Фанни Таърихи Чахон(Умум)

ЗАМИНАХОИ БА ВУЧУД ОМАДАНИ ДАВЛАТ ДАР КРИТ

Тамаддуни Крит

ЗАМИНАҲОИ БА ВУҶУД ОМАДАНИ ДАВЛАТ ДАР КРИТ

Сарчашмаи қадимтарини тамаддун дар Аврупо ҷазираи Крит буд. Аз назари мавқеи ҷуғрофии худ ин ҷазира серкӯҳи дарозрӯя ва даромадро ба баҳри Эгей баста ва ба ҷануб дар самти соҳилҳои осиёгӣ ва африқоии баҳри Миёназамин тӯл кашида, истеҳкоми табии ҳимояи қитъаи Аврупо буд. Ҳанӯз дар замонҳои қадимтарин дар ҳамин ҷо роҳҳои баҳрӣҳамдигарро бурида гузашта ва нимҷазираи Балкан ва ҷазираҳои Эгаидаро бо Осиёи Хурд, Сурия ва Африқои Шимолӣ мепайвастанд. Маданияти Крит дар ҷойи сернуфузи баҳри Миёназамин ба вуҷуд омада, ҳам таъсири тамаддунҳои гуногуни дар масофаи ниҳоят дур воқеъбуда, аз қабили тамаддунҳои дарёгии Миср ва Байнаннаҳрайнро, аз як тараф, ва тамаддунзои кишоварзии барвақтаи Анатолия, Пастии назди Дунай ва Балкани Юнонро, аз тарафи дигар, аз сар гузаронидааст. Вале дар ташаккули тамаддуни Крит маданияти галаҷазираҳои Киклади бо Крит ҳамсоя, ки дар баҳри Эгей дар ҳазорсолаи IIIто милод аз ҳама пешқадам буд, нақши муҳим бозӣ кардааст. Барои маданияти Киклад аллакай бошишгоҳҳои калони мустаҳками шакли пеш аз тошаҳрии, масалан, Филакопи воқеъ дар дар ҷазираи Мелос, Халандриани воқеъ дар Сирос ва дигарон, санъати болорафтаи хос буд. Дар бораи онҳо бутҳои машҳури Киклад (ҳайкалчаҳои хеле хуб суфтакардашудаи мармарин) ва зарфҳои нақшу нигордори сангин, кулолӣ ва филизӣшаҳодат медиҳанд. Сокинони ҷазираҳои Киклад баҳрнавардони моҳир буданд. Эҳтиол меравад, ки миёнарасии онҳо барои робита дар байни Крит, Юнони хушкӣ ва соҳилҳои Осиёи Хурд хеле дуру дароз давом кардааст.

Вақти ба вуҷуд омадани тамаддуни Миной ба охирҳои асри ҳазорсолаи III ва оғози ҳазорсолаи II то милод ё охири давраи биринҷии барвақта рост меояд. То ин вақт тамаддуни Крит дар муқобили тамаддунҳои баҳри Эгей маҳз дар сатҳи умумии маданиятҳои қадимтарини олами Эгей наонқадар намоён ба назар мерасид. Давраи нэолит (асри нави санг) ва баъд давраи бириҷии барвақта (ҳазорсолаҳои IV- III то милод), ки асри нави сангро иваз намудааст, барои Крит замоне буд, баҳри ҷаҳиши ҳалкунанда ба зинаи нави тараққиёти ҷамъиятӣ. Ин ҷаҳишро кадом омил омода сохт? Омили аввал ва муҳимтарин рушду такомули нерӯҳои истеҳсолкунандаи ҷомеаи Крит мебошад.Ҳанӯз дар оғози ҳазорсолаи III то милод дар ҷазираи Крит истеҳсоли мис аз худ карда шуд, баъдтар биринҷӣҳам, Олотҳои меҳнати биринҷӣточанде чунин олотҳои сангинро танг карда мабароварданд. Ин вақт дар кишоварзӣ низ тағйиротҳои муҳим ба амал омаданд. Аллакай барои тамоми ҳавзаи баҳри Миёназамин дар соҳаи ғаллакорӣ асосан ҷав ва боғдорӣ, асосан ток ва зайтунхос буданд.

Натиҷаи пешравиҳои иқтисодӣ ба болоравии маҳсулнокии меҳнати кишоварзӣ ва зиёдшавии вазни қиёсии маҳсулоти изофа мусоидат кард. Дар ҳамин асос дар баъзе ҷамоаҳо захираи маҳсулоти эҳтиётӣғун мешавад, ки он натанҳо дар сурати зарурат ба кор мерафт, балки маҳсулоти аз истеъмол изофамондаро ба мардум тақсим мекарданд ва як қисми онро ба онҳое тақсим мекарданд, ки бевосита дар истеҳсолоти кишоварзӣ фаъолият доштанд ва қисми боқимондаро ба фурӯш мебароварданд. Ҳамин тариқ, бори нахуст имкон фароҳам омад, ки кишоварзӣ ва косибӣ аз ҳамдигар ҷудо шаванд. Ин раванд ба ташаккули малакаи касбии косибон мусоидат кард. Бозёфтҳои маснуоти заргарӣ, зарфҳо, мӯҳрҳои аз санг тарошида дар бораи он шаҳодат медиҳанд, ки аллакай дар нимаи дуюми ҳазорсолаи III то милод косибони миной дорои санъати баланди касбӣ будаанд. Дар охирҳои ҳамин давра дар Крит чархи кӯлолгарӣ маълум буд. Он имкон фароҳам овард, ки соҳаи кӯлолгарӣ рӯ ба рушд ниҳад.

Дар баробари ин, мумкин буд қисми муайяни захираи маблағҳои эҳтиётии ҷамоавӣ дар мубодилаи байниҷамовию байниқабилавӣ истифода бурда шаванд. Рушди тиҷорат дар Крит, чун дар тамоми ҳавзаи баҳри Эгей ба рушди баҳрнавардӣ вобаста буд. Беҳуда нест, ки қариб ҳамаи бошишгоҳҳои ба мо маълуми Крит ёдар соҳилҳои баҳр ва ё дар ягон ҷои на онқадар дур аз он воқеъ гардида буданд. Санъати баҳрнавардиро аз худ карда, мардуми Крит аллакай дар ҳазорсолаи III то милод бо аҳолии галаҷазираҳои Киклад робитаи зич барқарор карда, ба навоҳии Юнони хушкӣ ва Осиёи Хурд роҳ кушода, ба Сурия ва Миср рафта мерасанд. Мисли халқҳои дигариқадими баҳрӣ, критиҳо ба савдою моҳигирӣ ва роҳзаиии баҳрӣ (пиратӣ) дар ҳамоҳангии машғул буданд. Вусъатёбии иқтисодии Критро дар ҳазорсолаҳои III — II то милод аз бисёр ҷиҳат ҳамин се сарчашмаи бойшавӣ таъмин мекард.

Пешрафти босуръати иқтисодиёти Крит дар марҳалаи биринҷии барвақта дар навоҳии дорои заминҳон нисбатан ҳосилхез ба болоравии некуаҳволии мардуми онҳо мусоидат кард. Дар ин бора пайдошавии бошишгоҳҳои нави сершумор, махсусан дар охирҳои ҳазорсолаи III – оғози ҳазорсолаи II то милод шаҳодат медиҳад. Аксарияти онҳо дар қисмати шарқии Крит ва дар ҳамвории паҳновари марказӣ (минтақаи Кносса ва Феста) воқеъ гардида буданд. Дар як вақт қисме аз одамон аз иштироки бевосита дар фаъолияти истеҳсолӣ озод шуда, нисбат ба ҷамоачиёни қаторӣ мавқеи имтиёзнок ба даст оварданд. Дар қутби дигари ҳамин низоми иҷтимоӣғуломон пайдо мешаванд, ки шумораи онҳо хеле кам буд. Ин вақт дар Крит шаклҳои нави муносибатҳои сиёсӣҳам ташаккул ёфтан мегиранд. Ҷамоаҳои нисбатан пурзӯру сершумор ҳамсояҳои чун онҳо боқувватро ба худ тобеъ карда, маҷбур месозанд, ки андоз пардозанд ва ӯҳдадориҳои дигарро иҷро намоянд Аллакай дар байни қабилаҳои мавҷуда ва иттифоқи қабилавӣ ваҳдат ташаккул ёфта, он точанде моҳияти ташкилоти амиқи сиёсӣ пайдо менамояд. Ҷамъбасти қонуниятноки ҳамаи ин ҷараёнҳо дар охирҳои ҳазорсолаи III — оғози ҳазорсолаи IIто милод дар қисматҳои гуногуни Крит ба таъсиси давлатҳои аввалини “қасрӣ” оварда мерасонад.

ТАЪСИСИ ДАВЛАТҲОИ АВВАЛИН ДАР КРИТ

Марҳалаи тамаддун бо номи “тамаддуни қасрӣ” дар Крит ҳамагӣқариб 600 солро дар бар гирифта, ба ду давра тақсим мешавад: 1) қасрҳои кӯҳна – солҳои 2000 – 1700 то милод ва 2) қасрҳои нав – солҳои 1700 – 1400 то милод. Аллакай дар ҳазорсолаи II то милод дар ҷазира якчанд давлати мустақил ташкил ёфта, ҳар кадоми онҳо 30 – 40 бошишгоҳи ҷамоагиро дар бар гирифта, дар атрофи чор қасре, ки имрӯз ба бостоншиносон маълуманд, сукунат доштанд. Ба ин ҷумладар қисмати марказии Критқасрҳои Кносса, Феста ва Маллий ва қасри Като Закро (Закрос) дар соҳилҳои шарқии ҷазира воқеъбуда дохиланд. Мутаассифона, аз “қасрҳои кӯҳнаи” дар ин ҷойҳо воқеъбуда танҳо қисми ками онҳо боқӣ мондаанд. Сохтмонҳои хеле дер, ки дар ин ҷойҳо суратгирифта буданд, қасрҳои кӯҳнаро аз байн бурдаанд. Танҳо дар Фестаҷараёни босуръати ҷудошавии иҷтимоии ҷомеаи Крит боқӣ мемонад. Дар дохили баъзе ҷамоаҳо табақаи бонуфузи ашрофон намуда меистод. Ба ҳайати он асосан пешвоёни авлодӣ ва коҳинон дохил буданд.

Қасри Кносса Қасри Маллий

Қасри аввалине, ки бостоншиносон дар Крит ёфтаанд, Кноса буда, дар соҳилҳои шимолии қисмати марказии Крит воқеъ гардида буд. Мувофиқи қиссаҳои асотирӣ он қасри шоҳи афсонавии Минос дар Крит будааст. Ин аст, ки тамаддуни Критро тамаддуни миноӣ ном мебаранд. Ин қаср “Лабиринт” ном доштааст. Дар асотирҳои юнонӣ лабиринт ҳамчун бинои бузурги дорои ҳуҷраю долонҳои сершумор будааст. Одами ба он даромада, аз он бе кӯмаки дигарон баромада натавониста, оқибат ба марг дучор мешудааст.

Тесей ва Минотавр Шохҳои Минотавр дар Кносса

Дар чуқурии қаср Минотаври хунхор — аждаҳори танаш инсон ва сараш сари барзагов зиндагӣ мекардааст. Қабилаю халқҳои ба Минос тобеъ вазифадор буданд, ки ҳар сол барои ин даррандаи бадҳайбат одамонро қурбон карда, онро сер кунанд. Ин кор то замоне давом мекунад, ки ниҳоят Минотавр аз тарафи қаҳрамоне аз Афина, ки Тесей ном дошт, кушта мешавад. Дар натиҷаи ковишҳобостоншиносон дар ҳақиқат маҷмааи бутуни биноҳоерокашф кардаанд, ки масоҳати онҳо 16. 000 метри мураббаъро ташкил карда, наздики 300 биною утоқ ва ҳуҷраҳои таъиноти гуногунро дар бар мегирифтааст. Чунин иншоотҳо дар дигар маҳалҳои Крит низ кашф карда шудаанд. Яъне Кноса дар Крит давлати ягонаи қасрӣ набуда, дар он ҷо чунин “давлатҳо” хеле зиёд будаанд.

Дар натиҷаи ковишҳо дар Кносса бостоншиносон бозёфтҳои сершумору гуногуни санъат ва косибии бадеиро пайдо намудаанд, ки онҳоро устоҳои баландзавқу нозукбин эҷод ва истеҳсол кардаанд. Бисёрии ин ашёҳо дар устохонаҳои махсуси қаср, ки дар онҳо заргарон, кулолгарон, рассомони тасвиргар дар гулдонҳо ва косибони касбу кори дигар фаъолият мекарданд, тайёр карда, ҳамин тариқ, ба шоҳ ва дарбориён хизмат мекарданд.

Рассомони миноӣ санъати баланди инъикос кардани ҳаракати одамон ва ҳайвонотро доштанд. Нақши ҳаккокишудае, ки дар он “бозӣ бо буқаҳо” номгузорӣ шудааст, мисоли равшани ин санъат шуда метавонад. Мо мебинем, ки акробати дар шохҳои буққа нишаста чӣ тавр ҳунарнамоӣ мекунад.

Қасри Феста Қасри Закрос

Барои он, ки худро аз воқеаҳои табиат ҳимоя кунанд, сокинони давлатҳои Крит барои кӯмак ба худоҳои сершумор муроҷиат мекарданд. Симои марказии пантеони (маҷмааи худоҳои) миноӣ олиҳаи кабир ”Шоҳзани бузург” буд. Дар асарҳои санъати Крит, аз он ҷумла , дар ҳайкалчаҳо ва мӯҳрҳо ин олиҳа дар пеши назари мо мо дар чандин табдилёбиҳояшҷилвагар мешавад.

Дар оғози ҳазорсолаи IIто милод дар Крит якчанд давлати мустақил вуҷуд доштааст. Онҳо хурд буда, тавре, ки аллакай гуфта шуд, аз қасрҳои Кносса, Феста, Като, Закра ва деҳаҳои гирду атрофи онҳо иборат буданд. Қасрҳо дар амал пойтахтҳои ин давлатҳоро буданд. Номҳои қасрҳо номҳои давлатҳои аввалини Крит мебошанд.

МУНОСИБАТҲОИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДӢ

Қасрҳои боҳашамати шоҳҳои Крит, боигариҳои бузурге, ки дар таҳхонаю амборҳо маҳфуз буданд ва дар вазъи ҳаловатбахш ва фаровонии том, ки шоҳҳо ва атрофиёни онҳо зиндагӣ мекарданд, ҳамаи инҳо бо меҳнати ҳазорон кишоварзон ва косибону ҳунармандони офарида шуда, дар бораи зиндагии онҳо маълумот ниҳоят кам то ба мо омада расидаанд. Устоҳои дарборӣ асарҳои нодири санъати миноиро меофариданд.Эҳтимол аст, ки ба зиндагии халқ кам таваҷҷӯҳ зоҳир мекарданд. Аз ҳамин сабаб ин устодон дар эҷодиёти худ аҳли запҳматро тасвир накардаанд. Ҳамчун истисно метавон хумеро мисол овард, ки он аз тарафи бостоншиносон аз наздикии Ай Триадеи воқеъ дар наздикии Феста нақши муқарнаси хеле моҳирона сохтаеро пайдо намудаанд, ки дар он ҳаракати деҳотиёне тасвир ёфта, онҳо бо чӯбҳои дарози шохимонанд (ба воситаи чунин олот кишоварзони Крит эҳтимол меваҳоро аз дарахти зайтун меафшониданд) мусаллаҳ буданд, мисол овард. Баъзе иштирокчиён дар ин тасвир гӯё сурудхонон мерафтанд. Роҳравии ин гурӯҳи деҳқононро коҳине, ки дар тан яктаги рах-рах дошт, роҳбарӣ мекард Аз эҳтимол дур нест, ки рассоми ин тасвири хурдакаки олиҷаноби мансуб ба санъати дилрабои Микена.бошад, ки иди ҳосилот ё ягон мурофиаи ба ин монандро тасвир намудааст.


Нишонаҳо аз тамаддуни Микенӣ

Баъзе тасаввуротро дар бораи зиндагии табақаҳои поёнии ҷомеаи Крит маводҳо оид ба бораи дафнкунии оммавӣ ва муқаддасгоҳҳои деҳотӣ медиҳанд. Чунин муқаддасгоҳҳо одатан дар ягон макони кӯҳии камодам, ғорҳо ва дар қуллаҳои кӯҳҳо мавҷуд буданд. Дар натӣиҷаи ковишҳо бостоншиносон аз чунин ҷойҳо ҳайкалчаҳои на он қадар хуб тайёркардаи одамон ва ҳайвонотро ёфтаанд. Ин ашёҳо, чун ашёҳои оддии истифодаи муқаррарӣдар муқоиса ба маданияти баланди қасрҳо дар бораи сатҳи пасти зиндагии деҳоти миноӣ ва дар бораи ақибмондагии маданияти он шаҳодат медиҳанд.

Оммаи асосии мардуми деҳоти Крит дар шаҳрчаю деҳаҳои дорои заминҳои васеъ ва теппаҳои гирду атрофи қасрҳо сукунат доштанд. Ин бошишгоҳҳо бо хонаҳои похсагии фақирона дар ҳолати зичии байниҳамдигарӣ ва кӯчаҳои тангу печ дар печ аз қасрҳои дорои меъмории монументалӣ фарқи куллӣ доштанд. Намунаи ин шакл бошишгоҳи қатории деҳаи Гурин мебошад, ки он дар қисмати шимолу шарқии Крит воқеъ гардидааст. Бошишгоҳҳои қадим дар теппаҳои на онқадар баланди соҳилҳои баҳр ҷойгир буданд Масоҳати он на онқадар калон – ҳамагнӣ аз 1,5 километри мураббаъ иборат буда.

Бино ба савбаби пешрафти тиҷорат, косибӣ, шаҳрсозӣ. Меъмории пешрафта ва аз байн рафтани қасрҳои кӯҳна ва аз нав эҳё кардани онҳо ё сохтани қасрҳои нав ва бо дар назардошти он, ки дар аҳди шоҳ Минос дар Крит давлати марказиятноки ягонаи марказаш шаҳри Кносса ба вуҷуд омада, он гоҳ рӯ ба тараққӣ ниҳода ва гоҳ рӯ ба таназзул мениҳод; инро метавон дар вазъи иҷтимоию иқтисодии тамаддуни миноӣҳам эҳсос намуд ва яксон донист.

ТАШКИЛЁБИИ ДАВЛАТИ МУТТАҲИДАИ МИНОС ДАР КРИТ

Тахминан соли 1700 то милод, аҷаб нест, ки дар натиҷаи заминларза бошад, бори аввал қасрҳои Кносса, Феста, Маллий, Като Закра валангор мешаванд. Ин фалокат то дараҷае тараққиёти Критро боздошт. Вале баъди чанде он аз нав барқарор гардида, рушду нумӯъ кард. Критиҳо дар он ҷо аз қасрҳои қаблӣҳам қасрҳои зеботару дилработар сохтанд. Дар Кносса қасри боҳашамати Минос низ қомат рост кард.

Замони гулгулшукуфии тамаддуни миноӣ ба асрҳои ХVI — ХV пеш аз милод рост меояд. Маҳз дар ҳамин давра бо зебогӣ ва боҳашаматии фавқулодда қасрҳои Крит аз нав сохта мешаванд. Эҳтимол тамоми Крит дар зери ҳокимияти шоҳҳои Кносса муттаҳид карда шуда, он ба давлати ягонаии марказонидашуда табдил меёбад.

Шоҳи Крит Минос бо ашрофон Аз маданияти Минос

ДарҳаминдаврақасрҳоиКрит аз нав сохта мешаванд, аз он ҷумла қасриКносса. Маҳз дар ҳамин давру замон гӯё, ки Минос ном шахси оқил шоҳи Кносса шуда, давлатҳои Критро муттаҳид мекунад. Кносса бошад, пойтахти давлати ӯ мешавад. Минос флоти пурзӯр ташкил намуда, ҳавзаи баҳри Эгейро то соҳилҳои Осиёи Хурд ишғол менамояд. Бозёфтҳои, ки дар натиҷаи ковишҳои бостоншиносон аз шаҳри Кносса ба даст омадаанд, шаҳодати онанд, ки давлати муттаҳидаи умумикритии замони шоҳ Минос давраи нашъунамои худро аз сар гузаронида будааст.

Дар ин бора шабакаи роҳҳои васеъ, ки дар тамоми ҷазира сохта шудааст, пойтахти давлат -қасри Кноссаро бо бо тамоми гӯшаю канорҳои он пайвастабуд. низ шаҳодат медиҳад. Мавҷуд набуданим истеҳкомҳо дар Кносса ва шаҳрҳои дигари Крит низ исботи дигари ин далел аст. Ҳар яки ин қасрҳо пойтахти давлатҳои алоҳида буданд. Аз эҳтимол дур нест, ки меравад, ки хуҷаинҳои қасрҳо дар бораи ҳимояи худ аз душманҳои дар ҳамсоягӣ қарордошта тадбир меандешиданд. Аз тарафи Минос дар атрофи Кносса муттаҳид карда шудани давлатҳои Крит ба ҳақиқат наздик мебошад. Дар ин бора асотирҳои юнонии баъдина низ маълумоти ниҳоят зиёд медиҳанд.

Таърихшиносони Юнон Миносро “теласократ” – шоҳи баҳрҳо ба қалам медиҳанд. Дар бораи ӯ менависанд, ки флоти ҳарбии калон ташкил карда, роҳзании баҳриро барҳам зада, салтанати худро дар тамоми ҳавзаи баҳри Эгей, ҷазираҳо ва соҳилҳои он муқаррар намудааст. Ин гуфтаҳо аз ҳақиқати таърихӣ орӣ нест. Дар воқеъ, тавре тавре ки илми бостоншиносӣ шаҳодат медиҳад.Дар асри ХVIто милод истилогарии васеи баҳрӣ оғоз меёбад. Мустамликаҳои миноӣ ва устохонаҳо дар галаҷазираҳои Киклад, ҷазираҳои Родос ва ҳатто дар соҳилҳои Осиёи Хурд, воқеъ дар наздикии Милет ҳам пайдо мешаванд,

Дар худи ҳамин давра критиҳо бо Миср ва давлатҳои суриягию финникиягӣ муносибатҳои тиҷоратӣ ва дипломатӣ ба роҳ мемонанд. Дар ин бора бозёфтҳои кулолии миноии аз ин минтақа ба даст омада, ки шумораи онҳо точанде зиёд мешавад, дарак медиҳанд. Дар худи Крит бошад, ашёҳои мисрӣ ва суриягӣ ёфт шудаанд. Дар навиштаҷоту тасвироти мисрии нимаи аввали асри ХVто милод, аз он ҷумла суратҳои сафирони мамлакати Кефтиу (мисриён Критро ҳамин тавр меномиданд) ва фаъолияти онҳо инъикос гардида, онҳо дар тан пераҳан, пешдоман ва мӯзаҳои баландсоқ ва тӯҳфаҳои барои фиръавн пешбинишуда доштанд. Бешубҳа, санаи дар тасвир қайдшуда замони давлати баҳрии Крит буда, Миср ба дӯстӣ бо ин давлат эҳтиёҷ доштааст. Вале баъди ин замоне фаро мерасад, ки Кипр ин мавқеи худро аз даст медиҳад.

ФАЛОКАТИ БУЗУРГ ДАР КРИТ

Аз миёнаҳои асри ХV то милод сар карда, вазъи Крит тағйир ёфт. Дар ҷазира фалокатҳои табиӣ паиҳам ба амал меомаданд. Ғайр аз қасри Кносса ҳамаи қасрҳои дигари Крит сӯхтаю валангор шудаанд шуданд. Сокинони зиёди Крит ватанашонро тарк карданд. Аз ҳамин давра сар карда, Крит мавқеи худро пурра аз даст медиҳад. Баъди фалокати бузург ба Крит мардум аз Юнони хушкӣ, яъне аз Юнони Шимолӣ, Миёна ва Ҷанубӣҳамла оварда, онро талаву тороҷ карданд. Акнун дар Крит мардуми бегона сокин шудан мегиранд. Вале онҳо маданияти баланди Критро аз нав эҳё карда натавонистанд.

Аз миёнаҳои асри ХV то милод сар карда рӯ ба таназзул ёфтани Крит сар мешавад. Крит мақоми аввалро ҳамчун маркази маданӣ дар ҳавзаи баҳри Эгей аз даст медиҳад. Бояд зикр кард, ки сабабҳои ҳақиқии фоҷеа то ҳол аниқ иуайян карда нашудааст. Баъзе бостоншиносон, аз он ҷумла бостоншиноси юнонӣ С.Маринатос чунин мешуморад, ки марги қасру манзилҳои истиқоматӣ оташфишонии бузурги вулқон дар ҷазираҳои Фираи (имрӯза Сантория) воқеъ дар қисмати ҷанубии баҳри Эгей мебошад. Олимони дигар бар он ақидаанд, ки гунаҳгорони фоҷеа дар Крит юнониҳои ахейӣмебошанд, ки ба Крит аз Юнони хушкӣҳамла карда, ҷазираро аввал ғорат кардаанд. Вақте ки боигарии Крит хориҷиёнро ба худ ҷалб мекард, кайҳо боз сипарӣ шуда буд. Бинобар ин, аҳолии ҷазираро ба худ тобеъ менамоянд.

Харобаҳои Крит баъди фалокати бузург

Мумкин аст ин ду нуқтаи назарро нисбат ба масъалаи таназзули тамаддуни миноиро бо ҳам алоқаманд кардан имконпазир бошад, ба шарте, ки чунин эҳтимолро ба назар гирем: ахейҳо ба Крит баъди дар он ҷо ба амал омадани фоҷеаи оташфишонии вулқон ва дар натиҷаи он ҳама чиз несту нобуд шудан ҳамла карда, аз тарафи аҳолии ноумеди ниҳоят каммонда муқобилиятеро во нахурда, марказҳои ҳаётан муҳими онро ишғол менамоянд. Дар воқеъ, дар маданияти Кносса – қасри ягонаи боқимондаи Крити фоҷеаро аз сар гузаронидаи миёнаҳои асри ХV то милод, баъди он тағйиротҳои муҳиме ба амал омадаанд, ки дар бораи дар ин ҷойҳо пайдо шудани халқи нав шаҳодат медиҳад.

Аз он замон сар карда,ҷараёни барҳамхурии тамаддуни миноӣ бебозгашт буд. Бо ҳамин Крит вижагии такрорнашавандаи худро аз даст медиҳад ва ба қаламрави аҳолиаш камшумору ақибмонда мубаддал мегардад. Маркази асосии пешрафти мадании Юнони замони ахейи аз ҷазираи Крит ба тарафи шимол – ба Юнони хушкӣ (континенталӣ) мекӯчад ва дар ин ҷо бо суръати том ривоҷу равнвқ меёбад, ки он бо номи тамаддуни Микена машҳур мебошад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *