Фанни Таърихи Чахон(Умум)

Асрхои торик ва пеш аз полиси дар Юнон

ХУСУСИЯТҲОИ РУШДИ ҶОМЕАИ ГОМЕРӢ ДАР АСРҲОИ ХI – IХ ТО МИЛОД

Таърихи марҳалаи баъд аз давраи Криту Микенаи Юнон бо номи шоири бузурги он замон Гомер – гомерӣ номгузорӣ карда шудааст. Достонҳои ӯ “Иллиада” ва ва “Одиссея” дар бораи ин давраи калони таърихӣ – асрҳои ХI – IХ то милод сарчашмаҳои муҳимтаринанд. Маълумотҳои дар ин достонҳо инъикосгардидаро бостоншиносӣ пурра ва васеъ мекунад. Қисмати асосии маводи бостониро оид ба замони гомерӣҳафриёти некрополҳо (гӯрҳо) медиҳанд, ки қадимтарини онҳо дар Афина (навоҳии Керамика ва Агора), ҷазираи Саламин, дар Эвбей (наздикии Лефканди), атрофи Аргос ёфта шудаанд. Лекин шумораи бошишгоҳҳои маълуми асрҳои ХI – IХ то милод хеле кам буда,он ҳам дар ҷойҳои баландкӯҳи наонқадар дастрас ҷойгир мебошад, гӯё, ки онҳоро худи табиат ҳифз намудааст. Ба ин деҳаҳои кӯҳсоре, ки дар мавзеҳои гуногуни Крити Шарқӣ воқеъ гардидаанд, аз он ҷумла Коринф, Кавус, Врокастро ва ғайра мисол шуда метавонанд. Эҳтимол дар ин маҳалҳо боқимондаҳои аҳолии маҳаллии минею ахейии аз қисмати ҳамвори ҷазира сокинбудаиаз тарафи дориҳои истилогар фишор додашуда панаҳ бурдаанд. Ин далел дар бораи он шаҳодат медиҳад, ки шумораи аҳолӣ дар чунин мавзеҳо хеде кам будааст. Бошишгоҳҳои наздибаҳрии замони Гомерӣ одатан дар нимҷазираҳои начандон калоне ҷойгир буда, ба хушкӣ ба воситаи гарданаҳои борики бисёр вақт бо девор иҳотакарда алоқаманд буданд, ки ин дар бораи дар Юнони индавраина хеле васеъ паҳн гардидани ғоратгарии баҳрӣ шаҳодат медиҳад. Аз ин қабил ҷойҳои сукунат бошишгоҳи Смирна нисбатан маълум буда, дар соҳилҳои Осиёи Хурд аз тарафи золийҳои мустамликачиёни аз қисмати аврупоии Юнон ба ин ҷо омада бунёд карда шудааст.

Гомер Гомер достон месарояд.

Бостоншиносон шаҳодат медиҳанд, ки истилогарии дориҳо дар нимҷазираи Балкан Юнонро якчанд аср ба ақиб партофтааст. Аз дастовардҳои замони Микенаосори нишонаҳои малакаҳои хеле ками истеҳсолӣ ва олотҳои меҳнат боқӣ монда, чӣ барои мардуми муҳоҷир ва чӣ барои аҳолии маҳаллиӣ аҳамияти муҳимми ҳаётӣ доштанд. Ба ин ҷумла метавон чархи кулолгарӣ, техникаи нисбатан баланди коркарди филиз, сохтмони киштии бодбондор, парвариши зайтун ва токро дохил кардан мумкин аст. Тамаддуни Микена худ бо ҳамаи махсусиятҳои хосаш, аз он ҷумла шаклҳои муносибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ, муассисаҳои идораи давлатӣ, динию идеологӣ ва ғайра бегуфтугу мавҷудияти худро аз даст дод. Лекин маҳз ҳамин боқимондаҳосабабгори он шуданд, ки дар Юнони қадим сохти ҷамоаи ибтидоӣ аз нав барқарор шуд ва дар шакли каме баландтар.

Акрополи Афина Вайронаҳои Коринфи қадим

Боқимондаҳои унсурҳои зиёди замони Криту Микена дар санъати меъморӣ ва дин боқӣ монданд. Дар ин минтақаҳо ба муддати хеле дуру дароз сохти ҷамоаи ибтидоӣ аз нав ҳукмрон гардид. Қасру қалъаҳои зиёди Микена ба ҳоли худ гузошта шуда, дар онҳо дигар касе зиндагонӣ намекард. Ҳатто дар Афина, ки шояд аз ҳамлаи харобиовари дориҳо зарар надида буд, сокинони Акропол манзилҳои худро ҳанӯз дар асри ХII то милод тарк кардаанд. Ҳамин тариқ, Акропол аз одамон холӣ мемонад. Чунин ба назар мерасид, ки дар замони гомерӣдар Юнон сохтани манзилу қалъаро аз санг (тавре, ки ин корро ниёгон дар замони Микена мекардан) фаромӯш карда бошанд.Қариб тамоми иншооти ин замон чӯбин ва ё аз хишти хом сохта шуда буданд. Аз ин рӯ, ягонтои онҳо боқӣ намондааст.Қабрҳои замони гомерӣ, чун қоида, агар муқоиса карда шаванд, нисбат бо қабрҳои Микена ниҳоят камбағал ва ҳатто қашшоқонамебошанд. Ҳамаи асбобу анҷоми онҳо одатан аз якчанд зарфҳои лойин, шамшери биринҷӣ ва ё оҳанин, сарнайза ва тири камон дар гӯрҳои мансуб ба мардонҳо, зару зевари дар гӯрҳои мансуб ба занон мавҷудбуда ташкил медиҳанд. Маснуоти баромадашон хориҷӣ, аз он ҷумла шарқӣ, ки дар гӯрҳои Микена бисёр вомехӯрданд, дида намешаванд. Ҳамаи ин дар бораи он шаҳодат медиҳад, кикосибию тиҷорат, фирори оммавии устоҳои косиби забардаст аз дар натиҷаи ҷангҳо ғоратшуда ва тохтутози аҷнабиён аз кишварҳои бегона, дар бораи канда шудани роҳҳои тиҷорати баҳр, ки Юнони Микенаро бо мамлакатҳои Шарқи Наздик ва бо ҳамаи мамлакатҳои ҳавзаи баҳри Миёназамин мепайвастанд, шаҳодат медиҳад. Маснуоти косибони юнонии замони гомерӣ,ҳам аз назари сифати бадеии худ, ва ҳам аз назари тоза техникаи тайёркунии онҳо аз маснуоти Микена ва, гузашта аз ин, аз маҳсули меҳнати устоҳои Крит ва Михей хеле пастсифаттар буданд. Зарфҳо бо нақшу нигори начандон зебои оро дода шуда буданд, ки онҳо асосан аз доирачаҳои хурду калон, секунҷаҳо, бисёркунҷаҳои ҳаҷмдор (ромбҳо) ва мураббаъҳо иборат буданд. Тасвири аввалини одамон ва ҳайвонот, ки ҳанӯз хеле соддаю номураттаб буданд, баъд аз танаффуси дура дароз – танҳо дар охирҳои асри IХ то милод ба вуҷуд омадаанд.

Харитаи ҷазираи Саламин Олотҳои меҳнатӣ. Микена

Ҳамаи ин маънои инро надорад, ки давраи гомерӣ ба рушди мадании Юнон ягон чизи навро ворид насохта бошад. Таърихи башар пастравии мутлақро дар ёд надорад. Дар маданияти моддии замони гомерӣ таназзул бо як қатор навгониҳои муҳим дар омезиш инъикос ёфтаанд. Аз ҷумлаи муҳимтарини онҳо аз тарафи юнониҳо аз худ карда шудани гӯдохтан ва коркарди маъдани оҳан мебошад. Дар марҳалаи микенӣ оҳан дар Юнон ҳамчун филизи қиматбаҳо дониста шуда, он барои тайёр кардани ҳаргуна маснуоти зебу зинат ва ороишӣ, аз қабили ангушттарин, дастпона ва ғайра ба кор бурда мешуд. Нусхаҳои қадимтарини аслиҳа (шамшер, ханҷар, сарнайза ва найза) дар қаламрави Юнони Балкан ва ҷазираҳои баҳри Эгей ёфта шуда, ба асрҳои ХII – ХI то милод рост меоянд. Баъдтар, дар асрҳои Х – IХ то милод олотҳои меҳнати аввалине пайдо мешаванд, ки аз худи ҳамин филиз тайёр карда шуда буданд. Табар ва доси дар яке аз гурҳои Агораи Акрополи Афина ёфтшуда дар ин бора шаҳодат медиҳанд. Гомер низ дар бораи ба таври васеъ тайёр карда шудани олотҳои меҳнати кишоварзӣ ва олотҳои дигар огаҳӣ доштааст. Дар яке аз лаҳзаҳои “Иллиада” инъикосёфта Ахил ба иштирокчиёни гӯштини ба хотири Петрокли ҳалокгардида пешниҳод менамояд, ки онҳо қувваи худро дар ба дурӣҳаво додани санги пораи маъдани оҳан бисанҷанд ва ба худи ғолиби ин мусобиқаи оҳанпартоӣ мукофот дода шавад.

Истифодаи васеи ин маъдан дар истеҳсолот дар шароити онвақта табаддулоти ҳақиқии техникиро ба вуҷуд овард. Нахустин бор филиз ин қадар арзон ва дастрас (дар табиат конҳои оҳан нисбат ба конҳои мис ва қурғошим таркибҳои асосии биринҷӣ — бештар вомехуранд). Зарурат ба экспедитсияҳои хатарноку қиммат ба ҷойҳои истеҳсоли маъдан аз байн рафт Дар робита ба ин падида имкониятҳои истеҳсолии оилаи алоҳидахеле афзуданд. Ин навгонӣ, бегуфтугу, пешрафти техникӣ буд. Вале таъсири самараноки он ба рушди ҷамъиятӣ ва мадании Юнони қадим на яку якбора ба миён омад. Дар маҷмӯъ, аз назари хронологӣ маданияти давраи гомерӣ нисбат ба маданияти давраи Крит ва Микена қадимтар бошад ҳам, дар сатҳи аз он пасттар қарор дошт. Дар ин бора на танҳо ашёҳои ҳангоми кшвишҳо ба дастовардаи бостоншиносон, балки тасвири ҳаёт ва рӯзғор, ки дар достонҳои Гомер инъикос гардидаанд ва мо ба онҳо шинос мешавем, низ дар ин бора шаҳодат медиҳанд.

МУНОСИБАТҲОИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДӢ

Муҳаққиқон кайҳо боз ба хулоса омаданд, ки “Иллиада” ва “Одиссея” дар маҷмӯъ ҷомеаеро инъикос менамояд, ки ба замони ваҳшигӣ бештар наздик буда, хеле ақибмонда ва носаҳеҳ буд нисбат ба он, ки мо аз рӯи порачаҳои навиштаҷоти дар хат ҷойгирифта тасаввур менамоем. Дар иқтисодиёти Юнони замони Гомер, ки асоси онро соҳаи кишварзӣ ташкил мекард, чун дар замони Микена пурра хоҷагиҳои натуралӣҳукмрон буданд, хоҷагиҳое, ки асосан аз зироатпарварӣ ва чорводорӣ иборат буданд. Аз осори Гомер бармеояд, ки ӯ тсоҳаи кишоварзиро хуб медонистааст. Ин аст, ки дар бораи меҳнати вазнини зироаткор ва чӯпон дар нақлҳо оид ба ҷанги Троя ва саргузаштҳои дар “Одиссея” инъикосгардида саҳнаҳоро аз ҳаёти деҳоти замони пеш мисол оварда, нақлашро пуробу ранг мегардонад. Ҳамин тариқ, дар “Иллиада” қаҳрамонони Аяксҳои ба набард раҳсипор бо ду барзагов (буқа), ки заминро шудгор мекунанд, монанд карда мешаванд. Ҷанговарони наздикшудаистодаи душман ба даравгарони ба муқобили ҳамдигар ҳаракаткунанда шабеҳ карда мешаванд. Қаҳрамони фавтидаистода ба дарахти зайтун, ки онро хуҷаини ғамхор шинонидаю парвариш кардааст, вале онро шамол аз беху бунаш кандааст, шабеҳ мекунад. Дар достон дар шакли хеле васеъ тасвири меҳнати саҳроӣтараннум карда мешавад.

Гомер дар анҷумани аҳли фарҳанг Гефест

Масалан, саҳнаи шудгор ва даравкунӣ бо санъати баланди аз тарафи Гефест – худои касби оҳангарӣ дар сипари Ахилл тасвиркардашуда чунин омадааст (ин пора ва пораҳои дигари шеър аз забони юнонӣ ба забони русӣ мазмунан ва бидуни риояи вазни мисраҳо ва қавоиди дигари назми Юнони Қадим тарҷума шудааст):

Дар баробари зироатпарварӣ юнониёни замони гомерӣ ба боғдорию токпарварӣ низ машғул буданд. Дар ин бора тасвири муфассали боғи хуррами шоҳи феакҳо дар “Одиссея” шаҳодат медиҳад:

Дар иқтисоди замонигомерӣ дар баробари зироатпарварӣ ва боғдорӣ, чорводорӣ вазифаи ниҳоят муҳим ва фавқулоддаро иҷро мекард. Чорво ченаки асосии боигарӣ ба ҳисоб мерафт. Саршумори чорво аз бисёр ҷиҳат мақоми ишғолкардаи шахсро дар ҷомеа муайян менамуд, ба он вобаста гардидаст. Масалан, “Одиссей “дар байни қаҳрамонони Итака ва заминҳои наздик барои он шахси якум ҳисобида мешуд”, ки соҳиби 12 подаи гов ва рамаҳои зиёди гӯсфанду буз буд.Дар он замон гов ҳамчун восита ва воҳиди ченак истифода бурда мешуд, чунки ҷомеаи гомерӣҳанӯз пули ҳақиқи худро намедонист. Дар яке аз саҳнаҳои “Иллиада” сешоҳаи биринҷӣ ба 12 буққа баробар дониста шудааст; дар он дар бораи ғуломзане сухан меравад, ки дар корҳои хеле зиёд моҳир буда, арзиши ӯ ба чаҳор буққа баробар будааст.

Натиҷаҳои омӯзиши достони “Иллиада”-и Гомер хулосаи бостоншиносонро дар бораи он гувоҳӣ медиҳанд, ки дар асрҳои ХI – IХ то милод Юнон ва тамоми ҳавзаи баҳри Эгей дар муҳосираи иқтисодӣ монда будааст. Давлатҳои Микенаидорои иқтисоди баланд рушдёфта бе тиҷорати ба ҷаҳони беруна хуб бароҳмонда вуҷуд дошта наметавонист ва, пеш аз ҳама, бо мамлакатҳои Шарқи Наздик. Дар муқобили он ҷамоаи анъанавии гомерӣ, баракс тамоман ҳаёти ҷудогона ба сар мебурд ва ба чунин ҷамоаҳои наздиктарин қариб тамоман дар ҳолати иртибот қарор надошт.

Иллиада” ва “Одиссея” Лаҳзаҳо аз “Иллиада” ва “Одиссея”

БА ТАБАҚАҲОИ ИҶТИМОӢ ТАҚСИМШАВИИ АҲОЛӢ

Оилаҳои патриархалии моногамӣ, ки дар хоҷагиҳои (ойкоси) сарбастаи Микена зиндагӣ мекарданд, ҷузъи асосии иқтисодии ҷомеаи гомерӣ буданд. Намуди асосии боигарӣ, ки аз назари юнониҳо замин буд, моликияти тамоми ҷомеа ба шумор мерафт Баъзан аз тақсимоти нави замини ба ҷамоа тааллуқдошта низ сурат мегирифт. Аз ҷиҳати назарӣҳар кадом узви чунин ҷамоаҳоҳақ дошт, киқитъаи начандон калони замин дошта бошад, ки он бо забони юнонӣ клерҳо – “қуръаҳо” номида мешуд, чунки тақсимоти қитъаи замин дар он замон аз тариқи қуръапартоӣ ба иҷро мерасид. Вале ин низоми истифодаи замин дар амал ба бойшавии як қисми аъзои ҷомеа ва муфлисшавии қисми дигари он монеа эҷод намекард. Гомер хуб медонист, ки дар қатори одамони бои дорои “пораҳои зиёди замин” (поликлерҳо) дар ҷамоа чунин одамоне низ ҳастанд, ки тамоман замин (аклерой) надоранд. Эҳтимол деҳқонони камбағале низ будаанд, ки барои пешбурди хоҷагиашон худ дар қитъаи замини начандон калон маблағизарурӣнадоштанд. Аз ин рӯ, онҳо заминҳои худро ба ҳамсояҳои бой гузашт мекарданд ва,ҳамин тариқ, ба батракҳо-фетҳои безамин табдил меёфтанд.

Фетҳо, ки вазъи онҳо аз вазъи ғуломон танҳо каме фарқ дошт, дар зинаи пасттарини ҷамъиятӣқарордоштанд. Дарзинаибаландтариниҷомеаигомерӣашрофони авлодии табақавӣистода буданд ва дар ҳолати ҳукмрон қарор доштан, ҳамон одамоне, ки Гомер доимо “беҳтарин” (“аристой” — “аристократ”) ё “хуб”ва “некукор” (агатой) номида, онҳоро бо “шимолиҳо” ва “пастсиратҳо” (какой), яъне бо ҷамоачиёни қаторӣ муқобил мегузошт. Мутобиқи фаҳмиши шоир, аристократи табиӣ аз ҳаргуна одамони оддӣ,ҳам аз ҷиҳати ақлу фаросат ва ҳам аз ҷиҳати ҷисмонӣ, як қаду гардан болотар меистад.

Ашрофони Юнонӣ Ҷанговарони Ахейҳо

Ашрофон (аристократҳо)ҷидду ҷаҳд ба харҷ медоданд, ки ҳолати махсуси имтиёзноки худро дар ҷомеа ба пайдоишашон аз тарафи офаридгор ишора кунанд. Бинобар ин, Гомер онҳоро доимо “офаридаи худо” ва “ба худо монандҳо” меномад. Вале маълум аст, ки асоси иқтидори ашрофони авлодӣ на хешӣ бо худоҳо, балки боигарии онҳо ташкил медод, ки намояндагони ин табақаро аз аъзои қатории ҷамоа комилан фарқ мекунонид. Ашроф будан ва боигарӣ барои Гомер аз ҳамдигар қариб пурра ҷудонопазир мебошанд. Шахси ашроф наметавонад бой набошад, ва, баракс, бой бояд ҳатман ашроф бошад. Ашрофон (аристрократҳо) дар назди мардуми оддӣ дар бораи соҳиби киштзорҳои паҳновар, подаҳои бешумори чорвои калону реза, захираҳои бойи оҳан, биринҷӣ ва сангҳои қимматбаҳои худ лоф мезананд.

Иқтидори иқтисодии ашроф ба ӯ мавқеи ҳукмронииро дар тамоми корҳои ҷамоа, чӣ дар замони ҷанг ва чӣ дар замони осоишта, таъмин мекард. Бо сабаби он, ки дар он давра танҳо одами бой метавонист маҷмӯи пурраи аслиҳаи вазиннро (тоскулоҳи биринҷии тоҷдор, ҷавшан, пойафзол, сипари вазнини чармини симкубшуда) харидорӣ карда метавонист, нақши ҳалкунандаро дар майдони ҷанг маҳз ӯ бозӣ мекард, чунки аслиҳа хеле қимматбаҳо дошт.

Танҳо одамони сарватманди ҷамоа имконият доштанд аспи ҷангӣ дошта бошанд. Дар шароити табиии Юнон ва дар ҳолати мавҷуд набудани чарогоҳҳои хуб сарватманд шудан кори осон набуд. Ба ин бояд илова кард, ки дар сатҳи комили аз худ кардани аслиҳа танҳо ба он шахсоне дастрас буд, ки тайёрии хуби ҷисмонӣ, давидан, ҳаводиҳии найзаю доира ва малакаи баланди аспсаворӣ дошта бошанд. Чунин одамонро боз ҳам танҳо аз байни ашрофон ёфтан мумкин буд.

Ба деҳқони қаторӣ, ки ӯ аз субҳ то шом ба меҳнати вазнини ҷисмонӣ машғул аст, барои шуғл варзидан ба варзиш вақт намемонд. Аз ин рӯ, дар Юнон муддати тулонӣ варзиш танҳо имтиёзи афзалиятноки ашрофон (аристократҳо) буд. Дар мавриди набардҳо дар майдони ҷанг ашрофон бо аслиҳаи вазнини худ пиёда ё аспсавор дар қатори аввали фидоиён меистоданд ва баъди онҳо “халқи оддӣ” бетартибона ва дар либоси оддии намадин, бо сипарҳои сабук, камон ва пайкон (дротикҳо) дар даст қарор мегирифтанд. Ҳангоме, ки қӯшуни рақибон наздик мешуд, пормахойҳо (“дар сафи пеш набардкунандагон” – Гомер ҷанговарони ашрофро бо ҷанговарони оддӣ муқобил мегузорад) аз саф давида мебаромаданд ва набарди як ба як оғоз рақибон меёфт. Хеле кам рух медод, ки ҷанг то бархурди оммаи ҷанговарони асосии бад мусаллаҳбуда рафта бирасад. Натиҷаи ниҳоии ҷангро одатан промахойҳо, яъне “дар сафи пеш набардкунандагон” ҳал мекарданд.

Ашрофони гомерӣ инчунин ба мақоми сиёсӣ дар ҷамоа низ даъво доштанд. Онҳо одамони оддии ҷамоаро паст мезаданд, ки гӯё “онҳо дар ҷанг ва машварат” мақоме надоранд. Дар ҳузури ашрофон “мардҳо аз халқ (демос)” бояд эҳтироми худро нисбати онҳо бо хомӯшию сари паст ифода намоянд. Ба он гӯш диҳанд, ки “одамони беҳтарин” чӣ мегӯянд, зеро чунин ҳисобида мешуд, ки онҳо мувофиқи қобилияти зеҳнии худ ҳақ надоранд дар бораи “корҳои муҳими давлатӣ” мулоҳизаронӣ кунанд.

Дар маҷлисҳои халқӣ, ки тасвири онҳо дар поэмаҳо на як бору ду бор оварда шудааст, чун қоида шоҳҳо ва қаҳрамонони “пайдоишашон некӯсиришт” бо нутқ баромад мекарданд, Халқ, ки дар ин суханпардозиҳо ҳузур дошт, муносибати худро ба онҳо аз тариқӣ фарёдзанӣ ва ё агар маҷлис дар шароити ҷанг сурат мегирифта бошад, бо афшонидани яроқбаёнмекарданд, вале ба худи баррасии масъалаҳо ҳуқуқи дахолат карданро надоштанд. Танҳо дар як маврид, дар шакли истисно, шоир намояндагони оммаи халқро ба саҳна мебарорад ва ба онҳо имконият медиҳад, ки ҳарф зананд. Дар маҷлиси қӯшуни ахейҳо, ки Гроноро муҳосира кардааст, масъалаи муҳим мавриди таваҷҷӯҳи ҳузурдоштагон меистод. Оё лозим аст, ки ҷанги дуру дарози даҳ сол боз давомдоштаро, ки ғалаба дар он аз эҳтимол дур аст, давом дод. Ё беҳтар нест, ки ба киштиҳо савор шуда, бо тамоми қӯшун ба ватан, ба Юнон баргардем. Ғайричашмдошт суханроҷанговари қаторӣ Терсит мегирад:

Дар фикрҳо ғутта зада, ҳамеша нутқҳои ҳақоратомезу бебокона,

Ҳамеша омоданд шоҳҳохубонро таҳқир кунад, нафрат хонад,

Шоҳҳо ҳама чизро раво донанд, вале ба халқ хандаоваранд.

Гомер нотарсона сахтию чашмгуруснагӣ ва манфиатҷӯии Агамемнонро, ки фармондеҳи олии ҷангооварониахейҳо буд, фош карда, ҳамаро даъват ба онмекунад, ки ба самти соҳилҳои азизи худ шино кунанд ва бо ҳамин танҳо ба шаҳри номусбаландиАгрид имконият дода шавад, ки бар зидди троягиҳо мубориза барад.

Ҷамоаи заифу тарсончак, ахеягиҳо, мо ахейгӣ нестем!

Сӯи меҳани хеш шино карда, ӯро дар Троя мегузорем.

Ин ҷо сер кунанд аз мукофотҳо дигарон, бигузор донад.

Оё модар набард ба Агрид кӯмак мекунем ё намекунем?

Нутқи оташини Терситро шоҳи ахейҳо Одиссей мебурад ва ӯро дағалона дашном медиҳад ва таҳдид мекунад, ки агар танқиди шоҳҳоро идома додан гирад, пас ӯро маҳв хоҳад сохт. ҳамчун тасдиқи суханҳои худ Одиссей бо асои шоҳии худ иғвогарро сахт мезанад.

Ҷанговар Терсит Агамемнон

Саҳнаи бо Терсит, чун воқеаҳои сершумори дигари достонҳои Гомер, дар бораи таназзули ҷомеа ва эҳёи демократияи ибтидоӣ шаҳодат медиҳанд. Маҷлиси халқӣ , ки аз рӯи рисолати худ бояд олоти татбиқи иродаи аксарият бошад, дар ин ҷо олоти гапдаро дар ихтиёри дасти дастаи хурди шоҳҳо қарор дошт.

Дар Юнони замони гомерӣ нақши лашкаркашон хеле баланд буд. Дар лашкаркашӣ ва дар набардҳо басилей-сарлашкар аз ҳокимияти васеъ истифода мебурд, ки ба он ҳуқуқ ба ҳаёт ва марг нисбати тарсончакон ва гапгардонҳо низ дохил буд, вале дар баробари ба анҷом расидани лашкаркашиҳо, ӯ одатан ваколатҳои худро анҷом медод. Баъзан сарлашкар бо шарофати корнамоиҳо дар набардҳо ва баромади авлодӣ машҳур будан ба он муваффақ мешуд, ки ваколатҳои шоҳии ӯ давом дода шаванд. Агар вазифаҳои ҳарбии ӯ бо вазифаҳои саррӯҳонӣ ва сардовар пурра гардида бошанд, чунин одам шоҳ шуда метавонист, яъне дар амал мақоми роҳбари ҷамоароба даст меовард. Масалан, чунин мартабаро дар байни басилҳои феакийҳо Алкиной ишғол карда будааст. Одиссей дар байни дигар басилейҳои Итака, Агамемном бошад, дар байни намояндагони қӯшуни ахейҳо дар наздикии Троя ба ин мартаба соҳиб шуда буданд. Вале вазъи ҳокими басилейҳо на он қадар мустаҳкам буд. Танҳо қисми ками онҳо муваффақ ба он мешуданд. ки ҳокимияти худро муддати дуру дароз дар даст нигоҳ доранд, гузашта аз ин, ба кӯдакони худ мерос гузоранд. Одатан ба ин рақобат ва дисисаҳои душманонаи бисилайҳои дигар, ки бадрашкона ҳар қадами ҳокимро ба зери назорат гирифта, ҷидду ҷаҳд ба он мекарданд, ки ба аз ҳад зиёд пурзӯршавии ӯ роҳ надиҳанд. Мутлақиятҳамчун муассисаи ташаккулёфта дар Юнони онвақта ҳанӯз вуҷуд надошт.

Замони гомерӣ дар таърихи Юнон ҷой ва мақоми махсус дорад. Аз ҷиҳати иҷтимоӣ ба гурӯҳҳо тақсимшавии давлат ва ҷомеа дар Юнгон аллакай дар давраи нашъунамои тамаддуни Микена вуҷуд дошта, акнун аз нав эҳё мегардад, вале дар шаклу намудҳои дигар. Ба ивази давлати марказонидаю бюрократӣ дар Микена давраи ҷамоаҳои худидорашавандаи хурди заминдорони озод фаро мерасад. Бо мурурои замон (дар баъзе навоҳии Юнон ин зуҳурот, эҳтимол аллакай дар охирҳои асри IХ ё дар охири асри VIIIто милод) аз чунин ҷамоаҳо шаҳр-давлатҳзои насхустин, ё худ полисҳо сабзида мерасанд. Нисбат ба давраи гузашта (микенӣ) ва минбаъда (дар замони архаистӣ) давраи гомерӣ дар соҳаи маданият ва санъат ягон муваффақияти чашмрасе ба даст наомада буд. Бояд иброз дошт, ки аз он замон ягон ёдгории калони меъморӣ, асари адабӣ ва ё санъати тасвирӣ омада нарасидааст. Худи “Иллиада”-и Гомер, ки сарчашмаи асосӣ оид ба таърихи шаҳрҳои ин давра мебошад, аз назари солшуморӣберун аз ҳудуди он мемонад. Хулоса бояд кард, ки замони гомерӣ аз бисёр ҷиҳат вақти рӯ ба таназзул ниҳодан ва бӯҳрони маданияти индавраинаи Юнони қадим мебошад.

Вале, дар баробари ин, давраи мазкур замони қувват ғун кардани ҷомеа барои пешрафти босуръат низ буд. Дар қаъри ҷомеаи Юнон ин замон муборизаи шадиди зуҳуроти нав ба муқобили куҳуроти кӯҳнаю ақибмонда суръат касб мекард. Ҳамаи ин таҳаввулот муҳим гузариши полисҳои юнониро бо роҳи тамоман нави таърихӣ дохил менамуданд, ба он роҳе, ки дар тӯли чор – панҷ садсолаи оянда тавонистанд дар таърихи башар ба сатҳи баландтарини то ҳол мислаш диданашудаи пешрафти низоми сиёсию моддӣ ва иҷтимоию маънавӣ таъмин намуд.

Аҳамияти бузургро дар рушди минбаъдаи ҷомеаи Юнон дар тӯли тамоми давраи гомерӣ навсозии куллӣ дар базаи техникии он ба амаломада мебошад, ки он, пеш аз ҳама, дар васеъ паҳншавии оҳан ва татбиқи он дар истеҳсолот инъикос гардидааст.

Дар ин шароит дар дохили ҷомеаи Юнон муборизаи шадиди навгониҳо бо унсурҳои кӯҳнаи ҷомеа сурат гирифта, ба шикасти босуръати меъёрҳои анъанавӣ, урфу одатҳои сохти авлодӣ ва ба ҷойи онҳо ҷараёни боз ҳам босуръаттар ба вуҷуд омадани табақаҳои иҷтимоӣ ва давлат бо унсурҳои демократӣмусоидат намуданд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *