Фанни Таърихи Чахон(Умум)

Маданияти Юнон дар замони Эллинисти

ВИЖАГИҲОИ УМУМИИ МАДАНИЯТИ ЭЛЛИНИСТӢ

Рафти рушди маданият дар марҳалаи эллинизм дар шароити нави таърихӣ сурат мегирифт. Ин ҷомеа нисбат ба замони пешин дар ҳудудҳое бунёд карда мешуд, ки дар он ҷо аллакай одамон сукунат доштанд. Агар дар замони пешин инсон худро пеш аз ҳама сокини полис ва ё ҷамоаи деҳотии Юнон дар Шарқи Пеш эҳсос мекарда бошад, пас дар замони эллинистӣҷойтағйиркунӣ ва омезишёбии аҳолӣ пурзӯр шуда, доираҳои танг васеъ мегарданд. Дар ин шароит сокинони натанҳо давлатҳои бузург,чун Селевкиён, Птоломейҳо, Македония, Ситсилия ва Пергам, балки ҳатто полисҳои хурди юнонӣ низ эҳсос менамуданд, ки натанҳо аъзои шаҳр ё ҷамое мебошанд, ки дар он таваллуд шудаанд, балки аъзои иттиҳодияи давлатии аз онҳо ҳам калону паҳновар мебошанд. Яъне сокинони тамоми олами эллинистӣҳам мешумориданд. Масалан, юнонии дар Аркадияи дурдаст таваллудшуда бо сабаби хизмат метавонист дар Миср, дар Бохтар ва Назди баҳри Сиёҳи дурдаст бошад. Сарфи назар аз ин, ӯ онҳоро дар тақдирашна гардиши фавқулодда, балки ҷараёни муқаррарии ҳаёти худ меҳисобид.

Андеша оид ба он, ки гӯё ҳамаи одамони собиқ империяи Искандари Макдунӣ худро на марбути халқу миллати худ, балки аъзои олами юнонӣ ва ё эллинистӣ мешумориданд, аз они муаллифу муҳаққиқони аврупоимаоб ва ё онҳое мебошад, ки эллинизмро аз ҳама арзишу ормонҳои миллӣ ваистиқлолияти давлатӣ болотар гузошта, муборизаи озодихоҳонаи халқҳои зиёди дар ҳайати давлатҳои эллинистибударо нодида мегирандва дидаю дониста аз ҳақиқати таърихӣ канораҷӯӣ мекунанд. Ин орзу дар қалби халқҳои тобеи юнонию мекедониҳобуда аз орзуи деринаи истиқлолиятхоҳии худ ҳеҷ гоҳ даст накашида, ҳатто даст ба шӯришҳои озодихоҳона мезаданд Вале ин гуфтаҳо маънии инро надорад, ки гӯё мо дастовардҳои эллинизмро рад мекарда бошем. Он дар ҳақиқат натанҳо дар ташаккули тамаддуни эллинистии Юнон, балки дар ташаккули давлатдорӣ ва тамаддуни халқу қавмҳои зиёд саҳми арзанда гузоштааст.

Васеъшаваи олами инсонро иҳотакарда, шиносоӣ бо шароитҳои нав ва маҳаллии зиндагӣ, ки маъмулан анъанаҳои қадим доштанд, донишҳоро ғанӣ мегардонданд ва ин, дар навбати худ, қобилияти эҷодии ӯро баланд бардошта, барои рушди маданият шароити мусоид фароҳам меовард.

Дар баробари ин, тавре маълум аст, дар замони эллинистӣ рушди босуръату мутаносиби хоҷагӣваболоравии ҷомеаҳои эллинистӣ дар ихтиёри худ имкониятҳои калони моддию молиявӣ дошта, метавонистанд як қисм боигарии худро ба соҳаи маданият сарф намоянд.

Сохти иҷтимоии ҷомеаи эллинистӣ, ки омезиши ғуломдории намуди полисӣ ва муносибатҳои ҷамъиятии Шарқи қадим, гуногунии сершумори зиддиятҳои иҷтимоӣ ва синфӣ, ноустувории низоми иҷтимоии эллинизм, дар ниҳояти кор, фазои махсуси ҷамъиятиро ба вуҷуд оварда, маҷмӯи муносибатҳои байниҳамдигарии гурӯҳҳо ва табақаҳои гуногунеро, ки дар низомҳои гуногуни идеологӣ инъикос гардида буданд, дар дин, фалсафа, илм, адабиёт, санъат ва қисмҳои таркибии он зуҳур меёфтанд.

Мақоми давлат дар соҳаи маданият дар нисбати замони клаасикӣ хеле тағйир меёбад. Шоҳҳои эллинистӣ, ки ба захираҳои бузурги моддӣ соҳибӣ мекарданд, аз поён то ба боло шабакаи муназзами дастгоҳи давлатӣ доштанд ва нисбати маданият сиёсати муайяни худро коркард намуда намуда, дар амал татбиқ мекарданд. Дар ин ҷода кушиш ба харҷ медоданд, ки ҷараёни эҷодиёти маданиро ба маҷрои барои онҳо зарур равон карда, барои маблағгузорӣ ба ин ва ё он соҳаҳои маданият маблағҳои калон ҷудо мекарданд.Дар натиҷаи ин ғамхорӣ пойтахту қароргоҳҳои ҳокимони эллинистӣ ва дастгоҳи марказии онҳо ба марказҳои пурзӯри мадании натанҳо давлати худ, балки тамоми олами эллинистӣтабдил меёфтанд.

Шоҳҳои эллинистӣ олимони машҳурро аз тамоми гушаю канорҳои олами эллинистӣба мамлакаташон даъват мекарданд, фаъолияти эҷодӣ ва зисту зиндагонии ин олимон аз тарафи давлат маблағгузорӣ карда мешуд. Чунин ҳайатҳои олимон дар Оронти Антиохия. Пергам, Сиракуза, Афина, Родос ва шаҳрҳои дигар ба вуҷуд омаданд, ки дар байни онҳо аз ҳама калон дар дарбори шоҳи Птоломейҳо – дар шаҳри Искандария воқеъ гардида буд.

Осорхонаи Искандария Китобхонаи Искандария

Асосгузори сулолаи Птоломейҳо Сотер, мувофиқи маслиҳати яке аз шогирдони Арасту Деметрий Фалер. муассисаи вижае таъсис намуд, ки он ба нӯҳ муза бахшида шуда буд, аз ин рӯ, онро музей номгузорӣ кард. Ин ҷо зарур аст, ки маънии “музаи” динии юнониҳо баён карда шавад.

Муза олеҳаи санъати юнонӣ, духтари Зевс ва олеҳаи хотираи Мнемосина мебошад. Музаҳо нӯҳто буданд ва ҳар кадоми онҳо вазифаҳои худашро иҷромекард: пуштибонии намуди муайяни санъатро бу ӯҳда дошт, ки онҳоро ном мебарем:

Каллиопа – музаи назми эпикӣ (назми эпикӣ, одатан нақли дуру дарози достон мебошад, ки дар бораи кирдорҳои қаҳрамонона нақл мекунад, ки онро достони қаҳрамонӣ меноманд: аз забони юнонӣҳамчун epikos, от epos.ба миён омадааст). Эвтерпа – муза назми лирикӣ. Эрато –музаи назми ишқӣ. Талия (Фалия) – музаи мазҳака. Мелпомена – музаи фоҷеа. Терпсихора – музаи рақс. Клио – музаи таърих. Урания – музаи ситорашиносӣ. Полигимния (Полимния) – дар аввал музаи рақсҳо буд, баъд музаи пантомима ва гимнҳо мешавад

Музей як қатор биноҳоеро дар бар гирифта буд, ки барои хондани гузориш (лексия), машғулиятҳои илмӣ ва китобхонаро дар бар мегирифт Дар охирҳои асри III то милод қисми зиёди захираи китобҳодар китобхонаи осорхонаи Искандария маҳфуз буд. Китобхонаи Искандария қариб аз ним миллион номгӯй китоби папирусии печонида иборат буд. Дар баробари китобхона барои олимони дар ин ҷо сукунатдошта хобгоҳ, ошхона ва биноҳои махсус барои сайру гашти онҳо сохта шуда буданд. Барои фаъолияти музей аз хазинаи шоҳ мабалағҳои махсус харҷ карда мешудандбо хоҳиши том барои кор дар осорхона олимони номварротом аз тамоми олами эллинистӣ даъват менамуданд. Дар асри IIIто милод дар Музеи Искандария Аполлоний Родосский, Эратосфен, Аристарх, Архимед, Эвклид, Каллимах ва олимони зиёди машҳури дигар фаъолияту эҷод мекарданд. Музеи Искандария ба як намуди академияи хеле хуб ташкилкарда мубаддал гардида, он воқеан маркази пурзӯри фарҳангшинохта шудааст. Таъсири Музеи Искандария дар илм ва маданияти эллинистӣбеандоза баланд буд. Ин аст, ки қисми зиёди кашфиётҳои бузург илмии ин замонро олимони Искандари кардаанд.

Рушди маданият дар мамлакатҳои Шарқи баҳри Миёназамин дар асрҳои III — I то милод аз рӯи он тағйиротҳои иҷтимоию сиёсие муайян карда мешаванд, ки дар ин минтақа баъди онро истило кардани Искандари Макдунӣ ва минбаъд ҳамоҳангу омезиш ёфтани маданияти юнонӣ ва маҳаллӣба миён омадаанд.

Гарчанде, ки дар вилоятҳо ва давлатҳои алоҳидаи эллинистӣ рафти ҳамоҳангӣ ба таври гуногун сурат мегирифт, вижагиҳои маҳаллӣ дар дин, адабиёт ва санъат боқӣ монда буданд, вале дар маҷмӯъ метавон онро маданияти замонӣ эллинистӣ номид. Ифодаи умумияти мадании ин замонро дар мамлакатҳои Осиёи Ғарбӣ ва Миср метавон дар забони “койнэ” ( ҳамчун “койнэ́” ва ё “кайнэ́” талафуз шуда, аз забони юнонӣ ҳамчун κοινὴδιάλεκτος ба миён омада, маънояш «забони умумӣ» ё “нутқи умумӣ” аст) дид, ки моҳияти умумиюнонӣ пайдо карда, он лаҳҷаҳои маҳаллиро аз истифода фишор дода бароварда будааст.

Архимед Аристарх Евклид

Эллиникунонии васеъ ва босуръати аҳолии шаҳрҳоро, бо истиснои танҳо аҳолии як қатор ҷамоаҳои қадими гражданию ибодатгоҳӣ, ба воситаи маҷмуи сабабҳои зерин маънидод кард: забони юнонӣ забони расмии маъмурияи подшоҳӣ ба шумор мерафт; ҳокимони эллинистӣ кушиш ба он доштанд, ки дар мамлакатҳои авлодию қабилавии худ забони ягона ва то ҷое, ки имкон дорад, маданияти ягонаро ҷорӣ намоянд. Дар шаҳрҳо, ки аз рӯи намуди юнонӣ сохта шуда буданд, ҳамаи ҳаёти ҷамъиятӣҳамон тавре сурат мегирифт, ки дар полисҳои Юнон ташаккул ёфта буд: мақомоти маъмурӣ, маҷлисҳои халқӣ, стратегҳо, гимнасияҳо, театрҳо, варзишгоҳҳо ва ғайра. Аз ин рӯ, худоҳо ҳам бояд дорои номҳои юнонӣ мебуданд. Вале дар ҷамоаҳои худидорашавандаи Бобул, баръакс, мардум забон, худоҳои Аккад, низоми ҳуқуқӣ, урфу одат ва анъанаҳои худро нигоҳмедошт.

Каллимах Эратосфен

Маданияти эллинистӣқонунияти идомаи он самтҳо, жанрҳо, доираи ғояҳо, ва тасаввуроте мебошад, ки дар Юнон дар асрҳои V — IV то милод ба миён омада буданд. Таъсири маданияти Шарқи қадим ба рушди маданияти эллинистӣ на танҳо дар махсусияти умумии ин ва ё он намуди маданият, балки дар ғанишавии он бо як қатор ғояҳои нав мушоҳида карда мешавад. Масалан, ғояҳои асрорангез ва фардии васеъ дар фалсафа, татбиқи як қатор дастовардҳо дар илми Шарқи қадим аз қабили тиб, фалсафа, ситорашиносӣ ва илмҳои зиёди дигар инъикос ёфтаанд.

ДИНИ ЭЛЛИНИСТӢ

Барои замони эллинистӣ нисбат ба асрҳои V — IV то милод баланд бардошта шудани мақоми дин дар тарзи зиндагии ҷамъиятӣ ва маданӣ хос аст. Дар тамоми Шарқи Наздики паҳновар сокин шуда, юнониҳо ва македониҳо ба ватани нав эътиқооти хоси худ – худоҳои Олимпиро оварда, онҳоро мепарастиданд. Вале дар ҷойҳои нав худоҳои анъанавии юнониҳо, чӣ дар зери таъсири шароити нави зиндагӣ дар байни аҳолии маҳаллии Шарқ, ва чӣ дар зери таъсири низомҳои динии дар Шарқи қадим коркардшуда, тағйири моҳият касб мекарданд.

Апполон Афродита Гермес

Парастиши худоҳои юнонии Зевс. Аполлон, Гермес, Афродита, Артемида ва худою олиҳаҳои дигар вижагиҳои наве пайдо мекунанд, кионҳо аз худоҳои комилан Шарқи қадим — Ҳурмуз, Митра, Аттиса, Кибели, Исида ва ғайра гирифта шудаанд Дар байни аҳолии юнонӣ парастиши Модари Бузурги Худоҳои Шарқ эътироф карда мешавад, вале, дар баробари ин ӯ обрую эътибори махсуси олиҳаи мисрии Исидаро пайдо менамояд. Барои ин олиҳа вижагиҳои олиҳаҳои зиёди юнонӣ – Гера, Афродита, Деметра, Селна хос буда, як намуд парастиши ҳамагонии худои занона мегардад.

Барои муштаракшавии (синкретизми) хоси динӣ на танҳо муштаракшавии вазифаҳои махсусиятноки юнонию шарқӣ дар низоми худоҳои анъанавии юнониҳо ва қадими шарқӣфарқмекард, балки барои ба вуҷуд омадани худоҳои нави муштарак низ хос буд. Мисоли нисбатан равшан парастиши худо Сарапис дар Миср мебошад, ки ӯ бо амри шоҳ Птоломейи Лаг аз тарафи рӯҳониёни юнонӣ ва мисри якҷоя коркард ва пешниҳод карда шуда, ӯ ҳам юнониҳо ва ҳам аҳолии маҳаллиро қонеъ мекард. Худои нави юнонию мисрӣ дар асоси худоҳои Осирис-Аписа, ки дар ибодатгоҳи Мемфис парастида мешуд, бо унсурҳои Худоҳои Олимпӣ – Плутон, Зевс ва Дионис муштарак ба миён омада буд. Дар зери унвони Осорапис, ки бо Сарапис ном тағйир дод, худои нав худои олии эллинҳо ва мисриён эълон карда шуда,дар тамоми мулкҳои ғайримисрии Птоломейҳо паҳн гардида, баъд ба Осиёи Хурд ва Юнони Балкан низ роҳ меёбад. Дар образи Сарапис худои олии ягонаро парастида, бо ҳамин талаботи мардумро ба худои ягона қонеъ карда шуд, ки ин майл ба яккахудоӣ махсусан дар Шарқ, масалан, дар Яҳуд хеле бузург буд.

Дар шароити ноороми ҷамъиятӣ ва сиёсии олами эллинистӣ, ки шоҳигариҳо таъсис ёфтаю вайрон мешуданд ва оммаи васеи аҳолӣ омезиш меёфтанд, дар ҳаёт дигаргуниҳои чуқур ва таркишҳои сиёсӣ, одамон ба парастиши Тақдир – Барорро ба сифати олиҳаи Фортуна оғоз мекунанд, гӯё ки ӯ ба онҳо бахту саодат, шаъну шараф ва боигарӣ меоварда бошанд. Чунин мафҳумо аз қабили Некӯкор, Саломатӣ, Саодат ва Шараф ба худоҳо табдил дода мешаванд. Яке аз вижагиҳои ҷустуҷӯи динии эллинизм ба худо табдил додани шоҳи мутлақа мебошад. Раияти хурд қариб ҳамеша подшоҳи абарқудрати давлати бузургро аз инсонҳо болою наздик ба худоҳо ва ҳамчун олами худоҳо меҳисобид.

Артемида Аттиса Гера

Ҳокимони эллинистӣпайваста ҷидду ҷаҳд бар он мекарданд, ки ҳукмронии худро аз назари идеологӣ асоснок ва таҳким бахшида, ба рушди мамлакатҳои сермиллати худ муваффақ шаванд. Ҳокимони Миср, Селевкиён ва як қатор подшоҳҳои дигари эллинистӣдаъвои худогароӣ пайдо менамоянд, ба мисли Сотер (наҷотдиҳанда), Эпифан (зуҳурот), Эвергет (некукор) ва ғайра. Дар ибодатгоҳҳои махсус рӯҳониён ба шарафи онҳо тадбирҳои гуногуни динӣ ташкил менамуданд. Дар замони эллинистӣ дар ҳаёти динию сиёсии давлат ва ҷомеа ғояҳои эҳсонкорӣ, боварӣ ба омадани наҷотбахши илоҳӣ – Месси паҳн мегарданд, ки бояд халқиазияткашидаро аз истилогарон наҷот диҳад.

Олиҳа Исида Олиҳа Митра Олиҳа Аҳуромаздо

Чун қоида, ғояҳои наҷотгароӣ (мессианӣ) дар байни халқиятҳои кӯчак, ки ба ҳайати давлатҳои бузурги эллинистӣбо роҳи зӯрӣҳамроҳ карда шуда, аз тарафи дастгоши марказӣ ва маҳаллии шоҳҳои эллинистӣ азият дода мешаванд, паҳн гардида буданд. Ғояҳои наҷотгароӣ (мессианӣ) махсусан дар байни аҳолии Яҳуди қадим, ки бо зӯрӣ ба ҳайати шоҳаншоҳии Селевкиён дохил карда мешавад, инчунин дар байни як қатор вилоятҳои Осиёи Хурд низ паҳн шуда буданд. Дар Пергам оммаи васеи азияткашида, аз он умла ғуломон бар зидди истилогарони римӣ шӯриш (солҳои 132 – 129 то милод) бардошта, Офтобро ба мақоми худованд бардошта, дар бораи давлати адолатноки Офтоб. ки дар он ҳамаи гражданҳо (гелиополитҳо) хушбахту саодатманд хоҳанд буд, орзу мекарданд.

Замони эллинистӣ, дармаҷмӯъ, ба ҷустуҷуи шаклҳои нави динӣ ва ғояҳо, рағбат ба монотеизм ва ҷиҳатҳои ахлоқии таълимоти динӣ хос буд. Дар натиҷаи ин ҷустуҷуҳоғояҳое тавлид меёбанд, ки дар оянда ба ҷузҳои таркибии дини насронӣ дохил мешаванд.

ФАЛСАФАИ ЭЛЛИНИСТӢ

Ҳамаи ин ҷустуҷуҳо мураккабшавии ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ, сиёсӣ ва ноустувории вазъиятро дар мамлакатҳои эллинистӣ, ки дар натиҷаи ин тағйиротунавгониҳо дар ҷаҳонбинии умумии одамон ба миён омада буданд, инъикос мекарданд. Агар дар асрҳои V – IV то милод асоси ҷаҳонбинии оммаҳои васеи аҳолии граждании полисҳои начандон калони юнониро ҳиссиёти баланди ватанпарастӣ, ҳамчун арзиши олӣ робитаи гражданинро бо шаҳри азизи худ, дар маҷмӯъ коллектив ва ба ӯ тобеъ кардани манфиатҳои шахсӣ ташкил мекарда бошад, пас дар давраи эллинистӣ вазъият тағйир меёбад. Дар шароити аз як ҷой ба ҷои дигар рафтани оммаҳои одамон дар қаламрави паҳновари мамлакат, сафарҳои дур, маъракаҳои ҳарбӣ, иртиботи одами мушаххас аз шаҳри азизи ӯ канда мешуд ва ӯ худро бештар на гражданини (политеси) он, балки сокини давлати бузург (гражданини ҷаҳон – космополитес) эҳсос мекард. Ҳамчун натиҷаи ин ҷараён мафҳуми арзиши олӣ будани дастаҷамъии гражданӣ ба ҷои дуюм мегузарад. Мансубият ба ба ҳайати дастаҷамъонаи гражданӣ акнун на онқадар асоси бобарории инсон, балки хайрхоҳии худоҳо, некукориҳои подшоҳҳо, ташаббуси шахсӣ ва бахту саодатро ташкил мекард. Ҳамаи инҳо асоси дастаҷамъиро заиф гардонда ва ҳисси инфиродӣ (индивидуализм), пеш аз ҳама боварӣ ба қувваи худро тавлид месохт. Аз тарафи дигар, ин омилҳо боварӣ ба бобарори кӯркуронаро ба миён оварда, шуури диниро мустаҳкам карда, шароити мусоидро барои паҳн шудани тасаввуроти асрорангез (мистикӣ) ба вуҷуд меовард.

Ксенофонт Полемон Эпикур

Тағйироти чуқурро дар ҷаҳонбинии мардуми замони эллинистӣ ба ҳолати фалсафа ҳамчун илми ҷаҳонбинӣ дар бораи қонуниятҳои ҷаҳон ва тафаккури ӯ ба вуҷуд овард. Маркази асосии фалсафаи эллинистӣ шаҳри Афина шуд, ки дар он ҷо бо ҳам якчанд мактаби фалсафии бонуфуз рақобат мекарданд. Ин вақт мактабҳои фалсафии шогирдони файласуфони бузурги асри IV то милод Афлотун ва Арасту мавҷудияти худро давом медоданд. Мактаби фалсафии Афлотун ба худ номи Академияро мегирад. Шогирдони наздиктарини ӯ Ксенофонт (430-354 то милод), Полемон (350-269 то милод), Кратет (365-285 то милод) солҳои 40-ум ва 30-юми асри IV – солҳои 70-уми асри III то милодмактаби фалсафиеро бо номи Академияи Қадим ташкил намуданд. Пайравони Афлотун дар асрҳои III — II то милод, ки файласуфони нисбатан машҳури онҳо Аркесилай ва Карнелл буданд, Академияи Миёна ё Навро ташкил мекунанд.

Акнун дар бораи фаъолияти баъзе мактабҳои фалсафии Юнони замони эллинистӣ ва файласуфони машҳури онҳо мухтасар маълумот медиҳем.

Муайян намудани ҷои фард (индивид) дар олами ноустувори иҳотакарда, барқарор намудани ягонагии инсон ва кайҳон, як навъ роҳбарии ахлоқӣ ба кирдори одамон (ба ивази роҳбарии анъанавии ҷамоагӣ) вазифаҳои муҳимтарини фалсафаи эллинистӣ мегарданд Мактабҳои нисбатан машҳури фалсафии ин давра мактабҳои эпикуриҳо ва стоикҳо буданд, вале мактабҳои фалсафии киникҳо ва скептикҳо низ то як дараҷа таъсири муайян доштанд.

Кратет Аркесилай Полемон

Яке аз файласуфони бузурги Юнони замони эллинисть Эпикур (солҳои 341 – 270 то милод) мебошад. Таълимоти фалсафии ӯро эпикуризм меноманд – таълимоти фалсафие, ки аз ғояҳои Эпикур ва пайравони ӯ ба миён омадааст. Мутобиқи он , неъмати олӣ лаззатбарӣ аз ҳаёт ҳисобида мешавад. Эпикур дар синни 32-солагӣ мактаби фалсафии худро аввал дар Митилини ва Лампсак (соли 310 то милод) ва баъди 5 сол онро ба Аҷина мекӯчонад. Мутобиқи эҳтимоли дигар мактаби Эпикур соли 306 то милод дар Афина таъсис дода шуда будааст. Мактаб дар боғи файласуф воқеъ гардида будааст, аз ин рӯ он “Боғ” (бо забони юнонӣκῆπος) ном мегирад ва пайравони Эпикур “Файласуфон аз боғҳо” номида мешуданд. Ба мактаб занҳо ва ғуломон қабул карда мешуданд ва аз онҳо дасткашӣ аз моликият талаб карда намешуд. Дар болои дарвозаи даромади мактаб чунин навиштаҷот мавҷуд буд: “Меҳмон, ин ҷо барои ту хуб хоҳад буд: дар ин ҷо кайфу сафо неъмати олист”. Баъди вафоти Эпикур ба “Боғ” мителянӣ Гермарх, писари Агеморт, роҳбарӣ мекунад. Баъд ба эпикуриҳо паиҳам Полистрат, Дионисий ва Басилид сарварӣ мекунанд.

Зенон Диоген Антисфен

Эпикур материалист ва давомдиҳандаи таълимоти Демокрит (назд.солҳои 460 – 370 то милод) буд. Демокрит чунин меҳисобид, ки шумораи беҳисоби атомҳо дар ҷои холии беҳисоб ҳаракат мекунанд; он мафҳум дар бораи вазни атомҳоро ҷорӣ намуд. Эпиашон берун мебароянд ва барои ҳамин бо ҳамдигар бармехуранд. Назарияи атомистии Эпикур ба мавқеи умумии ахлоқӣ такя мекунад: он нерӯи ғайритабииро истисно мекард. Мувофиқи ақидаи Эпикур, инсон қодир аст бе дахолати офарандагии худо бо иродаи шахсии худ дар ҳаёт ба бахту саодати ҳақиқӣ муваффақ шавад, зеро он дар тани солим ва ҷони ороми ӯ ниҳон мебошад. Эпикур бар зидди таълимот бар зидди тақдири азалӣ баромад мекард. Идеали ӯ инсоне буд, ки аз тарси марг озод буда, ба ҳоли тақдире механдад, ки “баъзеҳо дар он ҳукмрони ҳама чизро мебинанд”.

Тавре дида мешавад, ақидаҳои фалсафии Эпикур на танҳо материалистӣ, балкӣ мағз андар мағз атеистӣ низ буданд. Эпикур мавҷудияти худоҳоро рад намекард, вале мувофиқи таълимоти файласуф онҳо ба ҳаёти одамон дахолат накарда, дар фазои озод ва дар байни оламҳо вуҷуд доранд. Муқобилони Эпикур ӯро барои он муттаҳам мекарданд, ки ҳаёти пур аз кайфу сафоро тарғиб мекунад.

Яке аз мактабҳои машҳури фалсафии замони эллинистӣ мактаби стоикҳо ба шумор меравад. Асосгузори мактаби фалсафии стоикҳо ё худ стоитсизм Зенон (336 – 264 то милод) буд. Стоитсизм аслан мактаби фалсафиест, ки соли 300 то милод дар замони эллинизми барвақта дар Афина ба вуҷуд омада, то охири олами антиқа давом кардааст. Ин унвонро аз номи айвони Стоа Пойкиле (аз забони юнонӣστοάποικίλη,ҳарфҳои “айвони нақшу нигордор”) ба миён омадаст, ҷое ки асосгузори ин мактаб Зенони Китиӣ бори нахуст ба сифати омӯзгор баромад кардааст.

Дар таърихи стоитсизм се марҳалаи асосии онро фарқ мекунонанд: Марҳалаи Қадима (Калонӣ) Стоя (охири асри IV – миёнаи асри II то милод),Марҳалаи Миёна (асрҳои II – I то милод), Марҳалаи Нав (асрҳои I – III милодӣ). Дар замони мо аз намояндагони нисбатан маълуми стоикҳои қадим Зенони Китиӣ, Клеанф ва Хрисипп мебошанд. Намояндагони намоёни стоитсизм дар Рими Қадим Сенека, Эпиктет ва Марк Аврелий буданд. Маънои маҷозии стоитсизм дар санҷишҳои зиндагӣқатъият ва мардонагӣ мебошад.

Стоикҳо фалсафаро ба физика, этика ва мантиқ тақсим мекарданд. Физикаи онҳо, яъне тасаввурот дар бораи табиат, барои фалсафаи юнониҳо анъанавӣ буд: барои онҳо тамоми олам аз чор унсури асосӣ иборат буд – ҳаво, оташ, замин ва об, ки онҳоро хирад (логос) ба ҳаракат медарорад Инсон як қисми табиат буда, дар баробари ин,ӯқобилияти хирадро дорад. Ҳамаи зуҳурот аз рӯи робитаи сабабӣ муайян карда мешавад: мувофиқи ақидаи стоикҳо он чӣ ки тасодуф ба назапр мерасад, дар амал натиҷаи сабабҳои кашфнашуда мебошад. Худоҳо низ дар зери ҳокимияти Логос ё Тақдир қарор доранд.

Ба Зенон гуфтори зеринро нисбат медиҳнд: “ Тақдир – ин қувваест, ки материяро ба ҳаракат медарорад…он аз сарнавишт фарқе надорад”. Зенон инчунин табиатро низ Тақдир номидааст. Бояд зикр кард, ки ба стоикҳо таълимоти динию фалсафии шарқӣ таъсир расонида будааст. Бесабаб нест, ки дар баробари рушди фалсафаи стоикӣ Тақдир аз тарафи стоикҳо ҳамчун нерӯи абарқудрат ва идрокнашавандаи илоҳӣқабул карда мешуд. Баъзе стоикҳо ба ситорашиносии Шарқи Наздик (масалан, файласуф Посидоний) машғул мешуданд. Фалсафаи стоикҳо дар тамоми мамлакатҳои ҳавзаи Баҳри Миёназамин ҷонибдорони худро дошт. Яке аз шогирдони Зенон – Герилл аслан аз Карфаген буд.

Дар замони эллинистӣ мактаби фалсафии кинникҳо (аз номи гимнасияи воқеъ дар Афина – “Киносарг”) мавҷудияти худро идома медиҳад. Он дар Юнони қадим дар асрҳои V- IV то милод ба вуҷуд омада, онро ба номи мутафаккир Антисфен алоқаманд мекунанд, ки ӯ аз ҷумлаи пайравони Суқрот будааст. Диоген асри III то милод ин таълимотро инкишоф дода, кинники аз ҳама машҳур мешавад. Унвони мактаби кинникҳо бо калимаи юнонии “Саг” алоқаманд дониста мешавад. Диоген ба пайравони худ маҳз ҳамин тарзи ҳаётро тавсия карда, онро ба ҳаёти ва олами худ алоқаманд мекунонад.

Киникҳо зарурати озодкунии пурраро аз неъматҳои моддӣ ва ҳаётӣ бо маънии аслии ин гуфтаҳоро таълим медоданд. Онҳо камбағалии ҳудудан ниҳоят пастро таърифу тавсиф карда, ғуломдорӣ, дини анъанавӣ ва давлатро рад мекарданд.

Антисфен шогирди Суқрот (436 – 370 то милод)буд. Ӯ ҳам чунин мешуморид, ки ҳаёти инсон бояд бо ҷустуҷӯи инсони некӯкор алоқаманд бошад.Вале нисбат ба Суқрот, ки эълон доштабуд: ба суи некукор бояд ба воситаи донишу ҳамоҳангии хирад ва эҳсос рафтан лозимаст, Диоген мегӯяд, ки дониш худаш некукор мебошад. Дар баробари ин, донишҳоеро рад мекард, ки дар ҷомеа ҷамъ карда шудааст ва даъват ба он мекард, кидонишҳоро аз таҷрибаи худ истифода бурда, ба даст овардан лозим аст. Охир асп – асп аст,танҳо як воқеият вучуд дорад. Яъне дониш соф категорияи субъективӣ мебошад. Антисфен чунин мешуморид, ки малакаи хондан, навиштан ва зебо ҳарф заданбарои инсон зиёдатӣ аст. Инсон чи қадаре, ки аз таҷрибаи одамӣ камтар медонад, ҳамон қадар ба табиат ва Худо наздиктар қарор мегирад.

Ҳамин тариқ, Антисфен таълим медод, ки аз ҳаёти ҷамъиятӣ ва иҷтимоӣ даст кашида шавад. Танҳо индивидуализм инсонро ба суи фаҳмиши некукор мебарад. Неъматҳои тамаддун инсонро вайрон мекунанд, ӯро аз табиат, Худованд ва некукор ҷудо месозад. Сарватмандӣ ва ҳокимият разиланд ва инсонро аз худи ӯ ҷудо карда, ба як унсури сунъӣ мубаддал мегардонанд. Аз ин рӯ, кинникҳо пеш бурдани ҳаёти шадиди гушанишинии аскетиро таълим медоданд.

Тавре гуфта шуд, файласуфи нисбатан маълуми кинникҳо Диоген буд. Ӯдар замониҳукмронии Искандари Макдунӣ дар хуми калони сафолӣ хушу хурсандона умр ба сер бурда будааст. Қиссаҳое боқӣ мондаанд, ки мувофиқи яке аз онҳо Искандари Макдунӣ ба назди Диоген омада, мепурсад, ки ӯ чӣ хоҳишҳое дорад. Диоген ба шоҳ чунин хитоб мекунад: “Офтобро ба рӯи ман напушон”.

Аксарияти кинникҳо дар замони эллинистӣ тарғибкунандагони оворагарди қашшоқ буданд. Таълимоти кинникҳо дар шакли соддалавҳона эътирози фардро инъикос мекард ва аз робита ба ҷомеа канда шуда, ба муқобили гуногунии иҷтимоии ин ҷомеа баромадааст.

Скептитсизм яке аз самт ва мактабҳои фалсафии замони эллинизм мебошад. Скептитсизм аз забони юнонӣ гирифта шуда, маънояш “скеепсис” таҳқиқот, баррасӣ мебошад. Намояндагони ин мактаби фалсафӣ ягон хел таълимоти мусбатро дар бораи олам ва инсон пешниҳод нанамуда ва ҳақиқӣ будани маърифатро ҳам тасдиқ накардаанд, вале дар баробари ин, аз баҳодиҳии ниҳоии ҳама чиз худдорӣ мекарданд. Дар баробари эпикуризм ва стоитсизм, скептитсизм яке аз мактабҳои пешқадами фалсафаи антиқии замони эллинистӣ ба шумор мерафт. Ҳамаи таълимотҳои фалсафии ғайрискептикӣ дар дохили мактаб “догматикӣ” номида мешуданд. Таърихи скептитсизмро чун анъана дар ду мактаби пайрав баррасӣ мекунанд: Пиррон ва пайравони он ва скептитсизми Академияи Нав.

Асосгузори он мактаби перронизми барвақта Пиррон аз Элида (солҳои 365 – 275 то милод) ва давомдиҳандаи кори ӯ Тимон аз Флиунта дар асри I то милод буда, бо азнавэҳёкунандагони фалсафаи Пиррон бо скептикҳо -Энесидем ва Агриппа алоқаманд мебошад.

Академияи скептикӣ аз схолархата (схолар – роҳбари мактаб) Аркесилая (наздики соли 268 то милод) оғоз ёфт, то замони Филон ва Ларисса (асри Iто милод) идома меёбад.

Скаптикҳо се масъалаи асосии фалсафаро таҳия намуданд: табиати ашёҳо чигунаанд? Мо бояд бо онҳо чигуна муносибат кунем? Аз ин гуна муносибат мо кадом фоидаро ба даст меоварем?Ва ба онҳо ҷавоб медиҳанд: мо табиати ашёҳоро дониста гирифта наметавонем, барои ҳамин мо бояд аз мулоҳизаронӣ ва аз масъалаҳои ҳақиқат худдорӣ намоем. Натиҷаи ин муносибат бояд оромии руҳ (“атараксия”) бошад. Хулоса дар бораи қобили маърифат набудани ашёҳо дар он асос бароварда мешавад, ки баробарисботкунии муҳокимаронии тарафҳои муқобил дар бораи ин олам ва номумкин будани яке аз мулоҳизаҳоро ҳамчун бештар ҳақиқӣ шуморидан, нисбат ба муҳокимаронии тарафи дигар, ғайриимкон аст. Худдорӣ аз муҳокимаронӣ (“эпохе”) ҳолати махсуси ақл мебошад, ки ҳеҷ чизро тасдиқ намекунад ва ҳеҷ чиз рад карда ҳам намешавад.

Файласуфони нисбатан бонуфузи скептитсизм намояндагони Академияи Нав — Аркесилай ва Карнеад буда, онҳо ба танқиди фалсафаи стоикӣ ва гносеологӣ вақту қувваи зиёд сарф кардаанд. Дар маҷмӯъ, скептитсизми баъд аз Пирронро, дар нисбати таълимоти пуробу ранги ахлоқии Пиррон, бо таваҷҷӯҳ нисбати масъалаҳои мантиқию гносеологӣ фарқ мекунонад.

Аркесилай Карнеад

Сарчашмаҳо оид ба скептитсизм хеле бад маҳфуз мондаанд: аз рисолаҳои скептикҳо – академикҳо пораҳои хеле ночиз боқӣ мондаанд. Пиррон ҳамчун ҷонибдори нисбатан барвақтаи скептитсизм , аз худ ягон хел рисолаи хаттӣ боқӣ нагузоштаст. Маълумотҳои муҳим дар бораи скептитсизми антиқӣ дар рисолаҳои Секст Эпирик (охирҳои асри II то милод) инъикос гардидаанд, махсусан дар се китоби нишондодҳои Пиррон.

Дар бораи скептитсизм ва файласуфони скептитсизм чанд мулоҳизаи дигарро ҳам баён месозем. Ҳамчун доктринаи фалсафӣ скептисизм дар замони бӯҳрон дар ҷомеаи асри IV то милод ҳамчун ҷавоб ба низоми фалсафаи гузашта ба миён омадааст. Намояндагони ин мактаби фалсафӣ бо ёрии мулоҳизаҳои босиравӣ кӯшиш мекарданд, ки олами эҳсосшавандаро маънидод карда, дар айни замон дар бисёр мавридҳо бо ҳамдигар дар ақидаҳои муқобил қарор доштанд.

Энесидем Секста Эмпирик Пиррон

Скептитсизм ба қуллаи баландтарини худ дар таълимоти Пиррон (солҳои 360-270 то милод), Аркесилай (солҳои 315-240 то милод), Карнеада, Энесидем (солҳои 80 – 10 то милод), Секста Эмпирик (солҳои 160-210 милодӣ) ва дигарон мерасад. Анъанаҳои софистҳоро идома дода, скептикҳои нахустин идроки нисбии инсон, исботнашавандагӣ, вобастагии он аз шароитҳои гуногун (ҳолатҳои зиндагӣ, вазъи узвҳои ҳис, таъсири анъанаву одатҳо)-ро қайд кардаанд. Шубҳа доштан ба имконияти исботи эътирофшудаи умуми донишҳо асоси ахлоқии консепсияи сккептитсизмро ташкил намудааст.

Пиррон сарвари ин мактаби фалсафӣ буд. Ӯ мактабҳои дигари фалсафиро ба зери танқиди сахт гирифта, принсипи дасткашӣ аз ҳама гуна тасдиқот (догма)-ро эълон мекунад. Ҳамаи низомҳои фалсафие, ки ба назарияҳо ва муқаррарот асос ёфтаанд, скептикҳо догматикӣ меномиданд. Скептикҳо мегуфтанд, ки ба ҳамаи нишондоди ба он баробар муқобил истодан мумкин аст. Дар натиҷаи ҳамин онҳо чунин ҳисобиданд, ки умуман ягон чизро тасдиқ намекунанд. Хизмати асосии файласуфони мактаби фалсифии скептикӣ дар он зуҳур ёфтааст, ки назарияҳои фалсафии дар замони муосир вуҷуддоштаро ба зери танқид мегиранд, аз он ҷумла бар зидди таълимот дар бораи сарнавиштро низ.

Дар маҷмӯъ фалсафаи эллинистӣ худ қадаме буд ба пеш дар рушди тафаккури фалсафӣ. Ин фалсафа фалсафаи дунёи қадимро бо ғояҳои чуқуру навгонӣғанӣ гардонда, дар хазинаи тамаддуни умумибашарӣҷои намоёнро ишғол намудаст.

АДАБИЁТИ ЭЛЛИНИСТӢ

Дар замони эллинистӣ дар адабиёт низ тағйироти калон ба амал меояд. Бояд гуфт, ки адабиёти эллинистӣ гуфта одатан адабиёти юнонизабони асрҳои III — I то милодро меноманд. Ҷараёни адабии замони эллинистӣ, аз як тараф, тағйиротҳои калонро дар фазои умумии иҷтимоӣ ва рӯҳонӣ, аз тарафи дигар, анъанаҳои онро идома медод, ки дар адабиёти замони классикӣ ташаккул ёфта буданд. Баъзе ҷиҳатҳои навро дар рушди адабиёти замони эллинистӣқайд кардан мумкин аст.Дар ин давра, пеш аз ҳама, доира ва шумораи шоирону нависандагон васеъ мешавад. Аз замони эллинистӣ номҳои зиёда аз 1100 нависандагони жанрҳои гуногун адабиёти бадеь боқӣ мондаанд, ки нисбат ба замони классикӣ хеле зиёд мебошад. Ин далел шаҳодат медищад, ки аҳамияти адабиёт дар байни оммаҳои васеи хонандагон ва болоравии талаботи хонанда ба асарҳои адабӣ зиёд шуда будааст.

Адабиёти эллинистӣ шароити мавҷударо воқеъбинона инъикос намуда ва талаботи нави хонандагонро қонеъ кунонида, худ дар асоси адабиёти классикӣ рушд мекард. Чун дар замони классикӣ театр, намоишҳои театрӣ ба вазъи адабиёт таъсири калон мерасониданд. Бояд хотиррасон кард, ки шаҳри эллинистиро бе театр, ки одатан то нисфи аҳолии шаҳрро ғунҷонида метавонист, тасаввур кардан мумкин набуд. Театр, ки комплекси биноҳои махсусу хуб зебу зинатдодашударо ташкил мекард, ягонагии маълуми меъмориро пайдо намуд. Дар фаъолияти худи театр низ тағйиротҳои калон ба амал омаданд: аз он хор бароварда шуда, ин корро бевосита актёрҳо иҷро мекарданд, ки дар натиҷа шумораи онҳо меафзояд. Ороиш (реквизит) намоишномаҳо низ тағйир меёбад: ба ҷои ниқоби тамоми сарро мепӯшонидагӣ ниқобҳое истифода бурда мешуданд, ки нишонаҳо воқеии инсониро ифода мекарданд ва ба либосҳои ҳамарӯза мепӯшидагӣ наздик буданд, Бо ҳамин иҷрои нақшҳо дар намоишномаҳо реалистонатар ва ба моҳияти ба ҳаёт наздиктарро мегирифт.

Шаҳри Касандра Ликофрон

Тағйирот дар фаъолияти театрҳо дар натиҷаи завқҳои нави тамошобинони эллинистӣ ва жанрҳои нави драматургия ба миён омаданд. Дар замони эллинистӣ ба саҳнагузории фоҷеаҳо идома меёфт, чунки ба ҷашнвораҳои ҷамъиятию динии шаҳрҳои зиёд мансуб буданд. Фоҷеаҳо дар асоси сюжетҳои асотирӣ ва муосир навишта мешуданд. Яке аз фоҷеанависони маъруф Ликофрон бо фоҷеа дар бораи шаҳриКасандра ҳангоми муҳосира ва инчунин драмаи сатирии “Менедом” машҳур мешавад, ки дар он ихтилофро дар байни ҷидду ҷаҳди инсонпарварона ва ҳаёти одамони пастфитратро нишон додааст.

Вале драматурги нисбатан машҳури жанр дар замони эллинизм мазҳакаи нав ё худ мазҳакаи ахлоқ мешавад, ки бархурди характерҳои гуногунро инъикос менамояд, масалан, пирамарди хирадманд ва ҷанговари лофзан, духтари некӯкор ва даллаи хатарнок ва ғайраҳоро.

Яке аз намояндагони ин драмаи рӯзғорӣ шоири афинагӣ Менандр (солҳои 342 – 292 то милод) буд. Дар мазҳакаҳои ӯ маҳорати баланд дар тасвири характерҳ, ворид сохтани ҷиҳатҳои равонӣ ба воқеаҳо, малакаи дарки унсурҳои рӯзғор, забони буррою боақлу заковат, дар банду басти ихтилофҳо моҳир будан маҳорати баланд дида мешаванд. Мазҳакаҳои Менандр ҳаёти Афина, рӯзғори ҳаррӯзаи мардум, манфиатҳои хурд, вале ҳамон қадар аз талошҳои сиёсии мазҳакаи классикӣ дурро инъикос мекарданд. Ҳаётро реалистона инъикос намуда, Менандр ин корро то он дараҷа бадеӣ ва то ҳамон дараҷае чуқуру ҳаматарафа ба ҷо меовард, ки дар қаҳрамонҳои ӯ сокинони шаҳрҳои зиёди эллинистӣ ва баъд Римҳамҳамзамонони худро медиданд. Ин услуби навишти образҳо ва инъикоси воқеияти ҳаёт мазҳакаҳои Менандрро дар байни мардум машҳур мекард ва онҳо дар тамоми олами эллинистӣ паҳн мегардиданд.

Агар Афина маркази мазҳакаи нав ва драмаи рӯзғор бошад, пасИскандария ба маркази назми эллинистӣтабдил ёфта буд. Олимони осорхонаи Искандария ба эҷодиёти назмӣҳамон қадаре диққат медоданд, ки ба машғулиятҳои фалсафӣтаваҷҷӯҳ зоҳир доштанд. Дар Искандария жанри махсуси шеърӣ ташаккул дода шуд. ки он александризм ном мегирад. Ин жанри шеър аз муаллифон донишу малакаи васеъро тақозо мекард, махсусан дар мавриди тасвири сюжетҳои асотирӣ, коркарди шаклҳои зоҳирии асар ва эҷоди ҳаматарафаи ҳар сатри шеър, дасткашӣ аз калимоти оддии мардумӣ ва ғайраро тақозо мекард. Ин назм, ки аз масоили таваҷҷӯҳомези ҷомъиятӣ орӣ буд, барои доираи танги дарборӣ ва ашрофони соҳибмаърифат муқаррар гардида, , дар бораи пастравии ҳисси ҳақиқии шоирӣ, дар бораи аз тарафи олимон иваз карда шудани назми ҳақиқӣ бо таҳқиқотҳо дар шакли шеър шаҳодат медиҳад.

Менандр Каллимах Береника

Асосгузори услуби Искандария сарвари осорхона ва мураббии меросхури тахту тоҷ Каллимах (солҳои 310 – 240 то милод) буд. Каллимах филологи олиҷаноб ва шоири сермаҳсул буд. Ба ӯ асарҳои гуногун дар мавзӯҳои адабӣ ва таърихӣмансуб буданд. Достонҳои нисбатан маълуми ӯ “Гекала” ва “Сабабҳо” мебошанд, ки дар онҳо аз тариқӣ шоирӣқиссаҳои асотирие коркард шуда, бавуҷудоии ин ва ё он ҷашнвораҳои динӣ, маъракаҳои ҷамъиятӣ ё одатҳои пурасрорро кушода медиҳанд. Ҳамин тариқ, дар достони “Гекала” асотирдар бораи ҷашнгирии Гекалий тасвир ёфта, он дар алоқамандии нафратхонӣ ба буқа инъикос пешниҳод гардидааст.

Ба Каллимах инчунин эпиграммаҳои начандон калон, асарҳое, ки бо андозаи камёби шоирӣ ямб навишта шуда, дар онҳо баъзе мавзӯҳои қиссаҳои халқӣ коркард мегардад. Ба ин ҷумла нақлҳо дар бораи хирадманд аз Милет ва ғайраҳо дохиланд. Дар сурудҳои маҳфузмондаи худ Каллимах бо шарафи худоҳои маълуми юнонӣ натанҳо табиати илоҳиро шаҳратманд мегардонад, балки вазифаҳои муносибатҳои байниҳамдигарии инсонҳоро дар шакли бадеӣ ва тасвири табиати ягон хел урфу одат ва анъанаеро ҳалмекунад.

Яке аз манзараҳои воқеииКаллимах дар бораи чанд тори муйсари малика Береникаро ба ибодатгоҳи Афина ба хотири баргаштани шавҳараш Птоломейи II аз лашкаркашӣ ба Сурия дар асри 1 пеш аз милод ҳамчун шодиёна бахшида шуда, баъди чанде аз тарафи шоири Рим Катулло (“Локон Береника”) коркард шудааст, ки он дар оянда ба хазинаи назми умумибашарӣворид мегардад.

Дар эҷодиёти Каллимах жанрҳои асосии нвзми Искандария ба қайд гирифта шудаанд, ки баъд аз ӯ шоирони дигар коркард намуда буданд. Ҳамин тариқ, Арат дар тақлид ба “Сабабҳо” бо номи “Воқеа” достони калонеро меофарад, ки дар он тасвироти шоирии ситораҳо ва анъанаҳои бо онҳо алоқамандро нишон додааст. Никандраз Колофон достонеро дар бораи заҳрҳо ва ақсулзаҳрҳо ва рисолаҳои назмие дар бораи кишоварзӣ ва замбурпарварӣ эҷод кардааст

Услуби эпиграмма, ки онро Каллимах оғоз кардааст, дар эҷодиёти Асклепиада(124/29 – 40 то милод), Посидипп (310 – 240 то м.)идома ёфтааст. Дар эпиграммаҳои кӯтоҳи онҳо тавассути расмчаҳои начандон калон, вале хеле нозук воқеаҳои гуногуни рӯзғор, муносибатҳо ва характерҳои гуногуни инсонҳоро дода, дар маҷмӯъ манзараи пурраи ҷомеаи эллинистиро тасвир менамоянд. Дар эпиграммаи Леониди Терентӣ тасвири рӯзғор, фикру андешащо ва ҳиссиёти халқи оддӣ,подабонҳо, моҳигирон ва косибон дода шудаанд.

Дар замони эллинистӣ жанри эпоси сунъӣ аз ҳама зиёд машҳур шуда, намояндаи нисбатан маълуми он Аполлонияи Родосӣ, муаллифи достони калонҳаҷми “Аргонавтика” (асри III то милод) буд. Дар ин достон Аполлония, нусхаҳои сершумори асотириро муқоиса карда, шинокунии аргонавтҳоҳоро ба соҳилҳои Колхидаи дурдаст тасвир менамояд. Дар маҷмӯъ достони Аполлония чунин асарест, ки он, пеш аз ҳама, дар бораи меҳнатдӯстӣ нақл мекунад, на дар бораи истеъдоди шоирии муаллиф, вале тасвири ишқи Медея ва Ясон, ки бо рӯҳбаландии калон оғоз ёфтааст, яке аз офаридаҳои нодири адабиёти назмиизамони эллинисть шуморида мешавад.

Асклепиад Полибий Плутарх

Жанри барои адабиёти эллинистӣ хосе, ки кайфияти ҷамъиятиии замони худро инъикос менамояд, назми буколистӣ, ё идиллистӣ (орзуи хушбахтӣ) ва романҳои хаёлии иҷтимоӣ шуд. Дар олами мураккаб ва номутаносиб, дар зери зулми маъмурияти подшоҳӣ, шиддатнокии иҷтимоӣ ва ноустувории сиёсӣ зиндагӣ карда, раияти шоҳҳои эллинистӣ дар бораи зиндагии хушбахтона ва ороми аз ҳамаи ташвишҳо орӣ орзу мекарданд. Яке аз асосгузорони жанри орзу ФеокритиСиракузӣ мешавад, ки ӯ дар Искандария (солҳои 315 – 260 то милод) зиндагӣ мекунад. Дар идиллияҳои (орзуҳои) Феокрит саҳначаҳои подабонӣ ба қалам дода шуда, дар онҳо вохӯриҳо, сӯҳбатҳо ва муносибатҳои байниҳамдигарии подабонҳо ва бонуҳои дӯстдоштаи онҳо тасвир ёфтаанд. Подабонҳо дар бораи ишқу муҳаббати подабон нисбат ба духтари соҳибҷамол, дар бораи воқеаҳои маҳаллӣ, подаҳо ва ихтилофҳо сӯҳбати фориғболона мекунанд. Амали берун аз воқеият дар заминаи манзараи муайян олами сунъии беташвиши одамонеро ба вуҷуд меоварад, кион аз олами эллинистии воқеӣ тафовут дошт.

Аполлония Феокрит Медея ва Ясон

Худи чунин кайфияти рафтан ба олами номаълум дар романҳои хаёлии асрҳои III — II то милод тасвир ёфтааст. Дар романҳои Эвгемера ва Ямбуламамлакатҳои фантастикӣ, ҷазираҳои олиҷаноби дар ким -кадом канори олам – Арабистон ва Ҳиндустони дурдаст воқеъгардида тасвир ёфтаанд. Дар он ҷое, ки одамон аз ҳаёти хушбахтона дар шароити табиати хушманзар лаззат мебаранд. Ин одамон пурра аз ҳама чизи зиндагӣ таъминанд, муносибатҳои самимӣ доранд, саломатиашон олиҷаноб аст. Рӯзғори ин одамон рӯзғори худоҳоро мемонад. Дар романи Эвгемера консепсияи аҷоиби пайдоиши худоҳо рушд ёфтааст. Худоҳо ин одамонеанд, ки барои хизматҳояшон дар ҳаққи гражданҳо ба худоҳо табдил дода шудаанд. Маҳбубияти калони ин жанр нишон медод, ки муаллифони онҳо ба таври дақиқ кайфияти оммаи васеъи аҳолиро дарк карда будаанд.

Диодор Ситсилий Помпей Трог Плутарх Полибий

Дар қатори жанрҳои насрӣҷои намоёнро асарҳои таърихӣ мегирифтанд. Дар замони эллинизм таърихнигории бой (таърихи Тимея, Дурис, Арат, Филарх ва ғайра) ташаккул ёфта буд. Вале асари нисбатан калони таърихӣ- “Таърихи”-и Иероним аз Кардия буд, ки тасвири арзишмандеро дар бораи таърихи эллинизм – аз марги Искандар сар карда, ки дар лашкаркашии ӯ иштирок кардааст ва то марги Пирр соли 272 то милодро дар бар гирифтааст. Баъдтар аз маълумотҳои Иэроним ДиодорСитсилӣ, Помпей Трог, Плутарх( тахминан солҳои 45 – 127 милодӣ) ва Арриан истифода бурдаанд. Қуллаи баландтарини таърихнигории эллинистиро “Таърихи умумӣ”-и Полибий ташкил менамояд, ки ӯ асари хеле калони иборат аз 40 китобро дар бораи таърихи тамоми ҳавзаи баҳри Миёназамини аз соли 220 то соли 146 то милодро таълиф менамояд. Асари Полибий(солҳои 200 – 118 то милод) аз тарафи стоик Посидон давом дода шуда, воқеаҳои таърихиро аз соли 146 то соли 86 то милодро дар 52 китоб инъикос намудааст.

Арриан Манефон НикандрКаллимах

Дар оғози асри III то милод рӯҳонии мисрӣМанефонва рӯҳонии Бобул Беросдар асоси бойгониҳои маҳаллӣ ва анъанаҳои бой таърихи мамлакатҳои худро бо забони юнонӣ мураттаб месозанд, дар он омезишимактабҳои принсипҳои таърихнигории худи юнонӣ ва маҳаллӣсуратгирифтаст.

Дар маҷмӯъ адабиёти эллинистӣ аз адабиёти клаасикӣҳам аз рӯи самтнокии бадеию ғоявӣ ва ҳам аз рӯи гуногунии жанрҳои худ тафовут дошт. Таваҷҷӯҳ ба шакл ва мазмуни ғоявии на он қадар чуқур, таҳқиқи ҷаҳони ботинии инсони алоҳида ва ба ҳисоб нагирифтани талаботи ҷамъиятӣ, андешаҳои чуқури фалсафӣ бо ташвишҳои хурди ҳамарӯза иваз карда мешаванд ва, дар баробари ин, коркарди манзараҳои воқеӣ (реалистӣ), таваҷҷӯҳ ба ҷиҳатҳои равонии (психологии) одами алоҳида ва ба олами ботинии ӯ вижагиҳои ҷараёни сурат гирифтани адабиёти замони эллинистиро ташкил медиҳад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *