Фанни Таърихи Чахон(Умум)

Юнони Балкан ва Юнони Бузург

Ба миён омадани низоми давлатҳои нав Юнон ва Македонияро ба ноҳияи нисбатан хурду дуюмдараҷаи олами эллинистӣ мубаддал гардонид. Нурӯҳои иқтисодӣ ва ҳарбии Македония нисбат ба давлатҳои Селевкиён ва Птоломейҳо хелезаиф буд. Юнон бошад, давраи заифшавии худро аз сар мегузаронид, ки сабабҳои асосии он дар муҳоҷиркунонии оммавии юнониҳо ба Шарқ, ба он ҷо баргаштани роҳҳои тиҷоратӣ, болоравии марказҳои иқтисодӣ. низоъҳои беисти иҷтимоӣ зуҳур ёфтаанд. Ғайр аз ин, Юнон доимо объекти таваҷҷӯҳи Македония ва давлатҳои дигари эллинистӣ буд. Дар охирҳои асри III то милод Рим аллакай ба дахолати корҳои дохилии Юнон оғоз мекунад.

ВОҚЕАҲОИ АСОСИИ ТАЪРИХИ СИЁСӢ

Он воқеае, ки барои Юнон ва Македония ҳудудҳои охирини анҷомёбии муборизаи диодохҳо ва муқаррар гардидани устувории вазъи муайяни сиёсиро ба интиҳо бурд, ҳамлаи келтҳо (галатҳо) буд, ки солҳои 280 – 277 томилод нимҷазираи Балканро фаро гирифт. Келтҳо қӯшунҳои Птоломеи Керавнаи навакак шоҳи Македония тоҷгузорӣ кардашударо торумор мекунад. Птоломей дар ҷанг ҳалок шуд. Даҳшати ҳуҷуми ба беҳокимиятиии дар Македония ҳукмронбуда боз ҳам афзуд. Қисми асосии қӯшунҳ галатҳо, ки ба он Бреном шахс роҳбарӣ мекард, ба тарафи ҷануб ҳаракат кард. Дастаҳои аскарони онҳо қисми зиёди шимоли Юнонро ишғол карда ва ба Юнони Марказӣ ворид гардида, то Делф рафта мерасанд. Дар наздикии муқаддасгоҳи умумиюнонӣ – Апполон задухурди ҳалкунанда ба амал омад, дар он нерӯҳои муттаҳидаи эголийҳо, биотияҳо ва фокидҳо келтҳоро ба шикаст дучор намуданд. Баъд аз ин, як қисми келтҳо ба Осиёи Хурд гузаштанд ва қисми дигари онҳо ба тарафи шимол рафтанд. Ғалабаи Антигони Гонат, писари Деметрий Полиноркет (соли 277 то милод), бар дастаҳои дар Аврупо боқимондаи келтҳо ба ӯ имконият дод, ки дар Македония даъвогари ҳокимиятбошад. Дере нагузашта Деметрий Полиноркет шоҳ эълон (солҳои 276 – 239 то милод) карда шуда ва асосгузори сулолаи Антигонидҳо мешавад. Сулолаи мазкур дар ин ҷо то охири мавҷудияти давлати Македония ҳукмронӣ мекунад

Мувофиқи анъанаҳои сиёсати Македония Антигон кушиш ба он мекард, ки нуфузи худро дар Юнон мустаҳкам намояд. Нуқтаи такягоҳии асосии Македония дар ин ҷо Коринф буда,гарнизонҳои Македония дар як қатор шаҳрҳои дигар низ маскан доштанд. Барои Македония махсусан Деметрий Полиноркет Деметриал, Халкидика ва Пирей муҳим буда, робитаи онро бо Коринф таъмин мекарданд. Дар баъзе шаҳрҳои Пелопоннес режимҳои золими рӯ ба Македония(Элида, Мегалопол, Аргос)муқаррар карда шуданд.

Оммаи асосии полисҳои юнонӣҳаракат мекарданд, ки аз зери таъсири Македония пурра озод шаванд. Марҳалаи муҳимтарин дар мубориза бар зидди юнониҳо дар Македония бархурди калоне буд, ки Ҷанги Хремонида номгузорӣ шуда, тахминан аз соли 267 то соли 262 то милод давом кардааст. Ташаббускори ҷанг шоҳи Миср Птоломейи II буд, ки барои заиф шудани мавқеи Македония кушиш мекард. Дар зери роҳбарии ӯ иттифоқе ташкил карда шуд, ки он Спарт, Ахай ва Афинаро дар бар мегирифт. Ин иттифоқаз тарафи муқобилони Македония дастгирӣ карда мешуд, махсусан аз тарафи Пелопоннес. Ҷанг барои юнониҳо бебарор буд. Флоти Миср аз тарафи македониҳо дар наздикии ҷазираи Кос торумор карда шуд. Отрядҳои македонӣба муттаҳидшавии нерӯҳои Афина ва Пелопоннеси иттифоқчӣ халал мерасониданд. Шоҳи спартагӣ Арей дар мавриди кушиши ба воситаи гарданаи Истмий убур кардан ҳалок мешавад. Дар ниҳояти кор, дар натиҷаи шикастхӯрӣдар ин ҷанг аз ҳама бештар Афина зарар мебинад. Шаҳр аз тарафи македониҳо гирифта мешавад. Антигон гарнизонҳояшро аз нав дар Пирей ва Афина мустақар кунонид.

Вале баъд аз ҷанги Хремонида ба Македония муқовимат кардани юнониҳо ба анҷом нарасид. Гарчандемавқеи Антигона ниҳоят мустаҳкам буд, дар сиёсати юнонӣ мақоми қувваҳои нав — иттифоқҳои Ахей ва Эголий беш аз пеш нақши калонро иҷро мекардагӣ мешаванд. Дар Пелопоннес Иттифоқи Ахей ба маркази ҷозибаи ҳамаи нерӯҳои дар муқобили Македония қароргирифта табдил меёбад. Роҳбарии Иттифоқи Ахейро ин замон шахси ҷавону нерӯманд Арат ба зима дошт. Дар Юнони Марказӣ чунин мақомро Иттиҳоди Эголий иҷро мекард. Вале ба Македония муқовимат кардани юнониҳо дар натиҷаи рақобати доимии, ин ду иттифоқ, ки онҳоро Македония истифода мебурд, заиф мешавад. Сарфи назар аз ин, дар зери роҳбарии Арата ахейиҳо тавонистанд акрополи Коринф – Акрокоринф, такягоҳи асосии Македонияро дар Юнон ба даст дароранд. Ба иттиҳоди Ахей Трзена, Мегара ва Эпидавр пайвастанд. Ба бастани иттифоқ бо Эголида муваффақ шуда, Антигон кушиш кард, ки амали ахейҳоро заиф гардонад. Дар натиҷаи ин амал ду иттифоқи давлатҳо ба вуҷуд омад: аз як тараф, Македония ва Эголия ва, аз тарафи дигар, Иттифоқи Ахей. Спарта ва Мисри Птоломей. Вале амалиётҳои ҳарбӣ ба ягон тараф афзалияти калон ба бор наоварданд.

Шоҳҳои Македония Антигони Гонат ва АнтигониIIIДосон

Соли 239 то милод Антигони Гонат вафот мекунад ва ба тахту тоҷи Македония писари ӯ Деметрий менишинад (солҳои 239 – 229 то милод), ки ин. натиҷаи баракс дод. Душманони кӯҳнаи эголийҳо ва ахейиҳо ба муқобили Деметрий муттаҳид шуданд. Дар ҷанги оғозёфта Македония талафоти калон дод. Ба Иттифоқи Мегалопол ҳамроҳ шуд. Ба Македонияаз шимол дарданҳо ҳамла карданд. Дар муҳориба бо онҳо шоҳ Деметрий ҳам ҳалок мегардад. Аз ин истифода бурда, Фессалия ҳам шӯриш бардошта, аз Македония ҷудо мешавад. Ба тахти подшоҳии Македония писари хурдсоли Деметрий Филипп шинонида мешавад. Мраббӣ-пуштибони (регенти) Филипп писарамаки Антигон Досон буда, баъди чанде ӯ худро шоҳ эълон мекунад. Вале ба хотири он ки сӯиистеъмолии Досон азҳокимият наонқадар намоён бошад, ӯ Филиппро меросхури худ эълон кард.

Ба Антигони III (солҳои 229 – 221 то милод) муяссар шуд, ки вазъиятро дар мамлакат то як дараҷа беҳтар кунад. Сарҳадҳои шимолии Македонияро бехатар гардонида, як қисми Фессалияро ишғол карда, ба Фокид ҳамроҳмесозад. Сарфи назар аз ин, эголиягиҳо мустаҳкамкунии мавқеи худро дар Юнони Марказӣ давом медиҳанд, Иттифоқи Ахей бошад, — дар Пелопоннес. Ҳокимони Аргоса, Флиунта ва Гермионаро, ки Македония дастгирӣ мекард, барои худ дасткашӣ аз ҳокимиятро афзалтар дониста, ба Афина кӯмак расониданд, то ки аз гарнизонҳои македонӣ дар Афина, инчунин дар Пирей, Мунихия ва Сунион халос шаванд. Саламин ба Афина баргардонида шуд. Муваффақиятҳои минбаъдаи Иттифоқи Ахей тавассути ҷанге, ки дар Полопоннес сар зад, боздошта мешавад. Ба муқобили Иттифоқи Ахей Спарта баромад кард. Роҳбарияти Спарта орзуи худро дар бораи аз нав баргардонидани салтанати Спарта дар тамоми Юнон набошад ҳам, ақалан дар Пелопоннес орзу мекарданд. Барои татбиқи ин мақсад шоҳ Клеомен як қатор ислоҳоти васеи иҷтимоию иқтисодиро дар амал татбиқ намуда, баъди ин иқтидори ҳарбии Спартаро пурзур кард. Дар давоми солҳои 235 – 222 то милод амалиётҳои ҳарбӣ қариб беист идома доштанд. Клеомен ба ахейҳо дар чандин муҳориба шикаст доданд. Дар айни замон ғояҳои ислоҳоти иҷтимоию иқтисодӣ дар тамоми нимҷазира паҳн мегарданд. Дар чунин шароит Арат ба кори озодии Юнон хиёнат карда ва ба иттиҳод бо Македония дохил мешавад. Гарнизони Македония Акрокоринфро ишғол карда, баъд дар муҳорибаи хунини дар наздикии Селассия баамаломада спартагиҳоро торумор кард.

ШоҳДеметрийШоҳ Филипп Муҳориба дар Селассия

Баъди соли 221 то милод вафот кардани Антигони Досон ба тахти подшоҳии Македония Филипп (солҳои 221 – 179 то милод) соҳиб мешавад. Ӯ аллакай соли 220 то милод ҷанги наверо бо номи “Ҷанги Иттифоқчигӣ”оғозмекунад, дар рафти онМакедония дар якҷоягӣ бо Иттифоқи Ахей бар зидди эголиягиҳо задухурд мекунад. Соли 217 то милод дар амал бо шартҳои status quo-и пешҳниҳодкардаи Филипп сулҳ баста мешавад. Воқеаҳои дар ғарб суратгирифтаро мушоҳида карда, махсусан хабари торумори римиҳо аз тарафи Ганнибалро дар муҳориба наздикии кӯли Тразимен шунида, бо эголиягиҳо сулҳ мебандад, то ки имконияти бар зидди Рим оғоз намудани ҷангро дошта бошад. Филипп бо Ганнибал қарордоди иттифоқиро ба имзо расонида, ҷангро дар Иллария оғоз мекунад, ки ин вақт он ба доираи таъсири Рим ворид гардида буд. Римиҳо аллакай дар ин ҷо як қатор бунгоҳҳои такягоҳӣ доштанд. Римиҳо ба муборизаи вазнин бо Карфаген банд шуда, бо ҳамин сабаб имконияти нурӯҳои зиёдро ба нимҷазираи Балканро надошта, кушиш карданд иттифоқчиеро ёбанд, ки ба Филипп муқобил истода тавонад. Ба ин мақсад онҳо ба ҷанг Эголияро ворид сохтанд. Ба ин ду давлати иттифоқчӣ минбаъд як қатор полисҳои юнонӣ ва шоҳигарии Пергам пайвастанд. Баъд аз ҷанги дуру дарози вазнин дар соли 205 то милод тарафҳо тасмим гирифтанд, ки сулҳ банданд. Натиҷаи муҳимтарини ин ҷанг пурзуршавии таъсири Рим дар Балкан мебошад.

Баъди ба итмом расидани ҷанг Филиппи V кушиш ба харҷ дод, ки мавқеи худро дар Шарқ пурзур кунад. Ин мақсад ба ҷанги зидди Пергам ва Родоси барои кӯмак ба Рим муроҷиат карда оварда расонид. Рим навакак рақиби асосии худ Карфагенро дар Ғарбибаҳри Миёназамин торумор карда, акнун имконият пайдо мекунад, ки ба корҳои Юнон фаъолона дахолат кунад. Артиши калони Рим дар зери роҳбарии Фламинин ба нимҷазираи Балкан мефурояд. Иттиҳоди Ахей, Спарта ва Ботия ба тарафи римиҳо мегузаранд. Дар муҳорибаи ҳалкунанда дар наздикии Киносефал (соли 197 то милод) қӯшуни Македония аз тарафи римиҳо торумор карда мешавад. Мувофиқи шартҳои қарордоди сулҳҳамаи мулкҳои Македония дар Юнон аз даст рафтанд. Соли 196 то милод Фламинин дар Бозиҳои Истимий “озодии юнониҳоро” ботантана эълон менамояд. Эъломияи Рим бо хушнудии том қабул карда мешавад, гарчанде моҳиятан мақсад дошт рақибҳоиРимро дар Шарқ заиф гардонида, имконият ба даст оварад, ки татбиқи шиори “озодии Юнон”-ро баҳона карда, ба корҳои Юнон дахолат кунад.

Дар таърихи Юнон марҳалаи оянда барои Эллада суръат гирифтани муборизи Рим бо шоҳи Селевкиён Антиохи III мебошад. Иқтидоридавлати Селевкиёнро аз нав эҳё карда, Антиох IIIкушиш кард, ки Юнонро ба зери назорати худ дохил намояд. Ба норозигии оммаи халқ аз сиёсчати Рим умед баста, Антиох IIIбо қувваҳои начандон зиёд ба Аврупо (соли 195 то милод) мегузарад. Вале амалӣ кардани орзуҳои Антиохкомилан хом баромаданд. Ӯро ба таври қавӣ танҳо Иттифоқи Эгалия дастгирӣ кард. Ахейиҳо ва Филипп римиҳоро пуштибонӣ намуданд. Дар наздикии Фермопил аз тарафи артиши Рим торумор карда шудани Антиох ва шикасти ниҳоии ӯ дар Осиёи Хурд (соли 189 то милод) Юнонро аз нав ба ихтиёри римиҳо доданд. Римиҳо баъди марги Филиппи V ба тахти подшоҳиионПерсей (солҳои 179 – 168 то милод) нишастан ҷангоро муттасил бар зидди Македония идома медиҳанд. Воқеаҳои ҳалкунанда соли 168 то милод ба амал омадаанд. Қӯшунҳои Рим дар зери сарфармондеҳии Павел Эмилия ба Юнон мефуроянд вақӯшунҳои Македония дар муҳорибаи назди Пидне торумор карда мешавад. Баъди ин шикаст Македония ҳамчун давлати муттаҳида мавҷудияти худро аз даст дода, ба чор ҷумҳурӣ тақсим мешавад. Барои минбаъд нагузоштан ба муттаҳидшавии онҳо Рим тадбирҳои зарурӣ андешида, ба фаъолияти иқтисодии онҳо низ маҳдудиятҳои зиёд эҷод мекунад.

Дар Юнон тафриқаи сиёсӣ ва таназзули иқтисодӣ ҷараён дошт, ки ин ҳолат низоъҳои иҷтимоиро низ пурзур мекард. Худи ҳамин ҷараён ҷумҳурияҳои Македонияро низ фаро мегирад. Соли 149 то милод шахсе бо номиАндриск худро писари Персейя эълон карда, бар зидди Рим шӯриш мебардорад ва он аз тарафи оммаи камбағали Македония дастгирӣ карда мешавад. Римиҳо дар иттифоқ бо ахейҳо шӯришро пахш карданд. Баъди ин Македония ба яке музофотҳои Рим табдил дода мешавад. Римиҳо дигар ба иттифоқчигии вафодори худ дар Юнон – Иттифоқи Ахей низ эҳтиёҷ надоштанд, ки то ин вақт ягона қувваи дорои ягон хел арзишмандие дар Эллада боқӣ монда буду бас. Аз низоъи дохилии Иттифоқ истифода бурда, римиҳо тасмим гирифтанд, ки Спарта, Аргос, Орхомен ва Гераклея аз он бароварда шаванд. Дар Иттифоқи Ахей ба роҳбарӣ унсурҳои тундмизоҷ омада, Юнонро ба мубориза бар зидди Рим даъват намуданд. Ғуломонро озод карда, тадбирҳои дигареро ҳам андешиданд, ки табақаҳои камбағалро ба тарафи ахейҳо ҷалб кардла метавонистанд.

Вале қувваҳо тарафҳо ниҳоят нобаробар буданд ва соли 146 то милод римиҳо истеҳкоми асосии иттифоқ – Коринфроба даст дароварда, шаҳрро ба хок яксон ва мардҳоро қир карда, занону кӯдаконро ба ғуломӣфурӯхтанд. Баъд аз ин Юнон бо пуррагӣ ба зери ҳокимияти Ҷумҳурии Рим медарояд, гарчандеон зоҳиран ҳанӯз ба музофот табдил наёфти буд. Ҳамаи иттифоқҳо пароканда карда шуда, режимҳои демократӣ бошанд. бо режимҳои ашрофӣ (олигархӣ) иваз карда шуданд. Минбаъд Юнон ҳама гуна аҳамияти сиёсии худро аз даст медиҳад.

ШОҲИГАРИИ МАКЕДОНИЯ

Македония яке аз давлатҳои бузурги олами эллинистӣ буд. Вале иқтидори ҳарбию сиёсии он нисбат ба давлатҳои Птоломейҳою Селевкиён пасстар меистод. Таърихи сиёсии Македония бештар бо вазъи ҷуғрофии он — Юнон дар ҷануб ва халқҳои “варвар”, пеш аз ҳама, фокиягиҳо — дар шимол муайян карда мешуд. Мувофиқ ба сиёсати кӯҳнаи шоҳҳои македонии Антигониён онҳо, аз як тараф, кушиш мекарданд, ки Юнонро ба зери назорати худ гиранд, аз тарафи дигар, ба онҳо лозим меомад, ки мамлакати худро аз тохтутозҳоиаз тарафи суратгирифта ҳимоя кунанд.

Македония Элладаи қадим

Вале имкониятҳои Македония кифоя набуданд, ки назоратро аз болои Юнон таъмин намояд. Македония гарнизонҳои худро дар нуқтаҳои нисбатан муҳимтарин (стратегӣ) нигоҳ медошт. Аз ин рӯ, Коринф барои Македония хеле муҳим буд, чунки роҳҳоро аз Пелопоннес ба Юнони Марказӣ назорат мекард. Аз тарафи дигар, то замоне, ки Коринф дар дасти Македония қарор дошт, Юнон муттаҳид шуда наметавонист. Ғайр аз ин, гарнизонҳо дар як қатор нуқтаҳое ҷойгир буданд, ки робитаи Коринфро бо Македония (Халкида, Эвбея) таъмин мекарданд. Македониядар як қатор полисҳо ҳокимони истибдодии рӯ ба Македонияро дастгирӣнамуда, кушиш мекарднизоми иттифоқиполисҳоероташкил бидиҳад, ки таъсири Македонияро дар Эллада таъмин карда тавонад.

Аксарияти полисҳо нисбати Македония дар ҳолати душманӣқарор доштанд. Вазъият Македония бо низоъҳои доимо ба миёновардаи Птоломейҳо, ки мехостанд Македонияро заиф гардонанд вобастагӣ дошта, душманони онро ба воситаи маблағгузорӣ дастгирӣ мекард. Ғайр аз ин, Рим ба корҳои дохилии Юнон фаъолона дахолат карданро оғоз карда, дар ин роҳшиори авомфиребонаи “озодии эллинҳо”-ро барои заиф гардонидани мавқеи Македония истифода мебарад. Дар баробари ин, муносибатҳои нисбатан дӯстона дар байни Македония ва сулолаи Селевкиён вуҷуд доштанд, гарчандедар ин ҷо ҳам баъзан низоъҳо ба миён меомаданд.

Сиёсати Македония нисбати полисҳои юнонӣҳамеша самтнокии муайяни иҷтимоӣ дошт. Македония дар аввал пушту паноҳи сарватмандон буда, бар зидди муқобилони онҳо мубориза мебурд, вале баъд муносибати он бо ин табақаи иҷтимоӣ тағйир ёфта, полисҳоро бештар дастгирӣ мекардагӣ мешавад.

Вазъияти Македония дар замони ҳукмронии Филиппи II ва Искандар тағйир меёбад. Дар ин марҳалаи таърихӣ ашрофони он аҳамияти сиёсии худро аз даст медиҳанд, ки сабаби ин ҳолат қисман ба марги авлодҳои зиёди бонуфуз дар замони ҳукмронии Искандар ва муборизаи диодохҳо барои тақсими империяи ӯ вобаста буд. Дар баробари ин, маҷлисҳои ҳарбӣҳамчун ифодакунандаи иродаи халқи Македония то давраи муайяне мавҷудияти худро давом медиҳанд. Қӯшун ҳуқуқи ба тахти подшоҳӣ шинонидани меросхурро дар дасти худ нигоҳ дошта, вазифаи додгоҳро оид ба корҳои марбут ба хиёнати давлатӣ иҷро менамояд. Шоҳи Македония Фессалияро шахсан идора мекард, гарчандебаъзан мардуми Фессалия шӯриш ҳам мебардошт, то ки истиқлолияти давлати худро аз нав барқарор кунад.

Намояндагони шоҳ дар воҳидҳои маъмурии маҳалӣ эпистатҳо буданд. Дар он минтақаҳое, ки аз они Македония набуданд, ҳокимият ба стратегҳо таалуқ дошта, онҳоро шоҳ таъйин мекард. Он замон дар Македония дастгоҳи бюрократии рушдёфтае мавҷуд набуд, он тавре ки дар давлати Селевкиён ва махсусан дар давлати Птоломейҳо мавҷуд буд. Дар Македония парастиши давлатии шоҳ низ мавҷуд набуд, гарчанде дар баъзе полисҳои юнонии ба Македония тобеъ нисбати Антигониён эҳтиромдорӣ ва маъракаҳои парастиши боҳашамат ба ҷо оварда мешуданд.

Олоти нисбатан муҳимми сиёсати шоҳҳои макдунӣқӯшун буда, он аз се қисми гурди подшоҳӣ иборат буд – агема, отрядҳои кироя ва деҳқонони фидоӣ, ки дар фаланга хизмат мекарданд. Фалангачиён танҳо ҳангоми лашкаркашӣ даъват карда мешуданд, агема ва кирошудагон бошанд, дар қӯшун ба таври доимӣ хизмат мекарданд. Қӯшуни Македония нисбат ба қӯшуни шоҳҳои Селевкиён ва Птоломейҳои Миср зиёдтар буд. Масалан, дар муҳорибаи назди Селассия дар ҳайати қӯшуни Антигони Досон зиёда аз 28 ҳазор аскари пиёдангард ва 1,2 ҳазор аскари савора иштироккарда буд. Соли 171 то милод ба Персея муяссар шуд, ки қӯшуни иборат аз 43 ҳазор ҷанговар ташкил намояд. Дар байни ҷанговари кироя қбештарашонроварвҷарҳо (фракҳо, иллирийҳо ва галлҳо) ташкил менамуданд. Бисёрии ин ҷановарон баъди ба итмом

Ҷановарони кироя, чун қоида, сарҳадҳоро муҳофизат мекарданд ва ба ҳайати гарнизонҳои шаҳрҳои юнонии тобеъ баАнтагониён дохил буданд. Антагониён ҳаракат мекарданд, ки Македонияро ба шоҳаншоҳии баҳрӣ табдил бидиҳанд. Ҳамин тариқ, ба флоти Македония муяссар гардид, ки дар наздикии ҷазираи Кос флоти номдори Мисрро мағлуб кунад. Баъди ин Птоломейҳо ҳукмронии худро дар Эгеида аз даст доданд. Вале барои Македония қудрати нигоҳ доштани артиши бузург ва флоти пуриқтидор, ки аз киштиҳои вазнини ҷангӣ иборат буд, нарасид. Аз ин рӯ, Филиппи V флотро аз нав сохта. онро аз галерҳои сабук, он намуде, ки роҳзанони (“лембҳо”)-и баҳрии илларӣ истифода мебурданд, мусаллаҳ менамояд

ИТТИФОҚҲОИ АХЕЙ ВА ЭТОЛИЯ

Яке аз зуҳуроти нисбатан маълум дар ташкилии сиёсии ҷомеаи Юнони замони эллинистӣҳаргуна иттифоқҳое буданд, ки полисҳо ва қабилаҳоро муттаҳид мекарданд. Бояд гуфт, ки дар таърихи индавраинаи Юнон чунин иттифоқҳохеле зиёд буданд, гарчандеиттифоқҳои қабилавӣ ва иттиҳодияҳои калони намуди полисҳои Пелопоннес ва ё Иттифоқи баҳрии Афина дар замонҳои архаистӣ ва классикӣ низ вуҷуд доштанд. Лекин иттифоқҳои нави полисҳо танҳо дар замони эллинистӣ ба шакли асосии ташкилии сиёсии ҷомеа мубаддал гардиданд.

Дар замони эллинистӣ на як бору ду бор кушиш ба харҷ дода шуд, ки Иттифоқи Коринфи баъди муҳориба дар наздикии Херонея ташкилкардаи Филиппи II аз нав эҳё карда шавад. Ҳамин тариқ, соли 302 то милод Деметрий Поликоркет кушиш кард, ки ин иттифоқро аз нав эҳё кунад. Вале баъди шикастхурӣ бо тезӣ пароканда мешавад. Соли 224 то милод боз як маротибаи дигар шоҳи Македония Антигони Досон кушиши эҳёи иттифоқи Коринфро кард, лекин он ҳам дар ниҳояти кор бенатиҷа анҷом ёфт. Ҳамин тариқ, ҳамаи кушишҳои ташкил намудани иттифоқи умумиэллинии полисҳо дар зери роҳбарии Македония барои ташкилкунандагони он натиҷаи дилхоҳ надодва он иттифоқҳое, ки таъсис ёфтанд, танҳо дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин вуҷуд доштанду бас. Македония имкони кифояи ҳарбӣ ва иқтисодӣ надошт, ки ягон дараҷае назорати дуру дарози онро бар Юнон таъмин карда тавонад. Иттиҳодияҳои маҳаллии полисҳо нисбатан ҳаётӣ баромаданд. Ҳамин тариқ, “Иттифоқи несиотҳо” (сокинони ҷазираҳо), ки галаҷазираҳои Кикладро муттаҳид карда ва Делос маркази ин ҷазираҳо буд, муддати тулонӣ вуҷуд дошт. Иттифоқи несиотҳо зери протекторати Птоломейҳо фаъолият мекард.

Вилояти Ахей дар Юнон Вилояти Этолия дар Юнон

Вале шакли асосии иттифоқибарои замони эллинистӣ хос, иттифоқе буд, ки дар зери салтанат қарор надошта, иттиҳодияи як қатор полисҳо ва ё иттиҳодияи қабилавиро ташкил намуда, аслан ҳамаи аъзои он баробарҳуқуқбуданд. Ин қабил иттифоқҳо ягонагии сатҳи гуногун дошта, аз рӯи намуди ташкилии худ баъзан ба давлати иттифоқӣ шабоҳат доштанд. Дар ин давра иттифоқҳои полисҳо дар Локрид, Фокид, Акарнания, Беотия, Фессалия, Эпир, дар ҷазираи Эвбея, Дорида, Халкидика, Ахайи Фиотӣваиттифоқи сарватмандон (магнатҳо), иттифоқи киприҳо ва ғайраҳо вуҷуд доштанд. Аз ҷумлаи онҳо иттифоқҳои нисбатан пуриқтидориттифоқҳои Ахей ва Эголия буданд. Ҳамин тариқ, қаламрави Юнон дар байни иттифоқҳои гуногуни полисҳо тақсим мегардад. Берун аз ҳудуди онҳо танҳо Афина ва Спарта монда буданд: Ба Спарта ҳам муяссар гардид, ки охирин шуда ба иттиҳоди Ахей дохил шавад.

Сохтори сиёсии иттифоқҳо одатан сохтори полисҳоро нусхабардорӣ карда буд. Мақоми олии ҳокимият дар ҳамаи онҳо Маҷлиси халқӣ буд. Дар баробари ин, дар онҳо шӯроҳо ва низоми магистратураҳо низ мавҷуд буда, дар асоси мафҳуми умумигражданӣфаъолият мекарданд. Вале бо баъзе истисноҳои ночиз полисҳо аҳамияти худро нигоҳ доштаанд. Сарфи назар аз ин, дар натиҷаи ташкилшавии иттифоқҳои полисҳоаз онҳо давлати ягона сабзида нарасид. Полис қаламрави худ, ташкилоти сиёсӣ ва гражданияти худро нигоҳ дошт. Иттиҳодҳои то ба охир ташаккулнаёфта ҳамзистии сохторҳои иттифоқӣ ва полисҳоро ташкил карда, ифодагари нишонаҳои хоси Юнони замони эллинистӣ буданд.

Дар мавриди таъсиси иттифоқҳои полисӣ одатан тадбирҳои зерин дар назар дошта мешуданд: гражданҳои як полисҳуқуқ доштанд моликият бар заминро дар қаламрави дигар полис ба даст оваранд; ақди никоҳ дар байни гражданҳои полисҳои гуногун иҷозат дода мешуд; дар назди додгоҳи (суди) полис ҳама гражданҳои итифоқ баробар буданд; ва, ниҳоят, баъзан дар назар дошта шуда буд, ки гражданини аз як полиси иттифоқӣ ба полиси дигар кӯчида рафтаа, ба таври муқимӣ сокин шуда, дар он ҷо ҳуқуқҳои гражданӣ пайдо мекунад.

Сабабҳои ташкили иттиҳодияҳои полисҳои иттифоқӣ якчандто буданд. Сабаби якум, зарурат барои муқобилистӣ ба таҳдиди беруна, аз он ҷумла, аз тарафи Македония, онҳоро ба муттаҳидшавӣ тела медод. Сабаби дуюм, дар чунин давлатҳои нисбатан пурқувват принсипи қатъияти полисӣдар сатҳи муайян бартараф карда мешуд. Сабаби сеюм, ба таври васеъ паҳншавии ҳуқуқи ба даст даровардани моликият ба моликиятдорони калон имкониятфароҳам меовард, ки берун аз полисҳои худӣҳам замин дошта бошанд. Масалан, стратеги Иттифоқи Ахей Арат, гражданини Сикион, дар Коринф ҳам моликият дошт. Таъкид бояд кард, ки ташкил намудани иттифоқҳои полисҳо бештар ба табақаҳои ҳукмрони Юнон фоидаовар буд.

Вале таъсиси иттифоқҳо ба парокандашавии сиёсии Юнон оварда нарасонид. Рақобати анъанавии ҳазорон полисҳо акнун дар ҳамин сатҳ ба душмании байни иттифоқҳо оварда нарасониро бозӣ кардааст.

Иттифоқи Этолия дар даврони классикӣ (наздики соли 367 то милод) ташаккул ёфта, он замон яке аз вилоятҳои ақибмондаи Эллада буда, дар он полисҳое мавҷуд буданд, ки аҳолии онҳо асосан дар деҳот сукунат доштанд. Иттифоқии полисҳои Этолия аз иттифоқи пештараи қабилавӣ иборат буда, дар рузғори онҳо ҳанӯз махсусиятҳои ҳарбию демократӣбисёр вомехурданд, Маркази ин иттифоқ шаҳри Терм буда, дар он ҷо муқаддасгоҳҳои барои эголҳо умумӣҷойгир буданд. Этолҳо бар зидди Македония доимо ва ба таври фаъолона мубориза бурда, тавонистанд, ки қисми зиёди Юнони Марказиро ба зери назорати худ дароранд, аз он ҷумла, муқаддасгоҳи умумиюнониро дар Делфа ҳам. Ҳангоми тохтутози келтҳо дар Юнон эголҳо тавонистанд, ки Делфаро ҳимоят кунанд. Ин иқдом обрую эътибори онҳоро боз ҳам баланд бардошт. Ба иттифоқ Беотия ва қисми зиёди Фессалия, ки таъсири он дар Осиёи Хурд ҳам ҳис карда мешуд, дохил гардиданд

Ба Иттифоқи Этолия худи Этолия ва баъзе вилоятҳои Юнони Марказии ба он ҳамроҳшуда, инчунин полисҳои сершуморе, ки иттифоқчиёни этолиҳо ҳисобида мешуданд, дохил буданд. Ниҳоят, иттифоқ ба полисҳои зиёд “асилияро”-ро ҳадя кард, яъне кафолат дод, ки қаламрави онҳо объекти ғорати роҳзанони эголӣ, ки дар ҳаёти Эголия мақоми бузургро иҷро мекарданд, нахоҳад буд. Ашрофони точанде афзоишёбандаи эголӣ дар он манбаи асосии даромад ва бойшавии худро медиданд.

Мувофиқи гуфтаи Полибийэголиҳо анъанаи ғорати на танҳо он халқҳоеро доштанд, ки бо ҳамроҳии онҳо якҷоя ҷанг мекарданд, балки он халқҳоеро ҳам ғорат мекарданд, ки бо ҳамдигар дар ҳолати ҷанг буданд. Мақомоти идораи иттифоқғоратгариро ба зери назорати гирифта, бо ҳамин ин кор аз шуғли хусусӣ ба олоти сиёсати давлатӣ мубаддал гардид.Этолиҳо ба давлатҳои гуногун “асилия” ваъда карда, дар ивази ин кор аз онҳо имтиёзҳои гуногунба даст медароварданд.

Сохти сиёсии иттифоқи Эголия дорои якчанд хусусиятҳо буд. Ҳокимияти олӣ ба Маҷлиси халқӣ тааллуқ дошт. Маҷлисҳои халқӣ мунтазам ду маротиба дар як сол даъват карда, дар сурати зарурӣ маҷлисҳои фавқулодда низ доир гардонида мешуданд. Салоҳияти Маҷлиси халқӣ масъалаҳои ҷанг ва сулҳ ва қонунгузории умумииттифоқӣ буданд. Дар он ҳамаи гражданҳои Этолия ҳуқуқи иштирокро доштанд.

Маълумотҳои сарчашмавие вуҷуд доранд, ки мувофиқи онҳо дар баъзе ҳолатҳо, масалан, дуру дароз даъват карда намешуданд. Номумкин гардидани даъвати мунтазами маҷлисҳои халқӣ ба он оварда расонид, ки ҷамъоии худро қатъ карданд, истисноанд ҳолатҳои фавқулодда. Маҷлисҳои фавқулодда “синклит” ном гирифта, нтихоби магистратҳои иттифоқ бошад, ба зимаи Булегузошта шуда буд.

Дар иттифоқи Ахей дар байни ду тамоил оид ба ягонагӣ ва дар ҳолати ҷудоӣқарор доштани полисҳои алоҳида мубориза беист давом мекард. Тамоил барои муттаҳидшавӣ, дар он зуҳур ёфт, ки дар баробари мафҳуми гражданияти полис, мафҳуми гражданияти умумииттифоқӣ низ ба миён омад. Дар баъзе полисҳо ҷузъу томҳои қӯшунҳои иттифоқҷойгир буданд. Қаламрави иттифоқ ба округҳои маъмурӣ тақсим карда шуда буд. Дар баробари ихтиёриён дастаҳои аскарони кироя низ пайдо мешаванд ва онҳо танҳо ба стратеги иттифоқ итоат мекарданд. Хазинаи умумииттифоқӣ ва низоми ягонаи сикказании пул вуҷуд дошт.

Дар баробари ин тамоил,дар байни полисҳо ғояи ҷудоихоҳию ҷудошавӣаз иттифоқ хеле пурзур буд. Полисҳои кӯҳна садсол бошанд ҳам, ҷидду ҷаҳд мекарданд, ки дар ҳайати онҳо мухторияти худро нигоҳ доранд. Гарчанде ки мафҳуми гражданияти умумииттифоқӣ вуҷуд дошт, гражданияти полисӣниз мавҷудияти худро нигоҳ медошт. Гражданини полис дар полиси дигари иттифоқ танҳо ҳуқуқ ба ақди никоҳ ва гирифтани заминро дошт, вале на ҳуқуқҳои сиёсиро. Қӯшуни муқаррарии иттифоқ аз ихтиёриёни полисҳо иборат буд. Дар баробари дар сатҳи иттифоқ танга сикка задан, полисҳои зиёд тангаҳои худро сикка мезаданд ва одатан дар як тарафи сикка рамзи полис инъикос мегардид ва дар тарафи дигар – рамзи иттифоқ. Полисҳои зиёд, махсусан дар ҳолатҳои фавқулодда, ҳаракат мекарданд, ки дар корҳои дохилӣ ва хориҷӣ сиёсати мустақилонаи худро дошта бошанд.

Ҳамин тариқ, мувофиқи гуфтаҳои Полибий, Иттифоқи Ахей метавонист то 30 – 40 ҳазор ҷанговарон – гоплитҳоро ба ҷанг омода созад. Сарфи назар аз иқтидори худ, он иттиҳоди ноустувор мондан гирифт. Духелагӣ дар сиёсати он, барои озодкунии Юнон аз зери таъсири Македония ва ҳимояи табақаҳои дорои полисҳои юнонӣ кушиш мекард. Ин сиёсат, дар ниҳояти кор, ба бӯҳрони шадидн иттифоқ оварда расонид. Роҳбари иттифоқи Ахей Арат, ки дар ин вазифа солҳои тулонӣфаъолият дошт, аз Спарта тарсида, ба кори умумиюнонӣ хиёнат карда, дарҳои қалъаҳои муҳимми иттифоқиро ба рӯи аскарони гарнизонҳои македонӣ боз карда, Юнонро аз нав тобеи Македония мегардонад.

РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ЮНОН

Вазъи иҷтимоию иқтисодӣ дар Юнон бо зиддиятнокии бузург хос буд. Истилои Шарқ ва муҳоҷирати оммавии юнониҳо ба он во дар вақти муайяне тезутундии зиддиятҳои иҷтимоиро дар полисҳои кӯҳна аз байн бардоштанд. Вале таъсиси давлатҳои эллинистӣ, бунёди шаҳрҳои нав ва табдилдҳии онҳо ба марказҳои калони косибию тиҷоратӣто чандеба он оварда расонид, ки Юнон дар ҳавзаи Баҳри Миёназамин мавқеи пешқадам ва қисмати нисбатан рушдёфтаи худро аз даст додан мегирад.

Кос: Газвор Шаҳри Лаврион

Дар худи Эллада дар ҳолати рӯ ба таназзул овардани марказҳои кӯҳна, болоравии вилоятҳои нави қаблан ақибмонда, аз қабили Ахайя, Эголия, бараъло ба назар мерасид. Сарфи назар аз ин, дар ташкили истеҳсолоти косибӣ умуман зуҳуроти нав дида намешуд. Мумкин аст баъзе соҳаҳоеро ёдовар шуд, ки махсусан молҳои қимматбаҳо истеҳсол мекарданд, масалан, истеҳсоли газворҳои қимматбаҳо дар ҷазираи Кос; мармари Перос, аз он ҷумла, барои хонаҳои ашрофон ва ғайра. Вале бо мурури замон марказҳои косибии бештар маълуму машҳур, ба монанди Искандарияи Миср ва Пергам пайдо шуда, бо шаъну шарафи маҳсулотихуд обрӯю эътибори марказҳои юнониро паст мегардонанд. Ба истеҳсолоти косибии Юнон захираҳои табиии баохиррасидаистода низ таъсир мерасонид. Ҳамин тариқ, бо сабаби ба итмом расидани захираҳои конҳои нуқра кор дар Лаврион қатъ карда мешавад.

Дар ташкили истеҳсолоти кишоварзӣ низ тағйироти ҷиддӣ ба амал намеомад. Зуҳуроти нави муҳим муттасил вайроншавии афзалияти қатъии принсипҳои полисӣ ва дар худ маҳдудшавии ҳайати граждании аҳолии онҳо буданд. Ин натиҷа аз он ба миён омада буд, ки гражданини як полис дар полиси дигар замин мегирифт, инчунин мулкҳои калони замин ба миён меомаданд.

Нишонаҳои нав нисбатан назаррас ба болоравии муносибатҳои молию пулӣ , рушди васеи тиҷорат, чӣ тиҷорати маҳаллӣ ва чӣ тиҷорати байналмилалӣ, таъсир мерасонидагӣ мешавад. Болоравии шумораи хазинаҳо, ки онҳо як навъ банкро мемонданд,зиёд шуда, чун қоида, дар шаҳрҳои бандарӣҷойгир буданд. Гарчанде Пирей, ҳамчун маркази муҳимми эллинистӣ, аҳамияти худро аз даст дода буд. болоравии марказҳои наве ба вуҷуд омаданд, ки қисматҳои шарқӣ ва ғарбии баҳри Мийназаминро бо ҳам мепайвастанд, аз он ҷумла. аввал Родос, баъд Делос ва Коринф.

ШАҲРИ МУТТАҲИДАИ РОДОС

Дар замони эллинистӣ яке аз марказҳои нисбатан нашъунамоёфтаи ҳавзаи баҳри Миёназамин шаҳри Родос ба шумор мерафт Соли 408 то милод се полиси қаблан мустақили дар ҷазира воқеъбуда бо ҳам муттаҳид шуда, як шаҳри калони нав – Родосро ташкил намуданд. Оғози замони рушди баландтарини он ба охири асри IV — аввалҳои асри III то милод рост омадааст. Давлати Родос дар замони эллинистӣтамоми ҷазира ва баъзе заминҳои дар Юнони хушкӣ ва Осиёи Хурд воқеъбударо дар бар мегирифт. Страбон дар бораи ин давлат чунин менависад: “Нисбати бандарҳо, роҳҳо, деворҳо ва иншоотҳои дигар, дар фоиданокии худ аз ҳамаи шаҳрҳои дигар фарқ мекунад, ман шаҳри дигареро ном бурда наметавонам, ки ба ин шаҳр баробар шуда тавонад, гузашта аз ин, аз он беҳтар бошад”. Родос на танҳо шаҳри калони иқтисодӣ ва сиёсӣ буд, балки маркази бадеии олами эллинистӣ низ ба шумор мерафт. Дар ин ҷо шакли махсуси ҳайкалтарошӣ тавлид ва рушду нумӯъ ёфта буд. Яке аз мӯъҷизаҳои бузурги олам “Колосси Родос”, ҳайкали бузурги биринҷии худо Гелиос мебошад ки дар ҳамин шаҳр қомат рост кардааст. Шаҳр дар атрофи теппаи об иҳотакардаи соҳилҳои он барои лангарпартоии киштӣқуллай ва ҳамчун театр дар атрофи саҳнаҷойгир буд. Ду бандар вуҷуд дошт: тиҷоратӣ ва ҳарбӣ. Бандари ҳарбӣ дар зери ҳимои сахт қарор дошт, зеро родосиҳо кушиш мекарданд, ки сирри як қатор унсурҳои такмилдодаи худро дар киштиҳои ҳарбӣ пинҳон нигоҳ доранд.

Шаҳри Родос Шоҳ Персей

Ободу зебошавии Родос бештар бо сабаби вазъи қуллаи ҷуғрофии он дар чорроҳаи баҳрӣқарор гирифтани он буд, ки ин роҳҳо киштиҳои тиҷоратиро аз Юнон ба Ғарби баҳри Миёназамин ба шаҳрҳои нави марказие мебурданд, ки дар замони эллинистии барвақта дар Шарқи баҳри Миёназамин бунёд шуда буданд Махсусан робитаҳо бо Искандарияи Миср муҳим буданд. Родос тиҷорати фаъоли баҳриро пеш мебурд, сатҳи бузургииин тиҷорат аз рӯи ҳазорон бозёфтҳои бостонии амфораҳои нишонадор дар тамоми олами антиқа — аз Суза дар Шарқ то Карфаген дар Ғарб, аз Боспор дар Шимол то Миср дар ҷануб шаҳодат медиҳад. Мувофиқи маълумоти эпиграфӣ дар ҷазира устохонаҳои калони истеҳсоли аслиҳа мавҷуд буданд ва маҳсулоти онҳо барои фурӯш ба хориҷа бароварда мешуд. Дар ҷараёни мубоҳиса дар сенати Рим соли 165 то милод муайян карда шуд, ки маблағҳои аз савдо ҷамъшуда ба родосиҳо соле 1 миллион драхм даромад медиҳанд. Бо сабаби он, ки андозаи муқаррарии пардохтҳо аз савдо 2 фоизи арзиши молро ташкил медиҳад, пас арзиши молҳое, ки ба воситаи бандари Родос мегузаштанд, маблағи азим — 50 миллион драхм ва ё 8300 талантро ташкил медод.

Родос кушиш мекард, ки тиҷорати байналхалқиро баланд бардошта, принсипи “озодии баҳрҳо”-ро эълон карда, онро фаъолона дар ҳаёт татбиқ менамуд, Вақте, ки Византия куқшиш ба харҷ дод, ки барои ҳуқуқи гузаштан ба воситаи гулугоҳҳои баҳри Сиёҳ боҷҷорӣ кунад, Родос бар зидди Византия ҷангро сар кард. Гражданҳои Родос дар шаҳрҳои зиёд ҳуқуқи савдои бе боҷро гирифта буданд. Ин ҳуқуқро бештар барои он медоданд, ки родосиҳо дар вақтҳои мушкил нарху наворо ба нон баланд накунанд. Бо сабаби он ки ба Юнони ин замон тез – тез хавфи гуруснагӣ таҳдид мекуард, имконияти эҳсонкории Родос қариб ба таври ҳамешагӣ вуҷуд дошт. Дар шаҳрҳои зиёди наздибаҳрӣ идораҳои саррофҳо мавҷуд буда, бо фоизи мӯътадил барои савдои баҳрӣ пул қарз медоданд. Родос бар зидди роҳзанҳои баҳрӣ муборизаи шадид мебурд. Флоти ҳарбии он яке аз пурзӯртарин дар ҳавзаи баҳри Миёназамин ба шумор мерафт. Баъди соли 250 то милод (вақте қудрати баҳрии Птоломейҳо заиф мешавад) маҳз флоти Родос озодии тиҷоратро дар Шарқи баҳри Миёназамин таъмин мекард Дар Родос ҳуқуқи баҳрии махсус таҳия ва қабул гардида буд, ки он бо шарофати римиҳо то замони мо омада расидааст.

Сарчашмаи дигари боигарии полис мулкҳои калони кишоварзӣ дар Осиёи Хурд буданд, махсусан дар марҳалаи аз соли 188 то соли 167 то милод масоҳати калонро ташкил мекарданд. Вале Рим ба хотири сипосгузорӣ барои дастгирӣ дар ҷанг бо Антиохи III ба Родос қисми зиёди Ликия ва Карияро медиҳад. Минтақаҳои ба полис вобаста аз тарафи магистратҳои Родос идора карда мешуданд ва аҳолии онҳо андозҳои зиёд мепардохтанд. Дар шаҳрҳои Родос бошад, гарнизонҳои ҳарбӣ мустақар буданд.

Сиёсати хориҷии Родос дар асоси кушиши он баҳри полисро ба кадом як иттифоқи зоҳирӣ алоқаманд кунонидан сохта шуда буд, вале дар баробари ин Родос ҳамеша ва дар ҳар ҳолати мушаххас ба тарафи нерӯи нисбатане пурзури сиёсӣ майл мекард. Дар аввал алоқаҳои пурзӯри он бо Миср ба роҳ монда шуда буданд, вале баъд Родос дар сиёсат дар Шарқи баҳри Миёназамин ба ёрдамчии боэътимоди Рим мубаддал мегардад. Дар рафти ҷанги Ҷумҳурии Рим бо шоҳи Македония – Персей Родос,аз нуқтаи назари римиҳо, начандон бетараф буд. Аз рӯи ин кирдор ба Родос ба таври шадид ҷазо дода шуд. Римиҳо дар Осиёи Хурд аз Родос он заминҳоеро гирифтанд, ки қаблан худи Рим ҳадя карда буд. Баъди ин Делос “бандари озод” эълон карда мешавад. Ин мақом аҳамияти тиҷоратии Родосро ниҳоят паст кард.

ДЕЛОС – МАРКАЗИ ТИҶОРАТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Делос ҷазираи хурди серсанге дар масоҳати 5 х 1,5 километр буда, Родосро дар мақомимаркази муҳимтарини савдои байналмилалӣ иваз намуд. Он аз ҳама гуна захираҳои табиӣ маҳрум буд. Аҳамияти Делос дар марҳалаи барвақта аз он иборат буд, ки дар ин ҷо ибодатгоҳи Аполлон воқеъ гардида буд. Дар марҳалаи аввали замони эллинистӣҷазираи Делос соҳибистиқлол (солҳои 314 – 166 то милод) будааст. Вале баъд онро Рим ба Афина месупорад. Делосиҳо бо фармони Сенати Рим маҷбур шуданд ҷазираро, ки акнун дар он клерухҳои Афина сокин шуда буданд, тарк кунанд. Делосро эпимелет идора мекард, ки ӯ чун анъана намояндаи яке аз оилаҳои сарватманди Афина буд. Соли 166 то милод гирифтани ҳуқуқи “бандари озод” барои нашъунамои он такони бузург дод. Ин ҳолатро дар дар ҷазира Страбон чунин инъикос менамояд: “Гарчанде Делос бо ҳамин роҳ машҳур шуд, вале дар баробари ба хок яксон кардани Коринф обрӯи он боз ҳам баландтар мешавад, зеро тоҷироне, ки ба савдои он тарафи баҳр машғул буданд, ба ҷониби Делос раҳсипор буданд, чунки онҳоро аз андозу ӯҳдадориҳо озод мекард ва онҳо аз муқаддасгоҳ ва соҳили барои лангарпартоии киштиҳо қуллай истифода мебурд, Дар амал ҷазира барои онҳое муфид гардида буд, ки аз Италия ва Юнон ба ҷониби Осиё шино мекарданд. Ҷашнгирри умумихалқӣ – ин як хел корҳои тиҷоратӣ буд ва римиҳо ба ин хотир ба он ҷо нисбат ба халқҳои дигар бештар омадурафт мекарданд, ҳатто вақте, ки ҳанӯз Коринф вуҷуд дошт. Афинагиҳо низ ҷазираро ишғол карда, нисбат ба савдогарон ва анъанаҳои динӣғамхории калон оҳир мекардагӣ мешаванд”.

Маркази тиҷоратии Делос Ҷазираи Миконос

Қисмати махсуси иқтисоди Делосро хоҷагии Ибодатгоҳи Аполлон ташкил менамуд. Ҳуҷҷатҳои сершумори молиявии боқимондаи ин ибодатгоҳ имконият фароҳам меоваранд, ки натанҳо масъалаҳои муҳими иқтисодии ин ҷазира, балки тамоми Шарқи баҳри Миёназамин низ фаҳмида шаванд. Асоси боигарии ибодатгоҳро заминҳо (дар Делос, ҷазираҳои Рене ва Миконос), инчунин биноҳое (меҳмонхонаҳо, хонаҳои истиқоматӣ, биноҳо барои устохонаҳои косибӣ) ташкил мекарданд, ки ба иҷора дода мешуданд. Барои баланд бардоштани даромади ибодатгоҳ маъмурияти он биноҳои нав месохт. Дар миёнаҳои солҳои 60-уми асри IIто милод ба муқаддасгоҳаллакай на камтар аз 30 биною иморатҳои гуногун тааллуқ доштанд. Ибодатгоҳ ба сифати судхур низ фаъолият мекард. Қарзҳо, чун қоида, ба мӯҳлати 5 сол бо дар назардошти 10 фоиз фоида дар як сол дода мешуданд. Боигарии ибодатгоҳ ниҳоят калон буда, аз хайрияҳои аз тамоми ҳавзаи Баҳри Миёназамин исрсолгардида иборат буд. Ҳайкалҳо, зарфҳо, ашёҳои ибодат буданд, ки аз филизҳои қимматбаҳо, биринҷии бо тилло рӯйкашкардашуда, ки бо сангҳои қимматбаҳо зебу зинат дода шудаанд,хайриявӣ буданд. Онҳо дар катакҳои рақамгузоришуда гузошта шуда, ҳар сол аз тафтиш ва ҳисобу китоби (инвентаризатсияи)дақиқ гузаронида мешуданд Ҳаҷми бузурги сиккаҳо дар зарфҳое нигоҳ дошта мешуданд, ки аз тамғаҳо таъмин карда шуда, ҳаҷми маблағ дар ҳар кадом зарф қайд карда мешуд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ дар ҷазира тоҷирони хориҷӣаллакай хеле фаъолона амал мекарданд, махсусан мақоми онҳо дар давраи салтанати Афина меафзояд. Вале ҳамчун тоҷир, онҳо ҳуқуқ надоштанд, ки дар ҷазира заминро соҳибӣ кунанд ва ҳуқуқҳои сиёсӣ низ надоштанд. Сарфи назар аз ин маҳдудиятҳо, аҳамияти иқтисодии онҳо ниҳоя бузург буда, ба сиёсати ҳукумати Афина таъсири ҳалкунанда мерасониданд. Тоҷирони хориҷӣ одатан ба номи “бародариҳо” муттаҳид шуда, ба ҳайати худ сокинони яке аз шаҳрҳо ва ё мамлакатро дохил мекарданд Маркази чунин бародарӣ одатан ибодатгоҳе буд, ки дар он худоҳои маҳаллиро (бо номҳои юнонӣ) мепарастиданд. Бародариҳои зерин маълуманд: пайравони Посейдон аз Берига (Бейрути имрӯза), пайравони Геракл аз Тир, тоҷирон аз Лафикей (“бародарони” пайрави Меркурий, ва Майя, Аполлон, Посейдон, бародарони “римиҳо аз Искандария). Ба иттиҳодияҳои тиҷоратӣмулкҳое низ сахт алоқаманд буданд, ки бисёрии онҳо даҳсолаҳо вуҷуд дошта, аз падар ба писар мегузаштанд.

Дар Делос молҳои гуногун, аз ҷумлаи гиёҳҳои шифобахшу растаниҳо хуштамъ ва устухони оҷ, аз бандарҳои Сурия, Финикия, Искандария ва ғаллаи Миср оварда фурӯхта мешуданд. Масалан, маълум аст, ки ғалларо ба Македония ба воситаи Делос бурда, бо маҳсулоти чӯбу мум табодул мекарданд.

Вале, дере нагузашта, объекти муҳимтарини савдо ғуломон мешаванд. Мақоми Делос ҳамчун бозори калонтарини фурӯши ғуломон аз тарафи муаллифони антиқӣқайд карда шудааст. Страбон менависад: “Махсусан даромади бузург аз ба фурӯш баровардани ғуломон ба ба даст меомад. Дастгир кардани ғуломон кори осон буд, вале бозори калон ва ғанӣ, на онқадар дур, балки дур худи Делос қарор дошта, дар он дар як рӯз даҳҳо ҳазор ғуломро қабул мекарданд ва мефурӯхтанд. Ин аст, ки чунин зарбулмасал тавлид ёфтааст: “Савдогар, бархез ва бори киштиро фурор, ҳамаи чиз фурӯхта шудааст”. Сабаби ин дар он зуҳур ёфтааст, ки баъди вайронкунии Карфаген ва Коринф римиҳо сарватманд шуда, ба шумораизиёди ғуломон эҳтиёҷ пайдо намуданд”. Соли 130 то милод дар байни ғуломони дар Делос буда ошӯбҳо ба амал меоянд. Маълумотҳои нопурра дар бораи ин шӯришҳо дар асарҳои муаллифони антиқӣ боқӣ мондааст.

Делос бо шарофати роҳзанҳои баҳрӣ ободу зебо шуда ва аз дасти худи онҳо барҳам мехурад. Дар ҷараёни ҷанги Рим бо Митридати IV Понтӣ соли 88 ва 69 то милод Делос аз тарафи ғоратгарон ду маротиба талаву тороҷ карда мешавад. Баъди ин мавқеи иқтисодию молиявии Делос аз нав эҳё нагардид. Соли 30-юм то милод Миср ба зери ҳокимияти Рим медарояд ва Искадария дар Шарқ ба маркази асосии фаъолияти тоҷирони Рим мубаддал мегардад. Ҳамин тариқ. мақоми Делос ба ин шаҳр мегузарад.

РУШД ВА ТАНАЗЗУЛИ СОХТИ ҒУЛОМДОРӢ ДАР ЮНОН

Дар Юнони замони эллинистӣ рушди минбаъдаи ғуломдорӣ ба назар расид. Зимни ин масъала якчанд зуҳуротро қайд кардан мумкин аст, ки барои ин давра хос мебошанд.

1. Дар Юнон пеш аз ҳама тамоми он шаклҳои тобеияти архаистие аз байн рафтанд, ки дар замони пешин паҳн гардида буданд. Илотҳои спартанӣ, пенестҳои фессалӣ, войкеи критӣ, ойкиатҳо дар Лоурид ва ғайра қисман озодӣ ба даст медароранд, ҳатто мақоми гражданӣ мегиранд ва қисман ба ғуломони муқаррарӣ табдил меёбанд. Албатта, ин ҷараён дар вилоятҳои гуногун ба таври гуногун ба амал меомад, лекин натиҷаи он каму беш якхела буд.

2.Гарчанде мо дар ихтиёри худ маводи омории басанда надорем, вале як қатор далелҳо моро водор месозанд фикр кунем, ки паҳншавии ғуломдорӣ ба дар ҳамаи самтҳо ба амал омадааст. Исботкунандаи ин андеша он аст, ки “манумиссияҳо” (ҳуҷатҳо дар бораи ба озодӣҷавоб додани ғуломон) дар ҳамаи марказҳои шаҳрии хурдтарин ҳам ёфта шудаанд. Манумиссия аз Делфа ва шаҳрҳои дигар шаҳодати онанд, ки ғуломон дар оилаҳои сатҳи дороиашон ба моликият гуногун мавҷуд буданд. Шумораи ғуломоне, ки ба озодӣҷавоб дода мешуданд, моро маҷбур месозанд дар бораи он фикр кунем, ки ҳатто оилаҳои миёнаҳол ҳам якчанд ғулом доштаанд.

C:\Users\USER\Music\гулом 2.jpg

Ғуломони Юнони Қадим

3. Паҳншавии васеи ғуломдорӣ дар замони классикӣ дар полисҳои бой (ба монанди Афина) паҳн шуда буд, дар замони эллинистӣ бошад, ғуломдорӣ дар полисҳои қаторӣ ба воқеаи муқаррарӣ табдил меёбад. Нишондиҳандаи паҳншавии ғуломдорӣ ва якбора афзоиш ёфтани ғуломонро далелҳо дар рафти амалиётҳои ҳарбии шаҳрҳо ба таври оммавӣғуломгардонии аҳолӣ ва ҳатто ташкили лашкаркашиҳои махсусе мебошанд, ки мақсади аосии онҳо аз ба ғуломӣ табдил додани асирон иборат буд, шаҳодат медиҳанд. Ин тамоил махсусан дар сиёсати Иттифоқи Эголия бараъло дида мешуд.

Ҳаёти ғуломон дар Юнони қадим

4. Яке аз шаҳодати мавҷудияти талаботи доимии ҷомеаи юнонӣ ба афзоиш додани шумораи ғуломон хеле васеъ паҳншавии роҳзании баҳрӣАз таҳқиқоти олимон маълум гардидааст, ки роҳзании баҳрии эллинистӣ дар байни қабилаҳои ақибмондаи дорои боқимондаҳои зиёди сохти авлодӣ ба миён омадааст ва бо шарофати ғуломфурӯшӣ дар низоми иқтисодиёти ғуломдории ҳавзаи баҳри Миёназамин ҳамчун яке аз оварандагони асосии нерӯи корӣ – ғуломон ҳамроҳ шуда, дар он мақоми хеле муҳимро иҷро кардааст. Эголия ва Крит дар Юнон вилоятҳои нисбатан рушдёфтаи роҳзании баҳрӣ буда, шумораи ғуломон ва ғуломфурӯширо афзоиш медод.

5.Дар ин замон барои ҷомеа масъалаи баландбардории маҳсулнокии меҳнати ғуломон, муҳайё намудани он шароитҳое, ки ғуломро маҷбур месозад аз таҳти дил кор кунад, аҳамияти махсус пайдо мекунад. Ба васеъ паҳншавии ба озодӣҷавоб додани ғуломон дар ин бора шаҳодат медиҳанд.

6.Юнони эллинистӣ аввалин маротиба ба шӯришҳои ғуломон рӯ ба рӯ мешавад. Дар бораи онҳо хеле кам маълумот вуҷуд дорад, сарфи назар аз ин, худи ин далел беҳуда ба миён наомадааст То замони эллинистӣ маълумоти ягона дар бораи шӯриши ғуломон ҳаракати илотҳои спартагӣва пеш аз ҳама шӯриши илотҳои Мессения буд. Дар замони эллинистӣ бошад, ғуломони Хиос (дар асри III то милод) ва дар Делос (дар соли 136 то милод) даст ба шӯриш задаанд. Ғайр аз ин, дар ҳамин марҳалаи таърихӣ шӯришҳои дигари ғуломон дар Лавренон ба амаломада маълум аст. Дар шӯриши дуюм иштирокчиён Сунайро ба даст дароварда, Аттикаро ғорат карданд. Инчунин шӯришҳои ғуломонро дар конҳои маъдани Македония низ ном бурдан мумкин аст, ки дар бораи онҳо ёддоштҳои муаллифони антиқӣ маълумот медиҳанд.

Дар бораи шӯришҳои ғуломон дар Юнони замони эллинистӣ муҳаққиқони муосир низ маълумоти зиёд пайдо кардаанд. Бостоншиносон асноди (манумиссияҳои) зиёдро аз шаҳрҳои гуногуни Юнон ҳам пайдо намудаанд ва махсусан аз муқаддасгоҳи умумиюнонии Делфа. Ҳанӯз дар солҳои 40-ум ва 50-уми асри ХХ олимоне, ки ин ҳуҷҷатҳоро омӯхтаанд, таҷрибаи васеъ паҳншудаи озодкунии ғуломонро қайд карда, инчунин дар бораи он ибрози назар мекунанд, дар охирҳои замони эллинистӣ истифодаи меҳнати ғуломон камсамар гардида гардида будааст.

ЗИДДИЯТҲОИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ЮНОН

Дар Юнони замони эллинистӣ болоравии муттасили зиддиятҳои иҷтимоӣ дар дохили аҳолии озод ҳам бе назар мерасанд, ки онякқатор сабабҳо дорад. Шарқро ишғол кардани Искандари Макдунӣ, дар ниҳояти кор, ба мардуми қатории Юнони онвақта таъсири калон расонида будааст. Ҳаҷми зиёди металлҳои қимматбаҳоро аз хазинаи форсҳо ба даст оварда, аз он танга сикка задани Искандар ва диодохҳо ба якбора болоравии нарху наво сабаб шуданд. Ҳуҷҷатҳои молиявии ибодатгоҳи Аполлон дар Делос дар ин бора шаҳодат медиҳанд. Ин ҳама оқибат ба он оварда расонид, ки сатҳи зиндагии аҳолии қатории Юнон паст мешавад.

Ақибмонии иқтисодии Юнон, махсусан дар Баҳри Миёназамин аз даст додани мақоми маркази муҳимтарини истеҳсолоти косибӣ, баоқибатҳои ҷиддии иҷтимоӣ оварда расонид. Соҳаи кишоварзӣ кайҳо боз бо маҳсулоти худ дигар Юнонро таъмин карда наметавонист, бинобарин он аз хориҷа ворид карда мешуд. Акнун вақте, ки содироти маҳсулоти косибӣ ба маҳалҳо поён рафт, дар Юнон нон ба таври ҳамагонӣ намерасид. Гуруснагӣ ба як зуҳуроти муқаррарӣ табдил ёфт ва шаҳрҳои зиёдромарги аз гуруснагӣ танҳо хайрхоҳию некӯкории сарватмандон ё шоҳҳои эллинистӣ наҷот медоданд.

Яке аз нишондиҳандаҳои муҳими поёнравии умумии Юнон дар бораи мавҷуд набудани маблағ дар хазинаҳои полисҳои зиёд шаҳодат медиҳад. Мувофиқи қонуне, ки дар шаҳри Краннони Фессалия қабулкарда шудааст, шаҳрҳои зиёд маҷбур буданд, ки бо шартҳои хеле вазнин пул қарз гиранд. Шаҳрҳои дигар бошанд, кушиш мекарданд, ки бо ҳаргуна шарте набошад, қарз бигиранд. Баъзан набудани пурраи воситаи зиндагӣ шаҳрҳоро маҷбур месохт тадбирҳое андешанд, ки хилофи меъёрҳои муқаррарӣ буданд. Баъди ғалаба бар форсҳо афинагиҳо ба шаҳри Ороп ҳамла оварда, онро ғорат мекунанд. Мувофиқи гуфтаи Павсания онҳо Оронро бештар аз рӯи зарурат “ғорат” карданд, на ба таври ихтиёрӣ, чунки афинагиҳо ба сатҳи охирини қашшоқӣ рафта расида буданд.

Вале на ҳамаи ҳамаи ин зуҳурот дар бораи таназзули умумии иқтисодиёти Юнон шаҳодат медиҳанд. Маълумоти сарчашмаҳо пур аз далелҳо дар бораи шахсони ниҳоят бой мавҷуд мебошад. Ин одамон зару зевари зиёд дошта, бо карру фар ва ба таври шоҳона зиндагӣ мекарданд. Дар Юнони замони эллинистӣмарказонидашавии боигариҳо сурат гирифта буд. Сабабе, ки ин корро осон мекард, шикастани муносибатҳои кӯҳна, бартараф кардани афзалияти маълуми полисӣ буда, натиҷааш он буд, ки масалан баъзе шахсҳо имконият пайдо карданд, ки якбора дар якчанд шаҳр замини хусусӣ дошта бошанд.

Юнони замони эллинистӣ ба майдони низоъҳои тезутунди иҷтимоӣ мубаддал гардид. Муборизаи оммаи қатории гражданҳои полисҳо бар зидди бойҳо дар зери шиорҳои кӯҳна сурат мегирифт: аз эътибор соқит кардани қарзҳо ва азнавтақсимкунии замин. Дар баъзе полисҳо, масалан, дар Итона ва Крит, ба савганде, ки ҷавонон ҳангоми дохилшавӣ ба қатори гражданҳои комилҳуқуқ мехӯрданд, моддае ҳам дохил карда шуд, ки онҳо “на заминҳоро тақсим мекунанд, на биноҳоро, на қитъаҳои заминҳои барои сохтмон муқарраркардаро ва на шикоят аз болои қарзҳоро”. Дар бораи Кинеф (дар Аркадия) Полибий маълумот медиҳад, ки гражданҳои ин шаҳр “аз замони қадим гирифтори ихтилофҳои шадиди бе ҳадду ҳудуд буданд ва дар натиҷа бисёрии онҳо қатл ва ё пеш карда мешуданд. Гузашта аз ин, амволи онҳо ба дуздӣ дода шуда. заминҳо ҳар маротиба аз нав тақсим карда мешуданд. Ва ниҳоят ҷонибдорони ахейҳо шаҳрро ба даст оварда, тантана карданд”.

Баъзан низоъҳои иҷтимоӣба муқаррар гардидани режимҳои золимму истибдодӣ оварда мерасониданд. Золимон ба мардуми қашшоқ такя карда, бо мардуми доро муборизаи шадид мебурданд. Масалан, мувофиқи маълумоти Диодор ва Полиен, ҳокими золими шаҳри Искандария Аполлодор амволи гражданҳои бойро мусодира карда, ба камбағалон тақсим карда, баъдтар бошад, ба Антон Гонат муқовимати шадид нишон додааст. Ҳокими истибдодии шаҳри Элида Аристотим намояндагони ашрофони маҳаллиро аз ҷойи зист пеш ва ё қатл кард, ки барои ин кирдор ӯ бо золимии даҳшатнок гунаҳгор дониста мешавад.Аристотим бо ёрии эголиҳо сарнагун ва ба қатл расонида мешавад. Ба кушандаи ин золим дар шаҳри Делфа ҳайкалча гузошта мешавад. Дар Беотия вазъият хеле мураккаб буда, барои ҳамин ҳукумат дар зарфи 25 солҷуръат намекард, ки қарзҳоро аз халқ рӯёнад.

Баъдтар, вақте ки Рим ба корҳои Юнон фаъолона ба дахолат оғоз кард, низоъҳои иҷтимоӣ боз як ҷиҳати нав пайдо карданд: оммаи асосии бойҳо ҷонибдори тобеият ба Рим буданд, камбағалон бошанд, бар зидди ин иқдом мубориза мебурданд Ҳангоми дар Маҷлиси халқии иттифоқи Ахей дар соли 146 то милод масъала муқовимат бо римиҳо муҳокима карда мешуд, стратеги итифоқ Критолай ба ҳукуматдорон рӯёнидани ҳар гуна қарзро аз қарздорон манъ карда, амр содир намуд, ки ҳамаи онҳоеро, ки ҳамчун истисно барои қарздорӣ ба ҳабскунӣ меоранд, қабул накунанд, баррасии шикоятҳо оид ба қарзҳо то анҷомёбии ҷанг мавқуф гузошта шаванд. Қабули ин қарорро Полибий бо он далел мефаҳмонад, ки дар Маҷлиси халқӣяк миқдор косибон ва одамони оддӣ иштирок накарда будаанд.

Вақте, ки Юнон дар зери ҳокимияти Рим мемонад, римиҳо ҳамаи кӯшишҳои эътирози иҷтимоиро ба таври золимонаторумор мекунанд. Навиштаҷоти аз шаҳри Димаи воқеъ дар Ахея пайдокард. Проконсули Рим ин воқеаҳоро ҳамчун “шӯриши паст ва исён” арзёбӣ кардааст. Халқ бо сардории Соса бойгонии давлатиро оташ зада, ҳуҷҷатҳоро несту нобуд месозад. Ба шаҳр мақоми наве дода мешавад, ки аз мақоми додаи римиҳо комилан фарқ мекард. Проконсули Рим Сосаро ҳамчун гунаҳгори “сарнагун сохтани сохти давлатии аз тарафи римиҳо додашуда” ҳисобида, ба қатл мерасонад. Иштирокчиёни дигари шӯриш низ ҷазо дода мешаванд.

Бояд зикр кард, ки мувофиқи маълумоти сарчашмаҳо низоъҳои иҷтимоӣ дар Юнони замони эллинистӣ аз ҳама бештар дар Спарта ба амал омада буданд.

ВАЗЪИ СПАРТА ДАР ЗАМОНИ ЭЛЛИНИСТӢ

Бӯҳрони ҳанӯз дар асри IV то милод дар полиси Спарта оғозёфта дар миёнаҳои асри III то милод ба авҷи баландтарини худ мерасад. Плутарх, ки ҳолномаи шоҳҳои ислоҳотпешаи спартагӣ Агиса ва Клеоменро навиштааст, вазъро дар дохили ҳайати гражданӣ ба тасвир медиҳад: аз шаҳрвандони баробарҳуқуқ танҳо 700 нафар боқӣ монда буд, аз он ҷумла 600 нафари онҳоро одамоне ташкил мекарданд. ки қитъаҳои меросии замин (клер) доштанд, 100 нафари онҳо табақаи болоии полисро ташкил медоданд, одамоне, ки ҳам қитъаҳои замини меросӣ ва ҳам заминҳои хуби ба дастоварда доштанд. Оммаи боқимонда бошанд, мувофиқи шаҳодати Плутарх, “мардуми қашшоқ ва паст”-ро ташкил медиҳад. Вазнинии вазъиятро судхӯрии золимона низ пурзӯр мекард. Аз он ҳамаи табақаҳои ҷомеаи Спарта азият мекашиданд. Дар сохтори сиёсии Спарта низтағйироти калон ба амал омад: рақобати ду сулолаи шоҳҳо тезутунд мешавад, герусия ва эфорҳо ба мақомоте мубаддал мешаванд, ки ба манфиати олигархия хизмат мекарданд.

Дар чунин шароит дар байни доираҳои ҳукмрони полиси спартанӣ, ки бо яке аз сулолаҳои шоҳҳо (Эвропондидҳо) алоқаманд буданд, точанде ғояи ислоҳоти иҷтимоӣ пӯхта мерасид. Мақсади ислоҳотхоҳон аз он иборат буд, ки салтанати Спарта дар тамоми Эллада набошад ҳам, ҳадди ақал дар Пелопоннес аз нав барқарор карда шавад. Барои ҳамин зарур буд аввал иқтидори ҳарбии Спарта эҳё карда шавад, ки ин падида дар шароити онвақта маънои эҳёи ихтиёриёни саршумори гражданҳои Спартаро низ дошт. Ташаббускори ислоҳот шоҳАгис буд. ки ӯ соли 245 то милод ба тахти подшоҳӣ менишинад. Агис барномаи таҳаввулоти ҳаматарафаи иҷтимоиро пешниҳод менамояд, ки он аз се нуқтаи асоии ба қарзҳо алоқаманд иборат буд: аз нав тақсим кардани замин, эҳёи “тарзи ҳаёти спартанӣ” бо золимии он, тамрини доимии ҳарбӣ ва тарбияи анъанаҳои ҷавонон.

Давлати Спарта

Ғояи ислоҳот аз тарафи аксарияти аҳолии Спарта ҳамовозӣ пайдо намуда, татбиқи он шиддатнокии вазъи иҷтимоиро дар ҷомеа пасттар кард. Ислоҳотро татбиқ карда истода. шоҳҷидду ҷаҳд ба харҷ дод, то ки мисли шоҳҳои мамлакатҳои бузурги эллинистӣҳокимияти номаҳдуд дошта бошад. Дар натиҷаи ин ислоҳот шоҳҳо ҳокимияти худро якбора пурзӯр карда, ба мақсади худ мерасанд. Шоҳҳои Спарта бе ягон назорат фонди замини полисиро ихтиёрдорӣ карда, онро натанҳо ба гражданҳо, балки ба хориҷиён ва аскарони кирояи ҳам тақсим мекунанд. Ҳайатҳои полисии гражданҳо ба таври пурра дар зери ҳокимияти шоҳҳо мемонад ва бо ҳамин дар чунин шароит арзишмандии граждании ҳуқуқи худро аз даст медиҳад.

Тақсимоти замин ба камбағалон тадбири бунёдӣ (радикалӣ) буд, вале амалӣ кардани он бо мақсади бо барпошавии салтанати Спарта алоқаманд карда мешуд. Дар замони мавҷудияти давлатҳои калони эллинистии дорои ҳокимияти мутлақае, ки дар шароити дахолати Рим ба корҳои Юнон оғоз меёфт, амалӣ шудани ин мақсад бегуфтугу дастнорас буд. Баъзан мақсадҳои спартагӣ дар сиёсати шоҳҳои ислоҳотпеша бо орзую умеди гражданҳои камбағалтарини Пелопоннес дар ҳолати ихтилоф қарор мегирифтанд. Сарфи назар аз қаҳрамониҳои камбағалони Спарта ва роҳбарони соҳибистеъдоди онҳо, ислоҳоти иҷтимоӣ дар Спарта ба шикаст дучор мешавад. Ҳамин тариқ, шиори дар замони эллинистӣ баргаштан ба сохти ҷомеаи ликургӣ бе ҷавоб ва татбиқнашуда мондан мегирад.

ШОҲАНШОҲОНИ СИТСИЛИЯ

Дар асри IV -III то милод мамлакати аз ҳама паҳновар дар Юнони Бузург шоҳаншоҳии Ситсилия ба шумор рафта, онро лашкаркашони бобарор Агафокл ва Гиерони III бунёд карда буданд. Баъди барҳам задани ҳокимияти золими меросхӯрони Дионисияи I, Сиракуза рӯ ба таназзул ниҳода, ба яке аз полисҳои сершумори Ситсилия мубаддал мешавад, дар худи Сиракуза бошад, бо сардории Шӯрои иборат аз 600 ашрофон (аристократ) идораи сарватмандон (олигархҳо) барпо мегардад. Охирҳои асри IV – аввали асри III то милодитаърихи Сиракуза бо номи Акрагон Агафоклалоқаманд аст. Ин шахс баромадаш ғайриашрофӣбуда, дар овони ҷавонӣ ба тайёркунии сива машғул будааст, аз ин рӯ,тахаллуси “сивасоз”-ро мегирад. Агафокл дар аввал ёрдамчии яке аз ашрофони Сиракуза – Дамас буда, баъд аз маргаш Агафокл ба беваи ӯ хонадор мешавад. Агафокл ба воситаи маблағи калони худ дастаи пурзури аскарони кирояро ташкил намуд. Инчунин эълон дошт ки талаби мардуми шаҳрдар бораи сабук кардани андозҳои вазнин ва беҳтар кардани шароити моддии зиндагии мардумро дастгирӣ мекунад. Сарватмандони (олигархҳои) Сиракуза аз нерӯманд шудани Агафокл тарсида, ӯро аз Сиракуза пеш мекунанд. Дар ғарибӣ монда, ӯ дастаи калони зархаридонро ташкил менамояд. Ба дастгирии аҳолии шаҳр ва камбағалони деҳотӣ такя карда, шаҳри Сиракузаро ба даст дароварда, Шӯрои 600-ро пароканда карда ва соли 315 пеш аз милод ҳокимияти истибдодии худро муқаррар намуд.

Шоҳигарии Ситсилия Агафокл

Бо нияти мустаҳкам намудани ҳокимияти худ дар Сиракуза, ҳокими истибдодии нав заминҳои аз ашрофон (аристократҳо) мусодира кардашударо ба ҷонибдорони худ тақсим кард, вале такягоҳи асосии ӯро қӯшуни муташакили аз ҳисоби юнониҳо, самнитҳо, этрускҳо, келтҳо таҳияшуда ташкил мекард. Чун дар замони Диониси Калонӣ, фармондеҳони аскарҳо дар амал ҳукумати Агафон буданд. Зархаридон он замин ва боигариероба даст дароварданд, ки аз ашрофони кӯҳнаи Сиракуза мусодира карда шуда буданд. Гражданҳои Сиракуза имтиёзҳои муайян мегиранд. Дар баробари ин Агафокл вонамуд кард, ки гӯё фикрҳои халқро ба назари эътибор мегирифта бошад. Масалан, баъзе масъалаҳои муҳими ҳаёти давлатиро ба муҳокимаи Маҷлиси халқӣ гузошта, дар баробари ин дархост ба он мекард, ки озодиҳои қаблиихалқиСиракузабарқарор карда шавад.

Агафокл мефаҳмид, ки ҳокимиятро бо зӯрии аслиҳа ба даст оварда, онро дар дасти худ танҳо ба воситаи ҷангҳои истилогаронаи бобарор нигоҳ дошта метавонад. Рақиби деринаи Сиракуза Карфагени абарқудрат буд. ки баъди марги Диониси Калонӣ аз заифии он истифода бурда, заминҳои зиёди Ситсилияи Ғарбиро ишғол менамояд. Агафокл дар ихтиёри худ нерӯҳои кифояи бар зидди Карфаген мубориза бурданро надошта, маҷбур мешавад, ки бо фармондеҳи қӯшунҳои Карфаген дар Ситсилия сулҳ бандад ва бар зидди чунин шаҳрҳои калони юнонӣ дар Ситсилия чун Акрагант, Муссана ва Гелла даст ба ҷангмезанад, ки он дар солҳои 316 – 313 то милод сурат гирифта буд.

Шоҳигарии Ситсилия бо маркази он яке аз ҷузъҳои таркибии замони эллинистӣ ва низоми муайяни сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва маданиро ташкил мекард, Сиракуза бошад, мисли шаҳрҳои Искандария, Антиохия дар Оронте, Пергам ва Эфес чунин маркази муҳими ин давлатро ташкил мекард.

Шоҳҳoи Ситсилия Агафокл,ДионисияиI ва Дионисияи II

Давлати Ситсилия омехтаи итиҳодияҳои гуногуни сиёсии шаҳрҳои Юнон ва заминҳои сукунати қабилаҳоро ташкил мекард ва худи ҳокими Ситсилия бошад, ба худ унвони шоҳро гирифта буд, гарчанде, ки вазифаҳои шоҳии ӯ аз вазифаҳои шоҳии давлатҳои Селевкиён ва Птоломейҳо тафовути калон доштанд. Агар ин шоҳҳо дар сиёсати иҷтимоӣ ба юнонию македониҳо такя мекарда бошанд, масалан, аз ҳисоби онҳо артиши касбӣ ва бюрократияи идораи давлатро тайёр мекарданд, пас Агафокл бошад, ба аскарони кироя такя мекард. Бесабаб нест, ки дар давлат маҳз онҳо аз имтиёзҳо бештар баҳравар мешуданд. Дар баробари ин, мақоми полисҳо, анъанаҳо, муассисаҳои гуногун дар давлати Ситсилиянисбат ба мамлакатҳои типпи эллинистии Шарқ бо моҳияти гуногунии иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсию мадании ҷомеаҳои, онҳо афзалият доштанд. Ин фарқият табиист, ки ба шотҳаншоҳии Ситсилия низ таъсири худро мерасонид.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *