Фанни Таърихи Чахон(Умум)

Сохтори идораи давлати дар Спарта

ХУСУСИЯТҲОИ УМУМӢ

Чун дар Афина дар Спарта низ сохти давлатӣ дар худ принсипҳои хоҷагии полисиро инъикос карда буд. Бо ҳамин сабаб дар ҳардуи ин полисҳо баъзе асосҳои умумиро мушоҳида кардан мумкин буд: муттамарказ будани ҳаёти сиёсӣ дар доираи дастаҷамъонаи гражданӣ, мавҷудияти шаклҳои антиқии моликият ҳамчун моликияти умумии гражданҳо, робитаи ногусастании ташкилии сиёсӣ ва ҳарбии гражданӣ, моҳияти ҷумҳуриявӣ доштани сохтори давлатӣ ва ғайра. Вале дар баробари ин, дар байни сохторҳои давлатии полисҳои Афина ва Спарта тафовути куллӣ низ вуҷуд доштанд. Дар Афина сохти давлатӣҳамчун низоми ҷумҳурии демократии рушдёбанда ташаккул ёфта буд. Вале дар Спарта бошад, сохтори давлатӣ бараъло моҳияти ашрофӣ (олигархи)-ро ифода менамуд.

Моҳияти ашрофии (аристократии) сохтори давлатии Спарта ҷараёни тасодуфии вақти маҳдуди даргузар набуда, он аз махсусиятҳои муносибатҳои иҷтимоию иқтисодии ин давлат сабзида расидааст. Афзалият доштани хоҷагии натуралӣ, хеле суст рушд ёфтани соҳаҳои косибӣ ва савдо, моҳияти ҳарбӣ доштани ҷомеаи спартанӣ, сохти сиёсии ин давлат, болоравии мақомоти идораи ҳарбӣ ва тарбия, камшумории мақомоти худии идораи гражданӣ сабабгори ба миён омадани чунин давлати аристократӣ гардидааст.

МАҶЛИСИ ХАЛҚӢ (АПЕЛЛА)

Мақоми олии ҳокимияти давлатӣ дар Спарта, чун дар ҳар кадом полиси Юнон, Маҷлиси халқиВазифаҳои Маҷлиси халқӣ аз эълони ҷанг ва қарордодҳои сулҳи баимзорасидаро тасдиқ мекард; шахсони амалдор, қумондонҳои ҳарбиро интихоб менамуд; масъалаи меросии ҳокимияти подшоҳиро ҳал менамуд, ба шарте ки меросхӯрони қонунӣ набошанд, озод карда шудани илотҳоро тасдиқ мекард. Инчунин тағйироти куллӣ дар қонунгузорӣ бояд аз тарафи апеллаи спартанӣ дастгирӣ меёфт. Лекин дар низоми умумии мақомоти давлатӣ он нисбат ба Маҷлиси халқии Афина мақоми начандон калон дошт. Ин мақоми апелла, пеш аз ҳама, дар он зуҳур меёфт, ки иштирокчиёни апелла танҳо метавонистанд лоиҳаҳои қонунҳоро қабул ва ё рад кунанд,Маҷлиси халқӣ ҳуқуқи муҳокимаи онҳоро надоштанд. Ҳуқуқи пешниҳоди лоиҳаи қонунро танҳо Шӯрои геронтҳо ва эфорҳо доштанд. Апеллаҳои Спарта мунтазам ҷамъ наомада, баъзан ҷамъ меомаданд ва бо тасмими амалдори баландмақоми амалдори давлатӣ. Дар маҷлис масъалаҳои молиявӣниз мавриди муҳокима қарор намегирифтанд. Маҷлиси халқӣ фаъолияти магистратҳо ба зери назорат гирифта намешуданд ва дар он парвандаҳои судӣ баррасӣ намегардиданд. Чунин сурат гирифтани фаъолияти Маҷлиси халқӣ барои олигархияи Спарта хеле қуллай буд ва имконт фароҳам меовард, ки ба фаъолияти он таъсир расонида, фаъолияти онро ба самти барои худ қуллаю даркорӣ равона созад.

Маҷлиси халқӣ (Апелла)Ду шоҳи Спарта

Дар Афина Маҷлиси халқӣ мақоме буд, ки манфиати аксарияти аҳолии гражданҳои Афинаро на танҳо зоҳиран, балки воқеан ифода мекард, дар Спарта бошад, апелла танҳо манфиатҳои қисмати болоии шаҳрвандонро ифода менамуд. Гузашт аз ин, дар қонунгузории спартанӣқонуне вуҷуд дошт, ки мувофиқи он мумкин буд қарори апелла рад карда шавад. ба шарте ки Шӯрои геронтҳо ин қарорро бо ягон сабабе ғайри қобили қабул ҳисоб кунад.

ГЕРУССИЯ ҲАМЧУН ИДОРАИ ДАВЛАТӢ

Мақоми ҳалкунандаро дар идораи Спарта Шӯрои геронтҳо ё худ Геруссия дошт. Ба ҳайати он 30 нафар спартанӣ дохил буд, аз он ҷумла 28 нафар шахсони синашон аз 60 зиёдтар. “Геронтҳо” маънии “мӯйсафедон”-ро дорад. Аз ин рӯ, ин мақомро “Шӯрои мӯйсафедон” гуфтан мумкин аст. Геронтҳо аз байни ашрофони (аристокрҳои) спартанӣ интихоб карда шуда, дар ин вазифа то охири умр фаъолият мекарданд. Ғайр аз 28 геронт ба ҳайати Геруссия ду шоҳи Спарта низ, сарфи назар аз синну солашон. дохил буданд. Фаъолияти Геруссия аз тарафи ягон мақоми давлатӣ ё ҷамъиятӣ назорат карда намешуд. Он дар баробари Маҷлиси халқӣ вуҷуд дошт ва ба он ҳисоботдиҳанда набуд. Гузашта аз ин, Геруссия ҳуқуқ дошт, ки бо ягон сабабе қарори Маҷлиси халқиро бекор кунад.

Шӯрои 500 мақоми кории экклесси буда, он маҷлисҳо ва тасдиқи формалии қарорҳои апелларо таъмин менамуд. Ҳамчун мақоми олитарини ҳокимияти давлатӣ Геруссия дар амал салоҳияти беҳудуд дошта, он ҳамарӯза маҷлис гузаронида, ҳамаи корҳои давлатиро пеш мебурд, аз он ҷумла корҳои ҳарбӣ. Молиявӣ ва судиро. Геруссия метавонист дар бораи қатл қарор барорад, аз мамлакат ронад, аз ҳуқуқи гражданӣ маҳдуд созад, таъқиботи судиро оғоз намояд, ҳатто ба муқобили шоҳҳои Спарта низ. Ки ба ҳайати он дохил буданд. Геруссия аз эфорҳои абарқудрат дар мавриди ба охир расидани мӯҳлати иҷрои вазифа ҳисобот қабул мекард, Дар амал тамоми риштаҳои ҳокимияти давлатӣ дар Сарта дар дасти геронтҳо буданд ё зери назорати онҳо қарор доштанд.

Геруссия Коллегияи Эфорҳо

КОЛЛЕГИЯИ ЭФОРҲО

Дар давлати Спарта мақоми давлатии на камтар аз Геруссия дар дасти Коллегияи иборат аз панҷ эфор (“назораткунандагон”) буд. Эфорҳо ба вазифаи апелла ба мӯҳлати 1 сол на аз байни ашрофони (аристократияи) спартанӣ, ки геронт интихоб карда мешуданд, балки аз байни тамоми ҳайати спартагиҳо интихоб карда мешуданд. Вале ин қоидаи ҳуқуқӣ на ҳама вақт риоя карда мешуд. Аз ин рӯ, бисёр вақт эфорҳо аз ҷумлаи намояндагони оилаҳои ашрофӣ интихоб карда мешуданд.Усули интихоби эфорҳо чун интихоби геронтҳо дар Спарта таввре мегузашт, ки онро “Урасту” — кӯдакона номида шудааст. Ҳайати начандон калони коллегияи махсуси интихобкунандагон дар дохили хонаи торике пинҳо мешуданд. Баъд номзадҳоро ба вазифаи геронтҳо ё эфорҳо аз назди ин бино мегузарониданд ва спартагиҳои ба назди апелла омада ба ҳар яки онҳо бо садои баланд ва ё хомӯшона “овоз” медоданд. Овозҳисобкунҳои дар дохили бино нишаста “натиҷаҳои овоздиҳи”-ро ба ҳисоб мегирифтанд. Баъд мувофиқи натиҷаҳои ин овоздиҳӣдар вазифаҳо онҳоеро тасдиқмекарданд, ки дастгириашон бо садоҳои баланд ифода ёфта буданд. Дар чунин ҳисобкунии ҷонибдорон ва муқобилон хатоҳо хеле зиёд рух медоданд. Ба ҳар ҳол ин муханизми интихобӣ дар Спарта кор мекард.

Коллегия эфорҳо ҳокимияти ниҳоят баланд дошт. Арасту ҳокимияти эфорҳои Спартаро бо ҳокимияти тиранҳо, ки дар асри IVто милод дар полисҳои Юнон яккаю танҳо ҳукмронӣ мекарданд, баробар шуморидааст. Соли дар Спарта бо номи эфори калон гузошта мешуд. Ҳамин тавр, дар Спарта сол бо номи архонти калон номгузорӣ гардида буд. Коллегияи эферҳо аз апелла мақоми мустақил дониста шудааст. Эфорҳо масъул ва ҷавобгарии мустаҳкамии қонунгузории Спартаро ба зима доштанд. Ин буд, ки онҳо ҳуқуқ доштанд салоҳияти амалдоронро ба зери назорат гиранд.

Коллегияи эфорҳо ба назорат аз болои фаъолияти шоҳҳо аҳамияти калон медод. Маҳз эфорҳо бояд пеши роҳи пурзӯршавии ҳокимияти шоҳҳоро мегирифтанд, то ки он олигархияи спартанӣба мутлақият сабзида нарасад.Мувофиқи қонунҳои спартагӣ эфорҳо 1 бор дар як моҳ аз шоҳҳо савганд қабул мекарданд, ки қонунҳои мавҷударо вайрон намекунанд. Ду эфор вазифадор карда шуда буданд, ки шоҳҳоро дар замони лашкакашиҳо ҳамроҳӣ кунанд. Ин ду нафар ҷидду ҷаҳд ба харҷ медоданд, ки дар байни шоҳҳо мухолифатҳо вуҷуд дошта бошанд. Гӯё, ки ҳамин тариқ ба ҳамдигар бо нобоварӣ ва душманона низар кардан онҳоромаҷбур месозад, ки ба фаъолияти ҳамдигар назорат кунанд.

Эфорҳо ҳақ доштанд шоҳҳоро ба суди Геруссия кашанд, метавонистанд бо давлатҳои дигар гуфтушунид кунанд, маҷлисҳои апеллаҳо ва ҳатто геруссияҳоро даъват намоянд ва ба онҳо раисӣ кунанд. Вазифаи дигари ниҳоят муҳими эфорҳо назорат ба низоми тарбияи спартагӣ буд. ки он асоси ҳаёт ва ахлоқи спартагиҳоро ташкил менамуд. Камбудиҳоро дар ин роҳ меёфт ва барои ислоҳи онҳо тадбирҳои амалӣ меандешид.Ба салоҳияти эфорҳо назорат ва идораи олӣ бар перизкҳо ва илотҳои камшумор низ дохил буд. Эфорҳо дар амал бо ҳамроҳии геронтҳо фаъолият карда, метавонистанд раисии баъзе маҷлисҳои геронтҳоро ба зима гиранд Эфорҳо ба тасдиқи апеллаҳо лоиҳаҳои қонунҳоро пешниҳод мекарданд, ки онҳоро бо геронтҳо ҳамоҳанг менамуданд. Эфорҳо мақомоти ашрофони (олигархияи) спартагӣ буда, ба ҳама тарафҳои ҳаёти ҷомеаи Спарта роҳбарӣ мекарданд.

МУАССИСАИ ҲОКИМИЯТИ ШОҲ

Яке аз муассисаҳои салоҳиятноки сиёсии Спарта ҳокимияти шоҳӣ ба шумор мерафт.Спартаро ду шоҳ идора мекард, ки мувофиқан ба ду сулала – Агиадҳо ва Эвропонтидҳо тааллуқ доштанд. Пайдоиши ин сулолаҳои шоҳҳоро ба замонҳои ниҳоят қадим нисбат медиҳанд – то давраи ба табақаҳо ҷудошавии дориҳо дар Лаконика дар асри Х то милод. Дар асрҳои V – IV то милод ин сулолаҳо ду хонадони дар байни аристократияи Спарта нисбатан бойро ташкил намуда буданд.

Сохти давлатии Спарта мутлақа набуд. Шоҳҳои спартагӣ барандаи ҳокимияти олии шахсӣ набуданд. Ҳар кадом шоҳҳокимияти якхела дошт. Шоҳҳои Спарта ба иродаи апеллҳо ва тасмимҳои геруссия тобеъ буданд, зеро худ ба ҳайати ин муассисаҳо ҳамчун аъзои муқаррарию қаторӣ дохил буда, аз тарафи коллегияи эфорҳо ба зери назорати сахт гирифта шуда буданд. Сарфи назар аз ин, шоҳҳои Спарта ҳокимияти калон доштанд.

Салоҳияти шоҳҳо аз сарфармондеҳии олии қӯшун ва роҳбарӣ ба корҳои динӣиборат буд. Ин вазифаҳои давлатӣ дар ҷомеаи Спарта дорои аҳамияти калон буданд Дар мавриди лашкаркашӣ берун аз ҳудудҳои Спарта ҳокимияти шоҳҳамчун сарфармондеҳ маҳдуд нагардида буд. Шоҳҳо аъзои Геруссия буданд ва дар ҳамин вазифа дар ҳаллии воқеии ҳамаи корҳои давлатӣ иштирок мекарданд. Ин буд, ки ҳатто дар замони осоишта ҳам ҷузъу томҳои қӯшуни Спарта сохтори худро нигоҳ медоштанд. Барои ҳамин, мақоми сарфармондеҳи қӯшун ба муассисаҳои дигари давлатӣ (ки дар боло ном бурда шуданд), ҳам фишор меовард ваиштироки самараноки онҳоро дар ҳалли масъалаҳои гуногуни давлатӣ таъмин менамуд.

Ин ҷо бояд қайд кард, ки ҷомеаи Спарта ҳарбикунонидашуда буд. Ин махсусият обрӯю эътибори шоҳҳоро сол то сол баланд мебардошт. Аз ин рӯ, мақоми унсури ҳарбӣ дар идораи давлат хеле баланд буд. Апеллаи Спарта ҳамчун мақоми олӣ бештар на ба Маҷлиси халқӣ, балки баМаҷлиси ҳарбии спартанӣ шабоҳат дошт.

МАНСАБҲОИ ҲАРБӢ

Артиши Спарта дорои сохтори ҳаматарафа санҷидашуда буд, аз он ҷумла доро ҳайати сершумори фармондеҳӣбуда, дар ҷомеа таъсири муайяни сиёсӣ дошт. Яке аз вазифаҳои олии ҳарбӣ мансаби наварха буд, ки ба флоти Спарта фармондеҳӣ мекард. Мансаби наварха доимӣ набуд. Арасту навархаро “қариб ҳокимияти дуюми шоҳӣ” шуморида ва навархҳоро бошанд, ҳамчун фармондеҳу арбобони сиёсӣ ва рафиқони воқеии шоҳҳои Спарта номидааст. Шоҳҳои спартагӣ дар зери назорати доимии эфорҳо буда, ҳамаи супоришу фармонҳои эфорҳоро иҷро мекарданд, мутобиқи фармони онҳо итоаткорона ба Спарта бармегашт ва дар он ҷо базӯр аз амалҳояш ҳисобот дода истода, худашро сафед мекард.

Дар сохтори қӯшуни хушкигард ҳайати доимии фармондеҳони гуногуни ҳарбӣ дар назар дошта шуда буд. Мувофиқи шаҳодати Ксенофонт, ки дар қӯшуни Спарта хизмат карда, тартиботи дар он ҳукмронбуда ва ҳайати фармондеҳиро хуб медонист, қайд мекунад, ки фармондеҳони қӯшун хеле сершумор буданд

Полемархҳо аҳли рикоби наздиктарини шоҳ ва аъзои шӯрои ҳарбии ӯро ташкил намуда, ба таври доимӣ дар назди шоҳҳузур доштанд, ҳатто кушиш ба харҷ медоданд, ки ҳангоми қурбоникунӣ бо ӯ бошанд. Ба ҳайати аҳли рикоби шоҳ инчунин ҷанговарони яккачин низ дохил буда, вазифаҳои адютант, фолбин, табиб ва карнайнавозро иҷро мекарданд. Дар ҳайати аҳли рикоб фармондеҳони қумондонҳои дастаҳои иттифоқӣ, ҷузъу томҳои зархарид ва сарварони корвонҳо низ буданд.

Ба идораи қӯшун шахсони махсуси амалдор кӯмак мерасониданд: ҷиноятҳои гуногуни ҳарбиёнро додхоҳ — элладоникҳо баррасӣ мекарданд ба молия хазинадорони махсус кӯмак мерасониданд. Ба фурӯхтаниғанимати гуногуни ҳарбӣлафирополҳо машғул буданд. Ҳамсари шоҳро дастаи иборат аз 30 нафар савораи ҷавонони спартагӣҳифз карда, се фармондеҳи он – гиппагрет – ба ҳайати наздикони шоҳ дохил буданд.

Лашкаркаши Спарта Шоҳҳои Спарта

Мӯҳлати дар иҷрои вазифа будан, эҳтимол ба иродаи шоҳ,ҳамчун фармондеҳи артиш, вобаста буд. Ҷои махсусро дар байни фармондеҳон гармостҳо ишғол менамуданд. Дар маҷмӯъ, сохти давлатии Спарта ҳамчун мутлақа дар ҳамоҳангии ҳокимияти шаҳрвандӣ ва ҳарбӣ вуҷуд дошта, дар он ҳокимияти сарватмандон (олигархия) бо обрӯи фармондеҳони ҳарбии зери роҳбарии шоҳқарордошта дар мувозинат нигоҳ дошта шуда буд. Дар ин ҳолат онҳо маҷбур буданд, ки ҳокимияти геруссия ва эфорҳоро эътироф намоянд.

НИЗОМИ ДАВЛАТИИ ТАРБИЯИ СПАРТАНӢ

Қисми таркибиию ташкилии низоми сиёсии Спартаро тарбия ва таълими насли наврас ташкил менамуд. Он ҷанговарони ҳаматарафа машқдода ва обутобёфтаеро дар назар дошт, ки қодиранд мамлакатро аз душманони дохилию хориҷӣҳифз намоянд. Ҷанговари спартанӣ, ин, пеш аз ҳама, ҷанговари боинтизом буда, мушкилию монеаҳои вазнинро бо осонӣ паси сар мекунад, ба сардорони худ ва ҳокимияти интихобшуда итоат мекунад. Дар ин низоми тарбия ба худи таҳсилот аҳамияти камтар дода мешуд – он асосан ба хондану навиштанро ёд гирифтан маҳдуд карда шуда буд. Низоми тарбияи спартагӣ аз се зина иборат мебошад:

Зинаи якум: тарбияи писарбачаҳои аз 7 то 12 сола. Чунин мактабҳо ангелҳо (сталаҳо) номида мешуданд. Плутарх дар ин бора чунин менависад: “Ликург иҷозат намедод, ки кӯдакони спартагӣ ба воситаи мураббияҳои харида ва қароркарда тарбия карда шаванд ва падар ҳам ҳақ надошт писарашро мувофиқи табъи худ тарбия кунад. Ликург ҳамаи кӯдаконро, ки синашон ба 7 расида буд, ҷамъ ва дар ангелҳо муттаҳид карда, дар ҳолати дастаҷамъона, онҳоро ба бозию таълими дастаҷамъона одат мекунонид. Сарвари ангелҳо шахсонеро таъйин мекард, ки нисбат ба дигарон аз ҳама кордону боақл ва дар ҷанг шуҷоъ бошанд.

Талабагон дар мактаби низоми спартанӣ

Кӯдакон дар ин сину сол аз чунин шахс ибрат мегирифтанд, ба ҷазо пуртоқат мешуданд, яъне онҳо ба итоаткорӣ одат мекарданд Мӯйсафедон бозиҳои ангелҳоро мушоҳида мекарданд ва муттасил дар байни онҳо низоъ ва бархӯрдҳо ворид сохта, онҳоро бо диққат меомӯхтанд. Фаҳмиданӣ мешуданд, ки оё ин ва ё он писарбача ҷасур аст ва дар ҷанги тан ба тан дар муқобили рақиб сахт истодагарӣ карда метавонад. Хату саводро ин кӯдакон дар доира ва сатҳи зарурӣ меомӯхтанду халос. Назорати умумӣ ва роҳбарӣ ба тарбияи писарбачаҳо ба ашхоси махсуси мансабдор вогузор карда шуда буд. ки онҳоро педонҳо меномиданд. Ба ин вазифа шахсоне таъйин карда мешуданд, ки дар давлат ишғоли вазифаҳои баланд иҷозат дода шуда буд.

Зинаи дуюм: Ин давра аз 12-солагӣ фаро мерасид ва он то 20-солагӣ идома меёфт. Дар оғози ин марҳала наврасон бо сардории иренаҳо ба илҳо (дастаҳо – отрядҳо) дохил мешуданд. роҳбарии умумӣ ба тарбияи наврасон ба амалдорони махсус вогузор карда шуда буд. Машғулиятҳо моҳияти тайёрии ҳарбӣ доштанд. Ҳамин, ки синни наврасон ба 12 расид, онҳо минбаъд хитон ба бар накарда . дар як сол як маротиба пераҳан (плаш) мегирифтанд, ифлос мегаштанд, дасту рӯй намешустанд ва ҳамчун истисно ҳамагӣ якчанд маротиба ба гармоба намерафтанд. Онҳо чун ангелҳо дар болои қуму рег, бедаю коҳ ва дар зери сар болини аз беда тайёркардамехуфтанд, онро худашон бо дастони луч аз буттаҳои найшакар канда тайёр карда буданд. Маҳз дар ҳамин сину сол спартангҳо мактаби мушкили тарбияро аз сар мегузарониданд, аз он ҷумла, истифода бурда тавонистани аслиҳа, сафкашӣ дар фаланга, ҳаракати чусту чолокона ва сипоҳии тактикӣ ва амсоли инҳоро.

Дар ин давра дар тарбияи спартагиҳои ҷавон ба ташаккули ҳисси афзалияти иҷтимоӣ дар нисбат ба илотҳо диққати калон дода мешуд. Ин кор ба таври аҷоиб ба амали мегардид. Мураббиҳои ҳарбӣ илотҳоро маҷбур мекарданд, ки шароби омехтаношудаи аз ҳад зиёдро нӯшанд.Баъд элотҳои мастро ба назди спартагиҳои ҷавон барои намоиш меоварданд. Ҳамин тариқ исбот мекарданд, ки чунин шароб нӯшидан касро ба кадом ҳолати ногувор оварда мерасонад. Дар ин лаҳза илотҳоро маҷбур мекарданд, ки сурудҳои бешармона хонанд ва рақсҳои ношоям кунанд. Суруду рақсҳое, ки дар байни илотҳо истифода мешуданд, ба спартагиҳои ҷавон манъ карда шуда буданд. Маҳз ба дастаҳои ҷавонони калонсолтар супориш дода мешуд. ки нисбати илотҳо криптий, яъне куштори пинҳонии илотҳо гузаронида шавад, ки аз тарафи давлат иҷозат дода шуда буд, Мувофиқи ақидаи мураббиён, ин тадбирҳо бояд чусту чолокӣ, сипоҳӣ, итоат ба фармондеҳ ва тайёрии ҳарбии ҷавонони спартагиро нишон медоданд.

Тарбияи тобоварӣ Ликург

Зинаи сеюм. Ин зина дар 20-солагӣ фаро мерасид, ки он ба давраи ҷавонии писар рост меомад. Дар ин син ба спартагии ҷавон иҷозат дода мешуд, ки узви сисситини бошад, яъне ӯ соҳиби порчаи замин бо якчанд хоҷагиҳои илотҳо, ки аз даромади он бояд худ ва оилаи худро таъмин намояд, ба Сиссити, ки муассисаи муҳими ҷамъиятию сиёсие дар низоми давлатдории Спарта буд, ҳаҷми муайяни маҳсулот – орди ҷав, гандум, шароб, равған, панир ва мевагиро бидиҳад.Ҳар сиссития ҳамчун ҷузъу томи ҳарбиро мемонд, ки аз 15 нафар иборат буд. Ҷавонон қисми вақти зиёди худро дар якҷоягӣ дар сӯҳбату мулоқот ва машқҳои ҳарбӣ мегузарониданд, гарчанде ки ҳар кадоми онҳо хонаи шахсӣ ва оилаи худро доштанд.

Спартагӣ баъди сини 30-солагӣ оиладормешуд, маҳдудиятҳои дигар ҳам азӯ гирифта мешуданд ва барояш роҳ баҳриишғоли вазифаю амалдорӣ дар идораҳои давлатӣ кушода мешуд. Дар зери назорати сахти тарбияи давлатӣ истода,ҷавонон аз тайёрии махсус мегузаштанд: обутоби ҷисмонӣ, ҷасорат, пуртоқатӣ, ватанпарастӣ ва усулҳои давлатдории спартагиро дар онҳо таъмин мекард. Ҳамин тариқ спартагӣ барои хизмат дар сафҳои артиш, зиндагӣ дар мамлакат ва идораи давлат тайёр карда мешуд.

Меҳнати маҷбурии илотҳо спартагиҳоро аз корҳои хоҷагӣ ва истеҳсолӣ озод карда буд. Аз ҳамин сабаб, вақти холии онҳо бисёр мемонд. Онро спартагиҳо барои корҳои идораи давлатӣ, таҳсил ва мақсадҳои дигар истифода мебурданд.

Дар асрҳои VII – VI то милод илотҳо қисми зиёди аҳолии Спартаро ташкил менамуда, орзу доштанд, ки бар спартагиҳои золим ғолиб бароянд. Илотҳоро дар зери итоат танҳо ба воситаи зулму зуроварӣ нигоҳ доштан мумкин буд. Чи тавре ки муаррихи қадими Юнон Плутарх ёдовар мешавад, спартагиҳо махсус баъзан гирудори илотҳоро ташкил намуда, онро “шикор” — “криптия” меномиданд. Спартаниҳои ҷавон бо шамшерҳои кӯтоҳ мусаллаҳ шуда, пешакӣ камин мегирифтанд ва ногаҳон ба илотҳо ҳамла карда, онҳоро ба қатл мерасониданд.

ВарзишКриптум

Қонуни Ликург. Дар чунин давлат барои ақаллият бехавфу хатар зиндагӣ кардан кори осон набуд. Барои ҳамин Ликург ном донишманди спартагӣ лоиҳаи қонунеро таҳия кард, ки он манфиатҳои тамоми табақаҳои аҳолии Спартаро иъикос кардааст.Қабул ва татбиқи ин қонун Спартаро ба урдугоҳи ҳарбӣ табдил дод. Ҳамаи аҳолии Спарта ба интизоми ягона итоатмекард.

Қонуни Ликурс унсурҳои майдатарини зиндагии спартагиҳо, ҳатто тарзи дӯхти сару либос, ороиши мӯи сар, намуди ришу мӯйлаб, хурду хӯрок, тарзи оиладорӣ ва ғайраро дар бар мегирифт.Дар асоси ин қонун ҳар як оилаи спартагӣ вазифадор буд, ки писарони 7-солаи худро ба “Лагер-ангелҳо” бидиҳанд. Мувофиқи ин қонун дар ин таълимгоҳҳо спартагиҳои ҷавон бояд бо усули спартагӣ тарбия меёфтанд. Дар онҳо матонат, нотарсӣ, шуҷоатмандӣ, фармон додану фармон иҷро карда тавонистан ва дигар сифатҳоро ташаккул медоданд.

Спартагиҳо ба фарзандони худ таълим медоданд, ки кӯтоҳу пурмазмун ҳарф зананд. Ингуна суханрониро “лаконикӣ” меномиданд, зеро маҳз мардуми Лаконика ҳамин тавр кӯтоҳу пурмазмӣ ҳарф мезаданд. Масалан модари сарбоз аз Лаконика чунин хитоб мекард: “Ё бо шамшер бармегардӣ ва ё дар болои шамшер”. Яъне дар ҳарду маврид ҳам модар аз писари худ садоқат ба ватанро тақозо мекард.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *