Фанни Таърихи Чахон(Умум)

Болоравии Македония ва барпошавии хукмронии Юнон

ҚАБИЛАҲОИ ФРАКӢ ДАР АСРҲОИ V — IVТО МИЛОД

Дар сарнавишти сиёсии Юнони Балкан дар асрҳои V – IV то милодду вилояти калони нимҷазираи Балкан – Фракия ва Македония, ки аҳолии онҳо мувофиқан фракиҳо ва македонҳо ном доранд, нақши арзанда бозидаанд.

Қабилаҳои сершумори фракӣ (одрисҳо, медҳо, базалтҳосапеҳо, астҳо, прибаллҳо ва ғайра) дар қаламрави паҳновар — аз дарёи Дунай ҷанубтар ва то соҳилҳои баҳри Эгей сукунат доштанд. Макони сукунати онҳо дар Ғарб дарёи Стримон буда ва дар Шарқ — соҳилҳои баҳри Сиёҳ. Аз рӯи шароити табиӣ Фракия ба ду қисм тақсим мешавад: вилоятҳои кӯҳсори шимолӣ ва қисмати ҷанубӣ, ки ба соҳили баҳри Эгей рафта расида, ҳамвории теппадор дошта, хокаш ҳосилхез буда, ҷангали дарахтони сохтумонбоб ва аз маъдан бой (ноҳияи Пангея) буд.

Харитаи Фракия Нимҷазираи Халкидика

Фракияи Ҷанубӣ бо олами полисҳои юнонӣ алоқаи зич дошт. Аллакай дар асри VIII то милод юнониҳо ба шароити мусоиди он баҳои ҳаққонӣ дода, ба ҳамин ҷо (дар нимҷазираи Халкидика, Абдера, Маронея) маскан гирифта, ба коркарди маъдани конҳои машҳури Пантей оғоз карда, бо қабилаҳои фракӣ дар иртиботи зич қарор мегиранд. Робитаҳои гуногуни устувор бо полисҳои баланд рушдёфтаи юнонӣ ба рушди сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоии қабилаҳои фракӣ, вайроншавии муносибатҳои авлодӣ, ташаккули ҷомеаи барвақтаи табақавӣ ва давлатдории фракиягиҳо мусоидат намуданд.

Дар асрҳои VII — V то милод дар байни қабилаҳои фракӣ табақаи ашрофон пайдо мешаванд, ки қитъаҳои калони замин, гурӯҳи ғуломон ва подаҳои чорво дошта, дар заминҳои онҳо қавмҳои ба онҳо тобеъ ҳам кор мекарданд. Дар асри V то милод дар байни қабилаҳои фракӣқабилаи одрисҳо пешрафта буда, дар қисмати ҷанубу шарқии Фракия сукунат дошт. Асосгузори давлати одрисҳо пешвои онҳо Терес (солҳои 70-ум – 60-уми асри Vто милод) буд. Ба ӯ муяссар мешавад, ки як қатор қабилаҳои ҷануби Фракия ва баъзе шаҳрҳои юнониро ба зери таъсири худ дароварда,о маҷбур созад, ки ба ӯ андоз пардозанд. Писар ва меросхури Терес — Ситалк (солҳои 431 – 424 то милод) ҳудудҳои шоҳигарии Фракияро дар самтҳои шимол ва ғарб васеъ карда, бар зидди шоҳи Македония мубориза бурда, бо ҳамин ба сиёсати умумиюнонӣҳамроҳ гардида, аз тарафи Афина ба ҷанги Пелопоннес медарояд.

Ниқоби Терес Бошишгоҳи қабилаи фракӣ

Дар байни ҳукумати Афина ва Ситалк муносибатҳои қавии иқтисодию сиёсӣ ба миён меоянд. Писарони шоҳ аз тарафи афинагиҳо ба тӯҳфаи ноёб сарфароз гардонида шуданд – ба онҳо ҳуқуқҳои граждании Афинаро ҳпдя мекунанд. Вазъи шоҳигарии Одрис дар аҳди шоҳҳо Севте (солҳои 424 – 410 то милод), Медоки I (солҳои 405 – 391 то милод ва Котис (солҳои 383 – 359 то милод) мустаҳкамуустувортар шудан мегирад.

Фракиягиҳо Ҷанговарони фракӣ

Шоҳҳои Одрис тангаои худро сикка мезаданд, инчунин ба хазинаи онҳо маблағҳое ирсол мегардиданд, ки аз шаҳрҳои юнонии воқеъ дар соҳилҳои баҳр ҷамъоварӣ мешуданд. Ин ҳама натанҳо гувоҳи пурзӯрии ҳоким, балки натиҷаи сатҳи баланди тиҷорати Фракия буда, дар маҷмӯъ, нишонаҳои асосии таҳким ёфтани иқтисодиёти давлат буд. Яке шарикони асосии шоҳҳои Одрис мисли пештара Афина буд, ки мунтазам ба корҳои дохилии онҳо дахолат мекард. Кушиши Афина баҳри дар шимоли Эгеида (баҳри Эгей) аз нав барқарор кардани таъсири сиёсии худ дар солҳои 70-ум – оғози солҳои 60-уми асри IV то милод дар робита ба таъсиси Иттиҳоди Дуюми баҳрии Афина ба тезутундшавии муносибат бо шоҳҳои Одрис оварда расонид. Яке аз натиҷаҳои Ҷангҳои Афинаю Фракияи солҳои 360 – 357 то милод таназзул ва ҷудошавии шоҳигарии Одрисро дар зери роҳбарии се писари шоҳ Котиси I ба се қисм буд, Вале дере нагузашта дар байни Одрис ва Афина муносибатҳои дӯстонаи анъанавӣ барқарор карда шуданд, дар ҳолате, ки ҳарду ба рақиби нави пурзӯр – Македония рӯбарӯ шуда, ҳам ба ин ва ҳам ба он таҳдид мекард.

МАКЕДОНИЯ ДАР АСРИ V — НИМАИ АВВАЛИ АСРИ IV ТО МИЛОД

Македония дар қисмати шимолу ғарбии ҳавзаи баҳри Эгей, шимолтар аз Фессалия ва ҷанубу ғарбтар аз Фракия воқеъ гардида буд. Аз рӯи сатҳи (релефи) замин ва шароити табиӣМакедония ба вилояти кӯҳсори дохилӣ ва ҳамвории ҷанубии наздибаҳрӣ тақсим мешавад. Навоҳии кӯҳии Македония барои шуғл варзидан ба чорвопарварӣқуллай буданд, дар ҳоле ки вилоятҳои ҳамвори наздибаҳрӣ барои кишоварзӣбештар мусоид буданд. Мавқеи ҷуғрофии хуби Македония дар чорраҳае, ки аз шимоли Юнон ба Фракия ва аз Иллария ба гулугоҳҳо мебаранд, омили муҳими ҳаёти хоҷагии мамлакат буд. Дар кӯҳҳои Македония ҷангалзори дарахтони барои сохтани киштиҳои флот хеле муҳим мавҷуд буд, ки он ба полисҳои зиёди ҳавзаи баҳри Эгей, аз он ҷумла ба Афина содир карда мешуд.

Харитаи Македония Шоҳи Македония АлександриI

Дар оғози асри V то милод рушди давлат ва ҷомеаи Македония дар ҳамоҳангии зич бо полисҳои юнонӣ сурат гирифтааст. Бояд таъкид кард, ки таърихи Македония қисми таркибии таърихи Юнони Балкан мебошад. Ин вақт дар Македония муносибатҳои табақавии барвақта ва давлатдории нахустин ташаккул меёфтанд. Ашрофони обрӯманд ва бойи Македония дар шаҳрчаҳои авлодӣ сукунат доштанд, заминҳо паҳноварро соҳибӣ мекарданд ва ба захираҳои моддии зиёд ихтиёрдорӣ менамуданд. Атрофиёни наздики шоҳ, маслиҳатчиёни ӯ буданд ва “гетайрҳо” (“рафиқон”)-и шоҳ ном бурда шуда, ин мақом ҳолати баланди иҷтимоии онҳоро нишон медод. Гетайрҳо шоҳро аз байни аъзои ягон авлоди ашроф интихоб менамуданд. Аз асри VI то милод сар карда шоҳҳоро аз авлоди Аргелдҳо интихоб мекардагӣ мешаванд. Дар вилоятҳои худ ба сифати шоҳчаҳои (князчаҳои) соҳибихтиёр ҳукмронӣ кардани ашрофон ҳокимияти шоҳи Македонияро маҳдуд мекард, ки дар оғози асри V то милод ин кор бештар моҳияти нисбӣ пайдо карда буд.

Дар асри V то милод барои рушди давлат ва ҷомеаи Македония полисҳои юнонии дар ҷӯши воқеаҳои ҷангӣқароргирифта ба аҳамияти калон молик буданд. Дар мавриди ба Юнон зада даромадани Мардонӣ ва Ардашер шоҳи Македония Александри I (солҳои 498- 454 то милод), дар ҳолате, ки қувваи зарурӣ барои муқобил гузоштан ба иқтидори Форс надошт, маҷбур шуд ҳокимияти шоҳи Ҳахоманишиёнро эътироф карда, ба ӯаскар ва озуқа диҳад. Баъд аз ҷанги Юнону Форсҳо Александр сиёсати наздикшавӣ бо шаҳрҳои юнониро пеш мегирад ва ба паҳншавии маданияти Юнон дар Македония мусоидат менамояд, ки аз рӯи ин кораш тахаллуси “Фидэллин”-ро мегирад. Муқаррар намудани робитаҳои зич бо олами юнонӣ яке аз қисматҳои сиёсати боз ҳам васеътари Александрро оид ба рушди иқтисодии мамлакат, марказонидани он ва таҳким бахшидани обрую эътибори шоҳро ташкил мекард. Ӯ ба муқобили шоҳчаҳои мустақили Македонияи кӯҳистон лашкар кашида, кушиш ба хароҷ медод, ки онҳоро ба худ тобеъ гардонад. Муҳим будани савдои баҳриро барои ҳаёти хоҷагии Македония хуб дарк карда, Александри I мубориза ба муқобили мустамликаҳои Юнонро дар нимҷазираи Халкида оғоз намуд, чунки онҳо воқеан пеши роҳи баромади Македонияро ба баҳр мебастанд.

ШоҳАрхелай Фукидид Ҷанговарони гетайрҳо

Дар мубориза бар зидди шаҳрҳои Халкида Александр ба манфиатҳои Афина бархурд, ки ин ба болоравии шиддат дар байни онҳо оварда расонид. Сиёсати дурандешона оид ба таҳкими иқтисодӣ ва марказонидани давлатро ҷойгирони Александри I пешниҳод намуданд. Қатъияти махсус ва қавииродагиро дар ин роҳ шоҳи нави Македония Архелай(солҳои 419 – 399 то милод) нишон дод. Тавре, ки Фукидид қайд мекунад, “Архелай, ба тахти шоҳӣ нишаста, дар Македония истеҳкомҳои навтарин бунёд кард, роҳҳои рост сохт, ҳама корҳоро ба тартиб даровард, махсусан кори ҳарбиро, ҷузъу томҳои артиши савора ва васоити дигари ҳарбиро такмил дода, ба талаботи ҷанг мувофиқ кунонид. Ӯбарои рушди иқтидори иқтисодию ҳарбии Македония нисбат ба ҳамаи шоҳҳои қаблӣ саҳми бештар гузоштааст”.

Архелай пойтахти нави мамлакат – шаҳри Пелларо, ки дар наздикии баҳр дар мавзеи ҳамвори вилоятҳои пурқуввати кишвар воқеъ гардида буд, бунёд мекунад. Шоҳи Македония дар марҳалаи охирини Ҷанги Пелопоннес аз вазъи вазнини Афинаистифода бурда, бо он иттифоқ баст ва аз Афина эътироф кардани баъзе забткориҳои худро дар Халкидика ва Фессалияи Шимолӣ муваффақ мешавад. Баъд аз кушта шудани Архелай сиёсати ӯро шоҳҳои дигари Македония идома доданд. Дар пуриқтидор шудани Македония махсусан шоҳ, сиёсатмадори номӣ, дипломат ва лашкаркаш Филиппи II саҳми беҳамто гузоштааст.

РУШДИ МАКЕДОНИЯ ДАР АҲДИ ФИЛИППИ II (359-336 ТО МИЛОД)

Филиппи II сиёсати гузаштагони худро оид ба мустаҳкам кардани Македония ва марказонидани идораи давлатиро ба анҷом расонид. Маҳз барои ҳамин ба Филиппи II анъаноту ривоятҳои антиқӣ ба амал баровардани як силсила ислоҳотҳоро нисбат медиҳанд, ки баъди онҳо Македония ба яке аз мамлакатҳои натанҳо олами юнонӣ, балки ба рақиби Шоҳаншоҳии ҷаҳонӣ Ҳахоманишиён мубаддал мегардад. Филиппи II, пеш аз ҳама, ба рушди иқтисодии Македония мусоидат намуд. Ӯ ба аҳамияти иқтисодии шаҳрҳои марказӣ баҳо дода, дар қаламрави Македония шаҳрҳои навро бунёд карда, ба онҳо аҳолии деҳотии шаҳрчаҳоиқабилаҳоро сокин мекунонад. Ин шаҳрҳои нав (масалан, шаҳри Филипп) дар ҷойҳои аз назари дурнамо (стратегӣ) сохта шуда, натанҳо марказҳои иқтисодӣ, балки марказҳои ҳарбию стратегӣ низ мегарданд.

Филиппи II ба коркарди маъдани конҳои нав, истеҳсоли маъдани оҳан барои таъмини қӯшун аз аслиҳа диққати ниҳоят ҷиддӣ дод. Конҳои бойи Пирейро ишғол намуда, Филиппи II истеҳсоли маъданро дар он ҷойҳо суръат афзоёнида, соле то 1 ҳазор таланти тиллоӣ даромад мегирифт. Ин кор ба ӯ имконият фароҳам овард, ки ба сикказании тангаҳои тиллоию нуқрагӣ дар сатҳи хеле васеъ оғоз намояд. Шоҳи Македония дар ихтиёри худ захираи бузурги тиллою нуқра дошта, метавонист ба амалиётҳои савдоӣ чӣ дар олами Эгейю баҳри Сиёҳ ва чӣ дар тамоми Шарқи баҳри Миёназамин ба таври фаъолона иштирок кунад. Дар робита ба зарурати сохтмони флоти калон Македония истеҳсоли чӯби коромад ба киштисозӣвамасолеҳидигарзиёд карда шуд ва киштисозӣ ба истеҳсолоти рушдёбанда табдил меёбад.

Дигаргунсозиҳои Филиппи II дар кори ҳарбии Македония махсусан хеле бузург буданд. Филиппи II чандин дар Юнон ва Фива зиндагонӣ карда, ҳам ҷиҳатҳои мусбат ва ҳам манфии ташкили соҳаи ҳарбии онҳоро хеле хуб медонист. Ислоҳоти ҳарбии Филиппи II бояд ҷиҳатҳои мусбату нерӯманди ташкилоти ҳарбии Юнон ва худи Македонияро муттаҳид мекард. Ба ҷойи ғайрисафӣ ва ихтиёриёни гоплитии суст таълимгирифта, ки асосан танҳо дар сурати зарурии ҳарбӣ ё ки зархаридони эрка сафарбар карда мешуданд, Филиппи II артиши худро аз ҳисоби кишоварзони озоди Македония таҳия мекард, ки мувофиқи ҳавзаҳои минтақавӣ ба мӯҳлати якчанд сол пур мекард. Ин ба хизмати ҳарбӣ сафарбаршудагон аз курси махсуси таълимӣ мегузаштанд.

Филиппи II Артиши Филиппи II

Ба сафкашии намуди асосии қӯшуни пиёданизом — вазниняроқ низ тағйироти зарурӣ ворид карда шуданд. Лашкаркашони юнонӣсарбозони худро дар шакли фалангаи ягона саф мекашонида бошанд, ки он баъзан то 1000 аскар ба бар ва дар 12 қатор ба дарозӣ саф кашонида мекашида бошанд, пас Филиппи II сафкашидагони ягонаро ба якчанд фалангаи бо ҳамдигар наздик, лекин бо ҳамдигар дар як саф ҳамроҳношуда тақсим кард, ки ин имконияти ҳаракати ҳарсамтаи онҳоро осон гардонида, азнавсафкаширо дар рафти ҷанг беҳтар кард. Ҷанговароне, ки дар фалангаҳо меистоданд, нисбат ба гоплитҳои юнонӣ бо аслиҳаи дарозтар – бо найзаҳо мусаллаҳ буданд ва ин тадбир нерӯи зарбазанандаи аскарони пиёданизомро афзун гардонид. Сафи асосии фаланга аз ҷузъу томҳои махсуси сипардорҳо (гипаспистҳо), пелтастҳо, ҳаводиҳандагони найза ва камонварон ташкил ёфта, вазифаи асосии онҳо аз зарбаи сахт задан ба душмани наздикшудаистода, бо мақсади озодкунии ҷой барои ҳамлаи ҳалкунанда ба ҷониби фаланга ақибнишиникарда ва дар айни замон ҳимояи фалангаҳои онро таъмин намудан иборат буд.

Дар қӯшуни Македония қаблан ҷанговарони савораи вазниняроқ дар муҳорибаҳо яке аз вазифаҳои асосиро иҷро карда, дар он ашрофони македонӣ – гетайрҳо хизмат мекарданд. Филипп натанҳо ин қӯшунро нигоҳ дошт, балки аз ҳисоби аскарони савора онро нерӯмандтар гардонид. Дастаҳои ёрирасон дар ҷузъу томҳои артиш юнонӣ ба намуди махсуси қӯшун табдил дода шуда, онҳо натанҳо бо фаланга дар иртибот амал мекарданд, балки вазифаҳои мустақилро низ иҷро карда метавонистанд.Қӯшунҳои Македония бо яроқҳои ҳаводиҳи (манҷаниқ, вазнпартоӣ ва ғайра)-и зарбазанӣ ва мошинҳои дастии муҳосира мусаллаҳ буда, ба воситаи онҳо мумкин буд шаҳрҳои бо истеҳкомҳои азим бунёдкарда фатҳ карда ҳам шаванд.

Филиппи II ба сохтмони флоти худ низ шурӯъ кард, лекин флоти Македония, ки анъанаҳои бойи дар баҳр ҷангкуниро надошт, аз дидгоҳи сифату қобилияти ҷангӣ аз флоти юнониҳо ақибмондатар буда, дар замони ҷанг танҳо вазифаҳои ёрирасонро иҷро мекард.

Ҳамин тариқ, сохтори қӯшуни Македония намудҳои махсуси лашкар, ҳамоҳангии зичи байниҳамдигарӣ ва ҷойиҷвазкунии фаврии онҳо дар рафти ҷангро дар назар дошт. Ин низоми ҳарбӣаз ҳайати фармондуҳии қӯшун талаботи бештар ва аз аскарҳои қаторӣ таҷрибаю малакаи баландтари ҷангиро талаб мекард. Бо ҳамин мақсад Филипп II ба қӯшунҳои худ низоми доимии дар вақти тобистон ва зимистон машқу тамринро дохил намуд. Қӯшуни Македония баъди ислоҳоти Филиппи II ба яке аз қӯшунҳои беҳтарини он замон мубаддал гардид.

Филиппи II сохтор ва тарзи идораи давлатро низ тағйир дод. Пеш аз ҳама низоми ниммусттақили давлатчаҳои шоҳиро барҳам зад. Қисми зиёди ашрофони македонӣ ба дарбор даъват карда шуда, онҳо штати мансабҳои дарбории шоҳро ташкил намуданд, ба иродаи ӯ итоат мекарданд. Ба ашрофон мансабҳои давлатӣ ва ҳарбиро тақсим карда, Филиппи II бо ҳамин онҳоро бо ҳокимияти марказии давлат тобеъ кунонид. Ҳайати ашрофони Македония аз ҳисоби одамони нави қобилияташон баланд васеъ карда мешуд, ки онҳоро шоҳ пешбарӣ карда, дар назди ӯ масъул буданд. Аз ҷавонони ашроф Филипп корпуси махсуси пажей – ҷондорҳои 2(муҳофизони) шоҳро ташкил намуда, дар асоси ғояи садоқати шахсӣ ба шоҳ тарбия карда мешуданд; дар баробари ин, шоҳ онҳоро дар мақоми гаравгон медонист. Ҳамаи ин тадбирҳо ба марказонидани идораи давлатӣва пурзуршавии ҳокимияти шоҳ мусоидат мекарданд.

Дар натиҷаи ислоҳоти амалигардидаи Филиппи II дар миёнаҳои асри IVто милод Македония ба давлати пурзӯртарини нимҷазираи Балкан мубаддал гардида ва ба ба муносибатҳои байниҳамдигарии полисҳои Юнон дахолати фаъолона оғоз карда, ба ин васила ӯ асосан мақсадҳои истилогаронаи худро пиёда менамуд.

МУБОРИЗАИ ФИЛИППИ II БАРОИ МУҚАРРАР НАМУДАНИ САЛТАНАТИ МАКЕДОНИЯ ДАР ЮНОН

Филиппи II сиёсатмадори эҳтиёткор буда, дар назди худ вазифаҳои воқеиию иҷрошавандаи хориҷӣвамушаххаси Македонияро дар олами ноороми Юнон ба миён мегузошт. Дар панҷсолаи аввали идораи давлат Филиппи II, ки ба пиёда намудани ислоҳоти асосии давлатӣ машғул буд, дар назди худ вазифа гузошт, ки сарҳадҳои шимолии Македонияро аз зада даромаданиқабилаҳои иллирӣ ва фракиҳо муҳофизат карда, аз як тараф, ва ба паҳн кардани таъсири давлати худ дар байни шаҳрҳои нимҷазираи Халкида, аз тарафи дигар, муваффақ шавад. Ддар оғози ҳамин давраи ҳукмрониаш Филиппи II аллакай истеъдоди фавқулодда нишон дода, роҳу воситаҳои гуногунро истифода бурда, ба мақсадҳои худ ноил мешавад. Масалан, бо фракиҳо бо роҳи ришвадиҳӣ оштӣ кард.Барои мубориза бар зидди иллариҳои ҷангҷӯй, ки заминҳои шимолу шарқии мамлакатро пайваста талаю тороҷ мекарданд, бо шоҳи қаламрави давлаташ на онқадар калони қабилаи молосҳо иттифоқ баста, ба духтари ӯ – Олимпиада хонадор мешавад. Ҳамин тариқ илларийҳо торумор карда шуданд ва онҳо сулҳ талабиданд.

Дар мубориза бар зидди иттиҳоди пурзӯри шаҳрҳои Халкида зери роҳбарии Олинф Филипп дар натиҷаи беъзе гузаштҳо ба дастгирии Афина муваффақ шуд Бо мақсадҳои худ ноил шуда, Филиппи II дере нагузашта сиёсати худро тағйир дод ва шаҳри аз назари стратежӣ муҳим – Амфиполро муҳосира кард, ки ба он Афина талабгор буд. Дере нагузашта ФилиппII, ин дафъа ба иттифоқ бо Олинф, ин шаҳрро ишғол мекунад. Дар миёнаҳои солҳои 50-уми асри Ivто милод Филипп II аз тариқи соҳилҳои фракиягии баҳри Эгей ба самти Шарқҳаракат мекунад. Дар ин роҳӯминтақаи конҳои машҳури Пантейро ишғол карда, дар он ҷо шаҳри Филиппро бунёдкарда, дар ин минтақаи дорои мавқеи ҳукмрондошта табдил меёбад. Воридшавии фаъолонаи Македония ба Халкидика ва вилоятҳои наздибаҳрии Фракия ҳокимони онҳоро маҷбур сохт, ки муттаҳид шаванд. Иттиҳоди Халкидика дар зери роҳбарии Олинф ва Афина ташкил меёбад. Афина, ки бо ҳамроҳии иттифоқчиёни худ дар ҷанг андармон буд, ба Фракия кӯмаки бояду шояд расонида натавонист ва қӯшуни он аз тарафи қӯшуни Македония пурра торумор карда шуд. То охирҳои солҳои 50-уми асри IVто милод Иттиҳоди Халкидикадар ҳолати танҳо гузошта шуд ва он дигар барои Македония хатарнок набуд ва ФилиппII як қисми заминҳои онро ишғол кард.

Сарҳадҳои шимолӣ ва мавқеи худро дар Халкидика мустаҳкам карда, Филипп II дар сиёсати ишғолгароёнаи худ ба марҳалаи нав — дахолат ба корҳои давлатҳои ҳамсояи юнонӣ ворид мегардад. Аз вазъи сарпечдаи сиёсие, ки дар миёнаҳои асри IV то милод дар олами юнонӣба миён омада буд, хеле айёрона истифода бурд: он ба бӯҳрони низоми муносибатҳои полисӣ алоқаманд буд. Ин вақт иттиҳодҳои шаҳрҳои юнонӣ пароканда мешаванд, шаҳрҳо бошанд дар байни худ қариб бе танаффус ҷанг карда, заиф мешуданд. Яке аз инҷангҳо, ки “Ҷанги Муқаддас” (солҳои 355-346 то милод) ном гирифтааст, бо сабаби ночиз оғоз ёфта, баъди чанде шаҳрҳои зиёди юнониро фаро гирифт. Баҳонаи саркунии амалиётҳои ҷангӣ аз тарафи фокидиҳо забт карда шудани қитъаи начандон калони сарҳадие буд, ки ба ибодатгоҳи Аполлони дар Делфия тааллуқ дошт.

Артиши Филиппи IIдар роҳи муттаҳидкунии Юнону Макдун

Фокидиҳо ба он муттаҳам карда мешуданд, ки муқаддасотро таҳқир кардаанд. Бинобар ин, ба ҳифозати муқаддасоти умумиюнонии Фива бархостаанд. Фокидиҳо, дар навбати худ, даъво карданд, ки ҳуқуқ доранд ба муқаддасгоҳи Аполон роҳбар бошанд ва ногаҳон ба Делфа ҳуҷум карда, хазинаи бузурги дар тӯли якчанд аср дар ибодатгоҳғуншударо, ки маблағи бузург – 10 ҳазор талант тилло ва нуқра арзиш дошт, ба даст дароранд. Ба ин маблағ стратеги Фокид — Филомелқӯшунеро бо теъдоди 20 ҳазор гоплит ташкил намуд, то ки ҳуқуқи худро ба Делфа ҳимоя кунад. Дар шароити асабонии миёнаҳои асри IV то милод низоъи маҳаллӣдере нагузашта ба ҷанги умумиюнонӣ табдил ёфт. Дар ҷанг баъзе шаҳрҳои Фессалия Фиваро дастгирӣ кардавндл, Локрид ва Фокид бошанд, Спарта ва Афинаро.

Амалиётҳои ҷангӣ аслан ба воситаи аскарони кироядар маҳалҳои гуногуни Юнони Миёна сурат гирифтанд. Тарафҳои ҷангкунанда барои худ иттифоқӣҷустуҷу мекарданд, ки ин ба Филиппи II барои дахолат ба корҳои дохилии шаҳру давлат ва полисҳои юнонӣ имкониятҳои мусоид фароҳам меовард. Филипп IIтасмим гирифт, ки ҷонибдорони муҳофизони Аполон – ибодатгоҳимуқаддаси умумиюнониро дастгирӣ намояд. Шоҳи Македония қӯшуни худроба Фессалия дароварда, ба ишғоли шаҳрҳои он, ки Фокидро дастгирӣ мекарданд, оғоз мекунад. Соли 352 то милод Филиппи II артиши Фокидро, ки дар Фессалия амал мекард, пурра торумор мекунад. Филиппи IIэҳтиром ва муҳаббати бепоёни худро нисбат ба худо Аполлон ифода намуда, фармон дод, ки 3 ҳазор фокидиҳои асир дар баҳр ғарқ карда ва ҷасади сарфармондеҳи онҳоро дар чаҳорчӯба мехкӯб кунанд.

Ин ғалаба обурӯю эътибори шоҳи Македонияро ҳамчун ҳимоятгари Аполлон таҳким бахшид ва дахолати ӯро ба корҳои дохилии умумиюнонӣҳақ баровард. Барои ҳамин ҳам, ӯ пешвои ихтиёриёни умумифессалӣ эълон карда шуда, дар баробари ин ҳуқуқ пайдо намуд, ки гарнизонҳои македониро дар шаҳрҳои аз ҷиҳати дурнамо (стратежӣ) муҳим мустақар гардонад. Болоравии барқосои обурӯ ва эътибори Филипп IIдар Юнон ва дахолати фаъолонаи ӯ ба корҳои он ташвиши ҳаққонии Афинаро ба миён овард. Ҷидду ҷаҳд баҳри гирифтани пеши роҳи қӯшуни Македонияро дар Юнони Миёна гирифта, афинагиҳо гузаргоҳи Фермопилро ишғол намуда ва Филиппро дар Фессалия иҳота намуданд. Дар кушиши воридшавӣ ба Юнони Миёна ба шикаст дучор шуда, Филипп IIаз нав ба забткориҳо дар Халкидика ва Фракияи Ҷанубӣ даст мезанад. Баъди тайёрии хеле ҷиддӣӯғайричашмдошт ба маркази Халкида – шаҳри Олинф ҳамла кард. Афинагиҳо таваккал карданд, ки ба Олинф кӯмак расонанд ва ба шаҳри ба муҳосираафтода 17 триер ва 4 ҳазор гоплит фиристоданд. Вале ба Филипп IIмуяссар шуд, ки шаҳрро то расида омадани кӯмак звабт кунад. Яке аз шаҳрҳои калонтарини юнониҳо – Олинф соли 348 то милод валангор намуданд ва сокинони шаҳр рӯ ба фирор меоранд. Лигаи Халкидика пароканда ва худи Халкада ҳокимияти шоҳи Македонияро эътироф менамояд.

Дар соҳилҳои Халкида ва Фракия ба ин муваффақиятҳои муҳим ноил шуда, Филипп IIроҳи худро барои дахолатҳои нав дар воқеаҳои Ҷанги Муқаддас кушод. Афина маҷбур шуд. ки ба аз даст додани таъсир ба Халкидика ва Фракияи Ҷанубӣ тан диҳад ва бо мақсади наҷоти боқимондаҳои таъсири худ дар Пропонтидаҷидду ҷаҳд намояд. Ин буд, ки Херсонеси Фракия, бо Филиппи пуриқтидор соли 346 то милод бо номи “сулҳи Филократ” қарордоди сулҳ ба имзо расонид. Шоҳи Македония аз ҷанг баромадани Афинаро истифода бурда, дахолатро ба корҳои Юнони Миёна давом медиҳад. Аз он ҷумла ӯ таклифи шоҳи Фиваро қабул карда, қӯшуни пурзӯри худро ба қаламрави он ворид намуда ва фокидҳоро маҷбур месозад, ки таслим шаванд. Ҳамаи маҳалҳои истеҳкомдори Фокида, аз он ҷумла назорат аз болои гузаргоҳи аз назари дурнамо (стратежӣ) муҳими Фермопил низ ба Филипп IIсупорида шуданд. Ҷанги Муқаддаси ниҳоят вазнине, ки наздики 10 сол давом ёфт, соли 346 то милод ба охир расид. Натиҷаи он заифшавии минбаъдаи полисҳои Юнон ва пурзӯршавии таъсири шоҳи Македония дар тамоми Юнон буд. Фтлиппи IIнатанҳо дар Халкидика ва Фракияи Ҷанубӣ хӯҷаин буд, балки ҳукмрони Фессалия, узви иттиҳоди полисҳои юнонӣва ҳимоятгари ибодатгоҳи Аполлон дар Делфа шуда, бо ҳамин имконияти ҳуқуқӣ пайдо кард. ки ба корҳои Юнони Ҷанубӣҳам дахолат намояд.

МУҚАРРАР ГАРДИДАНИ САЛТАНАТИ МАКЕДОНИЯ ДАР ЮНОН

Мустаҳкам кардани иқтидори Македония дар охирҳои солҳои 50-умиасриIV то милод дар назди шоҳи Македония вазифаҳои нав гузошт: акнун барои Филиппи II имконият муҳайё гардид, ки салтанати худро дар тамоми Юнон муқаррар карда, ба зери таъсири сиёсии худ ворид созад.

Дар ин шароит дар назди полисҳои юнонӣ ва афкори ҷомеаи юнониҳо бо тамоми фарозиаш нақшаи истилогариҳои Филипп ба миён омада, ба олами шаҳрҳои юнонӣ натиҷаҳоро вазнин ба бор меорад. Зимни ин хулоса савол ба миён меояд, ки бо Филиппи II чӣ бояд кард. Оё зарур аст, ки ба истилогари Македония, чун дар замони лашкаркашии шоҳи Ҳахоманишиён Ардашер муқовимат ташкил карда шавад ва ё Юнон ба аслиҳаи Македония итоат карда, салтанати Филиппи II-ро эътироф намояд?

Ин саволҳо дар олами юнонӣ тухми низоъ кошта, он ҷудоии маҳзро бамиён овард. Баъзе полисҳо, масалан, дар Фессалия, ихтиёран ба Филипп IIтобеъ шуданд, дигарон қатъиян ба муқобили салтанати Македония баромад карданд. Дар дохили полисҳои юнонӣ нисбати Македония ақида ягона вуҷуд надошт. Дар шаҳрҳои сершумори Юнон гурӯҳбандҳои сиёсии ҷонибдорон ва муқобилони Македония ташаккул ёфта, дар байни худ ба муборизаи шадид даст заданд. Шакли нисбатан тезу тунди мубориза бар зиддигурӯҳбандҳои ҷонибдорон ва муқобилони Македония дар Афина, ки он дар Юнони Балкан давлати калонтарин буд, ба амал омад.

Филиппи IIҷонибдорони худро дар ҳамаи шаҳрҳои Юнон дастгирӣкарда, саховатмандӣ зоҳир намуда, онҳоро аз пул таъмин мекард, вале қувваҳои гурӯҳбандҳои рӯй ба ҷониби Македония натанҳо дар кӯмаки бавосита ва бевоситаи Флипп асос ёфта буд. Дар байни ҷонибдорони шоҳи Македония бисёриҳое низ буданд, ки барои худ ҳукмрон гардидани салтанати (гегемонияи) Македонияро фоиданоктар медонистанд. Ифодакунандаи майлу хоҳиши ин гурӯҳи шаҳрвандон дар Юнон ва, пеш аз ҳама, дар Афина нотиқи бонуфузи Афина Исократ буд. Исократ, нишонаю заминаҳои бӯҳрони полисҳои юнонӣ, тезутундшавии муборизаи дохилӣ, бӯҳрони сиёсӣ ва мавҷуд набудани амният дар олами юнониро мушоҳида карда, сидқан чунин мешуморид, ки дар атрофи Македонияи пурзӯр муттаҳидшавии Юнони пароканда, ҷанги якҷояи юунониҳою македониҳо бар зидди давлати Ҳахоманишиён, ҳалли ҳамаи масъалаҳои сарбаста, баҳри бартараф кардани бӯҳрони низоми полисҳо, ки дар миёнаҳои асри IVто милод Юнонро фаро гирифта буд, имкониятҳои мусоид фароҳам меоварад.

Филиппи II дар истифодаи натиҷаҳои ғалабаҳои худ бар рақибон, давлатҳо, ва олисҳо одоби фавқулоддаи дипломатию сиёсиро ба кор мебурд. Ӯ ба зӯроварӣ ва вайронкорӣ даст назада, нисбати шикастхӯрдагон хеле самимона рафтор карда, нишон медод, ки истилогари золиму хунхур набуда, иттифоқчии шаҳрҳои юнонӣ буда, нияти ғасби истилои онҳоро надошта, балки барои муттаҳид кардани тамоми Юнон ҷидду ҷаҳд мекунад.

Соли 337 то милод дар Коринф бо ташаббуси Филипп IIКонгресси умумиюнониро даъват намуд, ки он бояд барпо карда шудани салтанати Македонияро бар Юнон аз лиҳози ҳуқуқӣ таҳким бахшад, бо роҳи зӯрӣ муттаҳид карда шудани Юнонро дар зери роҳбарии Македония тасдиқ намояд. Дар конгресс Иттиҳоди эллинии шаҳрҳои юнониро таъсис намуданд ва Филипп IIҳукмрони он эълон карда шуд. Ҳамчун ҳукмрон Филипп сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳ ва роҳбари сиёсати хориҷии он эълон карда шуд. Ҳамаи ҷангҳои байниҳамдигарии полисҳои юнонӣқатъ гардиданд, дар тамоми Юнон сулҳи умум эълон карда, дахолат ба корҳои дохилии якдигар, тағйирёбии сохти мавҷудаи сиёсӣ манъ, дахлнопазирии моликияти хусусӣ тасдиқ, тақсимкунии замин ва мусодираи амвол манъ карда шуд. Бояд таъкид кард, ки қарорҳои Конгресси Коринф аз бисёр ҷиҳат баҳри бартараф кардани он вазъияти вазнине қабул шуданд, ки дар натиҷаи бӯҳрони полисҳои юнонӣ бамиён омада буданд. Кафили оромию ваҳдати тартиботи нави иҷтимоию сиёсӣ ва амният дар Юнон Македония шуд.

Дар ҷойи полисҳои парокандаю хурди юноние, ки доимо байни дар ихтилофу душманӣ буданд, Юнони бо роҳи зӯрӣдар зери салтанати Македония муттаҳидгашта ба вуҷуд омад. Яке аз қарорҳои муҳими Конгресси Коринф бар зидди давлати Ҳахоманишиён эълон кардани ҷанги муқаддас буд. Барои пешбурди ин ҷанг ба ихтиёри Филипп IIқувваҳои бузури ҳарбӣ ва маблағғи аз ҳад зиёди молиявии ҳамаи шаҳрҳои Юнон ва худи Македония дода шуданд.

Баҳри иҷрои қарорҳои Конгресси Коринф соли 336то милод Филиппи II артиши 10-ҳазорнафараи Юнону Македонияро ба Осиёи Хурд фиристод, вале баъди ин ӯ дар сӯйқасд аз тарафи яке аз дарбориён кушта мешавад. Писар ва меросхӯри Филиппи II — Искандар шоҳи Македония эълон гардида, дар як вақт ҳукмрони Иттиҳоди эллинӣ низ мешавад. Марҳалаи нави таърихи Юнони қадим – марҳалаи эллинистӣ бо ном ва фаъолияти Искандари Макдунӣ оғоз меёбад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *