Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Саду як кисса аз хаёти Муҳаммад (с)

23. Аз Паёмбар (с) чизе пурсида шавад, манъ намекунад

Саҳл ибни Саъд (р) ривоят мекунад, ки зане назди Расули Худо (с) омад ва бо худ ҷомае (бурдае) дошту гуфт:

— Эй Расули Худо (с) ин ҷомаро овардаам, то шумо онро бипӯшед.

Расули Худо (с) он ҷомаро гирифта ба бар карданд, зеро ба он ниёз доштанд.

Сипас, яке аз асҳобаш онро бар тани Расули Худо дида гуфт:

— Эй Расули Худо (с), аҷаб либоси шинаме, мехоҳам онро ба ман пӯшонед.

Расули Худо (с), «бале, хуб шудааст» гуфта, ҷомаро бар тани он саҳобиашон пӯшониданд.

Чун Расули Худо (с) аз маҷлис берун шуданд, асҳоб он мардро барои ин рафтораш сарзаниш намуда гуфтанд:

— Кори хубе накардед, ки онро аз Расули Худо (с) гирифтед ва ҳол он ки дида будед, ки эшон онро дар ҳоли эҳтиёҷ доштанашон гирифта буданд ва шумо медонистед, ки ҳар чизеро, ки аз ӯ(с) пурсида шавад, манъ намекунад!

Он мард гуфт:

— Савганд ба Худо, ин корро танҳо ба хотири баракати он ҷома, ки аз ба бар кардардани Расулуллоҳ ҳосил намудааст кардам, ки шояд бо он ҷома кафан карда шавам.[23]

24. Қиссаи Паёмбар (с) ва марде, ки аз гуруснагӣ азоб мекашид

Аз Абуҳурайра (р) ривоят аст, ки марде назди Паёмбар (с) омада гуфт:

— Ман дар ҳолати ногувор ва пурмашаққату эҳтиёҷи гуруснагӣ қарор дорам.

Он Ҳазрат(с) нафареро назди яке аз ҳамсаронаш мефиристад, то чизе биёрад, вале он ҳамсараш мегӯяд:

— Савганд ба Худо, чизе надорам, ба ҷуз об.

Сипас, он Ҳазрат (с), назди ҳамсари дигараш кас мефиристад ва ӯ низ чунин ҷавоб мегӯяд. Хулоса ҳамаи ҳамсаронаш мисли ҳамин посухро медиҳанд.

Сипас, он Ҳазрат (с) мефармояд:

— «Ҳар касе, ки ин мардро имшаб меҳмон гирад, Худованд ӯро шомили раҳматаш қарор диҳад».

Марде аз ансор аз ҷой бархоста меҳмондории он мардро ба гардан мегирад ва ба хона рафта ба ҳамсараш мегӯяд:

— Оё дар хона чизе барои хӯрдан доред?

Ҳамсараш мегӯяд: На, чизе нест, магар хӯроки кудаконамон.

Мард мегӯяд:

— Чун (тифлон) хӯроки шом хостанд онҳоро бо чизе машғул бисоз ва коре карда бихобонашон ва ҳамин, ки меҳмон омад ва хурокро ҳозир кардӣ, шамъро хомӯш намо ва чунин нишон деҳ, ки гӯё мо низ хӯрда истодаем.

Дар дигар ривоят омадааст:

— Чун майл ба хӯрдан намуд, чароғро хомӯш намо.

Ровӣ мегӯяд:

— Эшон нишастанд ва меҳмон хӯрдан гирифт ва ҳар ду бо шиками гурусна хобиданд ва чун субҳ назди Расули Худо (с) омаданд, он Ҳазрат (с) фармуданд: «Шумо зану шавҳар дар муъомала бо меҳмони дишабаатон, Худовандро хушнуд сохтед».

Дар дигар ривоят зиёда омадааст, ки пас ин оят нозил шуд.

«…ва дигаронро бар худ тарҷеҳ (афзалият) медиҳанд, ҳарчанд худ мӯҳтоҷ бошанд…»

(Сураи Ҳашр ояти 9).

25. Паёмбар (с) ва қиссаи фурӯхтани Абудаҳдоҳ бӯстонашро бо дарахте дар биҳишт

Аз Анас (р) ривоят аст, ки марде гуфт:

— Эй Расули Худо (с) фалон шахс дар ҳамсоягии ман дарахти хурмое дорад ва ман мехоҳам он ҷо девори боғамро бино намоям.

— Мехоҳам амраш намоед то онро ба ман бахшад.

Паёмбар (с) ба он мард гуфт:

— «Онро дар ивази дарахти хурмое дар ҷаннат ба ӯ бидеҳ».

Он мард қабул накард.

Ровӣ мегӯяд:

— Сипас Абудаҳдоҳ омада ба он марди соҳиби дарахти хурмо гуфт:

— Дарахти хурмоатро дар ивази боғи атрофаш девордори ман ба ман фурӯш.

Он мард розӣ шуд.

Абудаҳдоҳ гуфт:

— Эй Расули Худо (с), дарахти хурмоашро дар ивази бӯстонам харидам, ки акнун он моли шумост ва метавонед онро ба он мард бидиҳед.

Паёмбар (с) фармуд:

— Абудаҳдоҳ аҷаб дарахти хурмои пурмеваи ҷаннатиро соҳиб гашт.

Ва Паёмбар (с) ин суханро чандин бор такрор мекунад.

Ровӣ мегӯяд:

— Он мард назди ҳамсараш омада гуфт:

— Эй модари Даҳдоҳ, аз бӯстон берун шав, ки ман онро ба ивази дарахти хурмое дар ҷаннат фурӯхтам.

Ӯ (модари Даҳдоҳ) гуфт:

— Аҷаб хариду фурӯши фоиданоке !

Ё сухане гуфт, ки монанди ин буд.[24]

26. Қиссаи Паёмбар (с) ва Усмон (р) дар харидории чашмае аз чашмаҳои биҳишт

Аз Башир ал-Асламӣ (р) ривоят аст, ки мегӯяд:

— Замоне, ки муҳоҷирон ба Мадина омаданд аз беобӣ азият мекашиданд. Марде аз бани Ғиффор чоҳе дошт, ки онро чоҳи Рума мегуфтанд ва оби он чоҳро ба мардум мефурӯхт.

Паёмбар (с) ба ӯ гуфтанд:

— «Чоҳатро ба ивази чоҳе дар ҷаннат ба ман фурӯш.»

Он мард гуфт:

— Ё Расулаллоҳ, ман фурӯхта наметавонам, зеро ман ва аҳлу аёлам ба ҷуз ин чоҳ манбаи дигари даромад надорем.

Чун ин хабар ба Усмон (р) расид, он чоҳро ба маблағи сивупанҷ ҳазор дирҳам аз он мард харидорӣ кард. Баъд аз он назди расули Худо (с) омада гуфт:

— Эй Расули Худо (с), оё барои ман низ чоҳе дар ҷаннат ваъда медиҳӣ, чуноне, ки барои он мард ваъда карда будӣ?

Он Ҳазрат (с) фармуданд:

— «Бале»!

Усмон (р) гуфт:

— Он чоҳро ман харидам ва дар хизмати мусалмонон гузоштам.[25]

27. Қиссаи гуруснагии Расулуллоҳ (с) дар рӯзи «Хандақ» ва бастани санг дар шикамашон

Аз Ҷобир (р) ривоят аст, ки мегӯяд:

— Мо рӯзи муҳорибаи Хандақ чуқурӣ мекандем ва ногоҳ ба чизи сахте рӯ ба рӯ шудем, ки табару каланд ба он кора намекард. Пас ҳама ба Паёмбар (с) муроҷиъат намуда гуфтанд:

— Ин санги бузургест, ки дар Хандақ баромадааст.

Он Ҳазрат (с) фармуд:

— «Ман ҳозир ба он ҷо мефароям».

Баъд аз он Расули Худо (с) аз ҷой бархост ва аз гуруснагӣ дар шикамаш санг баста буд ва мудати се рӯз буд, ки обу ноне начашида будем ва табари бузурги сангшиканро гирифта ба он санг зад ва санг пора-пора шуд.

Сипас, ман аз Расули Худо (с), иҷозат пурсида хона рафтам ва ба занам гуфтам:

— Ҳолати Паёмбар (с)-ро чунон ёфтам, ки сабрам намонд.

— Оё чизе дар хона дорӣ?

Гуфт:

— Миқдоре ҷав ва як чорпои хурд ҳаст.

Сипас он чорпои хурдро забҳ намуда ҷавро орд кардам ва гӯштро дар дег андохтам, то ки пухта таёр шавад ва худам ба назди Расули Худо (с) рафта гуфтам:

— Эй Расулуллоҳ (с), каме таъом ҳаст, шумо ва як ду нафари дигар бо ман биёед.

Он Ҳазрат (с) пурсиданд:

— «Чӣ миқдор аст?».

Чун миқдори таъомро барояш маълум кардам, гуфт:

— «Бисёр хуш ва пок аст.

— Ба ҳамсарат бигӯ, то омадани ман дегро аз дегдон ва нонро аз танӯр нагирад».

Сипас (ба он ҷо будагон) гуфт:

— «Бархезед !»

Пас, муҳоҷирон ва ансор ва касе, ки ҳамроҳаш буд, аз ҷой бархостанд.

(Ҷобир(р) мегӯяд:)

— Чун назди ҳамсарам расидам, гуфтам:

— Вой бар ҳоли ту, Паёмбар (с) бо муҳоҷирину ансор омада истодаанд.

Ҳамсарам гуфт:

— Оё шуморо пурсиданд?

Гуфтам:

— «Бале».

Сипас Паёмбар (с) фармуд:

— «Даромадан гиред ва издиҳом накунед».

Расули Худо (с) нонро шикаста бо гӯшт якҷоя карда тақсим мекард ва чун (нонро) аз танӯр ва (гуштро аз) дег мегирифт даҳони ононро бо сарпӯше мепӯшонид ва ба ёронашон оварда тақсим мекарданду боз пас мебурданд. Ин амалро анҷом додан гирифт, то ин ки ҳама сер шуданд ва таъом боқӣ монд. Он Ҳазрат (с) фармуданд:

— «Ин таъомро хӯред ва аз он гирифта ҳадя намоед, зеро мардум гурусна ҳастанд».[26]

28. Қиссаи баракати Набӣ (с) дар таъоми Абуталҳа

Аз Анас (р) ривоят аст, ки мегӯяд:

— Абуталҳа* ба Умми Сулайм гуфт:

— Овози Расулуллоҳ (с)-ро шунидам, ки хеле заъиф буд ва дар он асари гуруснагиро эҳсос намудам, оё чизе барои хӯрдан доред?

Умми Сулайм гуфт:

— Бале, пас чанд дона нони ҷавинро бароварда дар порчае печонда зери ҷомаи ман, яъне Анас, писараш, гузошта ба назди Расулуллоҳ фиристод.

Анас (р) мегӯяд:

— Нонро гирфта ба масҷид рафтам, ки Паёмбар (с) бо баъзе мардум нишаста буд. Чун болои сарашон истодам Расули Худо (с) фармуд:

— «Абуталҳа туро фиристод?»

Гуфтам:

— Бале.

Боз фармуд:

— «Таъом аст»?

Гуфтам:

— Бале.

Сипас Паёмбар (с) ба ҳамнишинонаш гуфт:

— «Бархезед».

Анас (р) мегӯяд:

Пас якҷоя бо Расули Худо (с) ва ёронаш омадем ва ман пештар аз онҳо омада Абуталҳаро огоҳ кардам.

Абуталҳа гуфт:

— Эй Умми Сулайм, Паёмбар (с) бо мардум омада истодааст ва мо чизе надорем, ки ба онҳо хӯронем.

Ӯ гуфт:

— Худованд ва Расулаш донотар аст.

Анас (р) мегӯяд:

— Сипас, Абуталҳа ба пешвози Расули Худо (с) баромада ҳарду якҷоя дохили хона шуданд ва Паёмбар (с) фармуд:

— «Эй Умми Сулайм, ҳар чӣ доред биёред».

Пас ӯ он нонҳоро овард ва бо дастури Паёмбар (с) реза-реза карда ба болояшон равған рехт. Сипас Расули Худо (с) бар онон чизе аз дуъоҳо хонда, баъд аз он фармуд:

— «Ба даҳ нафар иҷозати дохил шудан диҳед».

Ба даҳ нафар иҷозат доданд ва он даҳ нафар хӯрда сер шуда берун рафтанд. Баъд аз он фармуд:

— (Боз) «Барои даҳ нафар иҷозат диҳед».

(Ин) даҳ нафар (низ) дохил шуда, то сер шуданашон хӯрда, берун баромаданд.

Ба ҳамин шакл ҳамаи мардум. ки теъдодашон 70-80 нафар мард буд, хӯрда сер карданд.[27]

29. Қиссаи Паёмбар (с) ва Ҳаким ибни Ҳизом

Аз Саъид ибни Мусаяб ривоят аст, ки мегӯяд:

— Дар рӯзи муҳорибаи Ҳунайн Паёмбар (с) ба Ҳаким ибни Ҳизом (р) атое доду ӯ он молро кам шуморид, пас, Паёмбар (с) ба он афзуд. Ҳаким гуфт:

— Эй Паёмбар (с), кадом атои шумо беҳтар аст, яъне аввалӣ, ё оне ки болояш афзудед?

Паёмбар(с) гуфт:

— «Аввалӣ».

Сипас Паёмбар (с) гуфт:

— «Эй Ҳаким ибни Ҳизом, (бидон, ки) мол (чизи ҷолиб,) тару тоза ва ширин аст. Касе ки онро бо нафси саховатмандона гирифта ва ба роҳи некӣ истеъмол менамояд, барояш дар он мол баракат дода мешвад ва шахсе, ки онро гирифта ва ба роҳи бад (ва номашруъ) истеъмол менамояд, ҳаргиз баракати онро намебинад ва монанди он кас мешавад, ки мехӯрад, аммо сер намешавад ва (огоҳ бош, ки) дасти боло аз дасти поён беҳтар аст. Ҳаким гуфт:

— Ва аз шумо низ, эй Расули Худо.

Ӯ (с) фармуд:

— «Ва аз ман низ».

Ҳаким гуфт:

— Савганд ба зоте, ки шуморо ба ҳақ фиристодааст, баъд аз шумо (дигар) ҳаргиз аз касе чизе талаб намекунам.

Ровӣ мегӯяд:

— Ҳаким то аз олам чашм пӯшиданаш ато ё девонеро қабул накард. Боз ровӣ меафзояд:

— Умар ибни Хаттоб мегуфт:

— Эй бор Худоё, ман шуморо ба Ҳаким ибни Ҳизом гувоҳ мегирам, ки ман ӯро барои гирифтани ҳаққаш даъват мекунам ва ӯ ибо меварзад».[28]

30. Хавфи Паёмбар (с) аз танофус, яъне сабқат ҷустан (мусобиқа) дар моли дунё, ҳангоме, ки Абуубайда бо мол аз Баҳрайн баргашт

Аз Амр ибни Авфи ансорӣ ривоят аст, ки мегӯяд:

— Расули акрам (с) Абуубайда ибни Ҷарроҳро ба сӯи Баҳрайн фиристод, то ҷизяи он минтақаро биёрад. Вақте ӯ бо мол аз Баҳрайн баргашт, ансор аз омадани ӯ огоҳ гардиданд. Баъд аз гузоридани намози бомдод, чун он Ҳазрат дар роҳи бозгашташ аз масҷид буд, мардум хостанд бо ӯ (с) вохуранд. Расули Худо (с), ҳангоме, ки эшонро дид, табассум намуда гуфт:

— «Ба гумонам шунидед, ки Абуубайда бо чизе аз Баҳрайн баргашта омадааст?» Гуфтанд:

— Бале, эй Расули Худо (с).

Пас, он Ҳазрат (с) гуфтанд:

— «Ин тавр бошад, маро аз сабаби хурсандии худ огоҳ созед, чунки савганд ба Худо, аз фақру камбағалии шумоён боке надорам ва тарси ман аз боигарию давлати зиёдест, ки гузаштагон ба сабаби он маҳв шуданд ва шумоён низ ба мисли онҳо дар боигарию давлат байни ҳамдигар мусобиқакунон маҳв хоҳед шуд.[29]

31. Қиссаи осори ҳасир (бурё) дар паҳлуи бадани он Ҳазрат (с) ва гиряи Умар (р) барои он

Аз Ибни Аббос (р) ривоят аст, ки мегӯяд:

— Умар ибни Хаттоб (р) ба мо гуфт:

— Чун назди Паёмбар (с) даромадам он Ҳазрат болои бурёе қарор доштанд.

Умар мегӯяд:

— Ман нишастам ва дидам, ки он Ҳазрат (с) танҳо як эзор доранд ва бурё ба баданашон асарашро гузошта аст ва дар кунҷи ҳуҷра чашмам ба як миқдори ҷав ва дастгоҳи пустхушконӣ ва як пӯст афтод, ки ин ҳангом аз чашмонам ашк ҷорӣ шуд.

Расули Худо (с) гуфтанд:

— «Эй Ибни Хаттоб, чӣ чиз боиси гиряи шумо шудааст?»

Пас, (дар ҷавоб) гуфтам:

— Эй Расули Худо (с), чаро гиря накунам! Асари ин бурёро дар ҷисматон бубинед. Ин хазинае, ки доред, дар он чизе аз сарвату дороии Кисрову Қайсар намебинам. Охир шумо фиристодаи Худо ва баргузидаи одамиён ҳастед ва оё ин аст хазинаи шумо?!

Ҷавобам дод:

— «Эй Ибни Хаттоб, оё розӣ намешавӣ, ки дороии дунё аз онҳо бошаду, неъмати охират насиби мо шавад?!»[30]

32. Зуҳди Набӣ (с) дар кӯрпа ва қиссаи Ӯ (с) бо Оиша (р)

Аз Оиша (р) ривоят аст, ки мегӯяд:

— «Зане аз ансор ба ҳуҷраи ман даромада дид, ки Расули Худо (с) болои порае аз махмали кӯҳна аст. Пас, ӯ ба ман кӯрпаи пашмине фиристод. Чун Расули Худо (с) ба назди ман дохил шуд, онро дида гуфт:

— «Эй Оиша, ин чист?».

Оиша (р) дар посух мегӯяд:

— Эй Расули Худо (с), фалон зани ансорӣ назди ман дохил шуда ҷогаҳи шуморо дид ва инро бароям фиристод.

Он Ҳазрат (с) мефармоянд:

— «Эй Оиша, инро баргардон. Савганд ба Худо, агар бихоҳам, Худованд кӯҳҳои тиллову нуқраро ба ман медиҳад».[31]

33. Сухани Паёмбар (с) дар зуҳди Мусъаб ибни Умайр (р)

Зубайр (р) мегӯяд:

— «Рӯзе Паёмбар (с) бо чанде аз ёронаш дар Қубо нишаста буд, ки ин дам Мусъаб ибни Умайр (р) ба маҷлиси онҳо бо либосҳои лах-лахе, ки дар танаш буд ва баданашро ба пуррагӣ намепӯшонид ҳозир шуда саломашон дод. Ҳамагӣ саломи ӯро ҷавоб гуфтанд ва Паёмбар (с) ӯро ситоиш карда дар ҳаққаш суханони нек гуфт ва чунин фармуд:

— «Ман ин ҷавонро дар Макка дар хонаи падару модараш дида будам, ки хеле хушҳолу хушбахтона ҳаёти пурнозу неъмат дошт. Ҳеҷ як ҷавонмарди аҳли Қурайш ба мисли ӯ доро набуд ва ин ҷавон ба хотири ризои Аллоҳ ва кӯмаку дастгирии Паёмбараш (с) аз он неъматҳо даст кашид.

Худованд ба шумо фатҳи Форсу Румро муяссар мегардонад ва аз сарвату мулк ва боигариҳои беандоза ҳар яки шумо бархурдор мегардед.

Ёрони Паёмбар (с) гуфтанд:

— Ё Расулаллоҳ барои мо кадомаш беҳтар аст, имрӯз ё оянда?

Паёмбар (с) фармуданд:

— Имрӯз аз фардо авлотар аст, зеро агар шумо он чизеро, ки ман аз дунё медонам медонистед, ҳароина аз он дар роҳат мебудед».[32]

34. Қиссаи Паёмбар (с) ва марди шикам калон

Ҷуъда мегӯяд:

— Паёмбар (с) мардеро дид, ки шиками калон дорад, бо ангушташ ба шиками ӯ ишора карда гуфт:

— «Агар ин дар ғайри ин мебуд барои шумо беҳтар буд».

Яъне агар таъоми дар ин ҷо буда, дар ғайри ин ҷо, яъне дар фақирҳо мебуд, бароят беҳтар буд.

Дар дигар ривоят чунин омадааст:

— Паёмбар (с) мардеро дар хоб дидааст:

— Пас нафаре фиристод, то он мардро ҳозир карданд ва хобашро барои он мард қисса кард. Чун он мард шиками бузург дошт, Паёмбар (с) бо ангушташ ба шиками ӯ ишора карда гуфт:

— «Агар ин (яъне, таъом) дар ғайри ин макон (яъне, дар фақирҳо) мебуд, ҳароина, бароят беҳтар буд».[33]

35. Қиссаи Паёмбар (с) ва марде, ки ӯ (с)-ро дӯст медошт ва нузули оят дар ин бора

Оиша (р) ривоят мекунад, ки марде назди Паёмбар (с) омада гуфт:

— Эй Расули Худо (с), ҳароина, шуморо аз ҷону молу авлодам дида дӯсттар медорам. Ва чун ман дар хонаам бошаму шуморо ёд кунам, сабрам намемонад, то ин ки омада ба шумо наззора мекунам. Ва ҳар гоҳе, ки марги худ ва шуморо ёд кунам, медонам, ки чун шумо дохили ҷаннат мешавед, ҳамроҳи паёмбарон дар дараҷаҳои олӣ хоҳед буд ва ман чун дохили ҷаннат шавам хавф аз он дорам, ки шуморо нахоҳам дид.

Паёмбар (с) ба ӯ ҷавобе надоданд, то ин ки ояти 69 сураи Нисо нозил шуд.[34]

«Ва ҳар кӣ аз Худову Паёмбараш итоъат кунад, ҳамроҳ бо касоне хоҳад буд, ки Худо неъматашон додааст, чун анбиё ва сиддиқон ва шаҳидону солеҳон ва инҳо чи некӯ рафиқонанд».

(Сураи Нисо ояти 69)

Предыдущая страница 1 2 3 4 5 6 7 8Следующая страница

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *