Фанни Таърихи Чахон(Умум)

Илм ва техникаи Эллинисти

Нишонаи вижаи ҳаёти зеҳнии замони эллинистӣ аз фалсафа ҷудошавии илмҳои махсус мебошад. Ҳаҷми шуморавии донишҳои илмии ҷамъшуда, муттаҳид ва коркардкунии дастовардҳои халқҳои гуногун ҷудошавии минбаъдаи фанҳои (намудҳои) илмро ба вуҷуд овард. Сохтори умумии натурфалсафаи гузашта сатҳи рушди илмро қонеъ карда натавонист, чунки барои ҳар як фан (илм) муайян кардани қонуну қоидаҳои худи онҳоро тақозо мекард.

Рушди донишҳои илмӣ банизомдарорӣ ва маҳфузнигоҳдории ахбороти ғуншударо талаб мекард Дар як қатор шаҳрҳо китобхонаҳо ташкил карда шуданд, ки аз ҳама машҳуртарини онҳо дар Искандария ва Пергам буданд. Китобхонаи Искандария дар замони эллинистӣҷои аз ҳама калонтарини маҳфуз нигоҳдории китобҳо буд. Ҳар киштие, ки ба Искандария лангар мепартофт, агар дар он ягон хел асари адабӣ мавҷуд бошад, вазифадор буд, ки онро ба китобхона фурӯшад ва ё барои нусхабардорӣ пешниҳод кунад. Дар асри I то милод китобхонаи Искандария то 700 ҳазор китоб (наворҳои печонидаи папируси)-ро ташкил медод Дар баробари китобхонаи асосӣ (он “шоҳӣ” номида мешуд) дар назди ибодатгоҳи Сараписи Искандария боз як китобхонаи дигар ҳам сохта шуда буд. Дар асри IIто милод шоҳи Пергам Эвмени II китобхонаи Пергамро сохт, ки он бо китобхонаи Искандария рақобат мекард. Маҳз дар Пергам маводи барои навиштан дар пӯсти гусола (“пергамен”, ё “пергамент”) такмил дода шуда буд. Пергамиҳо маҷбур шуданд, ки дар пӯсти гоҷ нависанд, чунки баровардани папирус аз Миср ба Пергам манъ карда шуда буд.

Китобхонаи Искандария Китобхонам Пергам

Олимони машҳур одатан дар дарбори подшоҳҳои эллинистӣ фаъолияти эҷодӣ доштанд, чунки онҳо барои зиндагӣқути лоямут медоданд. Дар дарбори Птоломейҳо барои муттаҳид кардани олимон муассисаи махсусе таъсис дода шуда буд, ки он Мусейон (“храм муз”) номида мешуд (дар ин бора дар болотар низ баён ёфта буд). Олимон дар Мусейон зиндагӣ карда, таҳқиқотҳои илмӣ мегузарониданд. Дар назди Мусейон боғҳои зоологӣ ва ботаникӣ, инчунин расадхонаи ситорашиносӣ мавҷуд буданд. Муколамаи байниҳамдигарии олимон ба эҷодиёти илмӣ хуб мусоидат мекард, вале дар айни замон дар вобастагии ҳокимияти шоҳӣқарор доштанд, ки ин ҳолат ба самтнокӣ ва мазмуни кори онҳо таъсир расонида метавонист.

Евклид Архимед Кидинну Аристарх

Ба Мусейон фаъолияти Эвклид (дар асри III то милод) – риёзишиноси машҳур алоқаманд аст, ки ӯ дастовардҳои геометрии худро дар китоби “Ибтидо” ҷамъбаст кардааст, ки он дар зарфи зиёда аз ду ҳазор сол боз ҳамчун китоби дарсии асосӣ хизмат кардааст. Дар Искандария дар тули чандин сол олими бузургтарини қадим риёзишинос, физик ва механик Архимед зиндагонӣ кардааст. Ихтирооти ӯ ба шаҳри азизаш – Сиракуза дар мавриди ҳимоя аз римиҳо хизмат кардаанд.

Саҳми олими Бобул Кидиннудар рушди илми нуҷум хеле бузург буд. Дар охирҳои асри IV — аввали асри III то милод умр ба сар бурда, дарозии солро ҳисоб карда баромадааст, ки он ба ҳақиқат хеле наздик аст. Тавре, ки тахмин мекунанд, ӯ ҷадвали ҳаракати дидашавандаи моҳтоб ва сайёраҳоро мураттаб сохта будааст.

Ситорашинос Аристарх, ки зодаи ҷазираи Самос (асри III пеш аз милод) буд, фикри тахмини гениалии худро дар бораи даврзании Замин дар атрофи Офтобро баён сохтааст. Вале ин фикрро на аз тариқи ҳисобу китоб ва на аз тариқи мушоҳидаҳо исбот карда натавонистааст. Дар он замон аксарияти олимон ин нуқтаи назарро рад кардаанд, гарчанде, ки олими Бобул СелевкХалдеянин (асри IIто милод) ва баъзе олимони дигар аз ӯ пуштибонӣ карда буданд.

Мусейон(Осорхона) Харобаҳои шаҳри Никей

Ба рушди ситорашиносӣГиппарх аз Никей (асри Iiто милод) саҳми калон гузошта, ҷадвалҳои бобулии гирифта шудани Офтоб ва Моҳтобро истифода бурд, гарчанде. ки Гиппарх бар зидди гелиосентризм баромад мекард, хизмати ӯ дар аниқкунии тақвим, масофа дар байни Моҳтоб ва Замин (ки ба ҳақиат наздик буд) ифода ёфтааст. Ӯқайд карда буд, ки вазни қиёсии Офтоб нисбат ба Замин чандин баробар зиёд аст. Гиппарх ҷуғғрофшинос низ буд.

Гиппарх Феофраст Эратосфен

Лашкаркашиҳо ва сафарҳои тиҷоратӣ таваҷҷӯҳи калонро ба ҷуғрофия ба миён оварданд. Ҷуғрофшиноси аз ҳама машҳури замони эллинистӣ Эратосфен аз Кирена буд, ки дар Мусейдон фаъолият доштааст.Ӯ ба илм худи мафҳуми “ҷуғрофия”-ро ворид сохтааст. Эратосфен ба муайян намудани дарозии давродаври кураи Замин машғул буд. Ӯ чунин меҳисобид, ки Аврупо – Осиё – Африқо ҷазираҳо мебошанд, ки дар уқёнуси ҷаҳонӣ ҷойгиранд. Эратосфенфикрро дар бораи имконпазирии роҳ ба Ҳиндустон дар атрофи Африқоро баён карда буд.

Гай Валерий Катулл Посидипп Евмени II

Аз илмҳои дигари табиатшиносӣ бояд тибро қайд кард, ки он дар ин замон дастовардҳои тибби мисрию юнонӣ ва илм дар бораи наботот (ботаника)-ро муттаҳид карда буд. Илми охирин аз бисёр ҷиҳат ба шогирди Арасту — Феофраст, муаллифи “Таърихи наботот” алоқаманд мебошад.

Қоғази чармии Пергам Папируси Пергам

Илм дар бораи нисбат ба табиатшиносӣ сусттар пеш рафта буд. Дар дарбори шоҳҳо машғулшавӣ ба назарияҳои сиёсӣ имконнопазир буд.Дар айни замон воқеаҳои тезу тунде, ки ба лашкаркашиҳои Искандари Макдунӣ ва оқибатҳои онҳо вобаста буданд, таваҷҷӯҳи мардумро ба таърих ба вуҷуд меоварданд Одамон ҳаракат мекарданд, ки замони ҳозираро аз тариқӣ гузашта мулоҳиза намоянд. Дар ин давра навишти таърихи баъзе аз мамлакатҳо бо забони юнонӣ ба миён меоянд. РӯҳонӣМанефонтаърихи Мисрро менависад.

Навиштани ин таърих бо тақсимбандӣ аз рӯи сулолаҳо дар илми таърих то ҳол қабули қабул мебошад. Рӯҳонии Бобул ва олими созаи нуҷум Берос, ки дар ҷазираи Кос фаъолият дошт, рисолаи худро оид ба таърихи Бобул менависад. Тимойбошад, асаре иншо намуд, ки дар он дар бораи таърихи Ситсилия ва Италия нақл карда мешавад.

Ҳатто марказҳои нисбатан хурд ҳам таърихшинигорони худро доштанд. Ҳамин тариқ, дар асри III то милод дар Херсонес ба шарафи Сриск, ки таърихи Херсонесро навишта буд, қонун қабул карда мешавад. Вале муваффақиятҳои илми таърих дар маҷмӯъ асосан сифатӣ нею миқдорӣ буданд. Аксарияти асарҳои таърихӣ моҳияти тасвирию ахлоқӣ доштанд. Танҳо таърихнигшори калонтарини замони эллинистӣ Полибий дар асри II то милод ғояҳои Арастуро дар бораи сохти давлатии беҳтарин ташаккул додааст. Ин таърихнигор назарияи даврагии ивазшавии шаклҳои давлатро мураттаб сохтаастМувофиқи хулосаи ӯ дар шароити беҳокимиятӣ ва бенизомӣ одамон доҳии худро интихоб мекунанд ва,ҳамин тариқ,монархияҳо ба вуҷуд меоянд. Вале монархия оҳиста – оҳиста ба истибдод табдилёфта, ва бо идораиашрофӣиваз мешавад.

Замоне, ки ашрофон ғамхориро дар бораи манфиатҳои халқ бас мекунанд, ҳокимияти онҳо бо демократия иваз карда мешавад, вале дар ҷараёни рушд аз нав онҳо ба бенизомию вайроншавии ҳамаи ҳаёти ҷамъиятӣ оварда мерасонад. Дар ин сурат аз нав имконияти интихоби доҳӣ ба миён меояд. Арзишмандии асосии таърихро Полибий (баъди Фукидад) дар фоидаи он медид, ки омӯзиши он ба арбобони сиёсӣчӣ дода метавонад. Лекин ин дидгоҳ нисбати илми таърих барои замони эллинистӣ хос буд.

Барои юнониҳо илми гуманитарии нав – филология низ ба вуҷуд меояд. Филологҳо асосан ба танқиди матнҳои муаллифони қадим (фарқкунонии асарҳои аслӣ ва қалбакӣ, барҳам додани камбудиҳо) ва шарҳи онҳо машғул буданд. Аллакай дар он замон масъалаи “гомерӣ” вуҷуд дошт: ин филологҳоро тақсимкунандагон номидаапнд. Мувофиқи ақидаи онҳо “Илиада” ва “Одиссея”-ро муаллифони гуногун навиштаанд.

Ҷазираи Фарос Минои Фарос

Дастовардҳои техникии давлатҳои эллинистӣ асосан дар корҳои ҳарбӣ ва бинокорӣ зуҳур ёфтаанд, яъне дар он соҳаҳое, ки ҳокимони ин давлатҳо манфиатдор буднд ва бо ҳамин сабаб ба ин соҳаҳо маблағҳои калон харҷ мекарданд. Дар замони эллинистӣ техникаи муҳосира – мошинҳои ҳаводиҳанда (манҷаниқҳо) такмил дода мешаванд. Баъди ин навгонӣ ҷанговарон сангҳои калонро ба воситаи манҷаниқ ба масофаи то 300 метр ба тарафи қалъаю монеаҳои дигари истеҳкомӣ равона месохтанд. Дар манҷаниқҳо арғамчинҳо ва бандҳои аз пӯсту пайи ҳайвонот бофташуда истифода бурда мешуданд Вале арғамчинҳои аз ҳама мустаҳкам онҳое ба ҳисоб мерафтанд, ки аз мӯйи сари занон тайёр карда шуда, қаишии арғамчинро таъмин мекард. Баъзан ҳангоми муҳосира занҳо мӯйҳои сари худро бурида, ба эҳтиёҷоти мудофиаи шаҳри азизи худ медоданд Манораҳои махсуси муҳосира–гелеполҳо (“ишғолкунандаи шаҳр”) сохта шуда буданд.

Пешрафти техникаи муосира такмилдиҳии иншоотҳои муҳофизатиро ба миён овард. Деворҳо баландтар ва ғафстар шуда, дар деворҳои бисёрошёна барои мерганҳо муриҳои тирпарронӣ ва аслиҳаи ҳаводиҳӣ тайёр мекардагӣ мешаванд. Зарурати сохтмони деворҳои пурқувват ба рушди умумии техникаи сохимон таъсир расонид. Дастоварди калонтарини техникии он замон сохтмони яке”аз ҳафт мӯъҷизаи олам” – Мино мешавад, ки дар ҷазираи Фарос, дар даромадгоҳ ба бандари Искандария сохта шуда буд. Он манораи сеқабатаеро ташкил мекард, ки баландиаш наздики 120 метрро ташкил мекард. Дар ошёнаи болоии он Машъал қарор дошта, сӯзишворӣба он бо роҳи печдарпеч бароварда мешуд. Тавре менигоранд, ба воситаи он харҳо ҳам метавонистанд ба боло бароянд. Мино инчунин ҳамчун нуқтаи мушоҳида истифода бурда шуда, дар он гарнизони аскарҳо ҷой гирифта буд.

Герони Александрӣ(солҳои 10 – 70 милодӣ) Дар Александрия донишманди риёзию ҳандаса (геометрия) ва механики беҳамто . Герон ҳам зиндагӣ кардааст. Ин вақт Александрия маркази илмии Мисри Қадим буд. Фаъолияти илмии ӯ дар “Мусей”-и Александрия сурат гирифта, дар ин маркази илмию таълимӣ дарс ҳам медодааст. Асарҳои Герон Асари машҳури ӯ “Метрика” танҳо соли 1814 ёфт шудааст. Асари дигари машҳури Герон “Дар бораи одометр” ном дошта, дар боби 34 он шарҳи дастгоҳ барои ченкунии масофа инъикос гардидааст. Ӯгирифтани моҳтобро дар санаи 13 марти соли 62 пешгӯӣ кардааст

Герон ба гидравлика ва пневматика машғул буд. Ӯ яке аз аввалинҳо шуда ба неруи об ва ҳаво баҳо дода тавониста, ба роҳи дуруст равона кардани онҳоро меёбад. Герон дар бораи вакуум тасаввурот дошт, дар бораи он, ки оташ ҳаворо месӯзонад. Дар бораи табиати об эҳтимолия (гипотеза) пешниҳод кард. Сифони (насоси) сӯхторхомушкунӣ ихтироъ кардааст. Инчунин асбоби садодиҳӣ месозад, ки он ба воситаи бӯғ кор мекард ва ихтироҳои дигар

http://earth-chronicles.ru/Publications/92/24/image001.jpg

ГерониАлександрӣ Формулаи Герон Мутаҳарики буғииГерон

барои ченкунии масоҳати секунҷа

http://www.romanenko.biz/userfiles/image/heron/04.jpg
http://www.romanenko.biz/userfiles/image/heron/05.jpg

Одометр (шакли беруна)Одометр (сохти дохилӣ)

Барои ченкунии масофа

Аполлоний Пергӣ (солҳои 282 – 190 то милод) риёзишиноси юнонӣ, яке аз се математик (Аполоний Пергамӣ, Евклид ва Архимед)-и бузурги антикӣ буд. Асари асосии Апполоний “Буришҳои коника” ном дошта, он аз 8 китоб иборат мебошад. Вале то ба мо 4 китоб дар шакли асл — бо забони юнонӣ , 3 китоб дар тарҷумаи арабии Собит ибни Курра омада расида ва танҳо 1 китоб – китоби 8 гум шудааст..7 китоб аввал ба забони лотинӣ ва баъд бо забонҳои дигар гардонида шудааст. Аполлоний назарияи буришҳои коникиро ҷамъбасту хулосабарорӣ ва инкишоф додааст. Ба илмҳои риёзӣ ва геометрия мафҳумҳои эллипс, порабола ва оиперболаро дохил намудааст. Ӯро сардафтари геометрияи таҳлилӣ (аналатикӣ) мешуморанд.

http://math4school.ru/img/math4school_ru/portrety01/apollonios_01.jpg
clip_image004
https://upload.wikimedia.org/wikipedia/commons/thumb/4/48/Conic_sections_2.png/360px-Conic_sections_2.png

Аполлоний ПергӣНамунаҳо аз буришҳои коникӣ

Баъзе такмилёбиро дар дигар соҳаҳои истеҳсолот ҳам мушоҳида кардан мумкин аст. Вале дар маҷмӯъ музди меҳнат хеле арзон буд ва он имкон надошт, ки дар техника тағйиротҳои ҷиддӣ ба миён оварад, Аз ин лиҳоз, тақдири баъзе кашфиётҳо исботи ин гуфтаҳо мебошад. Риёзишинос ва механики машҳур Герони Искандариягӣ хосиятҳои бӯғро омӯхта, асбобе сохт, ки он аз деги об ва зарфи мудааввар (шар) дошт. Вақтк, ки об гарм мешуд, он тавассути қубур ба зарфи мудаввар рехта, аз он ба воситаи ду қубури дигар баромада, зарфи мудавварро маҷбур мекард, ки давр занад. Герон театри лухтаки автоматиро низ месозад. Вале ҳам мудавварибуғӣ ва ҳам автоматҳо танҳо як шуғле буданд, ихтирои онҳо ба пешрафти истеҳсолоти олами эллинистӣ ягон таъсире расонида натавонистанд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *