Фанни Таърихи Чахон(Умум)

Тамаддуни Микена: Замони Элладаи Ахеии Юнон

СОКИНШАВИИ АХЕЙҲО ДАР БАЛКАН

Давраи аввали Юнони замони Ахей то охирҳои ҳазорсолаи III то милодро дар бар гирифтааст. Офарандагони маданияти Микена ахейҳои юнонӣ буда, ба нимҷазираи Балкан дар охирҳои ҳазорсолаи III – аввали ҳазорсолаи II то милод аз шимол — пастиҳои Дунай ва ё даштҳои соҳилҳои Шимолии баҳри Сиёҳ зада даромада буданд, аз ҷое, ки қаблан сукунат доштанд. Таърихнигорон чунин мешуморанд, ки ахейҳо қисман ба аҳолии тоюнонии ин минтақа омехта шуда, баъд зурётҳои онҳо пеластҳо ном гирифтанд. Пеластҳо бо миноиҳо наздикӣ дошта, забонашон ба гурӯҳи лаҳҷаҳои ахейӣ дохил буд. Олимон тахмин мекунанд, ки пеластҳо халқе будаанд, ки бо миноиҳо хешӣ дошта, чун онҳо ба шохаи забонҳои эгейӣ дохил будаанд. Дар ҳамсоягии пеластҳ- қисман дар хушкӣ ва қисман дар ҷазираҳои баҳри Эгей ду гурӯҳи қабилаҳои дигар низ сукунат доштанд – делегиҳо ва карийҳо. Тибқи гуфтаи Геродот, тамоми Юнон Пеластия ном доштааст. Таърихшиносон юнонҳои муқимии баъдинаро паластҳо ва бошандагони дигари мамлакатро варварҳо меномиданд, еарчанде, ки юнониҳо худро эллинҳо ва мамлакаташонро бошад, Эллада ном мебурданд. Вале ҳардуи ин номҳобо ин маънӣ дар сарчашмаҳои хаттӣ хеле дер — на барвақттар аз асри VII то милод ба миён омадаанд.

Ҷанговарони Ахейҳо Ахейҳо

Ҳаракати ахейҳо ба Юнони хушкӣ ба садсолаҳои охирини ҳазорсолаи III то мило ва ё охирҳои асри биринҷи барвақта рост омадааст. Тахминан дар соли 2300 то милод дар натиҷаи сухтор қалъаи Лерна ва баъзе бошишгоҳҳои дигари замони элладаи барвақтаи Микена сӯхта, ба хок яксон мешаванд ва баъдии чанде бошишгоҳҳои нави мардуми маҳаллӣ бунёд мегарданд.

Маданияти ахейҳо на танҳо аз маданияти худи юнониҳо ақиб набуд, балки эҳтимол аз он пештар меистод. Дар ин бора ёдгориҳои бостоние, ки замони Элладаи барвақта (нимаи дуюми ҳазорсолаи III то милод) мансуб дониста шудаанд, шаҳодат медиҳанд. Ин бозёфтҳо аз минтақаҳои гуногуни Пелопоннес, Юнони Миёна ва Юнони Шимол ёфта шудаанд. Олимони муосир одатан ахейҳоро бо аҳолии тоюнонӣ алоқаманд мекунонанд.

Дар оғози ҳазорсолаи III то милод (давраи халколит, ё гузаштан аз асри санг ба асри филиз – мис ва биринҷӣ) маданияти Юнон бо маданияти заминдории барвақтаи воқеъ дар қаламрави Булғористон, Руминия, ҷараёни ҷанубии дарёи Днестр (минтақаи “маданияти триполӣ”) вуҷуддошта зич алоқаманд буд. Умумият барои ин минтақаи васеъ баъзе манфиатҳо буданд, ки дар ороиши зарфҳои сафолӣ истифода бурда мешуданд: масалан, спирал (сарахбори печ) ва меандр (номи як намуди гулдузӣ). Аз соҳилҳои навоҳии Юнони Балкан ин намудҳои гулдузӣ дар ҷазираҳои баҳри Эгей низ паҳн шуда буданд, ки онро санъати Киклад ва Крит қабул карда буд. Дар баробари фаро расидани асри биринҷии барвақта (миёнаҳои ҳазорсолаи III то милод) дар рушди худ маданияти Юнон аз барандагони маданиятҳои дигари Ҷанубу Шарқии Аврупо пеш гузашта, махсусиятҳои вижагии нав пайдо мекунад, ки онҳо қаблан дида намешуданд.

БА ВУҶУД ОМАДАНИ ТАМАДДУНИ МИКЕНА

Таърихи сиёсии Юнони ахеӣ на онқадар саҳеҳ маълум аст. Баъзе олимон дар бораи мавҷудияти мамлакати муштараки Микенаи ахейҳо, ки аз қасрҳо иборат буд, маълумот додаанд. Вале дурусттар мебуд агар ҳар як қаср маркази давлати мустақил ҳисобида шавад. Маълум аст, ки бисёр вақт дар байни онҳо ихтилофҳои ҳарбӣ рух медоданд. Ин ақида муваққатан муттаҳид шудани шоҳигариҳои ахейҳоро истисно намекунад. Шояд дар мавриди лашкаркашӣ ба Троя чунин муттаҳидӣ рух дода бошад, ки воқеаҳои он асоси “Иллиада” ва “Одисея”-ро ташкил намудаанд.

Маъбад. Микена Қасри Мегарон. Микена

Лавозимоти ҷангие, ки аз қабрҳои микениҳо ёфт шудаанд, исбот мекунанд. ки онҳо мардуми ҷанговар будаанд. Шоҳҳои Микена ба давлатҳои дурдаст лашкар кашида, бо ғаниматҳои зиёд ба ватан бармегаштанд.

Марказҳои асосии тамаддуни Микена, чун дар Крит, қасрҳо буданд. Қасрҳои нисбатан калони онҳо дар Микена ва Тиринф (Арголид), дар Пилос (Миссения), ҷанубу ғарбии Пелопоннес), Афина (Аттика, Фива ва Орхомен) (Беотия) ва ниҳоят, дар Шимоли Юнон – дар Иолк (Фессалия) воқеъ буданд. Ҳамин тариқ, дар тӯли охирҳои ҳазорсолаи III — оғози ҳазорсолаи IIто милод қабилаҳои юнонии ахейҳо асосгузори тамаддуни нав – тамаддуни Микена мешаванд. ки он дар асрҳои ХVII – ХIII пеш аз милод он ба авҷи тараққиёти худ расида, баъд рӯ ба таназзул мениҳад.

ЁДГОРИҲОИ МАДАНИЯТИ МИКЕНА

Ёдгориҳои нисбатан қадимтари маданияти Микена қабрҳоеанд, ки “тобутҳои чоҳӣ” номгузорӣ шуда, ба асри ХVI то милод тааллуқ доранд. ки онҳоро соли 1876 бостоншиноси шинохтаи немис Г.Шлиман аз Қасри Микена пайдо намудааст. Аз ин қабрҳо ашёҳои қимматбаҳои зиёди аз тиллою нуқра, устухони фил ва ғайра сохташуда ҳастанд. Гомер дар “Иллиада” Микенаро “аз тилло бой” меномад. Он вақт Г.Шлиман пиндошта буд, ки ӯқасри Угамемнонро ёфтааст, ки ӯро ҳамсараш Клитемиестра ҳангоми аз лашкаркашӣ ба Троя баргаштан куштааст. Вале ин муҳаққиқ саҳв карда буд. Тобутҳои шахтагӣ ба асри ХVI то милод мансуб дониста шудааст, зеро мувофиқи ақидаи бостоншиносони муосир ҷанги Троя дар асри ХIII то милод ба амал омадааст.

Ашёҳою маснуоти қимматбаҳои аз қабрҳои мазкур ёфтшуда шаҳодат медиҳанд. ки шоҳҳои Микена инсонҳои ҷангҷӯй ва пурғазаб буда, барои ба даст овардани боигарии дигарон сахт талош мекардааанд. Ба хотири ғорат кардан онҳо ба ҷойҳои дурдаст ҳам аз тариқи хушкӣ ва ҳам аз тариқи роҳи баҳри ба лашкаркашӣ даст зада, ба ватан бо бори гарони ғаниматҳо бармегаштанд. Тиллою нуқраи зиёде, ки шоҳҳои фавтидаро ба олами баъдалмавт ҳамроҳӣ мекарданд, маълум аст, ки бо роҳи мубодилаи муқаррарӣ нею бо роҳи зӯрӣ – дар ҷангҳо ба даст оварда шуда буданд.

Шаҳри Микена

Дар бораи одати ҷангҷӯёии шоҳҳои Микена дар қабрҳои онҳо мавҷуд будани яроқу аслиҳаи ниҳоят зиёд, тасвироти саҳнаҳои хунини ҷангҳо ва шикор, ки дар баъзе ашёҳои аз қабрҳо ёфташуда, инчунин сангҳои ёдгории болои қабрҳо шаҳодат медиҳанд. Дар яке аз онҳо ҷанговари аробасаворе тасвир ёфтааст, ки найза дар даст ҷанговари пиёдаро думболагирӣ мекунад. Қисме аз ашёҳо хеле пастсифат тайёр карда шудаанд, ки онҳо дар бораи ҳунари моҳир надоштани косиби маҳаллӣ дарак медиҳад, масалан, ниқобҳои тиллогини бо марҳум гуронида шудаанд, ашёҳои дигар маҳсули меҳнати заргарони беҳтарини миноӣ мебошанд.

Соли 1952 дар Микена боз як некрополи шоҳ ёфта шуд. ки он берун аз деворҳои қалъа воқеъ гардида, аз 24 қабри иборат буда, ба қабрҳои чоҳии қаблан кашфшуда шабоҳат доштанд. Гӯрҳои мазкур на он қадар бой буданд, гарчанде ки аз онҳо низ ашёҳои зиёди қимматбаҳо ёфт шудаанд, масалан, зарфҳои аз лаъли кӯҳа ва иӯҳраҳои қаҳрабо тайёркарда. Қабрҳои аз ҳама барвақтаи ин некропол ба нимаи дуюми асри ХVI то милод рост меоянд.

Бозёфтҳои бостонии Микена нишон медиҳанд, ки ин шаҳр маркази давлати калоне будааст. Шоҳҳои Микена дар мақбараҳои боҳашамат дафн карда шудаанд. Ин далел шаҳодат медиҳад, ки пайдоиши маданияти Микена аз замоне, ки қаблан тахмин карда мешуд, барвақттар будааст. Эҳтимол меравад, ки дар асри ХVIIто милод дар Микена давлати номуташаккиле вуҷуд доштааст, ки дар он табақаи ҳукмрон, яъне авлоде, ки шоҳ ба он мансуб буд, аз оммаи асосии аҳолӣ дар ҳолати дур қарор доштааст.

Намунаҳо аз маданияти Микена

Давраи рушди маданияти Микена асрҳои ХV – ХIII то милод буда, он қариб тамоми Пелопоннес, Юнони Миёна, Юнони Ҷануби (Беотия, Фокида) қисми зиёди Юнон Шимолӣ ва ҷазираҳои сершумори баҳри Эгейро низ дар бар мегирифтааст. Дар ин қаламрави к алон маданияти якхела, тасаввурот оид ба намудҳои (стандартҳои) манзил вуҷуд доштанд. Аз рӯи онҳо дидан мумкин аст, ки Юнони Микена мамлакати аҳолиаш сершуморва мрдуми он дар дар швҳракҳои хурду калон сокин будаанд. Марказҳои асосии маданияти Микена чун дар Крит қасрҳо буданд. Қасрҳои нисбатан калон дар Микена ва Тиринф, Пилос (Пелопоннес), Афина, Фива ва дар Орхомен (Юнони Марказӣ) ва, ниҳоят, дар Иолко (Фессалия) кашф карда шудаанд.

Қариб ҳамаи қасрҳои Микена мустаҳкам сохта шуда, қалъаҳоеро мемонанд, ки аз рӯи намуди берунии худ ба қалъаҳои асримиёнагии феодалии аврупоӣ шабоҳат доштанд. Деворҳои пурзӯри мавҷмонанди қалъаҳои Микенааз харсангҳои калон ва бе ягон маводи пайвасткунанда сохта шуда, шаҳодати онанд, ки санъати меъмории ахейҳо намунаест дар сатҳи баландтарини санъати муҳандисӣ. Яке аз намунаҳои беҳтарини иншоотҳои истеҳкомии микенӣқалъаи машҳури Тиринф дар қаламрави Арголиди начандон дур аз Микена мебошад. Харсангҳои коркарднашудаи оҳакин, ки баъзан вазни бузург – то 12 тоннаро ташкил мекарданд, девори беруна аз қалъаро, ки ғафсиаш 4,5 метр ва баландиаш 7,5 метрро ташкил мекард, сохта буданд.

Дар байни биноҳое, ки қасри замони Микенаро ташкил мекунанд “Қасри Нестор”-и дар Пилоси ғарбтари нимҷазирае Пелопоннес воқеъбуда, ки хеле хуб боқӣ мондааст, боиси таваҷҷӯҳ аст. Қасри Пилос дар баробари монандии қисмати дохилиии зебу зиннатдодашуд қасрҳои Крити хеле хуб дақиқу мутаносиб ҷо ба ҷо карда шудани онҳо фарқ мекунанд. Биноҳои асосӣ дар як меҳвар ҷой гирифта, маҷмааи росткунҷаи сарбастаро ташкил мекунанд. Барои ба дохили ин маҷмаа ворид шудан зарур буд, ки пайдарҳам айвони даромадгоҳ (портик – пропилен), ҳавлии начандон калони дохилӣ, боз як айвон ва долонро, ки ташрифоваранда ба толори барҳавои росткунҷаи “мегарон”, ки қисми таркибии ҳар кадом қасри Микенаро ташкил мекард. ворид мегардид. Дар маркази мегарон оташдони калони доирашакл воқеъ буд, ки дуди он ба воситаи сурохиии шифт берун мебаромад. Дар атрофи оташдон чор сутуни чӯбин устувор карда шуда, бомро нигоҳ медоштанд. Деворҳои қаср кандакорӣ шуда буданд. Мегарон қалби қаср буд. Дар ин ҷо шоҳи Пилос бо дарбориён ва меҳмонон базмҳо меорост, одамони гуногунро ба ҳузур мепазируфт ва муаррифиҳои расмӣ ташкил менамуд.

Аз ҷумлаи ёдгориҳои меъмории замони ахейӣ маъбадҳои мӯҳташами шоҳҳо мебошанд, ки “толосҳо” ё “маъбадҳои гумбаздор” номида шудаанд. Толосҳо одатан дар наздикии қасру қалъаҳо қарор доштанд, ки эҳтимол манзили охирини шоҳҳои сулолаи ҳукмрон буданд, ҳамон тавре ки дар қаб чоҳҳои қаблӣ дафн карда мешуданд. Толоси аз ҳама калонтарин маъбади Агром мебошад, ки дар Микена воқеъ гардида буд. Худи маъбад дар дохили қурғони аз хок сохташуда пинҳон аст. Барои он, ки ба дохили он дароӣ, зарур буд, ки аз долон (дромос)-и дуру дарози бо сангчаҳо орододашуда ба дохили қурғон мебурдагӣ гузарӣ. Даромадгоҳ ба маъбад бо ду хишти сангини бузург баста шудааст, ки яке аз онҳо 120 тонна вазн дорад.

Метавон қасру қалъаҳои дигари тамаддуни Микенаро мисол оварда, виҷагиҳои меъморию муҳандисӣ ва ороишии онҳоро шарҳу эзоҳ дод, ки хоси ин тамаддун мебошанд, гарчанде, ки ба маданияти Крит хешӣҳам дорад.

СОХТИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ МИКЕНА

Маълум аст, ки сохтмони чунин иншоотҳои бузург чун қасрҳои Пилос, Нестор, қалъаи Тиринф, маъбадҳои Атрея, Толос, Пилос ва ғайраҳо бе низоми пешрафтаи иҷтимоию иқтисодии давлат имконнопазир буд. Барои он, ки чунин иншоотҳои бузург бунёд карда шаванд, аввалан, мавҷудияти оммаи калони меҳнати кории арзон зарур буд; дуюм, давлат бояд дастгоҳи кифоятан рушдёфта дошта бошад, то ки қобилияти ин қувваро барои иҷрои мақсади гузошташуда равона карда тавонад. Эҳтимол шоҳҳои Микена ва Тиринф ҳардуи ин омилҳоро доштанд.

Чанде пеш сохтори дохилии давлатҳои ахейии Пелопоннес барои олимон мушкилотеро ба миён оварда буд. Акнун бошад, онҳо метавонистанд барои кушодани ин мушкилот ба маводи бостонии дар натиҷаи ковишҳо бадастомада такя кунанд. Солҳои 50-уми асри сипаришуда аз тарафи ду олимианглис — М.Вентрис ва Ҷ.Чедвик ёфтани калид барои фаҳмиши аломатҳои хати ҳиҷоии ҷадвалчаҳои дар як хат қарордоштаи аз Кносса ва Пилос пайдокардамуясар мегардад. Ҳамин тариқ, ба ихтиёри таърихнигорон боз як сарчашмаи муҳими ахбор муҳаё гардид.

Маълум шуд, ки қариб ҳамаи ҷадвалчаҳо навиштаҷоти ҳисобу китоби “оморӣ”-е будаанд, ки ҳарсола дар хоҷагиҳои қасрҳо Ппилос ва Кносса пеш бурда мешудаанд. Ин навиштаҷоти мураттабу бомантиқахбороти қимматбаҳотарини таърихиро инъикос карда, имконият медиҳанд, ки ба иқтисодиёти давлатҳои қасрии замони Микена , сохторҳои иҷтимоӣ ва сиёсии онҳо баҳо дода шавад. Масалан, мо аз кортчаҳо, фаҳмида метавонем, ки дар он замондар Юнон аллакай ғуломдорӣ вуҷуд доштааст ва меҳнати ғуломон дар соҳаҳоии гуногуни хоҷагии ин давлатҳои қасрӣистифода бурда мешудааст. Дар байни ҳуҷҷатҳои бойгонии Пилос маълумот дар бораи ғуломони дар хоҷагии дарбор фаъолиятдошта ҷои калонро ишғол менамояд. Дар чунин рӯйхатҳо шумораи ғуломзанҳо, ба кадом корҳо машғул будандшон, бо ҳамроҳии онҳо чӣқадар кӯдакон буданд – писарону духтарон (шояд кӯдакони ғуломзанҳо буданд), кадом миқдор озуқа гирифтаанд, ҷои корашон (дар худи Пилос ё дар яке аз шаҳрҳои тобеи он) нишон дода шуда буд. Шумораи гурӯҳҳои алоҳида метавонист хеле зиёд – то зиёда аз сад нафарро ташкил намояд. Миқдори умумии ғуломзанҳо ва кӯдакони онҳо. ки аз рӯи бойгонии Пилос маълум аст, бояд наздики 1500 нафарро ташкил намояд Дар баробари дастаҳои корӣ, ки ба ҳайати онҳо танҳо занону кӯдакон дохил буданд, дар навҷиштаҷот гурӯҳе низ инъикос гардидаанд, ки танҳо аз мардони ғулом иборат аст, гарчанде, ки аз назари шумора он қадар зиёд набуданд – дар ҳар гурӯҳ на зиёдтар аз даҳнафарӣ. Эҳтимол меравад, ки дар ҳайати ғуломон занҳо хеле зиёд буданд, аз ин рӯ, метавон хулоса кард, ки дар он замон ғуломдорӣҳанӯз дар зинаи поёни рушди худ қарор доштааст.

Ёдгориҳои хаттии Микена

Дар баробари ғуломони муқаррарӣ дар навиштаҷоти Пилос “ғуломон ва ғуломзанҳои худо” ном ғуломон низ хотирнишон мешаванд. Онҳо одатан қитъаҳои начандон калони заминро аз заминҳои ҷамоавӣ(демос) ё одамони алоҳида иҷора мегирифтанд, ки метавон аз он чунин хулоса баровард: онҳо худашон замин надоштаанд, аз ин бармеояд, ки аъзои баробарҳуқуқи ҷамоа ҳисоб карда намешуданд, гарчанде ки онҳо ғулом, бо маънии пурраи ин калима набуданд. Худи мафҳуми “ғуломи худо” эҳтимол маънии онро дошт, ки намояндагони ин табақаи иҷтимоӣ дар хизмати ибодатхонаҳои худоҳои асосии шоҳигарии Пилос буданд ва аз ин рӯ аз сарпарастии маъмурияти ибодатгоҳ бархурдор буданд.

Қисмати асосии аҳолии меҳнаткашро дар давлатҳои Микена, чун дар крит кишоварзон ва косибони озод ё ки нимозод ташкил мекарданд. Онҳо зоҳиран ғулом ба ҳисоб мерафтанд вале озодии онҳо моҳияти нисбӣ дошт, зеро ҳамаи онҳо ба тобеияти иқтисодии қаср қарор дошта ва ба фоидаи он ҳаргуна ӯҳдадориҳо, чӣ меҳнатӣ ва чӣ аслиро иҷро менамуданд. Баъзе маҳалҳо ва шаҳрчаҳо вазифадор буданд. ки ба ихтиёрои қаср шумораи муайяни косибон ва коргаронрони ксбу кори гуногун диҳанд. Дар навиштаҷотҳо деворгарон, чеварҳо, гулдонсозҳо, аслиҳасозҳо, заргарон ва ҳатто атторҳо ва табибон номбар шудаанд. Ба ивази меҳнати худ косибон аз хазинаи қаср чун амалдорони дар хизмати давлатбуда, музди аслӣ мегирифтанд. Ҳозир нашудан ба кор дар ҳуҷҷати махсус қайд карда мешуд. Ин қабил кормандон ҷазо дода мешуданд. вале мо дар ин бора чизе намедонам.

Тавре дида мешавад, ҷомеаи Микена дар он замон аллакай ба табақаҳои иҷтимоӣ тақсим шуда буд: шоҳ, ашрофон, ғуломон, нимғуломон, “ғуломони худо”, кишоварзон ва косибони озод ташкил менамуданд. Низоми иқтисодӣ ва пешрафти он ба ҳамин табақабандӣ ва идораи давлатҳои қасрии Микена мувофиқат мекард. Бояд гуфт, ки он пешрафти давлату ҷомеаи он давлатҳоро таъмин менамуд.

ИҚТИДОРИ ДАВЛАТҲОИ МИКЕНА. ҶАНГҲОИ ТРОЯ

Дар Микена давлатҳои хеле зиёд мавҷуд буданд ва муносибатҳо дар байни онҳо чӣ тавр сурат мегирифтанд, Дар ин баҳс бештари онҳо дар ҷонибдори он ақида мебошанд, ки дар байни давлатҳои Микена худи шаҳр-давлати Микена пурзуртарин будааст. Муносибатҳо дар байни давлатчаҳои Микена ба воситаи ҳамин давлат сурат мегирифтаанд, аз он ҷумла дар мавриди зарурӣ муттаҳсидсозии онҳо дар як давлат низ. Ба ин ақида як далел хеле эътимоди қавӣ мебахшад: Қасрҳои Микена бо иншооти пурзӯри мудофиавӣ иҳота карда шуда буданд.. Ин иншооти муҳофизатӣ бояд бошандагони онро аз душманон муҳофизат карда тавонад ва пеш аз ҳама аз ҳамсояҳои наздик. Деворҳои Микена ва Тиринф дар бораи он шаҳодат медиҳанд, ки дар байни ин ду давлат ҳамеша душманӣ вуҷуд дошта, ҳар кадоми онҳо дарбораи ҳокими ягона шудан мубориза мебурданд. Қиссаҳои асотирии юнонӣ дар бораи ҷангҳои байниҳамдигарии хунини шоҳҳои ахейӣ нақл мекунанд. Дар яке аз онҳо гуфта мешавад, ки чӣ тавр шоҳи Аргос ба муборизаи байни писарони шоҳи Фива дахолат карда, ба лашкаркашии зидди Фива, ки шаҳри аз ҳама бойтарини Юнони Марказӣ (Беотия) буд даст мезанад ва баъди якчанд кушиши бебарор, ниҳоят онро ишғол ва ва харобу валангор мекунад. Ковишҳо бостоншиносон нишон доданд, ки ин қасри замони Микена дар Фива ҳақиқаттан дар асри ХVто милод сӯзондаю ба хок яксон карда шуда будааст, тавре ки қасру қалъаҳои дигар низ ҳамин тавр аз байн рафта буданд.

Аспи ТрояҶанговарони Микена

Дар баъзе лаҳзаҳо давлатҳои ахейӣ, аз афти кор, барои амалиётҳои муштарак муттаҳид мешуданд. Ба ин ҷанги машҳури Троя, ки дар бораи он Гомер дар достони “Иллиада” нақл мекунад, мисол шуда метавонад. Агар ба “Иллиада” бовар карда шавад, пас дар лашкаркашӣ ба Троя якбора се вилояти асосии Юнони ахейӣ- аз Фессалия дар шимол сар карда то Крит ва Родос дар ҷануб иштирок кардаанд. Сарфармондеҳи ҳамаи қӯшунҳои шоҳи Микена дар ин лашкаркашӣ Агамемнон интихоб карда мешавад. Эҳтимол Гомер сатҳи воқеии ин иттифоқи ҳарбиро аз будаш зиёд ва бо обу ранг тасвир намудаааст. Ковишҳои дар Тир (қисмати шимолу ғарбии Осиёи Хурд, дар наздикии соҳилҳои гулугоҳи Дарданел, Геллеспонти қадим) гузаронидашуда нишон доданд, ки яке аз бошишҳои дар ин ҷо вуҷуддошта баъд аз муҳосираи дуру дароз тахминан дар миёнаҳои асри ХIIIто милод ва ё баъдтар аз ин ишғол ва вайрон карда шудааст. Бояд гуфт, ки ин замон ба санагузории анъанавии Ҷанги Троя, ки аз Геродот боқӣ мондааст, мувофиқат мекунад.

Бостоншиносон дар Осиёи Хурд ҳам ковишҳои бостонӣ гузаронидаанд. Дар натиҷаи ин маълум гардид, ки юнониҳо борҳо ба ин ҷо лашкар кашида будаанд. Бозёфтҳои аз шаҳри Троя бадастомада шаҳодат медиҳанд. ки сокинони ин шаҳр шаҳри худро чандин маротиба тарк карда будаанд. Троя борҳо ба хок яксон карда шуда будааст. Аз ҷои харобаҳои Троя ашёҳое ёфт шудаанд, ки дар Микена, соҳили баҳри Эгейи Осиёи Хурд сохта ва ё истеҳсол карда шуда будаанд. Шаҳри Троя яке аз шаҳрҳои ободу зебои соҳили баҳри Эгейи Осиёи Хурд буда бо бисёр шаҳру давлатҳои дуру наздик доду гирифт доштааст. Юнониҳо ба он дар асри ХIIто милод аз самти баҳр ҳамла карда, шаҳри Трояро хароб гардониданд. Давлати Микена ғайр аз Троя шаҳрҳои дигари Осиёи Хурдро ҳам забт карда будааст. Дар ин бора дар достони Гомер “Иллиада” нақл карда мешавад.

ХаробаҳоишаҳриТроя ШаҳриМикена (эҳё)

Ҷанги ахейҳо бар зидди Троя яке аз ҷангҳои онҳо буд, гарчанде, ки эҳтимол ҷанги истилогаронаи калонтарин мустамликазабткунии ахейҳо дар Осиёи Хурд ва Шарқи баҳри Миёназамин сурат гирифтааст. Дар тули асрҳои ХIV – ХIII то милод бошишгоҳҳои сершумори ахейӣ (ба ин маснуоти зиёди кулолӣ гувоҳӣ медиҳанд) дар соҳилҳои қисмати ғарбӣ ва ҷанубии Осиёи Хурд, ки ба ҷазираҳои Родос, Кипр ва ҳатто соҳилҳои Сурияю Фииникии баҳри Миёназамин пайдо мешаванд. Дар ҳамаи ин ҷойҳо юнониҳои микенӣ ташаббуси тиҷоратиро аз дасти пешгузаштагони худ – миноиҳо кашида мегиранд. Худи Крит дар асри ХVто милод ба мустамликаи ахейҳо мубаддал гардида, дар пешравии онҳо ба Шарқ ва Ҷануб такягоҳи асосӣ мешавад.

ҲУҶУМИ ҚАБИЛАҲОИ ДОРӢ БА ЮНОН (ПЕЛОПОННЕС)

Дар асри ХII то милод қабилаҳои сокини шимолтар аз Юнон, ки дорӣ ном доштанд, аз тарафи Македония ва Эпир ба тарафи ҷануб ҳаракат карда, аввал Юнони Шимолӣ ва баъд Юнони Миёнаю Ҷанубиро ишғол мекунанд. Қабилаҳои дорӣ шаҳру деҳаҳои сари роҳро талаю тороҷ ва ба хок яксон мекарданд. Аз ҳуҷуми дориҳо Қасри Пилос, қалъаҳои Микена ва Тиринф зарари калон диданд. Баъд Лаконикаро ҳам забт намуда, шаҳреро бо номи Спарта бино карданд, ки сокинони он минбаъд спартагӣ ном мегиранд. Баъд аз ин воқеа Юнон рӯ ба таназзул ниҳод.

Намуна азсимоҳои дориҳои юнонӣ

Ба Мессения лозим меомад, ки ҳуҷумҳои сершумори спартагиҳоро зада гардонад. Лекин спартагиҳо ҳамоно муборизаи худро барои ба даст овардани Мессения давом медоданд. Қисми аҳолии Мессения аз ҷабру зулми спартагиҳо аз ватан баромада рафтанд, қисми дигарашон дар кӯҳҳо пинҳон шуда, аз он ҷо бар зидди спартагиҳо мубориза мебурданд. Як шаби борони сахт спартагиҳо ӣа кӯҳ баромада, ногаҳон ба ҷое, ки ҷанговарони мессениягӣ пинҳон шуда буданд, ҳамла карданд.

Дар байни спартагиҳо ва мессениягиҳо муҳорибаи шадиде ба амал омад. Дар ин ҷанг зану кӯдакони мессениягиҳо низ иштирок карданд. Ба камшуморӣ ва начандон хуб мусаллаҳ буданашон нигоҳ накарда, онҳо қаҳрамонона ҷангиданд. Муҳориба се шабу се рӯз давом карда, аз ҳарду тараф ҳам одамони зиёдталаф шуданд. НДигар на ессениягиҳо ва на спартагиҳо маҷоли давом додани ҷангро надоштанд. Байни онҳо музокирот сар шуд. Спартагиҳо иброз доштанд, ки аз муҳосираи мессениягиҳо баъди Мессенияро тарк кардани онҳо даст хоҳанд кашид. Мессениягиҳо ноилоҷ ба ин шарти спартагиҳо розӣ шуда, аз ватани худ – Мессения баромада рафтанд. Ҳамин тариқ, спартагиҳо Мессенияро ишғол карда, ба давлати худ ҳамроҳ намуданд.

Бо мурури замон қабилаҳои дорӣ бо мурари замон бо халқҳои маҳаллӣ омехта шуда, халқи Юнонро ташкил мекунанд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *