Фанни Таърихи Чахон(Умум)

Вазъи ичтимоию иктисоди, харбию сиёси ва бухрони низоми полисхо дар Юнон

ВАЗЪИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ЮНОН

Ҷанги хонумонсӯзи Пелопоннес ба вазъи полисҳои Юнони нимаи аввали асри IV то милод таъсири калон расонид. Шикасти Афина парокандашавии чунин иттиҳодияи иқтисодӣ ва сиёсӣ чун Иттиҳоди Баҳрии Афина Юнонро аз нав ба ҳолати парокандагӣ ва канда шудани алоқаҳои иқтисодӣ оварда расонид ва онро маҷбур сохт, ки самтҳои ин фаъолиятро тағйир бидиҳад. Ҷанги Пелопоннес яке аз ҷангҳои хунрезтарин дар таърихи Юнон буда, он сабабгори талафоти бузурги моддӣ, инсонӣ ва пулӣ гардид. Боғҳои дарахти зайтундор ва токзорҳо бераҳмона бурида несту нобуд, киштзорҳо сӯзонда ва шаҳрҳои зиёд аз қабили Платея вайрону валангор карда шуданд. Афина дар ҷангҳои Пелопоннес то 60 – 70 ҳазор талант харҷ кардааст. Ҷанг ба талаф шудани мардуми зиёд, аз он ҷумла мардуми ғайриҳарбӣ сабабқисми аҳолии Афина ҳалок гардид. Дар муҳорибаи назди Дел на камтар аз 3000 одам ҳалок гардид. Баъди шикасти сахтдар Ситсилия талафоти Афина наздики 40 ҳазор нафарро ташкил намуд. Ҷанг, дар маҷмӯъ, ба муносибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсии полисҳои Юнон таъсири манфӣ расонид Зарур буд, ки ҳайати камшудаи шаҳрвандон афзоиш ёбад, заминҳои муддати тулонӣ бекормонда ба кор дароварда шаванд, ҳайати косибон, тоҷирони хурд, иштирокчиёни маҷлисҳои халқӣ, аъзои геллияҳо, магистратурҳои сершумори интихобӣ аз нав барқарор карда шаванд.

Дар оғози асри IV то милод шумораи ғуломон хеле афзуд, меҳнати ғуломон дар соҳаи кишоварзӣ, устохонаҳои косибӣваҳаргуна ташкилотҳои тиҷоратӣ меафзояд. Роҳ ёфтани ғуломдорӣ ба иқтисоди Афина ба калоншавии истеҳсолот ва васеъшавии мулкҳои ғуломдорӣ дар мулкҳои масоҳаташон 20 – 25 гектар бо ҳайати 15 – 20 нафар, корхонаҳои дорои 20 – 30 ғулом ва зиёда аз он паҳн мегардад.

Соҳибони мулкҳо ва корхонаҳои калон хоҷагиҳои самараноки худро ташкил карда, аз ин кор даромади калон мегирифтанд. Дар замони амалиётҳои ҷангӣ азнавутақсимкунии – замин, ғуломон ва маблағҳои пулӣ, ҷамъшавии онҳо дар дасти як қисми аҳолӣ ва аз даст додани ин сарватҳо ва онҳоро аз худ кардани одамони дигар ба амал меояд. Ин ҷараён дар асри V то милод тамоили ба табақаҳои бойҳою камбағал ҷудошавии аҳолӣ дар дохили ҳайатҳои шаҳрвандон ба амал омада, дар асри IV то милод аз ҳисоби муносибатҳои ғуломдорӣто дараҷае рушд мекунанд.

Дар Афина чунин шакли ғункунии сарват ба монанди қарздиҳии фоизнок паҳн мегардад, махсусан дар байни сарватмандон ва онҳое, ки баҳри барқарор кардан ва рушдли хоҷагиҳои ғуломдорӣ ба чунин қарз эҳтиёҷ доштанд

Дар асри IV то милод дар Юнон шаддатнокии иҷтимоӣ ба амал омад. Болоравии иқтисоди Юнон, рушди муносибатҳои пулию молӣ, васеъ ворид кардани меҳнати ғуломон дар соҳаҳои гуногуни ҳаёт ва истеҳсолот ба пурзӯршавии зиддиятҳои синфӣ дар полисҳои Юнон оварда расониданд. Дар бораи ин ихтилоф арбобони ҷомеаи Юнон фикру андешаҳои худро пешниҳод мекарданд. Масалан, Аристофан малиҳат медиҳад, ки чунин ихтилофҳо ҷомеаи Афина (дар назар дорад эътирози ғуломон)-ро тавассути нест кардани моликияти хусусӣҳал кардан мумкин аст. Яъне дар назар дорад. ки моликияти хусусӣ бояд умумихалқӣ бошад.

Ба андешаи Афлотун бояд ҳамаи аҳолӣ ба се табака тақсим карда шавад: табақаи файласуфон — идоракунандагони давлат, ҳарбиён, ки сарҳадҳоро ҳимоя ва дар дохии давлат ба тартибот назорат мекунанд ва қисмати боқимондаи аҳолӣ, ки ба он косибон, заминдорон, савдогарони озод ва ғуломон дохиланд. Арасту бошад, каме андешаи дигар дошт: барои пурра солимгардонии ҳаёт дар тамоми полис бояд табақаи миёнаҳоли шаҳрвандон, соҳибони қитъаҳои гоплитроҷонибдорӣ мекунад.

Мувофиқи ақидаи Арасту мавҷудияти табақаи миёнаи заминдорон асоси мустаҳкам будани сохти полисӣ мебошад. Косибон ва савдогарон ба ҳайати баробарҳуқуқи шаҳрвандон дохил мебошанд, идораи корҳои давлатӣ ба ихтиёри гражданҳои калонсол дода мешавад, ҷавонон бошанд, хизмати ҳарбиро ба ҷо меоранд Шакли беҳтарини идораи давлати демократияи мӯътадил мебошад, ки онро полития меномад. Идораи давлат бояд дар дасти табақаи олӣ ва миёнаи заминдорон бошад.

ЗАИФШАВИИ НИЗОМИ МУНОСИБАТҲО ДАР БАЙНИ

ПОЛИСҲО

Дар Юнон инҳисори (гегемонияи)ҳокимият дар солҳои баъди ҷанги Пелопоннес – аз соли 404 то соли 379 то милод дар дасти Спартаи ғолиб буд. Ғалабаи Спарта дар ҷанги Пелопоннес ва барҳам додани Иттиҳоди баҳрии Афина вазъи ҳарбию иқтисодиро дар Юнони Балкани оғози асри IV то милод бо пуррагӣ тағйир дод. Дар ҳавзаи баҳри Эгей ба ҷои салтанати Афина салтанати Спарта омад Бекин ба Спарта лозим омад, ки сиёсати худро нисбати шаҳрҳои зиёд аз нав кор карда барояд, то ки ба ин восита ҳукмронии худро дар тамоми олами юнонӣ таъмин намояд. Вале Спарта чунинроҳбарии сиёсӣ азболои полисҳои зиёди иттифоқи полисҳои собиқиИттиҳоди баҳрии Афина, ин полисҳова махсусан Афинаро ба норозигӣ оварда расонид. Қаблан роҳбарони Спарта эълон доштанд, ки мо полисҳоро озод мекунем ва ба корҳои дохилии онҳо дахолат намекунем. Вале баъди ғалаба муносибат бо онҳо дигар хел сурат мегирад. Навархи Спарта ҳанӯз дар моҳҳои аввали соли 404 то милод дар шаҳрҳои ишғолкардаи спартагиҳо декарх (дҳнафара)–ҳои ашрофи (олигарх)-иро мешинонад ва ба онҳо ваколатҳои фавқулодда медиҳад.Барои таъмини ҳокимияти Спарта дар амал ҳокимияти декархҳо дар шаҳрҳои Афина ва полисҳои дигар бо дастгирии лашкар ба ҷо оварда мешуд. Ин омил ва омилҳои дигар ба бӯҳрони низоми полисӣ оварда расонид.

МУҚАРРАР ГАРДИДАНИ САЛТАНАТИ СПАРТА ДАР ЮНОН

Ғалабаи Спарта дар ҷанги Пелопоннес ва барҳамзании давлати пуриқтидори баҳрии Афина дар оғози асри IV то милод вазъи ҳарбию сиёсиро дар Юнони Балкан комилан тағйир дод. Дар ҳавзаи баҳри Эгей ба ҷойи салтанати Афина салтанати Спарта ба миён омад. Спарта чунин таҷрибаи ҳукмронии сиёсиро аз болои тамоми полисҳо надошт, тавре, ки Афина дар асри Vто милод дошт. Сиёсати Спарта нисбати полисҳо бо мақсади муттаҳид кардани онҳо аз рӯи принсипи такя ба нерӯи ҳарбӣ асос ёфта буд. Маҳз бо ҳамин сабаб дере нагузашта сиёсати рӯиросту беҳаёёнаи Спарта дар Юнон натанҳо полисҳои шикастхӯрдаи тобеъ, аз он ҷумла Афинаро, балки иттифоқчиёни худ, аз он ҷумла Коринф ва Фиваро низ ба рақибони ашаддии Спарта мубаддал гардонид.

Ашрофони Спарта – ҳукмрони юнон Спартагиҳо

Дар солҳои охири Ҷанги Пелопоннес спартагиҳо аллакай шиори зерини ҳавасмандкунанда “озодӣ ва мухторият ба полисҳои юнонӣ, дахолатнокунӣ ба корҳои дохилии онҳо”-ро аз миён бардоштанд. Навархи Спарта Лисандр дар моҳҳои аввали баъди соли 404 то милод дар шаҳрҳои аз тарафи спартагиҳо “озодкарда” декархҳои (даҳнафараи) ашрофии (олигархии) рӯ ба Спартаро бор карда, ба онҳо ваколатҳои фавқулодда медиҳад.

Лисандр Сулҳи Анталкида

Баҳри таъминиҳокимияти барои худ боэътимод онҳо дар шаҳрҳо бо сардории фармондеҳон-гармостамҳо гарнизонҳоро мустақар гардониданд. Ҳангоме. ки баъзе шаҳрҳо ба муқобили ингуна дахолати беҳаёёна ба корҳои дохилии полисҳо эътироз баён мекарданд, Спарта бар зидди онҳо экспедитсияҳои ҳарбии ҳақиқатан маҳвкунанда ташкил мекард. Масалан, Спарта бар зидди Элидаи демократӣ баромад мекард, бинобар ин, ният дошт, ки барои ин муқовимат ба зуроварии худ дарси сабақдиҳад, яъне ҷазо бидиҳад. Бинобар ин, артиши бузурге, ки ба он тамоми нерӯҳои Иттиҳоди Пелопоннес дохил буданд, ба қаламрави Элида зада даромада, онро ба харобазор табдил доданд, ҳатто ба атрофи округи муқаддаси Олимпия ва гимнасияи машҳур, ки дар он иштирокчиёни Бозиҳои Олимпиада машқ мекардан, раҳм накарданд. Элидиҳо дар ҷанги солҳои 401- 400 то милод шикаст хурда, маҷбур шуданд, ки шартҳои Спартаро қабул карда, сулҳ банданд. Спартагиҳо артиши Гераклеяи дар наздикии Трахина (Фессалияи Ҷанубӣ) воқеъбударо торумор карданд. Диодор дар ин бора чунин шаҳодат медиҳад: “Ба Гераклея омада, ӯ (сарфармондеҳи артиши Спарта) ҳамаи халқро дар маҷлис ҷамъ карда, баъд онҳоро бо дастаҳои мусаллаҳ иҳота намуда, ҳамаи гунаҳгорони шӯришро ба зиндон партофта, панҷсад нафаарашонро ба қатл расонид. Баъд бар зидди қабилаҳои дарназдикиҳои Эгейи сукунатдошта ҷанг карда, онҳоро ба ҳолати сангин гирифтор намуд. Ин қабилаҳо маҷбур шуданд, ки вилояти худро тарк кунанд. Қисми зиёдашон бо ҳамроҳии зану фарзандон ба Фессалия гурехтанд. Танҳо баъди панҷ сол (соли 399 то м”.

Табиист, ки дахолати дағалонаи Спарта норозигии иттифоқчиёнро ба вуҷуд овард. Масалан, ҷонибдорони Спарта – Коринф ва Фива аз ба экспедитсияҳои харобкунандаи Спарта фиристодани ихтиёриён даст кашиданд. Дар ин шаҳрҳо кайфияти зидди Спарта пурзӯр шудан мегирад. Ҳамин тариқ, ба Спарта муяссар нагардид, ки мавқеи худро дар Афинаи шикастдодааш ҳам мустаҳкам кунад. Баъд аз ба имзо расидани қарордоди сулҳи соли 404 то милод дар Афина ҳукумати ашрофии (олигархии) Синафара бо дастгирии бевоситаи Спарта ба сари ҳокимият омад, ки он бо сабаби ташкил намудани куштори бераҳмонаи зидди демократҳо “золимони синафара” номгузорӣ шудааст.

Ҳукумати “синафара” ба дастгирии гарнизони Спартаи зери сардории Гермост (фармондеҳи гарнизон) такя мекард. Ҳукмронии спартагиҳо, золимии ҳокимони истибдодӣ дар Афина ва дигар шаҳру полисҳои Юнони Балкан обурӯю эътибор ва иқтидори Спартаро баланд накард. Аз ин худи Спарта заиф ва рақибони он пурзӯртар шудан мегиранд ва, пеш аз ҳама, Афина.

Дар ин марҳала мавқеи форсҳо тағйир меёбад: акнун кӯмаки молиявӣ ва дастгирии дипломатӣ ба Спарта расонида мешавад. Амалиётҳои ҳарбӣ моҳияти тулонӣ ва харобиовар гардиданд, тарафҳо ҳамдигарро заиф мегардониданд. Ҳангоме ки тарафҳо то он дараҷае заиф шуданд, ки барои форсҳо хайфу хатар надоштанд, шоҳаншоҳиҲахоманишиён миёнравии худро барои бастани қарордоди сулҳи Спарта ва Афина пешниҳод намуд. Аз рӯи ин қарордод (соли 378 то милод), ки он Сулҳи Анталкида” (бо номи намояндаи Спарта–Анталкида), ё ки “Сулҳи шоҳ Анталкида” номида шудааст. Ин сулҳ, пеш аз ҳама, ба нафъи форсҳо нигаронида шуда буд. Мувофиқи он шаҳрҳои зиёди Осиёи Хурд ба ихтиёри давлати Ҳахоманишиён гузаштанд ва пеш аз ҳама он шаҳрҳое, ки баъди ҷангҳои Юнону Форс озод шуда буданд. Ба хотири он, ки Юнон дар ҳолати парокандагӣ ва бенизомии сиёсӣ нигоҳ дошта шавад, ғайр аз Иттиҳоди Пелопоннес ҳамаи иттиҳодҳои дигар пароканда карда шуданд. Ба Спарта вазифаи нигоҳдорию риояи созишномаи сулҳи барои юнониҳо шарманда, як навъ ҳифзи манфиатҳои давлати Ҳахоманишиён дар Юнон вогузор карда шуд. Тавре ки Плутарх менигорад: “Юнониҳо бо ҳамин шартҳо сулҳ ба даст оварданд, агар ҳамин тавр хиёнат ва таҳқири Юнонро сулҳ гуфтан раво бошад, ягон ҷанг ба шикастхӯрдагон инқадар бори шармандаворро бор накардааст, тавре ки ин сулҳ кард”.

Бо чунин арзиши қиммат ҳукмронии худро дар Юнон аз нав барқарор карда, Спарта аз нав режимҳои ашрофи (олигархи)-ро ба миён меоварад ва дар ин кор тавре аллакай гуфта шуд, дар шаҳрҳо гарнизонҳои худро мустақар гардонида, полисҳои демократиро торумор мекард. Ҳамин тариқ, спартагиҳо, қувваҳои худро намоиш дода, Мантинеяи демократиро сарнагун сохта, баъди ин тамоми қудрати худро ба сари полиси хурдакаки Флиунтравона сохт. Ҳукумати Спарта дар ҳама шаҳру полисҳои Юнон ашрофон (олигархҳо)-ро дастгирӣ намуда, усулҳои террористии идораи онҳоро ҳамаҷониба ҳавасманд мекард.

Соли 382 то милод дастаи сарбозони спартагӣ, ки ба Юнони Шимолӣ раҳсипор буд, ба ашрофони маҳаллӣ такя карда, ногаҳон ба Фива ҳамла намуда, онро ишғол ва дар акрополи ин шаҳр ҷойгир мешавад. Забти аҳдшиканонаи шаҳр, ки он ҳамаи шартҳои сулҳи Анталкидаро риоя мекард, қаҳру ғазаби оммаи халқро ба миён овард. Зӯроварию бедодгарии спартагиҳо ва ашрофоне, ки онҳоро дастгирӣ мекарданд ва дахолати форсҳо ба корҳои дохилии Юнон, аз он ҷумла, ба Спарта кайфияти зиддиспартагиро дар тамоми Юнон ба вуҷуд овард.

ИТТИҲОДИ ДУЮМИ БАҲРИИ АФИНА

Спарта ба таври дағалона ба корҳои дохилии полисҳои зиёди Юнон дахолат карда, ҳукми худро бешармона ба онҳо муқаррар мекард. Вале ба муқобили муттасил мустаҳкам ва рушдёбандаи полиси калонтарин ва рақиби нисбатан пурзӯртарин – Афина коре карда натавонист. Афина аз сулҳи шармандавори Анталкида сабақ ва манфиат бардошт, зеро форсҳо бо мақсади ба вуҷуд овардани як навъ мувозинат ба Спарта, ба мустаҳкам карда шудани иншотҳои мудофиавӣ, аз он ҷумла Деворҳои тӯлкашида ва флоти баҳрӣ зид набуданд. Форсҳо ба Афина ҷазираҳои Лемнос, Имброс, Скирос, шаҳри Византияро, ки мавқеи муҳими стратегӣ дошт, баргардониданд. Шаҳри Византия Афинаро аз озодии амал дар гулӯгоҳҳо таъмин мекард, ки ба воситаи он ба Афина ғаллаи барои ин полис муҳимро аз соҳили Шимолии баҳри Сиёҳ, махсусан аз шоҳигарии Босфор интиқол медод.

Ҷазираи Лемнос Ҷазираи Скирос

Дар охирҳои солҳои 80-уми асри IV то милод афинагиҳо ба ҷазираи бойи Хиос робита муқаррар намуданд. Соли 378 то милод ҳамаи ин иртиботот ҳамчун қарордодҳо дар бораи Симахия (иттиҳод) бо ҳамаи оқибатҳои ин кор ба расмият дароварда шуданд ва дар харитаи сиёсии Юнон иттиҳоди нави полисҳо – Иттиҳоди Дуюми баҳрии Афина ба миён омад. Ин иттиҳоди полисҳо ба муқобили салтанати (гегемонияи) сиёсии Спарта дар олами юнонӣ равона карда шуда буд. Дар баробари ин мақсад, иттиҳоди нав робитаҳои иқтисодиро дар байни шаҳрҳои ба он дохилшуда осон мекард. Аз рӯи сохтори худ ва сохтори худ Иттиҳоди Дуюми баҳрии Афина аз иттиҳоди аввал бо таъмини баробарҳуқуқӣ ва мухторияти иттифоқчиён тафовут дошт. Афина ӯҳдадор шуд, ки ба корҳои дохилии иттифоқчиён дахолат намекунад, сохти давлатии дар онҳо мавҷударо эҳтиром менамояд, ҳуқуқи заминҳои онҳоро кашида гирифтан ва ба он ҷо сокин кунонидани клерихҳои афинагӣ мумкин набуд. Мақоми олии Иттиҳод маҷлиси умумии ҳамаи иттифоқчиён – Синедрион буд, ки дар асоси доимӣ дар Афина ҳамчун мақоми намояндагии давлатӣ ба ҳисоб рафта, ҳар як шаҳр танҳо як овоз дошт. Синедриони Иттифоқӣ бо ҳамроҳии Маҷлиси халқии Афина ҳамаи корҳои ҷории Иттиҳодро ҳал мекард. Ба ҷойи собиқ Иттиҳоди Фороси нангин, ки аъзоҳақии ҳатмӣ дошта, аз тарафи амалдорони Афина муайян ва назорат карда мешуд, иттифоқчиён мувофиқи салоҳдиди худ аъзоҳақии ихтиёрӣ мепардохтанд. Яъне Иттифоқи Дуюми баҳрии Афина ҳамчун федератсияи полисҳои соҳибихтиёр буд, ки сохтори он маҷбуркуниро аз тарафи полиси асосӣ – Афина рад мекард. Аз ин рӯ, ба ҷамоаҳое, ки соли 378 то милод, иттиҳод баста шуд, дере нагузашта даҳҳо полисҳои дигари дар соҳилҳо ва ҷазираҳои баҳри Эгей воқеъгардида низ дохил шуданд. Ба Иттиҳод ҳамагӣ наздики 70 полис дохил шуд. Ин иттиҳод қариб 200 полисро дар бар мегирифт. Маблағҳои иттифоқчиёнро дар ихтиёри худ дошта ва аз дастгирии онҳо истифода бурда, Афина флоти иборат аз 100 триер (киштии бодбондор) сохт, артиши худро бо аскарони кироя пурра карда, дар Юнони Балкан ба қувваи бузург табдил ёфт.

Иттиҳодияи якуми баҳрии АфинаИттиҳодияи дуюми баҳрии Афина

Спарта ба муқобили болоравии иқтидори Афина тадбирҳо меандешид. Соли 376 то милод он ба муқобили флоти эҳёшавандаи Афина эскадраи киштиҳояшро фиристод. Вале дар муҳорибаи дар ҷазираи Наксос баамаломада афинагиҳо флоти спартагиҳоро пурра торумор карданд. Баъди ин ғалаба флоти Афина на танҳо дар баҳри Эгей ҳукмрон шуд, балки дар атрофи Пелопоннес ҳам ҷойгир шуда, шаҳру полисҳои зиёди воқеъ дар соҳилҳои ғарбии Юнони Балканро барои дохилшавӣ ба Иттиҳод моил менамуд, ки дар байни онҳо Кефаления, Кёркир ва шаҳрҳои Акарнан буданд. Вале фаъолгардонии сиёсати забткоронаи Иттиҳоди Дуюми баҳрии Афина ба базаи заифи молиявии Иттиҳод, мушкилии ташкили флот ва фидоиёни гражданӣ вобаста буд. Таъмини аскарони кироя бошанд, ниҳоят қиммат меафтоданд. Аз ҳамин сабаб Афина якчанд маротиба аз Спарта шикаст мехӯрад. Ҳамин тариқ. Афина, ки барои пешбурди ҷанг нерӯи зарурӣнадошт, соли 371 то милод ба созишномаи сулҳ бо Спарта имзо гузошт, ки мувофиқи он Спарта Иттиҳоди Дуюми баҳрии Афинаро расман шинохта, ӯҳдадор шуд, ки гарнизонҳои худро аз полмсҳои юнонӣмебарорад ва ба онҳо истиқлолияти пурра медиҳад.

ЭҲЁИ ИТТИҲОДИ БЕОТИЯ ВА ФАЪОЛИЯТИ ОН

Қариб дар як вақт бо таъсиси Иттиҳоди Дуюми баҳрии Афина, баъди мувофиқи созишномаи сулҳи Анталкида дар зери роҳбарии Фива, яке аз полисҳои калонтарини Юнони Балкан- Иттиҳоди Беотий аз нав эҳё мешавад. Ин эҳё ва пурзӯршавии Иттиҳоди Беотий бо сарнагун карда шудани режими ашрофии (олигархии)Фиваи рӯ ба Лаконика ва соли 379 то милод бо ба сари ҳокимият омадани гурӯҳбанди демократӣдар зери роҳбарии Пелонид ва Эпаминонд алоқаманд буд. Иттиҳоди Беотияҳамаи полисҳои Беотияро муттаҳид сохта, аз тарафи Шӯрои умумибиотӣ идора карда мешуд. Иттиҳод намояндагони ҳамаи округҳои қаламрави дар ихтиёри Биотийбударо дар бар мегирифт. Иттиҳодро коллегияи иборат аз 11 магистр – биоторхҳои олимақом, ки дар як вақт ҳам магистратҳои олии гражданӣ ва ҳам лашкаркашони олимақом буданд, идора мекард. Маҷдиси умумии ҳамаи гражданҳои Беотия низ дар Фива ҷамъ меомад.

Иттиҳодияи Беотия Полиси Беотия

Ба Иттиҳоди Беотия муяссар гардид, ки натанҳо идораи давлатӣ марказонида шавад, инчунин ташкилоти пурзӯри ҳарбиро низ бунёд кунад. Дар муқоиса бо полисҳои сершумори юнонии асри IV то милод асоси ин ташкилоти ҳарбиро на ҳарбиёни кироя, балки ихтиёриёни граждании поплитҳо ташкил менамуданд, ки аз байни заминдорони осудаҳоли беотиҳо хоста гирифта мешуданд. Поплитҳои ихтиёриро аз ҳисоби ҷанговарони аспсавор пурқувват мекарданд, ки инҳо ҳам, чун фессалиҳо, дар Юнон беҳтарин ба ҳисоб мерафтанд. Аз ҳисоби ҷанговарони яккачин лашкаре ташкил карда шуд, ки он “Дастаи муқаддаси ҷанговарон” номгузорӣгардида, дастаи хеле хуб мусаллаҳ ва дорои малакаи зарурии ҷангӣ буда, дар самтҳои аз ҳамахатарнок амал мекард. Беотиягиҳо нахустин бор флоти начандон калони ҳарбӣ низ ташкил намуданд, ки он Иттиҳодро аз хатари беруна муҳофизат мекард. Мақоми ҳукмронро дар Иттиҳоди Беотия яке аз аъзои он Фива баҷо меовард, чунки он нисбат ба ҳамаи полисҳои дигари иттиҳод пешрафтабуд.

ПАРОКАНДАГИИ СИЁСИИ ПОЛИСҲОИ ЮНОНИБАЛКАН

Сарфи назар аз фаъолияти Иттиҳоди Дуюми баҳрии Афина, Иттиҳоди Беотия ва ҷидду ҷаҳди Фива барои пурзӯр кардани тамоили муттаҳидшавии полисҳои дигари Юнони Балкан, натиҷаи дилхоҳ надод, баракс, парокандашавии ин иттиҳодҳо, умуман заифшавии иқтидори сиёсию ҳарбии онҳо беш аз пеш амри воқеӣ мегардид ва ҳамин тавр ҳам шуд.

Мутафаккирони Юнони ҳамонвақта, ки худ шоҳиди вазъи сангини полисҳои юнонӣ буданд, бо дарду алам роҳу воситаҳои баромадани полисҳои Юнонро аз ин ҳолати ногувор муттасил ҷустуҷӯ мекарданд. Масалан, Афлотун ва Арасту лоиҳаҳои бартараф кардани бӯҳрон дар полисҳоро коркард карда истода, чунин мешумориданд, ки ин корро аз тариқи ислоҳоти ҷиддии сохтори дохилии онҳо оғоз намудан лозим аст.

Дар баробари лоиҳаҳои ин мутафаккирон, лоиҳаҳои дигар низ пешниҳод мегардиданд. Масалан, Искрит чунин мешуморид, ки роҳи солимгардонӣ ва ваҳдатро дар Юнон бартарафкунии вазъи бӯҳронӣ, дар маҷмӯъ, ба воситаи ба роҳ мондани муносибатҳои хуб дар байни полисҳо, қатъ кардани ҷангҳои беохиру харобиовар ва таъсиси иттиҳоди сиёсию ҳарбӣ ва иқтисодии Юнон ба даст овардан мумкин аст. Юнони муттаҳида мушкилоти дохилии худро дар ҳамон сурате ҳал карда метавонад, ки агар берун аз Юнон заминҳои навро ишғол намояд.

Мумкин аст ба заминҳои навишғолкарда ҳамаи аҳолии изофа ва мухолифони сиёсӣ фиристода шаванд. Мутобиқи ақидаи Исократ,ҳамаи ин чорабиниҳо бояд вазъи умумиро дар Юнон солим гардонида, ваҳдати ҷомеа ва некуаҳволии халқи онро таъмин намояд.

Вале чӣ тавр метавон полисҳои дар ҳолати душманӣқарордоштаро муттаҳид сохт? Кушиши давлатҳои нисбатан пурзӯри Юнон, аз он ҷумла Афина, Спарта, Фива, ба муваффақият ноил нашуд. Дар байни полисҳои миёнаи асри IV то милод Исократ ягон полисеро надид, ки ба маркази чунин муттаҳидкунӣқудрат дошта бошад. Мувофиқи ақидаи Исократ, агар чунин полис дар Юнон ёфт нашавад, пас ин корро метавонад Македония ба зима бигирад, ки он дар миёнаҳои асри IVто милод ба давлати пешрафтаю пурзӯр, серу пур ва ободу зебо мубаддал гардида, дар Юнон даъвои салтанат дорад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *