Фанни Таърихи Чахон(Умум)

Шахрсози, меъмори ва санъати Эллинисти

Замони эллинистӣ давраи бунёди шаҳрҳои зиёди нав ва ободу зебогардонии шаҳрҳои қадима буд. Табиист, ки ин ҷараён ба санъати шаҳрсозӣ ва меъморӣ такони бузургро ба миён овард. Унсурҳои нақшаи дурусти сохтан ва ободикунонии шаҳр ҳанӯз дар замони классикӣ ба вуҷуд омада буданд. Лекин истифодаи пурраи принсипҳои шаҳрсозии мунтазами Гиподам ва ба таври васеъ паҳншавии онҳо дар мавриди бунёди шаҳрҳои сершумори нав танҳо дар замони эллинистӣ ба амал омад. Принсипҳои асосии шаҳри мунтазам дар унсурҳои зерин ифода ёфта буданд: 1) барои сохтани шаҳр (агар он аз нав бунёд карда шавад) аз назари шароити табиӣ мусоид, таъмин будан аз оби нӯшокӣ, дар чорраҳаи роҳҳои тиҷоратӣ, барои ҳимоя қуллай беданаш интихоб кардани ҷой; 2) мураттаб кардани нақшаи кулли сохтмон, ки барои солҳои тулонӣ дар назар дошта шудааст; 3) истифодаи корҳои ҳамворкуние, ки зери кунҷҳои рости асосро бурида гузашта, тури мувозию (параллелию) амудии (перпендикуляри) кӯчаҳоро дар назар дорад; 4)тақсимоти шаҳр ба маҳаллаҳои (кварталҳои) баробар, ободонии дохилимаҳаллагӣ ва сохтмони дастаҷамъонаи маҳаллаҳо. Нақшаи кулли шаҳр ҷудо кардани қитъаҳои махсус барои майдони марказӣ – агора ва майдонҳои дигар, барои иншоотҳои театрӣ, иморатҳои ҷамъиятӣ ва ибодатгоҳҳо, варзишгоҳҳо ва гимнасияҳоро дар назар дошт.

Минои Искандария Осорхонаи Искандария

Нақшаи кулл боғу чорбоғҳои маҷмаавиро низ дар бар гирифта, чун қоида дар канораҳои шаҳр воқеъ гардида буданд ва минтақаҳои фароғатӣ ва саломатии шаҳрро ташкил менамуданд. Истеҳсолоти косибии зарарнок, аз он ҷумла устохонаҳои кулолгарию чармгариро дар канораҳои шаҳр ва ё аз он берун месохтанд. Дар шаҳри мунтазам таъминот аз об хуб ба роҳ монда шуда, он ба воситаи новаҳо аз масофаи чандин километр интиқол дода мешуд. Чунин шаҳрҳо ба шабакаи канилизатсия баҳри халоҷотро ба берун аз ҳудудҳои шаҳр баровардан низ таъмин карда шуда буданд. Ҳокимияти шаҳрӣ ба ҳолати тозагии шаҳр сахт назорат мекард.Баъзе фармонҳои шоҳҳои Пергам тоба замони мо омада расидаанд, ки ба асри III то милод дахл дошта, дар онҳо тадбирҳо дар бораи тоза нигоҳ доштани кӯчаю майдонҳо, таъмири ҳамаи биноҳои шаҳр андешида шуда буданд, аз он ҷумла барои вайрон кардани қоидаҳои сохтани чоҳу ҳалоҷотгоҳҳо ва тартибу қоидаҳои шаҳрдорӣ ва шаҳрсозӣ ҷазо муқаррар карда шуда буд.

Милети қадим Родоси қадим

Предмети махсуси таваҷҷӯҳи шоҳҳон эллинистӣ ободгардонии пойтахтҳои худ буд. Искандарияи Мисрӣ, Антиохияи воқеъ дар Оронте. Селевкияи воқеъ дар Даҷла, Пергам, Родос, Милет ва шаҳрҳои зиёди дигар ба шаҳрҳои ободу зебои дорои кӯчаҳои васеъ, қасрҳои олиҷаноби подшоҳӣ, чорбоғҳои серсоя, ибодатгоҳҳои бузург, театрҳо, биноҳои таъминоти ҷамъиятӣ, корвонсаройҳо, сутунҳои кунгурадори боҳашамат ва айвонҳо (портикҳо) барои саёҳат мубаддал гардида буданд.

Харобаҳои Пергами қадимИскандарияи Миср

Бунёди шаҳрҳои нави сершумор, корҳои хеле васеъ оид ба ободонии шаҳрҳои кӯҳна, мавҷудияти васоити калони моддӣ ва захираҳои инсонӣ ба болоравии меъмории эллинистӣ, коркарди намудҳои нави шаҳрҳо, сохтани иншоотҳои бузург мусоидат намуд, ки дар замони классикӣ имконнопазир набуданд. Акнун ибодатгоҳ намуди асосии меъмории эллинистӣ набуд, гарчанде дар ҳамаи шаҳрҳо мисли пештара ба хотири худоҳо ибодатгоҳҳои сершумор сохта мешуданд ва худи намуди ибодатхонаҳо тағйир касб кард: андозаи онҳо калон шуд, ороишашон зебою дилкаш гардид, сутунҳои кунгурадори дуқатора, ки диптер номида мешуданд, деворҳои ибодатхонаро иҳота мекарданд. Иншооти асосии меъморӣ иморатҳои таъиноти ҷамъиятӣ шуданд: биноҳои пританей, булевтерия, эклессиатория, барои маҷлисҳои пританҳо, аъзои була. маҷлиси халқӣ, китобхона, аслиҳагоҳ, корхонаҳои киштисозӣ, бандарҳо, театрҳо, варзишгоҳҳо, гимнасияҳо ва палестрҳо буданд.

Яке аз иншоотҳои бузурги на танҳо замони эллинистӣ, балки ҳамаи дунёи қадим Минои Искандария ба шумор мерафт, ки он дар ҷазираи Фарос аз тарафи меъмор Состратомаз Книда соли 280 то милод сохта шуда буд, ки дар бораи он дар чанд мавзӯи дар болотар матраҳшуда сухан рафта буд.

Дар замони эллинистӣ мактабҳои гуногуни шаҳрсозию меъморӣ ташаккул ёфта буданд: мактаби мисрӣ, мактаби бобулӣ, мактаби пергамӣ, мактаби афинагӣ, мактаби ситсилиягӣ ва ғайраҳо. Албатта анъанаҳои шаҳрсозию меъморӣ ва ҳайкалтарошӣ дар Искадарияи Миср ва Бобул дар Байнаннаҳрайн хеле бой буданд. Давлату шаҳрҳои дигари эллинистӣ аз ин таҷрибаи бой истифода бурда, дар ин кор эҷодкорона рафтор мекарданд. Масалан, мактаби Пергам ин анъанаҳоро дар асоси ҳайкалҳои реалистонава хулқи (характери)равонии қаҳрамонҳо ғанӣ гардонида буданд Мисолҳои ибратбахши чунин эҷодиёт дар мактаби Пергам гурӯҳҳои ҳайкалҳои галлҳо (галли мурдаистодахуд ва оилаашроқатлкардаистода) – варварҳои ҷанговари нотарс мебошанд. Намунаи машҳури меъмории эллинистӣ ва ҳайкалтарошӣ зиёратгоҳи Пергам — маҷмааи ёдбуде мебошад, ки аз тарафи Эвмендар асри IIто милод ба хотири ғалаба бар галлҳо (соли 180 то милод) сохта шудааст. Пештоқи он бо нагаси дарозиаш 120 метр бо фигураҳои нақшимуқарнас болопӯш карда шуда буд.

Дар ин ҷо дақиқаҳои охирини муборизаи бузурги худоҳо ва гигантҳо барои ҳокимият дар тамоми ҷаҳон ва бар одамон тасвир ёфтааст. Тақдири титанҳо ҳал карда мешавад: худоҳо ғалабаи худро тантана мекунанд. Пойҳои гигантҳо аз морҳо иборат тасвир ёфта, ҳамчун нимодам ва ҷонварҳои ноқисе, ки бояд ба марг дучор шаванд, тасвир ёфтаанд. Ҳокимият бар ҷаҳон қонунан бояд худоҳои зебо ва пурзӯри ба одам монанди Олимпӣ тааллуқ дошта бошад. Ғояи мазкур дар он ифода ёфтааст, ки худоҳои юнонӣ ифодакунандаи ибтидои юнонӣ буда, бояд бар аждаҳорҳои ноқисе, ки ифодакунандаи варварҳо мебошанд, ғалаба кунанд. Даҳшати марг, дарду азият аз захм, қаҳру ғазаби оҷизона, тантанаи ғалаба дар ҳаракатҳои бошасти шумораи бузурги ҳайкалчаҳо ба тасвир дода шудаанд. Муаллиф дар ҳайкал моҳиятан маҷмуи образи калони асотиририро зинда карда, донанда будани анъанаҳои қадимро зоҳир намудааст.

Колоси РодоссӣҲайкалтарош Харес

Мактаби Родос анъанаҳои Лисиппибузургро ривоҷу равнақ дода, дар ин ҷо образҳои марди ҷисман зебою боқуввати бараҳнаро коркард намудааст. Вале ӯ варзишгари орому пуршараф — гражданҳои замони классикӣ набуда, балки, чун қоида, ҳоким ё сатрапи бо нигоҳи соҳибдавлатиии тезу тунд нерӯи бузург (ҳайкалчаи “Ҳокими эллинӣ”)-и ошкор месозад. Гурӯҳи ҳайкалчаҳои олиҷаноби машҳури Родос “Лаокоон ва писарони ӯ” (асри I то милод) буда, марги пурмашаққати рӯҳонии Троян ва писарони ӯро аз заҳри мор (лаҳзае аз Ҷанги Троя) ва гурӯҳи ҳайкалчаҳо,ки ба қатл расонидани шоҳсанами золим Дирка аз тарафи писарони Антиопа, ки “Буқаи Фарнез” (II то милод) номида шудааст, тасвир меёбад.

Яке аз ҳайкалҳои бузургиин мактаб Колоси Родосӣҳайкали қадаш 30-метраи биринҷии худо Гелиосмебошад, ки онро шогирди Лисипп, ҳайкалтароши забардаст Харесаз Линда соли 276 то милод офаридаа, он бандарро зинат дода, дар айни замон ҳамчун мино хизмат мекунад. Соли 220 то милод ҳангоми заминларзаи сахт “Колосси Фарнез” хароб гардида, дигар аз нав барқарор карда нашудааст.

Як навъ ҳайкали хурд, ки он дар байни оммаҳои васеи аҳолӣ паҳн гардида буд, ҳайкалчаҳои начандон калони сафолӣ (теракота) мебошанд. Теракотҳо гражданҳои оддӣ ва саҳнаҳои рӯзғорро тасвир намуда, халқи оддии шаҳрҳои эллинистӣонҳоро хеле нағз медиданд. Бояд зикр кард. ки ин гуна ҳайкалчаҳоро ба миқдори хеле зиёд тайёр мекарданд. Ин аст, ки онҳо арзон буда, дастраси табақаҳои васеи аҳолӣмегардиданд. Яке аз ҷойҳои истеҳсоли оммавии ингуна ҳайкалчаҳо шаҳри беотии Танаграбуд. Аз ин рӯ, ин ҳайкалчаҳои зебою дилнишинро бештар аз номи ин шаҳр терракоти танагрӣ ном мебурданд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *