Фанни Таърихи Чахон(Умум)

Шимоли назди баҳри сиёх дар асрхои 3–1 то милод

ШАРҲИ УМУМИИ ТАЪРИХИ ШИМОЛИ НАЗДИ БАҲРИ СИЁХ ДАР ЗАМОНИ ЭЛЛИНИСТӢ

Шаҳрҳои шимолии Назди баҳри Сиёҳқисми таркибии олами эллинистӣ буда, дар сиёсати иқтисодӣ ва маданӣ бо давлатҳои нимҷазираи Балкан, Осиёи Хурд ва ҳатто Мисри дурдаст дар ҳолати робита ва ҳамоҳангии зич қарор доштанд. Барои давлатҳи юнонии шимоли Назди баҳри Сиёҳҳамсоягӣбо ин давлатҳо ва таъсири иттиҳодияҳои пурзӯри дигари давлатӣ, аз он ҷумла давлатҳои қабилаҳои варварии скифҳо ва сарматҳо дорои аҳамияти муҳими таърихӣ мебошад.

Соҳили шимолии баҳри Сиёҳ

Аз асри IV то милод сар карда дар минтақаи паҳновари даштҳои Назди баҳри Сиёҳҷойтағйирдиҳии зиёди қабилаҳои кӯчманчӣ ба амал меояд. Анбӯҳи бузурги сарматҳо дарёи Танаисро убур карда, беш аз пеш ба тарафи ғарб ҳаракат карда. скифҳоро танг карда мебароранд ва заминҳои ишғолкардаи онҳоро кашида мегиранд. Дар зери фишори сарматҳо як қисми скифҳо дар самти резишгоҳи дарёи Дунай ба ақиб рафта, дар мавзеи Добруҷа давлатеро бо номи Добруҷаи Хурд таъсис медиҳанд, қисми зиёди скифҳо ба тарафи даштҳои Қрим фишор дода бароварда мешаванд ва онҳо маҷбур мешаванд, ки ба вилоятҳои дар наздикии он воқеъбудаи Украинаи Ҷанубӣраванд. Ҳамин тариқ. дар миёнаҳои асри III то милод дар наздикиҳои шаҳрҳои юнонии Херсонес, Феодосия ва Боспор шоҳигарии пурзӯри Скифҳо таъсис меёбад, ки пойтахти он шаҳри Неапол (Симферополи имрӯза) буд.

Бо сабаби он, ки сарматҳои пурзӯр дар самтҳои шимолӣ ва шарқӣ ба истилогарӣ халалдор мешуданд, скифҳо фаъолияти ҳарбии худро дар самти ҷануб бар зидди шаҳрҳои юноние, ки марказҳои аз назари тиҷоратию косибӣ боқуввату бойдошта, кайҳо боз диққати ашрофони скифҳоро ба худ ҷалб карда буданд, сар карданд.

Зарурати зада гардонидани хатари ҳарбии скифҳоро махсусиятҳои сершумори вазъияти дохилӣ ва хориҷии шаҳрҳои юнонии шимоли Назди баҳри Сиёҳ муайян карда, онҳоро маҷбур сохт, ки иттифоқчӣ ва пуштибони худро аз байни давлатҳои нисбатан пурзӯри олами эллинистӣ кофта ёбанд.

Марказҳои калони шимоли Назди баҳри Сиёҳ Олвия, Херсонес ва шоҳигарии Боспор буданд. Дар асрҳои III — II то милод вазъияти дохилӣ ва хориҷии онҳо якхела набуд. Дар ин давра Олвия мушкилиҳои ҷиддии иқтисодиро аз сар мегузаронид ва имкониятҳои дохилии он бо ҳамла ва муҳосираи шаҳр аз тарафи Зопирнон, яке аз лашкаркашони Искадари Макдунӣ, маҳдуд гардида буд. Соли 331 то милод ба шаҳри Олвия муяссар гардид. ки истиқлолияти худро ҳимоя кунад. Вале муҳосираи бисёрмоҳа ва ғорат карда шудани гирду атрофи шаҳр ба вазъи дохилии он таъсири манфӣ расонида буданд. Аз заифшавии нерӯи ҳарбию иқтисодии сарматҳою скифҳои Олвияро иҳотакарда истифода бурда, қариб беист ба қаламрави он тохтутоз мекарданд.

Ковишҳои бостонӣ шаҳодат медиҳанд, ки дар миёнаҳои асри III то милод бошишгоҳҳои сершумори деҳотии лиманҳои(яъне вилоятҳои) Днепр ва Бут барҳам мехуранд. Қашшоқшавии аҳоли Олвия,дар маҷмӯъ, иқтисоди полисро заиф мегардонад: ҳаҷми истеҳсолоти косибӣ ва сохтмон кам ва сифати сиккаҳо паст мешавад, дар муомилоти пулӣ номунтазамӣ ба назар мерасад, хазинаи шаҳр қариб доимӣ холӣбуд, дар шаҳр нон намерасад, муборизаи ҳар гуна гурӯҳбандии иҷтимоӣ пурзӯр шудан мегирад. Нобаробарии тези моддӣ ба амал меояд: дар шаҳр як гурӯҳи начандон калони бойҳое пайдо мешавад, ки ба воситаи маблағҳои шахсии худ хароҷоти буҷети шаҳрро маблағгузорӣкарда, аҳолиро аз нон таъмин намуда ва корҳҳои дигари эҳсонкориро адо мекарданд.

То замони мо амр (декрат) бо шарафи Протогени сарватманд омада расидааст, ки мавсуф якчанд маротиба ба хазинаи шаҳр маблағи ниҳоят калон ирсол намуда, ба мардум нон тақсим ва аз ҳисоби худ ба таъмири девору манораҳои шаҳр ва биноҳои ҷамъиятии он машғул шудааст. Хизматҳои арзандаи Протоген на танҳо бо декретҳо, гулчанбарҳо ва ҳайкалчаҳо ҳавасманд карда мешуданд, инчунин ӯ ба мансабҳои калон мнтихоб карда мешуд ва дар ин кор ҳам дар баробари сардории самараноку сариштакорона, аз маблағҳои худ истифода бурда, вазифаҳои ба ӯ боваркардаро сарбаландона иҷро мекард.

Шаҳр худро ҳамлаи варварҳо бо мушкилоти зиёд муфизат мекард, вале дар нимаи дуюми асри II то милод, дар аҳди шоҳ Скилуре, Олвия маҷбур мешавад, ки ба скифҳо итоат кунад. Тобеъшавии Олвия ба скифҳо ба шаҳр осоние наовард. Баракс, бо сабаби канда шудани робитаҳои анъанавии иқтисодии Олвия бо дигар марказҳои Назди баҳри Сиёҳмушкилиҳои он боз ҳам мураккабтар мешавад.. Ҳангоми таъсис дода шудани шоҳаншоҳии Митридати VIОлвия барои ёрӣ ба шоҳи Понт муроҷиат мекунад, то ки шаҳрро аз тобеияти скифҳо озод ва гарнизони худро дар он ҷо мустақар намояд.

Соли 331 лашкаркаши Искандари Макдунӣ Зопирион хост, ки Олвияро ишғол кунад, вале кораш барор накард. Олвия 55 то милодаз тарафи шоҳи гетҳо Буребиста ишғол карда мешавад. Бо мурури замон шаҳр мавҷудияти худро аз нав барқарор карда, лекин дар масоҳати ниҳоят маҳдуд. Соли 198 то милод Олвия ба ҳайати Империяи Рим дохил мешавад. Олвия ба таври пурра танҳо дар натиҷаи ҳамлаи харобиовари гуннҳо солҳои 70-уми асри IV солшумории милодӣ барҳам мехурад.

Нисбат ба Олвия, ки дар асрҳои III — II то милод пайваста замони заифшавии ҳарбию сиёсии худро аз сар мегузаронид, замони эллинистӣ бошад, дар таърихи Херсонес давраи нашъунамои баландтарин ба ҳисоб меравад. Шаҳри Херсонес, ки онро дар охиҳори асри V то милод мустамликачиёни юнонӣ дар ҷои шаҳри Гераклеяи Понтӣ бунёд карда буданд. Херсонес дар садсолаи аввали мавҷудияташ полиси хурду камбағал ва камнуфуз буд. Дар охирҳои асри IV то милод дар натиҷаи болоравии босуръати иқтисодӣ ва самаранокии он, даромади калон аз аҳолӣ ва тиҷорат мубаддалшавии Херсонес ба маркази калонтарини шимоли Назди баҳри Сиёҳ оғоз меёбад.

Херсонес вилоятҳои васеъро дар шимолу ғарбии Қрим муттаҳид месозад, аз он ҷумла полисҳои Кёркинитида (Евпаторияи ҳозира) ва Калос Лимен (Черноморски ҳозира) ва баъзе минтақаҳои қабилавиеро, ки дар онҳо скифҳои маҳаллӣ сокин буданд.

Протоген: сарватмандШоҳи Пергам Эвмени II Херсонеси қадим

Дар иқтисодиёти Херсонес кишоварзӣ мақоми калон дошт: шароб моли асосии содиротӣ буд. Ғаллае, ки барои фурӯш дар назар дошта мешуд, онро бояд ба Херсонес меоварданд. Баъд зарур буд, ки аз нон аввал аҳолии худи Херсонес таъмин карда шавад ва баъд онро ба ҷойҳои берун аз ерсонес содир мекарданд. Ин гуфта маънои онро надорад, ки гӯё Херсонес ба хориҷа ғалла намебароварда бошад. Баракс, он ғаллаи хеле зиёд содир мекард ва ин кор дар зери назорати шаҳрдорӣ сурат мегирифт. Яъне Херсонес ҳамчун амбори захираи ғалла ва тақсимоти он барои истеъмол ва фурӯш, азон ҷумла барои баровардани он ба бозорҳои берунӣ хизмат мекард.

Дар охири асри IV – оғози асри III то милод Херсонес як намудиполиси демократиро мемонд. То замони мо навиштаҷоте расидааст, ки он матни савганди гражданҳои херсонесиҳо будааст. Дар он гуфта мешавад: “…ман дар наҷотдиҳӣ ва озодии давлат ва гражданҳо ҳамфикр буда, ба Херсонес, Кёркинитида, Бандари Олиҷаноб ва шаҳру маҳалҳои дигаре, ки херсониҳо идора мекарданд ва идора мекунанд, хиёнат намекунам”.

Херсонес бо шаҳрҳои зиёди юнонӣ, аз он ҷумла бо Делфа ва Делос робитаи зич доштанд. Дар Делос бо номи “Херсеносина” (аз маблағҳои хайриякардаи гражданҳои Херсонес) ҳатто базм – ҷашнвораҳо ташкил карда мешуданд.

Херсонес шаҳри ниҳоят ободу зебо буд. Биноҳояш бо нақшу нигор ва ҳотамкорӣоро дода мешуданд. Эътиқодҳои динии Херсонес гуногун буданд. Ғайр аз парастиши худоҳои умумиюнонӣ– Дионис ва Геракл, дар Херсонес парастиши худое низ ҷой дошт, ки ифодагари образи “Херсонес”-ро дошт ва дар шаҳр парастиши асосӣ – Олиҳа Дева ба шумор рафта, ӯпуштибони шаҳр будааст. Херсониҳо ин парстишро аз қабилаи таврҳо гирифта, ба эллинистӣмубаддал гардонида буданд.

ШОҲИГАРИИ БОСПОР ДАР АСРҲОИ III- IТО МИЛОД

Давлати Боспор, ки аз истилогариҳои юнону макдунӣхеле барвақт ба вуҷчуд омада, аз тарафи Искандари Макдунӣ бевосита ишғол карда нашуда бошад ҳам, сарфи назар аз ин, аз бисёр ҷиҳат бо давлатҳои эллинистии Осиёи Хурд – Пергам, Вифания, Каппадокия ва Понт шабоҳат дошт.

Дар ин давра ба ҳайати шоҳигарии Боспор ҳам полисҳои эллинии дорои ҳам муносибатҳои ғуломдории мутараққии устувору ташаккулёфта ва ҳам дар минтақаҳое, ки аҳолии маҳаллӣ сукунат доштанд, дохил буда, дар онҳо инкишофи ғуломдорӣ акнун оғоз ёфта истода буд. Шумораи полисҳо дар қисмати марказии Боспор хеле зиёд буд, аз он ҷумла ҳам дар чунин шаҳрҳо ба монанди Пантикапей, Фанагория ва Феодосия ва ҳам дар шаҳрҳои нисбатан хурдтар чун Нимфей, Тиритака, Мирмекий, Гермонасса. Бояд зикр кард, ки дар ин шаҳрҳо сохтори полисӣ на онқадар устувору ташаккулёфта буд.

Дар байни табақаи ҳукмрони шоҳигарии Боспор мақоми асосӣ дар дасти савдогарон ва соҳибони устохонаҳои косибӣ буд. Аҳолие, ки берун аз ҳудудҳои полисҳо сукунат доштанд, — скифҳо, синдҳо ва мертҳо, ки ба кишоварзӣ машғул буданд, на танҳо аз тарафи ашрофони полисҳои эллинӣ ва шоҳҳо, балки аз тарафи ашрофони маҳаллӣ низ, ки аз байни аъёну ашрофи авлодию қабилавӣ ба воя расида буданд, истисмор карда мешуданд. Метавон гуфт, ки ҳокими Боспор, чун шоҳҳои эллинистӣ, берун аз ҳудудҳои полисҳо соҳиби олии ҳамаи заминҳо ба ҳисоб мерафт, гарчанде як қисми ин заминҳо бо ҳуқуқи соҳибию истифодабарӣ дар ихтиёри аъёну ашрофи эллинистию маҳаллӣ қарор дошт.

Давлати нисбатан машҳури шимоли Назди баҳри Сиёҳ шоҳигарии Боспор буд, ки он ҳам мавҷудияти худро дар асри V то милод оғоз карда, дар асрҳои IV – III то милод давраи нашъунамои худро аз сар гузаронидааст. Дар асрҳои II – I то милод дар Боспор, чун дар дигар шаҳрҳои шимоли Назди баҳри Сиёҳ ва тамоми олами эллинистӣ бӯҳрони сиёсӣ ва ҷтимоию иқтисодӣҳукмрон гардид. Дар он ҷо деҳот ва мулкҳои сарватмандон ба харобазор мубаддал мешаванд. Дар баъзе шаҳрҳо, аз қабили Тиритака ва Нимфей, вазъи умумии иқтисодӣхеле паст мешавад. Дар вазъияти афзоиши зиддиятҳои иҷтимоӣфасодшавии иқтисодӣ тезутунд мешаванд ва дар ниҳояти кор соли 107 то милод ба шӯриши калони аҳолии Скифия дар зери роҳбарии Савмак бар зидди шоҳи Боспор Перисади V табдил меёбад. Шӯриш дар ҳамон лаҳзае сар мезанад, ки Перисад барои ба шоҳи Понт Митридати VI Евпатор вогузор кардани ҳокимият бо Диофант дар ҳолати музокирот қарор дошт. Перисад аз тарафи Савмак ба қатл расонида мешавад, Диофант бошад, бо фирор аз Херсонес наҷот меёбад

Эҳтимол яке аз амалҳои нахустини шӯришчиён Савмакро шоҳ эълон доштан буд. Ҳамин тариқ, онҳо ба таъсиси шоҳигарии худ муваффақ мешаванд, ҳамон тавре, ки солҳои 137 – 132 дар Ситсилия шӯриш ба амал омада буд.

Амалҳои қатъии шӯришчиён ба Митридат аз даст додани мулкҳо ва таъсири ӯ дар шимоли Назди баҳри Сиёҳ таҳдид мекарданд. Дар зарфи якчанд моҳ Митридат флот ва қӯшуни хушкигард тайёр карда ва баҳори соли 107 ё 106 то милод онро дар зери фармондеҳии Диофанта ба Қрим мефиристад. Аз Херсонес ба сифати нуқтаи такягоҳӣ истифода бурда Диофант аз ҷониби баҳр ба Феодосия ҳамла мекунад. Ҳам Феодосия ва ҳам Пантикапей бар зидди қӯшунҳои Митридат муқобилати сахт нишон доданд.

Шоҳигарии Боспор дар асрҳои III –I то м. Шоҳи Боспор Перисад

Эҳтимол дар ин шаҳрҳо мавқеи Савмак хеле мустаҳкам будааст, чунки дар ин ҷо оммаи калони камбағалони озод сукунат доштаанд. Вале, сарфи назар аз ин, шӯришгарон нерӯи кифояи ҳарбӣ надоштанд, ки ҳамлаи Диофантро зада гардонанд. Дар бораи муборизаи сахти онҳо бар зидди қӯшунҳои Понт нишонаҳои харобиҳои охирҳои асри II то милод дар ин ҷо шаҳодат медиҳанд. Эҳтимол набарди тан ба тан дар кӯчаҳои шаҳр баъд аз истеҳкомҳои шаҳрро ба даст овардани Диофант ҳам идома доштааст. Диофант иштирокчиёни сершумори шӯришро ба қатл мерасонад. Савмак асир гирифта шуда, ба ихтиёри Митридат ба Синоп фиристода мешавад ва эҳтимол ӯ дар ҳамон ҷо ба қатл расонида шуда бошад.

Сулолаи ҳукмрони Боспор маблағ ва имкон надошт, ки шӯриши Савмакро торумор кунад. Дар чунин шароит табақаи болоии ҳукмрони ҷомеаи Боспор барои кӯмак ба Митридати VI Евпатор пуриқтидор муроҷиат карда, ба ивази ин кӯмак изҳор мекунад. ки тайёр аст аз истиқлолият даст кашида, Боспорро ба зери идораи Митридат бидиҳад. Лашкаркаши шоҳигарии Понт Диофант, артиши Скифро, ки ба Херсонес таҳдид мекард, бомуваффақият торумор карда, аз шоҳ фармон мегирад, ки барои пахш кардани шӯриши Савмак ба Боспор равад. Диофант ин супоришро иҷро карда, ҷузъу томҳои парокандаи шӯришчиёнро торумор карда, пешвои шӯришчиён Савмакро асир мегирад.Ҳамин тариқ, шоҳигарии Боспор истиқлолияти худро аз даст дода, соли 106 то милод ба яке аз сатрапиҳои шоҳигарии Понт, ки ин вақт шоҳи он Митридати VI буд, табдил меёбад.

Рушди истеҳсолоти косибӣ ва савдо. Дар нимаи дуюми асри IV то милод дар аҳди Перисада (солҳои 344/43 – 310/309 то милод) шоҳигарии Боспор ба иқтидори баландтарини сиёсии худ муваффақ шудааст.Ин вақт заминҳои Боспор аз нимҷазираи Керч то Феодосияро дар бар мегирифт. Нимҷазираи Таман бо заминҳои наздисоҳилии то Новороссийски имрӯза, ҷараёни поёни дарёи Кубан ва шохобҳои ба резишгоҳи ин дарё наздикро дар бар мегирифт.Дар резишгоҳи дарёи Дон ба Боспор Танаис тааллуқ дошт. Қабилаҳое, ки дар соҳилҳои шимолӣ ва шарқии баҳри Азоф сукунат доштанд, ҳокимияти Боспорро эътироф мекарданд. Аз ҳамин вақт сар карда, ҷангҳо дар байни Боспор ва скифҳо ба муддати дуру дароз қатъ мегарданд.

Ёдгориҳои моддӣ, қисман аз худи Боспор ва қисман аз қурғонҳои ба он наздики минтақаи даштӣ, дар бораи он шаҳодат медиҳанд, ки Боспори индавраина ба маркази маҳаллии косибӣ мубаддал гардида будааст. Дар қурғонҳои скифии асри IIIто милод маитро бо зару зевар ва зарфҳо мегурониданд. Ҳамаи онҳо тиллогину нуқрагин ванақшу нигордор буда, дар бораи баромади маҳаллӣ шаҳодат медиҳанд. Пайдоиши боспории маснуоти филизӣ аз қурғонҳои шоҳҳои асрҳои III — IIто милоди скифҳо аз рӯи услубу намуди худ дар бораи шабоҳати онҳо бо сиккаҳои боспории ин замон дарак медиҳанд. Аз асри III то милот сар карда дар муомилот сиккаҳои тиллогине пайдо мешаванд, ки на ба сиккаҳои кӯҳнаи Пантикапей ва на ба сиккаҳои дигаре, ки аз шаҳрҳои эллинистӣ қабул карда шуда буданд, тамоман шабоҳат надошта, маҳсули хосаи устоҳои боспорӣ буданд ва бо сифати баланди бадеии худ фарқ мекарданд. Дар Боспор истеҳсолоти кулолгарӣ низ хеле рушд ёфта буд. Дар шоҳигарии Боспор дар баробари хишти (черепитсаи) бомпӯшӣ ва зарфҳои зиёди ниёзи рузғор, зарфҳои сафолии барои нигоҳдории хурокворӣмаснуоти сафолии дорои ороиши бадеӣ низ истеҳсол карда мешуданд.

Шоҳигарии Боспор бо қабилаҳои онро иҳотакарда зич алоқаманд буд. Савдо бо скифҳо барои рушди истеҳсолоти косибӣ мусоидат мекард. Дар мубодила бо маснуотии косибии Боспор скифҳо, синдҳо, мертҳо ва сарматҳо ба Боспор ғалла, чррво ва ғуломонро медароварданд. Маҳсулоти чорводориро асосан дар Боспор истеъмол мекарданд, ғалларо бошад, ба ҳавзаи баҳри Миёназамин мебароварданд. Ғуломон қисман аз тарафи аъёну ашроф истисмор карда ва қисман ба фурӯш бароварда мешуданд. Қисми зиёди ғаллаи аз шоҳигарии Боспор ҷамъоварӣ кардашуда бевосита ба ихтиёри ҳокимони Боспор супорида мешуд ва баъд он дар ҳаҷми хеле зиёд ба бозорҳои Баҳри Миёназамин фиристонида мешуд. Дар баробари ин, як қисми ғалладона аз қабилаҳои скифии муқимӣ харидорӣ карда шуда, баъд ба савдогарони ба ин ҷо омадаи эллинӣ ва ё маҳаллии боспорӣ фурӯхта мешуд. Болоравии фурӯши ғалладона дар Боспор яке аз он сабабҳое буданд, ки Спартокиҳои боспориро маҷбур сохтанд мулкҳои худро васеъ намоянд ва дар баробари ин, ҳаддалимкон муносибатҳои хубро бо скифҳо нигоҳ доранд. Таназзули Олвия ба самти асосии содироти маҳсулоти ғаллагии скифҳо ба воситаи Пантикапей мусоидат намуд, ки ин омил тиҷорати Боспорро боз ҳам нашъунамо дод.

Сиккаҳои Пантикапей

Аҳамияти байналхалқии Боспор дар асрҳои III – I то милод бо мақоми он дар тиҷорат алоқаи зич дошт. Аз ин рӯ, сулолаҳои боспорӣ ҷидду ҷаҳд ба он мекарданд, ки тиҷоратро ҳамаҷониба пуштибонӣ кунанд ва содироти ғалладонаро афзун гардонанд. Флоти пурзури онҳо роҳҳои тиҷоратиро дар баҳри Сиёҳ бар зидди таврҳо ва халқҳои соҳилҳои ғарбии Қафқозро, ки ба роҳзанӣ машғул буданд, посбонӣ намоянд.

Қисмати ниҳоят муҳими содироти Боспор ба ҳавзаи баҳри Миёназамин ғуломон буданд.Навиштаҷот нишон медиҳанд, ки дар Родос, ки он бо Боспор фаъолияти тиҷоратӣ дошт, ғуломони скифӣ ва меотӣ мавҷуд буданд. Содироти ғуломон нисбат ба давраи марбутаи қаблӣ хеле меафзояд. Таназзули сохти ҷамои ибтидоӣ дар шимоли Назди баҳри Сиёҳ ва ҷангҳои бетанаффуси байни онҳо ба зиёдшавии ғуломон дар Боспор, асосан аз ҳисоби асирони ҳарбӣ, ки муҳоҷирон онҳоро бо хоҳиши том ба тоҷирони эллинӣ мефурӯхтанд, мусоидат менамуданд. Нақши муайянро дар афзоиши шумораи ғуломон дар Боспор ва афзоиши марбутаи фурӯши ғуломон дар ҷангҳои фотеҳонаи худи Спартагиҳо мебозиданд, ки дар тули тамоми асри IV ва нимаи аввали асри III то милод ба амал оварда буданд.

Дар ихтиёри Спартокиҳо ҷамъ оварда шудани заминҳои нопайдоканор бо дар онҳо заминдорон-пелатҳо фаъолиятдошта, инчунин подаю рамаҳо, шикори моҳӣ ва устохонаҳои косибӣ, масалан, устохонаҳои кулолгарии подшоҳие маълуманд, ки хишти (черепитсаи) бомпӯшонӣ истеҳсол мекарданд ва ниҳоят, ғуломонро, ки мунтазам дар натиҷаи ҷанг оварда мешуданд, ба ҳокимони Боспор имконият фароҳам меовард, ки қисмати зиёди содироти Боспорро дар ихтиёри худ дошта бошанд.

Спартокиҳо флоти тиҷоратии худро надоштанд, бинобар ин, одатан аз киштиҳои муқаррарии тоҷирони чӣ омада (мазсусан аз Афина) ва ҳам аз Боспорро истифода мебурданд. Заминдорони калон баъзан худашон ҳам киштиҳоро барои содир намудани маҳсулоти хоҷагиҳои худ омода мекарданд.

Вазъи дохилӣ ва хориҷии Боспор дар нимаи аввали асри III то милод. Баъд аз марги Перисадаи I мубориза дар байни синфи ҳукмрон тезутунд мешавад, ки он ба ҷангҳои байни писарони ӯ оварда мерасонад. Яке аз онҳо, Эвмал буд. Ӯ Маҷлиси халқиро даъват намуда, барқароршавии “полиси ватанӣ”-ро эълон менамояд, яъне сохти полисии қадимро. Дар баробари ин, сокинони Пантикапей ателия (озодиҳое)-ро мегиранд, ки як вақтҳо истифода мебурданд, аз он ҷумла озодӣ аз андозҳоро. Эҳтимол, пешгузаштагони Эвмал, вабарои зарурати ҳарбӣ ба шаҳрвандони он андозу ӯҳдадориҳои вазнинро ҳарбӣ бор карданд.

Ҳокимияти худро мустаҳкам карда, Эвмел баҳри васеъ намудани заминҳои Боспор андеша намуд.Дар баробари ин ӯ ба Византия, Синоп ва Каллатия дар мубориза бар зидди Лисимах кӯмак мерасонид: ҳазорон каллитайҳо, ки ҳангоми аз тарафи Лисимах муҳосира кардани шаҳри азизашон аз гуруснагӣ гурехта буданд, дар қаламрави Боспор бо ҳуқуқи колониячиёни (клерухҳо) ҳарбӣ замин гирифтанд.

Меросхури Эвмел Спартоки III (304/03 – 284-83 то милод)шоҳ ном бурда мешуд ва на танҳо барои қабилаҳои таслимкарда. Ин кор шояд аз тариқи ягон санади марбутаи аз тарафи диодохҳо эълонкарда бошад, ки ӯ солҳои 306 – 305 то милод худро шоҳ эълон мекунад. Вазъияти берунаи Боспор дар аҳди Спартоки IIIто чанде мустаҳкамтар. Исботи муҳимтарини ин гуфта имзои қарордод бо Афина мебошад. Афинагиҳо навакак аз зери ҳокимияти Деметрияи Полиоркет озод шуда, саросемавор дар ин бора Спартокро огаҳ карданд, то ки муносибатҳояшро бо Боспор аз нав барқарор намоянд.

Қонуне, ки натиҷаи ин музокирот буд, аз қонунҳои қаблии афинагӣ, ки нисбати Боспор қабул шуда буданд, куллан тафовут дошт. Агар қаблан намояндагони сулолаи Спартокиҳо ҳамчун шахсони алоҳида ҳисобида мешуда бошанд, пас акнун Спарток шоҳ ном бурда мешуд. Агар қаблан сухан қотеан дар бораи тиҷорат мерафта бошад, пас акнун иттиҳоди зоҳирӣ ба имзо расонида мешавад: Афина ӯҳдадор мешавад, ки агар ба давлати ӯ ягон мамлакат ҳамла кунад, ба Спарток ҳам дар хушкию ҳам дар баҳр кӯмак мерасонад. Вале мӯҳтавои ин қарордод гарчӣ ноаён намояд ҳам, нисбат ба Боспор бештар ба Афина лозим буд: агар то ин вақт ба афинагиҳо имтиёзҳои тиҷоратӣ дода мешудагӣ бошад, пас акнун ба Спарток танҳо ваъдаҳои номуайян дода мешуду халос, аз қабили “ба онҳо шароити беҳтарин муҳаё мекунанд”. Сарфи назар аз ин, ҳаҷми ғалладонае, ки Спарток ба Афина тӯҳфа кард, на онқадар бузург буд (15 ҳазор медимн, ки он баробар буд ба 9 ҳазор гектолитр). Сарфи назар аз ин, афинагиҳо Спартокро бо таърифу тавсиф сазовор гардониданд.

Дар аҳди Перисадаи II (284/83 – баъди соли 252 то милод) робитаи Боспор бо Миср, Родос ва Делос таҳким меёбад. Дар яке аз папирусҳои Миср дар бораи омадани сафирони Перисада ба Миср (соли 254/53 то милод) ахборот мавҷуд аст. Ҳамин тариқ, таҳкими робитаҳои сиёсӣ ба тиҷорати рушдёфта дар байни давлатҳои эллинистӣ ва соҳилҳои Понт мусоидат намудааст.

Таназзули шоҳигарии Боспор.Эҳтимол аз нимаи дуюми асри III то милод эҳтимол таназзули Боспор оғоз ёфта бошад. Аммо дар ин бора ахбороти адабӣ ва сарчашмаҳои эпиграфӣ ниҳоят кам ба назар мерасанд. Аз рӯи сиккаҳо ва тамғаҳо дар хиштҳое (черепитсаҳое), ки дар устохонаҳои шоҳ истеҳсол карда шудаанд, пораҳои хурди адабӣ ва навиштаҷоти тасодуфии номҳои баъзе ҳокимони алоҳида маълуманд, вале пайдарҳамии хронологии онҳоро муайян намудан имконнопазир аст. Мувофиқ ба номҳо, сулолаи Спартокиҳо дар Боспор то охирҳои асри II то милод ҳукмронӣ кардаанд, шояд бо баъзе танаффусҳо, вале ҳокимияти шоҳ ба воситаи ҷангҳои байниҳамдигарӣзаиф гардонида мешуд. Ихтилофҳои дохилӣ бо фишори сарматҳо аз Шарқ ва скифҳо аз Ғарб, ки дар охирҳои асри II то милод хеле пурзӯр шуда буд, м.зъиятро боз ҳам вазнинтар карда буд.

Заифшавии тиҷорати Боспор дар охирҳои асри II то милод, ки бо тағйирёбии ҳаёти сиёсӣ дар Юнону Осиёи Хурд ва бархурдҳои бетанаффус бо ҳамсояҳо алоқаманд буданд, ба коҳишёбии даромади ҳокимони Боспор оварда расониданд ва ин омили манфӣ имконият намедод, ки артиши калони кироя дошта бошанд, ин ҳолат муборизаро бар зидди скифҳо мушкил мегардонид. Ғайр аз ин маблағҳое даркор буданд, ки ба скифҳо ва сарматҳо пардохта ва ҳатто эҳтимол муваққатан ҳам бошад, андоз ҳам пардозанд. Ҳамаи ин нобасомониҳо ва вазъияти дохилии шоҳигарӣ ба пурзӯркунии истисмори кишоварзони тобеъ оварда расонид. То охирҳои асри II вазъият чунон тезутунд мегардад, ки баромади якҷояи ғуломон ва деҳқонони тобеъро бар зидди ашрофони ҳукмрони шаҳрҳои Боспорро интизор шудан мумкин буд, ки шӯриши Савмаки дар болотар баён ёфта шаҳодати ин гуфтаҳост.

Шӯриши Савмак Диофант

Шимоли назди Баҳри Сиёҳ дар зери ҳокимияти Митридат Эвпатор. Баъди пахши шӯриши Савмак қисмати зиёди соҳилҳои Баҳри Сиёҳ ба зери ҳокимияти Митридат медарояд Тобеъшавии Боспор ва давлатҳои дигари Назди баҳри Сиёҳ ба Митридат онҳоро ба фазои воқеаҳои бузурге ворид сохт, ки онҳо дар Понт дар сеяки сеюми асри I то милод ба амал омада буданд.

Бозёфтҳои бостонии аз Боспор Сиккаҳои шоҳ Фарнак

Дар иқтисоди шаҳрҳои Понти Шимолӣдар ин вақт хусусиятҳои нав арзи вуҷуд мекунанд, масалан, пурзӯршавии робитаҳои иқтисодӣ бо шоҳигарии Понт ба он оварда расонид, ки робитаҳои қаблӣ бо марказҳои тиҷоратии дар ҳавзаи Эгейбуда хеле коҳиш ёфтанд. Нақши муайянро дар таъмини шоҳигарии Понти дар натиҷаи ҷанг ғоратшуда гандум ва маҳсулоти дигари озуқаворӣ бозӣ мекард. Вале ин содироти босуръат на ба рушди нерӯҳои истеҳсолкунандаи шимоли Назди баҳри Сиёҳ, балки ба харобшавии иқтисоди он оварда расонид. Андозҳои сершумореро, ки бояд аҳолии Назди баҳри Сиёҳ ба шоҳ пардохт мекарданд, низ ба ҳамин натиҷа оварданд.

Пастшавии вазъи иқтисодӣдар байни аҳолии Боспор шояд сабабгори болоравии кайфияти зиддипонтиро ба вуҷуд оварда бошад. Дар охирҳои ҷанги аввали Митридат бо Рим, дар соли 83 то милод ва ё ҳатто барвақттар ҳам бошад, Боспор истиқлолияти худро аз нав барқарор менамояд. Мушаххасоти ин воқеа маълум нестанд. Ба ҳар ҳол ба Митридат муяссар шуд, ки дар соли 80 то милод ин корро анҷом бидиҳад.

Марги Митридат ва гузариши ҳокимият ба Фарнак дар соли 63 то милод вазъи зиндагии аҳолии шимоли Назди баҳри Сиёҳро беҳтар накард Бояд гуфт, ки Фарнак ба қӯшун ва киштиҳои ин минтақа баҳри мубориза бар зидди Рим барои шоҳигарии падар кӯмак мерасонид. Норозигии доираҳои васеи ғуломдорони Боспор аз ҳокимияти сулолаи понтӣ ба он оварда расонид, ки аҳли ашрофони маҳаллӣ дар муқобили Фарнак ашрофи боспорӣ Асандраро гузошта, ӯро шоҳ эълон менамоянд. Вале ҳукумати Асандра шиддатнокии сиёсиро паст накард ва пеши роҳи пастравии хоҷагидориро, ки ин вақт Боспор аз сар мегузаронид, гирифта натавонист. Дар баробари ин, аз миёнаҳои асри I то милод сар карда римиҳо беш аз пеш баҳаёти сиёсии дохилии Боспор фаъолонатар дахолат мекардагӣ мешавад. Сабаб он буд, ки ҷараёни мубориза бар зидди Митридатро римиҳо барои шимоли Назди баҳри Сиёҳ дорои аҳамияти стратегии худ арзёбӣ карданд

Маданияти Шоҳигарии Боспор. Барои маданияти моддӣ ва фарҳанги Боспор печдарпечии эллинистӣ хос буда, дар он, пеш аз ҳама,унсурщои ионӣ ва маҳаллӣ афзалият доштанд. Ин тавовут махсусан дар косибии бадеӣ бараъло намудор буд. Дар ашёҳои филизӣ дар баробари инъикоси манзараҳои тоза моҳияти зебузинатидошта услубҳои ионь ва аттикии баъдина сюжаҳо ворид шудан мегиранд, ки бо ҳаёт ва дини скифҳо алоқаманд буданд. Маъбадҳои (қурғонҳои) нисбатан машҳур ва бой дар даштҳои скифӣбисёр мебошанд. Масалан, чунинанд маъбадҳои Кулоба ва Патиониоти дар наздикии Пантикапей, Чертомлик ва Солохаи воқеъ дар поёноби дарёи Днепр ва дар Дони Миёна. Нисбати санагузории ин маъбадҳо фикру андешаҳои гуногун вуҷуд доранд, вале, бешубҳа, онҳо асосан ба замони нашъунамои шоҳигарии Боспор мувофиқат мекунанд.

Хишти (черепитсаи) Боспор Зарфи Боспор Зарфи тиллогин

Эҳтимол дар Пантикапей ва шаҳрҳои дигари Боспор дар асрҳои IV – IIIто милод мактабҳои махсуси рассомон вуҷуд доштааст, ки он барои ашрофони скифӣ ва меотӣ ашёҳои бадеие тайёр мекардаанд, ки ба табъ ва одату рузғори онҳо мувофиқат намоянд. Дастовардҳои ин мактаб хеле калон мебошанд. Дар ин маснуот саҳнаҳои ҳаёти скифҳо хеле воқеъбинона инъикос карда мешуданд.

Кулолгарии Боспор низ дар бораи гуногунии бадеии истеҳсолоти маҳаллӣ шаҳодат медиҳад. Махсусан ҳайкалчаҳо ва зарфҳо бо нақшу нигори худ фарқ мекарданд, ки истеҳсоли онҳо асосан ба асрҳои III– II то милод рост меояд.

Печдарпечии гуногуни унсурҳои қавмӣ (этникӣ) ба тасаввуроти динӣҳам таъсир мерасонид. Дар асрҳои IV — III то милод дар байни онҳо эътиқод ба Аполлон низ вуҷуд дошт. Вале дар баробари ин, онҳо эътиқодҳзои аҳолии маҳаллиро низ қабул карда, ба онҳо танҳо ороиши эллинистӣ ворид месохтанд ва дар баробари пурзӯршавии мақоми унсурҳои маҳаллӣ дар Боспор афзалият пайдо менамуданд. Дар байни эътиқодҳои маҳаллӣ мақоми парастиши олиҳаи олии занона ба мақоми муҳим соҳиб буда, ба модари бузурги осиёихурдии “модарҳукмрони ҳайвонот” мувофиқат мекард. Муқаддасгоҳҳои ин олиҳаи соҳибиззату эҳтироми мардум дар тамоми Синдик паҳн гардида, он баъзан Афродитаи Апатура (дар Фанагория) ва баъзан Артемидаи Агротера (дар Лимани Сукур) ном бурда мешуд.

Дар бораи ҳаёти зеҳнии ҷомеаи Боспор маълумоти кам вуҷуд дорад. Файласуф Сфер аслан аз Боспор буд (баъзеҳзо ӯро аз Борисфен, яъне аз Олвия мешуморанд), ки аз рӯи ақидаи фалсафӣ дар мавқеи стоикӣ будааст. Дар аҳди Птоломеи Фмиладелф дар Миср зиндагӣ кардааст. Сфер ҳамчун илҳомбахши ғоявии ислоҳотхоҳи спартании Клеоман низ маълум аст.

Шеърҳое, ки дар сарпӯшҳои болои тобутҳо вомехӯранд, дар бораи он шаҳшодат медиҳанд, ки дар Боспор то дараҷае назм ҳам рушд ёфта будааст. Масалан, қиссаҳои сершумори скифӣ, ки ҳаёти маҳаллиро инъикос менамоянд, баромади боспорӣ доранд. Онҳо дар тамоми олами эллинистӣ паҳн гардида (баъзеи онҳо ҳатто дар папирусҳо ва ҳам дар ашёҳо сабткарда аз Миср ёфта шудаанд), ба адабиёти юнонӣ таъсир расонидаанд.

Дар Боспор эҳтимол таърихнигории худӣҳам вуҷуд дошта, он моҳияти дарборӣ доштааст: шояд нақли Диодори Ситсилӣ дар бораи Спартокиҳо, инчунин баъзе хабарҳои алоҳидаи муаллифони дигар, ки маҳфуз мондаанд, ба ин таърихнигорӣ тааллуқ дшта бошанд.

Кул – оба (оҳу, гург, шер, харгуш…) Шамшер

Асрҳои III — II то милод изамони нашъунамои Пантикапей буд. Шаҳри мазкур хеле зебо ва дар нишебии куҳи Митридат бунёд карда шуда буд. Дар шаҳри Пантикапей новаи оби нӯшокӣ ва халоҷоттозакунӣгузаронида шуда буда, аз он новаҳои қурғошимӣ ва сафолии боқӣ мондаанд.

Шумораи зиёди бошишгоҳҳое, ки боқимондаҳои онҳо дар нимҷазираи Таман ва дар ҷараёни ҷанубии дарёи Кубан ёфт шудаанд, маҳз дар ҳамин давра – дар асрҳои III — II то милодба миён омадаанд.

Боспор дар ҳаёти олами эллинистӣ нақши сазовори удро гузоштааст. Ба ин на танҳо мустамликачиёни эллинистӣ, ки бошишгоҳҳои худро дар соҳилҳои гулугоҳе бунёд карда буданд, ки натанҳо Понт ва Меотидро пайвастааст, инчунин ҳамин нақшро нисбати халқҳои таҳҷоии вилоятҳои гирду атроф низ иҷро кардааст. Дар ҷамъбасти ин боб зикр бояд кард, ки Боспор яке аз давлатҳои пешрафтаи олами эллинистии асрҳои III – I то милод буд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *