Фанни Таърихи Чахон(Умум)

Таъсисёбии давлати Селевкиён ва идораи он

Давлати Селевкиён

Таъсисёбии давлати Селевкиён ва идораи он

Дар байни давлатҳои эллинистӣ давлати калонтарин шоҳигарии Селевкиён буда, дар замони рушди пуравҷи худ қисми зиёди заминҳоеро дар бар мегирифт, ки ба ҳайати шоҳаншоҳии Искандари Макдунӣ дохил буданд. Ин давлат дар Ғарб аз баҳри Эгей сар карда, дар Шарқ тоба Ҳиндустон тӯл кашида, қисми ҷанубии Осиёи Хурд, Сурия, Байнаннаҳрайн, Бобул, Эрон, навоҳии муҳими Осиёи Марказӣ ва қисми зиёди Афғонистони имрӯзаро дар бар мегирифт.

Харитаи давлати Селекиён Селевки I Никатор

Ташкилкунандаи ин давлати бузург яке аз муҳофизон ва шахси ба Искандари Макдунӣназдик -Селевк буд Мутобиқи қарори Маҷлиси машваратии диодохҳо дар Трипарадиз (соли 321 то милод) ӯ идораи Бобулро ба зима гирифт. Дар муддати кӯтоҳ ба ӯ муяссар гардид, ки ба ҷонибдории табақаҳои болоии шаҳрҳои Бобул муваффақ шавад. Вақте ки Антигони Якчашма сатрапии Селевкрогирифта, худашро аз он ҷо пеш кард. Баъди ин ҳодиса Селевк хотирҷамъ намешинад. Аз Птоломей кӯмак мепурсад. Мувофиқи сарчашмаҳо Птоломей ба Селевк 600 ва ҳатто 300 ҷанговари савора медиҳад. Бо ин қувваи ночиз ба Селевк муяссар мешавад, ки сатрапиашро аз Антигони Якчашма баргардонад. Ин кор ба ӯ бо шарофати он муяссар гардид, ки шаҳрҳои Бобул Селевкро ҳамчун озодкунандаи худ истиқбол карданд.

Муҳорибаи Селевк дар Ипс Антигони Якчашма Лисимах

Селевк шахси доною сариштакор буда, нерӯҳои худро барои ягон мақсаде, ки баҳри пиёда кардани он кифоя аст, мутаносиб истифода бурда метавонист. Ӯ дар аввал ба муборизаи диодохҳо дар Юнон ва Осиёи Хурд дахолат накард, балки тамоми қувваи худро ба ишғоли вилоятҳои шарқии шоҳаншоҳии Искандар равона сохт. Маҳорати олиҷаноби дипломатӣ зоҳир намуда, ба Селевк муяссар шуд, ки бо Чандрагупта, муассиси давлати Маврҳо, бархурд надошта бошад. Барои ҳамин,канораҳои шарқии шоҳаншоҳии Искандарро ба Чандрагупта гузашт карда, ба ивази онҳо 500 фили ҷангӣ гирифт. Ин кор қобилияти ҷангии қӯшунҳои Селевкро якбора баланд бардошт Дар Шарқҳокимияти худро мустаҳкам карда, Селевк дар рафти ин кор артиши пурзӯреро аз ҳисоби он аскароне ташкил кард, ки дар лашкаркашиҳои доимӣ дар Шарқ обутоб ёфта буданд.

Акнун Селевк чунин ҳисобид, ки метавонад ба майдони “сиёсати калон” ҳам ворид гардад. Артиши Селевк дар муҳорибаи назди Ипс (соли 301 то милод) дар торумори Антигона нақши ҳалкунандаро бозӣ кард. Дар натиҷаи ин ғалаба Селевк Сурияро Шимолиро ба даст дароварда, ба баҳри Мийназамин роҳ кушод. Муваффақияти калони охирини Селевк торумори лашкари Лисимах соли 281 то милод дар наздикии Куропедион (Лидия) мебошад. Бо шарофати ин ғалаба Осиёи Хурдро ба даст овард. Ин вақтрақибони ӯ бебарор барои муттаҳид кардани қаламраи шоҳаншоҳии ташкилкардаи Искандари Макдунӣ талош доштанд. Селевк дар назди худ мақсад гузошт, ки бояд ба муттаҳидкунии қисмати зиёди он муваффақшавад. Бо ҳамин ният Селевк бо қӯшунҳояш ба сӯи Македония ҳаракат кард. Вале дар лаҳзаи футуҳоти навбатиаш аз тарафи Птоломеи Керавн, ки яке аз писарони Птоломеи I, хоинона кушта мешавад. Ба писари Селевк Антиохи I бо мушкилии зиёд муяссар мешавад, ки ихтилофу монеаҳоро бартараф карда, ҳокимияти худро дар тахти подшоҳии давлати Селевкиён мустаҳкам намояд.

АнтиохиI Антиохи II Антиохи III

Антиохи I аз баҳри орзуи васеъ кардани давлаташ аз ҳисоби Македония ва Юнон гузашта, тамоми қувваҳои худро барои муваффақшавӣ ба ваҳдату иттифоқи байни онҳо сарф кард. Дар аҳди Селевк ва Антиохи I (солҳои 281 – 261 то милод) барои даҳсолаҳои зиёд самтҳои асосии сиёсати давлати Селевкиён ташаккул меёбад. Селевкиён маҷбур шуданд, ки сиёсати фаъолонаи хориҷии худро ба се минтақаи калон равона созанд: дар Ҷануби Сурия, Осиёи Хурд ва дар Шарқ. Дар Сурияи Ҷанубӣ Селевкиён қариб беист бар зидди Птоломейҳо мубориза мебурданд Ҳар як давлат кушиш ба харҷ медод, ки ин вилояти муҳимро, ки аз он роҳҳои тиҷоратии зиёд ба охир мерасиданд ва шаҳрҳои рушдёфтаи тиҷоратӣ воқеъ гардида буданд, ба зери назорати худ бигиранд. Дар ин ҷо саҳнаи асосии Ҷангҳои Сурия, бархурдҳои паиҳами байни Селевкиён ва Птоломейҳо рух медодагӣ воқеъ гардида буд.

Дар Осиёи Хурд мулкҳои Селевкиён ва Птоломейҳо ҷои муҳим буданд. Маҳз бо ҳамин сабаб,оғози ҷанг дар Сурия ҳатман ба муҳориба дар Осиёи Хурд ҳам оварда мерасонид. Шаҳрҳои кӯҳнаи юнонии Осиёи Хурд ҳанӯз ҳам аҳамияти худро аз даст надода буданд. Барои ҳукмронӣ бар онҳо Птоломейҳо ва Селевкиён бар зидди ҳамдигар мубориза мебурданд. Дар шимоли Осиёи Хурд як қатор давлатҳои соҳибистиқлол аз қабили Пергам, Вифания, Каппадоқия ваПонт ба вуқҷуд омада буданд, ки бо онҳо муносибату ҳамкории Селевкиёнҳамешадар ҳолати т мураккаб қарор дошт. Барои Селевкиён махсусан галатҳо (келтҳо) хатарнок буданд Аз нимҷазираи Балкан ба Осиёи Хурд се қабилаи ҷангҷӯи келтҳо омада, дар навоҳии шимолтар аз Фригия сокин шуда,Селевкиёнро мунтазам ба ташвиш меоварданд.

Дар Шарқ, аз он ҷумла дар Осиёи Марказӣ, мушкилии вазъиятро ҳолатҳои зерин муайян менамуданд: аввалан, ин сарзамин хеле дур воқеъ гардида, робита бо он мушкил буд; дуввум, мавҷудияти хатар аз тарафи кӯчманчиёне, ки қад-қади сарҳадҳои давлати Селевкиён ҷойгир шуда буданд. Дар асри III то милод ҳаракати қабилаҳои кӯчманчӣ оғоз меёбад, ки ин падида дар сарҳадҳои давлати Селевкиён шиддатнокиро ба вуҷуд овард.

Мушкилоти дохилии давлати Селевкиён на камтар аз мушкилоти хориҷии онҳо буданд. Ин давлат қаламрави бузургро дар бар мегирифт ва он аз ҷомеаҳои сершумори сатҳи рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва ҷиҳати ташкилии сиёсӣ фарқдошта иборат буд, ки дар як давлат ниоҳ доштани ягонагии онҳо ниҳоят мураккаб буд.

Вазифаи асосии давлати Селевкиён дар таъмини истисмори халқҳои аз тарафи истилогарон ишғолкардашуда таҷассум ёфта буд.Ҳамчун як “барнома” ин андеша дар нутқи Селевки I таҷассум ёфтааст, ки ба артиш нигаронида шуда, бо сабаби бастани ақди никоҳи писараш Антиох бо Стратоника ва ба Антиох ҳадя кардани ҳуқуқи ҳамоҳокимӣ ва додани мартабаи шоҳӣ эрод карда шуда буд. Селевки I дар бораи он сухан меронад, ки ӯ давлатро ба хотири раияти македонӣ таъсис додааст. Дар баробари ин,қайд мекунад, ки дар байни сулолаи ӯ ва македониягиҳо робитаи ногусастанӣ вуҷуд дорад: шоҳ ва оилаи ӯҳифозатгари “салтанати” (“гегемонияи”) македониҳо ном бурда мешавад. Гарчандеқисме аз табақаи болоии аҳолии маҳаллии Шарқ ба ҳайати синфи ҳукмрон дохил шуда бошад ҳам, оммаи бештари онро истилогарон – македониҳо ва юнониҳо ташкил мекарданд. Бо ҳамин сабаб, сохтори давлати Селевкиён аз рӯи тақсимоти асосии иҷтимоӣ муайян карда мешуд: синфи ҳукмрон – асосан истилогарон, оммаи истисморшуда – асосан халқҳои истилошудаи Шарқ.

Сардори давлати Селевкиён шоҳ буда, ҳокимияти ӯ моҳиятан номаҳдуд буд. Шоҳ сардори олии маъмурияти гражданӣ ба шумор мерафт, сарфармондеҳи қӯшун, судяи олӣ ва ҳатто сарчашмаи ҳуқуқ буд. Ба асосгузори сулола Селевки I принсипи бунёдӣ тааллуқ дошт:”Ҳамаи он чи ки аз тарафи шоҳқарор карда шудааст, адолатнок мебошад”. Ҳокимияти шоҳи сулолаи Селевкиён асосҳои ҳуқуқии зерин дошт: 1)ҳуқуқи истилогарӣ (дар замони Атиқа он аз ҳамаи асоснокии ҳуқуқӣ муҳимтар шуморида мешуд); 2)меросгузории ҳокимият аз падар ба писар. Шоҳҳои Селевкиён ба мартабаи худо бароварда шуда буданд. Бояд зикр кард, ки ин вақт ду шакли худогардонӣ вуҷуд дошт: якум, шаҳрҳои кӯҳнаи юнонӣ, ки ба ҳайати давлат дохил мешуданд, ба хотири корҳои неки шоҳ, “ихтиёрӣ” дар бораи ӯро ҳамчун худо эътироф кардан қарор қабул мекарданд; дуюм, дар қисмати боқимондаи қаламрави давлат парастиши шоҳ аз тариқи тадбирҳои маъмурӣ ба роҳ монда мешуд. Бо мурури замон Селевки III ва ҳамсари ӯ худо эътироф карда шуданд.

Дар давлати Селевкиён низоми бюрократии рушдёфтаи ҳокимияти давлатӣ мавҷуд буд Андозаи бузурги давлат имконият намедод, ки дар он назорати ҳамагонии маъмурӣ ба роҳ монда шавад. Як қатор муассисоти сиёсӣ (қабилаҳои алоҳида, полисҳои юнонӣ, ҷамоаҳои ибодатгоҳӣ, сулолаҳои маҳаллӣ) дар корҳои дохилӣ аз як нав мухторият истифода мебурданд.

Баъд аз шоҳҳокимони олии давлат “барандаи корҳо” (як навъ сарвазир), сарвари дафтар ва назоратчие буд, ки ба ҷамъоварии андоз масъулият дошт ва ғавраҳо. Ба шоҳ одамони наздиктаринро “хешовандон” ва “дӯстон” ташкил мекарданд. Онҳо. дар навбати худ, ба “дӯстони муқаррарӣ” ва “эҳтиромдорони дӯстон”, “дӯстони аввал ва аз ҳама соҳибэҳтиром” тақсим мешуданд. Маҳз “хешовандон” ва “дӯстон” ба вазифаҳои баланд дар маъмурияти идораҳои марказӣ маҳаллӣваба вазифаҳои ҳарбӣ таъин карда мешуданд.

Қаламрави шоҳигарии Селевкиён ба сатрапиҳо (вилоятҳо) тақсим карда шуда буданд. Мувофиқи суханҳои Аппиана ин шоҳигарӣ аз 72 адад сатрапӣ иборат буд. Масоҳати сатрапиҳои давлати Селевкиён нисбат ба сатрапиҳои шоҳаншоҳиҳои Ҳахоманишиён ва Искандари Макдунӣ хеле хурд буд. Сатрапиҳо, дар навбати худ, ба эпархияҳо, эпархияҳо бошанд, ба гипархияҳо тақсимбандӣ карда шуда буданд. Аз замони ислоҳоти маъмурии стратег Антиохи III сатрап дар ихтиёри худ ҳам ҳокимияти гражданӣ ва ҳам ҳарбӣбуд. Муассисаи молиявӣ мустақил буда, амалдоронаш ба сатрап тобеъ набуданд. Бо сабаби масоҳати бузург доштани давлат, дурдаст будани сатрапӣ ва мушкилии идора дар якчанд сатрапӣ ноибигариҳои махсус ташкил карда шуда буданд. Ин ноибон аз ҳокимияти бузург истифода мебурданд, то он дараҷае, ки баъзан ҳуқуқи ҳамҳокимӣ ва унвони шоҳӣ доштанд. Муддати тулонӣ ноибигарии шарқӣ (бо номи “сатрапиҳои боло”) вуҷуд доштанд, ки маркази он дар соҳили Даҷла шаҳри Селевкин буд. Баъзан ҳамаи мулкҳои Селевкиён дар Осиёи Хурд низ дар зери сарварии як ҳоким муттаҳид шуда буданд. Маркази Осиёи Хурдӣдавлати Селевкиён шаҳри Сарда буд. Таъсиси ноибигариҳои бузург баъзе ҷиҳатҳои манфӣ низ дошт. Соҳиби ҳокимияти бузург будан баъзан ошкоро тамоилҳои ҷудоихоҳии (сепаратизми) ноибҳоро ба миён меовард

СИЁСАТИ ХОРИҶИИ СЕЛЕВКИЁН

Барои сиёсати фаъолонаи хориҷӣ ва таъмини амнияти дохилии давлат ба Селевкиён артиши пурзур лозим буд. Мувофиқи ченакҳои антиқӣ шумораи қӯшунҳои Селевкиён ниҳоят бузург ҳисобида шудааст. Дар муҳорибаи назди Рафия Антиохи III дар ихтиёри худ 62 ҳазор аскари пиёдагард ва 6 ҳазор аскари савора доштааст. Дар муҳорибаи дигаре қӯшунҳои Антиохи IIIаз 46 ҳазор нафар аскари пиёдагард ва 4,5 ҳазор аскари савора иборат будааст. Дар муҳорибаи аз ҳама муҳимтарине, ки Селевкиён иштирок намудаанд, муҳорибаи Антиохи III бо римиҳо дар назди Магнесия буда, шоҳиСелевкиёндаринмуҳорибадар ихтиёри худ то 60 ҳазор аскари пиёдагард ва 12 ҳазор аскари савора доштааст. Дар баробари ин, бояд зикр кард, ки ин вақт ҳайати зиёди қӯшуни Селевкиён набард ширкат наварзида буд, чунки дар гарнизонҳои гуногуни қаламрави паҳновари мамлакат дар вазифаҳои худ қарор доштанд.

Асоси қӯшуни давлати Селевкиёнро фаланга ташкил менамуд. Фаланга аз зурётҳои македониҳое иборат буд, ки дар вақташ дар давлати Селевкиён сокин шуда буданд. Қисми дигари фалангаро юнониҳое ташкил мекарданд, ки “ба таври македонӣ” мусаллаҳбудаа ва таълим дода шуда буданд. Қисмате аз фалангаро гурди пиёдагард ташкил менамуд, ки онро аргироспид меномиданд, яъне ин ҷанговарон сипарҳои нуқрагиндошта, ҳайати он аз ҷанговарони аз назари ҷисмонӣ боқувват, нағз таълимгирифта ва дар ҷангҳо корнамоикарда иборат буд. Ҳангоми лашкаркашиҳо ин ҷанговарон одатан пешопеши артиш ҳаракат мекарданд. Чун қоида, фармондеҳони ҳамаи ҷузъу томҳои артиш аз ҳисоби чунин аскарони шуҷоатманд таъин карда мешуданд. Қисми зиёди аскари савораро катафрактара, яъне ҷанговарони бо аслиҳаи вазнин мусаллаҳбуда ташкил мекарданд. Баъзан аспҳои онҳо низ ҷавшанпӯш карда шуда буданд. Дар ҳайати аскарони савора қисми гвардия – агема низ мавҷуд буд. Қӯшунҳои Селевкиёназ дастаҳои (отрядҳои)ҷанговарони сабукяроқ (камонварон, набарди танбатан) низ иборат буданд. Дар муҳорибаҳо филҳои ҷангӣ мақоми хеле калону муҳим доштанд. Ба артиши мунтазам гарнизонҳое низ дохил мешуданд, ки ба стратегҳои (сатрапҳои) музофотҳои марбута тобеъ буд. ДИн гуна ҷузъу томҳои артиш дар қалъаҳои наздисарҳадӣ ва акрополи шаҳрҳои калонтарин мустақар буданд.

Асоси қӯшунҳоро македониҳою юнониҳое ташкил мекарданд, ки дар мустамликаҳои ҳарбӣ — катойкияҳо ва полисҳо сукунат доштанд. Селевкиён ба дастаҳои (отрядҳои)ҷанговарони аз ҳисоби аҳолии маҳаллӣ ташкилкарда низ мақоми начандон баланд муқаррар карда буданд. Чун анъана онҳо ба артиши мунтазами Селевкиён баъзан ҷалб карда мешуданд.

Маркази асосии ҳарбии давлати Селевкиён шаҳри Апамея дар шимоли Сурияи начандон дур аз пойтахт воқеъ гардида буд. Дар ин ҷо қисмати зиёди артиш мустақар буда, мактаби ҳарбӣ дошт. Дар ин таълимгоҳ наваскарон таълим дода мешуданд. Дар он ҷо устохонаҳои истеҳсоли аслиҳа низ мавҷуд буданд. Дар ин марказ дастаҳои (отрядҳои)ҷанговарони филсавор нигоҳ дошта мешуданд. Дар давлати Селевкиён флот мақоми наонқадар баланд дошт. Базаи асосии флоти Селевкияи дар Пиерия буда, пойтахти давлат – Антиохияро дар Орента аз тарафи баҳр ҳимоя мекард.

ПОЛИСҲО ВА ҶАМОАҲОИ ИБОДАТГОҲӢ ДАР ДАВЛАТИ СЕЛЕВКИЁН

Шаҳр, ҳамчун ташкилоти гражданҳои озод, ки дорои имтиёзҳои муайяни иқтисодӣ ва сиёсӣ буда, дар замони эллинизм дар сохтори давлати Селевкиён (ва на танҳо дар сохтори ин давлат) дорои мақоми муҳим ба шумор мерафт. Ыойгирони Искандар ба марказҳои шаҳрии кӯҳнаи юнонӣ ва шарқӣ шаҳрҳои зиёди дигарро низ ҳамроҳ намуданд. Маълумоте вуҷуд дорад, ки мувофиқи онщо Селевки I 33 шаҳр бунёд карда будааст. Маълум аст, ки бисёрии онҳо дар ҷойҳои холӣбедарназардоштимасъалаҳоисиёсати давлатӣ сохта нашуда буданд.

Барои бунёди шаҳр одатан ягон бошишгоҳи маҳаллие интихоб карда мешуд. ки он аз назари ҳарбӣ ва тиҷоратӣ дар ҷои қуллай воқеъ гардида бошад. Онро васеъ мекарданд, аз нав месохтанд, полис эълон мекарданд ва ба хотири ягон шоҳ-асосгузор ва ё хешованди ӯ номгузорӣ менамуданд.Ҳамин тариқ, шаҳрҳои Селевкия, Антиохия. Апамея, Стратоникея (ду шаҳри охирин номбурда бо исми шоҳзанҳо номгузорӣ шудааст) ва ғайраҳо. Дар ин шаҳрҳо собиқадорони македонӣ, ва мустамликачиёни юнонӣ сокин мешуданд, гражданҳои онҳо аҳолии маҳаллӣ, ё ки қаблан дар ин ҷо сокинбуда ва ё аз маҳаллаҳои гирду атроф муҳоҷиршуда низ буданд.Ҷамоаҳои нисбатан гражданию ибодатгоҳӣ (масалан, дар Бобул ва Фаластин) сохтори худро нигоҳ доштанд ва ҳолати иҷтимоии онҳо нисбати ҳокимияти шоҳӣ ба ҳолати полисҳо баробар карда шуда буданд.

Дар давлати Селевкиён рушди шаҳрҳо танҳо натиҷаи сиёсати давлатӣ набуд. Ин ҷараён дар давраи тоэллинистӣ оғоз ёфта, дар тӯли чандин асри оянда ҳам давом кардааст. Ба шоҳҳои Селевкиён дар бисёр мавридҳо лозим меомад, ки ҳолати мавҷударо эътироф карда, ба ин ва он шаҳри рушдёфта мақоми полисро ҳадя намоянд. Чунин номҳои полисҳо аз қабили “Деҳаи Аспин” ва “Деҳаи Муқаддас” шаҳодати онанд, ки баъзе шаҳрҳо аз деҳа сабзида расидаанд. Ҳар кадом ҳайати дастаҷамъонаи граждании худидорашаванда қаламрави муайянеро дар зери назорати худ дошт. Шоҳҳо аз шаҳрҳои ба онҳо тобеъ андозҳо – пулӣ ва ё аслӣ (натуралӣ) меситониданд.

Муносибатҳои сиёсии шоҳ ва полисҳо махсусияти худро доштанд. Мутлақияти Селевкиён аз тарафи юнониҳо ҳамчун давлати қаламрав дар фаҳмиши имрӯза қабул карда намешуд. Сокинони сатрапиҳое, ки ба идораи подшоҳӣ итоат мекарданд, раияти Селевк, Антиох ва шоҳҳои дигар ҳисобида мешуданд Ҳокимияти шоҳии Селевкиён, ҳамин тариқ, нисбати полисҳо моҳияти шахсӣ дошт; аломатгузории расмии давлат дар навиштаҷотҳо аз тариқи “кадом як подшоҳе ва раияти ӯ” ифода карда мешуд.

Ғайр аз полисҳо ва ҷамоаҳои гражданҳо – ибодатгоҳҳо, дар дохили давлати Селевкиёни эллинистӣқаламравҳое низ мавҷуд буданд, ки зери идораи меросии рӯҳониён қарор доштанд. Шоҳҳо ҷудоии дохилии чунин қаламравҳо (масалан, Пессинунта дар Осиёи Хурд)-ро эътироф карда, вале дар баробари ин, аз онҳо ба хазинаи шоҳ андоз ситонида ва ба фаъолияти онҳо дар сатҳи муайян назорат мекарданд.

Полисҳо кушиш ба он доштанд, ки заминҳои ибодатгоҳии ҳамсояро ба қаламрави худ дохил кунанд ва шоҳҳо дар ин иқдом ба онҳо мусоидат менамуданд. Масалан, баҳси дуру дарози Миласа бо саррӯҳонии ибодатгоҳи маҳаллаи Лабраунда маълум аст: ҳарду тараф ҳам шадидан ба идораи ин маҳал даъво доштанд ва дар ниҳояти ин баҳс Селевкиён (баъди ба ин ноҳияҳо зада даромадани шоҳи Македония — Филиппи V(солҳои 221 – 179 то милод) ҳамроҳшавии Лабраундаро ба воситаи “Маҷлис”(дар мақоми маҷлиси халқӣ) тасдиқ менамоянд.

Филиппи V Шаҳри Апамея

Зимни ин таҳлил метавон дар бораи махсусиятҳои низоми полисҳо дар сатрапиҳои Селевкиён низ сухан ронд. Вале мо танҳо дар мисоли яке аз сатрапиҳои воқеъ дар қисмати шарқии ин давлат – Бобул дар ин бора нақл менамоему бас.

Дар Бобул то оғози марҳалаи эллинистӣ чунин шакли ҷамоа ба вуҷуд омад, ки он дар натиҷаи бо ҳам пайвастан ва муттасл омезиш ёфтани хизматчиёни ибодатгоҳҳои шаҳрӣ бо табақаҳои аҳолии ин шаҳрҳо ташаккул ёфтанд. Чунин ҷамоа дар сарчашмаҳо “шаҳр” ва ё “шаҳри одамони ибодатгоҳ” номида шудааст. Бисёрии аъзои чунин ҷамоа вазифаҳои ибодатгоҳӣ доштанд, вале ин шарти асосии мансубият ба ҷамоа набуд. Оммаи асосии аъзои гражданию ибодатгоҳии ҷамоаҳоро шахсони инфиродӣ ташкил мекарданд, ки ба ибодатгоҳҳо вобаста набуда, вале бо онҳо алоқамандӣ доштанд. Шакли асосии робита аз хоҷагии ибодатгоҳ гирифтани озуқа (пребенда) буд. Ҳуқуқ барои гирифтани хурокворӣ як вақтҳо бо иҷрои вазифаҳои муайян дар ибодатгоҳ алоқаманд буд, вале баъдтар ин робита ба ҳуқуқ барои гирифтани озуқа мегузарад ва онро акнун озодона фурӯхтану харидорӣ кардан мумкин буд. Дар даврони Селевкиён додани озуқа, ки дар хоҷагиҳои ибодатгоҳҳо рӯёнда мешуд, ба яке аз усулҳои тақсимоти маҳсулоти изофа дар байни гражданҳо табдил меёбад, Ин намуди шаҳрҳо мақомоти худидоракунӣ дошта, онҳо аз тарафи шоҳҳои Селевкиён эътироф ва ба ҳукми қонун дароварда шуда шуда буданд.

Дар шаҳрҳои сатрапии Бобул “маҷлисҳо” вуҷуд доштароҳбарии онҳоро “эконом” ба зима дошт. Ин маҷлисҳо масъалаҳои амволиро ҳаллу фасл мекарданд, ҷарима меандохтанд, эҳтироми гражданҳои худ ва намояндагони маъмурияти шоҳро бошарафона баҷо меоварданд. Шоҳҳо ба ин шаҳрҳо пайваста пораҳои заминро бо ҳамроҳии мардуми дар он сокин ҳадя мекарданд; ибодатгоҳҳо низ аз ҳадяҳои шоҳ бенасиб намемонданд. Васиқакунии заминҳо ҳамчун моликияти шаҳрҳои Бобул, ки аз тарафи шоҳ ба фардҳои алоҳида тӯҳфа карда шуда буданд, як зуҳуроти муқаррарӣ буд. Дар баробари аъзои ҷамоа, дар худи шаҳр ва заминҳое, ки ба он тааллуқ доштанд, мардуме сукунат доштанд, ки ба ҷамоа дохил набуданд. Ин мардум аз одамони ҳуқуқҳояшон нобаробари озод, ғуломон ва кишоварзони нимтобеъ иборат буд. Ҳуқуқ ва имтиёзҳое, ки ба шаҳрҳои Бобул дода мешуданд, танҳо аъзои ҷамоаро дар бар мегирифтанд, на истеҳсолкунандагони бевоситаи неъматҳои моддиро.

Мақоми ҷамоаи гражданӣ-ибодатгоҳии Бобул дар сохтори давлат озод буд. Аз нуқтаи назари моликият, ин ҷамоа нисбат ба полиси селевкӣ дар мақоми имтиёзноки баландтар қарор дошт. Ҳукумати марказӣҳуқуқи моликияти ҷамоаро бар замин эътироф мекард. дар ҳоле ки полис танҳо ҳуқуқи ихтиёрдории моликиятро дошту бас.

Чунин сурат гирифта буд ташкилёбии полисҳои юнонӣ, ҷамоаҳои гражданию ибодатгоҳӣ ва махсусиятҳои фаъолияти онҳо дар қисматҳои ғарбӣ ва шарқии сарзамини Селевкиён.

МУНОСИБАТҲОИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДӢ

Мавҷудияти муносибатҳои иҷтимоию иқтисодие, ки дар давлати Селевкиён вуҷуд доштанд, дар қисме аз адабиёти илмӣ феодалӣ будани онҳо тез-тез вомехӯранд. Аз тарафи дигар, баъзе муҳаққиқон бар он ақидаанд, ки истилогарии Искандари Макдунӣ муносибатҳоеро, ки қаблан дар Шарқ вуҷуд доштанд, ягон зарра тағйир дода натавонистааст. Мувофиқи андешаи ин олимондавлати Селевкиён давлати типпи Шарқи қадим буд. Вале қисме аз муҳаққиқони муосир бошанд, исбот менамоянд, ки тезис дар бораи мавҷудияти муносибатҳои феодалӣ дар Шарқи эллинистӣ аз тариқи маълумоти сарчашмаҳо, ба таври боэътимод исбот карда нашудааст ва зимни ин андеша далелҳои худро пешниҳод менамоянд. Масъалаи таъсири истилогариҳои юнону макдунӣ ба муносибатҳои ҷамъятӣ дар Шарқ аз ин ҳам мушкилтар мебошад. Худи истилогарӣ ва фаъолияти мустамликагардонии васеи Селевкиёни нахустин, ташкили шумораи зиёди мустамлика ва полисҳо, натиҷаи татбиқ, дар навбати аввал, ғуломдории полисӣ мебошад. Ғуломон ба сифати хизматгорони хонагӣ васеъ истифода бурда мешуданд: дар устохонаҳои косибӣ ва дар саҳро кор мекарданд, махсусан дар полисҳои юнонӣ. Дар Селевкияи воқеъ дар Даҷла барои фурӯши ғулом андози махсус вуҷуд дошт. Дар Суза, ки дар аҳди Селевкиён ба полиси Селевкия дар Эвпей табдил ёфта буд, ҳангоми ковишҳоибостонӣ дар бораи ба озодӣ – манумиссий сар дода шудани ғуломонҳуҷҷатҳои сершумор ёфта шудаанд. Ҳамаи онҳо мувофиқ ба меъёрҳои ҳуқуқи юнонӣ иҷро гардида буданд. Ба озодӣҷавобдодашудагон ба касбу кори гуногун, аз он ҷумла ба тиҷорат машғул мешуданд. Одамони бой, чун қоида, аз ҷумлаи ин одамон барои сарварӣ дар мулкҳоюустохонаҳои косибии худ хоста мегирифтанд. Ғуломдорӣ махсусан дар Осиёи Хурд, Сурия ва Бобул васеъ паҳн гардида буд.

Қисми асосии аҳолӣ, ки зери истисмор қарор дошт, “одамони шоҳӣ” (лаой) номида шуда, дар заминҳои шоҳ, дар деҳот сокин буда, дар ҷамоаҳо муттаҳид карда шуда буданд ва ба хазинаи шоҳ андоз мепардохтанд. Шоҳ на ба кишоварзони алоҳида, балки ба ҷамоаҳо дар маҷмӯъ андоз мебаст. Аз афти кор, андоз шакли аслӣ нею шакли пулӣ дошт. Ин ҳолат ба он оварда расонида буд, ки дар сурати соли беҳосилии замин хазинаи давлат чизеро аз даст намедод, чунки ҷамоа бояд ҳамаи маблағи ба он муқарраркардаро пардохт мекард. “Одамони шоҳӣ” шахсан озод ҳисобида шуда, моликият доштанд ва аҳду паймон баста метавонистанд. Вале онҳоро пурра озод шуморидан мумкин нест. Кишоварзонҳам ба давлат ва ҳам ба ҷамоа муттаҳид карда шуда буданд. Дар баробари ин, бояд чунин шуморид, ки ин давлат дар натиҷаи истилогарӣ ба вуҷуд омада буд ва истисмори кишоварзонро аз тарафи истилогарон таъмин мекард.

Таҳқиқотҳои олимони муосир нишон медиҳанд, ки аҳволи оммаи асосии кишоварзони ҷамоа пайваста паст шуда, сатҳи истисмори онҳо аз тарафи маъмурияти шоҳӣ шадидтар ва афзоиш меёфтааст. Ин ҳолат одатан дар натиҷаи он ба миён меомад, ки ҷамоа, масалан, дар сурати беҳосилӣ наметавонист ҳамаи андозро пардозад.Қарздории ҷамоа ба хазина ба пурзуршавии тобеияти кишоварзон ва пастшавии сатҳи озодии онҳо оварда мерасонид. Махсусан вазъи он ҷамоаҳое вазнин буд, ки ба полисҳо “номнавис” (тобеъ) карда шуда буданд, чунки ғайр аз андозҳои рамӣ ба шоҳ, бояд ӯҳдадориҳоро ба полисҳо низ иҷро менамуданд. Як қисми заминҳоро, ки аз они шоҳ буд, аз тарафи ӯ ба наздикону хешовандони ӯ ва амалдорони давлатӣ дода мешуд. Ин заминҳо молкияти давлатӣ буд, аз ин рӯ, ҳар лаҳза шоҳ метавонист онҳоро баргардонд. Дар заминҳое, ки ба одамон ба сифати моликияти хусусӣ дода шуда буданд, дар ин заминҳо дар баробари кишоварзон-ҷамоачиён, ғуломон низ кор мекарданд.

Ба вуҷуд омадан ва рушд ёфтани давлати Селевкиён ба болоравии иқтисодиёти он навоҳие такон дод, ки ба ҳайати он дохил шуда буданд. Сохтмони шумораи зиёди шаҳрҳо, ба ин ҷо кӯчонида овардани юнониҳо, аз он ҷумла косибон, ба болоравии соҳаҳои зиёди иқтисодиёт мусоидат кард. Истеҳсолоти молӣ низ рӯ рушд ниҳод. Дар ҳаёти ҷомеа тиҷорати байналмилалӣ мақоми калон пайдо намуд. Дар асри IIто милод бо Чин муносибатҳои тиҷоратӣ ба роҳ монда мешаванд, “Роҳи Бузурги Абрешим” тавлид меёбад, ки он баҳри Миёназаминро бо Шарқи Дур мепайвандад, ҳаҷми савдо бо Ҳиндустон ва навоҳии ҷануби Арабистон афзоиш меёбад, аз он ҷо ба давлати Селевкиён устухони оҷ, тилло, гиёҳҳои хушбӯю шифобахшй ва атриёт ворид мегарданд.

Селевкиён ба он ҷиддуҷаҳд мекарданд, ки роҳҳои муҳимми корвонгузарро дар зери назорати худ дошта бошанд. Ин омил яке аз сабабҳои асосии ҷангҳои доимӣ бо Птоломейҳо ҳам буд. Дар баробари ин, муносибатҳои молию пулӣ ба навоҳии марказии Селевкиён ворид гардида, дар он ҷо навоҳиеро дар бар гирифтанд, ки қаблан шаклҳои сифатан пасти мубодила вуҷуд доштанд. Шумораи хеле зиёди бозорҳои маҳаллӣ ташкил меёбанд. Ба воридгардии муносибатҳои молию пулӣ сиёсати давлатии Селевкиён низ мусоидат намуд: он андози зиёдро дар шакли пул тақозо мекард. Дар шоҳигарии Селевкиён як қатор сиккахонаҳои давлатӣ кор мекарданд, ки пулҳои нуқрагию биринҷӣ сикка мезаданд.Полисҳои зиёд низ ҳақ доштанд пули худро сикка зананд, вале танҳо тангаҳои биринҷиро, ки дар бозорҳои маҳаллӣ дар муомилот буданд.

Вале ин болоравии иқтисодӣҷиҳати баракси худро низ дошта, ба пурзӯршавии истисмори аҳолии маҳаллӣ оварда мерасонид. Таназзули шаклҳои архаистии ташкилии иҷтимоӣ ва воридкунии ғуломдорӣба ин давлат низ ба пастшавии вазъи зиндагии оммаи халқ сабаб мешуд. Омили асосие, ки нооромию шиддатнокии иҷтимоӣ ва тезутундшавии низоъҳоро ба вуҷуд меовард, худи моҳияти давлати Селевкиён буд, ки он дар натиҷаи истилогарӣ ба вуҷуд омада, ҳамчун олоти истисмори аҳолии заҳматкаши маҳаллӣ хизмат мекард. Танҳо як қисми ашрофони маҳаллӣ дар ин ва ё он сатҳ ба ҳайати табақаҳои ҳукмрони шоҳигарии Селевкиён дохил гардида буданд. Аксарияти аҳолии мамлакати паҳновар объекти истисмор буд, ки эътирози иҷтимоии мардуми онҳоро ба миён овард. Ин эътироз ба худ шаклҳои гуногунро мегирад, аз паҳн намудани асарҳои динии ба муқобили Селевкиён равона кардашуда ва то баромадҳои ошкорои мусаллаҳонаи мардуми маҳаллӣ. Масалан, мубориза дар Персида дар байни бошишгоҳҳои юнонӣ ва аҳолии маҳаллӣ маълум аст. Ба муқобили салтанати Селевкиён дар Яҳуд низ шӯриш ба амал омада будааст.

ВОҚЕАҲОИ АСОСИИ ТАЪРИХИ СИЁСӢ

Таърихи сиёсии Селевкиён бо он омилҳое муайян карда мешуд, ки дар бораи онҳо дар боло сухан рафт. Аллакай ба Антиохи I лозим омада буд, ки ҳам дар Осиёи Хурд ва ҳам дар Сурия амалиётҳои ҳарбӣ барад. Антиохи I дар Осиёи Хурд галатҳоро торумор (солҳои 278 – 277 то милод) карда, барои ин корнамоияш унвони Сотер (“Наҷотдиҳанда”)-ро мегирад Дар ин ғалаба филҳои ҷангӣнақши муҳимро иҷро карданд. Ҷанг бо Птолемей, махсусан Ҷанги якуми Сурия (солҳои 274 – 271 то милод) на онқадар бомуваффақият анҷом ёфт, гарчандеиттифоқчии Антиох — шоҳ Антигон Гонат тавонист амалиётҳои флоти пурзӯри Мисрро бартараф намояд. Ба АнтиохI, кидар хушкӣҷанг мекард, муяссар нашуд, ки ягон муваффақияти ҷиддие ба даст дарорад. Птоломеи II бошад, дар ҷануби Сурия ҳамаи мулкҳои худро нигоҳ дошта, ҳатто мулкҳоҳояшро дар Осиёи Хурд васеъ кард. Дар охири салтанати Антиохи I Пергам пурра истиқлолият ба даст медарорад.

Антигони IIГонат Селевки IСатрап Андрагор

Дар замони шоҳигарии меросхури Антиохи I – Антиохи IIҶанги дуюми Сурия ба амал омад. Дар бораи ин ҷанг дар сарчашмаҳо маълумот ниҳоят кам дода шудааст. Ба Антиохи II муяссар мешавад, ктҳудудҳои мулкҳои худро дар Осиёи Хурд ва ҷануби Сурия то як дараҷа васеъ кунад. Ин вақт вазъият дар Шарқ тағйир меёбад. Наздикиҳои соли 250 то милод Бохтар ва Порт аз ҳокимияти марказӣҷудо мешаванд. Сабаби ин воқеа дар тағйирёбии самти сиёсати Селевкиён ифода ёфтааст. Селевки I ва Антиохи I ба ин вилоятҳои аҳамияти калон медоданд. Дар ин ҷо шаҳрҳои нав сохта, сарҳадҳо мустаҳкам карда мешуданд. Масалан, деворе бунёд карда мешавад, ки он тамоми минтақаи Марвро иҳота карда буд. Вале минбаъд маркази сиёсати Селевкиён ба Ғарб мекӯчад ва сатрапиҳои Шарқ аз тарафи ҳукумат танҳо ҳамчун объекти истисмор ва ба даст овардани маблағ барои пешбурди сиёсати фаъолона дар самти Ғарб дар назар дошта шуда буд. Аҳолии юнонию македонии ин сатрапиҳо ба ин ҳолат тан додан намехостанд, чунки вазъият дар ин ҷо ҳам хеле мураккаб (хатари ҳамлаи кӯчманчиён ва болоравии норозигии аҳолии маҳаллӣ) ва аз назари онҳо идомаи сиёсати бемулоҳизаи кашида гирифтани захираҳои пулӣ ва инсонӣ метавонист ба фоҷеа – дар ин сатрапиҳо афтидани ҳокимияти юнону македониҳо, оварда расонад.

Тақдири сатрапиҳоиҷудошуда гуногун сурат гирифт. Дар Бохтар шоҳигарии мустақиле ташкил карда шуда, ки онро одатан Юнону Бохтар меномиданд. Дар Порт бошад, рушди вазъияти сиёсӣ дар натиҷаи дахолати кӯчманчиёни конфедератсияи Порт якбора мураккаб мешавад. Парн дар зери роҳбарии Аршак ба Порт зада медарояд. Дар ин мубориза сатрап ҳалок шуда, сатрапӣ ба зери ҳокимияти Аршак мегузарад. Ҳамин тариқ, дар қаламрави шарқии қаблан ба Селевкиён тааллуқдошта ду давлати мустақил ба вуҷуд меояд – Порт ва Юнону Бохтар.

Давлати Селевкиён вазъияти ниҳоят вазнинро дар охирҳои шоҳигарии Антиохи II аз сар мегузаронад. Вақте ки шоҳ дар баробари ба анҷом расидани Ҷанги дуюми Сурия бо Миср ба созишномаи сулҳ имзо гузошта, ҳамчун кафили дӯстии ин давлатҳо,дар байни Антиох ва духтари Птоломей – Береника ақди никоҳ баста шуд. Барои он, ки ба шоҳдухтари Миср хонадор шавад, ба Антиох лозим омад, ки ақди никоҳро бо ҳамсари аввали худ – Лаодика қатъ намояд. Баъд аз марги Антиохи II дар байни ҷонибдорони Лаодика ва Береника муборизаи шадиди сулолавӣ оғоз ёфта, дар ниҳояти он бо ғалабаи сулолаи Селевкиён анҷом меёбад.

Дар ин давра Рим ба ишғоли заминҳои Шарқи баҳри Миёназамин, ҳавзаи баҳри Эгей ва Осиёи Хурд даст мезанад, ки ин кор бе бархурди Рим дар ин минтақа бо шоҳҳои Селевкиён ва давлатҳои дигари эллинистӣимконнопазир буд. Муборизаи Рим дар аввал гоҳ аз тариқи ҷанг ва гоҳ аз тариқи дипломатӣ сурат мегирифт. Дипломатияи Рим нисбат ба дипломатияи Селевкиён беҳтар баромад. Ин аст, ки Пергам, Родос ва Македонияи қаблан аз римиҳо шикастхӯрда ҳам ҷонибдори Рим мешавад. Антиохи III бошад, ба дастгирии Македония сахт умед баста буд.

Соли 192 то милод дар байни давлати Селевкиён ва Рим бархурдҳои мустақими ҳарбӣ оғоз меёбанд. Артиши Селевкиён ба Юнон фуромада,амалиётҳои ҷангиро оғоз менамояд. Вале хатоҳои сиёсати Антиохи III ба он оварда расонид, ки ӯро танҳо эголиҳои юнониии дар ҳавзаи баҳри Эгей сукунатдоштаҷонибдорӣ карданд. Артиши Антиохи III дар наздикии Фермопил шикаст мехурад ва бо ҳамин ҷанг ба Осиёи Хурд мегузарад. Шоҳи Селевкиён дар наздикии Магнесияи воқеъ дар Меандр соли 190 то милод пурра шикастмехӯрад. Антиохи III имкони муқобилият нишон доданро аз даст дода, шартҳои сулҳи пешниҳодкардаи Римро қабул менамояд. Мувофиқи ин созишномаи сулҳАнтиохи III аз ҳамаи мулкҳои Селевкиён дар Осиёи Хурд маҳрум мешавад, ғайр аз 10 киштӣ ва филҳои ҷангӣ, киштиҳои ҳарбии Селевкиён ба Рим дода мешаванд. Дар тули 12 сол давлати Селевкиён бояд ба Рим ба маблағи 15 ҳазор талант товони ҷанг медод.

РӮ БА ПАРОКАНДАШАВӢ ОВАРДАНИ ДАВЛАТИ СЕЛЕВКИЁН

Замони баъд аз Антиохи III давраи беш аз пеш парокандашавии шоҳигарии Селевкиён буд, гарчанде баъзе шоҳҳои Селевкиён бе натиҷа баромада бошад ҳам, ҳаракат ба он мекарданд, ки бар зидди ин зуҳуроти номатлуб мубориза баранд. Яке аз чунин кушишҳоро Антиохи IV Эпифан (солҳои 175 – 163 то милод) кард. Антиохи IV Эпифан дар давлатдории худ сиёсати оқилона ва дар баробари ин боэҳтиётро ба кор бурда, бар зидди Миср ду маротиба лашкар кашида, ғанимати бузург ба даст овард. Вале кушиши ӯ баҳри муттаҳид кардани Миср ба давлати худ натиҷаи дилхоҳ надод. Римиҳо ба рушди воқеаҳо дар Шарқи баҳри Миёназамин бо диққат мушоҳида карда, ба Селевкиён дар ин иқдом халал расониданд, чунки аз назари ҳукумати Рим муттаҳид кард шудани ду давлат дар як давлат ба манфиатҳои он таҳдиди зиёд ба миён меоварад. Антиохи IV махсусан ба корҳои дохилии давлат ба таври фаъолона мушғул шуда, ин воситаро дар эллиникунонии давлати Селевкиён омили муҳим мепиндорад. Давраи ҳукмронии Антиохи IV Эпифандавраи охиринишаҳрсозии фаъолона дар давлати Селевкиён ба шумор меравад. Дар баробари ташкили полисҳои нав, шоҳҳаракат мекард, ки дар байни аҳолии маҳаллии тамоми шоҳигарӣ унсурҳои эллинистиро дастгирӣ кунад. Онҳо ҳар гуна имтиёзҳо дода шуда, нуқтаҳои аҳолинишини онҳо бошанд, мақоми полис мегирифтанд. Масалан, дар ин давра Бобул ба полис табдил дода мешавад.

Сиёсати дохилии Антиохи IV баъзан нисбат ба оне, ки ӯ интизораш буд, натиҷаи баракс медод. Ин воқеа бо он сабаб рух медод, ки эллиникунонии давлати Селевкиён маънои онро дошт, ки муносибатҳои анъанавии маҳаллӣ шикаста ва истисмори оммаи халқ пурзур карда шавад. Аз ин рӯ, аҳолии маҳаллӣ ба қабули ҳамаи он чӣ ки эллинӣ буд, муқобилияти фаъолона нишон медод. Масалан, чунин воқеа дар Яҳуд рух дод. Ба полис табдил додани Байтулмуқаддас, ҷорӣ кардани эътиқодҳои юнонӣ ва таъсиси гимнасияҳо танҳо аз тарафи яке аз ҷамоаҳои маҳаллӣ хушу хурсандона қабул карда шуданд, ки он эллинтабор номида шудааст. Эътирози оммаи халқ дар зери роҳбарии Маккавей ба ҷанги халқӣ (солҳои 167 – 142 то милод) мубаддал гардид. Вале чунин низоъҳо, лекин нисбатан хурдтар дар қисматҳои дигари давлати Селевкиён низ сурат гирифта буданд. Аз эҳтимол дур нест, ки Антиохи IVдар ҷараёни лашкаркашии ӯ баҳри пахшкунии шӯриши дар Элимаида сарзада ҳалок гардидааст.

Антиохи IV Деметри II Антиохи VII Тиграни II

Даҳсолаҳои охирини мавҷудияти давлати Селевкиён қариб пурра дар муборизаи бетанаффуси дохилисулолавӣ гузашта, бо маънои томаш мамлакатро ба қисмҳо алоҳида пора кард. Дар Шарқ шоҳигарии Порт пурзӯр мешавад, ки он аз заифшавии шоҳигарии Селевкиён истифода бурда, музофоту вилоятҳои онро дар ин минтақа паси ҳам ишғол менамояд. Шоҳи Порт ба ишғоли давлати Модҳо аҳамияти калон медод ва баъди пиёда кардани ин ният ба худ унвони “Бузург”-ро мегирад. Баъд аз Модҳо ба дасти портиҳо шимоли Байнаннаҳрайн, Бобул ва Элимаида мегузаранд. Акнун ҳокимияти шоҳҳои Селевкиён танҳо бо Сурия маҳдуд мешавад. Вале шоҳҳои Селевкиён солҳои 140 – 130 то милод се маротиба кушиш кард, ки иқтидори давлати Селевкиён аз нав эҳё намоянд. Ин кушишҳоро аввал Деметри II ва баъд Антиохи VII Сидет (солҳои 138 – 129 то милод) кард. Вале ҳардуи ин лашкаркашӣ ва махсусан лашкаркашии охирин, нишон дод, ки муқовимат дар байни Селевкиён ва Порт дар худ асоси муайяни иҷтимоӣ дошт.

Ишғолгариҳои Порт полисҳои юнониро аз ҳолати имтиёзнок маҳрум сохтанд. Аз ҳамин сабаб гражданҳои онҳо тайёр буданд бар зидди портиҳо шадидона мубориза баранд. Ҳангоме ки Порт Байнаннаҳрайн ва Бобулро ишғол мекунад, гражданҳои полисҳои юнонӣ Селевкиёнро даъват карданд, ки ба ёрии онҳо биёянд. Дар сурати пайдошавии қӯшунҳои Селевкиён онҳо тайёр будандбетаъхир даст ба шӯриш зананд. Ин иқдом барои портиҳо мушкилоти сангин ба миён меовард.

Ин ҳолат махсусан ҳангоми лашкаркашии Антиохи VII дар соли 130 то милод зуҳур ёфт. Шоҳи Селевкиён Антиохи VII ба Шарқ бо қӯшунҳои сершумори дар ҷангҳо обутобёфта лашкар кашид. Ба ӯ муяссар гардид, ки нерӯҳои асосии полисҳои юнониро дар Сурия муттаҳид ва ба ҷанг равон кунад. Аз нав ишғол кардани Байнаннаҳрайн ва Модҳо пурра ҷавобгӯи манфиатҳои онҳо буд. Ин иқдом имконияти ниҳоӣ буд дар роҳи аз нав барқарор кардани низоми сиёсии эллинистӣ, яъне ҳукмронии юнониҳо дар Шарқ. Юнонию макдуниҳое, ки дар ин ҷо сукунат доштанд, рӯирост бар зидди портиҳо шӯриш бардошта, ба Антиохи VII пайвастанд. Дар се бархурд қӯшунҳои Порт торумор карда шуда, дар натиҷаи ин аввал тамоми Байнаннаҳрайн ва баъд Модҳо ба зери ҳокимияти ӯ медароянд. Артиши Селевкиён аллакай дар урдугоҳҳои зимистонаи заминҳои асосии Порт ҷойгир шуданд. Ин кор онҳоро ба фоҷеаи ниҳоӣ оварда расонид. Қӯшунҳои Селевкиёни аз шаҳрҳои Порт ва Гиркония баровардашуда мавқеи аҳолии маҳаллиро танг карданд ва, онҳо, дар ниҳояти кор, бар зидди истилогарон бархестанд. Шӯришчиён хуб омодагӣ гирифта буданд ва шӯриш якбора дарҳамаи шаҳрҳо оғоз шуд. АнтиохиVIIкушиш ба харҷ дод, то ки ба ҷузъу томҳои дар муҳосирафтодаи худ кӯмак расонад, вале ногоҳ бо қувваҳои асосии портиҳо бархурд. Дар ин муҳориба Антиохи VII торумор карда мешавад ва худаш дар майдони набард ҳалок мегардад. Ҳамаи он чӣ, ки Антиохи VII ишғол карда буд, фавран ба зери ҳокимияти Порт мегузарад.

Таърихи минбаъдаи Селевкиён дар ҷангҳои беисти сулолавӣ гузаштааст. Баъд аз Антиохи IVҳамаи 17 шоҳи Селевкиён аз тариқи зӯрӣҳалок гардидаанд. Дар ин ҳолат ба корҳои дохилии шоҳигарии Селевкиён давлатҳои ҳамсоя дахолат мекарданд. Ниҳоят соли 83 то милодбоқимондаҳои шоҳаншоҳии Селевкиёнро шоҳи Арманистон Тиграни II ишғол мекунад. Баъди 20 соли Тигранро торумор кардани римиҳо, Сурия ба музофоти Рим (соли 63 то милод) мубаддал мегардад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Як шарҳ

  1. Best website but i couldn’t download some documents.If anyone can help please say me.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *