равшани бесифатиро дошта, бинобар ин ба ҳаёт ва саломатии инсон хатарноканд, бе гузаронидани экспертиза бояд ҳамчун партов истифода ё нобуд карда шаванд.

То лаҳзаи ҳамчун партов истифода ё нобуд кардани чунин маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуот молики он бояд дар ҳузури намояндаи мақоми назорати давлатӣ хосияти чунин маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маcнуотро бо роҳҳои имконпазир ва эътимоднок тағйир диҳад, то ки имконияти истифодаи он мутобиқи таъинот аз байн бурда шавад.

Маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуоти бесифат ва хатарнок дар мeҳлате, ки барои гузаронидани экспертизаи онҳо ва ҳамчун партов истифода ё нобуд кардан лозим аст, барои нигоҳдории муваққатӣ фиристода мешаванд, то ки имконияти дастрас кардани ин маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуот имконпазир набошад.

Маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуоте, ки муваққатан нигоҳдорӣ мешаванд, бояд аниқ ба ҳисоб гирифта шаванд. Масъулияти нигоҳдории чунин маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маcнуотро молики он ба eҳда дорад.

Дар асоcи натиҷаҳои экспертизаи маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуоти бесифат ва хатарнок мақоми дахлдори назорати давлатӣ оиди ҳамчун партов истифода ва ё нест кардани он қарор қабул мекунад.

Молики маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуоти паcтсифат ё хатарнок воситаю шароитҳои ҳамчун партов истифода ё нобуд кардани онро мутобиқи талаботи санадҳои меъёрӣ ё техникӣ интихоб намуда, бо мақоми назорати давлатӣ, ки оиди ҳамчун партов истифода намудан ё нобуд кардани маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуот, воситаю шароитҳои ҳамчун партов истифода ё нобуд кардани он қарор баровардааст, мутобиқ месозад.

Имконияти истифодаи маҳсулоти хeроквории бесифат ё хатарнок барои хeрокаи чорво бо мақоми назорати давлатии байтории Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа кунонида мешавад.

Хароҷоти экспертиза, нигоҳдорӣ, боркашонӣ, ҳамчун партов истифода ё нобуд кардани маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуоти бесифат ва хатарнок аз ҳисоби молики он пардохта мешавад.

Молики маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуоти беcифат ва хатарнок бояд ба мақоми назорати давлатӣ, ки оиди ҳамчун партов истифода ё нобуд кардани чунин маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуот қарор баровардааст, ҳуҷҷат ё нусхаи мутобиқи муқаррарот тасдиқшудаи онро, ки воқеияти ҳамчун партов истифода ё нобуд кардани чунин маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуотро тасдиқ мекунад, пешниҳод намояд.

Мақомоти назорати давлатӣ, ки оиди ҳамчун партов истифода ё нобуд кардани маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуоти бесифат ва хатарнок қарор қабул кардаанд, бо сабаби хатари пайдо ва паҳншавии бемориҳо ва заҳролуд шудани одамон ва ҳайвонот, инчунин ифлосшавии муҳити зист вазифадоранд ҳангоми ҳамчун партов истифода ё нобуд кардани онҳо назорат намоянд.

Боби V. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Моддаи 26. Ҷавобгарии маъмурӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Дар ҳолатҳои зерин барои вайрон намудани Қонуни мазкур ҷавобгарии маъмурӣ таъин карда мешавад:

ҳангоми дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол кардан ё ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуоте, ки аз қайди давлатӣ гузаронида нашудаанд;

ҳангоми пешниҳод накардани ҳуҷҷатҳое, ки мутобиқати сифат ва бехатарии маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуотро ба талаботи санадҳои меъёрӣ тасдиқ менамоянд;

ҳангоми пешниҳоди маълумоти нопурра ва нодуруст оиди маҳсулоти хeрокворӣ, маводу маснуот ва хизматрасонӣ, инчунин иҷро накардани шароитҳои ба партов табдил додан ё нобуд кардани маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуоти бесифат ва хатарнок;

ҳангоми истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуоти бесифат ва хатарнок, инчунин истеҳсол ва фурeши маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуоти қалбакӣ;

ҳангоми иҷро накардани тавсияҳо ва қарорҳои мақомоти назорати давлатӣ.

Татбиқи чораҳои ҷавобгарии маъмурӣ шахси гунаҳкорро аз eҳдадории бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта ва ҷуброн намудани зарари ба ҳаёт, саломатӣ ва моликияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ расонидашуда озод намекунад.

Шикоят нисбати фаъолияти шахсони мансабдори мақомоти назорати давлатӣ, ки чораҳои ҷавобгарии маъмуриро истифода кардаанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ мешавад.

Моддаи 27. Ҷавобгарии ҷиноятӣ барои вайрон кардани Қонуии мазкур

Вайрон кардани Қонуни мазкур, ки сабаби зарар расонидан ба саломатӣ ё марги инсон мегардад, мутобиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад.

Моддаи 28. Ҷавобгарии шахсони мансабдори мақомоти назорати давлатӣ

Шахсони мансабдори мақомоти назорати давлатӣ барои бемаcъулиятӣ ҳангоми иҷрои вазифа, инчунин барои рeйпeш кардани ҳодисаҳои барои ҳает ва саломатии инсон хатарнок, мутобиқи тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааcт, ҷавобгар мебошанд.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. РАҳМОНОВ

ш. Душанбе, 10 майи соли 2002,

№54

ҚАРОРИ

МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ

МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҳУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оиди қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Дар бораи сифат ва бехатарии маҳсулоти хeрокворӣ» ва мавриди амал қарор додани он

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2002, №4, қ- 2, мод. 319)

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сифат ва бехатарии маҳсулоти хeрокворӣ» қабул карда шавад.

2. Қонуни мазкур ба истиcнои банди 1 моддаи 10 пас аз интишори расмиаш мавриди амал қарор дода шавад.

3. Муқаррароти моддаҳои 3-8 ва моддаи 9 (ба истиcнои сарсатри 3), моддаи 10, моддаи 12 (ба истиcнои муқаррароте, ки баҳодиҳӣ ва тасдиқи мутобиқати талаботи санадҳои меъёриро оиди хизматрасонӣ дар соҳаи савдои чакана ва соҳаи хeроки умумӣ муайян мекунад), бандҳои 1- 4, 7-13, моддаи 17, бандҳои 1 ва 2, моддаи 18, бандҳои 1-3 ва 5, моддаи 19, бандҳои 1 ва 4, моддаи 20, моддаи 21, моддаҳои 22-27, Қонуни мазкур ҳамчунин ба маҳсулоти атриёт ва косметикӣ, воситаю маҳсулоте, ки барои гигиенаи даҳону дандон истифода мешаванд ва маҳсулоти тамоку дахл дорад.

4. ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

— ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ба Қонуни мазкур мутобиқ гардонидани қонунгузории ҷорӣ таклифҳо пешниҳод намояд.

— қарорҳои худро бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сифат ва бехатарии маҳсулоти хeрокворӣ» мутобиқ гардонад.

Раиси Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. ХАЙРУЛЛОЕВ

ш. Душанбе, 31 октябри соли 2001,

№ 426

ҚАРОРИ

МАҶЛИСИ МИЛЛИИ

МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҳУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оиди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сифат ва бехатарии маҳсулоти хeрокворӣ»

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2002, №4, қ- 2, мод. 318)

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи сифат ва бехатарии маҳсулоти хeрокворӣ»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сифат ва бехатарии маҳсулоти хeрокворӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ

ш. Душанбе, 23 апрели соли 2002,

№ 240

Предыдущая страница 1 2

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *