Фанни Таърихи Чахон(Умум)

Хукумати Маргарет Тетчер

Хукумати Маргарет Тетчер

Дар давраи маъракаи пеш аз интихоботии соли 1979 Хизби мухофиза кор, ки ба сарварии он Маргарет Тетчер омада буд, вазифаи аввалини худро мубориза ба мукобили инфлятсия ва баровардани Британияи Кабир аз бухрони тулони медонист. Дар интихоботи парламентии мохи майи соли 1979 бештари ахолии кишвар ба тарафдории Хизби мухофизакор (консерваторхо) овоз доданд. Дар натича Маргарет Тетчер ба сифати сарвазир хукумати мамлакатро ташкил дод. Мохияти сиёсати иктисодии хизби мухофизаткорро сиёсати монетари – мубориза ба мукобили инфлятсия ва кам кардани харочоти гайриистехсоли ташкил медод. Бо максади бехтар кардани вазъияти иктисодии мамлакат, хукумати М.Тетчер як катор сохахои саноат–истехсоли нафт, хавопаймои ва кайхон, киштисози ва гайраро ба ихтиёри ширкатхои хусуси дод. Харочотхои давлат барои маориф, тандурусти, сохтмони манзил кам гардида, сафи хизматчиёни давлати ихтисор карда шуд.

Сиёсати иктисодию ичтимоии хукумати Тетчер бо номи «тетчеризм» машхур гардид. Хукумат корхонахои зарароварро дастгири намекард, баръакс, ба корхонахое, ки худашон кушиши баромадан аз бухронро мекарданд, кумак менамуд. Яке аз роххои сарфакории иктисоди – фуруши корхонахои давлати ва ба ахоли додани хонахои дар ихтиёри хукуматхои махали буда гардид. Натичаи солхои аввали гузаронидани ислохоти иктисоди ташвишовар ба назар мерасид. Сафи бекорон боз хам зиёд гардида, дар охири соли 1981 микдори онхо ба 3млн. нафар боло рафт. Расонидани кумакпули ба табакахои поёнии чамъият махдуд карда шуд.

Аз тарафи дигар аввалин натичахои ислохот–бекурбшавии пул, ва афзоиши нарххо боздошта шуд. Ба иктисодиёти Британияи Кабир сармоягузорихо дохил гардида, афзоиши истехсоли саноат огоз гардид. Соли 1982, як сол кабл аз интихоботи навбатии парламент, байни Британияи Кабир ва Аргентина барои чазирахои Фолкленд, ки дар кисмати чанубии Америкаи Лотини вокеъ буданд, мочарои харби сар зад. Чанги кутохмуддат ба фоидаи Британияи Кабир анчом ёфт. Дар рафти он сарвари кишвар Маргарет Тетчер иродаи катъи, матонат ва шучоат нишон дода, аз манфиатхои кишвар химоят намуд ва дар байни мардум обру ва эътибори калон пайдо кард.

Солхои 1983 ва 1987 дар ду навбати интихоботи парламент хизби мухофиза кор галаба ба даст даровард. Дар галабаи ин хизб хизматхои хукумати М.Тетчер дар кори таъмини тараккиёти мунтазам ва ба даст овардани натичахои ислохоти иктисоди накши халкунанда доштанд. Дар тулии солхои 80-ум хукумати мухофизакорон боз хам устувортар сиёсати худро амали намуд. Конхои ангишти зараровар баста шуданд. Агарчи ин амал норозигии коргаронро зиёд намуда, мохи марти соли 1984 ба корпартоии умуми оварда расонида бошад хам, мукобилияти коргарон мавкеи катъии хукуматро тагйир надод.

Дар давоми солхои хукмронии Маргарет Тетчер Британияи Кабир аз давраи бухрон баромада, ба суи тараккиёт ва шукуфои чахиши бузург намуд. Муваффакиятхои хукумати М.Тетчер дар хаёти дохили ва хоричи барои шахрвандон исбот намуд, ки кишвари онхо холо хам давлати бузург аст. Аз чор як кисми ахолии мамлакат сахмияхои ширкатхои гуногунро сохиб гашта вазъияти иктисодии худро мустахкам намуданд. Маблагхои калони ба бучаи давлат воридгардида имкон доданд, ки кумакпули ба бекорон ва табакахои камбизоати чомеа, харочот барои сохаи маориф, тандурусти ва хифзи ичтимои зиёд карда шаванд. Аз се ду хиссаи оилахои кишвар дар хонахои хусусии худ зиндаги мекарданд.

Шахрвандони британияги сарватхои худро дар иктисодиёти Британияи Кабир ва давлатхои хоричи, аз чумла, ИМА маблаггузори мекарданд. Дар баробари рохбарии окилонаи Хизби мухофизакор, сабаби дигари муваффакиятхо, дигаргунихои вокеии дар сохтори ичтимоии ахоли ба амал омада гардиданд. Хиссаи синфи коргар дар таркиби ахолии кам гардида, сафи хизматчиён зиёд гардид. Хануз дар ибтидои солхои 80-ум 36% ахолии дар саноат ва сохтмон, 36% дар сохахои гайриистехсоли, 17% дар дар тичорат ва таъминот машгули кор буданд. Холо дар Британияи Кабир кормандони ба мехнати фикри машгулбуда нисбат ба кормандони бо мехнати чисмони машгул буда зиёд хастанд.

Британиягихоро одатан миллати хизматчиёни бонкхо ва савдогарон низ меноманд. Дар ин дастовардхои бузурги Британияи Кабир сахми сарвазири он, рохбари хизби мухофизакор Маргарет Тетчер – шахсияти дорои иродаи кави ва кобилияти фавкулодда хеле калон буд. Уро хам тарафдорон ва хам ракибонаш барои ин хислатхояш «хонуми оханин» номиданд. Дар ибтидои солхои 90-ум барои хизби хукмрон – хизби мухофизакор давраи душвор ва ногувор огоз гардид.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *