Фанни Таърихи Чахон(Умум)

Давлатхои Эллинистии Осиёи Хурд

ШОҲИГАРИИПЕРГАМДАР АСРҲОИ III– IIТО МИЛОД

Дар низоми давлатҳои эллинистӣ дар асрҳои III — II то милод шоҳигарии Пергам мақоми калонро соҳиб буд. Дар аввал қаламрави он вилояти Мисияро дар бар гирифта, дар қисмати шимолу ғарбии Осиёи Хурд — дар водии серҳосили дарёи Каик бо шаҳри асосии он Пергам воқеъ гардида буд. Баъди вафоти Лисимах Пергам аз Македония ҷудо мешавад. Асосгузори давлати соҳибистиқлоли Пергам Филетер ( 343 – 263 то милод) – писари Аттала буда, ин воқеа соли 84 то милод рух додааст. Ҳамин тариқ, Аттала асосгузори сулолаи нави Атталиҳо (284 – 133 то милод) мегардад. Бо шарофати чусту чолоконаи дипломатии худ шоҳҳо Аттали I (249 – 197 то милод) ва Эвмен II (197 – 159 то милод) тавонистанд, ки заминҳои давлати худро берун аз ҳудудҳои шоҳигарии Пергам, аз он ҷумла аз ҳисоби қисми зиёди Осиёи Хурди дохилӣ васеъ намоянд. Дар оғози асри II то милод шоҳигарии Пергам дар байни давлатҳои эллинистӣ яке аз мамлакатҳои калону бойтарин ба шумор рафта, дар тақдири олами эллинистии асрҳои III — II то милод соҳиби нақши аввалиндараҷа буд.

Давраи нашъунамои шоҳигарии Пергам ба замони ҳукмронии Евмени 1 (263—241 то милод) ва Евмени II (197—159 то мелод) рост омадаст. Дар ин давра бо тасвири шоҳҳои давлати Пергам тангаҳои нуқрагин сикка мезаданд. Шоҳҳои Пергам илм, адабиёт ва санъатро пуштибонӣ мекарданд. Дар дарбори Атталидҳо ҳайкалтарошони мушҳур фаъолият доштанд. Соли 231 то милод ба муносибати ғалабаи Аттали I бар галатҳо дар Пергам қурбонгоҳи (алтари) машҳури Пергам бино карда мешавад.

Харитаи Пергам дар асри III п.а.м. Эвмени II

Шоҳигарии Пергам дар қаламрави ғарби Осиёи Хурд, дар он ҷое, ки шаҳрҳои зиёди юнонӣ воқеъ гардида буданд, ҳанӯз то ин ҷоро забт кардани Искандари Макдунӣвилоятҳои Троада, Миссия, Лидия, Карий ва Ликия эллинистӣкунонида шуда буданд.

Махсусияти мавҷудияти таърихии Пергам ҳамчун давлати эллинистӣ дар омезиши унсурҳои юнонӣ ва шарқӣ бо афзалияти унсури юнонӣ ифода ёфтааст, ки барои ҳар кадом ҷомеа ва давлатҳои эллинистӣ хос мебошад. Маҳз афзалияти унсурҳои юнонӣ дар сохтори ҷамъиятию давлатии Пергам сабабгори ягонагӣ ва мустаҳкамии ин давлат гардида, сиёсати рӯ ба ғарби иҷтимоӣ ва давлатии онро муайян намудааст.

Дар иқтисодиёти Пергам бештар нишонаҳои хоси низоми антиқӣ ошкор мегарданд: истифодаи ғуломон дар соҳаҳои бисёр, ҷорӣ намудани усулҳои пуршиддати истисмори меҳнат ва унсурҳои истеҳсолоти молӣ.

Аттали IФилетер Аттали II Аттали III

Ба рушду нашъунамои иқдисодии Пергам шароити мусоиди табиӣ, иқлими мӯътадил, замини серҳосили водии Каик, водиҳои дарёҳо, кӯҳҳои начандон баланд, ки барои парвариши ток ва растаниҳои равғандор қуллай буданд, чарогоҳҳои хуб, воқеъ будани мамлакат дар назди гулӯгоҳҳои Баҳри Сиёҳ, ки ба воситаи онҳо роҳҳои муҳимтарини тиҷоратии онвақта мегузаштанд, мусоидат намуданд. Дар соҳаи кишоварзӣ Пергам ҳамоҳангии соҳаҳои гуногуни он ба назар мерасд: зироатпарварӣ, токпарварӣ, парвариши зайтун ва чорводорӣ, азонҷумламахсусан асппарварӣ ва гусфандпарварӣ.

Пергам дорои захираи изофаи зиёди ғалладона буда, дар баробари Миср содиркунандаи калони гандум ба шумор мерафт. Дар бозорҳои баҳри Миёназамин равғани зайтуни Пергам харидори зиёд дошт, дар асоси захираҳои пашм ва чарми он устохонаҳои машҳури бофандагӣ ва коғазбарорӣ кор мекарданд. Шоҳҳои Пергам мисли шоҳҳои дигари эллинистӣқисми зиёди заминҳоро давлатӣ эълон карда буднд ва мардуми дар онҳо сокинбударо ҳамчун иҷоракор номида, ба давлат андозҳои зиёд мепардохтанд ва ӯҳдадориҳои дигарро ба фоидаи хазина иҷро мекарданд. Як қисми заминҳои шоҳ барои озодона аз тарафи намояндагони табақаи болоии ҳукмрон ва бюрократия, ҳайати олии фармондеҳии қӯшун ҷудо карда шуда, дар онҳо мулкҳои калон ба вуҷуд омада, дар онҳо асосан меҳнати ғуломон истифода бурда мешуд.

Дар шаҳрҳои юнонӣ шаклҳои полисии истисмор истифода бурда мешуд. Ба ҷанговарони кироя дар бошишгоҳҳои махсус, ки клерухия номида мешуданд, қитъаҳои замин ҷудо карда мешуд, ки дар онҳо низ меҳнати ғуломон истифода бурда мешуд. Дар маҷмӯъ дар Пергам мақоми хоҷагиҳои хусусӣнисбат ба давлатҳои Селевкиён ва Птоломейҳо як қадар баландтар буд.

Дар иқтисоди Пергам вазни қиёсии косибӣ ва истеҳсолоти молӣ хеле зийд буда, онро ба сохтори умумии хоҷагидории полисӣ наздик мекард. Истеҳсолоти косибӣ дар асоси захираҳои бои ашёи хоми маҳаллӣ кор мекард: навъҳои хуби хок, филизот, чӯб ва мум, пӯст ва пашми чорвои шахсӣ. Дар устохонаҳои косибӣ маснуоти заргарӣ, маводи навишт, аз он ҷумла пергамен, ҳаргуна газворҳо, ки дар байни онҳо парчаиАтгалиён, ки зардӯзӣ карда мешуд, дар тамоми Баҳри Миёназамин машҳур буданд. Қайд бояд кард, ки истеҳсоли аслиҳа, пергамен ва парча инҳисори давлатӣҳисобида шуда, онҳо дар устохонаҳои калон истеҳсол карда мешуданд. Дар баробари ин, дар шаҳрҳои зиёди шоҳигарии Пергам устохонаҳои сершумори хурду миёнаие кор мекарданд, ки дар онҳо меҳнати ғуломон барои истеҳсоли мол ва ба бозор баровардани он истифода бурда мешуд.

Захираҳои зиёди ғалладона, маҳсулоти косибӣ дошта, шоҳҳои Пергам вазъи қуллаи мавқеи ҷуғрофии мамлакатро барои фаъолияти тиҷоратӣ истифода бурда, дар роҳҳои тиҷоратии Шарқи баҳри Миёназамин ва Назди баҳри Сиёҳ мавқеи ҳукмронро дар даст доштанд.

Аз тиҷорати афзоишёбанда даромади калон ба даст оварда Атгалиён сиёсати ба он бештар мусоидаткунандаро пеш мебурданд. Дар маҷмӯъ, онҳо шаҳрҳои зиёди намуди юнонидоштаро бунёд карданд, ки қариб ҳамаи онҳоба марказҳои муҳими тиҷоратӣ мубаддал гардиданд. Масалан, Элея ном халиҷ, ба бандари хуб ҷиҳозонидашудаи шаҳри Пергам мубаддал мегардад. Дар соҳили Пропантида бандаршаҳри Геленопол сохта шуда, ба воситаи он молҳои гуногун ба бозорҳои ҳавзаи баҳри Сиёҳ ворид мегардидаид. Дар соҳилҳои ҷанубии Осиёи Хурд – Памфилия барои савдо бо Миср бандари Атталия сохта мешавад. ки он бо роҳи хушкӣ бо марказҳои калонтарини дохилии мамлакат пайваста буд.

Иқтисоди вусъатёфтаи Пергам Агталиёнро ба яке аз ҳокимони бойтарини олами эллинистӣ табдил дода, дар дасти онҳо боигарии бузург ҷамъ шуда, натанҳо рашку ҳасади ҳамсояҳо, балки Рими дурдастро низ ба вуҷуд овард.

Сохтори иқтисоди Пергамро махсусиятҳои иҷтимоию синфии ҷомеаи эллинистии Пергам ва, пеш аз ҳама, мақоми калони муносибатҳои ғуломдории намуди юнонӣҳам мусоидат кард.

Ғуломон дар мулкҳои ашрофон, дар қитъаҳои клерухҳо, сокинони шаҳрҳои юнонӣ, дар устохонаҳои калон ва миёнаи косибӣ хеле зиёд буданд. Дар баробари ғуломон, истеҳсолкунандагони асосӣ одамони озод, иҷоракорони тобеъ, косибон ва савдогарони хурд буданд. Дар замони эллинистӣ сохти ғуломдорӣ ва истисмори ғуломон дар Пергам шиддатнокии иҷтимоии ҷомеаро ба вуҷуд оварда буд. Ин шиддатнокӣ, масалан, дар шӯриши Аристоника бараъло ифодаёфта буд.

Баъзе махсусиятҳо дар ҳайати синфиҳукмрон ҳам мавҷуд буд. Дар он тақсимоти сахт ба табақаи болоии ашрофони имтиёзноки юнонию македонӣ ва маҳаллӣвуҷуд надошт. Ашрофони маҳаллӣҳанӯз то лашкаркашии Искандари Макдунӣ бо тамаддуни юнонӣ хуб шиносоӣ доштанд. Македониҳо ҳанӯз дар Пергам камшумор буданд, бинобар ин, синфи ҳукмрон дар ин давлат нисбат ба давлатҳои Птоломейҳо ва ё Селевкиён бештар муттаҳид буд. Дар баробари ин, мақоми бештари хоҷагиҳои хусусӣҳам дар минтақаҳои деҳотӣ ва ҳам дар шаҳрҳо, рушди сусти бюрократияро дар Пергам ва мустақилияти маълуми синфи ҳукмронро нисбат ба сулолаи ҳукмрон муайян намудаанд.

Синфи ҳукмрон, ки асосан ба ғункунии сарват ва нигоҳдории суботи иҷтимоии ҷомеа манфиатдор буда, дар баробари заифшавии сулолаи ҳукмрони давлати Пергам умедашро ба Рим ҳамчун пушту паноҳи устувории дохилию даромадҳои худ ва кафили суботи иҷтимоии ҷомеа мебаст. Ин дар ҳоле, ки табақаҳои миёнаи аҳолӣ то охир барои истиқлолияти давлатӣ мубориза бурда, он бар зидди доираҳои ҳукмрони маҳаллӣ низ равона карда шуда буд.

Ташкилоти сиёсии мутлақияти Пергам аз анъанаҳои Селевкиён ё Птоломейҳо баъзе фарқиятҳо дошт. Ҳокимияти сулолаи Агталиён мутлақияти “демократӣ” шуморида мешуд: дар Пергам парастиши шоҳ, худошиносии шоҳ ва малика вуҷуд надошт. Дар баъзе амрҳо шоҳҳо худро на шоҳ, балки гражданҳои Пергам ном бурдаанд. Дар амрҳои Селевкиён ва Птоломейҳо чунин ибораҳо ба назар намерасиданд.

Дастгоҳи бюрократии Агталиён аз рӯи андоза ва нерӯи таъсиркунандаи худ ба ҷомеа хоксорона, вале мақоми қӯшун ҳамчун такягоҳи ҳокимияти шоҳ дигар хел буд. Селевкиёну Птоломейҳо артиши ихтисосманди (кадрии) дар корҳои давлатӣдорои имтиёзҳо ва таъсирдор дошт. Дар Пергам артиши кироя аз ҳисоби намояндагони тамоми аҳолӣ таркибёфта ташкил карда мешуд, аз он ҷумла аз ҳисоби аҳолии маҳаллӣ низ. Ин артиш ягон хел мақоми сиёсӣ ва ё иҷтимоӣ надошт, тавре ки дар артиши мутлақиятҳои Селевкиён ва Птоломейҳо ба назар мерасид. Аз ин рӯ, артиши Пергам дастаҳои зархаридиеро мемонд, ки барои ҷомеаи Юнони асри IV то милод муқаррарӣ буд.

Ба захираҳои калони моддӣ, муттаҳидии маълуми синфи ҳукмрон такя карда, Агталиён сиёсати хориҷии бомуваффақонаи худро пеш мебурданд. Агар давлатҳои Птоломейҳо ва Селевкиён дар асрҳои III – II то милод вилоятҳоро пайваста ва паси ҳам аз даст медода бошанд, пас Агталиён, баракс, мулкҳои худро то оғози асри II то милод зиёд карда. давлати хурди худро ба мамлакати бузурги олами эллинистӣ табдил дода, қариб тамоми Осиёи Хурдро дар бар мегирифт.

Дар мавриди амалӣ кардани сиёсати дохилию хориҷии худ Агталиён ба дастгирии Рими абарқулдрат такя мекард. Рим боигариҳои бузурги Агталиён ва тамоилнокии ғарби синфи ҳукмрони ҷомеаи Пергамро ба ҳисоб гирифта, Пергамро барои заифгардонии Македония ва давлати Селевкиён истифода мебурд. Дар задухурди назди Магнезия дар соли 190 то милод шикаст хурда, Селевкиён маҷбур шуданд, ки ба фоидаи Пергам аз заминҳои Осиёи Хурди шимолтар аз Тавр даст кашанд. Дар натиҷаи ин шоҳигарии Пергам заминҳои худро то ҳадди ниҳоӣ васеъ мекунад. Вале тезутундшавии зиддиятҳои иҷтимоӣ дар дохили Пергам вазъияти мураккаби байналхалқӣ, аз он ҷумла иттиҳоди Вифания. Галатия, Каппадокия ва Понти ба Пергам дар ҳолати душманӣқарордошта, синфи ҳукмрони Пергам ва шоҳи охирин Атталаи III (солҳои 139 – 133 то милод)-ро маҷбур сохт, ки шоҳигарии Пергамро мувофиқи васият ба Рим (соли 133 пеш аз милод) супорад. Ин қарор таркиши бузурги қаҳру ғазаби халқ ва шӯриши гелиополиҳо (гражданҳои давлати боадолатонаи Офтоб)-ро ба вуҷуд овард, ки ба он яке аз писарони ғайриақдии Атталаи III – Аристоник (солҳои 133 – 129 то милод) сарварӣ мекард. Вале ин шӯриш аз тарафи қӯшунҳои мунтазами Рим ваҳшиёна пахш карда мешавад. Аристоник ба ҳабс гирифта шуда ва дар зиндон буғӣ карда мешавад. Ҷумҳурии Рим дар ҷои собиқ шоҳигарии Пергам музофоти Осиёро ташкил менамояд.

ШОҲИГАРИИ ПОНТДАР НИМАИ ДУЮМИ АСРИ II- АСРИ I ПЕШ АЗ МИЛОД

Дар миёнаҳои асри II то милод олами эллинистӣ бӯҳрони тезу тунди иқтисодӣ ва иҷтимоию сиёсиро аз сар мегузаронид. Рим Юнони Бузург, нимҷазираи Балкан, Македония ва Пергамро ишғол кард. Дар Шарқ дар зери фишори халқҳои кӯчманчӣ шоҳигарии Юнону Бохтар ба шикаст дучор шуд, Порт давлатҳои Модҳо ва Бобулро ишғол кард. Давлати як вақтҳо бузурги Селевкиён то ба масоҳати давлати хурди воқеъ дар Шимоли Сурия рафта расида, дар таркиби он беш аз пеш заминаҳо барои таркишҳои иҷтимоӣҷамъ мешуданд. Миср бошад, мулкҳои худро берун аз ҳудудҳояш аз даст дода, мушкилоти дохилиро базӯр ҳал мекард.

Ҳамин тариқ, олами эллинистӣ дар миёнаҳои асри II то милод замони вазнинро азсар мегузаронид. Аммо маҳз аз ҳаминҳудуд сар карда болоравии кӯтоҳмуддати яке аз давлатҳои Осиёи Хурд – шоҳигарии Понт оғоз меёбад. Дар аҳди шоҳ Митридати V ва писари ӯ Митридати VI дар нимаи дуюми асри II то милод –нимаи аввали асри I то милод Понт рушди пуравҷванашъунамоимуваққатии худро аз сар мегузаронид. Дар асри I то милод маҳз шоҳигарии Понт кушиш кард, ки нерӯҳои эллинистии Шарқро барои зарба задан ба истилогариҳои Рим сафарбар намояд.

Шоҳигарии Понт заминҳои қисмати шимолу шарқии Осиёи Хурдро дар бар гирифта, он аз ҷараёни ҷанубии дарёи Галис шимол сар карда то Колхида, дар ҷануб бо Каппадокия ва Арманистони Хурд ҳамҳудуд паҳн гардида буд. Водиҳои ҳосилхезу хуб обёришуда, дарёҳо ва соҳилҳои баҳри Сиёҳ, ки ҳосили хуби ғалладона, ангур ва мевагӣ медоданд, чарогоҳҳои теппаю паҳнкӯҳҳои абрнок ҳамшафат буданд, кӯҳҳои аз маъданҳои оҳан, мис, нуқра, намак ва сангҳои қимматбаҳо бой буда, дар кӯҳҳо ҷангали дарахтоне мавҷуд буд, ки барои сохтани киштӣ ба кор бурда мешуданд. Ин шароит ба пешрафти иқтисодию иҷтимоиии шоҳигарии Понт мусоидат мекард.

Шоҳигарии Понт Фарнаки I

Шоҳигарии Понт дар натиҷаи муборизаи диодохҳо тавлид ёфтааст ва асосгузори он Митридати I Ктист (солҳои 302 – 266 то милод) буда, аҷдодан ба сулолаи Ҳахоманишиён мансуб аст. Баъдтар шоҳҳои Понт ба хонадони шоҳҳои сулолаи Селевкиён хешутаборӣ пайдо мекунанд. Дар асри IIIто милод Понт давлати начандонкалон буда, дар сиёсати умумии Осиёи Хурд мақоми онқадар калон надошт. Шоҳигарии Понт, ки дар он сулолаи баромадаш маҳаллӣҳукмронӣ мекард, истилои Юнону Макдунияро аз сар нагузаронида буд, дар марҳалаҳои аввал аз давлати эллинистӣ дида, бештар вилояти шарқиро мемонд. Сарфи назар аз ин, баъди ба ҳайати олами эллинистӣ дохил гардидан, ба муносибатҳои гуногуни иқтисодию сиёсӣбо давлатҳои эллинистӣ кашида мешавад. Понт ба эллинизм монанд сохтори иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсиро ташкил намуда, ба яке аз давлатҳои пурзури ҷомеаҳои эллинистӣ мубаддал мешавад.

Шоҳҳои Понт Митридат Евпатор VI ва Фарнаки I

Ҳокимони нахустини Понт аллакай ба соҳилҳои баҳри Сиёҳ баромадани давлати худро хуб дарк карда, ҷидду ҷаҳд ба харҷ медоданд, ки шаҳрҳои бои юнониҳоро, ки дар ҷануби Назди баҳри Сиёҳ воқеъ гардида буданд, ишғол кунанд. Инчунин шоҳҳои Понт ҳамчун сарпарасти шаҳрҳои дар ҷануби Понт воқеъбуда ва ҳимоякунандаи озодии онҳо баромад карда, филэллин ном мегиранд. Ин самтнокии умумии сиёсати Понт ба иттифоқ бо шаҳрҳои юнонӣ ва пуштибонии юнониҳо қариб то охири мавҷудияти Понт ҳамчун давлати соҳибистиқлол давом кардааст.

Пурзӯршавии босуръати Понт аз аввали ҳукмронии Фарнаки I (солҳои 185 – 170 то милод) боҳавсала ва чусту чолок оғоз мегардад. Фарнаки I бо зарбаи ғайричашмдошт яке аз шаҳрҳои бою пурзӯри Назди баҳри Сиёҳ – Синопро (дар соли 183 то милод) ишғол намуда, онро ба пойтахти давлати худ табдил медиҳад. Ишғоли Синоп, ки он бо шаҳрҳои шимол ва ғарби баҳри Сиёҳ муносибатҳои пурзӯри тиҷоратӣ дошт, ба онҳо таъсири сиёсӣ расонида, имконият фароҳам овард, ки роҳи мустақимро ба воситаи баҳри Сиёҳдар зери назорати худ дошта бошад. Ин дастовард барои мустаҳкамшавии минбаъдаи Понт дар соҳилҳои баҳри Сиёҳ аҳмияти калон дошт. Ишғоли Синоп норозигии ҳамсояҳои Понт – давлатҳои Пергам, Вифания ва Каппадокияро ба вуҷуд овард. Дар ҷанги баамаломада Фарнак шикаст хурда бошад ҳам, Синопро дар дасти худ нигоҳ медорад. Фарнаки чусту чолок иқтидори Римро хеле барвақт фаҳмида буд. Аз ин рӯ, боварӣ изҳор кард, ки нисбати Рим ҳусни таваҷҷӯҳ дорад. Римиҳоҳам дар шахси Понт мувозинатеро бо Пергам ва Вифания эҳсос карда, дар ин кор ба Фарнак такя намуданд.

Фарнак ба анъанаҳои ҳокимони эллинистӣ пайравӣ карда, дар соҳили баҳр, дар ноҳияи аз маъдан бой, шаҳреро бо номи Фарнакия бунёд мекунад. Ба Фарнак муяссар гардид, ки бо як қатор шаҳрҳои Шимол, аз он ҷумла, бо Херсон) ва Ғарби назди баҳри Сиёҳ (бо Одесса ва Месембрия, қарордодҳои дӯстӣ ба имзо расонад.

Ҳамин тариқ, Фарнаки I ба давлати ҳавзаи баҳри Сиёҳ – Понт асос мегузорад. Сиёсати Фарнакро писари ӯ Митридати V (солҳои 150 – 120 то милод) ва набераи машҳури Фарнак — Митридати VI Евпатор (солҳои 120 – 63 то милод) идома медиҳанд. Митридати VБа воситаи никоҳи сулолвӣ таъсири худро ба Каппадокия пурзӯр мекунад ва дар баробари ин ҳаракат кард, ки дӯстии давлати худро бо римиҳо нигоҳ дорад. Барои ҳами қӯшуниӯ дар Ҷанги Сеюми Пунӣ иштирок карда, ба римиҳо дар пахши ҳаракати Аристоника дар Пергам кӯмак мерасонад. Бо мақсади мустаҳкам намудани давлати фалаҷшуда Митридати V ба шаҳрҳои юнонии Назди баҳри Сиёҳ ва унсурҳои юнонии дохили давлат такя мекард. Мақоми соҳибкорони юнонӣ дар иқтисодиёт, махсусан дар фаъолияти тиҷоратӣ пурзӯр мешавад, қисми яккачини артиш ва фармондеҳони онро юнониҳо ташкил менамуданд. Мақоми юнониҳо дар дарбор ва маъмурияти шоҳ Митридати Vточанде афзоиш меёбад. Дар ин маврид сиёсати Митридат, ки ба васеъкунии ҳудудҳои давлати Понт равона карда шуда буд, Римро ба ташвиш оварда, баъди шоҳигарии Пергам дар давлати Понт душмани потенсиалии худро мебинад. Ба римиҳо муяссар гардид. ки дар дарбори шоҳ Митридати V гурӯҳи рӯ ба Римро ташкил кунад. Дар натиҷаи дасисаҳои ин гурӯҳ Митридати V ба қатл расонида мешавад. Писари шоҳи бақатлрасида — Митридати VI хуб дарк мекард, ки душмани оштинопазири ӯ Рим мебошад ва тамоми умри худро ба мубориза бар зидди ин рақиби даҳшатнок тобеъ мекунонад. Барои пешбурди ин мубориза ба Митридати VI зарур буд, Понтро мусстаҳкам ва васеъ намуда, потенсиали ҳарбию иқтисодии давлаташро афзун гардонида, ҳамаи нерӯҳои ба Рим душманро дар атрофи Понт муттаҳид созад.

Вазъи умумӣ дар ҳавзаи Баҳри Миёназамин дар охирҳои асри II то милод то сатҳи муайян ба нақшаҳои Митридати VI мувофиқат мекард. Рим ин вақт марҳалаи мушкили худро аз сар мегузаронид: ба Италия қабилаҳои сершумори германии кимерҳо ва тевтонҳо ҳамла карда. ба нест кардани ин давлат таҳдид мекарданд. Дар Рим вазъи иҷтимоӣниз ниҳоят тезутунд шуд. Дар Ситсилия шӯриши Дуюми ғуломонсар зад. Рим қӯшуни кифоя надошт, ки ба Митридат имконият надиҳад, то ки қаламрави давлатаи худро аз ҳисоби заминҳои Осиёи Хурд, қисматҳои шимол ва ғарби Назди баҳри Сиёҳ васеъ кунад.

Бояд қайд кард, ки ташкили давлати паҳноваре, ки он ҳамаи соҳилҳои баҳри Сиёҳро дар бар мегирад, ба нафъи аҳолии шаҳрҳои юнонӣ Назди баҳри Сиёҳ буд, зеро онҳо аз муқаррар кардани алоқаҳои умумипонтӣ ва ба ноҳияи ягонаи иқтисодӣ табдил ёфтани ҳавзаи баҳри Сиёҳ фоидаи калон мегирифтанд. Гузашта аз ин, шаҳрҳои юнонии шимол ва ғарби назди баҳри Сиё таҳдиди воқеиро аз тарафи қабилаҳои варварии онҳоро иҳотакарда — фракиҳо, сарматҳо, скифҳо эҳсос карда, ҳимоя аз хатари варварҳоро аз Митридати пурзӯр хостгор буданд, чунки ниёгони ӯҳам пайдоиши эллинӣ худро эътироф намуда, нисбати озодиҳои полисии шаҳрҳои юнонӣ бо эҳтиром муносибат мекард. Дар охирҳо асри II то милод бо сабабҳои махсусан фаъолшавии тохтутози скифҳо барои кӯмак ба Митридат Херсонес, Олвия. Тир ва ниҳоят ба Боспор муроҷиат карда, хоҳиш мекунанд, ки онҳоро ба ҳайати шоҳигарии Понт қабул ва аз ҳимояи ҳарбӣ аз ҳуҷуми варварҳо таъмин намояд. Ин вақт Митридати VI вилоятҳои наздибаҳрии Колхидаро ишғол мекунад. Солҳои 80-уми асри I то милод шаҳрҳои юнонии Назди баҳри Сиёҳ — Аполлония, Мессембрия ва шаҳрҳои дигар ба зери сарпарастии Митридат медароянд. Ғайр аз шаҳрҳои сершумори юнонии Назди баҳри Сиёҳ, ба ҳайати давлати Митридат қисми зиёди қаламрави Осиёи Хурд, Пифлагония, Галатия ва Фрагия ворид мегарданд.

Ҳамин тариқ, дар натиҷаи заҳматҳои зиёди Митридат VI дар охирҳои асри II — оғози асри I то милод қисми зиёди Осиёи Хурд ва Назди баҳри Сиёҳ дар атрофи як марказ – Понт, яъне шоҳаншоҳии Понт — яке аз давлатҳои бузурги ҳамонвақтаи эллинистӣ муттаҳид мешаванд.

Шоҳи Арманистон Тиграни II Шоҳи Пергам Аристоник

Ташкили чунин шоҳаншоҳии паҳновар ба Митридати VI имконият дод, ки маблағи бузурги пулӣ ва боигарии беҳамтои моддӣҷамъоварӣ намояд, қӯшуни зиёда аз 100 ҳазор нафар сарбоз, флоти ҳарбии дорои якчанд сад киштӣ дошт. Митридат VI бо шоҳи Арманистон — Тиграни II (солҳои 96 – 55 то милод) ва Порти абарқудрат шартномаҳои дӯстӣ баст. Чунин нерӯи бузургро дар ихтиёри худ дошта, ба дастгирии ҳамсоягон такя карда, Митридати VI ба муборизаи марговар бар зидди Рим ворид мешавад. Ин мубориза ба се ҷанги дуру дарози хунин табдил меёбад, ки дар ниҳояти он ғалаба ба Рим (соли 63 то милод) насиб гардид. Шоҳаншоҳии охирини олами эллинистӣ – шоҳаншоҳии Осиёи Хурд – Баҳри Сиёҳ, ки шоҳи охирини он Митридати VI буд, торумор гардида, дар ҳудудҳои он музофотҳои нави Рим таъсис дода шуданд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *