Фанни Таърихи Чахон(Умум)

Варзиш ва чангхои гладиатори дар Рим

Тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш. Тарбияи ҷисмонӣ дар давлате, ки дар марҳалаи дунёи қадим дар рушди худ ба зинаи баландтарин ноил гардидааст, ба ҷумлаи давлатҳои дорои мушкилиҳои зиёду пурихтилофи таърихи маданият мебошад. Маҳз дар ҳамин ҷо дар замони сохти ғуломдорӣ қӯшуне мавҷуд буд, ки аз назари тайёрии ҷисмонӣ дар сатҳи баландтарин тайёр карда шуда буд. Сатҳ ва тантананокии мусобиқаҳо мислаш диданошуда буда, моҳияти шуғли умумихалқӣ дошт. Дар Рим тарбияи муташаккили мактабии тарбияи ҷисмонӣ вуҷуд надошт. Табақаи ҳукмрони Рим талаботи ҳаётии худро эҳсос намекард, ки бояд фаъолона ба машғулиятҳои варзишӣ ҳамроҳ бошад. Варзиш то як дараҷа боиси таваҷҷӯҳи онҳо гардида буд, вале онҳое, ки дар мусобиқаҳои варзишӣ иштирок мекарданд, ба чашми нафрат назар мекарданд.

Сарчашмаҳои сершумор ишора ба он доранд, ки тайёрии ҷисмони ҷавонони синашон 16 – 17-сола, яъне то хизмат дар қӯшун, қотеан вазифаи оила ҳисобида мешуд. Рост аст, ки дар асри IV то милод зери унвони “лудус” муассисаи таълимие оид ба тарбияи ҷисмонӣ ташкил карда шуда буд, вале аз ин наметавон хулоса баровард, ки гӯё дар Рим, ба мисли Юнон барои ташкили тарбияи ҷисмонии ҷавонон шароит муҳаё карда шуда бошад. Вале аллкай дар асри III то милод тайёр кардани ҷанговарон дар урдугоҳҳои умумӣ маркаҳонида шуда буд.

C:\Users\USER\Pictures\варзиш.jpg
C:\Users\USER\Pictures\ывыв.jpg

Гуштингирони Рими Қадим

Нисбат ба полисҳои юнонӣ дар Рим ҳокимият ба ихтиёри гурӯҳи камшумори одамон марказонида шуда буд. Дар чунин шароит. Дар чунин шароит ҳаракати ҷамъиятие тавлид ёфта наметавонист, ки ба тарбияи ҷисмонӣ моҳияти муташаккилӣ диҳад ва оммаи халқро ба ин кор ҳавасманд намояд. Дар чунин фазомашқҳои ҷисмонӣ воситаи қонеъ гардонидани талаботи шахсӣ ва шакли инфиродии шуғл мондан мегиранд.

C:\Users\USER\Music\оулус.jpg
C:\Users\USER\Music\11.JPG

Лудус дар Рими Қадим Намудҳои варзиш дар Рими Қадим

Тарбияи ҷисмонӣ дар замони шоҳии Рим. Аз байн рафтани падаршоҳӣ ва давраи демократияи ҳарбӣ дар Италия барои рушди тарбияи ҷисмонӣ дар асоси табақавӣ шароит муҳаё кард. Расмҳо дар гулдонҳо ва ҷойҳои гуронидашудаи этрусскҳо, ки дар натиҷаи кофтукови бостоншиносон, ёфта шудаанд, нишонаҳои мусобиқаҳоро оид ба варзиши сабук, гуштин ва шиноварие боқӣ мондаанд, ки давраи таърихии пеш аз Рими қадимро дар бар гирифтаанд.

Чунин ёдгориҳо дар ҳаёти мустамликаҳои юнонии воқеъ дар ҷануби Талия низ кашф карда шудаанд. Тахминан дар асри VIII то милод Рим ва деҳоти дар атрофи он воқеъбуда дар зери роҳбарии Алба Лонга иттифолқи шаҳрҳоро ташкил намуданд. Иттифоқи шаҳрҳо коху ибодатхонаҳои умумӣ дошт, ки эҳтимол дар ҳамин ҷо мусобиқаҳо бо иҷрои русумоти анъанаҳо дар як вақт сурат мегирифтанд. Дар бозиҳои асрҳои VIII — VII то милод халқҳои ҳамсоя танҳо ба сифати меҳмонон иштирок мекарданд.

Тарбияи ҷисмонӣ дар замони Ҷумҳурии Рим. Дар охирҳои асри VI то милод ҳокимияти этрусскҳо заиф мешавад. Рим шоҳи охирини этрускҳоро аз шаҳр пеш кард ва худро Ҷумҳурии Рим эълон мекунад. Баъди ба вуҷуд омадани шакли нави давлатдорӣ Рим аз чор тараф мавриди ҳамлаҳои давлатҳои ҳамсоя смегардад. Бозиҳое, ки бо номи “Луди Магни” ҳамчун савганд бо шарафи ғалаба бар собиқ иттифоқчиён моҳияти умумихалқӣ пайдо намуд. Вале дар баробари мубориза дар байни патритсийҳо ва плебейҳо, ҳар кадоми ин гурӯҳҳои ҷамъиятӣ бозиҳои алоҳидаю мустақили худро мегузаронидагӣ мешавад.

Соли 287 то милод плебейҳо, ки онҳо наметавонист қӯшун, тиҷорат ва истеҳсолоти мануфактурӣ вуҷуд дошта бошад, ниҳоят ба он муваффақ мешаванд, ки ба онҳо ҳуқуқҳои баробар дода шаванд, ки имконият фароҳам овард, ки дар баробари бархурдҳои сиёсии дохилӣ, та

моми Италияро ба даст дароранд. Дар замони ҷангҳои истилогарона точанде сохти иҷтимоии ҷомеа тағйир касб мекард ва дар баробари ин, моҳияти моҳияти тарбияи ҷисмонии Рим низ.

C:\Users\USER\Music\3.JPG
C:\Users\USER\Music\2.jpg

Бозиҳои Олимпӣ дар замони шоҳии Рим

Дар асри III то милод, дар сиркҳо баробари барномаҳои хоси худӣ, намудҳои нави ташоҳо ташкил менамуданд, ки яке аз онҳо ҷанги гладиаторҳо буда, аз этресскҳо қабул карда буданд. Дар аввал ин намуди набарди тан ба тан пурра қисми таркибии анъанаи динии қурбоникунӣ ба хотири арвоҳи марҳумон иҷро карда мешуд. Вале бо мурури замон таваҷҷӯҳ ба ҷанги гладиаторҳо меафзояд, бинобар ин, онро аз русумоти дафн кардани марҳум ҷудо мекунанд ва ҷангҳои гладиаторӣ яке аз воситаҳои мубориза барои ҳокимият мегардад

Тарбияи ҷисмонӣ дар замони Империяи Рим. Дар баробари тағйирёбии сохти сиёсӣ дар Рим тарзи зиндагӣ тағйир меёбад, яъне дар таърихи тарбияи ҷисмонии Рим марҳалаи нав фаро мерасад.Ҷнгҳои истилогарона, инчунин аз тарафи заминдорони калонистифода бурдани мекҳнати ғуломонба аҳволи деҳқонон зарари калон расонид – аксрияти онҳо заминҳои худро аз даст дода. бо ҳамиин имконият фароҳам оварданд, ки шумораи одамони аз ҳисоби меҳнати ғуломон тайёрхурро зиёд кунанд.

Бо гузашти вақт сохторҳои давлатии ҷумҳурӣ аз ӯҳдаи таъмини ҳукмронии шумораи камшумори ашрофони заминдор бар гражданҳои озоди сершумори муфлисшуда, сокинони музофотҳо ва ғуломон баромада натавонистанд. Империяи ба диктатураи ҳарбӣ асосёфта дар охири асри I то милод ба бӯҳрони нимасраи бӯҳрони дохилӣ хотима гузошт.Ба итмом расидани ҷангҳои шаҳрвандӣ, таъмини амнияти дохилӣ барои рушди қариб 200-солаи ҳаёти иқтисодӣ ва маданӣ шароит муҳаё сохт.

Тарбияи ҷисмонӣ аз воситаи нпбпрдҳои байнигурӯҳӣ ба мавзӯи “ғамхории” ҳокимият табдил ёфта ва вазифаи ваколати намояндаги (репрезентативӣ)-ро мегирад. Императорон даро ҳавои кушод ҳавзҳои бузургро барои оббозӣ месохтанд, ки дар мобайни онҳо дар зери ҳавои кушод майдончае барои шуғлварзандагор ғунҷонда шуда буд. Намояндагони табақаҳои осудаҳол дар ин ҷо вақти зиёди худро дар якҷоягӣ гузаронида, бо ҳамдигар мулоқот мекарданд. Дар баробари шиноварӣ ҳар кадом машқҳои барои худ дилкашро иҷро мекард. Беъзуҳо рақс мекарданд, медавиданд, гӯштин мегирифтанд, вазн мебардоштанд, дигшарон хурсандӣ карда ба туббозӣ ва бозиҳои рӯимизӣ машғул мешуданд.

Дар империяи Рим аз тарафи табақаи ҳукмрон ҷидду ҷаҳд барои паҳн кардани набардҳо мувофиқи қолабҳои юнонӣ карда мешуд. Ҳангоми идҳои консулӣ мусобиқаҳои давидан, асптозӣ ва қаиқронӣ бо иштироки гражданҳои Рим ташкил карда мешуданд. Август баҳри эҳёи Бозиҳои Троянӣ дар сирк ҳам кушиш кард. Кушиши Доминитсиан нисбат ба кушиши Август бобарортар баромад. Бозиҳои ташкилкардаи ӯ дар соли 86 милодӣ то пароканда шудани Империяи Ғрбии Рим идома ёфтанд.

Барои қонеъ гардонидани талаботи халқ аз шуғл варзидан дар бозиҳо баъди Колизей сирки Максимус сохта мешавад, ки минбарҳо (трибунаҳо)-и он дар асри IV то 350 ҳазор ҷои нишаст васеъ карда шуда буданд. Дар охирҳои замони Империя Рим дарозии мӯзлати бозию мусобиқаҳо ва тамошои онҳо то 175 рӯзро дар як сол ташкил мекард. Биноҳои сирк ва амфитеатрҳо на танҳо дар шаҳри Рим, балки берун аз он ва – дар помпей, Капуя, Верона ва Сиракуза сохта мешуданд.

Дар оғози замони Империяи Рим ҷангҳои гладиаторӣ нисбат ба намоишҳои сиркӣ ва шуғлварзӣ ба намудҳои юнонӣ ба вои дуюм поён мефурояд. Вале дар замони дар замони таназзули Империяи Рим ҷангҳои гладиаторӣ аз нав ба ҷои аввал мебароянд. Барои он, ки намоишномаҳои халқӣ боз ҳам гуногунранг гардонида шаванд, саҳнаҳои театрҳои калонтарин бо ҳавзҳо аз нав ҷиҳозонида мешаванд, ки мумкин буд онҳо аз об пуркарда шаванд, то ки баъд дар об бо иштироки киштиҳо ҳар гуна мусобиқот доир гардонида шаванд.

Мусобиқа бо аробаҳои дучарха.Яке аз сиркҳои Рим “Циркус Максимус” буд, ки дар он мусобиқаҳои аробаҳои дучарха доир гардонида мешуданд, ки таърихи он аз ҳанӯз этрусскҳо оғоз кардааст. Вале тахминан соли 50 то милод Юлий Сезар ин сиркро аз нав сохта, дар баробари ин ба он тағйирот ворид карда, дарозии онро 600 метр ва барашро то 225 метр васеъ мекунад.

Римиҳо ба мисли юнониҳо аз низоми дарвозаи оғози мусобиқа истифода мебаранд, ки он “карцер” (аз лотинӣ – carcer, монеа)ном дошт. Ипподроми Рим дар миёнаҷои монеа (spina) роҳравҳои ҷудокунанда дошт. Мавқеъҳои оғози (стиарти) мусобиқа мисли юнониҳо на дар тамоми васеъгии иподром, балки дар як тараф воқеъ гардида буд. Вақте ки аробаҳо дар назди дарвоза қатор мешуданд, император (ва ё ташкилкунандаи дигари мусобиқот — агар мусобиқа дар рим доир намеегардид) ҳамчун оғози пойга рӯймолча (mappa)-ро ҳаво медод.

Ҳарруза даҳҳо пойга ташкил карда мешуд баъзан дар тули садҳо руз пай дар пай. Худи пойга чун аз юнониҳо ҳар пойга аз 7 давродавр иборат буд, ҳол он ки пойгаи юнониҳо 12 давродаврро ташкил мекард. Бо ҳамин римиҳо мехостанд, ки дар пойга ҳарчӣ иштирокчиён зиёдтар бошанд.

Аробаи дучархаро чор асп (квадрига, quadriga) ва ё ҷуфти асп (“бига”, biga) мекашид, вале пойгаҳи чораспа афзалтар дониста мешуд. Баъзан ҳамин тавр ҳам мешуд, ки аробасавор мехост, ки маҳорати худро нишон диҳад барои ҳамин ба ароба ҳатто 10 аспро ҳам дар як вақт кӯш мекард, вале аз ин фоидае ба даст намедаровард.

Яке аз махсусиятҳои мусобиқа дар аробаҳои дучарха аз он иборат буд, ки ғолиби мусобиқа аробатоз auriga, ҳисобида мешуд, гарчанде ки одатан ӯ чун дар Юнон ғулом буд Ғолиб чанбари нахл ва каме пул мукофот мегирифт. Агар ғулом бисёртар ғолиб мебаромад, озодии худро харида метавонист Ҳаёти аробастоз на онқадар дуру дароз буд, вале аробатозе, ки баъди давҳои зиёд зинда монда метавонист, дар тамоми Империя машҳур мегардид. Чунин аробатози шӯҳратманд Скорпус буд, ки зиёда аз 2000 маротиба аробатозиро бурда, дар синни 27-солагӣ дар сутуни гардишӣ бархурда ҳалок мегардад. Аспҳо низ чунин машҳур мешуданд.

Қасри император аз ипподром на онқадар дур воқеъ гардида буд, ва ӯ метавонист бе мушкилие пойгаҳҳоро тамошо кунад. Барои халқ тамошои пойга яке аз он имкониятҳои каме буд, ки доҳии худро бюубинанд. Юлий Сезар бисёр вақт ба пойгаҳҳо барои он меомад, ки ӯро омма бинад, гарчанде ки ба худи пойгаҳ на онқадар таваҷҷӯҳ зозир мекард. Аз ин рӯ, ӯ одатан ягон чизро бо худ барои хондан меовард.

Нерон, бараксч, бо дилу ҷон ҳаводори пойгаҳҳои аробаҳои дучарха буд. Ӯ худаш аробаи дучархаро идора карда метавонист, ва ҳатто дар як пойгали Бозиҳои Олимпӣ (ки дар замони Рим доир гардида буд) ғолиб баромадааст.

Дар аҳди Нерон ташаккули клубҳои пойгачиёни аробаҳои дучарха оғоз меёбад. муҳимтарини ин клубҳо чорто буданд: “Сурхҳо”, “Кабудҳо”, “САбзҳо” ва “Сафедҳо”. Дар Рим ипподромҳои пойгаҳи аробаҳои дучарха хеле зиёд будандки калонтарини онҳол Циркус Максентиуси номбурдаи Рим ва ипподромҳои дигар аз қабили ипподромҳои Александрия, Антиохия мавҷуд буданд. Константини Бузург дар Яҳуд чор ипподроми бузург сохтааст. Дар асри IV Константини Бузург дар пойтахти нави давлати худ – шаҳри Константинопол бо номи “Циркус” ипподром месозад.

Дар пойгаҳҳои аробаҳои дучарха баъзе аробатозҳо дарома варзишгар будааст. Ӯ дар тули варзишгарии худ 35863120 сестерсийқ (ин маблағ дар ҳайкали Гай Аппулей Диокл ки онро мухлисон гузоштаанд, ҳаккокӣ карда шудааст), ки ин маблағ мувофиқи ҳисоби олимон қариб наздик аст ба 15 миллиард доллати имрӯзаи ИМА баробар мебошад.

Ҷангҳои гладиаторҳо. Гладиатор (аз лотинӣ — gladiator– “шамшердор”) – ҷанговар дар Рими Қадим, ки ӯ бо худ баринҳо баҳри дилхушии тамошобинҳо дар саҳна (арена)-ҳои варзишгоҳҳои Рим набард мекард.

Сабаби асосии бавуҷудоии бозиҳои гладиаторӣ оини дафнкунии марҳум буда, аз этрусскҳо қабул карда шудааст ва он ба гӯштини сумои ҷопонӣ шабоҳат дорад. Қурбонии воқеии инсон на танҳо ғулом, балки одамони озод бояд дар даст шамшер дар наздикии қабр набард мекарданд ва дар ин ҷанг заифтар ҳалок мегардид ва ғолиб зинда монда, сабабгори хурсандии ҳозирин мегардид.

Ғуломони ихтиёрӣ идду ҷад ба он мекарданд, ки ба матаби гладиаторо афтанд, чунки дар саҳна ҷ5ангида, сазовори эщтироми тамошобинон мегардиданд ва онщо бо щамин рощ метавонистанд ба озодӣ муваффақ шаванд. Бисёр ваққт ғуломон байни худ набард ташкил менамуданд, то ки қувваи худро дар назди сентурионҳо намоиш бидищанд. Дар мактаби гладиаторҳо навмашқонро машқҳои пурмашаққат интизор буданд ва бисёриҳоба чунин машқҳои вазнин тоб варда наметавонистад.

Соли 10 то милод боиои гладиато ба ҷумлаи тамошоҳои умумихалқӣ дохил карда мешаванд. Аз ҳамин сол сар карда давлат ба зимаи магистратҳои худ доир гардонидани онҳооро вогузор мекунад. Ҷангҳои гладиаторӣ чӣ дар пойтахт ва чӣ дар тамоми мамлакат ба тадбири пурзавқи дӯстдоштатарини тапмошобинон мегардад, ва касоне, ки майли муваффақшавӣ дар майдони сиёсатро дошт, инро ба ҳисоб мегирифтагӣ мешаванд. Сезар соли 65 то милод чунин бозиҳоеро ташкил менамояд, ки дар он 320 ҷуфт гладиаторҳо иштирок намуданд. Душманони ӯ сахт тарсиданд: на танҳо ин ҷавонмардони мусаллаҳ даҳшатнок буданд; Он чӣ даҳшатнок буд, ки бозиҳои пуршавқу завқ дар ба тарафи худ кашидани халқ ва ба даст овардани овозҳо дар интихорбот даҳшатнок буд. Соли то милод мувофиқи маслиҳати Тсисерон қонуне қабул карда мешавад, ки мувофиқи он ба номзад ба номзад ба мансаби магистратҳо дар давоми ду сол доир намудани “ҷангҳои гладиаторӣ” манъ карда мешавад. Вале касе ба шахси алоҳида чунин бозиҳоро бо сабаби ёдоварии хеши фавтида “доир” намояд, махсусан агар ӯ ба меросхури худ васият карда бошад, ки чунин бозиҳоро доир намояд, манъ карда наметавонист. Соли 66 милодӣ Нерон дар шаҳри путиол ба шхотири шоҳи Арманистон Тиридати I бозиҳои хеле қимматхарҷоир мегардонад, ки дар он эфиолҳо. Аз он ҷумла занҳо низ штирок мекунанд. Император Доминитсиан бошад, соли 89 ба мавдон гладиаторҳои паканаро мебарорад

Импероатори Рим Коммод дар саҳна ба сифати гладиатор ҷанг карданро нағз медид. Ӯ 735 маротиба дар ҷанги гладиаторӣ иштирок намудааст

Ҷангҳои гладиаторӣ дар Империяи Ғарбии Рим дар соли 404 милодӣ манъ карда мешаванд.

Баъд аз он ки ҷангҳои гладиаторӣ ба шуғл мубаддал мегарданд, мактабҳои гладиаторӣ кушода мешаванд. 90 % гладиаторҳо зинда мемонданд ва танҳо 10 % онҳо ҳамчун тасодуф ҳалок мегардиданд. Ба гладиаторҳои захмбардошта кӯмаки хуби тиббӣ расонида мешуд. Табибони римӣ дар маҳорати табобат карда тавонистани захмҳои шамшер ва ҳам устухонҳои шикастаю бурида шӯҳратманд гардида буданд. Дар мавриди ҷарроҳӣ табибон аз наркоз истифода мебурданд. Вале дар боздоштани хунравӣ аз узвҳои дохилӣ оҷизӣ мекашиданд, ва чунин гладиатор вафот мекард.

Музди гладиатор дар як ҷанг ба маоши яксолаи сарбози Рим баробар буд. Барои ду ғалаба гладиатор метавонист дар мактаби гладиаторҳо манзили якҳуҷрагӣ вҷа ҳайкалча барои ибодат дошта бошад. Ҷангҳои гладиаторҳо бо иштироки доварон гузаронида мешуданд. Гладиаторҳои моҳирро ба хизмат дар сафҳои қӯшун ҷалб мекарданд ва онҳо дар лашкаркашиҳо ширкат меварзиданд. Ба шарафи ғалабаҳои бузург ва воқеаҳои муҳим мусобиқаҳои бузург ташкил карда мешуданд, ки ғолиби чунин мусобиқаро триумфатор меномиданд ва ғалабаро Триумф меномиданд.

Дар мавридҳое, ки гладиатор имконияти идома додани набардро аз даст медод, ӯ ангуши калони худро ба боло бардошт. Ҳамин тариқ, ӯ аз тамошобинон хоҳиш мекард, ки тақдири ӯро ҳал намоянд. . Вобаста ба андешаи издиҳом, ғолиб ҳақ дошт захмбардоштаи дар замин хобидаро ба қатл расонад ва ё ӯро зинда бимонад, ба шарте, ки аз тариқи муқовимати сахт ба ҳаёт сазовор бошад. Дар он бозиҳое, ки дар рим доир гардонида мешуданд “овоздиҳии” анбуҳ ба воситаи ишораҳо сурат мегирифт, ки он бо мурури замон иваз мешуд. Агар гладиатор бо мардонагию шуҷоати худ сазовори офарини тамошобинҳо шуда бошад ӯро метавонистанд бахшанд.

Гарчанде, ки имрӯз андешае вуҷуд дорад, ки мувофиқи он гӯё ангушти боло бардошта маънии “ҳаёт” ва поёнкарда маънии “марг”-ро дошта бошад, имрӯз ҳамчун дастгирӣ ва маҳкумкунӣ истифода бурда мешавад. Вале фикрҳо оид ба ангушти боло ва поён хеле зиёданд ва ҳамаи онҳоро мавриди таҳлил қарор додан ҳоҷат надорад.

Ҷангҳои гладиатрҳо нозукиҳо ва намудҳои гуногун доштанд, ки чандтои онҳоро мухтасар баён медорем.

Набарди Ретиария ва мурмиллон:

Андабат (аз калимаи юнонӣ «άναβαται»- “бардошташуда, дар баландибуда”). Чун савораи шарқӣ ҷавшанпӯш (катафрактҳо) ва тоскулоҳи бе сурохӣ барои чашмон буд Андабатҳо ба муқобили ҳамдигар ҳамон тавре меҷангиданд, ки ритсарҳо дар набардҳои ритсарии асримиёнагӣ меҷангитданд, вале бе имконияти ҳамдигарро дида тавонистан.

C:\Users\USER\Music\1.JPG
C:\Users\USER\Music\1.JPG

Андабатҳо Бестиарий

Бестиарийҳо. Бо Бестиарийҳо бо пайкончаҳо ва ханҷарҳо мусаллаҳ, ин ҷанговарон дар аввал гладиатор набуда, балки ҷинояткор (ноксиям)-ҳое буданд, ки ба набард бо ҳайвоноти дарранда маҳкум шуда будад. Мақсад ин буд, ки бестиарҳо дар чунин ҷангҳо ҳалок мешаванд. Баъдтар бестарийҳо ба гладиаторҳо хуб машқдода мубаддал мегарданд ва ба воситаи пайконҳо ба муқобили ҳаргуна ҳайвоноти ваҳӣ ҷанг карда метавонистанд. . Ин набардҳо чунин ташкил карда мешуданд, ки ҳайвонҳои ваҳшӣ имконияти ғалабаро надоштанд.

Бустуарҳо: ин гладиаторҳо ба хотири фавтида дар бозиҳои мурофиагӣ ҳангоми дафни ӯ меҷангиданд.

-Димахер (аз калимаи юнонӣ «διμάχαιρος»— «ду ханҷар дошта»). Аз ду ханҷар истифода мебурданд: яктогӣ дар ҳар як даст. Бе тоскулоҳ ва сипар меҷангиданд. Туник кӯтоҳу мулоим дар тан доштанд, дасту порйҳояшон латтапеч карда шуда буданд.

C:\Users\USER\Music\1.jpg
C:\Users\USER\Music\111.jpg
C:\Users\USER\Music\1.jpg
C:\Users\USER\Music\2.jpg

Бустуар Димахер Эквит Эсседарий

Эквит («савора»). Дар навиштаҷоти барвақта ин гладиаторҳои сабук мусаллаҳбуда ҷавшанпӯш буда, дар даст сипари андозааш миёнаи мудаввари барои савора (parma equestris) пешбинишуда, тоскулоҳ дошт. Дар замони империя онҳо ҷавшани барои китфҳо пешбинишуда (маника) доштанд. Эквитҳо аспсавор ҷанг мекарданд, вале баъд аз он, ки найзаи худро ҳаво медоданд. Баъд онҳо пиёда шуда, ҷанегро бо шамшерҳои хурд (гладиус) идома медоданд. Одатан эквитҳо бо эквитҳои дигар набард мекарданд.

Эсседарийҳо («ҷанговар дар аробаи дуҷарха», аз лотинӣ — номи аробаи дучархаи келтӣ —«esseda»). Шояд бори нахуст онҳоро ба Рим Юлий Сезар аз Британия оварда бошанд. Эсседарийҳо дар тавзеҳоти гуногун аз асри I милодӣ сар карда ёдовар шудаанд. Чизи дигаре, масалан, дар бораи аслиҳа ва усули набарди онҳо чизе маълум нест.

C:\Users\USER\Music\1.jpg
C:\Users\USER\Music\1.png
C:\Users\USER\Music\12.jpg

Гопломах Пегниарий Мурмиллон

Гопломах (аз юнонӣ «οπλομάχος»— «ҷанговари мусаллаҳ»). Онҳо дар тан либоси тугмадори монанд ба шимдоштанд – либос барои пойҳо, миёнбанд, дар пойҳо ҷуроб ҷавшан барои китфҳо (маника) дошт. Бо гладиус ва сипари калони легионерӣ, ки аз як тунукаи ғафси биринҷӣ тайёр кардашуд (намунаҳояш аз Помпей ёфта шудааст) мусаллаҳ буданд. Гопломахҳо дар набард ба муқобили мурмиллонҳо ё фракиягиҳо истифода бурда мешуданд.

Лаквеарҳо («ҷанговар бо лассо»): мумкин аст лаквериҳо як намуди петуариҳо бошанд, ки он кушиш мекарданд, ки рақибони худро ба ҷои тур бо ёрии лассо (laqueus) ба даст дароранд.

Мурмиллон: Онҳо тоскуллоҳи болои он бо тоҷи моҳимонанд ородода (аз лотинӣ «murmillos»- «моҳии баҳрӣ), инчунин барои китфон ҷавшан (маника), ронҳои латтапеч ва миёнбанд. Ҷавшане, ки пойҳоро ҳифз мекард.

Мурмиллонҳо бо шамшерҳои (гладиусҳои) дарозиашон 40 – 50 сантиметр ва сипари калони росткунҷаи (scutum) легионҳои римӣ мусаллаҳ буданд Онҳоро дар ҷангҳои зидди фракиягиҳо, ретуариҳо ва баъзан ба муқобили гопломахҳо равона месохтанд.

Пегниариҳо: аз қамчин, дастчӯб ва сипар истифода мебурданд, ки он дар дасти чап бо тасмаҳо хуб андармон шуда буд.

C:\Users\USER\Music\1.jpg
C:\Users\USER\Music\1.png

Провокатор Ретиарий

Провокатор («унвонҷӯ»): сару либоси ӯ гуногун шуда метавонист. Ин вобаста буд ба моҳияти бозиҳо. Ронҳояшон газворпеч, камарбанддор, ҷавшан дар болои пои чап, маника дар дасти рост ва тоскулоҳи пешдолондор, вале бо парҳо дар ҳарду тарафи он; ин буд сару либоси провокатор. Онҳо ягона гладиаторҳое буданд, ки бо кираса (cardiophylax) ҳимоя карда мешуданд, ки он дар аввал росткунҷа ва баъд бештар нимдоира буд. Аслиҳаи провокаторҳо гладиус ва сипари калони секунҷа буд. Провокаторҳо ба ҷанги зидди самнитҳо ё провокаторҳои дигар равона карда мешуданд.

Ретиариҳо («ҷанговар бо тур»): ретиарҳо дар оғози тавлиди Империя ба миён меоянд. Бо сешоха, ханҷар ва тур мусаллаҳ буданд. Дар баробари рони ҷавшанпӯши печонда, ки онро камарбанди васеъ нигоҳ медошт (balteus) нигоҳ медошт ва ҷавшани калон дар китфи чап, ретиариҳо либоси дигаре надоштанд, аз он ҷумла тоскулоҳ низ. Баъзан барои дифои гардан ва қисмати поёнии рӯй доираи металлӣ (galerus) истифода мебурданд. ретӣиарийҳое мавҷуд буданд, ки дар саҳна нақши занҳоро («retiarius tunicatus») иҷро мекарданд ва аз ритиариҳои муқаррарӣ бо он фарқ мекарданд, ки онҳо дар тан туник доштанд. Ретиариҳо одатан бо секуторҳо ва баъзан бо мурмиллонҳо меҷангиданд.

Рудиариҳо: Гладиаторҳое, ки сазовори озодшавӣ (бо шамшери чӯбин rudis мукофотонида шудаанд), вале қарор додаанд, ки гладиатор мондан мегиранд. На ҳама рудиариҳо набарди худро дар саҳна идома медоданд, дар байни онҳо иерархияи махсус вуҷуд дошт; онҳо метавонистанд мураббӣ (тренер), ёрдамчӣ, довар, ҷанговар ва амсоли ин бошанд. Ҷанговарони рудиарҳо дар байни тамошобинон хеле машҳур буданд, чунки соҳиби таҷрибаи калон буданд ва тамошобинҳо аз онҳо намоиши ҳунари ҳақиқиро интизор буданд.

Дар баробари гладиаторҳои номбурда гладиаторҳои дигар низ вуҷуд доштанд, аз он ҷумла сагиттариҳо, секуторҳо, скиссорҳо, тертиариҳо, фракиягӣ, венатор, прегенарҳо. Ҳар кадом онҳо дар ҷангҳои гладиаторӣ мақом, сару либос ва усули набард ва тахассуси ҷангии худро дошт.

C:\Users\USER\Music\1.jpg
C:\Users\USER\Music\2.jpg
C:\Users\USER\Music\скиссор.jpg

Сагиттарий Секутор Скиссор

C:\Users\USER\Music\212.jpg
C:\Users\USER\Music\1.jpg
C:\Users\USER\Music\1.jpg

Тертий ориёӣ Венатор Крикс

C:\Users\USER\Music\1.jpg
C:\Users\USER\Music\эномай.jpg
C:\Users\USER\Music\фламма.jpg

Фракиягӣ Эномай Фламма

Аренаҳое, ки боқӣ мондаанд:

Колизей, саҳнаи аз ҳама машҳуртарини ҷангҳои гладиаторӣ.

Амфитеатри Марк Антоний Гардиан дар Тисдра (Эл-Ҷем, Тунис) – аз назари бузургӣ дуюмин амфитеатр баъди Коллизей.

Арена ди Верона – алҳол ба майдончаи опера дар зери осмони кушода мубаддал гардонида шудааст, яке аз рамзҳои Верон.

Аренаи Лютетсия.

Амфитеатри Пула дар Хорватия. Аз рӯи баъзе маълумотҳо, ин амфитеатр баъди Колизей яке аз амфитеатрҳои хуб боқимонда ба шумор меравад.

Амфитеатр дар Помпей, амфитеатри қадимтарин мебошад.

Инчунин саҳнаҳои ҷангҳои гладиаторҳо дар шаҳрҳои гуногуни Италия ва дар қаламрави вайронаҳои шаҳрҳои давлатҳои зиёди ҳавзаи Баҳри Миёназамин боқӣ мондаанд.

Гладиаторҳои машҳур. Номҳои гадиаторҳои нисбатан машҳури Рим Спартак ва ёвари ӯ дар шӯриши Спартак дар солҳои 74 – 71 то милод, Крикс, инчунин Гай Ганник Каст, Эномай. Публипор, Фламма ва гладиаторҳои дигар дар таърих боқӣ мондаанд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *