Фанни Таърихи Чахон(Умум)

Сиёсати хоричии Олмон дар солхои 1949 – 1969

Сиёсати хоричии Олмон дар солхои 1949 – 1969

Солхои 1949-1969 дар хайати хукумати ЧФО намояндагони иттиходи христиани–демократии ва филиали дар Бавария будаи он Иттиходи христиани–ичтимои ворид гардида буданд. ИХД ва ИХИ мачбур буданд якчоя бо хизби Сотсиал–демократи хукуматро таъсис диханд. Яъне ин хукумати бо ном Коалитсияи калон буд. Аммо дар ин хукумат бо дастгирии монополияхои Рур, Христиан–демократхо дар муайян намудани сиёсати дохили ва берунии ЧФО накши асосиро мебозиданд. Хизби Христиани– демократи хизби асосии буржуазияи Омони Гарби буда, манфиати сармояи калони инхисориро (монополиро) химоя мекард. Мавкеи асосиро дар сиёсати хоричии ЧФО, мисли пешина сармояи калон ишгол мекард, хизби Христиани–демократи бошад ичрокунандаи манфиатхои он буд. Аппарати дипломатии аз рузхои аввали таъсисёбии ЧФО аз ашхосе иборат буд , ки бо тамоми хасти ба манфиати сармояи калон хизмат менамуданд. Аксарияти онхо дар Вазорати корхои хоричии Олмони гитлери дар зери рохбарии Риббентроп фаъолият мекарданд. Аз руи нишондодхои соли 1968 дар Вазорати корхои хоричии Олмони Гарби 244 нафар дипломатхои собики фашисти кор мекарданд.

Сиёсати хоричии Иттиходи Христиании Ичтимои ба тезутунд гардонидани вазъи байналхалки, махсусан Аврупо равона гардида буд ва мехост хисси нобовариро байни давлатхои бузург ба вучуд орад, ки онхо дар солхои чанг ба иттиходи зиддигитлери дохил буданд. Ин зиддиятхо барои худро дар назди иттифокчиёнаш (аъзоёни НАТО) ва халки немис сафед кардан ва бо ин восита ярокнокшавии номахдуди ЧФО- ро хак баровардан, лозим буданд.

Дар давоми ду дахсола (1949–1969 ) Олмони Гарби ягона мамлакате дар Аврупои Гарби, ки руирост бо талабхои худуди нисбати дигар мамлакатхо баромад мекард. Хукуматдорони ЧФО баркароркунии сархадхои то соли 1937 мавчудбудаи Олмонро талаб намуда, бекор намудани карорхои Потсдамро исрор менамуданд. Онхо сархади байни Олмону Полшаро, ки аз Одер ва Нейсе мегузашт инкор мекарданд, баргардонидани вилояти Судетро ба Чехословакия ва бархам дода шудани Пруссияи Шаркиро гайриконуни мехисобиданд.

Талабхои худудии реваншистии Олмони Гарби хадду худуд надошт. Хатто яке аз пешвоёни Хизби Христиани – Демократи Хассел гуфта буд: «Олмон бояд бо сархадхои Империяи Бисмарк баркарор карда шавад». Дар тамоми давраи дар сари хукумат будани хизбхои номбурда, Олмони Гарби яке аз душманони асосии баста шудани шартномахо оиди аз байн бурдани «чанги сард» буд ва намехост, ки байни мамлакатхои сармоядори ва сотсиалисти муносибатхои муътадили хамкори ба даст ояд. Дар шароти баамаломада буржуазияи Олмони Гарби бо максади тагир додани сиёсати хоричи, ба чои Аденауэр, Эбертро канслер таъин намуд, ки ин ходиса мохи октябри соли 1963 ба амал омад. Аммо конслери нав дар хамаи масъалахо ба канслери собик пайрави менамуд. Ярокнокшавии бошитоб давом мекард. То соли 1966 ба сохаи харби дар ЧФО 260 млрд. марка сарф гардид, ки он нисбат ба харочоти дар арафаи чанг кардаи хукумати фашистии Олмон 3 баробар зиёд буд.

Соли 1969 аз 24 дивизияи НАТО 12–тояш азони Олмони Гарби буд. Аз чихати кувва ин 12 дивизия аз 50 дивизияи Вермахти фашистии ибтидои чанги дуюми чахони пуркувваттар буданд. Дар штабхои НАТО афсарони бундесвер аз 35 то 70% вазифахои рохбарикунандаро дар ухда доштанд. Аз соли 1957 сар карда генералхои Олмони Гарби вазифаи фармондехии кушунхои хушкигарди НАТО–ро дар Аврупои Гарби ишгол мекарданд. Дар 10 мамлакати Аврупои Гарби, аз чумла Англия, Италия, Норвегия, Дания, Испания, Португалия базахои харби, амборхо ва полигонхои омузишии бундесвер чойгир буданд. Харбиёни ЧФО аз иттифокчиёни худ дар НАТО солхои тулони «баробархукуки»- и бундесверро дар сохаи аслихаи ядрои ба даст овардан мехостанд. Бо ин максад Олмони Гарби кувва ва маблаг чамъ намуда, мехост яроки ядроии худро дошта бошад. Дар дохили НАТО ЧФО танхо ба иттифокчии асосии худ ИМА мукобил баромада наметавонист.

Дар охири соли 1966, Эрхардт уммедхои капитали инхисории ЧФО–ро дар сиёсати дохили ва хоричи амали карда натавониста, мачбур гардид аз вазифаи канслери истеъфо дихад. Аз сиёсати пешгирифтаи ЧФО хатто иттифокчиёни дар НАТО будааш изхори норозиги менамуданд. Оммаи мехнаткаши Олмони Гарби талаб мекард, ки сиёсати хоричи дигаргун карда шавад. Хукумати ба истеъфорафтаи Эрхардтро хукумати «коалитсияи калон» бо рохбарии яке аз пешвоёни машхури ИХД (Иттиходи Христиани – Демократи) Кизингер иваз намуд. Дар хукумати Кизингер раиси хизби Сотсиал-Демократии Олмон (СДПГ) Брандт вазифахои витсе-канслер ва вазири корхои хоричиро ишгол намуд. Дар охири соли 1969 аввалин бор дар таърихи ЧФО хукуматро пешвои хизби Сотсиал- демократии (СДПГ) Вилли Брандт сохиби намуд. Инхукумат кадамхои нахустинро барои аз бухрон баровардани сиёсати берунии ЧФО гузошт, ки дар давоми 20 сол дар натичаи сиёсати нодурусти Христиан–Демократхо гутавар буд.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *