Фанни Таърихи Чахон(Умум)

Эъломияи истиклолияти ИМА

Дар мачлиси конгресс 7 июни соли 1776 аз тарафи Р.Т. Ли резолютсияе пешниход гардид, он аз тарафи Чонс Адамс дастгири ёфта буд. Дар он гуфта мешуд, ки «мустамликахои муттахида озод буда, хукук доранд штатхои сохибистиклол бошанд; ки онхо пурра аз тобеияти шохи Британия озод мегарданд; хамагуна робитахои сиёсии онхо ва Британияи Кабир бояд бекор карда шаванд». Пас азмузокирахое, ки давоми рузхои 7 – 10 июн шуда гузаштанд, баовозмонии карор то рузи 1 июл мавкуф гузошта шуд. Барои тайёр намудани матни деклоратсия бошад, то 11 июн мухлаат дода шуд. Барои тайёр намудани карор кумитаи кори дар хайати Томас Чефферсон, Чон Адамс, Бенчамин Франклин, Шерман ва Ливингстон таъсис дода шуд. Кумитаи мазкур Томас Чефферсонро вазифадор намуд, ки лоихаи Деклоратсияро мураттаб созад. Т. Чефферсон аз болои матни лоихаи деклоратсия 17 руз захмат кашид, ки тулии ин муддат аз ягон сарчашма, мавод ё кумаки аъзоёни кумитаи кори истифода накардааст. Деклоратсия аз руи гуфти худи муаллиф бояд ба «максадхои америкои хизмат мекард ва рухияи мардумро тачассум менамуд». Лоихаи тайёрнамудаи Чефферсон танхо бо баъзе тагиротхои хурди редаксионии Чон Адамс ва Бенчамин Франклин 28 июн ба конгресс пешниход гардид. Мухокимаи карори (резолютсияи) пешниходкардаи Ли 1 июл аз нав огоз гардида, рузи дигари кори конгресс якдилона кабул гардид. Пас аз он мухокимаи лоихаи Деклоратсия огоз гардид. Дар рафти мухокима ба он якчанд тагиротхо ворид карда шуд, аз чумла кисмати деклоратсияи мазкур, ки дар он гулом ва гуломдори махкум карда мешуд, гирифта партофта шуд. Бегохии 4 июл Деклоратсия якдилона кабул гардидва барои имзо президенти конгресс Чорч Хэнкок ва котиб Чорч Томсон пешниход гардид. Намояндагони Ню-Йорк дар овоздихии 2 – 4 июл аз сабаби надоштани ваколатхои зарури ширкат наварзиданд ва ба райъи умум танхо 15 июл хамрох гардиданд. Деклоратсияи истиклолият натанхо сабабхои асосии аз метрополия чудо шудани америкоихоро нишон медод, балки ин аввалин хуччате дар чахон буд, ки принсипи истиклолиятро хамчун асоси сохти давлатдори муайян намуд. Дар он хукуки халк ба шуриш ва сарнагун намудани хукумати золим нишон дода шуда, акидахои асосии демократия – баробарии одамон, озодихои чудонопазири онхо, ки дар байни онхо мавкеи асосиро хукук ба хаёт, озоди ва хукук ба хаёти хушбахтона ишгол менамояд, баён гардидаанд. Маъракаи баимзорасонии Деклоратсияи истиклолият, ки он дар пергамент сабт гардида буд, 2 августи соли 1776 баргузор гардид. Ба он пас аз имзои Чон Хэнкок боз 55 нафари дигар имзохои худро гузоштанд. Танхо 3 нафар Ч. Дикинсон, Ч.Чей ва Р.Ливингстон аз имзогузори худдори намуданд. Дар баробари ин баъзе намояндагон аз кабили Брактон, Ратлеч, ки пештар ба он зид буданд ва Р.Моррис ки кабули деклоратсияро саривакти намехисобид ба деклоратсия имзохои худрогузоштанд. Баъзе имзохо дар санахои нисбатан дертар гузошта шудаанд. Нусхаи аслии Деклоратсияи истиклолияти ИМА, ки пештар дар Китобхонаи конгресс нигох дошта мешуд, дар мохи декабри соли 1952 ба архиви Миллии ИМА, ки дар Конститюшн – авеню дар Вашингтон чойгир аст, кучонида шуд ва якчоя бо нусхаи аслии Конститутсияи ИМА ва Билл дар бораи хукукхо дар зали намоишгох гузошта шудааст. Санаи кабули деклоратсия 4 июл – рузи иди миллии ИМА – хамчун рузи истиклолият хамасола дар мамлакат ботантана чашн гирифта мешавад.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *