Фанни Таърихи Чахон(Умум)

Юнон дар замони Архаисти (асрхои 8 — 6 то милод)

ШАРҲИ УМУМӢ ДАР БОРАИ ЗАМОНИ АРХАИСТӢ

Дар рушди таърихии Юнони асри IХ ва оғози асри VIII то милод тағйиротҳои куллии иҷтимоию иқтисодӣба амал омаданд. А он ҷумла ҷамоаҳои дар иҳотамонда ва маҳдуди авлодии деҳотӣ ба сохторҳои нави иҷтимоию иқтисодӣ табдил ёфта, дар ниҳоди онҳо рушди босуръати иқтисодию иҷтимоӣсурат гирифта, дар байни гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоии онҳо зиддиятҳои тезу тунд ба миён омада, ба хунрезиҳо мубаддал мегарданд ва бо ҳамин ба низоми нави мақомоти давлатӣ сабзида расида, маданияти баландпоя бунёд карда мешавад. Ин воҳидҳои маъмуриии иҷтимоию иқтисодӣ, ки номи полисҳоро мегиранд, ҷузъҳои таркибии ҷомеаю давлатҳои Юнони қадим ва маданияти онҳоро ташкил мекунанд.

http://varvar.ru/arhiv/slovo/images/sapfo.jpg

Шоира Алкей Шоира Сапфо

Полисҳо натанҳо дар ҷамоаҳои авлодии замони пеш ба вуҷуд омаданд, балкӣ бештар дар асоси бошишгоҳҳои нав — дар мустамликаҳои берун аз баҳри Эгей – дар соҳилҳои баҳрҳои Миёназамин ва Сиёҳниз аз нав ташкил карда мешуданд. Чи полисҳои намуди аввал ва чи полисҳои намуди дуюм сохторҳои давлатӣ ва иҷтимоию иқтисодӣхудро доштанд.

Давраи архаистӣ, асрҳои VIII – VI то милодро дар бар гирифта, оғози марҳалаи навро дар таърихи Юнони қадим ташкил мекунад. Дар ин се садсола, яъне дар мӯҳлати нисбатан кӯтоҳи таърихӣ, Юнон дар рушди худ аз давлатҳои ҳамсоя, аз он ҷумла аз давлатҳои Шарқҳам хеле пеш гузашт, ки онҳо дар он замон дар ҷаҳон пешсафи рушди давлатию фарҳангӣ буданд. Марҳалаи архаистӣ замони бедоршавии нерӯҳои маънавии халқи Юнони баъд аз бозистии қариб чорсадсола буд. Дар ин бора таркиши бемислу монанди фаъолнокии эҷодӣ дар Юнон шаҳодат медиҳад. Баъд аз танаффуси дуру дароз гӯё, ки намудҳои санъати ҳамеша аз хотирҳо фаромӯшшуда – меъморӣ, ҳайкалтарошии монументалӣ, тасвирию рассомӣ аз нав эҳё мешаванд. Аз санги мармар ва санги хоро сутунҳои ибодатгоҳҳои нахустини Юнон сохта мешаванд. Аз санг тарошидани ҳайкал ва қолабрезии ҳайкалҳо аз биринҷӣ ба ҳукми анъана медарояд.

Pseudo-Seneca BM GR1962.8-24.1.jpg
https://upload.wikimedia.org/wikipedia/commons/thumb/7/7c/Moreau%2C_Gustave_-_H%C3%A9siode_et_la_Muse_-_1891.jpg/130px-Moreau%2C_Gustave_-_H%C3%A9siode_et_la_Muse_-_1891.jpg
Eugène Ferdinand Victor Delacroix 037.jpg

Шоир ГесиодМузаҳои Гесиод

Достонҳои Гомер (“Иллиада” ва “Одиссея”) ва Гесиод (асрҳои VIII — VII то милод) (“Асарҳо ва рӯзҳо”, “Теогония”, “Сипари Геракл”) ба миён меоянд, шеърҳои лирикии аҷоиб аз рӯи чуқурии мазмун ва ҳиссиёти самимонаи Архилох (680 – 645 то милод), Сапфо (наздики соли 630 – 572/570 то милод), Алкея ва шоирони зиёди дигар навишта мешаванд. Файласуфони аввалин – Фалес, Анаксимен, Анаксимандр оид ба масъала дар бораи пайдоиши коинот ва нахустасоси олам бо боварии том фикрронӣ мекунанд.

https://upload.wikimedia.org/wikipedia/commons/thumb/e/eb/Archilochus_01_pushkin.jpg/241px-Archilochus_01_pushkin.jpg

Шоир Архилох

НАВГОНИҲОИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДӢ

Рушди босуръати маданияти Юнон дар тӯли асрҳои VIII – VI то милод бо дар ин замон арзи вуҷуд кардани мустамликагардонии заминҳои аз Юнон дур, ки дар ҳамин давра сурат гирифта буд, алоқаи бевосита дошт. Мустамликазабткунӣ олами юнониро ба як навъ ба олами беруна алоқанадоштаю дар муҳосираафтодаи мубаддал мегардонад. Юнон ба ин ҳолат баъди барҳамхӯрии тамаддуни Микена гирифтор шуда буд.

Дар чунин шароит юнониҳо тавонистанд, ки таҷриба вачизҳои бисёрро аз ҳамсоягони худ омӯзанд, махсусан аз халқҳои Шарқ. Аз финикиягиҳо хати (алифбои) онҳороқабул карда, онро такмил дода, аломатҳои садонок ва ҳамсадо ворид сохтанд. Ана аз ҳамин асос ба миён омадаанд, ҳамаи алифбоҳои муосир, аз он ҷумла алифбоҳои лотинӣ, кидармамлакатҳоизиёдимуосириҷаҳонмавридиистифодақарордорад. Аз Финикия ё аз Сурия ба Юнон сирри аз қум тайёр кардани шиша мегузарад, инчунин тарзи истеҳсоли ранги пурҷилоро аз лонаи устухонии зочаҳои баҳрӣ ёд мегиранд.

Тоҷирони Финикия Баҳрнавардони Финикия

Мисриҳою бобулиҳо дар ситорашиносӣ ва ҳандаса муаллимони юнониҳо мешаванд. Меъмории мисрӣ ва меъмории монументалии ба санъати нав таблидёбандаи юнонӣ таъсири калон мерасонад Юнониҳо аз лидиягиҳо чунин ихтирооти муҳим, аз ҷумлаи сикказании тангаро қабул кардаанд. Юнолниҳо ҳамаи ин унсурҳои маданияти халқу давлатҳои дигарро ба таври эҷодкорона аз нав кор карда, ба талаботи рӯзмарраи ҳаётии мамлакати худ мувофиқ карда,ҳамчун ҷузъҳои асосӣ ба маданияти Юнон дохил намуданд.

Мустамликагардонӣҷомеаи Юнонро тезҳаракат ва ҷозибанок кард. Он дарҳои худро барои ташаббуси шахсӣ ва қобилияти эҷодӣ ба рӯи ҳар як шахс васеъ кушод. Ин омил ба аз зери назорати авлод баровардани шахсият мусоидат кард ва гузариши босуръати тамоми ҷомеаро ба сатҳи боз ҳам баландтари рушди иқтисодӣ ва маданӣ таъмин кард.

Дар ҳаёти полисҳои юнонӣ баҳрнавардӣ ва тиҷорати баҳрӣ ба ҷои аввал баромаданд. Аввал мустамликаҳои зиёд, ки дар гӯшаю канорҳои дурдасти олами эллинистӣқарор доштанд, дар зери вобастагии иқтисодии метрополий монданд. Мустамликачиён ба маводи муҳиминиёзи инсон эҳтиёҷ доштанд. Ба онҳо маҳсулоти озуқаворӣ чун шароб, равғани зайтун намерасид, ки юнониҳо ҳаёти осудоҳолонаи инсонро умуман бе онҳо тасаввур карда наметавонистанд. Ҳарду намуди ин озуқаро аз Юнон овардан лозим меомад. Аз метрополий ба мустамликаҳо зарфҳо ва лавозимоти дигари рӯзғор ва баъд газвор, аслиҳа, ашёҳои зебу зинат ва ғайраро низ меовардагӣ мешаванд. Ин маҳсулот таваҷҷӯҳи аҳолии маҳаллиро ба вуҷуд меовард ва онҳо ин маҳсулотро бо ғаллагӣ, чорво, филиз ва ғуломон табодул мекарданд. Дар аввал ашёю маснуоти на он қадар аҷоиби косибони юнонӣ ба молҳои баландсифати шарқӣ рақобат карда наметавонистанд. Ин молҳоро тоҷирони финикӣ ба тамоми ҳавзаи баҳри Миёназамин ба савдо мебароварданд. Сарфи назар аз ин, онҳо дар бозорҳои муҳимтарини аз роҳҳои асосии баҳрӣ дур – Назди баҳри Сиёҳ, Фракия, Адриатика, ки дар он ҷо киштиҳои финикиягиҳо хеле кам пайдо мешуданд, харидори зиёд доштанд. Минбаъд маҳсулоти зиёду гуногуни косибии Юнон ба минтақаи дилхоҳи тиҷорати финикӣ – ба Ситсилия, Италияи Ҷанубӣ ва Миёна, инчунин ба Сурия ва Миср роҳ ёфта, беш аз пеш ин мамлакатҳоро низ дар бар мегиранд.

Дар худи Юнон маркази асосии фаъолшавии иқтисодӣ полисҳо мешаванд, ки онҳо ба ҳаракати мустамликагардонӣ сарварӣ мекарданд. Дар байни полисҳо шаҳрҳои ҷазираҳои Эвбей. Коринф ва Мегара дар Шимоли Пелопоннес, Эгин, Самос ва Родос дар галаҷазираҳои баҳри Эгей, Милет ва Эфес, дар соҳилҳои ғарбии Осиёи Хурд буданд.

Милети қадим Эфеси қадим

Дар мустамликаҳои дурдаст кушода шудани бозорҳо ба такмили истеҳсолоти косибӣ ва кишоварзӣ дар худи Юнон такони бузургро ба вуҷуд овард. Косибони юнонӣ таҷҳизоти техникии устохонаҳои худро устокорона такмил медоданд. Дар тамоми таърихи минбаъдаи антиқииЮнонҳеҷгоҳчунин шумораи номгӯи ихтироот ба миён намомада буд, тавре, ки дар се садсолаи замони архаистӣ ихтироъ карда шуда буд. Чунин навгониҳои муҳимро дар мисоли тарзи кушодаи пайвастани оҳан ва биринҷии гудохташуда мисол овардан кифоя аст.

Санъати амалии Юнон нашъунамо кард. Масалан, гулдонҳои юнонии асрҳои VII – VI то милод аз ҷиҳати шаклҳои гуногун ва зебогии ороиши бадеии худ касро ҳайрон ва мафтун месозанд. Дар байни онҳо зарфҳои истеҳсоли устоҳои Коринффарқ мекарднд.

Қисми асосии маснуоти кулолӣ, ки аз Юнон ба бозорҳои беруна бароварда мешуд, дар устохонаҳои махсус аз тарафи кулолгарони соҳибкасб ва рассомони рангубори гулдонҳо тайёр карда мешуданд. Косибони соҳибкасб акнун на он шахсҳои алоҳидае буданд. ки берун аз ҷомеа ва берун аз қонунҳо қарор дошта бошанд ва баъзан ҳатто ҷои истиқоматии доимӣ надоштанд. Онҳо акнун табақаи иҷтимоии сершумор ва бонуфузро ташкил медоданд. Дар ин бора болоравии миқдорӣ ва сифатии маҳсулоти косибӣ, инчунин дар полисҳои аз назари иқтисодӣ пешрафта ба вуҷуд омадани маҳаллаҳои махсуси косибон, ки дар он ҷойҳо косибони ихтисоси муайян сокин буданд. шаҳодат медиҳанд. Масалан, алллакай аз асри VII то милод сар карда дар Коринф маҳаллаи кулолгарон бо номи Керамик вуҷуд дошт. Дар Афина чунин маҳалла, киқисмати зиёди шаҳри кӯҳнаро дар бар гирифта буд, дар асри VI то милод бунёд гардидааст.

Ҳамаи ин далелҳо дар бораи он шаҳодат медиҳанд, ки дар тули замони архаистӣ дар Юнон ҷумбиши бузурги таърихан муҳим ба амал омадааст: косибӣ аз кишоварзӣтамоман ҷудо шуда, соҳаи муҳимми истеҳсолоти молиро ташкил намуд. Мувофиқ ба ин дар соҳаи кишоварзӣ низ таҳаввулот ба амал омада, ин соҳаро танҳо ба талаботи дохилии Юнон, вале на ба талаботи бозор равона сохт.

Робита ба бозор ба кори муҳимму аввалиндараҷа табдил меёбад.Дар он замон баъзе кишоварзони юнонӣқаиқ ва ҳатто киштӣ доштанд, ки ба воситаи онҳо маҳсулотро аз хоҷагиҳои худ ба шаҳрҳои наздик мебароварданд. Хотиррасон бояд кард, ки роҳҳои хушкӣ дар Юнони кӯҳсор ниҳоят ноқуллай буданд ва ҳам хатари роҳзанон вуҷуд дошт. Дар як қатор навоҳии Юнон кишоварзон аз парвариши ғалладона, ки дар он ҷо кам ҳосил медод, ба парвариши соҳаҳои даромадноку бисёрсолаи кишоварзӣ, азонҷумлабатокпарварӣ ва зайтунпарварӣ мегузаштанд. Шаробҳои олиҷаноби юнонӣ ва равғани зайтун дар бозорҳои хориҷӣ ва мустамликаҳо талабгори хеле зиёд доштанд. Дар ниҳояти кор, давлатҳои юнонӣ аз истеҳсоли гандуми худ даст кашида, аз ҳисоби ғаллаи воридшуда зиндагонӣ мекардагӣ мешаванд.

РУШДИ БОСУРЪАТИ МУНОСИБАТҲОИМОЛИЮ ПУЛӢ

Тавре ки аз таҳаввулот дар маданият ва соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ нишон доданд, дар замони архаистӣ иқтисодиёти Юнон рӯ ба рушд мениҳад. Ин омил ба муносибатҳои пулию молӣ низ таъсири бузург мерасонад. Аз ин рӯ, аввал дар як қатор шаҳрҳои Осиёи Хурд ва баъд дар полисҳои нисбатан тараққикардаи қисми аврупоии Юнон воҳидҳои пулӣ – сиккаҳои худӣ пайдо мешаванд. ки онҳо тақлид ба стандартҳои лидиёгӣ буданд. То ин вақт дар бисёр вилоятҳои Юнон ба сифати воҳиди асосии пулӣ пораҳои хиштмонанди начандон калони филизии баъзан мисӣ ва баъзан оҳанӣ, ки “обола” номида мешуданд, истифода бурда мешуданд Қурби шаш обола як драхмро ташкил медод.Акнун ин номҳои қадим ба воҳидҳои нави пулӣ гузаронида мешаванд, ки низ оболаҳо ва драхмҳо номида шуда буданд. Дар асриVII то милод аллакай дар Юнон ду намуди стандартҳои сикка дар муомилот буд – эгинӣ ва эвбеӣ. Асоси ҳардуи ин низоми сикказании ин пулро воҳиди вазн ташкил мекард, ки он талант ном дошта, он дар ҳарду сурат ҳам ба 6000 драхм тақсим мешуд. Драхм одатан аз нуқра сикка зада мешуд, обол бошад – аз мис ё биринҷӣ.

Сиккаҳоиэгинӣ Сиккаҳоиэвбеӣ

Ҳикмате вуҷуд дорад, ки онро ба Аристодем нисбат медиҳанд. Мувофиқи он “одамро пул ба вуҷуд меоварад”. Ин ҳикмат сарахбори тамоми замони архаистӣмешавад. Пул ё худ асъор аз бисёр ҷиҳат ҷараёни тақсимшавии молумулкии ҷамоаро тезонида, беш аз пеш тантанаи қатъии моликияти хусусиро наздик мегардонад. Қарордодҳо дар бораи хариду фурӯш акнун нисбат ба ҳама намудҳои арзишҳои моддӣбештар паҳн мегарданд. Акнун натанҳо моликияти манқул – чорво, либос, маснуоти зебу зинат ва амсоли ин, балки моликияти ғайриманқул – замин ҳам, ки то ин вақт моликияти на шахсҳои алоҳида, балки моликияти авлод ё тамоми ҷамоа ба ҳисоб мерафт, озодона аз даст ба даст мегузашт: фурӯхта мешуд, гарав монда мешуд, ҳамчун мерос ё ба сифати бисот дода мешуд ва ғайра. Аз ин рӯ, Гесиод ба хонандаи худ маслиҳат медиҳад, ки бо ёрии қурбоникуниҳои мунтазам ба ҷонибдори худ мубаддалгардонии худоҳо муваффақ гарданд, то ки ту қитъаҳои дигаронро харидорӣ кунӣ, на дигарон аз они туро.

Худи пул ҳам фурӯхта ва ҳам харидорӣмешавад. Одами сарватманд метавонист онро ба шахси камбағал бо фоиз қарз диҳад. Мавҷудияти меҳнати изофамондаи арзони корӣ дар бозорҳои шаҳрҳои юнонӣ ба истифодаи васеи меҳнати ғуломон дар тамоми соҳаҳои истеҳсолот шароит муҳайё намуд. Меҳнати ғуломони харидоришуда акунун на танҳо дар хонаҳои ашрофон, балки дар хоҷагиҳои кишоварзони миёнаҳол низ истифода бурда мешуд. Ғуломонро дар устохонаҳои косибӣ, дуконҳои тиҷоратӣ, конҳои кӯҳӣ, бозорҳо, бандарҳо ва дар сохтмони истеҳкому ибодатгоҳҳо дидан мумкин буд. Ҳамин тариқ, дар Юнон асосҳои ҷомеаи нави ғуломдорӣ ва дар баробари ин, тамаддуни нави полисӣ гузошта мешуд, ки он аз замони қаблии тамаддуни қасрӣ тафовут дошт.

ПАЙДОИШИ ШАҲРҲОИ АВВАЛИН

Дар Юнони Қадим шаҳрҳои нахустин аллакай дар замони ахейӣ бунёд шуда буданд. Нишонаи авввалини нисбатан муҳим, ки дар бораи гузариши ҷомеаи Юнон аз ҳолати варварӣ ба тамаддун шаҳодат медиҳад, бунёди шаҳрҳо мебошад. Маҳз дар замони архаистӣ шаҳр ба таври ҳақиқӣ аз деҳа ҷудо шуда, онро ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам иқтисодӣ ба худ тобеъ мекунад. Ин воқеа бо ҷудошавии косибӣ аз кишоварзӣ ва ривоҷи муносибатҳои молию пулӣ алоқаманд мебошад.

Қариб ҳамаи шаҳрҳои юнонӣ, истисно ҳастанд танҳо мустамликаҳо аз шаҳрчаҳои мустаҳкам кардашудаи замони гомерӣ – полисҳо ба вуҷуд омада, ин номи қадими худро нигоҳ доштаанд. Вале дар байни полиси гомерӣ ва полиси архаистӣонро ивазкардаи тафовути куллӣ вуҷуд дошт. Полиси гомерӣ дар як вақт ҳам шаҳр буду ҳам деҳа, чунки ягон хел бошишгоҳи рақобаткунандаи дигари зери ҳокимияти он тобеъбуда вуҷуд надошт. Полиси архаистӣ, баракс, пойтахти давлати паканаро мемонд, ки дар ҳайати он ғайр аз худи шаҳр деҳаҳое (бо забони юнонӣ “комҳо”) низ дохил буданд, ки дар канораҳои қаламрави полис воқеъ гардида, аз назари сиёсӣ ба шаҳр тобеъ буданд.

Инчунин бояд гуфт, ки полисҳои Юнони замони архаистӣнисбат ба замони гомерӣ калонтар шуданд. Ин бузургшавӣҳам аз ҳисоби афзоиши табиии аҳолӣ ва ҳам аз ҳисоби ба таври сунъӣ муттаҳид шудани якчанд шаҳрчаи намуди деҳотӣ дар як шаҳр сурат мегирифт. Ин корро юнониҳо “синайкизм”, яъне “ҳамроҳкунии бошишгоҳзҳо” меномиданд ва ин кор бо мақсади баландбардоштани иқтидории мудофиавии шаҳрҳо иҷро мекарданд Вале дар Юнони замони архаистӣшаҳрҳои калон аз назари фаҳмиши имрӯзаи ин калима вуҷуд надоштанд. Полисҳои дорои якчанд ҳазор нафар одамон ниҳоят кам вомехурданд. Эҳтимол шумораи аҳолии аксарияти шаҳрҳои замони архаистӣ аз ҳазор нафар зиёдтар набуд.

Смирнаи қадим намунаи полиси архаистӣ шуда метавонад, ки онро бостоншиносон ёфтаанд. Як қисми ин шаҳр дар нимҷазира воқеъ гардида, он даромадро ба халиҷ, ки барои лангарпартоии киштиҳо қуллай мебошад, мебастааст. Маркази шаҳрро бо девори муҳофизавии аз хишти пӯхта иҳотакарда сохта шуда ва назди он бо сангчаҳо болопӯш сохта шудааст. Девор дорои якчанд дарвоза, манорҳо ва майдончаҳои дидбонӣ дошт. Сатҳи шаҳр мутаносиб ҳамвор карда ва қатори биноҳо муқобили ҳамдигар дар ҳолати тавозун сохта шуда буданд. Дар шаҳр иякчанд ибодатгоҳ фаъолият дошт.

Маркази асосии ҳаётан муҳими шаҳрҳои Юнони барвақта “агора” номгузорӣ карда шуда, он ҳамчун ҷои баргузории маҷлисҳои халқии гражданҳо шуда хизмат мекард ва дар як вақт ҳамчун бозор истифода бурда мешуд. Юнонии озод вақти зиёди худро дар ҳамин ҷо мегузаронид. Дар агора ӯмаҳсулот мефурӯхт ва харидорӣ мекард, дар ин ҷо дар якҷоягӣ бо ҷамоаҳои ражданҳои полис ба сиёсат машғул мешуд – масъалаҳои давлатиро ҳал мекард; дар агора ӯ метавонист хабарҳои муҳими шаҳрро шунавад ва ғайра.

Дар аввал агора майдони кушоду аз иншооти бинокорӣ холӣ буд. Баъдтар дар он ҷойҳои нишасти чӯбин ва сангин, ки чандқатора аз поён то ба боло, баъди ҳар як поймонак сохта шуда буданд, бунёд карда мешавад. Ҳангоми маҷлисҳо мардум дар ин харакҳо менишастанд. Дар замони баъдтар — дарохирҳои замони архаистӣ, дар чор тарафи майдон болопушҳои махсус – айвонҳо сохта мешаванд, ки одамонро аз шӯъои офтоб муҳофизат мекарданд.

ҲОКИМИЯТИ ЗОЛИМУ ИСТИБДОДӢ

Дар замони архаистӣ режимҳои истибдодӣҳукмронӣ мекарданд, гарчанде, ки ба қавли Гесиод демократҳо дар тамоми Юнон чунин шиорҳоро пешниҳод мекарданд: “Аз нав тақсим кардани замин ва бекор кардани қарзҳо”, “Баробарии ҳама дар назди қонун” ва “Ба халқ додани ҳокимият”. Ин ҳаракати демократӣ аз рӯи ҳайати худ таркиби гуногун дошт. Дар он ҳам тоҷирони бою халқи оддӣ, ҳам деҳқонони миёнаҳолу косибон ва ҳам оммаи қашшоқи шаҳру деҳот иштирок мекарданд. Агар аввалин номбурдагон, пеш аз ҳама, баробарии сиёсӣ бо ашрофони кӯҳнаро мехоста бошанд, пас боқимондагонро ба худ бештар ғояи баробарии умумӣ ба моликият ҷалб менамуд.

Ҳар боре, ки ҳокимони золиму истибдодӣ (тиранҳо) дар давлат ҳокимиятро ба даст меоварданд, ба ҷазои мууқобилони сиёсии худ сар мекарданд. Дар анъанаҳои таърихии баъдина ҳокимони золим, яъне тирания дар забони юнонӣба синоними ҳокимияти золими хунхур мубаддал мегардад. Теғи сиёсати терроситии ҳокимони золиму истибдодӣ асосан бар зидди ашрофони авлодӣ нигаронида шуда буд. Вале ба ҷисман несту нобуд кардани намояндагони намоёни ин гурӯҳи иҷтимоӣқонеъ карда, ҳокимони золимҳуқуқҳои онҳоро ҳамаҷониба поймол карда, намегузоштанд, ки ба гимнастика машғул шаванд. дар маъракаҳои муштараки хурсандию боданӯшӣҷамъ оянд, ғулом ва ашёҳои қимматбаҳо харидорӣ кунанд. Ашрофон, ки қисми нисбатан муташаккил ва дар баробари он бонуфузу бои ҷамоаро ташкил мекарданд, барои ҳокимияти мутлақи шоҳ хатари бештар дошт. Ба ӯдоимо лозим меомад, ки маҳз аз ҳамин тараф хатари суиқасду исёнҳороинтизор шавад.

Поликрат Писистрат Периандр

Муносибатҳои ҳокимони золими истибдодӣ бо халқ дигар хел сурат мегирифтанд. Аксарияти ҳокимони золими замони архаистӣ ба мартабаи сиёсӣ ба сифати простатҳо, яъне пешвоён ва ҳимоятгарони демос оғоз карда буданд. Писистрати машҳур соли 562 ҳокимиятро дар Афина ба даст оварда, дар ин кор ба дастгирии қисмати камбағалтарини кишоварзони Афина такя мекунад, ки онҳо асосан дар навоҳии серкӯҳи Аттика сукунат доштанд. Гурди золим, ки бо хоҳиши Писистрат халқи Афина пешниҳод карда буд, ки онҳо дастаи сесаднафара ташкил намуда, бо калтак – аслиҳаи муқаррарии кишоварзони юнонӣ дар давраи нооромиҳо, мусаллаҳ буданд.

Ҳокимони золим дар таърихи барвақтаи Юнон нақши намоён гузоштаанд. Чунин симоҳои золим, аз қабили Периандр, Писистрат. Поликрат ва дигарон ҳамеша боиси таваҷҷӯҳи таърихнигорони Юнони бевақта гардида буданд. Ривоятҳо дар бораи иқтидор ва боигарии ғайримуқаррарӣ, қиссаҳо дар бораи бобарории мислаш диданашудаи онҳо, ки ҳатто рашку ҳасади худоҳоро ба вуҷуд меовардааст, аз насл ба насл мегузаштанд. Масалан, чунин аст қисса дар бораи ангуштарини Поликрат, ки онро гӯё Геродот нигоҳ дошта будааст.

ИСЛОҲОТИ СОЛОН ВА КЛИСФЕН

Ҳокимияти золими истибдодӣтанҳо ашрофони авлодиро заиф мегардонид, вале аз ӯҳдаи шикастани пурраи иқтидори он баромада наметавонист, шояд ба иҷрои ин мақсад кушиш ҳам намекард. Дар полисҳои зиёд баъд аз сарнагун карда шудани ҳокимони золиму истибдодӣ таркишҳои муборизаи тезутунд аз нав ба мушоҳида мерасанд. Вале дар ин гирдоби ҷангҳои гражданӣточанде намудаи нави давлат – полиси ғуломдорӣ тавлид меёбад.

Ташаккули полис натиҷаидигаргунсозиҳои пайвастаи фаъолияти наслҳои зиёди арбобони қонунгузор буд. Дар бораи бисёрии онҳо мо маълумоте надорем. Анъанаҳои антиқӣ то ба мо танҳо якчанд номро расонидаанд, ки дар байни онҳо махсусан ҷои намоёнро 2 нафар ислоҳотпешаи маъруфи Афина – Солону Клисфен ва як нафар қонунгузори спартанӣ-Ликург ишғол менамоянд. Чун қоида, дигаргуниҳои нисбатан бузург дар шароити бӯҳрони тезутунди сиёсӣ ба амал бароварда мешуданд. Баъзе мавридҳое маълуманд, ки гражданҳои ин ва ё он давлат, ки дар натиҷаи зиддияту нооромиҳои беохир роҳи дигари аз онҳо халос шуданро наёфта, аз байни худ нафареро миёнарав ва оштидиҳандаинтихоб мекарданд.

Яке аз ҳамин гуна оштидиҳанедагонСолон (солҳои 640 -559 то милод) буд. Соли 594 то милод Солон ба вазифаи архонти якум бо ҳуқуқи қонунгузор интихоб шуда, барномаи васеи дигаргунсозиҳои аз нав барқарор намудани ҷамоаи полисиро дар назар дошт, ки он дар натиҷаи ҷангҳои байниҳамдигарии гражданӣ ба гурӯҳбандҳои бо ҳамдигар душман тақсим шуда буд.

Дар низоми ислоҳоти Солон ислоҳоти куллан муҳим ҳуқуқи қарзӣ буд, ки он дар таърих зери унвони “таконидани бори вазнин” (аз юнонӣ “сейсахтейя”) номгузорӣ шудааст. Солон, дарвоқеъ, ҳамаи қарзҳо ва фоизҳои аз рӯи онҳо ҷамъшударо ғайриқонунӣ эълон намуда, дар оянда қарордодҳои мозаклад (қарз)-ро манъ карда, бо ҳамин бори вазнину нангинни юғи қарзҳоро аз гардани халқи Афина гирифта мепартояд.

Солон Татбиқиислоҳоти Солон

Солон деҳқонони Аттикаро аз ғуломшавӣ наҷот дода, бо ҳамин рушди минбаъдаи институтҳо ва унсурҳои демократиро дар Афина имконпазир мегардонад. Баъдтар қонунгузор ва сиёсатмадор (Солон) дар бораи ин хизмати худ дар назди халқи Афина бо ифтихор иброз медорад:

“Кадоме аз он вазифаҳоро иҷро накардам,

Ба хотири онҳо халқро кардам муттаҳид.

Аз ин ҳама Додхоҳи беҳтарин –Вақт шоҳид,

Худои олии Олимпӣ низ метавонист бигӯяд.

Модар — Замине, к-аз он мавҷ падидор шуд,

Бикандам сутунҳои сершумори қарзи мардумро,

Зане, ки қаблан ғулом буд, кунун кардам озод ӯро.”

Демоси Афинаро аз аз азоби бори вазнини қарз озод карда, Солон дар баробари ин, аз иҷрои талаботи дигари мардуми заҳматкаш аз нав тақсим кардани замин саркашӣ мекунад. Мувофиқи ақидаи худи Солон, ӯ нияти аз назари моликият ва иҷтимоӣ ашрофон ва халқи оддиро пурра баробар кардан надошт. Вале Солон ҷидду ҷаҳд ба харҷ дод, то ки пеши роҳи болоравии минбаъдаи заминдории калонро гирифта, бо ҳамин ба зӯроварии ашрофони Афина хотима гузорад. Қонуни Солон дар бораи манъи ба даст овардани замини зиёда аз мъёр дар ин бора шаҳодат медиҳад. Эҳтимол ин тадбирҳо муваффақият пайдо карда бошанд, чунки дар тӯли асрҳои VI – Vто милод Аттика мисли пештара мамлакати дорои заминдории хурд ва миёна мондан мегирад. Ҳатто замини дар ихтиёри хоҷагиҳои калони ғуломдорӣмонда низҳамагӣ аз якчанд даҳ гектар иборат буду бас.

Яке аз қадамҳои муҳими дигарро ба сӯи демократикунонии ҷомеаи Афина ва мустаҳкамкунии ягонагии дохилии он дар охири асри VIКлисфен (соли таваллуд – 570 то милод) гузошта, дар байни солҳои 509 – 507 то милод ислощот гузаронид. Агар ислоҳоти Солон иқтидори иқтисодии ашрофонро шикаста бошад, пас ислоҳоти Клисфен (гарчанде, киаз авлоди ашроф буд), дар ҷодаи пешрафти сиёсию иҷтимою қадами боз ҳам муҳитарро ба пеш гузошт.

Чун дар давлатҳои дигари юнонӣ такягоҳи асосии режими аристократӣ дар Афина иттиҳодияҳои авлодӣ буданд, ки “фили” ва “фратрия” номида шудаанд. Аз замонҳои қадим боз ҳамаи демоси Афина ба чор фил тақсим шуда, ҳар кадоми онҳо се фратрияро дар бар гирифта буд. Роҳбарии ҳар фратрияро авлоди номвар ба зима дошт. ки ӯ корҳои эътиқодҳои диниро пеш мебурд. Аъзои қатории фратрияҳо вазифадор буданд, ки ба одамони шуҳратманди динию сиёси (“пешвоён”)-и худ итоат карда, онҳоро дар ҳамаи чорабиниҳо дастгирӣ намоянд.Мавқеи ҳукмронро дар иттифоқҳои авлодӣ ишғол намуда, ашрофон тамоми оммаи демосро дар зери назорати худ нигоҳ медоштанд.

Клисфен зарбаи асосии худро маҳз ба муқобили ин ташкилоти сиёсӣ равон кард. Ӯ низоми нави хос тақсимоти маъмуриро дар маҳалҳо ҷорӣ карда, ҳамин тариқ, ҳамаи гражданҳоро ба даҳфилва сад воҳиди хурд – демҳотақсим намуд. Филҳое, ки Клисфен таъсис карда буд, ба филҳоикӯҳнаи авлодӣ ягон муносибате надоштанд. Гузашта аз ин, онҳо дар чунин асос тақсим карда шуда буданд: шахсони ба худи як авлод ва фратрия тааллуқдошта бояд дар округҳои гуногуни маъмурӣ зиндагӣ карда, бояд аз назари сиёсӣ аз ҳамдигар ҷудо бошанд.

КлисфенБаромади Клисфен дар маҷлиси халқӣ

Клисфен, мувофиқи гуфтаи Арасту, “тамоми аҳолии Аттикаро, бе дар назардошти робитаҳои анъанавии сиёсӣ ва динӣ бо ҳам омехта карда”, ба ӯ муяссар мешавад, ки дар як вақт се вазифаро иҷро кунад.

Вазифаи 1. Демоси Афина ва, пеш аз ҳама, деҳқонон, ки аксарияти кулл ва қисми муҳофизакори онро ташкил мекарданд, аз зери таъсири анъанаҳои авлодӣ, ки ба таъсири сиёсии ашрофон асос ёфта буд, озод кунад.

Вазифаи 2. Низоъҳои дар байни иттифоқҳои алоҳидаи авлодӣтез–тезбаамалмада, ба ягонагии дохилии давлати Афина халал ворид месохтанд, хотима диҳад.

Вазифаи 3.Филҳо ва фратрийҳое, ки бо ин сабаб аз ҳуқуқҳои гражданӣ бархурдор набуданд, барои иштирок дар ҳаёти сиёсӣҷалб кунонад.

Ислоҳоти Клисфен марҳалаи аввали мубориза барои демократияро дар Афина анҷом дод. Дар ҷараёни ин мубориза демоси Афина ба муваффақиятҳои калон ноил мегардад. Иродаи демос, ки тавассути овоздиҳӣ дар маҷлиси халқӣ (экклесия) таҷассум меёфт, барои ҳамаи қонунҳо қувваи ҳатмӣ пайдо менамояд.Ҳамаи шахсони мансабдор, ҳаттто мансабдори олӣ – бе истиснои архонгтҳо ва стратегҳо, интихоб карда мешуданд ва онҳо дар бораи амалҳои худ дар назди халқҳисобот медоданд. Агар кадоме аз онҳо ягон гуноҳ содир карда бошад, пас ба ҷазои вазнин гирифтор карда мешуд. Шӯрои 500 (булё) ва суди қасамиёни (гелия) Клисфен ташкилкарда ва маҷлиси халқӣ дар алоқамандию ҳамкории байниҳамдигарии зич зич фаъолият мекарданд.

Шӯрои 500 дар назди Маҷлиси халқӣ як навъ вазифаи раёсатро иҷро карда, ба муҳокимаи пешакии масъалаҳо ва коркарди кулли таклифоту пешниҳодот, лоиҳаҳои қонунҳои ирсолгардида ва баъд тасдиқи ниҳоии онҳо аз тарафи экклесия машғул буд. Интихоби Шӯрои 500 тарзе ташкил карда мешуд, ки ба он дар баробари ашрофон гражданҳои оддии Афина низ дохил шуда тавонанд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *