Фанни Забони точики

Кӯшишҳои навсозии забони адабии тоҷикӣ дар ибтидои саддаи XX

Охири солҳои 20-ва авоили солҳои 30-юми асри гузашта дар таърихи забони тоҷикӣ ҳодисаҳое ба вуқӯъ пайвастанд, ки баҳсу мунозира дар атрофи суду зиёни онҳо то рӯзгорони мо ҳамчунон идома дорад. Ин ҳодисаҳо иборат буданд аз табдили алифбои анъанавии тоҷикон (арабӣ) ба лотинӣ, таҳия ва танзими имлои нав, таъйини чигунагии забони адабии тоҷикӣ, афзоиши нақши матбуот ва тарҷума, таъсири забони русӣ ва амсоли он.

Боядгуфт, ки ин рӯйдодҳо ва сиёсати фарҳангие, ки дар он солҳо амалӣ гардид ва қарору тасмимоти расмие, ки дар ин замина қабул шуд, сипас дар рушду такомули минбаъдаи забони ҳозираи тоҷик ва ташаккули бахши истилоҳгузинии он нақши бағоят муҳим ва гоҳо ҳалкунанда бозиданд. Хотирнишон мешавад, ки забони форсии дарӣ дар масири умри тӯлонии хеш, зери таъсири авомили иҷтимоиву сиёсии замонаҳои гуногун бисёр сифатҳои ноби худро чун соддагиву расоӣ, таровати табиӣ ва зояндагиву пуёиро аз даст дода буд. Ва ба он шаклу сурате, ки ба ворисони оғози асри бистумаш расид, дар нигоришоти расмӣ забоне шуда буд муншиёна, пуртакаллуф, махлут ва дур аз дарки мардуми оддӣ.

«Агар саргузашти ҳафтсад, ҳаштсад солаи «забони адабӣ», «забони китобӣ»-и порсиро бо дидаи санҷиш нигаред, мебинед, ки дар ин муддат забони адабӣ, забони китобии мо пеш нарафта аст, балки пасттар рафтааст, оҳиста-оҳиста дар адабиёти мо ҷои калимаҳо ва ҳатто ҷойи ҷумлаҳои порсиро калимаҳо ва ҷумлаҳои арабӣ гирифтааст. Кор ба ҷое расидааст, ки имрӯз ба забони покизаи порсӣ навиштан барои мо душворӣ мекунад. Барои ифода кардан, навиштан ва гуфтани фикрҳо ва андешаҳои худ, доираи забони порсиро танг мепиндорем, ночор ба кор фармудани суханҳои арабӣ маҷбур мешавем.»[1] — навишта буд А.Муҳиддинов

Дарохирҳои асри ХIХ, вақте ки порсигӯён бо пешрафтҳои шигифтовари инқилоботи сиёсиву иҷтимоӣ ва илму маданияти мамолики Ғарб ошноии хубтар ҳосил карданд, ин айбу нуқсон бештар ҳувайдо гардид ва дар Эрону Осиёи Миёна ҷунбиши соддагароӣ ва ё «ислоҳи забон» мавзӯи баҳс қарор гирифт.

Барои муҳаққиқони таърихи забони муосири тоҷикӣ шикояти олимону маорифпарварон ва шоиру нависандагони машҳури Эрон Мирзо Малкумхон, Ҷамолзода, Саид Нафисӣ ва мақолоти тезу тунди Аҳмади Касравӣ ва монанди онҳо дар боби «инҳитот» ва мураккабии забони форсии аҳдҳои охир маълум аст.

Осори таълимӣ ва танвирии устод С. Айнӣ, А.Фитрат, Мирзо Сироҷ, А.Мунзим ва чанде дигар низ, ки дар оғози асри ХХ таълиф шуданд, кӯшиши раҳоӣ аз ин бӯҳрони забонианд.

Забони мавҷудаи тоҷикӣ дар он айём рӯзгори сахтеро аз сар мегузаронид ва ба он вазъ дигар наметавонист ба пуррагӣ вазифаи иҷтимоии худро иҷро намояд. Дар ҷомеа муносибатҳои нави иҷтимоиву сиёсӣ пайдо шуда буд, вале забон бо луғату истилоҳоти иҷтимоиву сиёсии дар ихтиёрдошта, аз инъикоси ин таҳаввулот оҷиз буд. Ин бӯҳрон сабабҳои объективие ҳам дошт, зеро забон назар ба консерватизме, ки хоси он мебошад, нисбат ба заволу суқути давлатҳо ва тағйиру табдили низомҳои сиёсӣ дертар таҳаввул мепазирад. Дар чунин марҳила ӯ ниёзи шадид ба дастгирии соҳибони забон, махсусан донишмандони ин соҳа дорад.

Инзаъфу нотавонӣ тамоми қаламрави забонро фаро гирифта буд ва форсизабонон онро хуб эҳсос мекарданд. Ҳамин буд, ки охири асри ХIХ ва оғози садаи ХХ бо фосилаи каму беш дар Эрону Афғонистон ва Осиёи Миёна қадамҳои аввалин дар роҳи таҷдиду танзими он гузошта шуд. Бинобар ин баъди Инқилоби Октябр дар марҳилае, ки бисёр арзишҳои моддию маънавӣ дигаргун шуда буд, забон ҳам бояд ба шакле такмил ва ба шароити нав мутобиқ гардонида мешуд. Албатта ба шарте, ки ин ислоҳот ва такомул мутобиқ ба қонунҳои табиии забон (инкишофи забон ва бо назардошти собиқаи таърихии корбурди он дар заминаҳои гуногун) сурат мегирифт, на ба шакли соддагароии авомона, ки мутаассифона дар баъзе мароҳили даврони шӯравӣ мушоҳида мешуд.

Пасаз Инқилоби Октябр, замоне, ки дар Иттиҳоди Шӯравӣ барои як идда қавму қабоиле, ки дар гузашта алифбои худӣ надоштанд ва ё китобе ба забони онҳо то инқилоб чоп нашуда буд (масалан ба забони қирғизӣ нахустин китоб соли 1924 чоп шуд), Ҳукумати нав алифбо ва забони адабӣ месохт, масъалаи ҳаллу фасли забони адабии тоҷикӣ низ дар доираи нуфузи ин раванд қарор гирифт.

Пешаз он ки баҳси худро дар бораи забони адабии тоҷикӣ идома диҳем, бояд ба ин савол ҷавоб пайдо кунем, ки чаро дар даврони чунин дигаргунсозиҳои азими сиёсиву иқтисодӣ масъалаи забон ба ин андоза мавриди таваҷҷуҳи давлат ва ҷомеа қарор гирифт?

Баназари мо «аз навсозии забон» ва ё ба ибораи дигар сиёсати забонии давлати шӯравӣ нисбат ба забонҳои Осиёи Миёна, Қафқоз ва ғайра ду сабаб дошт:

Аввал. «Забони адабии кӯҳна» ва ё «забони китобии мавҷуда» дигар наметавонист ниёзҳои замони нав ва муносибатҳои сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодӣ ва пешрафтҳои бесобиқаи илму маданияти қарни охирро, ки соҳибони ин забонҳо кам-кам ба доираи нуфузи кишварҳои пешрафта кашида мешуданд, бароварда созад. Бинобарин забон ҳам бояд ҳампои ин таҳаввулот тағйир мепазируфт ва такмил мешуд.

Дуввум он ки «ҳеҷ гоҳ нашудааст, ки илму маданиятро барои истифодаи омма тахсис карда бошанд ва барои ба вуҷуд овардани адабиёт ва забони адабии омма эҳтиёҷ афтода бошад»[2].

Тавре ки медонем, дар гузашта шоирону нависандагон осори худро дар як ё ду нусха навишта ба аҳли саводи камшумори давраҳои худ пешкаш мекарданд. Оммаи мардум шарҳу тафсили онҳоро аз забонҳо мешуниданд.

АммоҲукумати шӯравӣ тасмим дошт, ки илму фарҳангро насиби омма гардонад. Бинобар ин забони адабӣ бояд чунон содда бошад, ки омма онро фаҳмад ва аз ҷониби дигар чунон бошад, ки бо он навиштани осори илмиву фаннӣ ва матолиби сиёсиву иҷтимоӣ мумкин бошад. Табиист, ки муқаррар ва муайян кардани чунин забон кори содда набуд. Аз ин рӯ дар баҳсҳо ва мақолот забонро ба «нав»-у «кӯҳна» ҷудо карда, барои баёни он истилоҳоти гуногун сохтанд ва гоҳо мутобиқи руҳи замон рангу бори сиёсӣ ҳам ба он илова карданд, аз қабили: «забони адабии кӯҳна», «забони китобии мавҷуда», «забони китобӣ», «забони адабии омма», «забони зинда (Тоҷикистони Сурх, № 4 (34), 9.01. 1929)», «забони адабии содда», «забони китобии ҳозира (Тоҷикистони Сурх, № 453, 30.01.1930)», «забони чопагии тоҷик (адабӣ ё китобӣ) забони адабии феодалии кӯҳна», «забони мурда», «забони адабии ҳозира (Бектош, Дар атрофи забони адабии тоҷик, 1930 с 4, 20)», «забони нави адабӣ (Роҳбари Дониш, апрели 1929)», «забони буржуазӣ», «забони адабии инқилобии тоҷик», «забони сохтмони сотсиалистӣ (Тоҷикистони Сурх, № 34 (226), 11.02.1930)», «забони адабии тоҷикии пролетарӣ (Тоҷикистони Сурх, № 196 (619)», 1930 ва ғайра.

Ҳалли масъалаи забони адабии тоҷикиро дар даҳсолаи аввали баъдиинқилобӣ метавон ба ду марҳила ҷудо кард:

Марҳилаи аввал пас аз инқилоби Бухоро то ташкили ҷумҳурияти худмухтори Тоҷикистон дар ҳайати Ҷумҳурии Ӯзбекистон (солҳои 1920-1924).

Дарин давра, чунон ки пештар ишора шуд, як гурӯҳи нав бадавлатрасидагони мутаассиби туркпараст кӯшиш карданд, ки тоҷиконро «халқи омад», «бозмондагони эрониён» ва забони онҳоро «забони форсӣ», яъне забони аз берун ба Осиёи Миёна омада, эълон кунанд. Аз мансабу мақомоти ишғолкардаи хеш дар Ҳукумати Бухоро сӯистифода карда, мехостанд ин «ақида»-ро расмӣ созанд ва муваффақ ҳам шуданд, ки тоҷиконро то муддате аз маорифу маданият ва рӯзномаву маҷаллот маҳрум созанд.

Марҳилаи дуввум пас аз ташкили ҷумҳурии худмухтор ва сипас таъсиси ҷумҳурии мустақили Тоҷикистон ва пас аз он (1925-1930). Дар ин давра фарҳангиёни тоҷик бо ҳамроҳи забоншиносон ва шарқшиносони машҳури рус (СемёновА.А., Дьяков, Е.Э.Бертельс, ФрейманА.А., ва дигарон) имконият ва ҳуқуқ пайдо карданд, ки бевосита дар таъини сарнавишти забони модарии хеш дар таърихи нави тоҷикон иштирок ва ибрози ақида кунанд. Ба ин сабаб дар давоми солҳои 1926-1929 дар маҷаллаи «Роҳбари Дониш», рӯзномаҳои «Овози тоҷик», «Правда Востока» ва «Тоҷикистони Сурх» дар атрофи ин мавзӯъ андешаҳои гуногун баён гардид.

9январи соли 1929 дар рӯзномаи «Тоҷикистони Сурх» (№ 4 (34) мақолаи бисёр ҷолиби «Садри шӯрои Комиссарони ҷумҳурияти Шӯроии Иҷтимоии Мухтори Тоҷикистон» А. Муҳиддинов «Фикрҳои мо дар бораи забони адабии тоҷик», ки болотар аз он иқтибос овардем, чоп шуд. Дар он муаллиф андешаҳои нависандагони гуногунро роҷеъ ба ин мавзӯъ арзёбӣ карда, дар асоси таҳлили мисолҳои мушаххас аз матбуоти Эрону Афғонистон назари худро дар ин боб баён карда буд. Ӯ назариёт ва ақоиди мубоҳисонро ба ду гурӯҳ ҷудо мекунад:

Гурӯҳи якум тарафдори он буданд, ки ҳамин забони мавҷудаи китобиро бо андаке ислоҳ қабул карда, ба мақсади имрӯза кор фармоянд. Бад-ин васила, ба ақидаи онҳо, ҳам ягонагии забон дар байни форсигӯёни Осиёи Миёна ва Эрону Афғонистон ҳифз мешуд ва ҳам тавассути забон ба оммаи мардуми Эрон ва Афғонистон таъсир расонда тоҷикон вазифаи «интернатсионалии» худро иҷро мекарданд.

Гурӯҳи дигар мегуфтанд, ки ин забони «пурарабии кӯҳнаро», ҳамон тавре ки тоҷикони Осиёи Миёна намефаҳманд мардуми оддии Эрону Афғонистон ҳам аз дарки он оҷизанд ва бояд роҳи дигаре ҷуст.

Азбаски дар он солҳо романтикаи инқилобӣ ва рӯҳи созандагони нахустин давлати сотсиалистӣ ва бунёдгарони коммунизм оммаро фаро гирифта буд ва вазифаҳое ҳам ки дар назди халқ гузошта мешуд, ниҳоят бузург ва тақрибан дар сатҳи умумиҷаҳонӣ буданд, бинобар ин муаллифи мақолаи мазкур низ ба хулосае меояд, ки «дар Эрону Афғонистон ҳам забони кӯҳна мағлуб мешавад. Забони зиндаи мардум, забони осон, равони порсӣ ғолиб мегардад…Бинобар ин… вазифаи содда кардан ва ислоҳ кардани забони порсӣ вазифаи таърихӣ, вазифаи инқилобии ранҷбарони тоҷикзабони шӯроист».[3]

Дарбораи забони адабӣ бошад ӯ тарафдори он буд, ки «забони гуфтугӯи омма» «асоси забони адабӣ, забони матбуот» қабул карда шавад. Аммо барои такмили ин «асос» чанд мулоҳизаҳоро илова мекунад .

Боназардошти он ки ин мулоҳиза ва пешниҳодот то ҳол аҳамияти худро гум накардаанд ва имрӯз ҳам метавонанд бо каме такмил ба ҳайси роҳнамо ва дастуруламал барои истилоҳсозон ва забоншиносон хидмат кунанд, чанд нуктаи онро нақл хоҳем кард:

  1. «Даромӯхтани забони гуфтугӯи омма кӯшиш кунем, суханҳо, луғатҳои порсӣ, ки дар ҳар ҷо, дар байни ҷамоаҳои гуногуни порсигӯй кор фармуда мешавад, ҷамъ кунем ва ба тадриҷ онҳоро дар адабиёт кор фармоем, умумӣ кунем ва ба ин роҳ доираи забони адабии худро фарох кунем.
  2. Суханҳои порсӣ, ки бо сабабҳои тафовути лаҳҷаҳо ва бесаводии мардум талаффузаш вайрон шудааст, бояд ислоҳ кунем, хусусан вақти навиштан мувофиқи ҷои забон бинависем.
  3. Баандозае, ки метавонем дар гуфтугӯй ва навиштан суханҳои арабиро кор нафармоем. Дар ҷои суханҳои арабӣ аз забони гуфтугӯи омма, аз забони зинда суханҳои порсӣ биёбем ва кор фармоем. Аз забони арабӣ он калимаҳоро нигоҳ дорем, ки ба ҷояш суханҳои порсии осон ва равон ёфта наметавонем.
  4. Боадабиёти кӯҳна, бо асарҳои устодони қадими забони порсӣ ошноии худро биафзоем, ҳар чизе ки аз онҳо қобили истифода аст, истифода кунем ва ба ин роҳ низ забони адабии худро такмил намоем.
  5. Гоҳемешавад, ки барои фаҳмонидан, ифода кардани як матлаб сухани порсии осон ёфта наметавонем, як калимаи арабии маълуму маъруф ҳам ёфта наметавонем, ночор як калимаи мушкилфаҳми ғайримаъруфи арабиро кор мефармоем. Дар чунин мавқеъҳо бояд ҷустуҷӯ кунем, шояд аз порсии қадим сухани ғайримаъруфе ёфта шавад, онро кор фармоем беҳтар аст. Чунки аз арабии ғайримаъруфро кор фармудан порсии ғайримаъруфро кор фармудан ва умумӣ кардан хубтар аст. Ба ин сурат забони мо бо калимаҳои порсӣ пур ва такмил мешавад.»

Аммотахминан баъди 10 моҳ, вақте ки бори аввал мавзӯи забон дар қатори масъалаҳои алифбои нав ва имлои он дар Анҷумани якуми алифбои тоҷикӣ (Тошканд, 28 ноябри 1929) мавриди муҳокима қарор гирифт ва «рафиқ Маҳмудӣ» дар бораи он маърӯза кард, вакилон аз ин пешниҳодот истифодаи шоён накарданд ва пас «аз музокираҳои бисёр» ба чунин қарор омаданд: «На он забоне, ки дар мадраса буд қабул карда шавад, на он забоне, ки дар байни халқ аст қабул карда шавад. Инчунин забони форсии эронӣ, ки қисми бисёраш арабӣ аст қабул карда нашавад. Фақат забоне, ки ҳоло дар газета ва матбуотҳои тоҷикӣ ҷорӣ шуда истодааст, қабул карда, ба тариқи имконият содда ва авомфаҳм карда шавад».[4]

Давлати шӯравӣ давлате буд, ки тамоми умури моддӣ ва ҳатто падидаҳои маънавиро мехост дар қолабҳои муайян ва нақшаҳои мушаххас ҷо ба ҷо кунад. Муносибат ба тамоми рӯйдодҳои давлат ва ҷомеа танҳо аз нуқтаи назари синфӣ сурат мегирифт. Забон ҳам аз ин хати умуман сиёсӣ истисно набуд. Муаллифон ва муҳаққиқон ҳам дар осори худ нисбат ба масоили мавриди омӯзиш чунин бархурд мекарданд. МасаланА. Муҳиддинов дар мақолаи истинодшуда чунин менависад:

«Масъалаи забон аз як ҷиҳат масъалаи илмӣ бошад, аз ҷиҳати дигар аҳамияти калони синфӣ ҳам дорад. Бештар ҷиҳати сиёсии масъаларо дар назар дошта мо низ мехоҳем, ки дар равшан кардан ва ҳал намудани он ҳамроҳӣ кунем.»

Ҳатто қоидаҳои имло ҳам аз ин сиёсатзадагии бемаврид ва дар бисёр ҳолат хандаовар бар канор намонда буд. Масалаи яке аз муаллифони фаъоли он солҳо М. Расулӣ чунин менависад:

«Мобояд ҳеҷ вақт инкор накунем, ки бояд ба ҳар як масъала ба хурду калонии вай нигоҳ накарда, аз ҷиҳати сиёсӣ наздик шавем, аз нуқтаи назари синфӣ ба вай нигоҳ кунем». Сипас мақолоти В.И.Ленинро дар бораи шовинизми бузургдавлатии русҳо сармашқ қарор дода, онро дар қоидаҳои имло низ мехоҳад татбиқ кунад:

«Ваимрӯз … мо бояд ба ҳушёрии тамом ҳаракат кунем, ки дар зери таъсири миллатпарастии тоҷикӣ (таъкиди мо С.Н.), ки иборат аз маҳдуд кардани қонуни имлои тоҷикӣ танҳо «дарӣ»-ро, ки тоҷикҳо мебошанд ва дар зери таъсири шовинизми великодержавӣ, ки иборат аз инкор кардан ва ба назар нагирифтани хусусиятҳо забони тоҷикӣ ва тамоман мутеъ кардани ин забон ба забонҳои узбекӣ ва эронӣ мебошад, намонем».[5]

Муаллифи дигар О. Исматӣ чунин менависад:

«Ҳанӯз дар он (забон С.Н.) таъсири мафкураҳои буржуазӣ-кулакӣ давом дорад… Ҳар як тағйирот ва дигаргунӣ (дар қоидаҳои имлоС.Н.) мазмуни синфӣ дорад. Инро инкор кардан умуман синфӣ будани илмро инкор кардан аст».

Ваё «мо… бояд имлои худамонро аз ҳаргуна таъсироти мафкураҳои бегона ва зиддипролетарӣ тоза намуда, барои имлои осон ва ягонаи синфӣ кӯшише кунем»[6]— менависад дар ҷои дигар.

Соли1930 барои забони адабии муосири тоҷик, таъини меъёру марзҳо ва чигунагии он соли бисёр муҳим буд. Дар таърихи 10-15 феврал дар шаҳри Самарқанд «Кенгош»-и илмии тоҷикони Ӯзбекистон баргузор гардид. Ҳадафи ин конференсия омодагӣ ба Анҷумани забоншиносони Тоҷикистон буд. Масъалаҳое, ки дар ин Анҷуман баррасӣ мешуд бояд қаблан ҳамаҷониба муҳокима ва музокира мешуданд. Асоситарин масъалаи рӯзномаи ин маҷлис масъалаи забони адабии тоҷикӣ буд. Бояд гуфт, ки тамоми баҳсҳое, ки дар тӯли солҳои охир дар ин мавзӯъ ҷараён дошт, ҳама дар атрофи «асос»-и забони адабии тоҷикӣ буд, яъне кадом манбаъро ба ҳайси зербиное, ки забони адабии тоҷикӣ бар пояи он бояд устувор бошад, бояд қабул кард. Андешаҳо мухталиф ва гоҳо муттазод, мубоҳисаҳо бисёр гарм ва гоҳо тезу тунд буд. Аз ҷумла чанд ақида буд, ки музокира ва баҳсҳо дар атрофи онҳо бештар сурат гирифт.

Гурӯҳи маҳдуде мегуфтанд, ки забони адабии тоҷикӣ вуҷуд надорад ва онро бояд эҷод кард, бояд сохт.

УстодС. Айнӣ, ки ба гуфтаи худаш дар ин ҷанҷолҳо «лидер» танҳо ӯ буд ва қавлаш барои мо муътабар аст чунин менависад: «Вақте ки ман «Намунаи адабиёт»-ро (мурод «Намунаи адабиёти тоҷик», чопи соли 1926 дар Маскав аст С.Н.) навишта баровардам, ҳамаи шарқшиносҳо ба ман муқобил баромаданд ва онҳо «забони адабӣ» доштани халқи тоҷикро инкор карданд… Аз ин хатои шарқшиносон пантуркистон истифода бурда, будани тоҷиконро дар Осиёи Миёна инкор карданд… Ин ҷанҷол то солҳои 1928-1930 рӯз то рӯз шиддат карда давом намуд. Дар соли 1926 дар Тошканд, вақте конференсияи ба алифбои лотинӣ гузаштани тоҷикон барпо шуд, як қисми шарқшиносон гуфтанд, ки «тоҷикон ҳастанд, аммо забони адабӣ надоранд. Ин забони адабие, ки дар вай шоирони гузашта ва ҳозираи Осиёи Миёна шеър мегӯянд азони Эрон аст. Бояд дар асоси забони кӯчагӣ барои тоҷикон забони адабӣ аз нав сохта шавад» ва ғайра.[7]

Пасаз баҳсу мунозираҳои шадид тақрибан соли 1930 масъалаи забони адабӣ доштани тоҷикон эътироф шуд ва тарафдорони ин ақидаи болоро дар матбуот «муҳандисон» номиданд ва Анҷумани забоншиносон (1930) назари онҳоро «хандаовар» арзёбӣ кард.

Аксарият тарафдори он шуда буданд, ки «тоҷикон забони адабӣ доранд».

Гурӯҳи дигар тарафдори қабул кардани забони форсии Эрон ё дарӣ буданд. Далели онҳо ҳифзи ягонагии забон бо ҳамзабонон ва ҳамон андешаи «таъсири интернатсионалӣ» буд, ки пештар зикри он рафт. Ин гурӯҳ «байналмилалчиён» ном гирифтанд ва ақидаи онҳо низ бо далелҳои гуногун монанди «забони аристократҳо» будани он вағ. писанд наомад. Масалан яке аз муаллифони он солҳо чунин менависад:

«Забони адабии Эрон на ин ки форсияти (?) худро аз даст додааст ва тамоман асири забони арабӣ шудааст, балки забони имрӯзи Эрон- забони табақаи боло (таъкиди мо С.Н.) буда, худаш муҳтоҷи ислоҳи адабӣ аст.»[8]

Якгурӯҳи дигар бар он буданд, ки «забони кӯҳистон» ба сифати асос қабул карда шавад. Мунаққидон ва мубоҳисон ҳама «софӣ» ва «покизагии забони кӯҳистон»-ро эътироф доштанд, вале дар айни замон мухолифи асоси забони адабӣ қарор додани он гардиданд ва далелҳое пеш оварданд, ки вай аз сабаби сустии робитаҳо бо марказҳои калони сиёсӣ ва фарҳангӣ маҳдуд мондааст ва ё ин ки дар кӯҳистон лаҳҷаҳо бисёр аст ва кадоми онро бояд асос қабул кард ва чанд фоизи аҳолии Тоҷикистон он лаҳҷаро мефаҳмад?

Баъзеҳо тарафдори он буданд, ҳамин «забони оммаро ислоҳ карда» ба ҳайси забони адабӣ қабул намоем. Чанде дигар тарафдори он буданд, ки забони яке аз маҳалҳо Бухоро ва ё Самарқанд асос қарор дода шавад. Аммо «забони Самарқанд» ҳам рад шуд, зеро ки вай «бо овозҳои узбекӣ махлут шуда, ширинии худро аз даст додааст».

Ҳатто яке аз иштирокчиён Ҷалолзода пешниҳод кард, ки «мо забони Бухороро намефаҳмем, забони Душанбеи Тоҷикистонро асос гирифта, аз забони Фарғона низ истифода кунем».[9]

Дарин Кенгош устод С. Айнӣ ҳам баромад карда, тарафдори «забони Бухороро» асоси забони адабӣ қабул кардан шуд. Ба ақидаи ӯ «забони Бухоро аҳамияти таърихӣ ҳам дорад» зеро «ин забони адабии мо ба меҳнаткашони эрониён бегона бошад ҳам, аммо онро нисбат ба забони матбуоташон хубтар мефаҳманд. Байни мо ва онон дар ҷумлабандӣ ва луғат фарқ мавҷуд аст». Аз ҷониби дигар ба фикри ӯ «Бухоро хазинаи луғатҳои тоҷикӣ аст, фақат ҳамин ки ҳанӯз тафтиш нашудааст».[10]

Баъзе баромадкунандагон забони ҳикояи «Аҳмади девбанд»-и устод Айнӣ ва «Бедонабоз»-и Б.Азизиро тахминан забони адабӣ шумориданд. Устоди эҳтиёткор ба ин фикрҳо розӣ нашуда, изҳор кард, ки «ҳикояи Аҳмади девбанд» забони умумӣ набуда, ба тариқи мубоҳиса навишта шудааст. Онро умумӣ шуморидан хатост».[11]

Азбаски ҳадафи маҷлиси мазкур қабул кардани қарори «қатъӣ» набуд, бинобарин он фикри аксариятро ба назар гирифта ба чунин хулоса омад:

«Азбаски шеваи шаҳри Бухоро шеваи ҳама маҳалро дар бар гирифта, шакли умумӣ пайдо кардааст, онро дар забони адабии тоҷик асос қарор дода, баъзе хусусиятҳои майда чуйдааш бароварда шавад ва ба ҳамин асос шеваҳои софи дигар маҳалҳо ҳам дар назар дошта шавад».[12]

Аҷабон аст, ки дар ин марҳилаи ҳалли масъалаи забони адабии тоҷикӣ ҳам андеша ва мулоҳизоти илмии муаллифи мақолаи «Фикрҳои мо дар бораи забони адабии тоҷик» А. Муҳиддинов, ки болотар баъзе пешниҳодҳои он иқтибос шуда буд, ба эътибор гирифта нашуд. Ҳол он ки ӯ мухолифи лаҳҷаи ягон маҳалро асоси забони адабии тоҷик қарор додан буд ва ақида дошт, ки пеш аз ҳама бояд асосҳои илмӣ ва назарии мавзӯъ ҳал карда шавад. Ӯ чунин навишта буд:

«Баақидаи мо, барои ба вуҷуд овардани забони адабӣ лаҳҷаи як ҷоеро чун асос шинохтан даркор нест, беҳтар аст ки мо асосҳои назарӣ ва амалиро муайян кунем. Лаҳҷаи кадом ҷой, ки ба асосҳои мо мувофиқ ва наздик бошад, забони адабии мо низ ба он лаҳҷа наздик мешавад. Ё он ки он лаҳҷа ба забони адабии мо наздик мешавад. Мақсади мо ба вуҷуд овардани забони адабии маҳаллӣ (таъкиди мо С.Н.) нест, бояд мо як забони адабӣ ба вуҷуд орем, ки фаҳмиданаш барои ҳамаи тоҷикзабонони шӯроӣ осон бошад. Забоне ки барои оммаи мо фаҳмиданаш осон бошад, он забон барои мардуми порсигӯи Эрону Афғонистон ва Ҳиндустон ҳамчун забони адабии умумӣ пазируфта хоҳад шуд».[13]

Саранҷом моҳи августи соли 1930 дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Сталинобод нахустин Анҷумани илмӣ-забоншиносии Тоҷикистон барпо шуд. Ин Анҷуман дар ҳаёти фарҳангии Тоҷикистон рӯйдоди ниҳоят боарзиш ва муҳим буд ва дар он аз «профессорони Ғарб сар карда, то қувваҳои илмии кӯҳистони Бадахшон» ширкат доштанд ва он «ба ҳал кардани чанде аз масъалаҳои илмӣ ва корҳои маданияти пролетарӣ аҳамият ва қимати худро дар саҳифаи таърих ёдгор гузошт ва таҳкурсии маданияти пролетариро барпо намуд».[14]

Масъалаи забони адабии тоҷикӣ дар ин Анҷуман ҳам яке аз масъалаҳои марказӣ буд ва тавсияҳои гуногуне, ки дар ин маврид маҷлису конференсияҳои мухталиф тайи 4-5 соли охир пешниҳод карда буданд, аз тарафи вакилони Анҷумани «чуқуртар дида шуданд». «Қарорҳои ин Анҷуман ба забон ва лаҳҷаи тоҷикон мутобиқ афтода, пойдор ва тағйирнопазир мемонад»[15], навишта буданд муфассирони маҷаллаи «Роҳбари дониш» дар бораи аҳамияти қарорҳои ин Анҷуман.

ДарАнҷуман доир ба масъалаи забон Н.Бектош ва профессор А.А.Семенов маърӯза карданд. Пас аз баҳсу мунозираҳои тӯлонии шашрӯза Анҷуман аҳамият ва зарурати муайян кардани забони адабии тоҷикии «ба омма наздик ва оммафаҳм»-ро ба ибораҳои хоси сиёсии он солҳо чун «сохтмони сотсиалистӣ»., «баланд бардоштани дараҷаи оммаи меҳнаткашони тоҷик» ва «ҷорӣ кардани таълимоти маҷбурӣ» иборат аз се модда қарор содир намуд, ки аз русӣ тарҷума шуда буданд.

Баманзури дарки моҳияти ин қарор ва нишон додани чигунагии тағйироти забони тоҷикӣ дар асари сиёсати забонӣ дар тӯли 7-8 соли баъди инқилоб он моддаҳоро барои мисол айнан меоварем:

  1. «Забони мавҷудаи адабӣ, ки бисёртар мероси муносибатҳои иҷтимоии давраи феодалӣ мебошад, моҳиятан баъд аз инқилоб ба тарафи забони зиндаи омма нигоҳ карда дигаргун шуда бошад ҳам, бо ҳамаи ин хоҳ аз ҷиҳати сарфии худ ба дараҷае, ки лозим аст, ба наздикӣ наомадааст ва ин тараққикунонии дараҷаи мадании оммаро душвор мекунад, кори тайёр кардани кадрҳо аз забон барои ҳама навъҳои хоҷагӣ ва маданӣ ба ақиб меандозад.
  2. Якеаз яроқҳои муҳими зиндагонии маданӣ ва силоҳи муборизаи синфӣ будани забонро ба назар гирифта Анҷуман чунин мешуморад: Забони адабии тоҷик барои боло бардоштани савияи меҳнаткашони тоҷик ва барои кашидани оммаи ранҷбарон ба тарафи сохтмони социалистӣ ҳанӯз яроқи мукаммал нашудааст. Бинобар ин барои оммаи васеъро як намудани забони адабӣ як қатор чорабиниҳои ташкилотӣ дидан лозим аст. Анҷуман инро ба назар мегирад, ки ҳамаи шеваҳои тоҷикӣ хоҳ аз ҷиҳати луғат ва хоҳ аз ҷиҳати сарфӣ як қатор хосиятҳои муштарак доранд, ки аз забони адабӣ фарқдор мебошанд ва ин хусусиятҳоро дар забони адабӣ кор фармудан лозим аст.
  3. Анҷуман дар забони тоҷикӣ мавҷуд будани шеваҳои гуногунро қайд намуда, чунин мешуморад, ки фарқ миёни онҳо чандон калон нест, ки барои ба вуҷуд овардани забони адабии ягонагӣ, ки бояд забони муассисаҳои давлатӣ, китобҳои дарсӣ, асарҳои илмӣ, матбуот ва ғайра шаванд, мамонияте карда натавонанд.»[16]

Анҷумани мазкур тавре ки ишора шуд, яке аз рӯйдодҳои муҳими илмӣ ва фарҳангии он солҳо буд ва аз нуқтаи назари сиёсӣ ва таърихӣ бидуни шак барои забони адабии Тоҷикистони ҷавон аҳамияти фавқулодда калон дошт. Нахустин бор дар таърих буд, ки забони тоҷикӣ ва проблемаҳои рушду инкишофи он ба сурати асрӣ, бо иштироки мутахассисон аз рӯи меъёрҳои илми забоншиносии ҷаҳонӣ баррасӣ мешуд. Вазифаи асосии Анҷуман иборат аз он буд, ки баҳсу мунозираҳо ва пешниҳоду тавсияҳоеро, ки дар атрофи забон тайи чанд соли охир баён шуда буданд, муҳокима намуда, доир ба чигунагии забони адабии тоҷикӣ ва роҳҳои рушду такомули ояндаи он ҳукми «қатъӣ» барорад. Аммо аз мутолиаи қарорҳои қабулкардаи он мебинем, ки вай бо вуҷуди тайёрии хуб ва сифати «ҷовидонагӣ» ва «барпокунандаи таҳкурсии маданияти пролетарӣ» натавонист нақши қонунгузориро, ки ҷомеаи фарҳангӣ аз он интизор буд, ба пуррагӣ иҷро намояд. Қарорҳои қабулшуда асосан тарҳи мавзӯъ буда, дар бисёр маврид хом, меъёрҳои ташхиси забони адабӣ бошад тафсирталаб ва принсипҳои ташаккули истилоҳоти он норавшан боқӣ монданд. Ҳатто андешаҳои алоҳидаи судманд, ки дар ҷараёни муҳокимаи тӯлонии ин масоил ба миён омада буданд, дар қарорҳои Анҷуман ҷои муносиби худро наёфтанд.

Албатта набояд пиндошт, ки бо як анҷуману чанд маҷлису машварат чунин проблемаҳои муҳим, аз қабили таъйини забони адабӣ ва ё ташаккулу такомули истилоҳгузинии онро ҳал кардан мумкин бошад. Вале боз ҳам чунин андеша пеш меояд, ки агар Анҷуман ба масъалаҳои умумӣ маҳдуд нашуда, қарорҳои мушаххас ва устувор бар пояи принсипҳои эътирофшудаи илмӣ қабул мекард, шояд мумкин буд дар оянда зуҳури бисёр падидаҳои номатлуб ва «сиёсати дарҳои боз»-ро барои вуруди ҳаргуна луғоту истилоҳоти воҷибу новоҷиби бегона ва нуфӯзи дастурии забони русӣ пешгирӣ карда шавад.

  1. А.Муҳиддинов, Фикрҳои мо дар бораи забони адабии тоҷикӣ, Тоҷикистони Сурх, № 4 (34), 9 январи 1929; Минбаъд: А. Муҳиддинов, Фикрҳои мо дар бораи забони адабии тоҷикӣ (дастнавис, Бойгонии Кумитаи истилоҳоти назди Раёсати АИ ҶТ).
  2. А. Муҳиддинов, Фикрҳои мо дар бораи забони адабии тоҷикӣ//Тоҷикистони сурх, №19, 28 ноябри соли 1929.
  3. А. Муҳиддинов, Фикрҳои мо дар бораи забони адабии тоҷикӣ// Тоҷикистони Сурх, № 19, 28 ноябри 1929
  4. Тоҷикистони Сурх, № 19, 28 ноябри 1929.
  5. М.Расулӣ, Масъалаи алифборо ба зудӣ ҳал кардан даркор// маҷаллаи Роҳбари Дониш, № 5 (44) декабри 1931 (бойгонии Кумитаи истилоҳоти назди Раёсати АИ ҶТ)
  6. О. Исматӣ, Дар бораи принсип ва баъзе қоидаҳои ихтилофноки имлои забони тоҷикӣ, маҷ, Инқилоби маданӣ № 8-9 (34-36), 1933, с 34-36, 40-44.
  7. С. Айнӣ, Нақл аз китоби Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ, Сарнавишти форсии тоҷикии Фароруд дар садаи бист, Душанбе, 2003, с.88
  8. Бухороӣ, Дар гирди масъалаи забони адабии тоҷик, Овози тоҷик, № 36, (465), 13 феврали 1930
  9. Муфассал ниг: Овози тоҷик, № 36 (465), 13 феврали 1930.
  10. Овози тоҷик, № 36 (465), 13 феврали 1930
  11. Ҳамон ҷо.
  12. Б. Азизӣ, Ҷамъбасти Кенгоши илмии тоҷикони Ӯзбекистон, Роҳбари дониш, № 2 (29) феврали 1930, (Бойгонии Кумитаи истилоҳоти назди Раёсати АИ ҶТ)
  13. А. Муҳиддинов, Фикрҳои мо дар бораи забони адабии тоҷикӣ
  14. Ҷамъбаст ва қарорҳои Анҷумани нахустини илмӣ -забоншиносии Тоҷикистон, Роҳбари дониш, №№ 10, 11, 12 соли 1930 (бойгонии Кумитаи истилоҳоти Раёсати АИ ҶТ); Минбаъд: Роҳбари дониш, №№ 10, 11, 12, 1930.
  15. Ҳамон ҷо.
  16. Нақл аз Роҳбари дониш, №№ 10, 11, 12, 1930 (Бойгонии Кумитаи истилоҳоти назди Раёсати АИ ҶТ)
0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *