Фанни Таърихи Чахон(Умум)

ИМА дар солхои 70 – 80 уми асри 20

ИМА дар солхои 70 – 80 уми асри ХХ

1. Мохияти сиёсати маъмурияти Рейган

2. Сабабхои дастгири ёфтани ин сиёсат аз тарафи интихобкунандагон.

Дар ибтидои солхои 70 уми асри ХХ иктисодиёти ИМА ба бухрони навру ба ру гардид. Маъмурияти Ч.Картер пеши рохи бекурбшавии пулро гирифта натавонист. Курби доллари амрикои дар бозорхои молиявии чахони хеле паст гардида, шумораи бекорон меафзуд. Маъмурияти Касри Сафед зери танкиди сахт карор дошт. Иттифокхои касаба аз он норози буданд, ки торафт барномахои ичтимои кам мегардиданд. Мухофизакорон бошанд, рохи пешгирифтаи мамлакатро дуруст намешумориданд.

Дар сиёсати хоричии Картер низ душворихои зиёде чой доштанд. Аз ин ру, дар интихоботи соли 1980 барпогардида, Ч.Картер дастгири наёфт ва намояндаи хизби Чумхуриятхохон – Роналд Рейган ба мансаби президенти сохиб гардид. Хусусияти хоси давраи аввали президентии Рейган ин пастравие буд, ки тамоми сохахои иктисодиётро фаро мегирифт. Мачмуи махсулоти дохили соли 1982 2,5 % кам гардид, зеро бекори зиёда аз 10% афзуда ва кариб аз се як хиссаи корхонахои Амрикои аз кор монда буданд. Аз сабаби паст рафтани самаранокии истехсолот ракибони Амрико, мисли Олмон ва Чопон, кисми зиёди тичорати чахониро зери назорати худ гирифтанд. Хариди молхои истехсоли мамлакатхои хоричи дар Амрико хеле афзуд.

Сиёсати иктисодии маъмурияти ИМА дар давраи президентии Р.Рейган бо номи рейганомика машхур гардид, ки солхои 1981 – 1988 гузаронида шудааст. Самтхои асосии ба амал баровардани ин сиёсат аз инхо иборат буд:

— махдуд кардани дахолати давлати ба иктисодиёт аз хисоби кам кардани харочот барои барномахои ичтимои ва барномахои дастгирии сатхи зиндаги ва дар айни хол кам накардани харочот барои мудофиа.

– махдуд намудани танзими давлатии сохибкории хусуси.

– дастгирии амалиёти низоми захиравии федерали доир ба нигох доштани сатхи афзоиши воситахои пули муайяне, ки ба бекурбшави рох надода, барои таъмини рушди иктисоди басанда бошад.

– Кам кардани меъёри андози даромади шахси ва андоз аз даромад (аз 50 то 28%).

Ба амал баровардани сиёсати «инкилоби неоконсервативи» низ бо номи Рейган алокаманд аст. Рейган аз усули собик президентхои демократ – танзими давлатии иктисодиёт ва мусолихаи ичтимои даст кашида, сиёсати рушди истехсолотро бор охи фаъол гардонидани сохибкори дар шароити иктисоди озоди бозори чонибдори мекард. Бо ин максад андозхо аз даромад кохиш ёфта, харочоти ичтимои ба сохахои маориф, тандурусти ва таъминоти нафака кам карда шуданд.

Неоконсерваторхо мардумро ба он даъват менамуданд, ки бештар ба кувваи худ такя намуда, ба хамдигар ёри расонанд. Онхо чунин мешумориданд, ки одам озодии худро бо фаъолияти муассисахои гайри давлати, ташкилотхои сиёси, дини, этники, касби ва гайра, ки манфиати уро ифода мекунанд, амали мегардонад. Назарияи иктисодии неоконсерватизм ба акидаи олими машхур М.Фридман асос ёфта буд. Мувофики ин назария давлат на истеъмолкунанда, балки истехсолкунандаро дастгири намуда, андозхо аз даромад ва арзиши иловагиро кам кунад. Дар он сурат истехсолот рушд намуда, махсулот арзон мегардад ва сатхи зиндагии мардум боло меравад.

Неоконсерваторхо эхёи чунин институтхои ичтимои чун оила, мактаб, ва калисоро чонибдори мекарданд. Аз шахрвандон эхтироми конун, риояи тартибот, интизомноки, тахаммул ва ватандустиро талаб мекарданд. Кисми маблагхое, ки пештар хамчун кумак ба эхтиёчмандон дода мешуд, акнун хамчун карзи кафолатнок ба сохибкорон ва точирони хурд барои ба рох мондани фаъолияти онхо дода мешуд. Ин имконият дод, ки кисми зиёди бекорон ба сохаи хизматрасони чалб карда шаванд. Сиёсати пешгирифтаи Рейган имконият дод, ки дар ИМА сатхи бекурбшавии пул аз 12,5 % то 4,5% паст гашта, зиёда аз 18 млн. чои нави кори мухайё гардад. Р.Рейган дар давраи дуввуми президентиаш сиёсати дастгирии давлатии тачхизонидани истехсолотро идома дод. Дар сохахои гуногуни саноати мамлакат истехсол ва истифодабарии дастгоххои лазери, роботхо, истехсоли мошинхои хисоббарори, техникаи электрони, воситахои алока ва технологияхои мушакию кайхони комёбихои назаррас ба амал омаданд.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *