Фанни Таърихи Чахон(Умум)

Пруссия дар асри 18- Иттиходи Рейн

Аз соли 1701 худуди Бранденбург ва каролии Пруссия муттахид гардида, шохигарии Пруссияро таъсис додаанд. Дар ин мамлакат системаи бюрократии давлатдори чори буд. Дар Пруссия ва дигар давлатхои шаркии Олмон дубора хукуки крепоснои чори гардид. Аз тарафи дигар, махз дар пруссия Имануел Кант ва Фихта ба фалсафаи классикии немис ибтидо гузоштаанд. Шахси машхуртарин дар Пруссия шохи он Фридрихи II буд. У чонибдори монархияи маорифпарвар буд. Дар армия истилохотхо чори намуда, чазохои чисмониро маън кард. Дар давраи хукмронии Фридрихи II Пруссия дар чангхои гуногун-чанги 7-сола, чанг барои мероси Австрия, чанг барои таксимоти Реч Посполита ширкат варзид. Рохбари империяи Рими мукаддас, Габсбургхои Австрия бошанд хам, онхо нуфузи зиёд надоштанд ва давлати нисбатан пуркувват Пруссия буд.

Соли 1804 Напалиён Бонапар императори Франсия гардид. Дар ин вакт Олмон мамлакати аз чихати сиёси окибмонда буд. Конунхои асримиёнаги чори буданд, парокандагии феодали давом мекард, як катор давлатхои Олмони бо Франсияи инкилоби (1789) мечангиданд. Тирамохи соли 1805 Напалион ба мукобили Австрия чанг эълон намуда, онро торумор кард. Соли 1806 империя Рими мукаддас бархам дода шуд, ба чои он иттиходи Рейн таъсис ёфт. Дар вакти хучуми напалион аз хисоби муттахид гардидан шумораи князигарихои Олмон хел кам гардид, шахрхои зиёди озод истиклолияти худро гум карданд, ки шумораи онхо бештар аз 80-нафар буд. То соли 1808 ба иттиходи Рейн ба гайр аз Австрия, Пруссия, Померания, Полштиния дигар хамаи давлатхои олмони дохил буданд. Дертар як кисми худуди Пруссия аз тарафи иттиходи Рейн забт гардид. Кариб дар тамоми худуди иттиходи Рейн хукуки крепостнои бархам дода шуд. Дар аксари давлатхои иттиходи Рейн кодекси граждании Напалион чори гардид, ки он мачбуриятхои феодалиро бархам дода, барои тараккиёти сармоядори рох мекушод. Иттиходи Рейн дар чангхои напалион иттифокчии Франсия гардида, ширкат меварзад. Баъди бархамхурии империяи Напалион дар соли 1813 иттизоди Рейн аз байн рафт.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *